Васфи ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим (идома аз мақолаи гузашта)

Ислоҳ нет

Васфи ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим

(идома аз мақолаи гузашта)

Ҳурони биҳиштӣ

Худованд мефармояд:
«Ҳамчунин, ҳурулъийнро (ҳурони шаҳлочашмро) ба ҳамсарияшон дароварем».
(Сураи Духон, ояти 54)

Ҳур ҷамъи ҳавро аст. Ва ҳавро онеро гӯянд, ки ифрот дар сафедӣ ва сиёҳии чашмон дошта бошад. Ва ъайн ҷамъи ъайно аст, ки ъайно чашмпаҳнро мегӯянд. Ва Худо дар Қуръони карим дар васфи онон гуфтааст:

«Ҳароина, парҳезгоронро (ки дар дунё Худоро итоат кардаанд) ҷоест эмин аз ҳар осеб (ва мушарраф шудан ба боғҳои пурнеъмат ва раҳоӣ аз оташи Дӯзах), боғҳову токзорҳои (сарсабзу хуррам, ки дар он анвои дарахтон ва гулҳо мавҷуд аст) ва духтарони ҳамсинни норпистон…»
(Сураи Набаъ, оёти 31-33)

Коъиб занеро мегӯянд, ки синаҳои баланд дошта бошад ва атроб, яъне дар як синну сол бошанд. Ҳурулъайн офаридашудаи Худо дар Ҷаннат аст, ки Худо онҳоро дӯшиза офаридааст. Худованд мефармояд:

«Он занонро Мо биёфаридем офаридане ва дӯшизагон сохтем».
(Сураи Воқиъа, 35-36)

Ва онҳоро касе қабл аз он никоҳ накардааст. Чунончӣ Худованд мефармояд:

«Дар он ҷо занонест, ки ҷуз ба шавҳарони хеш нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба онҳо даст назадааст». (Сураи Ар-раҳмон, ояти 56)

Ва Худованд дар бораи ҷамоли занҳои Ҷаннат фармудааст:

«Ва ҳурони фарохчашм, ҳамонанди марворидҳои дар садаф». (Сураи Воқиъа, оёти 22-23)

Мурод аз макнун дар ин оят чизи пинҳону пӯшидаест, ки ранги ӯ дар зери офтоб дигаргун нагашта ва дасте ҳам ӯро нарасидааст. Ва дар ҷои дигар Худо онҳоро ба ёқут ва марҷон ташбеҳ кардааст:

«Дар он ҷо занонест, ки ҷуз ба шавҳарони хеш нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён, ҳеҷ одамиву ҷинне ба онҳо даст назадааст. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? Гӯё онҳо ёқуту марҷонанд».
(Сураи Ар-раҳмон, оёти 56-58)

Ёқут ва марҷон ду санги гиронбаҳоянд, ки ононро зебоии беҳамтост. Ва Худо ононро инчунин ба “қосироту тарф” васф намудааст, ки чашмони онон ғайр аз ҳамсарони худ каси дигареро надидаанд. Ва ҳамин басандаст, ки Худо аз ҷамол ва зебоии онон васф намудааст. Худованд мефармояд:

«Дар он ҷо (Биҳишт) занонест нексирату зеборӯй. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?»
(Сураи Ар-раҳмон, оёти 70-71)

Занҳои Ҷаннат аз сифоти занони дунё (ба монанди ҳайзу нифос ва дигар узрҳое, ки доранд) поканд.(1)

Паёмбари Худо (с) аз ҷамол ва зебоии мардону занони Ҷаннат сухан гуфта фармуд:

«Аввалин даста, ки вориди биҳишт мегарданд, рухсори эшон ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳ аст, дар он ҷо оби даҳон (туф) нахоҳанд кард, бинӣ нахоҳанд афшонид ва қазои ҳоҷат нахоҳанд кард. Зарфҳои эшон тиллоӣ буда, шонаи мӯйҳои ҷаннатиён аз тиллову нуқра сохта шудааст ва аз бухурдонҳояшон бӯи хуш метаровад, арақҳояшон хушбӯ ва пок аст, ҳар яке ононро ду ҳамсар аст, ки аз камолу пуррагии ҷамол ва зебоияшон мағзҳои пойҳояшон намоён аст».(2)

Беҳтарин ҳадяи ҷаннатиён

Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Вақте биҳиштиён дохили Ҷаннат мегарданд, Худованд мефармояд: «Оё мехохед бароятон чизе изофа намоям?» Ҷаннатиён мегӯянд: «Оё рухсораҳои моро равшан нанамудаӣ? Ва моро дохили Ҷаннат нанамудаӣ? Ва аз оташ наҷот надодаӣ?» Пас, Худованд пардаро дур месозад. Ва бандагонро беҳтар аз дидори Худо чизе дода нашудааст ва дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбари Худо (с), пас ин оятро тиловат менамояд: (3)

«Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (Ҷаннат) ва чизе афзун бар он (дидори Худованд). На сияҳрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд».
(Сураи Юнус, ояти 26)

Ва дигар неъмате, ки ба биҳиштиён насиб кардааст, ин аст, ки Абӯсаъиди Худрӣ (р) мефармояд, ки Паёмбар (с) фармуд:

«Худованд ба биҳиштиён мегӯяд: «Эй биҳиштиён!» Мегӯянд: «Лаббайка, эй Парвардигори мо, некӣ ҳама ба яди туст!» Худованд мефармояд: «Оё шумо розӣ гаштаед?» Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро розӣ нагашта бошем! Моро чизе додаӣ, ки каси дигареро ба он мушарраф накардаӣ?!». Пас Худованд мефармояд: «Оё барои шумо аз ҳамаи инҳо дида беҳтареро надиҳам?» Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо! Чӣ чизе аз ин беҳтар аст?» Худованд мефармояд: «Ман ризои Худро бар шумо ҳалол шумурдам ва пас аз ин бар шумо хеҷ гоҳ ғазаб намекунам». (4)

Охирин сухани ҷаннатиён ҳамд бар Парвардигор аст

Рӯзи қиёмат мӯуминон чун аз мавқифҳои бузургу пурҳайбат гузар мекунанд ва аз болои пули Сирот мегузаранду тарсу ваҳмро мушоҳида менамоянд ва чун Худованд пас аз дур кардани хавфу тарс ва ҳузну андӯҳ онҳоро дохили Ҷаннат мегардонад ва неъматҳои бузургеро, ки барояшон омода кардааст мебинанд, бо садои баланд Худоро ҳамду сано гуфта меситоянд, ки Худованд ғамро аз онон дур кард ва ваъдаашро бар онон таҳқиқ намуд ва Ҷаннатро барояшон ба мерос гузошт. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст:

«Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳои зару марворид онҳоро меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир аст. Ва мегӯянд: «Сипос Худоро, ки андӯҳ аз мо дур кард, ба таҳқиқ Парвардигори мо омурзандаву шукрпазир аст!»
(Сураи Фотир, оёти 33 – 34)

Ва низ дар ҷои дигар Қуръони маҷид мефармояд:

«Дар он ҷо дуояшон ин аст: «Бор Худоё, Ту покӣ». Ва ба ҳангоми дуруд салом мегӯянд ва поёни дуояшон ин аст: «Сипос Худоро, он Парвардигори ҷаҳониён».
(Сураи Юнус, ояти 10)

Паёмбари Худо (с) асҳоби киромашро тарбият менамуд, то барои ноил гаштан бар ризои Худо кӯшиш намоянд ва сазовори Биҳишт гарданд. Ва Биҳиштро бар саҳобагон аз манҳаҷи қуръонӣ ончунон равшан менамуд, ки гӯё онро бо чашми сар медиданд. Ҳатто ончунон ба назарашон вонамуд гашта буд, ки Ҷаннат дар оянда набуда, балки дар ҳоли ҳозир дар наздашон воқеъ аст. Ин яке аз муъҷизаҳои қуръонист, ки ояндаро, ки ҳанӯз наомадааст, ончунон равшан вонамуд кардааст, ки саҳобагон гӯё бо он зиндагӣ менамуданд ва зиндагии ин дунёиро ончунон ба гузашта таъбир намуда, ки гӯё ҳеҷ асаре аз он намондааст. (5)

Васфи Ҷаннат ва эътиқод бар он аз умури муҳиммест, ки умматро баҳри он бедор бояд намуд, зеро вақте васфи Ҷаннат дар дили муъмин бедор мегардад, ҳарчи бештар баҳри ризои Худо мекӯшад ва зиндагии дунё бо ҳама лазоизаш, агар дар он нофармонии Худо ва Паёмбар (с) бошад ба чашмаш ночиз ва беарзиш маълум мешавад ва кароҳати марг аз дилаш берун мегардад ва баҳри иззат додани дини Худо ва дарёфти ризои Ӯ таъоло ва Паёмбар (с) мекӯшад ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ намедорад. Ва сабаби бештари пирӯзиҳои таърихи ислом, ин дӯст доштану итоати роҳбар ва шавқмандии шаҳодат дар роҳи Худо ва расидан ба Ҷаннат буд, ба монанди маъракаи Заллоқа, ки муъминон бо роҳбарии Юсуф ибни Тошафин бар насорои Андалус пирӯз гаштанд ва мисли маъракаи Ҳиттин бо қиёдат ва сарлашкарии Салоҳуддини Аюбӣ ва маъракаи Айниҷолут бо қиёдат ва раҳбарии Қитиз ва мисли фатҳи Қустантиния, ки бо қиёдат ва сарлашкарии Муҳаммади Фотеҳ пирӯз гаштанд.

Васфи Дӯзах дар Қуръони карим ва асари он бар саҳобагон

Саҳобагон ҳамеша дар ҳолати тарс ва хавфи аз Худо ба сар мебурданд ва танҳо аз Худо умед доштанд. Тарбият намудани Паёмбар (с) саҳобагони киромашро зери манҳаҷи қуръонӣ таъсири бузурге ба онҳо гузошта буд, зеро Қуръони карим аҳволи рӯзи қиёмат, замину осмон, кӯҳу дарёҳо, ҷӯш задани баҳрҳо, аз байн рафтани рӯшноии нури Хуршед, тира гаштани Моҳ ва аз ҳам пошидану фурӯ рехтани ситорагонро ба таври шоиста ва дақиқ тасвир намудааст. Инчунин Қуръони карим ҳоли кофиронро, ки дар хорию зорӣ, ҳасрату надомат ва пушаймонӣ ҳастанд, баён доштааст. Қуръони карим илова бар баёни ҳолати кофирон, зиллату хорӣ, ҳасрату надомат ва нобуд шудану беарзиш қарор гирифтани амалҳову корҳои неки кофирону мунофиқонро, бинобар имону бовар надоштанашон баён доштааст ва инчунин ба баёни муҷодала ва кашмокаши ибодаткунандагон ва маъбудони ботилашон ва ҷидолу даъвоҳои заифон ва сардорон пардохта, муҷодалаи кофиру шайтон, муҷодалаи кофир бо аъзои бадани худ ва муҷодалаи рӯҳ ва ҷасадро зикр намудааст. Инчунин Қуръони карим аз шафоат ва шартҳои он, шафоате, ки пазируфта мешавад ва низ шафоате, ки пазируфта намешавад, сухан гуфта, аз ҳисобу ҷазо ва аз саҳнаи ҳисоб баҳс ба миён оварда, аз ин ки ситамдидагон аз ситамгорон қасос мегиранд ва низ аз чигунагии қасос гирифтан дар рӯзи қиёмат баҳс намудааст.

Худованд дар Қуръони карим бузургии шаъни Худро баён намуда, дар мавриди он рӯзи пурҳайбат ва чигунагии вазни аъмол дар тарозу ишора фармудааст. Паёмбари Худо (с) аз ҳавзи Кавсар ва аз мардумоне, ки насиби серобшавӣ аз онро доранд, низ хабар додаанд. Қуръони карим аз ҳашри кофирон ба сӯи Дӯзах ва гузаштану убури муъминону мунофиқон аз пули Сирот ва танҳо наҷот ёфтани муъминонро зикр намудааст. (6) Қуръони карим инчунин чигунагии анвои азоби дар оташи Дӯзахро низ тасвир намудааст. Ҳамин буд, ки мусалмонони садри ислом ин тасвирҳои дақиқи Қуръони каримро дар ҳаёти рӯзмарраи худ гӯё ба чашми сар мушоҳида менамуданд.

Аз ҷумлаи оятҳои Қуръони карим дар мавриди Дӯзаху дӯзахиён метавон ба мавориди зайл ишора кард:

1. Таому шароб ва либоси дӯзахиён

А). Қуръони карим баён менамояд, ки таоми дӯзахиён зариъ (гиёҳи хордоре) ва заққум (дарахтест, ки дар Дӯзах мерӯяд) аст ва инчунин нӯшидании онон чирку зардоб ва оби сӯзон аст. Чунончи Худованд мефармояд:

«Таоме ғайри зариъ надоранд, ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ».
(Сураи Ғошия, оёти 6-7)

Аз хӯрдани ин таом ҳеҷ лаззате ҳосил намешавад ва ба ҷисму тани инсон фоидае надорад, балки худ як навъи азоб аст.

Худованди бузургу тавоно дар мавриди заққум мефармояд:

«Ҳароина, дарахти заққум таоми гунаҳкорон аст. Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад. Монанди ҷӯшидани оби сӯзон».
(Сураи Духон, оёти 43-46)

Ва Худованд дар ҷои дигар дарахти заққумро васф намудааст:

«Оё ин зиёфат (ҳама неъматҳои бекарон ва ҷовидонӣ) беҳтар ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам)? Мо он дархтро барои гирифтории ситамкорон падид овардаем. Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд, мевааш ҳамонанди сарҳои шайётин аст».
(Сураи Соффот, оёти 62-65)

Ва инчунин Худованд дар ҷои дигари аз Қуръони карим мефармояд:

«Ва (ба ёд ор) он гоҳ ки туро гуфтем: «Парвардигорат бар ҳамаи мардум иҳота (огоҳии комил) дорад». Ва он дидореро, ки (дар шаби меъроҷ) барои ту муяссар кардем ва достони дарахти малъун, ки дар Қуръон омадааст, чизе ҷуз озмоиши мардум набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон меафзояд».
(Сураи Исро, ояти 60)

Ва дар ҷои дигаре Худованд мефармояд:

«Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғшуморанда, аз дарахти заққум хоҳед хӯрд ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нӯшид, чунон менӯшед, ки шутури ташна об менӯшад».
(Сураи Воқиъа, оёти 51 – 55)

Аз ин оятҳои зикршуда равшан мегардад, ки ин дарахт (заққум) бадтарини дарахтҳост, ки решаҳои он дар амиқтарини ҷаҳаннам ва шохаҳои он атрофи Дӯзахро фаро гирифтааст ва меваи ин дарахт он қадар бадшакл аст, ки Қуръони карим онро ба сари шайтон ташбеҳ кардааст. Агарчи саҳобагон ин дарахтро ба чашм надида бошанд ҳам, аммо бадманзарии он дар дилҳои онон ҷойгир гашта буд. Чун дӯзахиён мубталои гуруснагӣ мегарданд, чизе ғайр аз заққум барои онон нест, то шиками худро пур намоянд, аммо вақте шиками худро аз он пур менамоянд ва мехоҳанд гуруснагияшон рафъ гардад ба монанди равғани доғ дар шиками онон ҷӯш мезанад ва бар асари он дарди шадиде эҳсос менамоянд ва монанди шутури ба марази ташнагӣ гирифтор, ки аз нӯшидани об серӣ надорад. Аз он об шикамҳои худро пур менамоянд, ки бар асари он рӯдаҳои онон пора-пора мегардад. Чунончӣ дар ояти зайл низ омадааст:

«(Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҳамешагианд ва оноро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад».
(Сураи Муҳаммад, ояти 15)

Ва ин аст меҳмонии онон дар он рӯзи бузург. (7) Вақте дӯзахиён ин таоми палиди аз зариъ ва заққумро меошоманд, аз бадмазагӣ ва палидияш дар гулӯяшон банд хоҳад монд. Худованд мефармояд:

«Ҳароина, назди Мост бандҳои гарон ва Дӯзах ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар».
(Сураи Муззаммил, оёти 12-13)

Ва дигаре аз таоми дӯзахиён ғислийн аст, ки Худованд мефармояд:

«Дар он рӯз он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт. Таомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли Дӯзах нест. Танҳо хатокорон аз он таом мехӯранд».
(Сураи Ҳоққа, оёти 35-37)

Ва инчунин Худованд мефармояд:

«Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд».
(Сураи Сод, ояти 57)

Ғислийн ва ғассоқ ҳар ду ба як маъност ва он зардобест, ки аз ҷисми дӯзахиён метаровад. Ва инчунин гуфта шудааст, ки он аз фарҷи занони зинокор ва аз гӯшт ва пусти бадбӯи кофирон мерезад. Ва Қуртубӣ (а) фармудаанд: «Ғисилийн фишурдаи тани дӯзахиён аст». (8)

Б). Аммо нӯшидании дӯзахиён ҳамим, ғассоқ, муҳл ва садид аст. Худованди мутаол дар ин маврид дар якчанд оятҳои каломи покаш фармудааст:

«Васфи Биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳои тағйирнопазир ва наҳрҳо аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳо аз шаробе, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҳамешагианд ва онҳоро аз обе ҷӯшон меошомонанд, ки рӯдаҳояшон тика-тика мешаванд».
(Сураи Муҳаммад , ояти 15)

Ва дар ояти дигар Худованд мефармояд:

Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон оташеро, ки ҳамаро фаро мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешаванд бихӯронандашон. Чӣ бад нӯшидание ва чӣ бад оромгоҳе!
(Сураи Каҳф, ояти 29)

Ва низ дар ҷои дигар омада:

«Пушти сараш (сари кофир) ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хунаш бихӯронанд. Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ҳеҷ гуворои ӯ нест ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад ва азобе сахт дар интизори ӯст».

(Сураи Иброҳим, оёти 16-17)

Ва боз мефармояд:

«Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд».
(Сураи Сод, ояти 57)

Дар ин оёти муборак чор намуд аз шароби дӯзахиён зикр шуд:

1. Ҳамим – дараҷаи болотарини ҳарорат аст.

2. Ғассоқ – чуноне ки зикр шуд, ҳам аз таом ва ҳам аз шароби дӯзахиён ба шумор меравад.

3. Садид – зардобест, ки аз пуст ва гӯшти кофирон мерезад.

4. Муҳл – ба монанди равғани ҷӯшзадаест, ки агар рухсор ба он наздик гардад, пуст аз он ҷудо мегардад. (9)

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Маъхази истифодашуда:

«Алвасатияту фи-л- Қуръони-л-карим», -с. 433.
Бухорӣ 3245. Муслим, 2834\17.
Аҳмад, 4\ 332,333. Муслим, 181. Тирмизӣ, 2555. Ибни Моҷа, 187.
Бухорӣ, 6549. Муслим, 2829.
Муҳаммад Қутб. «Диросотун қуръония». -с. 81.
«Алвасатияту фи-л- Қуръони- л -карим», -с. 402.
Умар Ашқар. «Алявмул охир фи-л- ҷаннати ва-н- нор». -с. 88.
Сиддиқ Ҳасан. «Яқзатун авло-л-иътибори миммо варада фӣ зикри-л-ҷаннати ва-н- нор». -с. 86.
«Алявмул охири фил ҷаннати ва-н-нор», -с. 90.

Share This Article