Шафтолубоғиёни Фархор аз Абдулмумин Ятимов шикоят карданд

Ислоҳ нет

Ё Абдумумини бародари СС.Ятимов ва султаву салтанати вай дар Фархор

Ҳамин сол аз муаллимҳо, аз талабаҳо, аз падару модарҳо, аз тамоми мактабҳо, аз тамоми бемористон ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия, то охирин ва дурдасттарини деҳа, аз тамоми табибҳо то ҳамшираҳои шафқат, то фаррош раисони маҳаллаҳоро маҷбур карданд ва онҳо хонабахона гашта пул барои ҷашни Наврӯз ҷамъ карданд. Мардум пул надорад. Дар Русия корхонаҳо ихтисор карда истодааст, кор нест. Наврӯзӣ мекунӣ хуб бикун. Аз маоши коргарҳо гардондӣ бас. Боз чи хел мехезӣ аз оилаҳо мегирӣ? Дар наврӯзии ноҳияи Фархор мардум бояд пул ҷамъ накунанд. Чунки ноҳия фонд дорад, аз ҳисоби пули давлат Наврӯз баргузор кунад. Дар деҳаи Шафтолубоғи ҷамоати Фархор раиси ҷамоати мо пул ҷамъ кард. Дар чунин вазъият, дар чунин шабу рӯз барои мардум даркор набуд ва нест. Дар ҳамин ҳолате, ки мардум қарор дорад хурсандии дурӯғин чи даркор аст? Ид аз гулуи кӣ мегузарад? Ту маош мегирӣ медуздӣ, мефурӯшӣ. Барои ту мешавад аммо ба мардум чӣ? Ба ҷойи онки шумо мардумро ёрдам кунед зада-зада тини боқимондаашро ҳам кашида мегиред? Э, руятон сиёҳ шумо барин роҳбару давлатдорҳоро. Ба худо қасам дар ноҳияи Фархор барои қобчаи орд ҷанг аст. 390-400 сомонӣ.

 ” Раиси ҷамоати деҳот Раҳмон Одинаев ва раиси маҳалла Субҳон Сайидалиев аст. Саломи Ганс раиси маҳаллаи Ориён собиқ Туғул, деҳаи Ятимов аст. Ин ҳар се нафар аз бузҳои Абдумумин Ятимов ҳастанд. Ҳар вақте, ки даст ба ягон аъмоли ғайриқонунӣ бизанад, ҷиноят содир карданӣ шавад, раисони маҳаллаҳоро пешдаро мекунад. Мисол ягон касро «подставит» карданӣ бошад, замин фурӯшад ё ягон муллоро «здават» кунад.”

Раҳмони раиси ҷамоат  ва раиси маҳалла Субҳонро баъди суҳбатҳои як мусафед дар барномаи «Ҳақ ва ботил» аз кор гирифтанд, бурданд шинониданд боз озод каданд. Инҳо хуни мардумро макида буданд. Онҳоро ба Кулоб бурда70.000 ҷаримаашон карда боз озод карданд.

Абдумумин Ятимов, бародари СС.Ятимов, як нафаре, ки бовар кунед на инсоф дорад, на виҷдон дораду на мусулмонӣ.

  “Мо, мардуми Фархор, аз ҷумла мардуми деҳаҳои Аловиддин, Иттифоқ, Арабо, Ориён (Туғали собиқ) , Шафтолубоғ ва Душанбеча аз зулму истибдоди Абдумумин Ятимов, сардори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор ва бародари Саймумин Ятимов, раиси КДАМ –и Тоҷикистон ба дод омадаем. Росташ, аз як тараф аз дасти ҷабру зулми ҳамин бародари Ятимов аз тарафи дигар аз дасти Фаридун Умаров ҳамон «Пантера»-и наркобарон, бародари генерал Мансур Умаров ,сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон.”

Шумо, албатта хуб медонед, ки Мансур Умаров, қабл аз онки сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бишавад, чандин сол дар бари СС. Ятимов, муовини аввали ӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло бошад бародарони ин ду тан моро дар зодгоҳамон орому қарор нагузошта бисёр ҳам озору азият медиҳанд. Инро ҳам бигӯям, ки аз чанд сол аст, ки амалан идораи ноҳияи мо дар дасти ҳамин Абдумумин Ятимов аст. Ҳамаи ҷоҳои ноҳияро аз они худ карда гирифтагӣ ҳастанд. То соҳилҳои дарёи Панҷу дарёи Сурхоб то ба куҳҳои Каратов.

Мардум дигар иҷозат надоранд, наметавонанд, ки молу говҳои худро ба куҳу ёнаҳо бурда чаронанд. Бародари Ятимов камон дорад. Касе говҳояшро барад мепаронанд. Ё инки куҳ барои пистачинӣ равӣ «охранаҳо»- и бародари Ятимов чидан намемонанд. Барои онки писта бичинӣ бояд аз Абдумумин иҷозатнома бигирӣ. Пистаи чиндагиат ҳам 50 ба 50. Ҳама заминҳои обиро ба номи худ мекунад. Сипас ба назди раиси ноҳия рафта, маҷбур мекунад, ки санадаҳо имзо гузорад, ки ин заминҳо обӣ нестанд. Барои он мақоми заминҳоро аз обӣ ба лалмӣ иваз мекунад, ки онҳоро бифурӯшад ва ба раиси ноҳия ҳам руирост мегуяд, ки «санадҳоро имзо кун,то ман ин заминҳоро бифурӯшам, агар намекунӣ, ҷоро холӣ кун, ё ки қаврат кандагияй ранги ду раиси пешина. Медонӣ акаи ма кияй?» Зариф Назри бошад бе ягон андеша имзо гузошта медиҳад. Ин ҳам мегуфтааст: ” манба фарқаш не, ман ҷияни сарвазир”

Бояд инро низ инҷо биафзоем,ки Шафтолубоғ зодгоҳи Маҳмасид Убайдуллоев ҳаст. Аммо вазъи ӯ ва бародараш Шамолиддин Убайдуллоевро ҳам СС.Ятимов шахсан худаш вазмин кардааст.

Масалан: СС.Ятимов ба Шамолиддин Убайдуллоев мегӯяд: Роҳро аз Туғул то Шафтолубоғ мумфарш кун. Шамолиддин Убайдуллоев мегӯяд зурам намерасад. Масофаи ин роҳ аз якуним километр бештар аст. СС.Ятимов ба Шамолиддин мегӯяд агар зурат нарасад боғатро холӣ кун яъне ба ман бояд диҳи онро. Ин ҳодисаро худи Маҳмасаид Убайдуллоев хабар меёбад ва миёнарав мешавад. Дақиқан он шабу рӯз чизе нагуфтанд вале ниҳоятан он боғро аз бародари Муҳаммасаид Убайдуллоев Шамолиддин мегиранд ва гуфтааст СС.Ятимов,ки ин боғро парк мекунем. Масоҳати замини парк аз панҷ гектор то ҳафт гектор аст.

  Инҷо аз як навиштаи қаблии «Ислоҳ»-дар бораи Абдумумин як иқтибос меоварем: Солҳои кӯдакӣ мо ҳамроҳи калонсолҳо мерафтем, гову мол мечаронидем ва писта мечиндем.Ҳоло Абдумӯмин Ятимов бародари ҷаноби С.С.Ятимов чунон нотарс шудааст, ки тарафи кӯдакҳо оинаи мошинашро пойин карда мили камонашро бароварда тир холӣ мекунад. Кӯдакҳо ҳам, агарки дилашон писта хоҳанд, дилёб намешаванд,ки сӯи кӯҳ тоб хуранд.Чанд вақт пеш кӯдакҳо, синфи 2-ю 3 ва ҳатто панҷсолаҳоро зери лагад гирифт. Бо пои мӯзаи кирзаш,ҳеҷ кас мадори сухан гуфтан ва эътироз карданро надоранд. Дар болои сарашон тир холӣ кард,ҳама сар хам итоат мекунанд. Киссаҳошонро кофта пистаҳои ҷамъоварикардаашонро  ба замин чош дод.Таҳдид кард,ки як бори дигар омадед,мепаронаматон.Абдумумин ҳоло дар ноҳия ягон касро сари мӯ писанд намекунад. Заминҳои хирманҷои пахта ва ҷаву гандуми ноҳияро аз ҳисоби идораи Лесхоз фурӯхт. Дар ноҳияи Фархор як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонии КДАМ мустақар аст. Ин  қисми ҳарбӣ пурра зери дасти Абдумумин аст. Барои ин қисми ҳарбӣ заминҳои зиёд вобаста шудагӣ аст. Аммо онро дар асл Абдумумин истифода мебарад.

 “Дар ноҳия як замин аз они бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев Шамолиддин буд. Аммо ҳоло онро Абдумумини бародар Ятимов ба зурӣ зада гирифт ва ҳоло дар он гандум кишт кардааст. Аммо айни ҳол онро ба фурӯш гузоштааст. Барои участкаи назди ҳавлигӣ. Аллакай аз ин замин барои участкаи наздиҳавлигӣ гирифтан чандин нафарҳо пул додаанд.”

Абдумумин ҳамон раисҳоеро, ки дар боло номашонро навиштем пешдаро мекунад. Онҳоро меқапанд мебаранд дар Кулоб маҳкамашон мекунанд, барои онки замини обиро фурӯхтаанд. Ба бародари Ятимов 70.000 сомонӣ медиҳанд. Вай бо ин пул онҳоро халос карда мебарорад. Барои онки инҳо бузҳои вай ҳастанд. Дар ҳар ҷинояташ аз онҳо истифода мекунад. Як бори дигар ҳам барои айни ҳамин кор-заминфурӯшӣ, онҳоро қапида буданд. Як заминро ғайриқонунӣ ба чанд кас фурӯхта буданд. Боз инҳо хирманҷоҳои пахтахушккунии аз замони шуравӣ мондаро ҳам фурухтанд. Албатта бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ( фалшивий).То ҳоли ҳозир хонаҳои одамҳо ҳуҷҷат надорад. Ҳатто аз «заминҳои президентӣ» хеле зиёд фурӯхтанд. Ин заминҳоро дар он солҳо ба афроди алоҳида, яъне ба сари ҳар хонавода тақсим карда буданд. Имрӯз бошад аз ин заминҳо ҳам дар ҳамин деҳаи худашон ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯханд. Дар ин заминҳо одамҳо хона сохтанд, аммо чуноне гуфтем бидуни ҳуҷҷату санад. Ҳозир боз заминҳои обиро сар кардааст ба фурухтан.

“Мо, мардум дигар ҷойи кишту кор  надорем. Фермаи Абдумумин дар назди фурудгоҳ ҷойгир шуда буд, ки солҳои шуравӣ кукурузникҳо майдонҳои пахтаро дору мезаданд. Ҳозир ин бародари Ятимов онҷоро гирифтаву ба замини кишти шолӣ табдил кардааст. Мардумро намемонад, ки кишту кор кунанд. Дар ноҳия чи қадар замине, ки дорад на суми андоз ва на суми об-водоканалро медиҳад. Фермаву корхонаву беморхонаҳояш ҳам ҳамин тавр. Ба хонаи худашу хонаи хешутаборонаш линияи алоҳида (озод)гузаронида 24 соат барқ доранд. Аммо мардум «свет» надорад. Абдумумин, на пули андоз месупорад ва на пули истифодаи нерӯи барқ.”

Яке аз заминдорони калон ва соҳиби чанд ферма мебошад. Талу теппа ва сою дараҳои куҳистони Фархорро тасарруф кардааст. Он ҷойҳое, ки қаблан мардум гову моли худро ба чаро мебурд, ҳоло ҳатто дар як ваҷабаш ҳам ҳақ надорад. Абдумумин ҳануз раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳия набуд, ки дар даст як камон дошт ва ҳангоме сари заминҳову дараву талу теппаҳо мерафт, ҳатман онро дар даст дошт. Агар ягон гов ва ё чорпои одамонро дар ин заминҳо бинад, ҳатман мепарронд. Ҳатто сари он говро намебурид, ки ақалан ҳалол шаваду гӯшташро соҳибаш истеъмол кунад. Зеро ӯро ҳеҷ кас чизе гуфта наметавонад. Пештар мардум кӯҳ пистачинӣ мерафт ва гову молашро бо худ мебурд. Ҳоло ин тавр нест. Бепул намемонад, ки тарафи кӯҳ равед. Говро диданд, тир мезанад ва ё ҷарима мекунанд.

Магар раиси КДАМ ҷаноби СС.Ятимов ин ҷиноятҳои бародарашро намебинад? Ё ин ҳамаро ба фармони ӯ анҷом медиҳад? 

Абдулмумин ва сохтмони мактаби №4,ки “пешво” лентаашро бурид

Чанд соли пеш як сармоягузори араб барои сохтмони бинои нави мактаби миёнаи №4-и деҳаи Аловиддин маблағ ҷудо кард. Масъулияти бунёди ин бино бар уҳдаи ҳамин Абдумумин Ятимов вогузор гардид .Аммо ин Абдумумин ҳам аз пул зад, ҳам аз нарх зад, ҳам аз маоши коргарон зад, хулоса аз тору пуди ин пули сармоягузори араб зад. Вале вақте сохтмони таҳкурсии бинои мактабро ба итмом расонд, он аз чанд ҷояш тарқиш дод, кафид. Аммо ин вазъияти садамавиро ба инобат нагирифта кори сохтмонро давом дод. Бинои мактаб сохта шудан баробар аз чор тараф деворҳояш дарз оварданду кафиданд. Ҳамон таҳкурсиии кафидаро комиссия омада қабул накарда буд. Аммо маълум аст ки боз СС.Ятимов байн даромаду қабул карданд. Болои ҳамин таҳкурсии садамавӣ се ошёна бинои мактабро бардоштанд. Бояд биноро месупорид. Мебоист, ки маросими ифтитоҳи он баргузор мешуд. Аммо деворҳо кафид ва он бинои мактаб комилан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Касе суроғ намекунад, ки садҳо ҳазор доллар сармояи он араб куҷо шуд?

Ҳангоме,ки хостем фаҳмем барои чӣ СС.Ятимов дар деҳаи Аловиддин хост ин мактабро бунёд намояд?

“Посух чунин буд: Худи СС.Ятимов дар ин мактаб чанд сол таҳсил намуда будааст. Инчунин ҳамсараш аз ҳамин деҳаи Аловиддин буда аст. Инчунин падараш Муаллим Саттор дар ин мактаб дарс ҳам дода будааст. Ин сабабҳое будаанд, ки СС.Ятимов дар ин деҳа мактабе хост бо пули арабҳо бунёд намояд. Аммо афсӯс, ки бародараш Абдумумин аз ғорати масолеҳи сохтмонии он мактабро дар ҳолати садамавӣ бунёд намуд.”

Хуб дар ниҳоят ин мактаби дар ҳолати садамавиро Абдумумин Ятимов сарбаландона бо кумак ва связҳои бародараш СС.Ятимов супорид. Дар ифтитоҳи ин муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 6 уми октябри соли 2021 рафта лентаи ин мактаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштаро бурид. Аммо эҳтиёт кунед, ки ҳодисаи нохуш рух надиҳад, чун ин мактаб дар ҳолати садамавии ҷиддӣ қарор дорад. Дақиқан он шабу рӯзҳо худи Абдумуъмин Ятимов дар ифтитоҳи ин муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ қарор надошт. Бо баҳонаи табобат дар шаҳри Маскав қарор дошт, ки дар ин маврид дар Минбари муҳоҷир бароятон маълумот дода будем.

Абдулмумин ва Фаридун бо фармони бародаронашон подства мекунанд

Дар лаби дарёи Панҷ як  ҷои отдих-дамгирӣ сохтагианд. Бо номи Кокул ёд мешавад. Ин ҷо барои зиндагонии сокинон набуда балке ҷойи деҳоқонон баъзе зироатҳоро мешинонанд онҷо. Ин макон аз ҷавони Фархорие бо номи Хуршед бо кличкаи генерал буд. Ин Хуршед онҷо ҳавзҳои калони моҳи ва ҷои хуби истироҳатӣ карда буд. Падари Хуршед собиқ генерал буд ва ӯ аз олам гузашт. Ҳамеша СС.Ятимов вақте Фархор меомад онҷо ӯро Хуршед мебурду зиёфат ташкилаш менамуд. Дақиқан барои соҳиб шудани ин макони истироҳатӣ СС.Ятимов бо бародараш Ҷамшед Ятимов Хуршедро бо Маҳмудов Неъмат,ки бародари Полковник Шамсулло Маҳмудзода собиқ сардори ШВКД Исфара ва Панҷ,ки ҷияни Маҳмасаид Убайдулло ҳам ҳаст ҳардуро подставит карда бо маводи мухаддир боздошт намуданд.Феълан ин истироҳатгоҳ дар итоати Абдулмумин Ятимов қарор дорад. Дар онҷо фақат бо афғонҳо-шарикони тиҷоратиашон, ки бизнеси «сафедӣ» доранд, дар айшу нуш буданднду ҳастанд. Онҷо барои афғонҳо духтарҳои тоҷикро мебаранд. Афғонҳо сум медиҳанду ҳамхоба мешаванд. Абдумумин духтарҳои тоҷикро мефурӯшад. Ин кор то омадани Толибҳо ошкоро ва рӯирост анҷом медод. Ҳоло бошад як каме пинҳонӣ, аммо идома дорад.

  Боз як иқтибоси дигар аз навиштаи пешинаи «Ислоҳ» дар бораи Абдумумин:

«Абдумумин кадом вақте афғонҳоро кидат мекунад. Афғонҳо шабошаб дарёи Панҷро убур карда меоянд ва садҳо сар говҳояшро аз фермааш гирифта мебаранд.Чанде пеш дар ин бора дар расонаҳо хабар чоп шуда буд, ки 49 сар гови Абдумумин гум шудааст. Мардуми Фархор шоҳиданд,ки афғонҳо чанд бор ба сари Абдумумин омаданд,наёфтанд. Диданд,ки наёфтанд, баъд ин говҳоро бурданд.Ин қисми ҳарбӣ ва заминҳои он дар наздики марзи Афғонистон ҷойгир аст. Абдумумин аз ин заминҳо барои фермааш хошок захира мекард ва ҳар сари чанд вақт бо Нивааш онҷоҳоро хабар мегирифт. Рузе баъди ин ҳодиса савори Нива лаблаби ин заминҳо тоб мехуранд то барои говҳо алаф захира кунанд. Дар ин қисмат лухзори васеъе ҳаст ҳам дар он самт ва ҳам дар ин самти дарё. Аз даруни лухзори соҳил афғонҳо бо снайпер аввал шофёрро мезананд. Дуввум марди дар бари ронандаро мезананд,ки номҳои ин ду ҳалок шуда Ҳамрохон ва Давлат буданд,ки аз якуми май Фархор буданд. Нафари саввумро,ки дар нишастгоҳи қафо нишаста буд, афғонҳо пайхас намекунанд ва ӯ ҳам, ки як бачаи ҷавони маҳаллӣ ва барои муайян кардани ҷойи заминҳои нисбатан сералаф бурда буданаш Раҳмонов Сафархон,ки дар ништасгоҳи пушт нишаста буд оинаи қафои мошин,ки шишааш рехта буд ба замин мепарад  ва хамидаву рустшуда дарун-даруни лухзор мегурезад.Тахминан 50–60 метр аз мошин дур мешавад.Вақте ба қафо мегардад,ки бо чи силоҳе мезананд, ки Нива дар ҳаво мепарад ва садои таркиш гирду атрофро пахш мекунад. Афғонҳо ин корро барои он карданд, ки гумон доштанд ин бор низ дар дохили мошин худи Абдумумин аст. Аз тарафи дигар бубинед, ки инҳо ба хотири манфиати шахсӣ вазъи сарҳади давлатӣ ва ҳамин тавр оромии мардумро ба чи аҳвол расонидаанд,ки афғонҳо нотарсона дохили Тоҷикистонро тирборон мекунанд. Раҳмонов Сафархон ки ҷон ба саломат бурд назди қисми ҳарбӣ меояд.Сарбозҳо мегӯянд,ки биё баргардему равем.Вай ба пойи онҳо афтода ҳодисаро ҳикоят мекунад ва мегӯяд, ки намеравад. Раҳмонов Сафархон писари Бурихон аст ва Бурихон писархолаи СС.Ятимов ва Абдулмумину Ҷамшед мешавад. Сафархон ҳоло тракторист дар фермаи Абдумумин кор мекунад. Ҳозир чанд пуле, ки аз истифодаи об, барқ ва андоз ноҳияи Фархор қарздор бошад, як қисми асосиаш қарзҳои Абдумумин аст.»

Пас аз он,ки СС.Ятимов раиси КДАМ таъин шуд Абдулмумин аслан на пули барқ, андоз ва ҳеҷ чизе ба ҳукумат насупорида буд. Ягона раисе,ки Абдулмуминро маҷбур намуд,ки дар зарфи 72 соат ҳама андозҳояшро супорад ин Сулаймон Вализода буд. Дар як ҷаласа Абдулмумин мехоҳад худнамои кунад,ки мана ман 5000 ҳазор сомонӣ аз тани фалонӣ месупорам. Ин ҷо Сулаймон Вализода раиси ноҳия мегӯяд Абдулмумин аз ҷоят хез ва пули ҳеҷ касро насупоред. Шумо аз андоз ва дигар идораҳо 150 ҳазор қарздоред лутфан 50 ҳазорашро имрӯз ва боқи мондаашро дар 48 соати дигар супоред. Агар насупоред ман ба бародаратон СС.Ятимов мерасонам,ки бародаратон аз супоридани андози давлат сарпечӣ мекунад. Муҳим дар ҳол Абдулмумин маблағро рафта месупорад. Дар круги худаш мегӯяд: “ҳоло мебинем ту чихел кор мекуни дар Фархори мо” Бале дақиқан корашро тавассути шафкаҳои бародараш СС. Ятимов анҷом дод ва Сулаймон Вализода ду сол дар ин мақом кор карду сабукдуш гардид. Сулаймон Вализодаро бо ҷурми “дашном кардани кормандони ҳукумат” сабукдуш намуданду ҳатто дар фармон ба ҷои дигар мегузарад омада буд дар фармон. Аммо дигар ба ҳеҷ куҷое нагузашт,чун инҷо СС.Ятимов меистад бояд донед худатон дигар. Пас аз барканории ӯ ба ҷояш Рустам Раҳматзода Мирзоро гузоштанд ва ин Кангуртӣ ҳам,ки дар гузашта “аз соли 2015 муовини раиси вилояти Суғд буд. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва Зафаробод ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” кор кардааст.” Боз ҳам ба ин ду СС.Ятимов ва Мансур Умаров писанд наомаданд ,агарчи хело корнамоиҳо ва ҳисоботи хубе нишон дода буданд,ки метавонед онҳоро дар ВАО хонед, вале сабукдуш гаштанд. Ахиран Зариф Назрӣ бародарзодаи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро гузоштанд.

Акнун тут ба муроди Абдулмумин Ятимов пухт ва шахсеро раиси ноҳияи Фархор интихоб намудаанд, ки ҳарчи гӯянд бале ако гуфта мекунад. Раиси кунунии ноҳияи Фархор Зариф Назрӣ ба гуфти Абдулмумин Ятимов ва Фаридун Умаров  “Аслан и бачаҳак мода кор надорад, мо ҳам уда кордор нестем. Ҳар коремон ғалта занг мезанем худаш меояд кормона буд мекунад меравад. Мо намеравем пушти даршда очерад бестем, хуҷандиҳо мардуми мефаҳмидагиян ва механданд. Ба ақлаи медона ду раиси пеш аз ӯра читари кадем,ки соф Хурушев гиршон кадан. Аҳмақ набошен мора акаҳомон чизе бган мекунем.Вақте мо пешт рафтем бдонен мора пештон акаҳомон равон кадагиян.”

“Дар ин чанд моҳ зери чанд санад ҳам Зариф Назрӣ имзо гузошта будааст,ки ба суди Абдулмумин ва Фаридун Умаров будааст. Манобеъи дигари Ислоҳ аз Фархор гуфтанд: Асалан ин ду ҳеҷкораанд инҷо дар пушти ин ду бародаронашон меистанд, ки ҳар раису вазиру мақомот аз ин ду метарсанд. Яке раиси КДАМ  ва дигари раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. Кӣ метавонад дар назди бародарон ва наздикони ин ду ҳарфи ноҷое гуяд ва ё ончи мехоҳанд не гӯянд?”

Дар вакти карантинаи коронавирус , аз тарафи давлат ба Фархор дар 6 фура помош –кумак омад. Аммо Абдумумини бародари Ятимов ҳамроҳ бо Фаридуни Пантераи бародари Мансур Умаров ҳамагӣ 2 то фураро тақсим карданду тамом. Боқимонда 4 тои дигарашро худашон гирифтанду обу лой карданд. Шоҳидон ба Ислоҳ гуфтанд: “Мо шоҳиди онем,ки ин чор мошини кумакҳо ба Фархорро дар склади Абдулмумин холӣ карданду дубора ба самти Кулоб бурданд.”  Хуб инаш дигар маълум аст,ки кори СС.Ятимов ва Мансур Умаров ҳаст,ки ноҳияро ғорат доранд.

Дар заминҳои Уртабузи Фархор солҳои сол мардум гандум мекорид. Аммо ҳозир ин заминҳоро Абдумумин ба мардум барои хона кардан фурӯхт. Заминхои кишту кор мекардаи мо нобуд шуд. Тамоми заминҳои ҳатто обиро, ки барои участкаи наздиҳавлигӣ ва сохтмони хона иҷозат нест фурӯхта истодаанд. Бовар кунед, ки инҳо ҳам мулкро, ҳам мардумро ва ҳам давлат ва ҳам ояндаи ватанро фурӯхтаву ғорат карда истодаанд. Ман, бовар дорам, ки як рӯз не як рӯз бо ин заминҳоро аз мардум пас мегиранд, чунки барои мардум ҷойи кор намонда истодааст.

Талаби ҳаққи ҳалоли сокинон аз Абдулмумин иттиҳом ба салафят ва зиндонӣ шудан шуд

Дар Фархор дар маркази шаҳрак назди хонаи Бояков ҳамсояҳои падари Шарофиддин Гадоев чор бародар зиндагӣ мекунанд: Бобоҷон, Алиҷон, Шароф ва Неъматулло. Онҳо ҳамагӣ тоҷир буданд. Дар бозори марказӣ ба тиҷорати семент, ангишт, чуб, гандум ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ машғул буданд. Солҳои 2011ё 2012 ё шояд пештар буд. Дар лаби шаҳрак наздикии бемористони марказӣ ва завод як замини обиро Ятимовҳо ба баҳонаи дастгирии муаллимону духтурон ба одамони пулдор тақсим ва бизнес карданд. Конкретно фурӯхтанд, кадоме пул дод ба ӯ доданд кадоме пул надод, надоданд. Баъзеҳо, ки ҳуқуқдон буданд ба чанд ҷо навистанд. Баъди ин нависонавис боз ба баъзеҳо  аз ноилоҷӣ доданд. Дар ин замин аз тарафи роҳи калон рӯ ба рӯйи НФС- АЗС –и Малик, Абдумумин Ятимов барои худ ба андозаи қариб чор чои хона замин ҷудо карда гирифта ва онро ба яке аз ин бародарон ба номи Неъматуллоҳ дода буд. Неъматуллоҳ  замини ӯро ҷои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ карда ва чанд сол дар онҷо   кор кард. Дар ин байн Абдумумин Ятимов аз онҳо ба маблағи зиёд масолеҳи сохтмонӣ гирифта пули онҳоро надод.

Азбаски Абдумумин заминҳои кишт бисёр дорад, баъди ҷамъоварии ғалла чанд тонна ба бародари Неъматуллоҳ бо номи Шароф медиҳад, ки фурӯхта пулашро диҳад.

Неъматуллоҳ аз ин фурсати муносиб истифода бурда пули масолеҳи сохтмонӣ гирифтаи Абдумуминро гирифт. Ин кор Абдумуминро ба ғазаб оварда ва ӯ душманиро муқобили ин бародарон сар кард. Ин бародарҳо хеле пулдор буданд. Аммо онҳоро шикастанд. Аввал ба воситаи додситони Фархор фишор оварда онҳоро аз ин замин хезонд. Неъматуллоҳ дар ин замин сохтмонҳои бисёр сохта буд. Ҳамаро чапа карданд. Баъди ин ҳодиса Неъматуллоҳ ва бародаронаш дар самти қафои ин замин як заминро бо воситаи тағояш Каримов Факирхуҷа гирифта  ва дар онҷо боз мағозаҳои сохтмонӣ рост карданд. Абдумумин душманиро идома дод ва барои имдод ба бародараш СС.Ятимов  муроҷиат кард.

Дигар ин  бечораҳоро ҳар рӯз бо воситаи ҳар мақомот ғам медоданд. Фишорро болои онҳо то дараҷае овард, ки дар ҷоҳои худ  намеистоданд.  Ягон касро фӯрушанда мемонданд, аз пул (пора)додан безор шуданд.

“Акнун, ки ҳеҷ баҳона наёфтанд онҳоро ба баҳонаи узвият дар салафият дастгир карданд. Ман вақте шунидам ҳайрон шудам. Зеро ман онҳоро мешинохтам. Шахсан Неъматуллоҳро. Ва шоҳиди бо салафиҳо баҳсу даъвоҳо доштани ӯ шуда будам. Вай бо салафиҳо дар чанд масъала мухолиф буд, баҳсҳо мекард. Касеро, ки бо салафиҳо ихтилоф дошт ӯро салафӣ гуфта маҳкам карданд. Хулоса се бародарро қапиданд: Бобоҷон, Шароф, Неъматуллоҳ. Онҳоро чанд вақт сар надоданд. Пулҳои зиёди онҳоро канданд ва як муддат раҳояшон карданд. Аммо баъди чанд вақте боз дубора қапида оқибат суд карданд. Бобоҷонро сардори салафиҳо гуфтанд. Аз хонааш яроқи тамғаи Калашников «ёфтанд». Ва бо ҳамин туҳмат ва ба ҷурми салафия зиндон карданд.”

Неъматуллоҳ се солу шаш моҳ гирифт. Ҳамаи дороиҳояшро кашида гирифтанд, мусодира намуданд.  Онҳо шишта баромаданд, ҳоло дар озодианд. Аммо шафери як пикарни шуда кор мекунад бечора. Тибқи маълумоти охир дар ин қазия чор бародарон Ҷамшед Ятимов ва Фаридуни Патнтера даст дошта будааст. Аввал дохилашон шуда ва рафтуомадро қавӣ мекунад ва мақомотро мегӯяд инҳо салафиянд ва зиндонашон мекунад. Боз ношрамида хабаргирияшон ҳам мерафтааст ба зиндон бо Фаридуни додари Мансур Умаров.

Дар охир мехоҳам як маълумоти дигарро барои шумо бидиҳам. Дар ноҳияи Фарор дар участкаи Туғули собиқ ва Ориёни кунунӣ зодгоҳи СС.Ятимов як бинои алоҳида сохтагианд барои 150-200 нафар. Шуъбаҷаи Амният номаш мебаранд. Ин як бинои алоҳидаи амният (шуъбаи амният) аст. Аз чандин километр сими алоҳидаи алоқа (связ)ва барқ (свет) кашида овардагианд. Дар таҳхонаи ин бино ҳамаи хадамоти связ ва барқ бо технологияи ҳозиразамон, тамоми бино аз чор самт бо камераҳо. Ҳамчунин дар инҷо хобгоҳи алоҳида ҳам сохтагианд. Инҷо чи план бошад, намедонам. Дар инҷо одамҳо кор мекунанд. Дар район шуъба ва бинои амният кор мекунад. Аммо чаро боз ин бино, техникаи ҳарбӣ ва одамҳо дар ин бинои алоҳида кор мекунанд, номаълум. Як нафар аз шиносҳоям гуфт, ки дар Данғара ва чанд ноҳияи дигар ҳам айнан ҳамин гуна биноҳои алоҳида сохтагинад, ки бо посбонҳои мусаллаҳ бонӣ крада мешаванд. Дар бинои Данғара гуфтанд, ки силоҳу яроқҳои зиёдеро баҷо кардагинад. Ҳатто тонку БТРу БМПҳо ҳам онҷо будааст ва мегуянд, ки онҷо як қисми низомии махсус амал мекардааст.

“Муйсафедони солхурда миёни худ шухӣ карда мегӯянд,ки ин идораи НКВДи бачаи Муаллими  Саттор аст, яъне аз СС.Ятимов.”

Дар мавриди Абдулмумин Ятимов аксаш дар ҷамоат дар рӯйхати аъзоёни ҲХДТ буда ва аз сокинони ифтихории Фархор ва аъзои фаоли ин ҳизб аст. Аз камера ва телефоне тарафаш бубинад сахт метарсад. Ба гуфти яке аз наздиконаш ин дастур ва ҳидоёти СС.Ятимов будааст,ки ҳар коре мекунен дар камера нағалтен, аксотона намонен ҳеҷ куҷода. Дигар он тарафашро ман ҳалу фасл мекунам.

Як бародари дигари С.С. Ятимов дар Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузорӣ кор мекунад бо номи Ҷамшед Ятимов. Ошкоро пора талаб мекунад. 5% ҳақ дорад. Чӣ гӯна Шералӣ Кабиров ӯро бо як духтари Дарвозӣ шинос кард ва шармандагияш барои чӣ дар интернет нашр шуд. Моҷароҳои зиёди Ҷамшед Ятимов ва амалҳои нангини дигари ӯ дар матлабаҳои минбаъда хоҳем навишт.

Давом дорад….

Бо “Ислоҳ” бошед, то аз ҳама ҷузъиёти ин оила огоҳии комил дошта бошед!

 

Share This Article