Торикуссалот киро гўянд ва ҳукми ислом чист?
Чандест ин саволро бародарон аз мо мепурсанд ва хоҳиш доранд онро бо истидлоли комил посух гӯем.Мехоҳам ба ин савол ба шакли мақола посух гӯям,то ҳама аз он истифода намоянд.
Худованди карим дар қуръони карим мефармояд:
«Сипас касоне ҷойнишини инҳо шуданд, ки намозро зоеъ гузоштанд (тарк карданд) ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ ба Ғай хоҳанд афтод. Ғайри он кас, ки тавба кард ва имон овард ва корҳое шоиста кард. Инҳо ба биҳишт дохил мешаванд ва ҳеҷ мавриди ситамқарор намегиранд».
(Сураи Марям,оятҳои 59-60)
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар зимни тафсири ин ояти муборака чунин мефармоянд: Инҷо маънои «أضاعوا» «Азоъу» ба маънои ба кулли тарк кардан нест,балке онро аз вақти муқаррар шудааш таъхир намудан аст(тафсири табари-3\311)
Имоми тобеъин Саъид ибни Мусайяб(р.а.ҳ) мегӯяд: Манзур аз ин лафз ин аст,ки шахс намегузорад намози зуҳрашро магар ҳангоми дохил шудан ё наздик шудани вақти аср.Намегузорад асрашро магар қарибшудани намози шом.Намегузорад шомашро магар қарибшудани вақти хуфтан.Намегузорад хуфтанашро магар қарибшудани вақти бомдод.Намегузорад бомдодашро магар онки офтоб тулўъ намояд.Агар шахсе ин амалро ҳамеша такрор намояд ва ин амал барояш одат гардад ва аз ин амалаш тавба накунад ва аз дунё бо ин ҳолат дар гузарад, дар ин ҳолат Худованд барои чунин шахс ваъдаи «Ғай» намудааст. «Ғай» водиест дар ҷаҳаннам,ки хело чуқур буда ва хело таъми баду палиде дорад.
Худованди карим дар ин маврид дар Қуръони карим чунин мефармояд:
«Пас, вой бар он намозгузороне,ки дар намози худ саҳлангоранд (дар ғафлатанд)». ( Сураи Моъун,оятҳои 4-5 )
Дар ин ояти муборака маънои «ساهون» «Соҳун» ба маънои ғофил ва саҳлангор ва танбал тафсир намудаанд.
Саъд ибни Абулваққос(раз) аз Расули Акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) пурсиданд аз маънои калимаи«ساهون» «Соҳун» Расули акрам(с) гуфтанд:
«Он таъхири(намоз) аз вақташ мебошад»( маҷмаъ 1\325)
Хонандаи гироми дар инҷо бароямон маълум гардид,ки маънои калимаи«ساهون» «Соҳун» таъхир намудани намоз аз вақти муъаян гашта барои он намоз.Худованд намозгузор номид ин тоифаро вале барои онки вақти намозро нашинохтанд ва онро таъхир карданд ва ё саҳлангори намуданд барои онҳо «ويل» «Вайл» азоби шадиде дар ҷаҳаннам ваъда намуд.Бархе дигар аз муфассирон«ويل» «Вайл» ро Водие дар ҷаҳаннам гуфтаанд.Мегуянд агар куҳҳои дунё дар он андохта шаванд ҳама аз шиддати гарми ва ҳарорати он об гарданд.Бале ин води макон ва қароргоҳи ононест,ки танбали менамоянд дар гузоштани намоз дар вақтҳои муъаян гардидаи он ва онро дар вақташ намегузоранд.Агар дар ҳар шахсе ин амал вуҷуд дошта бошад бояд тавба намояд ва аз гузаштаи бадаш пушаймон шавад то ба ин ваъиди сахти илоҳи гирифтор нагардад.Хонандаи гироми ин ҳоли шахси намозгузореки дар намозаш чунин камои аст вои бар ҳоли шахсеки намоз намегузорад ва мунтазири ба нафақа расидан аст.
Мехоҳам як ояти дигари Қуръони каримро ки дар ин маврид низ омада аст бароятон бозгу намоям.
«Эй касоне, ки имон овардед, амволу авлодатон шуморо аз зикри Худо ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст».
(Сураи Мунофиқун,ояти 9)
Муфасирон дар тафсири ин ояти карима чунин мегӯянд: Дар ин ояти карима калимаи «ذكرالله» «Зикриллоҳ» мурод аз ин намозҳои панҷгона аст.Пас агар шахсе машғул гардад ба молаш ва ё дар хариду фурўш,зиндаги ва зану фарзандонаш дар ҳангоми вақтҳои муъаянгардидаи намозҳои панҷгона ин шахс аз ҷумлаи зиёнкорон мегардад.Чуноне,ки расули акрам (с) дар ин маврид чунин фармудаанд:
«Аввалин чизе,ки аз банда ҳисобот гирифта мешавад рўзи қиёмат аз амалҳояш ин намоз аст.Агар дар ин ҳисобот накў буд пас растагор ва комёб гашт.Агар дар он камои ва нуқсоне вуҷуд дошта бошад пас зиён кард ва ноком хоҳад гашт….»(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Тирмизӣ,Абудовуд,Нисои)
Худованди карим дар китоби ҷовидонаи худ чунин ҳоли дузахиёнро баён медорад ва сабабашро намоз мегуяд.
42.ки чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам кашонид?
43.Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем
44.ва ба дарвешон таъом намедодем
45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
46.ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,
47.то марги мо фаро расид».
48.Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад
( Сураи Мудассир,оятҳои 42-48)
Расули акрам (с) дар ҳадисе чунин гуфтаанд: «Аҳду паймоне,ки миёни мо (мусалмонон ва кофирон) ва онҳо ҳаст ин намоз аст.Шахсе,ки (намозро) тарк кард ба таҳқиқ аз дин хориҷ шудааст»(Саҳеҳ Сунани Тирмизӣ 2113)
Боз дар ҳадиси дигаре чунин фармудаанд:
«Миёни банда ва куфр ин тарки намоз аст» (Ривояти Абудовуд дар тарғиб зери рақами 814)
Дар сунан аз расули акрам (с) омадааст:
«Шахсе,ки тарк намояд намозашро қасдан ба таҳқиқ бардошта мешавад аз У зиммаи Худованд»(ин ҳадисро ривоят кардаанд Имом Аҳмад,Байҳқи,Табарони ва дигарон).
Дар ин маврид боз расули акрам(с) чунин фармудаанд:
«Шахсе барподарад намозашро (дар вақтҳои муъаян гардидааш) мегардад(намоз) барояш нур,далел ва наҷот рўзи қиёмат. Шахсе,ки барпо надорад (намозро) намебошад барои Ў нур,далел ва наҷот рўзи қиёмат.Рўзи қиёмат ҳамроҳи Фиръавн, Қорун, Ҳомон ва Убай ибни Халаф(маҳшур мегардад) (Ин ҳадис ба ривояти Имом Аҳмад,Ҳайсами дар Маҷмаъ 1\32)
Дар шарҳи ҳадиси боло уламо чунин гуфтаанд: Шахси торикуссалот рўзи қиёмат бо ин чаҳор нафар ҳашр мешаванд.
-Шахсе,ки намозро аз сабаби машғул буданаш ба моликият,вазир буданаш,тиҷораташ ва молу сарваташ тарк намудааст рўзи қиёмат бо Қорун ҳашр мегардад.
-Шахсе намозро барои соҳиби мулк ва раёсаташ тарк менамояд рўзи қиёмат бо Фиръавн ҳашр мегардад.
Шахсе намозро танҳо барои он тарк менамояд,ки Ў вазир аст рўзи қиёмат бо Ҳомон маҳшур хоҳад гашт.
-Аммо шахсе,ки барои тиҷорат ва андухтани молу сарвати дунё намозашро тарк намояд рўзи қиёмат бо Убай ибни Халаф,ки яке аз мушрикони бузурги макка ҳашр хоҳад гашт.
Умар ибни Хаттоб(р) дар ин маврид чунин мегуяд: «Ҳеҷ баҳрае набурдааст аз ислом шахсеки намозашро тарк кардааст» (Ривояти Имом молик дар китоби Ал-муваттоъ 1\32)
Бале Умар ибни Хаттоб (р) ҳангоме,ки Абўлуълуъи маҷусии палид ҳазратро захми намуд вақти намози субҳ буд.Саҳобагон ба он ҳазрат гуфтанд Амирул муъминин намоз гуфт бале ва суханони болоро такрор намуд ва дар ҳоле,ки аз ҷой ханҷари заҳролуд хун равон буд ва намозашонро тарк накарданд.Бале хонандаи гироми ин аст пойбанди бар намоз ҳеҷкоре, ҳеҷ чизе, ҳеҷ ганҷе, ҳеҷ мусибате ва ҳеҷ хушие набояд туро аз адои намоз дар вақташ манъ намояд.Намоз раҳобахши ту ҳам дар қабр ва ҳам дар сарои қиёмат аст.
Бояд ҳамеша шиъори ту барои намоз ин калимот бошад!.
Ба намоз нагу,ки вақти кор аст,
Ба кор бигу вақти намоз аст.
Умед аст хонадагони гиромӣ дар ин маврид камеҳам бошад маълумот гирифта бошед. Аллоҳ ҳамаи мо ва шуморо дар адои намозҳои панҷгона дар вақтҳои муаянгардидааш устувор гардонад омин.