(бахши севвум)
Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин навиштаро як видео карда ба мақомдорон расонед, то Эмомал Раҳмонов пешвои оила бохабар шавад, ки дар асл дар кишвар чиҳо мегузарад. Аз мактаб шурӯъ мекунем. Ҷамоати Озодагон, деҳаи Шахмат. Директори мактаби №11Давлатшоҳи Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2.02.1991. Беш аз як сол мешавад, ки ба ин мактаб директор таъин шуд. Баъд аз омадани вай талабаҳо на рӯз доранду на ҳол. Касеро хоҳад пеш мекунад, касеро хоҳад мемонад.
Талабаҳои синфи10 ва11-ро мегӯяд «аз тарафи маориф хизмат равед вагарна аттестати хатми синфи11-ро намедиҳам, куҷое мерен, брен шикоят кунен. Агар хизмат равӣ, мактаб нахон, рав хизмат, биё аттестат медиҳам».
Талабаҳо мегуянд: «хизмат намерам, хонданӣ мерам». Мегӯяд «пул биёр, барои дохил шудан, ман худам туро бурда тести экзамен мегузаронам».
“Боз духтарҳоро таҳдид мекунад, ки «духтарҳо агар хонданӣ нарен, мактаб нахонен». Дар деҳа касе пишаки ӯро пишт гуфта наметавонад. Барои онки боз ҳамкори амният ҳам ҳаст. Ҳама аз вай ибо мекунанд. Тағояш Шарофиддин Асомиддинзода мудири шӯъбаи маорифи ноҳия мебошад.”
Давлатшоҳи Раҷабалӣ як маҷлис доир намуда мактабро хеле таъриф кард, ки барояш ин кардему он кардем. Аммо дар асл тамоми корҳои навсозиву таъмиру тармими мактабро мо худамон-муаллимҳо, талабаҳо ва мардуми деҳа анҷом додаем ва то ҳоло ҳам худамон ин корҳоро карда истодаем. Ҳоҷатхонаи мактабро аз Русия пул мефиристем, то мошин омада тоза кунад.
“Ба худо қасам акаи Муҳаммадиқбол худамон 3 моҳ пеш ҳоҷатхона сохтем. Беш аз 30.000 сомонӣ аз Русия ҷамъ карда роҳӣ карданд.Тахминан таги 40.000 сомонии дигар барои тамоми мактаб ва синфхонаҳо камера харидем ва барои як чанд телевизори дигар пул фиристоданд аз Русия бачаҳои муҳоҷирмон. Ҳамаи ин чизҳоро харида соз кардем.Сипас директори мактаб Шарофиддин Асомиддинзодаро даъват кард, ки бубин, ман хело пешравӣ кардам. Аслан вазифаи директориро ба Давлатшоҳи Раҷабалӣ барои бузӣ карданаш додаанд.Ӯ як одами бесавод аст. Панҷ моҳ дар компютер хонд, аммо то ҳол ақлаш намегирад. Давоми чанд соли кораш фақат хабаркашӣ кард:- ба маориф ва амният. Сипас ин вазифаро соҳиб шуд. «Ма зурм мега, дар ин ноҳия маро касе ягон кор карда наметона».
Вақте чанде аз талабаҳоро пеш карду онҳо хостанд, ки раванду ба мактаби рақами 1 таҳсилро идома диҳанд, аммо дар онҷо онҳоро қабул намекунанд ва мегӯянд, ки директори мактабатон иҷозат намедиҳад, то шуморо қабул кунанд.
Аммо ин Давлатшоҳи Раҷабалӣ танҳо нафаре дар Панҷ нест, ки бузи амниятиҳо шуда бошад.
Боз як бузи дигар ҳам ҳаст. Иззатов Тоҷиддин, бо лақаби Тоҷи сиёҳ. Як тағои ӯ дар шаҳри Кӯлоб прокурор аст. Аз пушти ҳамон ҳамаи милисаҳоро метарсонад. Мошинаш ягон намуд ҳуҷҷат надорад. Вақте мошини ӯро қарор медиҳанд, ин Тоҷи сиёҳ як сигнал дода меравад, намеистад. Феълан дар Қараболои ноҳия дар «Ёрии таъҷилӣ» кор мекунад, то бинад, ки дар хонаҳои мардум чи мегузарад, чунки бузи амниятиҳо аст. Касе як табақ ош карду як нон дод ин буз ба танзим хабар мекашад.
” Бовар кунед, ки директори мактаби рақами 23 бошад як даҳмардаи тайёр аст. Як чизи дигарро бигӯям, ки дар ҳамин моҳи Рамазон ҳам дар баъзе минтақаҳои ноҳия светкуширо сар кардаанд. Ин беимонҳо бояд дар ҳамин моҳи муборак ҳам мардумро ғам диҳанд. Бояд намонанд барои ифторашон аз қувваи барқ истифода бурда бароҳат хурокашонро пазанд. Чанд руз аст ки ҳамин аҳвол аст. Айни ҳол таъмири ҳамаи мактабҳои ноҳия ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби халқ ҷараён дорад. Синфҳои 11ро ҳам маҷбурӣ ба сафи артиш бурда истодаанд.”
Дар мактаби деҳаи «Коммунизм» низ аҳвол ҳамин хел аст. Бачаҳо аз Русия пул фиристоданд, майдончаи варзишӣ рост карданду барои мактаб замини ҷудошударо Сертификат карданд. Барои сертификат 3000 сомонӣ доданд. Ҳоло директори мактаб як бачаи соли таваллудаш 94 ва даҳмарда аст. Ҳамагӣ чил руз курс хондагӣ аст. Духтаре ба номи Оиша як сол хонда омад. Ҳамин директори мактабро 3000сомонӣ дод, баъд ба кор қабул кард. Ҳар касе бихоҳад муаллим ва ё муаллима шавад аз 1500 то 3000 сомонӣ пора медиҳад, сипас ба кор қабул мекунад. Директор мегуяд, ки ин пулро ба маориф медиҳад.
” Шарипов Саъдулло, яке аз кормандони шуъбаи маориф вақтҳои пеш муаллими бонуфузи ноҳия буд. Гоҳо бо ӯ ҳамсуҳбат мешавам, мегуяд, ки ҳамаи коргарони маориф шахсони порахури бесаводанд, фақат корашон аз директорҳои мактаб пора гирифтан аст. Онҳо парво надоранд, ки савод дорӣ ё надорӣ. Гуспанд ё пул гирифта ба кор қабул мекунанд. Ҳамин Шарофиддин Асомиддинзода ва Саймиддин «отделкадр»-и шуъбаи маориф аз қишлоқи Ёзганд мебошанд. Саймидинро Набӣ Искандаров, як мақоми масъули Суди олӣ «кришават» мекунад. Набӣ ҳам аз Ёзганд аст.”
Асомиддинзода Шарофиддин айни ҳол мудири маорифи Панҷ аст. Ӯ яке аз порахуртарин нафарони Панҷ мебошад. Вай аз ҳисоби порахурӣ дар маориф соҳиби чанд хона дар шаҳр, чанд ресторану марказҳои савдо ва мошинҳои қиматбаҳо шуд. Мошинаш “Prado”и сиёҳ, номерҳояш 0008 03 мебошад. Бензини ин мошини серрасход ба навбат аз ҳисоби директорони мактабҳо таъмин карда мешавад.
Вай ҳамаи ободкориҳоеро, ки дар мактабҳо аз тарафи халқ ва пули халқ анҷом дода мешуд, санадҳои қалбакӣ тартиб дода аз буҷаи маориф «списат» карда дар кисааш мезанад. Директорони мактабҳо аз хонандаҳо пул ҷамъ карда ҳар моҳ ба ӯ доля медиҳанд. Ӯ аз ҳар директори мактаб 5 то 10 ҳазор сомонӣ гирифта ба вазифа таъин менамояд. Дар ноҳия 54 мактаб мавҷуд мебошад. Мудири маориф ҳаргоҳе дар хонааш ягон тую маърака барпо кунад, бояд ҳар як директори мактаб аз муаллимҳо1000 то 2000сомонӣ ҷамъ намуда ба ӯ ҳамчун туёна бурда диҳед. Доимо директорон дар мактабҳо бо баҳонаи обуна пул ҷамъ карда ба ӯ бурда медиҳанд. Ӯ ҳар сол то7 ё 8 ҳазор сомонӣ ба ҳар мактаб вобаста ба шумораи хонанда ва муалимонаш пули обуна мефармояд ва ин пул аз ҳисоби муаллимони бечора дар чанд моҳи маошашон ҷамъ ва супорида мешавад.
Даъват ва ҷалби ҷавонҳо ба хидмати сарбозӣ ба вай дахл надорад. Аммо вай ба зиммаи ҳар директор овардани як нафари сарбозро маҷбурӣ вогузор мекунад. Агар аз уҳдааш набароянд онҳоро мутаҳҳам мекунад. Директори мактаб ё 5000 сомонӣ дода гиребони худро халос мекунад ё ки бояд як ҷавонро ба сарбозӣ ҷалб кунад.
Вай хело чоплуси зирак аст. Вақте ки ягон гуфти худашон (калон) ба ноҳия меояд, ӯ дар пешаш чоплусӣ карда худашро ширин мекунад ва ӯро дар ресторанаш зиёфат дода кисаашро пур карда аз худаш розӣ мекунонад,то дар боло дар бори ӯ рекомендатсияи мусбат диҳад. Ӯ соли 2009 ба ин вазифа таъин шуда буд. Дар мудати 5 -6 сол аз ҳисоби порагирӣ хело пулдор шуд.Сипас чанд сол дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор кард. Аммо номзадиаш ба вазифаи раиси ноҳия нагузашт. Баъди муовинии раиси ноҳия ӯро дар ҳукумати вилоят мудири бахши экспорт ва импорт таъин карданд. Дар ноҳияи Панҷ на экспорт аст , на импорт ва ҳамааш дар идораи оилаи пешво қарор дорад ва аз онҷо ягон чи начакид. Аз ин сабаб дар онҷо онқадар порахуриӣ карда натавонист. Дар вилоят «ходаш» надоданд ва дид, ки аз ҳама ҷои фароху даромаддор барои ӯ шӯъбаи маориф аст. Боз пора дода ба вазифай пештарааш -мудири шӯъбаи маориф таъин шуд. Ҳоло бошад боз мисли пештара мисли кана хуни муаллимҳои бечораро хурда истодааст.
Мудири собиқи шуъбаи маориф Матлуба Чутова буд. Вай ҳам умуман савод надошт вале 5000доллар дода вазифаро гирифта буд Бо Маҳмадюнуси бачаи Кабуд Сайфидин, раиси пешини ноҳия алоқаи маҳрамона дошт. Ба ҳамн сабаб буд, ки то замоне Маҳмадюнус раиси ноҳия буд вай ҳам ҳамчун мудири маориф кор мекард. Ин Чутова Матлуба баъди давраи аввали мудири маориф будани Шарифиддин Асомиддинзода ба ҷои вай омад. Вале чуноне гуфтем Шарофиддин боз дуюмбора пора дода вазифаро гирифт. Вақте вай ба ҳайси мудири маорифи ноҳия кор мекард, тамоми квотаҳоро ба пул мефурӯхт. Аз ҷумҳурӣ ва вилоят барои ҳар як ноҳия квота барои донишгоҳҳо ҷудо карда шудааст. Вай, барои мисол квотаи Донишгоҳи миллӣ ва ё тиббиро аз 3 то 5.000 доллар мефурӯхт. Шахсан, як нафарро Шарипов Саъдулло пеши ӯ равон кард, то ки духтарашро квотаи Донишгоҳи тиббӣ бидиҳад. Ӯ рӯирост мегӯяд, ки танҳо ба хотири Шарипов Саъдулло 1500 доллар медиҳӣ, дохилаш мекунам. Аммо вай розӣ намешавад. Он духтар худаш мустақилона ва бо дониши худаш дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар дохил мешавад. Ин Матлуба бо ҳамдастии раиси ноҳия Маҳмадюнуси Сайфиддин дар Мирзоянс чандин заминҳоро гирифта ва хона сохта фурухт. Бачаи Кабуд Сайфиддин ҳам ҷинояткор аст ва ҳам зинокорӣ ва низ мамарозагӣ карда ба одамони пулдор духтарҳоро мефурӯхт. Ё барои онҳое, ки аз Душанбе ва ё вилоят барои тафтиш оянд, духтарҳоро «туғрӣ» мекард. Вай нафақат бо Маҳмадюнуси Сайфиддин, балки бо бисёр нафарон муносибатҳои маҳрамона дошт. Чи хеле гуфтам, ҳангоме аз боло барои тафтиш меомаданд, ӯ ба онҳо баъзе муаллимаҳои сабукпо ва ё духтарҳоро барои … тайёр мекард.
Ин бачаи Кабут Сайфиддин аз ҳар саг як устухон қарздор аст. Юсуф ва Юнус ҳарду бачаҳои Кабуд Сайфиддин инсонҳои касиф ва фосиқе мебошанд. Юсуф бо наркотик ҳам машғул аст. Писари ҳамин Юсуф сардори ОБНОНи вилоят аст. Онҳо бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагон қудоянд. Духтараш келини Зуҳуров аст. Ойҷони директори бозори Панҷ духтархолааш аст.
“Инҳо як гуруҳе ҳастанд духтарҳоро бурда дар ҷойҳои махсус тани бараҳна карда дар пешашон рақс мекунанд. Ин Маҳмадюнуси писари Кабути Сайфиддин ҳангоми раиси ноҳия буданаш дар хоҷагии Мирзоянс дар 25 гектар пахта мекорид. Дар онҷо дар таъминоти об танқисӣ ҳаст. Бовар кунед, Алишери писараш соли дароз мардумро намемонд, ки зироатҳояшонро об диҳанд. Мардумро дашномҳои қабеҳ дода лату куб мекард. Бо ёрдамчиҳояш мардумро метарсонд, ки обро касе нагирад, дар ҳоле, ки онҳо андози обро саривақт медиҳанд. Соли дароз фақат заминҳои худашро об медод ва доимо бо мошинаш дар он маҳала гашта фақат зинокорӣ ва ба баъзе занҳои шавҳардор руирост таклиф мекард.Чандин касҳо аз пушташ ва барои корҳои ҳаромаш шикоят мекарданд, вале ӯро ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонист.”
Дар бораи ҷиноятҳои раиси пешини ноҳия Маҳмадюнус Сайфиддин инро гуфтаниам, ки вай пеш аз Шоҳиён Зарифхуҷа раиси ноҳияи Панҷ буд. Ӯзодаи ҷамоати Кабути Сайфиддини ноҳияи Панҷ аст. Барои раиси ноҳия шуданаш 70ҳазор доллар пора дода буд. Ин маблағро аз ҳар кас қарз гирифта буд. Баъди раис шуданаш аз ҳар сагу пишак қарздор шуда ва барои қарзашро адо кардан заминҳои ноҳияро фурухт. Корҳо анҷомдодаи сокинони ноҳияро аз ҳисоби буҷҷаи ноҳияи “списат” карда мегирифт.
Ҳамаи соҳибкорони ноҳияро доля мебаст. Бо ҳар роҳу восита буҷаи ноҳияро медуздид. Заҳбурҳои ноҳияро намеканд ва аз буҷети ноҳия пулашро бо водхоз списат карда дар кисааш зада халқро маҷбур мекард, ки худашон пул ҷамъ карда экскаватор оварда заҳбурҳоро кананд. Уро ҳеҷ кас гап зада наметавонист, чунки уро Шукурҷон Зуҳуров “кришават” мекард.
“Маҳмадюнуси Сайфиддинро барои онки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент роҷеъ ба сели омада дар ноҳия маълумоти бардурӯғ дод аз кор сабукдушаш карданд ва ба ҷояш Шоҳиён Зарифхуҷаро оварданд.”
Ин нуктаро бояд махсус зикр намоем, ки чарогоҳҳои ноҳияи Панҷро хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов ҳоҷӣ Раҳматулло ва пистаи куҳҳоро бошад ширкати “Фароз”-иШамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов аз мардум шапида гирифтанд. Ҳоло бошад чарогоҳҳои маҳалларо ҳам кашида гирифтанд. Кор ба дараҷае расидааст, ки дар як дашти кушод гову гусфандонамонро аз хона бароварда наметавонем.
Наход инсон то ин дараҷа гурусначашм бошад.
Мардуми маҳаллаи Коммунизми ҷамоати Намуна пул ҷамъ карда дар чарогоҳи деҳаашон барои гову молашон ҳавзи об сохтанд то гову гусфандашон аз онҷо об хуранд, вале 2моҳ мешавад Абдуалими раиси Идораи ҷангал ба порахурони Кумитаи замини ноҳия Маҳмадалӣ ва Сайнуриддин пора дода заминҳои чарогоҳ ва ҳавзи ин маҳалларо ғайриқонунӣ барои рамаи моли ҷиянҳояш забт карда гирифт. Мардуми деҳа бошад ҷамъ шуда рафта эътироз карданд ва уро аз онҷо пеш карданд ва ба прокуратура аризаи шикоятӣ навиштанд. Аммо Абдуалим боз рафта пора дод ва баъди ду руз экскватор оварда гирди чарогоҳро канда маҳкам карда гирифт. Абдуалим аз Данғара буда қудои хусурбачаи президент мебошад. Вай мардумро дашномҳои қабеҳ карда гуфтааст: ”агар то президент ҳам шикоят кунед,ягон кор аз дастатон намеояд”.
“Аламовараш ин аст, ки прокуратура ҷойи онки ҷинояткорро ҷазо дода мушкили мардумро ҳал кунад, ҳамаи нафарони шикояткардагиро аз 5ҳазор то 10ҳазор штраф ва ба онҳо таҳдид кардааст, ки “агар як бори дигар эътироз ва шикоят мекунед, вазъатонр безеб мекунам”. Ҳоло бошад чарогоҳҳои маҳаллаҳои дигарро ҳам гирифтанианд. Ин порахурони кумитаи замини ноҳия аз ҳад гузаронидаанд, бояд нисбати онҳо ҳатман чораҷуӣ карда шавад. Ҳамаи заминҳои обии ноҳияро бо ҳамдастии раиси ноҳия ва дигар мақомот фурӯхта истодаанд.”
Мисол меоварам. Ҳамин Шарипов Сайнуриддин ҳамаи заминҳои Мирзоянси ҷамоати Намунаро бо ҳамроҳии раиси ҷамоати пешини Намуна бо нархи 1800долларӣ фурухтанд ва аз ин пул ҳиссае ба раиси ноҳия ва прокурор дода дигарашро ба кисаи худ заданд.
“Мисоли дигар. Дар деҳаи Сангвори ҷамоати Меҳвар замини як марди камбағали бечораро бо баҳонаи беҳуҷҷат буданаш кормандони кумитаи замин ва раиси ҷамоат Назриев Маҳмадёр бо фармони прокурор кашида гирифтанд ва прокурор бошад он заминро ба ивази 25ҳазор сомонӣ ба ҳоҷӣ Мирзовалӣ фурухт ва гуфт дар он як коргоҳи дузандагӣ месозӣ ва мегуӣ он заминро бепул гирифтааст. Агар пул додам гуфтанатро шунидам маҳкамат мекунам.”
Ҳоҷӣ Мирзовалӣ дид, ки кашмакашаш бисёр фоида надорад ягон иморат насохта аз баҳри пулаш ҳам гузашт. Ин масъулини ноҳия корашон фақат ғорат кардани халқ аст. Деҳаҳои Мирзоянс ва Комунизми ҷамоати Намуна азбаски дар тепаҳо ҷойгир ҳастанд ҳатто оби нушиданӣ надоранд, мардуми бечора обро бо мошину бо хар мекашанд.
Имсол боронгарӣ кам шуд. Ҳама зироатҳо аз беобӣ сухтанд. Дар ҳоле, ки насосҳо аз давраи шуравӣ боқӣ мондаанду вайрону валангоранд касе аз масъулини ноҳия дар фикри таъмини оби он маҳалҳо нест. Баръакс раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа шарм накарда дар маҷлисҳояш раисони маҳалаҳои ин ҷамоатро хезонда сиёсат мекардааст, ки шумо аҷаб мардуми беномус будаед. Қариб 700 хоҷагӣ ҳастед аз уҳда намебароед, ки насоси маҳалатонро таъмир карда обатонро таъмин кунед.
“Ҳозир дар мактаби деҳаи «Коммунизм» ҳисоб кардаанд, ки бояд аз ҳар як хонанда150 сомонӣ ҷамъ кунанд, то ин ки 6 ё 7 синфхонасозанд. Ин хам дуруст аст ки барои муаллимӣ пора дода кор мекунӣ. Бар иловаи ин ҳама директор ҳармоҳа аз 50 то 200 сомонӣ аз маоошашон мегирад ва мегӯяд, ки барои маориф. Бовар кунед, муаллимаҳое кор мекунанд, ки забони давлатиро 20% ҳам намедонанд. Аксари узбекзабонони ноҳияи Панҷ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф кор мекунанд. Ин узбекон бо маоши паст кор мекунанд, боз пора медиҳанд. Аммо ҳеҷ гоҳ иқрор намешаванд, ки пора додем. Бисёр вақт шахсан бо кормандони ГАИ баҳс мекунам. Онҳо мегуянд шумо тоҷикон фақат баҳс мекунед. Узбек дар ҳол пора дода рафтан мегирад.”
Ҳоло мардум ин маҳал аз ҳама оилаҳо 600сомонӣ ҷамъ карда истодаанд то насосҳоро таъмир карда ба маҳалҳояшон об кашанд. Мо бошем сокинони дигар маҳалаҳой ҷамоати Намуна авҳоли мардуми маҳалаи Коммунизмро дида ба хулосае омадем, ки шикояти мо ҳам ба мақомот фоида надорад, баракс штраф карда мешавем ва барои ҳамин ба шумо навиштем, ки ба тамоми ҳалқи Тоҷикистон расонед, ки косаи сабрамон лабрез шудааст.
Дар ноҳияи Панҷ китобхонае вуҷуд дорад, аммо бе китоб. Ҳайратовар ин аст ки коргаронашон дар хона шишта ҳар моҳ маошашонро мегиранд. Заминҳои гирду пеши бино кайхо бо қарори раиси нохия фурӯхта шудаанд ва одамон дар инҷо хона сохтаанд. Ҳолати биноро бинед гуё, ки бино баъди ҷанг дуюми ҷаҳон боқӣ монда бошад. Оё инро раиси ноҳия Шоҳиён намедида башад? Чаро Шоҳиён барои худ дар шаш моҳи корӣ хонаи боҳашамат сохта метавонаду барои таъмири чунин бино коре намекунад. Инҷо боз як қитъаи замини барои сохтумони мактаби замонавӣ аст ки 4- сол мешавад Президентро фиреб дода лентаашро бурида буданд. Ҳоло бошад ин замин ба чарогоҳи гову моли мардум табдил шудааст. Як бинои боғчаи бачагонаро талаву тороҷ намуда заминашро бо қарори раиси ноҳия ба хешу табори худ фурухтаанд.
Инро ҳам бояд бигӯям, ки махсуми Ҳабибулло бачаи махсуми Ҳандуло мебошад. Вай дар масҷиди ҷамоати Намуна хатиб аст. Аввал эшони Хуршед хатиб буд. Ӯро аз кор гирифтанд. Сабаби гирифтанаш ин буд, ки дар вилоят маҷлиси калон мешавад. Ин эшонҳо ҳам дар онҷо ҳузур доранд. Дар маҷлис ба онҳо мегӯянд, ки шумо имомхатибҳо мардумро насиҳат намекунед. Бачаҳо Сурия рафтанд ва дар Гуруҳи 24 ва Паймони миллӣ шомил шуданд. Эшони Хуршед аз ҷо мехезад ва иҷозаи сухан мегирад ва мегӯяд, ки барои он ба Сурия ва ҳар ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданд, шумо масҷидҳоро бастед, намози то 18солаҳоро манъ намудед ва муллоҳоро нагузоштед, ки сабақ диҳанд. Барои ҳамин ин ҳама айби худи ҳукумат аст, мегуяд эшон. Барои ин суханаш сардори амнияти вилоят фармон медиҳад, ки маҳкамаш кунед. Вале як эшони куҳнасол аз тарафи Куйбеш ё Қизилқалъа мегуяд, ки “истед, ҳамин одам рост мегуяд”. Баъдан эшонро аз кор то хона наомада аз имомхатибӣ ҷавобаш медиҳанд.
Ҳукумати ноҳияи Панҷ корпуси насосро овард.Қисмҳои эҳтиётии он 60 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст. Аз ҳар хоҷагии маҳалла аз 400 то 500 сомонӣ маҷбурӣ пул ҷамъ мекунанд. Мегуянд, ки агар хоҳед заминҳоятонро об диҳед бояд ин миқдор пулро супоред. Соли 2019 ин насосҳоро иваз карда буданд. Аз Хитой оварда буданд ва гузориш дода буданд, ки мо ҳамаашро нав кардем. Аммо як сол нагузашта ҳамааш сухту корношоям шуд. 1миллион доллар ҷудо карда аз ҳисоби буҷҷа пулро гирифтанд. Аммо мардум порсол обро хариданд. Аммо зироатҳо аз камобӣ сухт. Вале маҷбур карданд, ки андози обро медиҳед, чунки заминҳои шумо обӣ ҳастанд. Имсол ҳам дар ҳамин моҳ ҳар як хоҷагии маҳалларо маҷбур карданд, ки 500сомонӣ медиҳед, кадоме надиҳад ба участковий медихемаш то штрафаш кунад. Сайалӣ Маликов, раиси маҳалла мардумро фақат аз нозири минтақа метарсонад. Дар инҷо чанд нассоси калон барои мардум хизмат мекард. Ин насосҳо аз давраи шӯравӣ мондагӣ буданд. Аммо ҳоҷӣ Раҳматулло онҳоро фақат барои заминҳои худаш истифода мекунад. Ҳатто яктои дигараш, ки то порсол барои мардум кор мекард, онро ҳам ин беимон бурд. Гуфтааст, ки ноҳияи Панҷ дар ихтиёри ман аст “форам любои чизашро мебарам ягон кас ҳақ надорад манро гап занад”.
Бачаҳои насосчӣ гуфтанаш, ки насосро мебарӣ мардуми маҳалла беоб мемонанд, ин беимон ҳамин ҷавобро дода боз таҳдид кардааст, ки “ба ман “по..уй”, ки мардум об мегирад ё не?”.
Дар ноҳияи Панҷ чор то буз ҳаст, ки номи яктоашро медонам. Худаш дар пеши ман ва ду се нафари дигар иқрор кард,ки “ҳар моҳ маро даъват мекунанд ба дастгоҳ ва моро мегуянд, ки мардумро фаҳмонед бо мухолифин ҳамроҳ нашаванд, вайҳо хоинанд,мардумро роҳнамоии хуб кунед”. Номи ин шахс пеши Ислоҳ маҳфӯз аст дар ҳолати идома пайдо кардан онро расонаӣ хоҳем кард. Ин Бузи амният ҳар моҳ барои бузиаш 2500сомонӣ мегирад. Аз ҷамоати Намуна аст. Дигарҳояшро дақиқ намедонем ,вале ин бузи ҳамсоя чунин гуфт,ки яктои дигараш аз ҷамоати Озодагон ва сеюмаш аз ҷамоати Нури ваҳдат мебошад,ки мебинамашон дар идора.
Шахсе бо амният ҳамкории зич дорад пеш раиси мелкомбинати Қурғонтеппа буд. Солҳои 2002-2003 дар вазифаи раиси ҷамоати Намуна ҳам кор кардааст. Нафари дигар бо номи А аз деҳаи Сангвор, ҷиянаш вазири ….. аст. Вай бачаҳояшро мегуфтааст, ки ба мардум бифаҳмонанд, ки бо мухолифини ҳамроҳ нашаванд, барномаҳои онҳоро тамошо накунанд, онҳо хоинанд.
Аммо бародар Муҳаммадиқбол мо ба шумо ва мухолифин бовар дорем. Мо,кайҳо фаҳмидаем, ки хоин ҳаминҳо, ҳамин ғоратгароне Эмомалӣ Раҳмонов онҳоро бар сари мо гузоштааст, то моро зулм кунанд.
Умеди онро дорем аз вазири навтаини Маориф ва илми ҷумҳурӣ, то вазири дохилӣ ва прокуратура ва дигар ниҳодҳое шикоятҳои мо ба онҳо марбут аст мехонанду ба додамон мерасанд. Боварамон кунед вазъамон аз бад бадтар аст, бидуни огоҳи намояндаҳоятонро фиристеду санҷед худатон. Агар боз намояндагоне бошанд, ки порагирӣ оянд лутфан нафиристед,ки ин ғоратгарони мо пул медиҳанду баъд аз мо он пули додаашонро ҷамъкарда мегиранд.
Поёни бахши севвум, идома дорад