Шаҳодати бардурӯғ ва ҳукми он дар шариъати исломӣ

Ислоҳ нет

Шаҳодати бардурӯғ ва ҳукми он дар шариъати исломӣ

Масъалае, ки имрӯз зиёд мехонем мешунавем ин шоҳидони дурӯғин ва ё барои шахсеро зиндон кардан шоҳидони сохтаву бофта дуруст намудан аст. Масалан фалон шахс ба иттиҳоми фалон ҷиноят 25 сол равонаи зиндон гашт. Дигари бошад барои он ки чунин гуфт ва ё дар назар буд чунин кунад 15 сол равонаи зиндон гашт. Ин ҳама бо роҳи қонунӣ гуё анҷом мешаванд ва дар ин зиндон шуданҳо шоҳидон нақши муҳимро мебозанд. Дар ҳоле 90% зиндоншавандаҳо аз он ҷинояти сохтаву бофта аслан хабар надоранд. Танҳо барои динаш, ақидааш, назараш ва ё сарвату дороияш, ки нахост онро ба кадом бозӯманду қудратманде диҳаду сар хам кунад. Ин албатта ҳам зулм аст ва ҳам иртиботи қавӣ бо он шоҳидони сохта дорад.

Меравем сари асли матлаб, то ҳукми чунин шахсоне,ки шаҳодати бардурӯғ медиҳанд барои зиндон намудани шахсони бегуноҳ шариъати ислом чӣ мегӯяду сарнавишташ чӣ мешавад.

Шаҳодати бардурӯғ ва хатари он.

Шаҳодати бардурӯғ яке аз палидтарин разолат дар асли худ ба шумор меравад. Фоҳиштарин гуноҳ дар зоти худ буда, аз бузургтарин ҳалоккунанда буда, гуноҳи кабира мебошад.
Маънои шаҳодати бардурӯғ.
Шаҳодати бардурӯғ ин аст, ки шахс шаҳодат бидиҳад бар чизе, ки онро намедонад ва қасдан бардурӯғ дар коре шаҳодат медиҳад. Агар чи он шахси муҷрим он гуноҳ ё ҷиноятро анҷом дода бошад. Вале шоҳид дар ҳоле бо чашми худ надида бошад онро шаҳодат диҳад ин ҳам шаҳодати бардурӯғ мебошад.
Барои он ки мо бе далел суҳбат накунем Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим ҷурми шаҳодати бардурӯғро якҷо бо ширк ба Аллоҳ, ки гуноҳи нобахшуданист тавъам ва якҷо зикр намудааст.
فَاجْتَنِبُوا الرِّجْسَ مِنَ الْأَوْثَانِ وَاجْتَنِبُوا قَوْلَ الزُّورِ
“…Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.”
(Сураи Ҳаҷ, ояти 30)

Дар тафсири ин ояти карима имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) мегӯянд: Хрем ибни Фотики Асадӣ аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин ривоят намудаанд: Расули Акрам (с) аз ҷояшон бархостанд ва рост истода чунин гуфтанд: Шаҳодати бардурӯғ ва ширк ба Аллоҳ бо ҳам баробар шуданд” Сипас ояти дар боло зикршударо қироъат намуданд.

Албатта намехоҳам сари ин масъала дохил шавам, вале барои ашхоси ноогоҳ ногузирам ин ҷо шарҳ бидиҳам то бидонанд ширк ба Аллоҳ чӣ аст ва оё касе ба Аллоҳ шарик оварад бахшида мешавад?

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ду ояти ҷудогона дар сураи Нисо яке ояти 48 ва дигаре Сураи Нисо ояти 116 чунин мефармояд.

“Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад,
меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст.” (Сураи Нисо,ояти 48)

Ояти баъдӣ дар ин замина:

“Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намеомурзад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, меомурзад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст.”
(Сураи Нисо,ояти 116)

Умедворам ин масъаларо фаҳмидед акнун худ хулоса кунед, ки шаҳодати бардурӯғ бо ширки ба Аллоҳ якҷо дар сураи муборакаи Ҳаҷ ояти 30 зикр гаштааст.Тибқи ҳадисе дар зер, дар тафсири оят овардам шаҳодати бардурӯғ ва ширк баробар шуданд. Дар ҳар ду оят ошкоро баён шудааст, ки ба ҷуз ширк ба Аллоҳ дигар гуноҳонро Аллоҳ мебахшад. Аммо шаҳодати бардурӯғ бо ширк ба Аллоҳ, ки он бут парастӣ аст якҷо дар ояти 30 сураи Ҳаҷ зикр гардида, баён шудааст. Пас масала аз он чи то ба ҳол фикр мекардем хеле хатарнок аст. Гуноҳи бузурги нобахшудани будани шаҳодати бардурӯғро мушаххас намудем.

Боз дар ин масъала Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

“Ва онон, ки бадурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амали ношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд”.
(Сураи Фурқон, ояти 72)

Дар тафсири ин оят Ибни Касир (раҳ) чунин мегӯяд: Яке аз сифатҳои бандагони хосси Аллоҳ он аст, ки шаҳодати бардурӯғ намедиҳанд. (Чун бар чунин маъракаҳо ва маҳфилу додгоҳҳое, ки дар он шаҳодати бардурӯғ бояд диҳанд таваққуф намекунанд ва тез аз онҷо мегурезанд).

Боз муфассирин гуфтаанд: Бандагони хосси Аллоҳ онҳо ширк ва ибодати бут намекунанд, инчунин гуфтаанд: дурӯғ ва фисқ беҳуда ва ботил намегӯянд. Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ аз бандагони хосси Аллоҳ берун мегарданд ва худро дар ҳолати хеле сангине, ки он ширки ба Аллоҳ аст, шомил мекунанд.

Акнун меравем суроғи суннат, ки дар ин масъала чӣ мегӯяд.

Дар саҳеҳайн аз Абубакри Сиддиқ (раз), аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст: Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) гуфтанд: Оё шуморо огоҳ накунам аз бузургтарин гуноҳони кабира? Гуфтем: Бале, эй Расули Аллоҳ огоҳамон кунед. Фармуданд: Ширк овардан ба Аллоҳ ва оқи падару модар. Ҳаногме, ки ин дуро гуфтанд такя намуда буданд ва нишастанд ва чунин гуфтанд: “Инчунин сухани дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ”.

Ончунон ин сухани охирро такрор намуданд, ки гуфтем эй кош Расули Акрам (с) дигар такрор намекарданд ва ба худ раҳм мекарданд, зеро чеҳраашон тағйир карда буд аз такрори он. Яъне аз гуноҳи сангину вахим будани ин ҷиноят дарак медиҳад.
Ҳангоме, ки ду гуноҳи аввалиро гуфтанд Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам) бар такяи чизе нишаста буданд. Вале вақте сухани дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғро хостанд бигӯянд нишастанд ва онро бо такрор гуфтанд, то асҳобро аз ин ҷинояти сангин огоҳ намоянд. Ин таъкид бар бузург будани ин гуноҳ ва ифодакунандаи ҳаром ва хеле зишт будани он дарак медиҳад.

Шаҳодати бардурӯғ яке аз бадтарин ҷиноятҳо ба шумор меравад ва кӯмак намудани золимонро далолат мекунад. Зеро он шахсе бар зидди ӯ шаҳодати бардурӯғ медиҳед мазлум аст ва шумо як шахсе мехоҳад бар ӯ зулм кунад бо шаҳодати бардурӯғи худ ин золимро кӯмак мекунед.

Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ инсони ҳақир ва пасте мебошад, ки нияти нопоке дорад ва дили сиёҳ. Охираташро ва қабрашро хароб кардааст бар ивази чанд маблағи ночизе.
Чунин шахс омода аст тамоми муқаддасоташро дар ивази дунё аз даст бидиҳад, вале ноогоҳ аз азоби охират ва зулме бар он шахси мазлум кардааст.

Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ бузургтарин хоин мебошад ва ӯро аз ҷониби Аллоҳ азоби дардноке интизор аст. Чунонеки Аллоҳ мефармояд:
“Аллоҳ хоинони гунаҳкорро дӯст надорад”.
(Сураи Нисо, ояти 107)

Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ аввалан бар худ зулм намудааст, вале бехабар аст. Зеро Аллоҳ ба ӯ дар ин дунё либоси хорӣ ору пастиро мепӯшонад, то дар ин дунё ба ӯ халқи Аллоҳ бингаранд. Сипас омода менамояд ӯро барои рӯзи қиёмат, то интиқоми он мазлумро аз ӯ бигирад.

Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ медонад қабл аз шаҳодаташ, ки ончи мегӯям он дурӯғ аст. Медонад ин шаҳодатам бар зарари ин шахс анҷом меёбад, вале боз ҳам чизе ӯро водор ба ин шаҳодати дурӯғ мекунад?

Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!”
(Сураи Моида, ояти 8)

Дар умум шоҳиди бардурӯғ муфсиди рӯй замин мебошад. Зеро пас аз он шаҳодати бардурӯғаш хонаҳои обод хароб, хонаводаҳо бе парастор, занҳо бе шавҳар, кӯдакон бе падар, фасоди ахлоқие ин шахс дар замин анҷом додааст, ҳеҷ душмане бо силоҳ онро анҷом дода наметавонад. Зеро қонунҳои вазъӣ ин амали шанеъ ва пасти ӯро пӯшиши қонунӣ медиҳанд. Обурӯи шахси мазлуми муъмин, ки хуни муъмин аст мерезад. Оё аз ин шахс карда фосиқтару муфсиду пастфитрате дар рӯи замин медонед?

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
“..Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба
фасоду саркашӣ макунед!”
(Сураи Бақара, ояти 60)
Боз мефармояд:
“..Худо кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад!)
(Сураи Юнус, ояти 81)

Ибни Касир (раҳ) дар тафсири ин оят мегӯяд: Аллоҳ ҳақро ҳамеша пирӯз мегардонад бо суханони ошкору зебояш, агарчи муҷримону ҷинояткорон онро дӯст надоранду аз он рӯйгардон бошанд.

Боз дар сураи муборакаи Моида ояти 64 мефармояд:
“..Ҳар гоҳ, ки оташи ҷангро афрӯхтанд, Худо хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод кӯшиш мекунанд ва Худо муфсидонро дӯст надорад.”
(Сураи Моида,ояти 64)

Шаҳодати бардурӯғи раисони ҳавзаҳои интихоботӣ.

Шаҳодати дурӯғи раисони ҳавзаҳои интихоботӣ ҳангоми интихоботҳо низ огоҳ бошанд, ки ин амали онҳо зери ин ҳукм қарор мегирад. Ҳар тақаллуб, фиреб, тазвиру сохтакорие, ки дар овози миллат мешавад. Шумо мебинед, ки фалон шахс ин овозро гирифтааст, вале шумо шаҳодати бардурӯғ медиҳед, ки шумо нагузаштаед. Дар варақаҳои интихобӣ онро иваз мекунед ва ба шахси дигар онро пур мекунед. Ин амали шумо шаҳодати бардурӯғ буда, хиёнати бузургеро дар ҳаққи миллату кишвар анҷом додаед.

Ман худ бевосита шоҳиди марги як раиси ҳавзаи интихоботӣ дар як минтақаи Тоҷикистон будам. Вақте гуфтанд акои фалонӣ дар ҳолати эҳтизор ва ҷон додан аст ба ӯ ёсин бихонед ва калима гӯед. Ман

вақте дохил шудам маро дид мехост аз ҷояш хезад. Ӯро бо дастонам доштам ва гуфтам наҷунбед ва ором бихобед. Хонаводааш гуфтанд домулло чанд рӯз аст чунин ҳушёриашонро надида будем. Хуб шуд омадед. Ин пирамарди 67 сола ба сухан гуфтан даромад, вале бо садои паст. Гӯшамро пеши даҳонашон бурдам хостам фаҳмам чӣ мегӯяд.
Гуфт: домулло ман дар ин интихоботе, ки гузашт шуморо дидам нозир будед. Гуфтам: бале хуб маълум аз куҷо буданам. Ман он 113 овозе ба шумо гуфтам ин аз шумост дар асл он 113 овоз аз мухолифатон буд, вале ба ман амр карданд ин тақаллубро кунам. Ман ночор онро кардам. Дар ҳоле тақрибан 2300 овози куллӣ 113 нафар ба мухолиф овоз дода буд ва боқӣ ҳама ба шумо. Гуфтам, аз коратон пушаймон ҳастед?
Гуфт: ҳазорон мартаба.
Гуфтам, пас аз он боз ин корро кардед?
Гуфт он охирон боре буд кардам ин шумо будед. Дигар тамоман аз ҳама он раёсати ҳавза даст кашидам дар ҳоле пули хуб медоданд. Номусу виҷдонам маро нагузошт он корро кунам.
Гуфтам тавба карда будед.
Гуфт: ҳамеша тавба мекардам ва писаронамро аз он ҳамеша барҳазар медоштам, то мабодо чунин накунанд.
Хуб хонандаи гиромӣ ин ҳоли як шахси дар ҳоли ҷон додан буд ва алҳамдулиллоҳ калимаи шаҳодатро гуфтанд сураи фотиҳаро ҳам хонданд ва ҷон ба ҳақ таслим карданд дар ҳоле механдиданд. Хушо ба ҳоли марди гунаҳкоре,ки пас аз анҷоми гуноҳ эҳсоси он гуноҳро мекунаду пушаймон мешавад ва тавба мекунад.

Шариъати ислом барои шоҳиди бардурӯғ чӣ ҷазое муайян кардааст?

Дар шариъати ислом ҷазои муъаяне барои шоҳиди бардурӯғ муайян нагаштааст. Онро бояд қозӣ ва ё додгоҳ ва ё ҳоким бо дар назардошти ҷинояти дурӯғаш ва зараре ба шахси мазлум расонида аст муайян намоянд.

Фуқаҳои исломӣ бар ин назар ҳастанд, ки ҳатман бояд иқоб ва сарзаниш ба ин шахс сурат бигирад. Вале дар чигунагии ҳад ва ё ҷазо ихтилоф намудаанд.

Имом Абуҳанифа (раҳ) мегӯяд: Кифояткунанда аст шоҳиди бардурӯғро, ки дар назди оммаи мардум эълон ва расвояш кунанд,то барои дигарон дарси ибрат шавад.Чизи дигаре мазҳаби Аҳноф муайян накардаанд ин аст машҳур назди мо ва фатво бар ин аст.

Имом Муҳаммади Шайбонӣ ва имом Абуюсуф шогирдони имом Абуҳанифа (раҳ) танҳо инро изофа намудаанд: Шоҳиди бардурӯғро як зарбаи сахти дарднок зада мешавад ва ҳабсаш ҳам бояд кунанд.
(Шарҳи фатҳул қадир Камол ибни Ҳаммом ҷилди 6. саҳ 83-84)

Мазҳаби Шофеъӣ ва Ҳанбалӣ ҳукмаш чунин аст: Ҳангоме собит гашт, ки ин шахс шаҳодати бардурӯғ додааст, дар бозор ва амокини серодам ё масҷиди ҷомеъ ё назди қабилааш бурда мешавад. Нидо мекунанд эй мардум огоҳ бошед ин шахс шоҳиди бардурӯғ аст ва ин амалро кардааст.
(Алмуҳаззаб бо шарҳаш “Алмаҷмуъ” ҷилди 22 саҳ 226. Инчунин дар Муғни муҳтоҷ ҷилди 6. Саҳ. 288)

Ибни Қудома (раҳ) мегӯяд: Ҳар вақте, ки собит гашт назди ҳоким марде, ки шаҳодати бардурӯғро қасдан додааст ӯро дар назди ҳама эълон мекунад ва танбеҳ ҳам дода мешавад ин аст қавли аксари аҳли илм.(Алмуғнӣ ҷилди 12. Саҳ. 154)

Мазҳаби Моликӣ (раҳ) бар ин назаранд: Зарур аст бар шахсе, ки шаҳодати бардурӯғ додааст иқоб карда шавад мисли задан, зиндонӣ кардан ва эълон намудан дар миёни омма. Изофа бар ин ҷазоҳо ҳаргиз шаҳодаташро дар ҳеҷ қазияи дигаре пазируфта нашавад ва шаҳодаташ дигар пазируфта нест.(Алмудавана ҷилди 4. Саҳ. 74)

Ибни Ҷаззӣ мегӯяд: Шахсе шаҳодати бардурӯғ дод ҷазояш зиндон аст ва бояд зада шавад, зеро гуноҳи кабира анҷом додааст. Дар назди омма гардонда мешавад ва эълон аз шахсияташ бояд сурат гирад. Ҳаргиз шаҳодаташ пазируфта намешавад, зеро тавбааш пеши мо маълум нест. (Китоби Қавонини Фиқҳӣ. Саҳ. 227)

Ончӣ овардам орои фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона буд. Оё дар асри хулафои рошидин ҷазое муайян шуда буд барои шоҳидони бардурӯғ.

Фуқаҳои истинод бар амали Умар Ибни Хаттоб (раз) ва Алӣ ибни Абутолиб (раз) ва Шурайҳи қозӣ ин ҳукмҳоро карда буданд. Бо чанд намуна онро ба охир мерасонам.
Аз Аҳвас ибни Ҳаким аз падараш чунин ривоят шудааст: Умар ибни Хаттоб (раз) амр намудааст, ки рӯяшро сиёҳӣ шаканд ва дар миёни қабилаҳо давраш занонанд ва бигӯянд ин аст шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ ва дигар шаҳодати ӯро қабул накунед.
(Ин ривоятро Абдурраззоқ дар Муснафаш ҷилди 8. Саҳ. 327 оварда аст)

Аз Шурайк аз Осим аз Абдуллоҳ ибни Омир (раз) ривоят аст, ки чунин гуфт: Омаданд назди Умар ибни Хаттоб (раз) бо шахсе шаҳодати бардурӯғ дода буд. Ӯро назди мардум нигоҳ дошт як рӯз то шаб ва чунин гуфт: Ин фалон шахс аст, ки шаҳодати бардурӯғ додааст ӯро шиносед, сипас ӯро зиндонӣ кард.
Боз Абу Рабеъ аз Шурайк аз Осим ривоят мекунад, ки пас аз муаррифӣ намуданаш миёни мардум бо тозиёна (дурра) ӯро дар миёни мардум зад.

Аз Алӣ ибни Абутолиб (раз) дар асар омада аст, ки Ҳазрат низ ҳукм намуданд бар шоҳиди бардурӯғ то элон карда шавад.
Ривоят аст аз Ҳасан Ибни Алӣ (раз) вақте шоҳиди бардурӯғро меоварданд. Ӯро аввал ба назди қабилаҳо давр мезанониданд ва эълон мекарданд ва мегуфтан шиносед ин шахс шоҳиди бардурӯғ аст, то ӯро шиносанд, сипас ӯро раҳо мекарданд. (Сунани Куброи Байҳақӣ китоби одоби қозӣ боби чӣ мекунанд ба шоҳиди бардурӯғ зери шумораҳои 20491,20492.20495,20497)
Хуб ин буд масъала ва алҳамдулиллоҳ ҳоло асри интернет ва фановариҳои техникӣ аст, ки як шаҳри дур дар пешат қарор дорад.Шахсоне, ки шаҳодати бардурӯғ медиҳанд онҳоро бо ин василаҳо эълон кунед, то мардум онҳоро шиносанд. Ягона роҳи хунсо кардани чунин ашхос ин роҳҳо ва васоил аст, то барои дигаронаш дарси ибрат гардад.

Оё шоҳиди бардурӯғро тавбааш пазируфта мешавад?

Аз Умар ибни Хаттоб (раз) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят аст, ки фармуданд: Ҳангоме, ки қадамҳои шоҳиди бардурӯғ истда (ва шаҳодати бар дурӯғ медиҳад) ҳақ аст, ки Аллоҳ ҷойгоҳашро дар оташи дӯзах муҳаё намудааст”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Моҷа)

Имом Шавконӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадиси ибни моҷа мегуяд: Ростӣ ҳақ аст, ки Аллоҳ ҷойгоҳашро дар ҷаҳаннам омода намудааст. Ин ҷо ваъдаи сахт аст барои ин шоҳиди бардурӯғ. Зеро Аллоҳ воҷиб гардонидааст бар ӯ оташи ҷаҳаннамро. Пеш аз онки аз он маконеки шаҳодат дода аст меравад. Хос зикр гардидани он макон барои он аст,ки шаноми содир намудани ҷиноят аст. Вақте аз он ҷо рафт ва пушаймон гашт ва иқрор кард, ки ман дурӯғ гуфтам аз сари сидқ тавба кунад Аллоҳ ӯро мебахшад.

Фуқаҳо ва ихтилофашон барои қабул гаштани тавбаи шоҳиди бардурӯғ.

Ҷумҳури фуқаҳо бар ин назаранд, ки агарчи хеле гуноҳи вазмину кабира аст, вале агар тавбаи содиқона кунад ва ба кардааш пушаймон шавад тавбааш пазируфта мешавад.
Аммо мазҳаби имом Молик бар ин назаранд,ки тавбаи шоҳиди бар дурӯғ пазируфта намешавад зеро эҳтимоли зиёд аст аз рӯи таҷриба, ки чунин ашхос боз мегарданд ба он шаҳодат додани бар дурӯғашон.

Албатта маълум аст, ки тавба шартҳои хоси худро дорад, ки он пушаймон шудан аз он кардааш, боз нагаштан ба он гуноҳ дубора. Агар он шаҳодате додааст иртибот ба ҳаққи шахсе бошад бояд ҳатман аз он шахс бахшиш пурсад ва тавонад ҷуброни он чизи гум шудаашро намояд. Хуб аст агар тавонад он шаҳодати додаи бардурӯғашро инкор кунад ва он зараре ба шахси нисбати он додааст бар гардонад ва ё ҷуброн кунад.
Мазҳаби Ҳанафӣ ва Шофеъӣ дар масъалаи тавбаи шоҳиди бар дурӯғ чунин аст. Ҳангоме, ки шоҳиди бардурӯғ тавба кунад ва пушаймон гардад аз кардаи худ. Ошкор гардад сидқи тавбааш қабул аст тавбаи ӯ тибқи ин ояти сураи муборакаи Олӣ Имрон.
«Магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст!»
(Сураи Олӣ Имрон,ояти 89)

Инчунин тибқи ҳадиси Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) “Тавбакунандаи аз гуноҳ ба монанди шахсе ҳаст, ки ҳеҷ гуноҳ надорад”.

Зеро ӯ тавба кардааст аз гуноҳи кардааш ва ба монанди дигар гунаҳкороне тавба мекунанд тавбааш пазируфта мешавад.
Вале муддати пазируфта шудани тавбаро як сол муайян намудаанд, зеро дар муддати кӯтоҳ сидқи шахс муайян карда намешавад. Бояд чаҳор фасли сол гузарад, то шахс дар ин муддат сидқаш фаҳмида шавад.(китоби мавсуъаи фиқҳӣ)
Хуб эй шахсе, ки шаҳодати бардурӯғ додаӣ ва хонаи чӣ қадар мазлумро сухта ва чӣ қадар фарзандро ятиму занро бева кардаӣ. Аввал бузургии гуноҳатро баён кардаам, сипас барои тавбаат ҳам далоили қабул шудани тавбаатро баён кардам. Агар пас аз ин ҳам боз ба ин ҷиноят даст бизанӣ ё одам нестӣ ва ё ҳеҷ дину муқаддасот надорӣ.

Намехоҳам дигар мақоларо ба дарозо бубарам мақоларо бо ин ояти гуҳарбори қуръонӣ ба поён мерасонам. Умед аст аз ин мақола баҳрае гирифта бошед ва шахсоне ба ин гуноҳ мубтало буданд аз он даст мекашанд ва тавбаи насуҳ мекунанду дигар бар намегарданд.

“Ҳар кас, ки подоши ин ҷаҳониро металабад, бидонад, ки подоши инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Худост. Ва ӯ шунаво ва биност! Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст, бошанд. Зеро Худо бар он ду (фақир ва ғанӣ) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз ҳавои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун забонбозӣ кунед ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
(Сураи Нисо,оятҳои 134,135)

Агар барои нотавон буданат шикоят доштӣ, ки аз рӯи нотавонӣ ин шаҳодати бардурӯғро додам, пас ин сухани Аллоҳ буд, ки айнан барои он ки шикоят аз тангдастиат накунӣ онро бароямон гуфтааст.То дигар ҳеҷ баҳонае наёбему даст ба чунин ҷинояти нобахшудани назанем. Умеди дуо дорам аз азизони хонанда Аллоҳ аз мо ва шумо розиву хушнуд бод, омин.

Share This Article