Муҳтарама Азизмоҳ Асадуллоевна Саъдуллоева, Ледии № 1-и Тоҷикистон, шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан табрик мегӯям!
Шумо, ки завҷаи Пешвои миллат ҳастед (мо пешвоии ӯро қабул надорем) табрикоти зиёд дар ин рӯз дарёфт мекунед. Чунки шумо на танҳо ҳамсари Президент, ҳамчунин модари шахси дуввуми Тоҷикистон-Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳри Душанбе, модари шахси саввуми Тоҷикистон –Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва момаву апаву хоҳару хушдоману холаву аммаву янгаву андаи як галаву тудаи дигар калони мансабдорону тоҷирону пулдорҳои калони калон ҳастед, ки номи ҳамаи онҳоро дар инҷо маҷоли зикр кардан надорам, ва имрӯзро дар муҳити базму тараб сипарӣ мекунед. Даста-даста,бандча – бандча тӯҳфаҳоро қабул хоҳед кард.
Шояд худи шавҳаратон барои шумо дар ин лаҳзаҳои идона дар тавақи калон қурутов омода кунад,шояд аз рӯи ресепти момаи раҳматии Майрам, тезоваву биринҷоваи бо олича ҳам пазад. Хуш ба ҳолатон. Кайф, кайфи шумо!
“Ман,намедонам,ки шахсан худи Шумо наворҳо ва навиштаҳои “Ислоҳ.нет”-ро тамошо ва мутолиа мекунед ё не? Дар гумон аст, ки мутолиа кунед, вале бинобар хабарҳое,ки гаҳ-гоҳе меояд, Шумо ҳам аз “болелшик”-ҳои мо шудаед. Ва навору барномаҳои видеоии моро, бавижа дар бораи духтарҳову домодҳо ва худи Эмомалӣ Раҳмоновро тамошо мекардаед.”
Вале ин бор тавсия медиҳам, ки ҷиддӣ тамошо кунед. Чунки ин навбат махсус барои шумо барнома таҳия ва тақдим кардам. Қаҳрамону мухотаби ин барномаи ман шумоед. Барои духтарҳову домодҳоятон барномаҳо таҳия карда хоҳиш ва илтимос намудам, ки аз корҳои бад даст бардоранд,ба чор тарафашон нигоҳ кунанду халқи камбағалро ҳам дар хотир дошта бошанд,отаашонро гӯянд, ки бас будагист, ки ин ҳама сол хӯрдему чаридему ғелидем, не, ба назарам нарасониданд.
Акнун ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ба шумо муроҷиат карда баъзе гапҳоямро мегӯям. Ҳамин бегоҳ, баъди хонаро холӣ кардан, “ташкилӣ”-ро тамом кардан ва рӯи дивани нарм паҳлу дар паҳлу дароз кашидан ҳатмани ҳатман бирасонед. Боз баҳона наоваред, ки “пирхар, маст буд”. Маст асту сияҳмаст аст, фарқе надорад, бигӯед!
Аввалин чизе,ки мехоҳам барояш бирасонед ин аст, ки дер шуда бошад ҳам бас кунад,истеъфо диҳад. Зеро худи шумо сад дар сад медонед, ки дигар тамом шудагӣ аст. Коре аз дасташ сохта нест.
Гапи ӯро на Рустам гирифта истодаасту на Сомон, Озодаву Таҳминаву Зарина тамоман “признават” накарда истодаанд. Ин ҳамаро Шумо шоҳид ҳастед. Гӯед, ки акнун давраи пирӣ расид, аз ҳеч чи камбуд надорем, пуламон бисёр, гову моламон бешумор, баргардем равем Данғара, қатори мардуми худамон масҷид рафтан даркор, Худову Расул гуфтан даркор, намозҳоро минбаъд хондан даркор, тавба кардан даркор. Ин қадар нафсро сар додан ҳам айб аст. Ҳама айб карда истодааст, ки Эмомалӣ сер намешавад. Гӯед, ки барои ду соламон захира дорем, барои миллион соламон гӯед ҳам, касе нотуғрӣ гуфтӣ, намегӯяд, баъзе ҳатто нони хурдан надоранд. Чунки захираеро, ки шумоҳо доред, Қорун натавониста буд ҷамъ кунад:
Боингҳои қаторак, Бонкҳои қаторак, заминҳои қаторак, галаву рамаи қаторак, мошинҳои қаторак, заводу фабрикаҳои қаторак, бензозаправкаҳои қаторак, суратҳисобҳои оффшории қаторак. Дар Чин нимҷазира ва чандин корхона ва ҳатто дар Полша садҳо гектар замини боғи себ. Ҳамаи инро кай мехуред? Аз Анӯшервону Эмомалии хурд ҳам зиёдатӣ мекунанд.
“Бори дигар бароятон таъкид мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар кишварро идора карда натавониста истодааст. Кадом рӯз ягон балои бадро ба сари кишвар ва мардум меоварад. Чунки дар Тоҷикистон давлат нест, вуҷуд надорад. Инҷо чандин бонди мофиёие амал мекунанд, ки бо истифода аз номи давлат ва бо истифода аз қудрат мардум ва сарвати миллатро тохтутоз ва тарака карда истодааст. Тоҷикистон дигар барои онҳо камӣ мекунад. Норасоии манобеи сарвату тиллову доллар имкон дорад боиси сар задани ҳар гуна нооромиҳо шавад. Онҳое, ки то ҳоло ҳисса ва саҳмҳои бузургро дар ихтиёр доранд (духтарҳову домодҳо,қудоҳову андаҳо) ба ҳич ҳолат омода нестанд, ки тақсим кунанд. Баракс, роҳу василаҳое ҷуста истодаанд, ки манбаъ ва сарчашмаҳои нави даромади муфт ба даст оваранд. Аммо насли нав шурӯъ аз Рустаму Сомону Исмоил ба ин ҳолат тан дарнахоҳанд дод. “
Иқтисодиёти кишвар, тиҷорати кишвар, сарватҳои зеризаминии кишвар, ҳамагӣ забту тасарруф шудааст. Шумо хуб медонед, ки чаро онҳо ба ин андоза дилпурона талаву тороҷ мекунанд? Ба ин андоза ва нотарсона пора мегиранд, бойигарӣ ҷамъ мекунанд. Як нафар дар як шӯъбачаи милиса ҳамагӣ ду сол кор кард ва аз бадрафториву бадгаштиву бадзабонии ӯ дар шабакаҳои интернетӣ тасвирҳо ва наворҳо дарҷ шуд.Танҳо гове, ки ҷамъ карду бо КаМАЗ Фархор фиристод 70 сар будааст. Медонед чаро чунин шуд? Зеро барои ҳамаи ин корҳо Эмомалӣ Раҳмонов, шавҳари шумо мусоидат кард. Дар тамоми ноҳияҳои мамлакат сардори милиса, сардори амният, додситон, коррупсия ва суд ҳатмани ҳатман аз ҳаммаҳали шавҳари Шумо. Боқии мардуми Тоҷикистон мардуми ин мамлакат нест?
“Албатта дар хотир доред, ки вақте Шаҳбоз (дӯсти Озода)-ро аз толор берун кард, чи гуфт: “Шумо кӣ будеду чӣ шудед?” Ба масъулони погондор ин таънаро зад, ки ин вазифаҳоро бароятон ман додаам ва ин ман ҳастам, ки сабаб шудам, шумо бой шавед. Пештар камбағал ва қашшоқ будед.”
Ман гуфтаниам, ки ҳамин саволҳоро шумо ба шавҳаратон диҳед ва шавҳаратонро бигӯед, ки чавоби онро ба Шумо диҳад. Дар ин 29 сол аз куҷо ба куҷоҳо расидед? Хонаи Данғараатон куҷосту ин қасре, ки ҳоло дар он зиндагӣ доред, чи хона аст?
Домодҳоро бигӯ, духтарҳоро бигӯ, додарҳоро бигӯ. Карру фарро бину дову дастгаҳро бубин!
“Озодаву Таҳминаву Зарина. Ин се аз Рустам тамоман фарқ надоранд. Ҳар рӯз нав ба нав. Ранги дастпӯш иваз мекунанд. Намедонам рост мегӯянд ё не, ба қавле ҳар коре, ки мардҳоятон мекардааст, шумо занҳо баракси онро мекардаед.”
Ман зид нестам, ҳеҷ кас зид нест, ки шумоҳо ҳам бизнес кунеду пул ёбеду ободӣ кунед. Аммо бизнесҳои домоду духтарҳоятонро як бор намебинед, ки аз куҷо аст?
Роҳи мардумро гирифта пулакӣ кардаасту бой шудааст!
Ҳамин бизнес?
Шираи камолро, ки камбағалҳо сабаби ризқ карда буданд, кашида гирифтаасту бой шудааст. Номеру прававу техосмотрро гирифтаанду бизнес кардаанд. Ингуна мисолҳоро метавон беохир давом дод. Ҳоло ҳар кадоме аз домодҳову духтарҳои Шумо мултимиллионеранд.
Вале бо вуҷуди ин ҳама ягон бор закоти мол додаед?Аслан медонед, ки закоти мол чист?Закоти мол, ки намедиҳед, молу пулу сарвату рамаи гуспанду галаи аспу хуллас, ҳама чизи ҳароми бо дуздӣ ба даст овардаатон ҳароми андар ҳаром аст. Ҳатто аз гӯшти хук ҳам ҳаром. Наход одам ин қадар ва масхусан шумо Хонуми аввал, ки наздики чил соли ҳаётатонро дар деҳа, дар иҳотаи гову гусфанду бузу дарзаву коҳу ему ширу ҷурғот гузаронида будед, камбағал ҳам будед то ин ҳад носерам шуда бошед?
“Соли гузашта кӯмакҳои хориҷиҳоро домоду духтарҳо ва Рустаму рафиқонаш дуздида аз номи худашон ҳамчун кумак ба мардум доданӣ шуданд, ки мардум фаҳмид ва бори дигар сахт ихлосаш аз шумоҳо гашт. Тамоми Тоҷикистонро, ризқу рӯзии нӯҳуниммиллион аз мардумро фақат шумоҳо истеъмол кунед, пӯшед, боқии мардум чи кор кунад?”
Худи шумо ба Эмомалӣ Раҳмон тағодухтар ва ё аммадухтаред, дақиқ намедонам. Аммо 9 то аз ин никоҳи хешутабори шумо ба дунё омадааст ва нӯҳ неву нӯҳсаду навадунӯҳ соҳаи мамлакатро ғасб кардааст. Як Шамсуллову Парвинаро ба ҳисоб гиред, ки чи корҳое накарда истодаанд. Наметавонам гӯям, ки ошашон шавад, қандашонро зананд.Вале аз ҳамин 9 тои шумо кадомеаш маъюбу маълул, яъне инвалид аст? Ҳар кадомеашон бурдангалу бузбала. Нафси навадунӯҳ одамро дар худашон доранд. Солиму бақувват. Агар ҳамин Озодаро аспи Анӯшервон аз Водонасос то Ипподром оварад нӯҳ моҳ лозим мешавад, ки миёнашро мумиё баста табобат кунед. Аспи чанд миллиондолларӣ бардошта наметавонад. Аммо чаро акнун имрӯз никоҳи хешутабориро мамнуъ карда (инҷо ҳам хилофи шариат, ки никоҳравову никоҳнораворо кайҳо муайян кардааст) ҳамаро ба дарди сар гирифтор кардаед.
“Бонуи Аввал. Агар Раҳмонов дар фикри давлату миллат бошад чаро тамоми фарзандонашро, тамоми аҳли авлодашро дар мақомҳои давлатӣ овардааст? “
Шумо шояд хабардор ҳастед, ки шавҳаратон як роҳбари ватандӯст нест. Хатман медонед, ки кораш фақат арақхӯрӣ ва бо сафарҳои нолозиму нодаркор ба ину он ноҳия дарди сар ба мардум овардан аст. Дар ҳар сафаре, ки ӯ анҷом медиҳад, кисаи мардумро мезананд.
Як бор ҳоли занҳои нафаронеро, ки бидуни ҳеҷ гуноҳе шавҳаратон зиндонӣ кард, пеши назар меоваред? Аз барои Худо ҳамин мусафеди 80- сола, бобои Дона, мусафеди дигари 80 сола Зубайдуллоҳи Розиқ, ки инак як бачаи ҷавонашро ҳам гирифтаву зиндонӣ кард ва ё ҳамин Маҳмурод Одинаев, ки ҳам худашу ҳам ду бачаашро маҳкум кардаед, бояд чи гуна рӯзу зиндагиашонро пеш баранд.
Муҳтарама Ледии №1
Эмомалӣ Раҳмонов бар муқобили ман тамоми ниҳодҳояшро ҷалб кардааст. Гӯед, ки аз ин кораш даст бардорад.
Дар баробари як қаламкаш, дар баробари як мунтақид, дар баробари як мухолиф ҳукуматро вобаста ва сафарбар кардааст. Наздикони маро водор карда истодааст, ки муқобили ман суханронӣ кунанд. Бори дигар бо тамоми имон ва исломам, бо тамоми ҳиммат ва азмам, бо тамоми ҷону қувватам мегӯям, ки аз ин роҳ барнахоҳам гашт.
“Зеро ман бавузӯҳ ва бар яқин чеҳра ва симои аслии шавхари шуморо шинохтаам ва яқин ва дақиқ медонам,ки то шавхари шумо дар сари қудрат бошад Тоҷикистон рӯи ободиро нахоҳад дид. Шавхари шумо, ки ҳанӯз дар оғози гирифтани қудрат бо пуштибонии артиши русҳову узбакҳо нисфи халқи тоҷикро қир карда буд, ҳоло хоки ин миллатро, замини ин миллатро, сарвату боигарии ин миллатро дуздидаву фурӯхта истодааст.”
Шумо ҳамин гапҳоро маро ҳатман ба Эмомалӣ бирасонед. Беҳтараш ҳамин навори маро дукаса тамошо кунеду ба ягон хулосаи одамвор биёед.
Мегӯянд, ки солҳои пеш Маҳмадназар Солеҳов ба Шумо робитаи наздик доштааст. Ҳоло бошад ҷойи онро Қодири ронанда -Каҷалаев гирифта будааст. Худатон ҳам бад набудаед.
Дар охири табрикотам инро бароятон ёдрас шавам, ки ҳама чиз поён дорад. Шумо ҳам инро бояд бидонед ва ба Эмомалӣ Раҳмонов хотиррасон кунед,ки кори дунё ба охират намемонад.