Сураи Фотиҳа(Алҳамд) ро бо суръат нахонед..Диққат бидеҳ барои чи?

Ислоҳ нет

Сураи Фотиҳа(Алҳамд) ро бо суръат нахонед..Диққат бидеҳ барои чи?
Бештаре аз намоз гузорон ҳангоми адои намоз сураи Фотиҳаро хело бо суръат (ва бе таъаммул) мехонанд.Гуё инки гургҳо дар суроғашон бошанд ва намедонанд,ки дар ин сура чи фазоиле вуҷуд дорад.?Расули акрам (с) мефармоянд: Худованд(ҷаллаҷалолаҳу) мегуяд: Тақсим намудам ман намозро миёни худ ва бандаам ба ду қисмат пас барои бандаам ончизе,ки пурсад.Пас ҳангомеки бигуяд банда “Алҳамдулиллоҳи раббил оламин”
Тарҷума: «Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст»
Ҳангомеки банда инро хонд дар намоз.
Худованд мегуяд:Бандаам маро ситоиш намуд.
Ҳангомеки мегуяд:«Арраҳмонирраҳим» Тарҷума: Бахшояндаи меҳрубон.
Худованд мегуяд : Сано хонд маро бандам.
Ҳангомеки гуяд: «Малики явмиддин» Тарҷума: Фармонравои рӯзи ҷазо.
Худованд мегуяд: Тамҷид намуд бандаам маро боре гуфтааст: Бандаам ҳамаро бар ман вогузор намудааст.
Ҳангомеки гуяд: «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин»
Тарҷума: Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.
Худованд мегуяд : Ин миёни ман ва бандам ҳаст пас бандам ончизе аз ман пурсид.
Ҳангомеки гуяд: «Иҳдинас-сиротал мустақим. Сирталлазина анъамта алайҳим ғайрил мағзуби алайҳим валаззоллин.
Тарҷума: Моро ба роҳи рост ҳидоят кун..Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ(1) бар онҳо ва на гумроҳон(2).
Тафсири кутоҳи ин ду оят:
1. Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).
2. Онҳоеанд, ки ҳақро нашинохтанд ва гумроҳ шуданд (ҳамчун насоро ё масеҳиён).
Худованд мегуяд: Ин (савол хоҳиш ва таманнои) бандаам ҳаст! Пас бигузор ончи пурсид аз ӯ бошад!
Шаънуннузули кутоҳи сураи Фотиҳа.
Аз он рӯй, ки калому-л-лоҳи маҷид бо ин сура оғоз мешавад, фотиҳату-л-китобаш хондаанд. Аз дигар номҳои он «Сабъулмасонӣ» аст, зеро ҳафт оят дорад ва ба ривояте ду бор ба Паёмбар нозил шудааст ё дар ҳар намоз хонда мешавад. Намоз бидуни ин сура пазируфта намешавад Фотиҳа ту-л-китоб дар Макка нозил шудааст.Мисли ин сура дар ягон китоби осмонии қабл аз Қуръон нозил нагардидааст.
Огоҳӣ!
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим ояти аввали ин сураи муборака ҳаст ва ҳатман қабл аз шуруъ намудани ин сура дар намоз қабл аз ҳарнамоз гузоридан бояд хонда шавад!
Пас эй намозгузори гиромӣ ҳангоми хондани ин сурра дар аснои намоз хело бояд аҳамият бидиҳем.Ва аҳамияти ин сураро ба дигар бародарону хоҳарон расонем ва дар интишори он танбали накунем

Share This Article