Чӣ тавр маошамро сарфа намоям дар ҳоле он хело кам аст ?

Ислоҳ нет

Чӣ тавр маошамро сарфа намоям дар ҳоле он хело кам аст ?

(Садақа ва фоидаҳои он)

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон дуруду салом бар Муҳаммад (с) Аҳли байт ва Асҳоби гиромиашон (разияллоҳу анҳум аҷмаъин). Дар ин мақола мехоҳам аз саргузашти як корманде нақл кунам. Ин шахс аз рӯи гуфти худ моҳонааш 400 доллар аст. Аммо ӯ аз камии маъоши худ шикоят мекунад, чунки қарздор аст. Ӯ мегӯяд: гумон мекунам бо чунин ҳоли вахиму сахт ва ҳаёти тоқатфарсо зиндагӣ мекунам, бо чунин ҳол хоҳам мурд ва ҳоли ман ҳаргиз тағйир нахоҳад ёфт, дар ҳоле, ки бо ҳамсару фарзандонам хушу хушбахтем ва ҳамсарам ҳолати маро хуб мефаҳмад ва ҳамеша дилбардориям мекунад, вале вазъи қарздориям маро ором намегузорад.
Оғози тағйирот аз куҷо маншаъ мегирад?
Ин шахс мегӯяд: Дар яке аз рӯзҳои истироҳатиям ба зиёрати як дӯстам рафтам. Вақте дохили хона шудам, чанде аз рафиқонамро низ дидам ва баъзе ҷавонони дигар ҳам ҳузур доштанд. Пас аз аҳвол пурсии якдигар ҳар кас аз худ сухан мегуфт. Аз шунидаҳоям бар худ андешидам, ки ҳоли ман дар баробари онҳо хеле хуб аст. Алҳамдулиллоҳ гуфтам. Пас аз тановули ғазо ба яке аз рафиқонам, ки назари ӯро хеле эҳтиром мекардам аз вазъи худ гуфтам. Нахуст ҳама гуфтаҳоямро гӯш андохт ва як пешниҳодам кард. Гуфт: аз он маоши моҳонаат “маблағеро барои садақа ихтисос бидеҳ“. Гуфтам: охир вазъи молии худам, ки хароб аст ва худ ниёз ба садақа дорам, вале боз ҳам исрор кард: “маблағеро барои садақа аз маошат ҳар моҳ ихтисос бидеҳ”.
Чун ба хона баргаштам ба ин пешниҳод хеле фикр кардам ва ба ҳамсарам ин пешниҳоди рафиқамро гуфтам. Ҳамсарам низ гуфт: биё, маблағе аз маошатро барои садақа ихтисос мекунем, шояд Худованд кӯшоише дар кору зиндагӣ ато фармояд. Ҳамсарам гуфт: ҳар моҳ 30 доллар аз моҳонаат барои садақа ҷудо менамоем ва мо ҳамон маблағро барои садақа ҷудо кардем. Шояд бовари кас наояд, аммо пас аз додани он маблағ дилам ба зиндагӣ гарм гашт ва тағйиротро аз моҳи аввал эҳсос кардам. Пас аз ду моҳи додани садақа дар маошам баракатеро дидам, ки онро ҳеҷ гоҳ надида будам. Ҳатто танзими адои қарзҳоям муайян гашт, ва ба фазли Аллоҳи меҳрубон умед доштам, ки қарзҳоям низ тамом мешаванд. Пас аз чанде яке аз наздиконам ширкати хонасозӣ кушод ва маро барои ҳамкорӣ (мисли даъват ва ҷалби одамон барои хариди хона) даъват кард. Савганд ба Худо ҳар вақте як муштариро барои харидани хона мебурдам он муштарӣ ё харидор харидори дигареро бароям муаррифӣ мекард. Ин кор бароям даромаду фоидаи зиёд овард ва ман аз ин даромад маблағеро барои садақа ҷудо мекардам, аммо на мисли маошам,ки дар як моҳ як бор, балки аз ҳар як фоидаи ба даст овардаам садақа медодам. Хонандаи гиромӣ, барои имтиҳон ончи ман дар ҳаётам ёфтам мехоҳам ту ҳам онро пайдо намоӣ. Агар маро бародари мусалмонат ҳисобӣ аз барои Худо моҳе садақа намуданро имтиҳон кун, худат тағйиротро дар ҳаётат хоҳӣ дид.Танҳо вақте садақа мекунӣ онро бидуни риё ва худнамоӣ пешкаш бисоз ва қабл аз садақа намудан он маблағро ба нияти садақа бидеҳ. Медонам ту худ мушкилот дорӣ ва ба он маблағ ниёз дорӣ, вале ҳастанд хонаводаҳое, ки аз ту дида бештар ниёзманданд. 
Барои онки фоидаи садақаро хубтар фаҳмед!
1. Барои онки шахсеро барои додани садақа қаноъатманд намоед, то маблағеро аз маоши моҳонааш садақа намояд, мисли он савобе, ки барои шахси садақадиҳанда мерасад барои шумо ҳам (шахсе, ки барои нафаре савоби садақаро мефаҳмонад) савоб мерасад, ҳатто пас аз марги шумо дар ҳоле, ки аз савоби шахси садақадиҳанда чизе кам намегардад.
2. Масалан ин мақоларо ба шахсе мефиристед ва ӯ бо ин паёми фиристодаи шумо қаноъатманд мегардад ва аз фардо садақа менамояд ва шумо ҳам шарики ин кори хайр хоҳед буд.
Хонандаи гиромӣ, агар шумо толибилм ва ё корманди оддӣ ҳам бошед садақа кунед (агарчӣ ба маблағи кам ҳам бошад) ва фарзандонатонро аз синни хурдӣ ба ин амал таълим диҳед, то дастгири шумо дар қабр ва рӯзи Қиёмат бошанд.
Қиссаи Лайс ва пиразан.
Шахсе буд ба номи Лайс ибни Саъд (раҳ), тиҷорати асал дошт ва як рӯз як сафина пур аз асал барояш расид, ки дар кӯзаҳои бузург буданд. Як пиразан ин кӯзаҳои асалро дида, бо як зарфи хурде, ки дар даст дошт, назди Лайс омад ва гуфт: писарам бароям каме асал бидеҳ. Лайс гуфт: не. Ин пиразан аз наздаш рафт. Лайс дид,ки пиразан аз наздаш дур шуд ба ёвараш гуфт: дарҳол аз пушти ин пиразан рав ва аз ҳолати зиндагияш хабардор шав, ва барояш як кӯзаи бузурги асалро ҳам бидеҳ. Ёвар гуфт: “Қурбон, ин пиразан аз шумо як коса асал хост шумо онро надодед ҳоло бошад барояш як кӯзаи бузург асал мефиристед, сабаб чист? Лайс гуфт: охир он пиразан ба андозаи худ талаб кард, чун барои ман муносиб ва лоиқ набуд ба он андозаи кам садақа кунам онро ҷавоби рад додам, то ки ба андозаи худ барояш садақа кунам”.
Агар шахси садақадиҳанда донад ва ҳатто тасаввури он чизе, ки садақа мекунад донад, ки он дар дасти бемислу монанди Худованд қарор мегирад пеш аз онки ба дасти фақиру ниёзманде, ки садақа менамоед мерасад, дар ин ҳолат лаззату ҳаловати шахси садақадиҳанда аз шахси садақагиранда ба маротиб зиёд мегардад.
Оё боре аз фоидаҳои садақа хондаед?
Дар вақти хондани фоидаҳои садақа ба шумораҳои 17,18,19 хуб таваҷҷӯҳ кунед!
1. Садақа дарвозае аз дарвозаҳои ҷаннат аст.
2. Садақа аз беҳтарин аъмоли солеҳ ва нек ба шумор меравад ва беҳтарини садақа таом додани ниёзмандону фақирон аст.
3. Садақа соябоне мегардад бар сари шахси садақадиҳанда дар рӯзи Қиёмат ва садақакунандаро аз оташи Дӯзах наҷот медиҳад.
4. Садақа ғазаби Худовандро хомӯш менамояд ва сахтии қабрро аз миён мебарад.
5. Садақа беҳтарин атову ҳадияест барои мурда ва фоидадортарин амалҳоест, ки барояш дар қабр мерасад.
6. Садақа поксозандаи шахс ва тазкияест барои нафс ва некиҳои шахси диҳандаро дучанд менамояд.
7. Садақа сабаби хушҳолии шахси садақадиҳанда мегардад ва ба ӯ дар рӯзи Қиёмат бо диди хосе нигоҳ карда мешавад.
8. Садақа амният ва амон аст аз тарс рӯзе, ки тарси бузург аст (рӯзи Қиёмат) ва шахси садақакунандаро ҳеҷ тарсе нест аз он чизе анҷом додааст.
9. Садақа сабаби мағфират ё омурзиши гуноҳон мегардад ва аз миёнбарандаи гуноҳон мегардад.
10. Садақа барои шахси садақадиҳанда барои некӯ аз дунё гузаштанаш мужда медиҳад, яъне ҳусни хотима ва малоикаҳо барояш дуо менамоянд.
11. Садақадиҳанда аз беҳтарин инсонҳо маҳсуб меёбад, инчунин савоби он садақа ба ҳар шахсе дар адои он садақа ба ниёзманд шарик бошанд, мерасад.
12. Садақадиҳандаро аҷру подоши бузурге ваъдаи хайр аст.
13. Садақадиҳандагонро сифатҳои парҳезгорон аст ва садақа сабаби дӯстдории бандагони Худованд мегардад.
14. Садақа шохае аз шохаҳои саховат ва нишонае аз нишонаҳои карам аст.
15. Садақа сабабест дар қабул гаштани дуои садақадиҳанда ва дур шудани мусибаташ.
16. Садақа балоро дур менамояд ва ҳафтод дарвозаи бадиро дар дунё мебандад.
17. Садақа умрро зиёд ва молу сарватро зиёд мекунад ва сабаби зиёд гаштани ризқу комёбӣ мегардад.
18. Садақа илоҷ, даво ва шифо аст.
19. Садақа диҳандаашро аз сӯхтор, ғарқ шудан, дуздида шудан, инчунн аз марги дар ҳолати бадӣ боз медорад.
20. Садақа аҷру подошаш доимӣ ва ҳамешагист, агарчӣ он садақа бар ҳайвонот ва паррандагон бошад.
Хонандаи гиромӣ, барои додани садақа агарчӣ кам ҳам бошад бикӯш! Зеро камтарин маблағеро, ки шумо садақа мекунед назди Аллоҳ хеле арзиши бузург дорад. Ҳамчунин дар нашри ин мақола саҳмгузор бошед, чунки афроде ҳастанд, ки ҳанӯзам аз ин фазилатҳо хабар надоранд ва дар фаҳмишу дар кори хайри ин афрод боис мегардед. “Далолаткунанда бар кори хайре монанди анҷомдиҳандаи он кори хайр аст”.
Моро дар дуоҳои хайратон фаромӯш насозед, дӯстдори шумо азизон

Share This Article