Перомуни таҳдид
Аз гушаву канор шағолакҳо тавассути паёмакҳо нуҳос кашида, пайваста ба ҷонам таҳдид мекунанд. Дар тамоми сомонаҳои давлатии ҳукуматӣ ба ҳар як сухани банда ҷавоби по дар ҳаво менависанд. Гӯё бо ин навиштаҳои бемантиқи худ садоқати худ ба “пешво”-ро собит месозанд. Аммо, ин навиштаҳои ҷавобӣ ба баромадҳо ва мақолаҳои банда аз он дарак медиҳад, ки дар так-таки ҳукумат ягон нафари бофарҳанг ва ё аз ухдаи як ҷумлаи дуруст навиштан мебаромадагӣ намондааст. Рӯзи “пешво” ҳам ба худашбаринҳо мондааст. Ба қавле “модар чигуна, духтар намуна”.
Сомонаҳои расмии донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо даҳҳо мақолагуна алайҳи Муҳаммадиқболи Садриддин навиштаанд. “Ранг бину ҳол пурс”, аз ҷумлабандиву навиштаҳои ин ҷавобҳо дар ҳол пай мебаред, ки киҳо дар ин даргоҳҳои илмӣ дарс мегӯянду дарс мехонанд.
Албатта, бояд як чизро қайд кунам, ки ҳама ин маконҳои илмӣ шахсони бо илму дониш муҷаҳҳаз ҳам дорад ва холӣ аз аҳли савод нест. Аммо, дида мешавад, аҳли илму хирад дар кишвар, дар хидмати аҳли сифла қарор гирифтаанд. Агар чунин намебуд, ақалан назорати дурусту саҳеҳ навиштан ва мақолаҳои пуробу ранги нафърасон ба мардум нашр кардан дар ин сомонаҳо, дар уҳдаи аҳли фаҳм мебуд.
Дар асри ҳозир сомонаи расмии як ниҳод, созмон ё муассиса, набз ва симои ӯ маҳсуб мешавад. Аз навиштаву коридаҳои сомонаи расмӣ истифодабаранда пай хоҳад бурд, ки ин сомонаро киҳо назорат мекунанд, донишу фаҳмишашон то чӣ ҳад аст. То чӣ андоза сомона пурмаҳсул аст. Аммо сомонаҳои расмии ниҳодҳои гуногуни ҳукумати Тоҷикистон, аз вазоратҳо сар карда, то маъмурияти шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо, ба ҷои он ки вобаста ба рисолати худ кору фаъолият баранд, овораи сабқат дар нишон додани садоқат ба “пешво”-и тентаку гарангашон ҳастанд.
– Гарангу тентак?
– Бале!
Агар гаранг намебуд, ақалан зердастонашро ба корҳои муфид амр мекард. Ақалан сарфаҳм мерафт, ки мардумро ба куҷо, ба кадом чоҳи бетаг тела дода истодаасту ниҳоят навбати сарозер шудани худаш ҳам мерасад.
Агар гаранг намебуд, ақалан даст аз бадном кардани нухбагони миллат мебардошт. Маҳз ба хотири амнияти курсӣ миллатро бадном намекард.
Агар тентак намебуд, аз ин ҳама чартиёти сомонаҳо, ки ба дифоъи ӯ нигаронида шудаанд ва бештар собити садоқат ба ӯ ҳастанд, намеболид. Амр мекард, ки сафсатагӯӣ бас шавад. Аммо, на, чунин намекунад. Барои ин “пешво”-и тудаи чарандбофҳо муҳим инаст, ки “чуби гури мардум сӯзаду деги хонаи ӯ ҷӯшад”.
Ҳамин пуштибонии “пешво”-и тентак ба ҷамъи сифлагон ҷасорат додааст, то ба обруву ҳайсияти миллат бозӣ кунанд. Ба аҳли донишу хираде, ки аз уҳдаи сифлагарӣ намебароянд, фишор меоранд, то ҷойро ба аҳли сифла холӣ ва тарки ватан кунанд. Беибо касеро, ки дорои як фикри солим аст ва ё гуфтание дорад, таҳқир мекунанд. Абри сифлагариву ҳамоқати ин бехирадон нури офтоби ҳақиқату адолатро мехоҳад тира намояд. Тӯфони бӯҳтону туҳмат алайҳи аҳли хирад равона месозанду бо зиндон кардану сар ба гурез намудан мехоҳанд забони ононро бубанданд. Аммо ғофил аз онанд, ки ҳақиқату адолат ва ростӣ мисли офтобест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ рӯйпӯш нахоҳад шуд. Ҳар ки кӯшиш мекунад, пеши ин нурро бигирад, на фақат чатру домон, балки тану ҷисму ҷонаш месузаду хокистар мешавад. Ҳамеша адолату ростӣ ғолиб буд ва “ҳар куҷое ҳақ аз худ дарак дод, ботил гурезон мешавад!”
Ин аст, ки аҳли фаҳму хирад, ҳарчанд дар баробари ҳақталабиву адолатхоҳӣ ба ранҷу азоб дучор мешаванд, ҳарчанд ба тӯҳмату бӯҳтони аҳли сифла рӯ ба рӯ мегарданд, ҳеҷ гоҳ аз ҳақиқат рӯй намегардонанд. Ба аҳли хирад азобу ранҷу кулфате, ки дар роҳи адолатҷӯӣ мекашанд, лаззате дорад. Аҳли хирад ҳарчанд туфайли тӯфонҳои барангехтаи бехирадону сифлагон чанд рӯзеву моҳеву соле дар торикӣ мемонанд, аммо аз дур рушаноиро мушоҳида карда, ба сӯяш қадам ба қадам ҳаракат мекунанд. Ҳақиқат аз Худост. Касе бо Ӯст, ин шо Аллоҳ ғолиб аст.
Барои ҳамин, ҳар субҳ ба машоми мо бӯи ғолибият мерасад. Бештар аз пештар!
Бо ин ҳол, таҳдиду таҳқиру тавҳини сифлагон, ки ин ду се рӯзе чархи фалак дар масири онҳо мечархад, моро ҳеҷгоҳ ноумед намекунад. Ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунем. Аз гуфтани сухани ҳақ ҳатто ба қимати ҷонамон бошад ҳам, сар намепечем. Мисли шамъ месӯзем, то дигарон роҳ биёбанд. Дар зулмати шаб, вақте, ки ҳамагон дар хоби нозанд, бедорӣ мекашем ва ба сӯи Парвардигор даст ба дуо мешавем, то миллат аз зулмати зулм наҷот ёбад. Дар ҳаққи онҳое, ки ташнаи хуни мо, душмани ҷони мо ҳастанд ва ҳамеша барои нобудии мо нақша мекашанд, дуо мекунем, то растагор шаванду ҳидоят ёбанд ва ба инсоф оянд. Ва агар аҳли ҳидоят нестанд, ҳисобу китобашон бо Ӯст!…
Шиноснома
Эй касоне, ки мехоҳед, Муҳаммадиқболи Садриддинро бо шайтанатҳои худ, аз роҳи ҳақиқат мунҳариф созед, бидонед, ки “зури беҳуда миён мешиканад!”
Банда, новобаста аз ҷавонии худ, ҳама обу оташро дидам. Дар наврасӣ, дар майдони муқовамати ҳаққу ботил будам. Дар майдони набарди аҳли истиқлолхоҳ бо ғуломтабъони Фронти халқӣ ба воя расидам. Хонаи падарам, машваратгоҳи хирадмандону аҳли зиё ва беҳтарин сиёсатмадорон буд. Ҳар рӯзу соати умри ман ҳамвора бо сиёсат сипарӣ шудааст. Таъсиси наҳзати исломӣ ва оғози муборизаи сиёсии исломӣ алайҳи душманони дину муқаддасоти миллати тоҷик, замони шӯравӣ дар хонаи падарам сурат гирифтааст. Аз замоне, ки худро шинохтаму забон баровардам, толибилм ҳастаму то ба имрӯз идома дорад.
Зиёда аз як миллион нусха китобҳои ахлоқӣ, динӣ ва таърихии таҳия, тарҷумма ва таълифнамудаам ба хонаи аксари мардуми тоҷики кишвар ва хориҷ роҳ ёфтаасту дар қатори рафи китобҳои хонданӣ қарор гирифтааст. Касоне, ки мепурсед ман барои пешрафти дину имону ислом ва огоҳии миллатам чӣ кор кардаам, як рафи китобҳоятонро тафтиш кунед, агар хонаатон китобдор бошад, ҳатман номи маро дар муқоваи чанд китоб меёбед.
Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, олими маъруфи таърихшиноси тоҷик дар бораи пажӯҳишҳои илмии банда анҷомдода, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 дар як маҳфили илмӣ ё рӯнамоии китобҳям дар толори иттифоқи нависандагон гуфта буд, “Муҳаммадиқболи Садриддин кореро анҷом додаст, ки «пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт анҷом надодааст».
Феҳристи китобҳои таълиф, тарҷума, таҳия ва баргардонкардаам алҳамдулиллоҳ аз 120 номгӯй убур кардаанд.
Инро мегӯям, на ба он хотир, ки риёву бузургманишӣ кунам. Ба бузургманишиву риё ниёзе ҳам надорам. Чун савдои ман бо Аллоҳи бениёз аст. Хоки қадами аҳли фаҳм сурмаи чашмонам бод! Аммо, бидонед, ки рагу устухон ва ҷисму ҷони ман бо омӯзишу пажӯҳиш обу тоб меёбад. Ягона кору пайкорам ҷустани ҳақиқату адолат ва мубориза бар зулму залолат мебошад. Ин ҳам бошад, ба қадри тавону дониш, огоҳона ва бо омӯзиши мунтазам.
“Илми беамал мисли занбури беасал аст”. “Илми беамал мисли дарахти бемева аст”. То ҷон дар бадан дорам, то тавону бардоштам, то ҳадди фаҳмишу донишам, бо тамоми вуҷуди ҳастиам барои пирӯзии ҳақ бар ботил мубориза хоҳам бурд. Ба донистаҳои худ амал хоҳам кард. Боз мегӯям, ки ҳеҷ касе маро аз ин роҳам бо таҳдиду фишору тазйиқу тавҳину таҳқир наметавонад мунҳариф кунад. Кӯшиш мекунам, амали имрӯзаам бештар аз дирӯза бошад ва қадамҳоям усутвортар аз пештар бошанд. Ин роҳи интихобкардаи ман роҳи пирӯзиву саъодати дорайн аст. Ман ҳамеша пирӯзам!!!
Пораҳо аз таҳдиди шағолсифатон
Чанде пеш маро тавассути сомонаи ҳукуматии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таҳдид ба зиндон карда буданд:
“Муҳаммадиқболи Садриддин, ки объекти эҳтимолӣ ва зеби кунҷи зиндонҳо мебошад, қасд дорад, ҷойдоди ояндаи худро бо таҳриф кардани воқеият ва нашри маводҳо дар бораи зиндониён ба шароити мусоидтар водор кунад. Ҷавоб дар ин қисмат аз он иборат аст, ки кунҷи муносиби ҳаҷми бадану қади Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳатман пайдо хоҳад шуд”
Ба ин навишта “Кунҷи (зиндони) муносиби ҳаҷми бадану қади Муҳаммадиқболи Садриддин” хуб диққат кунед. Ин ҳарфҳо ҷуз аз зургӯю ба қавле “маняк” аз даҳони кӣ мебарояд? Танҳо ҳамин таҳдид бас аст, ки бигӯем, дар раъси ин ҳукумат касоне нишастаанд, ки таҳаммули як сухани танқидӣ ва адолатхоҳиро надоранд. Ҳар касе бар алайҳи инҳо сухан гуфт, ҳатман ,бояд ё кушта шавад ва ё ба зиндоне, “муносиби ҳаҷми бадану қад”–аш андохта шавад. Пас ин ҳукуматдорони тоҷик терорист набошанд, ки терорист аст? Магар инҳо таҳаммули ҷомеаи демократӣ ва озодандешиву ҳуқуқбунёдӣ доранд? Ҳаргиз на!
Бинобар, бо тамоми тавон алайҳи ин бехирадони зургӯ мубориза бояд бурд, то ватан аз зургӯёну террористони курсинишин пок шавад.
Ба таҳдиди дигари ин рекетерҳои ҳукуматӣ аҳамият диҳед. Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Истаравшан як “таҳлилгар”-и гумноме, ки хуб мешиносемаш, бо номи мустаори Киром Қурбонов менависад: “…Ҳоло мо зираку ҳушёрем. Касбием. Як дастур, мо туро аз даштҳои Сахара меорем. Аниқтараш аз гӯр меёбем”.
Ин ноҷавонмардон аз беқонуниву беҳуқуқӣ дар кишвар то ин ҳад ҷасораташон баланд шудааст, бемалол, як шаҳрвандро таҳдид ба ҷонаш мекунанд ва мегӯянд, ки туро “аз гӯр меёбем”.
Аввалаш ин ки мо ба ҳеҷ куҷо пинҳон нашудаем. Ҳамарӯза, бо мақолаву матлабҳо ва баромадҳои онлайнӣ аз худ дарак медиҳем. Ҳоҷат ба гӯркобӣ ҳам нест. То ба гӯр насиб бошад, бояд ба шумо инсонигарӣ чист нишон бидиҳем. Шуморо аз ингуна гимни бардагисароӣ наҷот бояд дод.
Баъдан, бузу бузғолаҳои мавсимии колхози “пешво” бидонед, ки ҳарчанд мо дар дур ҳастем, ба хотири миллат ва марзу бум ҳар қадами шумо пасвоҳо дар шумор аст. Мо таҳдид намекунем. Мисли шумо, нияти хашини шуморо ба зиндони “муносиби ҳаҷми бадану қад”-атон андохтан надорем. Танҳо нақшаи мо инаст, ки як ҷомеаи воқеъии мардумсолоре ин шо Аллоҳ хоҳем сохт ва ба шумо имкон хоҳем дод, ки инсон будани худро ба ёд оред. Аз бузу бузғолагӣ раҳоӣ ёбед.
Ногуфта намонад, ман медонам, ки ин навиштаҳо кори дасти Шералӣ Азимӣ – сухангӯи раиси шаҳри Истаравшан аст. Муроҷиатам ба ӯ инаст, ки ту агар дилу гурда дорӣ, пушти шабаҳи ҳар бузу бузғола пинҳон нашав. Хуб медонӣ, ки ин амалат оқибати баду шармандагӣ дар пай дорад. Инаст, ки бо номҳои дигар менависӣ. Шармат бод!
Дар сомонаи “Суғд Ҳақиқатӣ”, ки сомонаи расмии Ҳукумати вилояти Суғд бо забони ӯзбекӣ аст, дар матлабе бо номи “Оппозитсия-шутурговпаланги миллат дар ҷавоб ба сомонаи дурӯғпоши Муҳаммадиқболи Садриддин -«ислоҳ.нет» навишта шудааст, ки “Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва шахси оянданигар чунин бояд намекард. Бо ду дасти адаб, Муҳаммадиқболи Садриддин, худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ”.
Яъне, ин баландрутбагон дилашон оши турушак мекашад. Ин “баландрутбагону гуё баобрӯён” мехоҳанд бояд дилашон ҳарчӣ хост бикунанд, миллатро талаву тороҷ кунанд, бидузданд, бидаранд, бирабоянд, аммо касе набояд пашшаи инҳоро пишт гӯяд. Агар касе муқобилашон гап заду ҳақталошӣ кард, ӯро “марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ” интизор аст. Ин аст мантиқи давлатдориву ҳукуматдории режими ҳокими Тоҷикистон. Инҳо, ки аз ба тадриҷ ба марг расонидани инсон лаззат мебаранд, аз терористони ДОИШ чӣ фарқ доранд?
Охир шумо чанд нухбагони миллатро заҳр додеду ба марги тадриҷӣ дучор намудед. Абармард ва донишманди бузурги тоҷик Муҳаммадшариф Ҳиматзодаро шумо заҳр додед. Устоди сулҳовару асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Саид Абдуллоҳи Нуриро низ шумо заҳр дода, ба марги тадриҷӣ рӯ ба рӯ кардед. Умаралӣ Қувватовро ҳам заҳр додед ва ҳам бо тир шилик кардан ба сараш шаҳид кардед. Онҳо рафтанд, аммо мактабашон зинда аст. Идеяашон зинда асту барои нобудии шумо дорад кор мекунад. Шуморо ба тазалзул водор кардааст. Аммо барои шумо ин дарс нашуд, боз ҳам мехоҳед, нухбагони миллатро ба марги тадриҷӣ гирифтор кунед.
Бояд бидонед. То так – таки шумо терористони ҳукуматӣ тарбия наёбед, даст аз ваҳшатафканиву одамрабоӣ набардоред, инсонвор бидуни таҳдиду тавҳин зиндагӣ карданро наомӯзед, мо даст аз муборизаи беамони мусолиҳатомез намебардорем. Ҳушатон дар саратон бошад!!!
Шахсан ман ҳаргиз аз марг, таҳдид ба зиндонӣ шудан аз дастони шуми шумо наметарсам. То ҳақ ба ҳақдор нарасад ва муҷримон ба сазои аъмолашон нарасанд, даст аз муборизаи солим ва ҳақталабонаи худ намебардорам. Ман як фарди ин миллати мазлумам ва амсоли ман ҳазорҳо абармардону фарзонагони ин миллатро шумо дар тули ин 27 сол куштед, туҳмат кардед, зиндонӣ ва бадарға намудед. Аз гушаву канори олам дуздида, беному нишон кардед. Ман аз онҳо чӣ бартарие дорам?
Медонам, шумо қодир ба ҳама ҷиноятҳои сангину ваҳшониятҳои фаҷеъе будед ва ҳоло ҳам ҳастед. Дар ин ҳеҷ шакку тардиде надорам. Аммо фаромӯш накунед, ки шумо бо ин шевое, ки интихоб намудаед, бо қатлу фишору зиндонкуниҳоятон ҳаргиз муваффақ ва пирӯз бар ҳақ нахоҳед шуд!
Нишонии таҳдидҳо ба Муҳаммадиқболи Садриддин
Ҳамингуна таҳдиду таҳқиру бӯҳтонҳо алайҳи банда дар даҳҳо сомонаҳои расмии ниҳодҳои гуногуни ҳукумати Тоҷикистон нашр шудаанд:
Сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд. Мақола бо номи “Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд (Тасвири равонии тавбаи М.Садриддин)”
Сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Данғара. Мақола бо унвони “Писарандари дурӯғгӯён – Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст)”
Сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Мақола бо унвони “ҲАРЗАГЎИҲОИ ҶАНОБИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ДАР СОМОНАИ ИСЛОҲ.НЕТ”
Дар сомонаи расмии Донишгоҳи славянии русӣ- тоҷикӣ, як гумноме бо номи Шамси Қамар ба унвонии ман шеъргунае саро по таҳқиру бӯҳтон навиштааст. Ин шеъргунаро боз “Ба Муҳаммадиқболи Садриддин” унвон кардааст.
Дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мақолае бо номи “Муҳаммадиқболи Садриддин-ҳазён мегӯяд” нашр шудааст, ки аз аввал то ба охир чарандиёт аст. Мақола дар пуштибонӣ аз раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов навишта шудааст. Дар мақола омадааст: “Имрӯз дар рӯяш пусти хукро кашида, Муҳаммадиқболи Садриддин- ном махлуқ мехоҳад, Саймумин Ятимов-ро аз вазифа дар канор бинад”.
Аммо аҷибаш онаст, ки дар мақола муаллиф инсоф карда, навиштаи маро гуфтоварди айнӣ кардааст. Ҳар касе гуфтаи маро дар ин мақола мехонад, дарк хоҳад кард, ки ман чӣ гуфтааму дар ҷавоб ин ҳайвонсириштон чӣ гуфтаанд.
Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов як мақолагунаи дигаре бо номи “Тавба ё шевани рақси М.Садруддин” нашр шудааст. Дар ин мақолагуна, арвоҳи як нафаре бо номи Киром Давлатов менависад, ки ”…М.Садруддин захми саратонӣ дар бадани қавм аст, ҳарчи зудтар ӯ бурида ва зудуда шавад, ба манфиати кор аст”.
Худ қазоват кунед, ки аз сомонаи расмии ҳукумати як ноҳия бо ҷасорати тамом, ба таври физикӣ нобуд кардани инсонро эълом мекунанд. Ингуна таҳдидро ба ҷуз терорист кӣ мекунад? Инҳо терорист будани худро ҳам дар баёну ҳам дар кирдор нишон дода истодаанд. Яъне ҳар ки ислоҳи инҳоро хост, барои инҳо захми саратонӣ аст ва бояд ҳарчи зудтар “зудуда” шавад. То инҳо худашон шоҳ, табъашон вазир бошад, Дилашон ҳарчӣ хост болои миллат анҷом диҳанд.
Боз ҳам дар ҳамин сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов як матлаби пур аз тавҳин нисбати банда бо номи “Муҳаммадиқболи Садруддин – шогирди хонақоҳҳои афғонӣ” нашр шудааст. Таҳқиру тавҳинҳое, ки дар ин матлаб навишта шудаанд, дар рӯи ягон бел намеистад. Инаст, маданияту маърифати ҳукуматдорони тоҷик. Барои бақои курсӣ ва нишон додани садоқат ба “пешво” аз ҳеҷ кори пасту разолат рӯй наметобанд.
Ҳамингуна таҳқиру буҳтонномаҳоро нисбати банда, метавонед аз аксари сомонаҳои расмии Вазорату ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки набзи симои онҳо маҳсуб меёбад, пайдо намоед. Ин ҳама, на фақат дар шаъни банда, балки даҳҳо муборизону адолатҷӯён ва озодандешонро ошкоро, бидуни ҳеҷ истиҳолае ин ниҳодҳо таҳқир кардаанду таҳдид ба ҷонашон намудаанд.
Дар ин курсинишинони ҳукумати Тоҷикистон ягон муқаддасот, шарм, ҳаё, номус вуҷуд надорад. Медонанд, ки аз “пешво”-е пуштибонӣ доранд, ки барояш ҳеҷ қонуне вуҷуд надорад. Бояд ба ҳар роҳе, ки набошад, ӯ дар курсияш боқӣ монад.
Акнун саволе ба миён меояд, ки магар хомӯш будан дар баробари ин зургӯёну терористони ҳукуматдор бешарафӣ нест. Чӣ касе ин ҳама хиёнатҳоро мебинаду дар баробараш хомӯш истода метавонад?
Миллат гирифтори гипнози ин найрангбозон аст. Вагарна, ин терористони курсинишинро кайҳо ба ҷои мувофиқи худашон мешинонд. Ин ҳам дур нест, вақташон қариб расидааст. Ин шо Аллоҳ!!
Хитоб ба чоплусони “пешво”
Дақиқан чордаҳ аср пеш бар паёмбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Абуҷаҳлиён хабарҳои бадеро нашр намуда буданд. Чуноне, ки шумо имрӯз бар алайҳи ин миллат карда истодаед. Ман ҳеҷ тафовутеро миёни шумо ва он пайравони Абуҷаҳли чордаҳ аср пеш намебинам. Аллоҳ бар ҳабибаш чунин ояте аз фарози ҳафт осмон нозил намуд, то ба Абуҷаҳлиён бигӯяд:
قُل لَّن يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
Бигӯ (эй Муҳаммад) “Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. Ӯ мавлои мост ва муъминон бар Худо таваккул кунанд”
Идомаи оят хело ҷолибтар аст, ки Аллоҳ ба ҳабибаш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хитоб мекунад. То ба Абуҷаҳлиён бигӯяд:
قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلَّا إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ ۖ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَن يُصِيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذَابٍ مِّنْ عِندِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا ۖ فَتَرَبَّصُوا إِنَّا مَعَكُم مُّتَرَبِّصُونَ
Бигӯ (эй Муҳаммад) “Оё яке аз он ду некӣ интизори чизи дигареро барои мо (шаҳодат ё пирӯзӣ) доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби Ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас, шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем” (Сураи Тавба, оятҳои 51 ва 52)
Ин посухи Аллоҳ, ки бо хитоб бар паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) намуда буд, то ба Абуҷаҳлиён бигӯяд. Ман пас аз чордаҳ аср онро ба шумо чоплусони “пешво” хитоб мекунам ва мегӯям: Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем!
Муҳаммадиқболи Садриддин