Шаҳодати бар дурӯғ!

Ислоҳ нет

Шаҳодати бар дурӯғ!
Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат медиҳанд ва чун бар нописанде (амали ношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд».
(Сураи Фурқон, ояти 72)
Паёмбар (с) фармудаанд: «Оё шуморо ба бузургтарин гуноҳ огоҳ кунам? Ин суханро се маротиба такрор намуд. Гуфтанд: Бале эй паёмбари Худо (с) сипас паёмбар (с) фармуданд: «Шарике барои Худованд қарор додан ва нофармонӣ кардан ба волидайн. Паёмбар (с) баъд аз ин таъкидҳо ногоҳ аз ҷой бархест ва фармуд: Ҳамчунин гуфтори дурӯғ ва шаҳодат додан бар ботил. Паёмбар (с) суханҳояшро он қадар такрор намуданд, ки гуфтанд: Кош сокит мешуданд».
(Имом Бухорӣ ва Муслим
Аз якояки шумо хоҳар ва бародари гиромӣ хоҳиш менмоям то ҳаргиз ба чизе шаҳодат надиҳед,ки он дурӯғу ботил аст ва дар ҳоле онро бидонед!Пулу моли дунё шуморо фирефта накунад зеро хело гуноҳи нобахшуданист!

Share This Article