Шарҳи “Ийсор” ва ашки тимсоҳ

Ислоҳ нет

Дар Варшава “ҳайати қавӣ”-и ҳукумати Тоҷикистон, ки барои иштирок дар  конфронси САҲА омада буданд, як маҷлисаке ҳам барои гузоштани “галочка” оростанд.

 

Ин нишаст, вохӯрии ҳайат бо донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон буд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мехурад, дида мешавад, нахуст домулло Айёмиддин Сатторов чанд дақиқа алайҳи ҲНИТ суханронӣ мекунаду гӯё ҷавононро аз хатари ин ҳизб огоҳ менамояд. Дар охир бо латифагӯйиҳо суҳбаташро ба поён мерасонад.

Пас аз он навбат ба Абдурраҳим Каримов мерасад.  

 

“Ман дар ҲНИТ пеш аз Домулло Айёмиддин  будам ва мо ӯро ба ин ҳизб овардем”. – таъкид мекунад мулло Абдураҳим.

 

Ин даъвои ӯ дар ҳоле аст, ки ин ҷониб ҳардуяшонро  мешиносам ва хуб медонам, ки Домулло Абдурраҳим тақрибан баъди солҳои 1983 бо Устод Нурӣ (раҳ) ва бародарони наҳзатӣ рафту омадро шурӯъ намуда буд. Домулло Айёмиддин аз Абдурраҳим солҳо пеш бо бародарони Наҳзатӣ буд ва дар ҷамъи бародарон қарор доштанд.

 


 

 

Дар ин нақди худ мехоҳам танҳо дар мавриди “Ийсор” як истилоҳи шаръӣ ва ҳам дар бораи ин ки оё Ҷиргаҳо(маҷлисҳои қавмӣ) дар Афғонистон Раҳмоновро ба худ пешво гирифта буданд, баҳсе дошта бошам.

 

Абдурраҳим Каримов дар суҳбаташ як саҳначаи сохтаеро бо таъбири “Ашки тимсоҳ”ба иҷро расонид. Суханоне мегӯяд, ки шоҳидони аслии воқеъаҳои он солҳоро дар ҳолати шок қарор медиҳад.

 

“Ай Мазори шариф, ай Бағлон, ай Қундуз, ай Тахор, ай Бадахшон, ай Маймана, айз Ҷузҷон, ай Сари пул ҳамаш ҳамунҷа омадааст, Ҷиргаҳо. Баъд шиштагӣ буданд, ман ҳаминхел даромадам, ки гуфт, ки ҳамин кумандони тоҷикӣ ҳамихел савол дода буд мара, ҳамин гап баромадаст дар байни тоҷикои Афғонистон, чи гапай, гуфт, ки,  гуфтанд, ки и сохта нест, ай қалбшон гуфтестан, ки ҳами роҳбари моҳаю. Баъд ман пурсидум, гуфтум, ки ира чихел шумо роҳбар гирифтен. Гуфт, ки Ийсор. Ийсор калимаи арабияй. Ийсори ира (Эмомалиро дар назар дорад) мо дидему ира мо роҳбар гирифтем. Гуфтум ийсориш чияй, гуфтанд, ки ҳазрати Муҳаммад Ийсор дошт, ҳазрати Абубакр, Усмон, Умар, Алӣ Ийсор дошт. Аз ҳамон замон то имрӯз мо дар ягон роҳбар ийсор надидем, танҳо ийсора дар Раҳмонуф дидем”. – нақл мекунад мулло Абдураҳим.  

 

Аслан ҳеҷ тоҷик дар Афғонистоне, ки он солҳо мо будему қарор доштем, ҷонваре мисли Раҳмоновро ба масобаи роҳбар ё пешво нашинохтааст ва ин савганд ба Аллоҳ дурӯғи маҳз ва туҳмат ба миллати ғаюри Афғонистон аст.

 

Миллати ғаюри Афғон бо Русия даҳ сол ҷангид ва беш аз миллион шаҳид дод. Ватану кошонаашон дар ин ҷанг харобу валангор шуд. Чашми дидан ба афроди ҳизбҳои комунистиро надоштанд ва онҳоро чуҷаҳои Ленин медонистанд. Тоҷиконе, ки дар ин тарафи Омӯ зиндагонӣ мекарданд, то соли 1924 аз тарсу ваҳшати Рус ба он сарзамин фирор карда буданд, то дину исломашонро ҳифз кунанд. Ба хотири дин ва имону мазҳабашон тарки ватанҳои аҷдодияшон карда буданд. Шахсе бо номи Раҳмоновро мехоҳанд пешвои худ қарор бидиҳанд? Хело сухани хандадор ва аслан дар ҳеҷ тарозӯе намеғунҷад. Дақиқан, мо ҳам дар он минтақае Абдурраҳим Каримов мегӯяд, он замон ҳамон ҷо дар Толиқон зиндагонӣ мекардем.

 

Мушакборон шудани ситоди марказии ИНОТ дар Толиқон

Барои исботи дурӯғии нақли мулло Абдураҳим мехоҳам инҷо як ҳодисаи хунинро ёдовар шавам.

Соли 1994 таёраҳои русӣ “Оператсиюн”-ро, (мақарре, ки ситоди ИНОТ онҷо қарор дошт) ба хотири аз байн бурдани ситод бомбаборон карданд. Ин ситод тобеъи Шурои Наззор, ва таҳти роҳбарии бевоситаи Аҳмадшоҳи Масъуд (раҳ)  буд.

 

Худи Абдурраҳим Каримов, ки кумандон буд, дақиқан аз ин ситод ба лавозимоти низомӣ таъмин мешуд ва ба ҳамлаҳои чирикии худ идома медод. Дар ин бомбаборон тақрибан 9 нафар ҷавонони тоҷики муҳоҷир ҷоми шаҳодатро нӯшиданд ва бештар аз мардуми мулкии шаҳри Толиқон осеб диданд. Дуконҳои Мандаӣ (бозори шаҳр) ва хонаҳои атрофи он, ки дар наздикии ситод қарор дошт, хароб гардиданду мардуми зиёди таҳҷоӣ дар асари он бомбаборон ба шаҳодат расиданд.

 

Ончунон пас аз ин амал хашми мардуми маҳаллӣ ба ҳукумати фронти халқӣ ва Раҳмонов зиёд гашт, ки омода буданд, ҳамаашон силоҳ гирифта, барои гирифтани интиқом ба Тоҷикистон гузаранд ва бо ин ҳукумат биҷанганд. Абдурраҳим Карим хуб мешиносад Мудир Эътиборро, ки намояндаи вижаи Омир Соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд дар минтақаи Толиқон буд. Ман худам шоҳиди бевоситаи ин моҷароҳо будам. Мардуми шаҳр ҳама дар  “Сари Чавк” ҷамъ шуданд. Бо шиддат ин амали терористиро маҳкум мекарданд ва талаби ба муҷозот кашидани омилони ин ҷиноят буданд. Ҳатто як нафар аз ҷояш хест ва бо гиря гуфт: Мудир Соҳиб Эътибор ман дигар чизе надорам ва ҳамсару чор фарзандам дар ин бомбаборон кушта шуданд, дуконам хароб ва хонаам инчунин. Илоҳо хонаи ин Раҳмонови чуҷаи Ленин хароб шавад, мо чӣ гуноҳ дорем, ки моро бомбаборон мекунад?

 

Суханони Мудир Эътибор аз ёдам намеравад, ки чунин гуфт: Эй Тоҷиконе, ки аз дасти ин режими комунистӣ ба ин мулку диёри мо муҳоҷир гаштаед, падарони мо 70 сол қабл мисли шумо аз дасти он русҳо ба ин минтақа фирор карда омада буданд ва ба умеди баргаштан ба ватани аҷдодии худ буданд. Аммо амри тақдир будааст ва ин барояшон муяссар нагашт ва акнун шуморо ҳам ин қотил, Раҳмонуф ба инҷо овора кард. Шумо барои мо бегона нестед ва мо ҳама аз як фомил ва як миллатем. Ҳатман ин хуношоми чуҷаи Ленин аз сари қудрат меравад ва ин марзҳо бардошта мегарданд ва мо якҷо зиндагонӣ мекунем.

 

“Ҳар касе барои ин амали ноҷавонмардона, як муҳоҷири тоҷикро озор медиҳад, ки ба хотири шумо Раҳмонов моро бомбаборон кардааст ва мо талафот додаем, бидонад бо Омир Соҳиб(Аҳмадшоҳи Масъуд) ба ҷанг бархостааст ва бо ӯ тараф аст. Муҳоҷирони Тоҷик ҳеҷ гуноҳе надоранд ва ин амалро ҳам душманони ин муҳоҷирони тоҷик шахсе бо номи Раҳмонов анҷом додааст ва ҳатман ӯ барои ин ҷиноят рӯзе посух мегӯяд”.  гуфта буд Мудир Соҳиб Эътибор.

 

Ҳатто он рӯзҳо мардумро иғвоангезон бар алайҳи муҳоҷирони тоҷик мехостанд бишуронанд. Алҳамдулиллоҳ вазъро Мудир Эътибор ором намуд ва муҳоҷирон ба зиндагии муқаррарӣ баргаштанд.

 

Абдурраҳим Каримов он шабу рӯз аз ҷабҳаи Чаёб ба Тахор баргашта буд ва ин ҳодисотро хуб мушоҳида мекард. Баъди он ҳодиса ин мардум бо Раҳмонов ягон лаҳза ҳам синасоф нашуда буд.

 

Дар мавриди Ҷирга(маҷлисҳои маҳлалӣ), ки мулло Абдураҳим маълумот дод, ин ҳам дурӯғи шохдори бешармона аст. Аслан чунин чизе дар сафаҳоти шимол, ки дар минтақаи Тахор ҷамъ шаванд, набуд. Ҷиргаҳо ҳама аз ҳар минтақае, ки ҳастанд дар Кобул ҷамъ мешуданд ва Тахор ё Толиқон аслан мақоми марказиятро надошт. Маркази ҳама Ҷиргаҳо дар Афғонистон бо номи Луви Ҷирга аст, ки он ҳамин парлумони кишвар аст, ҳоло ҳам ҳамин номро дорад ва ҳар ки барояш муҳим бошад, дар бораи сохти давлатдории кишвари Афғонистон  маълумотҳоро биомӯзад.

 

Боз инки гӯё Раҳмоновро онҳо ҳамчун Пешво пазирӯфта бошанд, савганд ба Аллоҳ ин дурӯғест шохдор ва аслан туҳмат ба миллати ғаюр ва силаҳшури Афғон аст. Мардуми Афғон ҳаргиз шахсе чун Раҳмонови пасмондаи комунистро пешво намепазирад. Ин ки баъд аз паёмбар ва Хулафои Рошидин то замони мо ба ҷуз Раҳмонов касе ийсор накардааст, иҳонат бар гузаштагони ислом аст.  Хусусан мардуми афғон пешвоҳое доштанд, ки ин Раҳмонов ба хоки пойи онҳо намерасид ва ҳоло ҳам пешвоҳое доранд, ки ҳеҷ ниёзе ба ин марди хоини сархуше, ки дар ҳаёташ Аллоҳро саҷда накардааст, нест ва надоранд.

 

Бо овардани ин таърих гуфтанӣ ҳастам, ки баъди бомбаборон шудани Толиқон бо тайёраҳои русӣ аз ҷониби ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон, дигар мардуми он минтақа, ин ваҳшониятро фаромӯш накардаанд. Чигуна онҳо ба Раҳмонов меҳр мебастаанду ин хабиссириштро пешво медонистаанд? Эмомалӣ пас аз шикастани сулҳ ва хиёнат ба он дар авохири соли 2015 “Пешво” гардид ва пас аз он худро “Асосгузори сулҳу ваҳдат” хонд.  Ин ҳама барои бақои қудрат ва хок пошидан ба чашми мардум буд ва ҳаст на чизи дигаре. Ба ин Афсонаҳо бовар накунед. Гиряи тимсоҳ-мулло Абдураҳим ҳам ҳадафмандона, барои мухлис нишон додани худаш аст. Аммо бояд донист, ки Абдурраҳим мухлис намешавад, зеро ба Наҳзат хиёнат кард, пас аз он ба Раҳмонов пайваст ва ман шак надорам,ки Раҳмоновро ба дигаре иваз накунад. Хоин, хоин аст, барояш хиёнат як тинат ва атвор ва шуғл аст.

 

Чизи дигари қобили мулоҳиза инаст, ки дар ин вохӯрӣ мулло Абдураҳим зимни сӯҳбаташ гуфт, ки гӯё Раҳмонов сулҳ кардан мехосту дасти сулҳ дароз кард ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ даст надод. Ин ҳам дурӯғи маҳз ва бофтаи худи мулло Абдураҳим аст. Таърих гувоҳ аст ва шоҳидони зинда то ба ҳол дар ҳаётанд. Яке аз сабабҳои ба дарозо кашида шудани раванди баҳамоӣ ва истиқрори сулҳ худи ҳамин мулло Абдураҳим буд. Замоне, ки ҳушу ёди Раҳмонов дар хуношомӣ ва хунсо кардани мухолифон дар худи хоки Афғонистон буду ҳеҷ розӣ набуд бо роҳи сиёсӣ қазия баррасӣ шавад, ҳамаро устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ  ба сулҳ розӣ карда буд, магар се нафар розӣ набуданд.
Инҳо мулло Абдурраҳим Каримов, Амриддин Табаров ва як нафари дигар “бузургвор” буданд. Исми сеюмиро бо чанд далеле намехоҳам инҷо зикр кунам.

 

Замоне, ки гуфтушуниди сулҳ оғоз шуд, мулло Абдурраҳим Каримов пас аз ин ки шунид сулҳ мешавад,  қаҳр карда ба Покистон рафта буд. Бо сад зора ва тавалло ӯро аз Покистон ба Толиқон оварда буданд. Акнун ин тимсоҳ бенангона, аз сулҳ мегӯяду оби дида мекунад.

 

Вожаи Ийсор ва шарҳи он

Мулло Абдураҳим нақл мекунад, ки маънои ийсорро намедонист ва маънои ин калимаи арабиро аз Ҷиргаҳо пурсид.

 

Пеш аз ҳама надонистани маънои ин калима, муллогии ӯ ва дониши кофии динӣ доштанашро зери савол мебарад.  Чизи дигар ин ки он замон мулло Абдураҳим хоҳиши шунидани як сухани хубе дар бораи Раҳмонов надошт.

 

Ийсор (إيثار) ин вожаи арабӣ буда дар қомӯси забони арабӣ чунин шарҳ дода шудааст:

حُبّ الآخرين وإرادة الخير لهم وتفضيلهم على النَّفْس.

“Дӯст доштани дигарон ва хостани некӣ ба онҳо ва бартар донистани дигарон аз нафси худ”

 

Абдурраҳим Каримов умрат ба ҷое расидааст ва ҳатман барои ҳар сухан ва амалҳое, ки мо ва шумо анҷом медиҳем, дар пешгоҳи Аҳкамулҳокимин ҷавоб медиҳем. Бигӯед, ки Шумо кай ва дар куҷо дар амалҳои шахсе ба номи Раҳмонов чуноне, ки худатон беш аз даҳ маротиба гуфтед ин “Ийсор”-ро мушоҳида кардед?

 

Ончӣ шумо мегӯед дар сафаҳоти таърихи ин миллат сабт мегарданд ва наслҳои оянда ҳама гуфтаҳои шуморо мехонанд ва мунсифона ба он баҳо медиҳанд. Агар мегуфтед, Раҳмонов барои бақояш дар курсии қудрат ва оилаи бе охиру канораш, ҳама миллат ва ватанро омода аст Ийсор кунад, ин суханатон дуруст буд. Аммо шумо бо кадом асос ин вожаи беназирро, ки волотарин мақоми мусалмонӣ дар он нуҳуфта аст ба шахси хоину ватанфурӯше чун Раҳмонов аз номи мардуми ғаюру шуҷоъи Афғон бо ду дасти адаб тақдим намудед?

 

Аллоҳ дар Қуръони карим дар мавриди Ийсор хело зебо баён намуда аст. Шумо аз рӯйи виҷдон ва имонатон ин оятро бо ояти қабл аз ин тиловат кунед ва бо худтон фикр кунед, ки ин хислат дар Раҳмонов оё вуҷуд дорад?

 

 

وَالَّذِينَ تَبَوَّءُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِن قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِّمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰ أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ ۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

 

Тарҷума:

“Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ  (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд! (Сураи Ҳашр,ояти 9)

 

Дар мавриди шаъну нузули ин оят ниёзе намебинам, ки бароятон онро нависам. Чун зоҳиран маълум аст, ки дар чӣ мавриде ин ояти муборака нозил гаштааст. Дар мавриди ҳатто  Ийсори Абуталҳаи Ансорӣ (раз) ва ҳамсараш, ки барои муҳоҷирон хуроки кудакони худро гузошт ва ийсор намуд, метавонед маълумот пайдо карда хонед.

 

Шумо ба ҷойи ин ки Ийсори мардуми ғайюри Афғонистонро ба муҳоҷирони тоҷик баён намоед, ки вақте Раҳмонов онҳоро бо фронти халқӣ таъқиб намуд ва онҳо паноҳанда гаштанд, ними нонашро худаш бо фарзандонаш хурд ва ними дигарро ба муҳоҷирони аз дасти Раҳмонов ва одамкушонаш фирор карда дод, шумо масаларо баракс аз Ийсори Раҳмонов барои ҷавонон мегӯед?

 

Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз ин таҳриф ва маддоҳии шумо нисбати як золими хуношом.

 

Тарозӯи мулло Абдураҳим ҳаққу ботилро чигуна бар мекашад?

Ман агар дар шахсияте чун Раҳмонов чуноне, ки мулло Абдураҳим васф намуд, агар  панҷ дар сад ийсор ва ҷонфидоӣ ва ё хидмат ба ватанро мушоҳида мекардам, ҳатман 95% дигарро ҳамчун гумони нек тағтия ва рӯйпӯш менамудам. Аммо ҳеҷ Ийсоре дар ин марди хашину хоин намебинаму надидаам. Ҳарчӣ дидам зулм, шиканҷа, қатл, зиндон кардани шаҳрвандони бегуноҳ бо туҳматҳои воҳӣ ва сохта, бастани масоҷид, табдил кардани онҳо ба дигар муассисаҳо, бастани мадрасаҳои исломӣ, тарошидани риш, муборизаи беамон бар алайҳи ҳиҷоби занони афифа ва покдомани миллат, бад дидани ислом ва бад дидани уламои дин, таҳқир кардани уламои дин дар малаъи омма. Муборизаи беамон бар алайҳи дини 97% шаҳрвандони кишвар аст. Ҳама Тоҷикистонро барои худ ва оилаи худаш тақдим ва Ийсор намудааст то ӯ бо авлодаш мисли баҳоим бихуранду биошоманд  ва миллати тоҷик дар ба дар, дар мулки ғарибӣ бошад. Куҷо шумо Ийсоре дидед, ки мо онро бо заррабин меҷӯем ва намебинем?

 

Бори дигар ҳамчун як бародари мусалмон бароятон хитоб мекунам. Аз ин роҳе, ки дар охири умрат интихоб намудаӣ баргард ва касе аз шумо мубориза ва даъват карданро талаб накардааст. Танҳо ба ҷони худатон ҷабр накунед, зеро аҷали ҳар яки мо мерасад ва қабл аз он бояд барои қабру охирати худ тӯшаҳое дошта бошем. Марг меояд нобаҳангом ва қабр сандуқи амал аст.

 

Ҷаноби Абдурраҳим Каримов оё фикр кардаӣ? Рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ вақте аз шумо пурсида шавад оё шахсе ӯро Пешво, Заъим-Андод-Арбоб гуфта будӣ, ӯ магар лоиқи он пешвогиро дошт? Оё ин шахс Холиқашро саҷдае карда буду ӯро ҳамчун Холиқ мешинохт? Дар тули ҳукуматронияш ба дини ислом чӣ зарарҳо ва ба мусалмонони мазлум чӣ озору азиятҳоеро раво дошт?

 

Мехоҳед пас аз ин ҳама заҳмату талошҳое дар тӯли умри худ намудед бо чунин шахсе Раҳмонов маҳшур гардед? Ман сад дар сад медонам, ки агар ҷавҳари имонатон монанди дар Пешовар, Пуҳантуни Устод Сайёф пас аз шом то намози хуфтан, дар ҳузури ҳама толибилмон баромад карда будед,  мебуд, ҳаргиз бо ӯ маҳшур шуданро намехостед. Он суханоне, ки бар алайҳи Раҳмонов мегуфтед ҳеҷ кадомаш дар ёдатон ба фикрам боқӣ намондааст. Охирататонро ба ивази зарқу барқи дунё нафурӯшед, нафурӯшед, нафурӯшед!

 

Гуфтаниҳои зиёде дорам аммо ба ҳамин андоза кофӣ аст, умед дорам, мулло Абдураҳим ин сатрҳоро мехонанду каме тааммул менамоянду истихорае ҳам мекунанд.  Зеро ин роҳе, ки ихтиёр намудаанд пурхатар асту пас аз чанде пушаймонӣ дигар суде надорад!

 

Аллоҳ моро дар ин роҳе ихтиёр намудаем собитқадам ва устувор нигоҳамон дорад. Қабл аз инки чунин сарнавишти талхе, ки бар Абдурраҳим Каримов овардаӣ моро имтиҳон накун ва қабл аз ба чунин сарнавишт дучор шуданамон мардона ҳалокамон бигардон. Моро ба андозаи мижа задан ба ҳоли худамон боқӣ нагузор, омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article