Шикояти Қубодиёниҳо аз андози боло,хусурбачаи «Пешво» ва судияи таҷовузгарашон

Ислоҳ нет

(бахши чорум)

«Ислоҳ” то имрӯз чанд матлаб дар мавриди Қубодиён тақдим намуда аст. Имрӯз бахши чоруми “Қубодиён” ро тақдими шумо менамоем. Ин манотиқи ҷанубӣ ва ҳаммарз бо Афғонистон пур аз мушкилот ва дар асорати оилаи Раҳмонов дурустараш дар панҷаи махуфи хусурбачаҳо ва чоплусакону тардоманакҳои онҳо қарор дорад. То он рӯзе ин таҷовузкорон дар ин ноҳияҳо туғён мекунанд ва мардум бо ду дасти адаб ба инҳо хушомад мегӯянд вазъият тағйир нахоҳад кард. Фарзандони шумо дар Русия кор мекунанд ба шумо пул мефиристанд ва шумо он пулҳоро ба ин хусурбачаҳои Раҳмонов медиҳед ва боз ғуломвор дар Қубодиён, Шаҳритуз,  Носири Хусрав (Бишкент), Дусти собиқ ( Ҷиликул) зиндагонӣ мекунед. Ҳатто индетсҳои амрико дар оғози асри гузашта ҳолашон аз ҳоли бошандагони ин ноҳияҳо беҳтар буд. Чаро зеро онҳо мисли шумо кор мекарданд ғуломвор вале ҳаддиақал аз онҳо пул намегирифтанду таҷовузашон намекарданд. Аз ин бештар наметавонем дигар вазъи вахими ин ноҳияҳоро шарҳу тафсир кунем.

Эмомалӣ  Раҳмонови  тарсончак аз сари тарс  аксарияти вазифаҳои калидии ҳукумат, махсусан ниҳодҳои қудратиро ба зодагони Данғара  вогузоштааст, ки  хуранду  чаранду  паранд ва дар бадали он аз ӯ  ва аъзои  бешумору номаҳудиди оилаи вай дифоъ кунанд. Махсусан дар ноҳияҳои  тобеи Қурғонтеппаи  собиқ феълан Бохтар. Вай  аз мардуми  навоҳии  марбут ба Қурғонтеппазамин хеле сахт метарсад. Аксарияти мухолифин ва  ҷавонмардони фидоӣ ва инқилобӣ аз ҳамин сарзамин ҳастанд. Ин Раҳмонов аст, ки вируси бади маҳалгароиро дар кишвар паҳну парешон мекунад. Агар шумо як бор ба масъулини вазорати дохила, амният, дифоъ,  ҳатто ҳолатҳои фавқуллода, додситонӣ ва бахшҳои он дар вилоят ва навоҳии кишвар , ҳамчунин Агентии коррупсия, маводи нашъаовар, андоз бингаред, возеҳу равшан мебинед, ки беш аз 90% зодагони як -ду ноҳияанд, вале аксарияти онҳоро аз Данғара ва Фархор ташкил медиҳанд.

   “Ҳодисаи куштори  Аловиддин Давлатов, машҳур ба  Алӣ Бедакиро дар  чанд сол пеш дар ноҳияи Рашт дар ёд доред? Раҳмонов  он замон низ бо як спектаклбозӣ ин кори сохтаро -як Камаз аскарҳои ҷавонро бурда худаш кушту ба гардани Алӣ Бедакӣ зада буд.”

Ва Алӣ Бедакиро зинда дастгир карданд. Дар дохили мошин тани  бараҳна бо ӯ чи хел рафтор карданд? Ҳол он ки  дар ягон қонуни на динӣ ва на дунявӣ нагуфтааст, ки  бо асир чунин рафтор кунанд. Онҳо бо ин рафторашон  худашонро дар назди  ҷаҳониён шарманда карданд. Боз шарм накарда  навор карда мегӯянд: « мо бачаҳои Балҷувон тра кулук карда фалон мекунем».  Дар  ҳоле, ки  он корро Алӣ  Бедакӣ накарда буд. Хурду калон медонист, ки ин кори худи Раҳмонов  ва мақомоти қудратӣ ва вазири дохилаи он замон Абдураҳим Қаҳҳоров,ки проектҳои шуми зиёдеро дар маҳви ҷавонони огоҳи ин миллат ва озодандешон кашида буд. Абдураҳим Қаҳҳоров дар рӯнависи протоколи 32\20 ,ки асоси репрессияи тозаро ба дунбол дошт мебошад. Ин махуф 4 уми январи соли 2012 сабукдуш шу два мақоми ӯро Рамазон Раҳимзода ишғол намуд.

 Судияи Қубодиён як марди таҷовузгар асту онро пинҳон ҳам намекунад

Ва,ҳоло  як хабари изтирорӣ  роҷеъ ба раиси суди ноҳияи Қубодиён Мамарасулзода  Саидҷаъфар Мамарасул. Ин нафар миллаташ Араб  зодай Ҷамоати деҳоти Сайёд ва  ё Айваҷи ноҳияи Шаҳритус аст. Дар кадом шабнишинӣ таърифу тавсиф кардааст, ки бо як духтари ҷавони ғармӣ, ки ҳамаги ду ҳафта пештар бо шавҳар зиндагони кардааст аз қайди никоҳи давлати ҷудош кардаму  бо ӯ ҳамхобагӣ кардам Вай боз гуфтааст,ки «агар майишт  ва отдих карданӣ бошӣ  бо духтарони ғармӣ кун, чунки хело духтарони зебову тозаву олуфта  ва хубсурат ҳастанд ва дар  ҳамбхобагӣ  ( постел) ҳам ҳамто надоранд». Дар он шабнишинӣ  як ҳамкори он раиси суд бо номи Назариён Абдураҳим Назар (судя) бо раиси суд  Мамарасулзода Саидҷаъфар ҷарру баҳс кардаст, ки  «ба хотири  чи нисбати духтарҳои ғармӣ ин гапҳоро мезанӣ?”  Чун модари ман ҳам зодаи Ғарм аст ва то ба ҳол байни ин ду  корманди суд:- раиси суд ва судя байнашон муноқиша  ҷорӣ аст. Кори Мамарасулзода Саидҷаъфар- раиси суди Қубодиён  доимо шаробнушӣ, ҳаром хурӣ, таҷовузи духтарони ноҳия  алалхусус духтарони ғармӣ  ҳаст.Мамарасул Саидҷаъфар  мудом аз соҳибкорон пора (доля) мегирад.

Судияҳои фосиқу таҷовузгари Қубодиёнро шиносед:  

Дар суди ноҳияи Қубодиён раиси Суд  Мамарасулзода Саидҷаъфар Мамарасул таҷовузгар ва коррупсиянер ,судяҳой  1.)  Иброҳимзода Исроил Исроил, 2.)  Назариён Абдураҳим Назар, 3.)  Эраҷ Ҷиёнов ва котибҳои суд  1.)  Обидов Абдураҳмон Авродович  2.)  Хаспалаев Ҳоким Хуҷамуродович ба занону модарон ва хоҳарони корафтодагон бо чашми бад менигаранд,таклифи ҳамхобагӣ мекунанд.

“Аз  мардуми  шарифи  Қубодиёни  ва тамоми мардуми Ҷумҳуриамон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки   занҳо, духтарон ва хоҳаронатон,  келинҳоятонро  танҳо ва бидуни мард ба суд равон накунед. Ва барои гирифтани шаҳрванди   Русия  аз ҳамсарҳоятон  ҷудо  шудани бошед ин корро бе ҳузури маҳрами шаръӣ ҳамсаронатонро танҳо нафиристед. Зеро барои ҷудо кардани  никоҳи қайди давлатиатон  ҳамсарҳоятонро ин судияҳо  таклиф ба  ҳам хобагӣ мекунанд,  баъзе занҳо, шавҳрам шаҳрванди Русия гирад  гуфта вазъи зиндагиамон хуб шавад , ба пешниҳоди  он суду судяҳой касиф ба ин амали шанеъ рози мешаванд. Аммо мардони дар Русия буда аз ин амалашон огоҳ намегардед. Ин тазаккур буд барои ҳама сокинони ноҳия ва ҳама навоҳии дигари кишвар,ки дақиқан чунин равиш вуҷуд дорад.”

Ин ҳолатро ошкоро дар чандин барномаҳои «Минбари муҳоҷир» худи занҳо гуфтаанд. ( Дар «Ислоҳ» чунин шикоятҳо ҳам аз занон ва ҳам аз мардон хело зиёданд. Бархе занҳо аз мо мепурсанд,ки як моҳ рафтам ба суд корам буд нашу два ночор чунин коре бо судия анҷом додам,то кори шавҳарам дуруст шавад,акнун ҳоли ман ва никоҳи ман чӣ мешавад?)

Толиб  Амониён адвокати номдори суди нохия Кубодиён буда як чоплус ва  лагандбардори раиси суди нохия  Мамарасулзода Саидҷаъфар мебошад. Толиб посредник ё миёнарав барои пораву доляро ба раиси суд расонидан нақши асосиро мебозад. Инчунин бо пули калон парвандхоро халу фасл мекунад,  хуллас як нафари калиди суди нохияи Кубодиён дар фасодкори ва пора хури ва пора диҳи ба калонхо ва тачовузгар бо духтарону  занхои  корафтода мебошад.

Судия масҷидро  ба кудакистон табдил дод

Ин раиси худобехабари суди ноҳия масҷиди  Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин деҳай Авестой собиқ Ҷарқурғон ро ки як масҷиди замонавӣ ва бо кандакории классикӣ сохта шуда буд, онро гирифта ба боғчаи бачагонаи шахсӣ табдил кард.

“Худо аз ин гуноҳу аз ин ҷинояташ набигзарад. Бадтар аз ин дар ҷой меҳроби масҷид  як ташноб (туалет) ва ҳаммом сохтааст. Дар дохили саҳни масҷид зиёда аз 50 дарахти арчаи сарсабз чандин сола буд, ки  ҳамаашро решакан карда бурд.”

Вақте агар як шаҳрванди оддӣ як дарахти беҳосил ё шохи дарахти хушкро бурад аз тарафи кормандони муҳити зисти ноҳия-экология  омада  оидӣ шаҳрванди одди ҷаримаи калон мекунанд, аммо чаро алайҳи  ин раиси суд  Мамарасулзода Саидҷаъфар Мамарасул барои кандани 50 адад дарахти арчаи сабзи чандин сола  ягон чора дида нашуд  аз тарафи шуъбай муҳити зисти экологи ноҳия чунки ин ҷиноятро раиси суди ноҳия Мамарасулзода Саидҷаъфар Мамарасул карда буд. Он масҷид бо пули соҳибкорони муваффақи  маҳалай Санги  сохта шуда буд ва аз тамошои  он дар ҳайрат мемондед. Мисли он  масҷид дар тамоми ноҳия дигар масҷиди зебову замонавӣ набуд ва нест.  Ин масҷидро  дар солҳой  даврай шурави СССР аз тарафи  ҳукумати комунисти ба мағозай хуроквори ва лавозимоти авалияи мардум табдил дода буданд солҳой  1989 то 1990 баъди  суқути шурави  боз ба масҷид табдилаш доданд.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ин масҷидро  як командири хунхори Фронти Халқӣ бо номи Яраши Қурбон ки зодай ҳамин деҳа буд аз мардуми Туркмен табор буд гирифта ба мағозай «спиртной»  ва пивобар сохт. Мардум аз ҳиҷрати  Ҷумҳури Исломи Афғонистон баргаштанд  ва масҷидро аз дасти ин командири хунхор  пас гирифтанд ва боз ба масҷид табдилаш доданду дар он намоз хонданд. Боз дар солҳой 2017 то 2019 ҳам ба клапи варзиши  зебои андом табдилаш доданд. Мардуми маҳаллӣ шоҳиданд,ки онҳое дар ин клапи варзишӣ тамрин мекарданд дар асони машқо зарарҳои ҷисмонӣ диданд.Инчунин чанд нафар ҳангоми хориҷ шудан зери чархи мошинҳо қарор гирифта буданд. Хуб муҳим,ки масҷид хонаи Аллоҳ аст ва набояд интиҳоки ҳурмат кард. ИншаАллоҳ  аз дасти  ин раиси суди худобехабар ҳам ба масҷид табдилхоҳад шуд.Ин Мамарасулзода Саидҷаъфар  ҳамшаҳрӣ  ва хешу табору ҳамсангарони Ҳуҷамурод Хаспалаев ва  Бахтиёр -командир  ва Шоҳзамон -командир ҳастанд. Инҳо  мардуми куҳистони  Ғарм, Вахё,  Ҳойит ва Тоҷикободро чашми дидан надоранд.Ҳой  мардуми   шарифи Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин деҳай Авесто собиқ Ҷарқурғон  ки  ба масҷидеки дар маҳалай Санги кар  раиси суди ноҳия Мамарасулзода Саидҷаъфар  боғчай  кудакона (садик) кардааст  фарзандону наберагонатон ро набаред шомил накунед,  чунки онҷо хонай Аллоҳ аст ва беҳурматии ин хона мусибатҳоеро бар фарзандони шумо сарозер мекунад. Ин шо Аллоҳ ба зудтарин фурсат боз ба масҷид табдил хоҳад ёфт, пас аз суқути  ҳукумати худкомай Оилави Раҳмонов.

То ба ҳол,  агар илоҷ ёбанд аз тифли гаҳвораамон то кампирони 70- соламонро таҷовуз мекунанд. Ягон муболиғае надорам ва инро ҳама мардуми куҳистони сокинони ин ноҳия хуб медонанд.

 Вазъи андоз ва андозситонӣ дар ноҳияи Қубодиён:

Дар ноҳияи Қубодиён кормандони андоз мардумонро чи хоҷагии деҳқонӣ доранд ва чи  соҳибкоранд, сахт зери зулм қарор дода истодаанд. Аз онҳо беандоза андоз меситонанд. Бо ҳар роҳ, масалан дорои хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ҳастӣ, бояд ду намуди андоз супорӣ: андози  ягона, яъне (андози замин) ва андози иҷтимоъӣ (пенсиони фонд) .

“Аммо кормандони андоз омада бар сарат чанд намуд андози дигарро бор мекунанд: ба мисли андози 13% ва 25%.Гӯё ту  дар  заминҳоят нафарони коргари кироя дорӣ. Ва ин коргарони кироя хешу табору фарзандони туянд, ки дар вақти кор, масалан ҳосилҷҷамъоварӣ ба ту ёрдам мекунанд. Гап дар он ки вақте ту хоҷагии деҳқонӣ сабти ном карда будӣ, ин кудаконат хурдсол буданд. Ҳоло онҳо аз 18-сола болоянд ва барои онки ба ту ёрдам медиҳанд, аз тарафи онҳо ҳамчун коргари кирояи хоҷагии деҳқоният бояд андоз бисупорад.”

Кормандони андоз шунаванд ё  бубинанд, ки ту аз аъзои номнависшудагии хоҷагиат берун ҳастанд, масалан  хешу табор ё фарзандҳоятро ба ҷамъоварии ҳосил ҷалб намудаӣ, тамом дар бало задӣ, бояд андози 13% ё 25 %-ро супорӣ! Охир вақте ҳосил, ки расид   барои кишти дуввум ва севвум тибқи гуфтаи  “Наҷотдиҳандаи Сайёра”  бояд зудтар онро ҷамъ оварӣ куни! Ҳатто мардумро гуфт рӯза нагиреду ҳосилро ҷамъоварӣ кунед,зардолу намеистад,ки кай рамазон тамом мешавад. Аммо мақомоти андоз мардумро бо чунин зулм аз онҳо пул меситонанд. Ин кормандони андоз ҷони мардумро ба лаб овардаанд. Аз ҳамон кӯмаке, ки як ё ду рӯз хешу табор ё фарзандҳоят медиҳанд, талаби андоз мекунанд. Ё меоянду мегӯянд, ки ту трактор истифода кардӣ, бояд андози техникаро ҳам (падаход налог) супорӣ, дар ҳоле, ки ин трактори шахсии ту асту ту барои он трактор тамоми асноду ҳуҷҷатҳои расмиро дорӣ, аз ҷумла алоҳида андоз супоридаӣ.

   Ҳилаи дигари кормандони андоз: «андози содакардашуда» .

Андози содакардашуда- гуё маҳсулоти  хоматро- пахтаатро коркард кардаӣ, бурда дар завод чигиташро  ҷудо  ва пахтай тозай валакнаашро ҷудо ва  кунҷораашро ҷудо коркард карда  фурухтаӣ. Барои ҳамин  ба сари ту намуди андози сода карда шуда мебанданд. Пахтаро завод коркард кардааст на деҳқон. Аммо заводи пахта, ки кайҳост аз наздикони оилаи Раҳмонов шудааст, андозашро ба сари деҳқон мезананд. Мо маҳсулотамонро аз дасти ҷабру зулму ситами Холи Раҳматуллои ҷияни Азизмоҳи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов  ҳатто хом фурӯхта наметавонем,  куҷо расад ба коркард кардани он. Акун хуб диққат диҳед,ки ҳама хезишҳои мардуми дар минтақаҳои Мовароуннаҳри собиқ ҳамин андози болои Амрӣ буд,ки Восеъҳоро ба майдон кашид. Чар обо ин ҳама андозҳои Хусурбачараҳмоновӣ ягон садое боло намешавад? Ҳама ду даст пеши бар ҳарчи гӯянду талаб кунанд мардум онҳоро месупоранд? Агар камтар фикр кунед бояд фаҳмида бошед,ки мардмро шикастаанд ва зулму ситам дар болотарин шаклаш дар ҳама манотиқи кишвар туғён дорад.

Кормандони Идораи андоз зери кондитсионери зима лето ва дар утоқҳои роҳат нишаста ҳар чихеле бихоҳанд, андоз мебанданд, қарзидорат мекунанд. Аммо, аз чӣ бошад,ки кормандони андозро зуд-зуд иваз мекунанд. Бидуни як нафар, онҳам бошад Маллаев Шукур. Аммо ҳар касе, аз раиси андоз то корманди қаториаш, ки нав шуд, як қонуни нав мебарораду мегуяд , ту аз соли 2015 ё 2016 қарздор ҳастӣ.

   “Бародари муовини аввали раиси ноҳия  Алӣ Тоҷиев Фахриддин Тоҷиев ҳисобчии  Идораи андоз мебошад. Ҳаст нафароне, ки ҳисобот месупоранд ва  онҳо ҳар 6 моҳ пас ҳисибот супорӣ меоянд. Танҳо барои қабули ҳамин санад (актсверка) Фахриддин Тоҷиев аз ҳар ҳисоботсупоранда  аз 20 то 50 сомонӣ ба ҷайби худ пора  мегирад :аз хоҷаги деҳқонидор, ва аз соҳибкор аз соҳибимағоза, ошхона ва ғайра”

Малаев Шукур дар шуъбай  РМА ё ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда) кор мекунад. ИНН бепул- ройгон аст. Аммо ӯ аз 20сомонӣ то 50с мегирад. Ҳамчунин аз иқтибос  барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон , ки чанд  сомонӣ боҷи давлати дорад, чанд баробар дигар  зиёдати  мегирад.  Барой ҷеби худаш

Малаев Шукур кадом тағаи вазнин дорад, ки тақрибан 15 сол зиёд шуд дар ин вазифаи равғанӣ кор мекунад. Кораш фақат пул чиндан аз мардуми оддӣ ва дар як рӯз чанд қуттӣ сигор кашидан аст.

“Хуни мардуми Қубодиён ро дам кашидааст. Аз дасти фишори кормандони андоз дар тамоми ноҳия теъдоди мағазоҳои фурӯши маводи  аввалия  мардум бениҳоят кам шудааст. Мағозаҳои боз мондааш ба мисли капачаи саг шудаанд, чунки  андозро  зиёд ҳисоб мекунанд. Масоҳати мағозаҳоро бо гипсокартон, тахта ё  хишт хурд карданд. Дар даруни онҳо ҷои гаштан намеёбед. Ба капачаи саг табдил доданд.”

Ҳоло боз як кори дигар карда истодаанд. Кормандони андози ноҳия, кураторони ҳар минтақа якҷо бо кормандони ҷамоатҳо ва шаҳракҳо омада  мардумро «ту аз соли 2015 қарз дорӣ гуфта  тарс дода истодаанд.» Мардумро фиреб карда бордоранд ва пули зиёдеро ба мардум ҳамчун қарзи андоз бор карда ними он пулро квитансия медиҳанд, ними дигарашро ба ҷайбашон мезананд. Як нафар аз корманди андоз гуфт,ки  амр аз боло ҳаст ҳамаи ин ҳиллаву фиребҳои андозситонӣ кори раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода мебошад. Мо ба раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло  Давлатзода гуфтанием, ки  фарзандатро барои  каме нотоб шуданаш ба хориҷа набару роҳи ин дуздонатро бигир,  бо миллат  ва бо халқ бозӣ накунед, қиёми мардумӣ хоҳанд кард. Аз хашму ғазаби ин мардуми ба ҷонрасида тарсед!

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта аз ҳукумати ноҳия омада маҷбур месозандат, ки  ё пахтаатро ба заводҳои наздикони  оилаи Раҳмонов бо нархи ночиз  мефурӯшӣ, он ҳам насия оли баъд пулаш ё ки пека мехарӣ. ПЕКА : як санадеро мегӯянд,ки гӯё ин деҳқон ё хоҷагидор ин миқдор пахтаро ба фурӯш бароварда аст. Аммо пули он маҳсулотатро 50 дар 50 аст мумкин аст гиред ,мумкин аст нагиред. Дар ҳар як тонна пахта мувофиқи плани бастаашон аз 200сомонӣ то 250 ПЕКА мехарӣ,  то онҳо дар вилоят ҳисобот диҳанд, ки ҳамин қадар пахта ҷамъоварӣ кардаем. Аммо  замистон вақтеки он ПЕКАро пешниҳоди  шӯъбаи андоз мекунӣ, мегӯянд ПЕКАи ту қалбакӣ (фалшивий) ҳаст,  ту пахтаатро дар хонаат манъ кардӣ. Идораи сухтор хомушкунӣ ро равон мекунанд омада боз ҷаримаат мекунад. Ана баъд аз он шикояти туро ҳеҷ мақомоте намепазиранд ,пас аз ин ту қарздор мешави. Баъд аз он хонаатро, ҳама ончи дори мефурӯшӣ ва тавонисти оилаатро мегири ва ба Русия фирор мекуни. Агар натавонисти оилаатро бо худат бубари. Онҳоро дар хонаи иҷора мемони ва худат фирор мекуни. Агар аз бонк қарздор боши боз туро аз Русия истирдод карда оварда зиндонат мекунанд. Пас аз он фарзандонат бесаробон ва ҳамсару духтаронат боз ҳам дар ихтиёри оилаи «Пешво» ё дурустараш Муҳиббу писари Ҳоҷӣ Раҳматулло Хол ва наздикони ӯ ҳамчун мол ва канизак мешаванд. Касе метавонад инкор кунад ин воқеъияти ҳоли мардуми Шаҳритус,Қубодиён, Носири Хусрав, Дӯстӣ.

Бояд ту мувофиқи плани бастагӣ дар ҳар як тонна пахта аз 350с то 400сомонӣ андоз супорӣ, агар  насупорӣ  ба прокуратура ва милиса месупорем гуфта  таҳдидат  мекунанд мардумро  ба ҷонашон задаанд, ҳайрон мешави  бо инҳо чи намуд кору фаъолият кунӣ намедони . Дод аз ҷабру зулму ситами ҳукумати оилави  ва хусурбачаю наздикони ӯ.

Муҳиби Хусурбача ва ҷиноятҳои ӯ

Муҳибулло Саъдуллоев Асадуллоевич, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов Шарипович ба раисони ноҳия ва кумитаи  андози 3 ноҳия: -Шаҳритус, Қубодиён  ва Носири Хусрав собиқ Бешкент ахтор дода аст

«чихеле мекнен намекнен,хуни мардумро дам мекашен,  чанд бор андоз мегирен, ба корхонаву иншоотҳои  ман наздик нашавен ва аз ма андоз ҳам  напурсен, чунки мо аз оилаи Ҷаноби Олӣ ҳастем, барои мо қонун вуҷуд надорад «не прикосновений» ҳастем».

Вақте ки Муҳиб  ба утоқи кории раису масули ноҳия медаромадаст дар пои раисҳо ларза меафтодаст. Ин масулону раисон метарсанд,ки Муҳиб боз ягон иншооти давлатиро, ҳамту ройгон бепул гирифтани аст.  Ё ягон имзоро  мехоҳад бигирад. Охир ин вазифаро  ман 200$ ҳазор долллар харидам ку, ҳам ба язнааш ва раиси кадрҳои ӯ пул додаам ва ҳам боз ин хусурбачааш коркунимон намемонад,ки пули додаамонро ақалан гирем.

 “Муҳиб дар Шаҳритус зиёда аз 100 духтари ҷавони бокираро  таҷовуз кардааст. Ончунон дар ин ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён туғён дорад,ки Гитлер ҷиноятҳои ӯро содир накарда буд. Ончи мегӯем бе муҳобот ва туҳмат аст.”

Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин,  деҳай Фароғат собиқ (Курорт) Муҳиб дар назди чашми  як корманди ТАС  ки ҳамсарашро дар пеши чашмонаш таҷовуз кардааст. Номи он мардеки ҳамсараш таҷовуз шуда  Аҳмад аст.

Поёни бахши чоруми Қубодиён, идома дорад…

Аҳсан ба мардуми шарифу ғаюри Қубодиён, ки аз вазъияти вахими худ  ба «Ислоҳ» навиштаанд. Мо мунтазири номаҳои шумо мардуми ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Дустӣ

Share This Article