Сайри кутоҳе аз таърихи Тақдир.
Силсила мақолаҳои Тақдир ва ё қазо ва қадар № 2
Эътиқод ба тақдир яке аз аркони асосӣ ва усули имон аст. Қуръон ва Суннати набавӣ тақдирро бо шевои хубе баён намудаанд. Расули акрам (с) бо суннати мубораки хеш собит намудаанд, ки талош кардан ва ё ба кор гирии сабаб бо тақдир ҳељ зиддият ё мухолифате надорад. Инчунин умматашро аз дурӯғ шуморидани тақдир ва ё бо он мухолифати шадид нишон додан бар ҳазар дошта ва аз ин амал манъ намудааст.
Ривоят шудааст, ки рӯзе паёмбари Худо (с) дар ҳоле бар асҳобашон ворид шуданд,ки онҳо дар мавриди тақдир баҳс ва ҷидол мекарданд.
Паёмбари Худо (с) бисёр нигарон ва хашмгин шуданд.Ба гунаеки чеҳраи муборакашон сурх шуд мисле,ки бар чеҳраашон анореро молида бошанд.Сипас фармуданд: “Оё ба чунин чизе дастур дода шудаед? ё рисолати ман ин аст ? Пешиниёни шумо вақте дар ин маврид ба баҳс ва муҷодала пардохтанд нобуд шуданд.Бори дигар дар ин маврид баҳс ва муноза накунед”(Сунани Тирмизӣ 2/223)
Онгоҳ ёрони бо вафои Паёмбари Худо(с) дигар ҳаргиз дар мавриди тақдир баҳс бо як дигар накарданд. Ба дастури Расули акрам (с) амал карданд. Инчунин ба кулли сароҳат метавонем бигуем,ки дар ҳеҷ ривояти саҳеҳе наомадааст, ки дар даврони ҳаёти он ҳазрат (с) ё пас аз вафоти эшон саҳоба дар мавриди тақдир бо як дигар баҳс карда бошанд.
Ҳатто ҳеҷ ривояте низ вуҷуд надорад,ки дар даврони тиллогини хилофати хулафои рошидин перомуни тақдир баҳс ва ҷадал сурат гирифтааст.Танҳо чизе,ки дар даврони се халифа ривоят шуда достони эътирози Абуубайда Омир иби Ҷарроҳ(р) нисбати Умар ибни Хаттоб (р) аст .Ҷараён ё қисса чунин аст: Ба иллати паҳн гаштани бемории тоъун ё вабо Умар ибни Хаттоб (р) тасмим гирифт вориди сарзамини Шом нашавад вале Абуубайда(р) хитоб ба Умар (р) чунин гуфт: “Эй Амирулмуъминин аз қадари Илоҳи фирор мекунед ? Умар (р) дар посухи Абуубайда чунин гуфт : “Кош каси дигар ин суханро бар забон меовард бале аз Тақдири Худо ба Тақдири дигари аз Худованд паноҳ мебарем”. Эй Абуубайда : ” Агар ту шутуре медошти ва онро дар даррае, ки дорои ду макон, алафзор ва бе об ва алаф ва хушк бошад мечаронди аз тақдири Худо фарор накарди” (Ва гуноҳе муртакиб нашуди,зеро ҳарду бар асоси тақдир будааст.) (Фатҳулбори 10/179 № 5729)
Лолкой ривоят мекунад,ки Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз манотиқи Шом ба номи “Ҷобия” дар ҳоле,ки раҳбари масеҳиён дар муқобилаш истода буд суханрони намуд ва фармуд: ” Худованд ҳар касеро гумроҳ кунад ҳидоят намеёбад.Умар (р) ин суханро такрор мекард ва марди масеҳи либосашро ба қасди инкори суханонаш меҷунбонид.Умар (р) иллатро ҷӯё шуд то инки мутарҷим уро аз моҷаро бо хабар кард.Дар ин ҳангом фармуд: Эй душмани Худо! Дурӯғ мегуйи Худованд туро офарида ва гумроҳат карда,сипас туро мемиронад ва иншоаллоҳ вориди ҷаҳаннам хоҳад кард…Худованд вақте,ки инсонҳоро офарид ва фарзандонашро дар ин ҷаҳони паҳновар мунташир кард ва дар лавҳул маҳфуз ба сабти биҳиштиён ва ҷаҳаннамиён пардохт фармуд: “Инҳо раҳсипори дузах ва инҳо раҳсипори биҳишт хоҳанд шуд”.
Ҳама мардум пароканда шуданд ва ҷуз ду нафар ҳеҷ кас ба сухани Умар (р) перомуни Тақдир мухолифат ё эътироз накард.
Аввалин фард марде баққол ё фурӯшандае аз сокинони Басра ба номи Сансувия буд. Авзоъї мегуяд : Аввалин фарде,ки дар мавриди тақдир эътироз кард марде аз аҳолии Ироқ ба номи Савсан буд.Ӯ қаблан масеҳи буд ва сипас мусалмон шуд онгоҳ дубора ба дини масеҳї баргашт ва пас аз ӯ ибодатгоҳи Ҷаҳни лаб ба эътироз кушод ва онгоҳ Ғелон вориси ҳар ду нафар шуд.
Юунус ибни Убайд мегуяд : ” Дар ҳоле вориди Басра шудам,ки танҳо Сансувия ва ибодатгоҳ ва малъуни дигаре аз тойфаи Бани Аввофа ба Қадария маъруф буданд (Шарҳи эътиқоди Аҳли Суннат 3/749)
Буреда ибни Яҳё ибни Яъмур чунин ривоят мекунад : “Аввалин касе,ки дар Басра мункири Тақдир буд ибодатгоҳи Ҷуҳнї буд “
Буреда мегуяд : “Ибодатгоҳи пайравони Қадария муътақид буданд,ки тақдир вуҷуд надорад ва Худованд қабл аз вуқуъи ҳодисае аз он хабар надорад” (Шарҳи Имом Нававӣ 1/150)
Ёрони Паёмбари Худо (с) монанди Абдуллоҳ ибни Умар, Ибни Аббос, Восила ибни Асқаъ,Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Абуҳурайра ва Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳум аҷмаъин), ки дар он даврон дар қайди ҳаёт буданд бо чунин дидгоҳи фосид ва мунҳарифе муборизаи бе амоне бурданд. (Ал-фарқ байнал фирақ.с 19)
Пас аз ибодатгоҳи бузургони муътазила монанди Восил ибни Ато, Амр ибни Убайд ва Ғайлони Димишқи чунин дидгоҳи беасосу ботилеро аз ӯ ба мерос бурданд.
Восил ибни Ато пешвои муътазила бар ин бовар буд, ки нисбат додани бади ба Худованд ҷоиз нест .Чун Худованд ҳаким аст ва ҳаргиз барои бандагонаш чизе хилофи дастур ва шариъати худ ирода ва ё намехоҳад.Чигуна Худованди ҳаким фардеро маҷбур ба анҷом додани бадї менамояд ва пас аз марг ӯро нисбат ба ин кор ҷазо медиҳад.Восил дар ҷои дигар бо сароҳат мегуяд : “Банда анҷом диҳандаи неки ва бади, имон ва куфр, фармон бардорӣ ва нофармонӣ аст. Ин чунин дар назди кирдораш подош ё сазои амалҳояш дода мешавад. Худованд худаш тавони анҷом додани ин кирдорҳоро ба ӯ дода аст.”(Ал-милал ванниҳал 1/47).
Низом яке дигар аз пешвоёни Муътазила бар ин бовар аст,ки нисбат додани бадї ва гуноҳ ба Худованд саҳеҳ ва дуруст нест ва дар тақдири эшон вуҷуд надорад. (Ал-милал ванниҳал 1/54)
Ин фирқа ҳамон гурӯҳе ҳастанд, ки уламои мо Аҳли Суннат ва ҷамоъат онҳоро қадария меноманд.Чун онҳо мегуянд: “Инсон бидуни ёрии Худованд қодир ба анҷом додани ҳар коре аст. Инчунин қудрат ва тақдири Илоҳї дар ҷаҳон ва ҳаводис ҳастанд.Онон бо вуҷуди чунин гумроҳї Аҳли Суннат ва Ҷамоъатро роҳравони ҳидоятро ба “Қадария” будан муттаҳам мекунанд. Зеро ба қудрат ва тақдири Илоҳї имон доранд яъне мо Аҳли суннат. Мо хитоб ба онҳо мегуем: ” Шумо ба ин исм аз мо сазовортар ҳастед.(Ҷомеъул усули Ибни Асир 10/128)
Имом Нававї (р.а.ҳ) дар шарҳи саҳеҳ Муслим даъвои бе асоси онҳоро ин гуна баён мефармояд: Бархе аз пайравони Қадария мегуянд: “Мо қадария нестем балке чун шумо ба тақдири Илоњї имон доред қадария ҳастед”
Имом ибни Қутайба ва Имом Ҷувайни мегуянд: Ин ниҳояти таҳриф ва густохи ва ғурури ин фирқаи нодон аст. Аҳли Суннат ва Ҷамоъат ҳамаи корҳои худро ба Худованди тавоно нисбат медиҳанд. Ӯ таъолоро Қадир яъне тавоно ва анҷом диҳандаи ҳама умур медонанд .Вале Қадария афъолро ба худ нисбат медиҳанд. Бинобар ин агар ҳар кас чизеро ,ки ба худ нисбат медиҳад ва даъвои анҷом додани он аст онро ба фарде нисбат диҳад,ки ӯ чунин даъворо қабул надорад ва худро аз он раҳо месозад нодонї ва гумроҳии тамом аст.(Шарҳи Навави 1/154)
Паёмбари Худо (с) Қадарияро маҷуси ин уммат муаррифї намудааст. Абудовуд дар сунанаш ва Ҳоким дар мустадракаш ба сиҳҳат ин ҳадисро ривоят кардаанд. Ҳатто Ҳоким гуфтааст: “Агар шунидани Абуҳозим аз ибни Умар ба сиҳҳат бирасад ин ҳадис тибқи шарти шайхайн саҳеҳ аст. (Шарҳи Нававї 1/154)
Иллати номгузории ин фирқа ба зардуштиён ин аст, ки онон қоил бар ду асл оташ нур ва торикї ҳастанд. Гумон мекунанд, ки некї нур аст ва сарчашмаи бадї яъне торикї аст. Бо ин эътиқод ва гумон ба ойини санавият яъне ду Худойи даромадаанд ва ё имон доранд. Қадария ҳам монанди инҳо некиро ба Худо ва бадиро ба дигаре ҷуз Худо нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки некї ва бадї ҳарду офаридаи Худованд ҳастанд. Ӯдар ин ҷаҳон бар ҳамаи умур тасаллут ё идора дорад ва ҳар чизе бо иродаи эшон сурат мегирад. Бинобар ин бояд бадї ва некиро дар офаридан ва эҷод кардан танҳо ба Худо нисбат диҳем. Аммо анҷомро тавассути бандагон бидонем. (Шарҳи Нававї 1/154 нақл аз Хаттобї ниг. ҷомеъулусул 10/128)
Дар поёни ҳукумати Бани Умая гурӯҳи дигаре вориди арсаи Калом шуданд. Инҳо даъво мекарданд, ки инсон маҷбур аст ва бар анҷом додани корҳо андаке қудрат ва нақш дорад ба он гунаеки он ҳеҷ таъсире надорад аввалин фард аз миёни онон Ҷаҳм ибни Сафвон буд, ки аз ин иддиъои дуруғ ва бе асос бидъатҳои зишт ва гумроҳиҳои зиёде сарчашма гирифт. Ин дидгоҳи хонумонсӯз дар миёни уммати исломї густариш ва ё шоиа пайдо кард.То инки бисёре аз Обидон, зоҳидон ва суфиён ба ин ақида гаравиданд, ки хело ҷои таъассуф буд ва ҳаст. Агар гурӯҳи аввал мушобеҳи маҷус бошанд ин гурӯҳ ба мушрикини даврони Паёмбари Худо (с) наздиктар ва монандтаранд. Ононе,ки гуфтанд:
“Мушрикон(Барои эътизор аз куфр ва маъзаратхоҳї аз таҳрими хурокиҳои ҳалол) хоҳанд гуфт : (ширки мо ва таҳрими чизҳои ҳалол аз сӯйи мо баробари хости Худованд аст!) Агар Худо мехост мо ва падарони мо мушрик намешудем ва чизеро (аз чизҳои ҳалол бар худ ) ҳаром намекардем”.(Сураи Анъом,ояти 148)
Ин гурӯҳ аз фирқаи аввал хатарноктар ҳастанд чун дастаи аввал нисбат ба амр ва наҳйи Худованд эҳтиром ва арзиш қоил буданд.Танҳо кирдори бандагонро ношї аз тақдири Илоҳї хориҷ намедонистанд. Вале ин гурӯҳ тақдирро мепазиранд аммо амр ва наҳйи Худовандро ботил ва беарзиш мепиндоранд. (Ақидаи Сафоринї 1/306)
Ин буд сайри кутоҳе аз таърихи Тақдир. Силсила мақолаҳо дар мавзуи Тақдир давом дорад.
Бо мо бошед то аз ҳама асрори ин мавзуъ то ҷое огоҳӣ ёбед.