Стратеги собиқ: Мо нифоқ накардем, Эрон сармоя нагузошт

Ислоҳ нет

 

Имрӯз қабл аз гусели бо дабдабаи стратегҳои яку  дуи кишвар, Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти хабарие бо иштироки ВАО баргузор намуд.  Албатта дар ин нишаст баробари “Стратегҳоии як ва ду”-и феълӣ ду стратеги барканоршуда низ ҳам ҳузур доштанд. Чун мантиқист, ки бояд онҳо аз фаолияти худ гузориш диҳанду ба саволҳо ҷавоб гӯянд.

 

Сайфулло Сафаров, собиқ стратеги рақами дуи кишвар тавре худро вонамуд мекард, ки гӯё аз барканорияш асло ғамгин набуд. Механдид ва бо ишораи дастонаш ба кадом ҳозири ин нишаст изҳори қадрдонӣ мекард.

 

Ин ҷо мо танҳо ба як масъала дахл мекунем. Ин ҳам он аст, ки

аз стратеги рақами яки собиқ, Худойберди Холиқназаров дар мавриди муносиботи Тоҷикистон ва Эрон савол шуд. Посух ончунон аҷиб буд, ки маро ба шигифт овард ва ба навиштани ин мақола водор намуд. 

 

Иқтибос аз қавли стратеги ба нафақа гуселшуда

 

“Нифоқе нисбати Эрониҳо надоштем, дипломатҳои Эронӣ ҳоло кӯшиш доранд, муносибатро бо мо хуб кунанд. Беҳбудӣ бояд воқеъӣ бошад ва он ҳоло дар имтиҳон қарор дорад. Беҳбудӣ дар сармоягузорӣ аст, медонед, Эрон пас аз солҳои 2016 дар Тоҷикистон ягон сармоягузорӣ накардааст ва худро канор гузоштааст”

 

Аз кадом “стратегия”  ва нифоқ гуфтед?

Магар касе аз шумо дар мавриди нифоқ пурсида буд? Ё он нифоқҳое доштед ва қабл аз рафтанатон хостед онро ба наҳвае ба хабарнигорон ва миллат бозгӯ кунед? Ҳамеша шахс коре карда бошад ва дар мавриди чизе фикр кунад, дар ҳол аз забонаш он амал нохудогоҳ хориҷ мегардад. Чуноне, ки ҳадисе дорем дар ин маврид: “Шахсе дар чӣ ҳоле зиндагонӣ намояд, бо он ҳол аз дунё мегузарад”

 

Аҳсан, ки қабл аз рафтанатон аз он нифоқи режим худатон ҳамчун стратеги яки кишвар гуфтед ва ба гӯнае паём додед. Дақиқан он сардии муносибот миёни Эрон ва Тоҷикистон ба замони стратег таъин шудани ҷаноби шумо рост меояд.

 

Агар  ҳар давлате дар кишвари мо сармоя нагузорад, бояд бо он давлат муносибати худро қатъ кунем?

Бароятон метавонам даҳҳо кишварро мисол биёрам, ки дар мо як доллар сармоя нагузоштаанд, вале мо онҳоро шарикони стратегӣ ва ҷоноҷонашон мехонему дастонамон дар наздашон пеши бар аст. Ҳай балеву хушомад ҳам дорем. Чаро дар мавриди он кишварҳо боре чизе нагуфтед? Барои мисол Қирғизистони ҳамсоя як сомонӣ сармоя дар кишвари мо гузоштааст? Афғонистон ҳамчунин. Оё бояд барои ин муносиботи дипломатиро бо ин ду ҳамсоя қатъ кунем?

 

Ҷиноятҳои стратегии МТС

Бо як сомонӣ ОЭК “Окно”- ро, ки муҳимтарин мавқеъи стратегии кишвар дар минтақаи Санглохи Норак, дар баландии 2200 м аз сатҳи баҳр қарор дошт, дар мадори сол ҳама сайёраҳои кайҳонӣ бе ғубор ва соф намоён аст, онро дар ихтиёри Русия гузоштед. Дар ивази 300 миллион қарзе, ки пешво онро бо оилааш хурдааст, на миллат, шумо пораи ватанамонро бидуни манфиъате ба онҳо бо ду дасти адаб супурдед. Намешуд онро ба хотири  манфиъати миллат ҳадди ақал ҳамчун иҷора дар ихтиёри Русия қарор медодед?

Пораи сарзамини кишвари азизамонро ба Чин фурӯхтед. Онро шарм накарда бурди дипломатӣ ном гузошта будед. Дар он солҳо, қариб буд баъзеҳо гӯянд, агар ин “Бурди дипломатӣ”-и бузург бошад, Бадахшонро ҳам ба Чин диҳем. Тавассути ВАО дар зеҳнҳо ва мафкураи миллат то ин ҳад бозӣ кардед. Ин ҷиноятҳои стратегиро кӣ ҷавоб мегӯяд?

 

Сармояи Эрон дар Тоҷикистон

Магар сармоягузориҳое Эрон дар Тоҷикистон, то соли 2016 карда буд, онҳо аз сармояҳое,ки Русия гузоштааст камтаранд?  НБО Сангтуда, Нақби истиқлол ва ғайра..

 

Пулҳое, ки аз Бобаки Занҷонӣ гирифтед, он саристгоҳ ва иншоотҳое, ки сохта буд, онҳо маблағи каме буданд? 

 

Бароям акнун маълум шуд, ки барои чи ҳама қарорҳое, ки ҳукумат иттихоз мекунад, барномаҳо ва дурнамоиҳое ба нақша мегирад,  чӣ дар дохилу хориҷ конфронсҳо, симпозюмҳое мехоҳад ташкил кунад, ҳамаашон ноком ва ба шикастҳои муҳлики сиёсӣ меанҷомидаанд.

 

Стратеги ҷадид кадом стратегяро дунбол мекунад?

 

Мо  давлатҳоеро, ки ҳамчун кишварҳои пешрафта ва дорои дурнамои стратегияи чандинсола ҳастанд, медонем. Сабаби мувафақияти онҳо пеш аз ҳама ин будааст, ки шоистасалорӣ принсипи асосии таъини кадрҳо ба шумор меравад. Шоистасолорӣ дар ҷомеае ба миён меояд, ки  кадрҳои мутахассис барои соҳаҳои гуногун дар идораҳои ҳифзи иҷтимоъии кишвар сабти ном мекунанд. Рақобати кадрӣ ба миён меояд. Шахсони шоиста ба вазифаҳо баргузида мешаванд. Ин гуна кадрҳо дар ҳама сатҳҳо чӣ дипломатия, иқтисод, таълим ва тарбия, кишоварзӣ,  кор бо ҷомеъа, дин ва дар умум ҳама он соҳаҳое, ки як ҷомеъа ба онҳо ниёз дорад, меомӯзанд ва роҳҳалҳо ба ҳукумат пешниҳод менамоянд. Ва кишвари худро аз ҳама бунбастҳо ва ҳолатҳои вахим мераҳонанд. Дар соҳаҳое, ки адами кадри пуртаҷриба мушоҳида мешавад, чунин стратегҳои пуртаҷрибаро аз хориҷ бо пардохти маблағ даъват мекунанду аз онҳо меомӯзанд.

 

Аммо дар мо бошад чӣ? Як нафареро, ки аслан наметавонад вазъи хонаводаи худро  барои як ҳафта таҳлил кунад ва ба оилаи худаш роҳнамун гардад меоранду стратеги рақами як ё ду интисоб менамоянд. Ин ҳам танҳо ба он хотир аст, ки дар таҷриба ин кадрҳо аз худ ҳамчун шахси гапдарою бепринсип дарак додаанд. Магар бо ҳамин ҳол метавон пеш рафт?

Ин амал ҷуз шармандагии давлату миллат чизи дигареро ба бор намеорад. Масалан, ин стратеги ҷадиде, ки  бо муовинаш таъин намудед, касе ин дуро ҳамчун дурбин ва огоҳу корозмуда намешиносанд. Кадом тарҳи ин ду ҳамчун консепсия дар гузашта қабул шуда буду онро амалӣ намуда будед, ки ба ин мақомҳо онҳоро таъин намудед? Кадом тарҳҳои дурнамои ин ду дар расонаҳо нашр шуда буданду қобили пазириш гардидаанд? Пеш аз таъйин шуданашон, миллат ин дуро оё хуб мешинохт, ки дурнамои як кишварро ба онҳо бовар кунад?

Бо боварии комил мегӯям ин ду стратеги ҷадид ҳеҷ бартарие аз он ду стратеги собиқ надоранд. Хар ҳамон туқумаш дигар.

 

Стратегҳои ҷадид

 

1. Диловар Қодирзода Баҳриддин. Соли таваллудаш 29.01.1965.   Соли 1989 факултаи банақшагирӣ-иқтисодии ДМТаз рӯи ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқро хатм намудааст. Солҳои 1991-2000 аспирант, сипас дар вазифаҳои ассистент, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Иқтисоди миллӣ», ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора фаъолият намудааст. Соли 1998 (солҳое, ки бо 200 долар панҷ рисолаат менавиштанд) ӯ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Муносибатҳои иҷтимоӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ” дифоъ намуд.Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Аз  ректории донишгоҳи Соҳибкорӣ ва хизмат ба мақоми раисии МТС таин гардид.

Агар диссернет ҷустуҷӯ намояд, бидуни ҳеҷ шубҳае ин шахс  41 умин қаҳрамони диссернетии тоҷик хоҳад буд.

 

2. Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон, муовини ҷадиди роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, яъне стратеги рақами дуи кишвар: Шахсияти ӯ барои мо комилан норӯшан буда, дар мавриди ӯ ва кӣ буданаш маълумоте надорем. Ҳатман ягон тағодор, писар ё домоди касе ҳаст, ки мехоҳад дар ин мақом ба қуллаҳои болое барояд. Вақт ошкор хоҳад кард. Шахсияти ин стратегро дунбол менамоем ва дар мавриди ӯ маълумот хоҳем дод. Умедворем, ки шахсияти арзанда бошад.

 

Аммо ман мутмаинам, дар оянда ҳам чунин шикастҳои аҷибу ғариберо режим бо ин интихобҳои ғалаташ дар кадрҳо мутаҳамил мегардад. Дар тули ин чоряки аср стратегро бояд омода мекардед, на ин ки аз як донишгоҳе ӯро оварда дар ин ниҳоди тақдирсозу муҳимми давлатӣ таъин намоед. Ин роҳе, ки шумо равонед воқеан ба бероҳаи хароботу бохтҳои нав ба нав ва мубтало намудани шаҳрвандон ба мушкилоту мусибатҳои навбатист. Кай чашмони заковати худро боз мекунеду кай аз мастӣ мефароед. Ҳарчанд кор аз кор гузаштааст, умед дорем дер нашудааст. Ба худ оед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article