Саволи яксаду дувоздаҳум. (Саҷда дар намоз чӣ гуна бояд бошад?)

Ислоҳ нет

Саволи яксаду дувоздаҳум.

(Саҷда дар намоз чӣ гуна бояд бошад?)

Саволе ба унвони ман омадааст, ки дар ҳолати саҷда чӣ тавр саҷда кунам ҳангоме, ки аз рукуъ фориғ мегардам аввал дастонамро гузорам дар саҷда ё зонўҳоямро ?.
Алҳамдулиллоҳи вассалоту вассалому ало расулиллоҳ ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин аммо баъд.
Фуқаҳо дар ин масъала бар ду қавланд :
Қавли аввал: пеш гузоштани зонўҳо бар дастон, соҳибони ин қавл, мазҳаби мо Абўҳанифа, Шофеъӣ ва бархе аз Ҳанбалиҳо мебошанд.
وحجتهم في ذلك ما رواه أبو داود والنسائي والترمذي عن وائل بن حجر رضي الله عنه قال: “رأيت رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا سجد وضع ركبتيه قبل يديه، وإذا نهض رفع يديه قبل ركبتيه”

Далели ин се мазҳаб аз ҳадисест, ки онро Абўдовуд Нисоӣ ва Тирмизӣ аз Войл ибни Ҳаҷар (р), ки мегўяд : “Дидам Расули Акрам (с)- ро, ки ҳангоме,ки саҷда менамуд гузоштанд зонўҳояшонро қабл аз дастонашон. Ҳангоме,ки хестанд бардоштанд дастонашонро қабл аз зонўҳояшон” 
Хаттобӣ мегўяд: Собит шудааст аз ҳадис тақдим ё пеш гузоштани дастон зеро ин барои намозгузор беҳтар аст, ҳам дар шакл ва ҳам дар дидани чашм. Ин иқтибос аз маҷмуъи Имом Нававӣ 3\395. 
وقال الترمذي: حسن غريب لا نعرف أحداً رواه غير شريك، والعمل عليه عند أكثر أهل العلم يرون أن الرجل يضع ركبتيه قبل يديه. وصححه الحاكم على شرط مسلم ووافقه الذهبي، ورواه ابن خزيمة وابن حبان في صحيحيهما، وسكتا عنه

Имом Тимрмизӣ мегўяд: Ин ҳадиси Ҳасан ғариб аст, мо намедонем каси дигареро ривоят карда бошад ғайри Шарик ва ин чунин амал намудаанд ба ин ҳадис бисёре аз аҳли илм ва инчунин ба ин назаранд, ки мард гузорад зонўҳояшро пеш аз дастонаш. Ин ҳадисро Ҳоким саҳеҳ донистааст бар шарти Имом Муслим ва мувофиқат кардааст ба ин ҳадис Имом Заҳабӣ ва ривоят кардааст Ибни Хузайма ва Ибни Ҳиббон дар китобҳои саҳеҳашон ва сокит буданд аз он.

لكن قال الدارقطني: تفرد به يزيد عن شريك، ولم يحدث به عن عاصم بن كليب غير شريك، وشريك ليس بالقوي فيما تفرد به. انتهى.

Дорқутни мегўяд: Ин ҳадисро танҳо Язид аз Шарик ривоят кардааст ва сухане нагуфтааст дар он аз Осим ибни Клеб ғайр аз Шарик ва Шарик қавӣ нест дар ончӣ Ӯ ба танҳоӣ онро ривоят кардааст.

واحتج الجمهور أيضا بما روى عن مصعب بن سعد عن أبيه قال: “كُنَّا نضع اليدين قبل الركبتين فأمرنا بالركبتين قبل اليدين” رواه ابن خزيمة. وفي سنده إسماعيل بن يحيى بن سلمة وهو متروك

Ҷумҳур далел меоранд, ки аз ончӣ ривоят шудааст аз Мусъаб аз падараш, ки фармудааст: ” Будем, мегузоштем, дастонамонро пеш аз зонўҳоямон (дар саҷда) пас амр шудем инки бигзорем зонўҳоямонро пеш аз дастонамон”Ин ҳадисро ибни Хузайма ривоят мекунад дар санади ин ҳадис Исмоил ибни Яҳё ибни Салама вуҷуд дорад дар ҳоле,ки ӯ матрук аст.

قال الحافظ في الفتح: وادعى ابن خُزيمة أن حديث أبى هريرة منسوخ بحديث سعد هذا ولو صح لكان قاطعاً للنزاع لكنه من أفراد إبراهيم بن إسماعيل بن يحيى بن سلمة بن سهيل عن أبيه وهما ضعيفان. انتهى من الفتح، كتاب الصلاة باب: يهوي بالتكبير حين يسجد واحتجوا أيضا بما رواه الأثرم من حديث أبى هريرة بلفظ “إذا سجد أحدكم فليبدأ بركبتيه قبل يديه ولا يبرك بروك الفحل”. 
قال الحافظ في الفتح: ولكن إسناده ضعيف. 
والحديث أخرجه أيضا ابن أبى شيبة والطحاوي والبيهقي، وقال عنه الألباني: حديث باطل.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби Фатҳулқадир мегўяд: Иддао мекунад ибни Хузайма инки ҳадиси Абуҳурайра мансух аст ба ҳадиси Саъд агар ин саҳеҳ бошад пас масъалаи қотеъ дар баҳс аст вале шахсе дар он вуҷуд дорад ё ривояти танҳо аз Иброҳим ибни Исмоил ибни Яҳё ибни Салама ибни Суҳайл аз падараш аст,ки ки ҳардуи онҳо заъиф анд.Чунин омадааст дар китоби Фатҳ. Китоби салот боби яҳви биттакбир ҳангомеки саҷда мекунад ва далел овардаанд, инчунин он ҳадисе,ки ривоят кардааст онро Асрам аз ҳадиси Абуҳурайра бо ин лафз 
“Ҳангомеки саҷда намуд яке аз шумо пас шуруъ кунад ба гузоштани зонўҳояш қабл аз дастон ва нагузоред дастонатонро мисли онки уштури нарина мегузорад дастонашро қабл аз зонўҳояш”
Ин ҳадисро, Ибни Абишайба ва Таҳовӣ ва Байҳақи ва Албонӣ ботил мешуморад.
Қавли дуввум: Гурӯҳе аз фуқаҳо бар ин ақидаанд, ки гузошта шавад дастон қабл аз зонуҳо дар ҳолати чаҷда.Ин қавл мазҳаби Молик Авзоъӣ ва Имом Аҳмад ва далелашон ин аст.

ما رواه أبو داود والنسائي والدارمي والبخاري في التاريخ وأحمد من حديث أبى هريرة رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: “إذا سجد أحدكم فلا يبرك كما يبرك البعير، وليضع يديه قبل ركبتيه”.

Ончӣ ривоят кардаанд Абўдовуд, Нисоӣ Доримӣ ва Имом Бухорӣ дар таърихаш ва Имом Аҳмад аз ҳадиси Абўҳурайра (р) инки Расули Акрам (с) чунин фармуданд: “Вақтоки саҷда намудед мисли уштур накунед (зеро уштур) мегузорад дастонашро қабл аз инки бигузорад зонўҳояшро.”
Имом Нававӣ асноди ин ҳадисро ҷайд гуфтааст. Абдулҳақ саҳеҳаш донистааст дар “Аҳкоми кубро”Албонӣ низ саҳеҳаш донистааст ва суханро ба дарозо кашидааст барои касоне, ки иллат гирифтаанд бар ин ҳадис.
Ибни Қайими Ҷавзи (р.а.ҳ) мегўяд: “Валлоҳу аълам дар ин ҳадис ваҳме сурат гирифтааст аз баъзе ривояткунандагон, зеро якеашон дигарашонро мухолифат мекунанд. Агар гузорад шахси саҷда кун дастонашро қабл аз зонуҳояш инҷо амал мекунад мислеки уштур мекунад зеро уштур ҳангоми нишастан дастҳояшро қабл аз зонўҳояш мегузорад.”

/ ومن أدلة هذا القول ما رواه ابن خزيمة والدارقطني والحاكم وصححه ووافقه الذهبي “أن النبي صلى الله عليه وسلم كان يضع يديه على الأرض قبل ركبتيه”.

Далелҳои тоифаи дуввум ин аст: Ончӣ ривоят мекунад Ибни Хузайма ва Дорқутни ва Ҳоким, саҳеҳаш донистааст, инчунин мувофиқат кардааст Имом Заҳабӣ дар он: “Инки Расули Акрам (с) буданд, ки мегузоштанд дастонашонро бар замин пеш аз он, ки бигузоранд зонўҳояшонро”

/ وما جاء عن ابن عمر أنه كان يضع يديه قبل ركبتيه وقال: كان النبي صلى الله عليه وسلم يفعل ذلك. 
أخرجه الطحاوي في شرح معاني الآثار والدارقطني والحاكم وقال: صحيح على شرط مسلم ووافقه الذهبي

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки мегузоштанд дастонашонро пеш аз зонўҳояшон ва чунин гуфтанд: “Инчунин анҷом медоданд Расули Акрам (с) “
Ихроҷ намудааст Таҳовӣ дар шарҳи “Маъониюлосор”, Дорқутнӣ ва Ҳоким гуфтааст: “Саҳеҳ аст ба шарти Муслим ва мувофиқат намудааст ба ин Заҳабӣ. 
Албатта чун осоре аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) омадааст, ки онро Имом Бухорӣ ривоят карда, дар саҳеҳаш муъаллақ ба сиғаи ҷазм.
Инро метавон ҷамъбанди орои ду тараф донист ва хулоса баровард аз он, чун дар ин масъала таҳқиқ намудам қавли роҷех табақаи дуввум аст. .

يقول العلامة أحمد شاكر في تعليقه على سنن الترمذي 2/58 (والظاهر من أقوال العلماء في تعليل الحديثين
أن حديث أبى هريرة هذا حديث صحيح، وهو أصح من حديث وائل، وهو حديث قولي يرجح على الحديث الفعلي على ما هو الأرجح عند الأصوليين) انتهى.

Мехоҳам сухани Аллома Аҳмад Шокирро дар таълиқе, ки дар суннани Имом Тирмизӣ 2\58 навиштааст, биёрам,: Зоҳир аз ақволи уламо дар иллатҷӯйии ин ду ҳадис ҳадиси Абўҳурайра ҳадиси саҳеҳ аст аз ҳадиси Войл,ки (далели табақаи аввал буд) ин ҳадис қавли роҷеҳтар аст бар ҳадиси феълӣ ва ин ҳадис роҷеҳ аст инчунин назди уламои усули фиқҳ.

وقال محققا زاد المعاد: شعيب وعبد القادر الأرنؤوطيان:
(بمراجعة التعليقات السابقة يتبين أن المرجح خلاف ما ذهب إليه المصنف (ابن القيم) وأن حديث أبى هريرة هو المرجح على حديث وائل لصحة سنده، ودعوى الاضطراب فيه منتفية لضعف كل الروايات التي فيها الاضطراب” انتهى

Муҳаққиқи китоби “Зодулмиъоди Ибни Қайми Ҷавзӣ”Абдулқодири Арнаутиён бо мароҷеъе, ки таълииқот пеш оварда баён шуд, ки сарчашмаҳо хилофи он чи гуфтааст мусанифи китоби “Зодулмиъод” инки ҳадиси Абуҳурайра он аст роҷеҳ бар ҳадиси Войл аз нигоҳи сиҳати санадаш.Даъвои изтироб дар ин ҳадис нафи мекунад заъфи ҳама ривоёте, ки дар он изтироб аст”

لكن ينبغي أن يقال هنا: إن رأي الفريق الأول أقوى من حيث النظر، فإن الجميع متفقون على الأخذ بقوله صلى الله عليه وسلم: “إذا سجد أحدكم فلا يبرك كما يبرك البعير”.
ولا شك أن البعير إذا برك يقدم مقدمه (يديه) على مؤخره. 
فيكون الحديث دالا على تقديم الركبتين على اليدين، ولا يدفع ذلك ما نقل عن أهل اللغة من أن ركبتي البعير في يديه

Вале бояд қайд кард, ки дар ин масъала: назари гурӯҳи аввал қавитар аст аз нигоҳи назар ё машҳад. Зеро ҳама иттифоқ доранд бар ин,ки амал намоянд ё бигиранд сухани Расули Акрам (с)-ро, ки мефармояд: “Ҳангоме,ки саҷда намоед яке аз шумо накунед он чунонеки уштур мекунад”

Албатта дар ин шакке нест,ки уштур ҳангоме, ки мешинад дастонашро аввал хам мекунад ва сипас зонўҳояшро. Пас инҷо ҳадис далолат бар он мекунад,ки зонўҳо ҳангоми саҷда аввал бояд гузошта шавад, сипас дастҳо. Вале аҳли луғат мегўянд, ки зонўҳои уштур дар дастонаш ҳастанд.

وقال ابن القيم أيضا (وسر المسألة أن من تأمل بروك البعبير وعلم أن النبي صلى الله عليه وسلم نهى عن بروك كبروك البعير، علم أن حديث وائل بن حجر هو الصواب والله أعلم) أنتهى.

Ибни Қайми Ҷавзӣ (р.а.ҳ) меафзояд, ки сирри масъала ин аст, ки каме тааммул намоем,ки мисли нишастани уштур ба саҷда наравем, пас аз рукуъ. Пас маълум гардид, ки Расули Акрам (с) манъ намудаанд аз ба саҷда рафтан мисли нишастани уштур. Пас фаҳмидем, ки ҳадиси Войлибни Ҳаҷар (тоифаи аввал,ки гузоштани зонўҳо қабл аз дастҳо омадааст) дуруст аст.Валлоҳу аълам поёни сухани Ибни Қайим.
والحاصل أن القول بتقديم اليدين على الركبتين أقوى من حيث السند، والقول بتقديم الركبتين أقوى من حيث النظر. ومن المعلوم أن المعول عليه هو حال السند ، وعليه فالراجح ـ والله أعلم ـ هو القول بتقديم اليدين.

Ҳосил аз ин ҳама ақволи оварда ин аст, ки қавли дуввум, яъне гузоштани дастҳо қабл аз зонўҳо қавитар аст аз назари санади ривоят. Аммо қавли пеш гузоштани зонўҳо аз дастҳо қавитар аст аз назари нигоҳ ё бинанда (яъне зебо аст ин шакл ба саҷда рафтан аз нигоҳи шаклу сурат). Вале тавре, ки дар боло зикр намудем, ин ҳадис аз нигоҳи санади ровӣ ё ривояткунанда заъиф аст. Пас роҷеҳ валлоҳу аълам қавли пеш гузоштани дастҳо аз зонўҳо аст.
Чун ба поёни ин посух расидем ман ончӣ ривоёти мухталифе дар ин робита буд, ҳамаро овардам, то хонанда худ қазоват кунад ва ба он амал намояд.
Дар охир мехоҳам ҳолати саҷдаро, ки бародари дигаре аз ман пурсидааст каме равшанӣ андозам, зеро хеле зиёд исрор кардаанд, ки ба он посух гўям чун савол тақрибан ҷузъи ин бахши қаблӣ аст мехоҳам ҳардуро дар як бахш посух бигўем.

Саволи яксаду сездаҳум.

Ассалому алайкум ва рахматуллох
Савол: Баҳсе буд оид ба холати дастхо дар саҷда. Яке мегуфт дар саҷда бояд бо ду ангушти ибҳом сурохии биниро маҳкам кунӣ, то мабодо чизе набарояд, Ва дигаре мегуфт дастҳо дар баробари китфу сар дар миёни ду даст бояд бошад ва саввуми мегуфт, кадом холате ба шумо қуллай бошад. Аз Шумо хоҳиш дорам дар асоси ҳадис ин масъаларо исбот намоед.

عن عبدالله بن بحينة قال : “كان رسول الله صلي الله عليه وسلم إذا سجد يُجَنٍحٌ في سجوده حتي يٌري وضح إبطيه” (بخاري 390 ومسلم\236/495)

Аз Абдуллоҳ ибни Буҳайна ривоят аст, ки гуфт: “Буданд Расули Акрам (с) ҳангоме, ки саҷда мекарданд, дастҳои худро ба ҳолати боз нигоҳ медоштанд. Ба сурате, ки зери бағалашон дида мешуд”(Бухорӣ 390 ва Муслим 236\495)

عن أنس عن النبي صلي الله عليه وسلم قال: “إعتدلو في السجود ولا يبسط أحدكم ذراعيه إنبساط الكلب”(بخاري 822 ومسلم 493)
” Дар ҳангоми саҷда ороста шавед ва ҳеҷ яке аз шумо дастҳояшро монанди саг бар (замин) начаспонад”(Бухорӣ 822 ва Муслим 493)

عن أبي حميد”أن النبي صلي الله عليه وسلم كان إذا سجد أمكن أنفه وجبهته من الأرض، ونحَّى يديه عن جنبيه، و وضع كفيه حذو منكبيه” (أخرجه أبوداود 730 و الترمذي 270 و قال حديث حسن صحيح)

Аз Абӯҳамид ривоят аст,ки Расули акрам (с)ҳарвақтоки саҷда мекарданд бини ва пешониашонро дар замин мегузоштанд(Яъне бини ва пешони бояд ҳарду дар замин расанд.Албатта пешони ҳамеша мерасад вале гоҳо мебинем биниҳоро дар ҳолати саҷда намрасонанд ин иштибоҳ аст) Ин чунин дастони муборакашонро кушода менамуданд ва мегузоштанд кафҳои дасташонро дар муқобили ҳарду китфҳояшон.(ҳадис бо ривояти Абудовӯд 730 ва Тирмизӣ 270 гуфтаанд ҳадиси ҳасан саҳеҳ)

Инҷо мехоҳам дар ин масъала дар ҳолати саҷда каме шарҳ диҳам то ончӣ барои мо аз Расули Акрам (с) омадааст, бо он амал кунем.
Ҳолати саҷда чи тавр бояд бошад: Риоя намудани миёнаравӣ байни ҳолати часпондани дастҳо ба замин дар ҳангоми саҷда ва ҳолати ҷамъ намудани дастҳо ва ҳолати камоншакл нигоҳ доштани он. Дар ҳолате, ки ҳамаи ҳафт аъзои муҳим дар саҷда бар замин қарор гирифта бошад. Ба гунае, ки бояд таваҷҷўҳ кард, то ҳолати таъодул байни ду соқ ва ду рони пой риъоят гардад. Ҳамонгуна, ки шикам, ду рон, ду паҳлў ва зери китф ҳама боҳам дар як росто қарор гиранд. Инчунин дурӣ намояд аз қарор додани комили ду даст ҳангоми саҷда бар замин. Хонандаи гиромӣ бубин,ки чӣ тавр Расули Акрам (с) байни амри ба риъояти ҳолати таъодул дар саҷда ва дурӣ ҷустан аз паҳн намудани ду даст монанди саг дар ҳолати нишасташ боздошта ва ҳолати миёнаро бароямон дастур додааст. Тавре, ки дар ҳадиси Анас (р) дар боло омадааст. Ба гунае, ки зиёдаравӣ дар часпондани дастҳо ба замин ва дароз кашидан дар ҳолати саҷда ҳолати ифроту иштибоҳ дар ин замина буда, ва дар адои ин рукни бузург мухолиф бо фармудаи Расули Акрам (с ) буда,ки дар он аз банда хоста шудааст : Банда бояд ҳангоми саҷда ғарқи тавозуъ ва шикастаҳоливу фурутанӣ ба Парвардигор ва Маъбудаш Субҳонаҳу ва Таъоло бошад. Тавре, ки медонем аз ҳадиси Расули Акрам (с) “Наздиктарин ҳолате, ки банда бо Парвардигораш қарор дорад, ин ҳангоме аст ,ки дар ҳолати саҷда бошад”.

Ин ҳадис нисбати расонидани бинӣ бар замин:
حدثنا ابن فضيل عن عاصم عن عكرمة قال

مر رسول الله صلى الله عليه وسلم على إنسان 
[ ص: 294 ] ساجد لا يضع أنفه في الأرض فقال : من صلى صلاة لا يصيب الأنف ما يصيب الجبين لم تقبل صلاته

Аз Икрима аз Осим аз Фузайл ривоят аст,ки Расули акрам (с) гузар намуданд аз назди як инсоне,ки дар ҳолати саҷда буд ва бинашро дар замин нагузошта буд.Гуфтанд:Шахсе намоз гузорад биниашро нагузорад (дар замин) чунонеки пешониашро мегузорад намозаш пазируфта нест ё қабули даргоҳи ҳақ қарор намегирад”(Ин ҳадис дар китоби Мусаннафи ибни Абишайба дар масалаи 33 ҳолати саҷда бо пешон ва бинӣ саҳи 294 омадааст)

Як масалаи дигарро дар ҳолати саҷда бояд тазаккур намоям,ки хуб аҳамият бидиҳем,ки он расонидани ҳафт аъзо дар замин аст. Онҳо иборатанд аз пешонӣ ва бинӣ як аъзо ҳисоб мешаванд ду даст ду зонӯ то инҷо панҷ аъзо комил шуд.Боқи монд ду аъзои дигар,ки қариб аксари намозгузорон онро аҳамият намедиҳанд онҳо пушти ду пойҳо дар ҳангоми саҷда аст. Бояд ҳатман ангуштонӣ пойҳоро бар замин часпонид то ҳафт аъзо комил гарданд. Ҳоло аҳамият бидиҳед ҳангоми саҷда ду ангуштони пойҳоро дар замин намечспонанд,ки ин иштибоҳ аст.Сипас менолем мо чӣ гуноҳ дорем ба ин мусибат гирифтор шудему ин шуду он шуд.Вақте муҳимтарин макони намоз,ки саҷда аст он чунонеки Расули акрам (с) анҷом додааст намекунем боз мехоҳем бо ин намозҳои пур аз хато ва иштибоҳамон тавақуъҳои зиёд дорем. Хонандаи гиромӣ хуб диққат диҳед дар ҳолати саҷда зеро дар беҳтарин ҳолат ва қриб ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло қарор мегирем дар он ҳолат.
Ба ҳамин далел Расули Акрам (с) ба мо умматонаш амр намудааст, то дар ҳолати саҷда дуъо намоем, зеро дар наздиктарин ҳолат ба Худо қарор дорем ва фаромӯш набояд кард, ки саҷда яке аз беҳтарин ҳолатҳои иҷобати дуъост.
Дар охир ҳаминро меафзоям, ки бо ду ангушти ибҳом биниро доштан ва ё ҳар ҳолате, ки ба шумо қуллай аст чунонеки дар саволатон қайд намудед ин иштибоҳ аст ва дар ин маврид ривояте надорем. Саҷда бояд он чунон бошад, ки дар боло зикраш намудем, айнан бошад, зеро тибқи фармудаи Расули Акрам (с), ки мегўяд: “Намоз бигзоред он чуноне, ки ман намоз мегузорам” Умед аст то ҷое ба саволҳоятон посух гирифта бошед.
Валлоҳу аълам биссавоб 

Share This Article