Ҳукми назар кардани мард занро ва зан мардро дар шариъати ислом

Ислоҳ нет

Ҳукми назар кардани мард занро ва зан мардро дар шариъати ислом

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод аз шумо хоҳиш менамоям дар мавриди назар кардани мард занро каме мефаҳмондед.Зеро якҷо хело баҳс шуд ва чанд сухан онҷо гуфтанд.Намедонам кадомаш дуруст буд ва чигӯна бояд бошем. Медонед ҳоло хело асри фасод аст ва хело дар ин масала мо ҷавонон кутоҳӣ мекунем.Ҳатто дар донишгоҳе таҳсил мекунам ҳангоми суҳбат бо духтарон ба онҳо нигоҳ намекунам.Механданд ба ман ва масқараам мекунанд,ки чаро ман ба рӯяшон нигоҳ намекунам.Аз барои Аллоҳ каме дар ин масала мефаҳмондед. Бо эҳтиром Бахтовари И.

Ва алайкум Асалом ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳу.Ҷавони хело хуб ва бо имон Бахтовар.Бале ҳоло асри фасод ва паст будани сатҳи маърифати динии ҷавонон аст.Набояд аз ин тарсид ва чунонеки ҳаст онро пазируфт ва амал кард. Балке бояд бо ҷиддият ва устувори ин ҳолатҳоро пушти сар намоем.Шумо танҳо нестед дар ин ҷойгоҳ ва ҳолате,ки қарор гирифтаед.Балке ҳама онҳоеки имон доранду мусалмонанд дар чунин танго ва маъзақе қарор дорем.

Аллоҳ духтарон ва занони миллати моро бо иффат ва ҳаё гардонад,то дар домонашон фарзандони бо ору номус ва оламшумуле тарбият ёбанд.Агар онҳо худ нахуст ислоҳ нашаванд пас бо таъассуфи шадид миллатро ин абри сиёҳ солҳои дарозу тулоние дар ин вазъ қарор хоҳад дод.Агар ҳар мард духтарашро ва ҳар бародар хоҳарашро ва ҳар шавҳар ҳамсарашро тарбият намояд.Ҷомеъаи моро занони бо ҳаё ва бо иффату каромату фозила фаро мегирад.Ин насл фарзандонеро ба дунё меоваранд,ки дигар аз насли феъли ба кулли фарқи шохису назаррасе хоҳанд дошт.Ман муътақидам,ки аз тарбияи писар карда тарбияти духтар муҳимтар аст.Хушо ба ҳоли падару бародари мусалмоне,ки духтару хоҳари худро тарбияи шоистае менамоянд ва ба шавҳар медиҳанд.Дар омузонидани духтаронатон кутоҳи накунед на худ ва на онҳоро бадбахту роҳгумкарда, дар чорроҳи зиндагии ин дунё ва авоқибу ҳолатҳои риққатовари қабру охират қарор надиҳед!.

Ибни Ҷабр (раҳ) мегӯяд: “Нигоҳ доштани чашмҳо аз он чизҳоеки Аллоҳ онҳоро ҳаром намуда аст.Сабаб мегардад дар муҳаббати Аллоҳ”

Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло мефармояд

“Ба мардони мӯъмин бигӯ,ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд.Ин барояшон покизатар аст.Зеро Аллоҳ ба корҳое,ки мекунанд,огоҳ аст!.Ба занони муъмин бигӯ,ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор,ки пайдост,ошкор накунанд ва рӯймолҳои худро то гиребон бипӯшанд ва зинатҳои худро ошкор накунанд,ғайри ба шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони худ(ғуломон) ё мардони хидматгузори худ,ки рағбат ба зан надоранд,ё кудаконе,ки аз шармгоҳи занон бехабаранд.Ва низ чунон пой бар замин назананд,то он зинат,ки пинҳон кардаанд,дониста шавад.Эй муъминон,ҳамагон ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед,шояд наҷот ёбед.”(Сураи Нур,оятҳои 30 31)

Ин амри Аллоҳ аст нисбати назар кардан ба зани бегона ва занон ба мардони бегона.Ҳаром аст назар кардани якдигар бо шаҳват бо иттифоқи ҳама уламои уммат.

Дар ҳадиси саҳеҳ аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин омадааст:Пурсидам аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз нигоҳ кардани зани бегона ба ногоҳ(яъне нохоста чашмат ба зани бегонае расад) Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) маро амр намуданд,то чашмамро аз ӯ баргардонам(яъне ду бора он зани бегонаро нигоҳ накунам.(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим )

Қози Иёз(раҳ) ва бархе дигаре аз уламо мегӯянд: Ин ҳадис далолат бар он мекунад,ки занҳо вақте рӯяшон боз дар роҳ мерафтанд ва вақте марди мусалмон назараш ба онҳо расид,дар ҳол назари худро ба тарафи дигар гардонанд.Инчунин ин ҳадис далолат кунандаи он аст,ки занҳо бо риъояти ҳиҷоби шаръи метавонанд озодона рафту гузор намоянд ва воҷиб нест дар аснои роҳ рафтан рӯйи худро бипушонанд.

Дар умум назар кардан ба зани бегона бидуни ҳоҷат ҷоиз нест.Агар ҳоҷате бошад,ки ногузир бояд нигоҳ кард онҳам бояд танҳо ба рӯяш бошад.
Уламои дигар бар ин назаранд,ки нигоҳ кардан ба рӯй даст ва пойҳои зан боке надорад агар дар он назар шаҳват набошад.
Вале ҳеҷ назари мард ба зани бегона дар умум бе шаҳват нест.Аз назар кардан ба занону духтарони бегона бояд ҷавонон худдорӣ намоянд ва ин ба ҳақ наздик аст.

Дар мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ва Имом Шофеъӣ (раҳ) Назар кардани зани бегона агар бидуни шаҳват бошад ҷоиз аст танҳо ба рӯяш ва дастонаш.
Мазҳаби Имом Молик ва Имом Аҳмад Ибни Ҳанбал(раҳ) чунин мегӯянд: Қавлҳои ҳарду имомҳам мисли мазҳаби Ҳанафӣ ва Шофеъӣ (раҳ) буда рӯй ва дастони занро агар аз рӯйи шаҳват набошад ҷоиз аст нигоҳ кардан барои ҳоҷат.Аммо қавлҳои шогирдони ин ду мазҳаб ба кулли фарқ мекунад дар ин масала ва чунин мегӯянд:Ҳама аъзои бадани зан аврат аст ҳатто нохунҳои занро аврат медонанд ва набояд ба зани бегона назар карда шавад.Аҳодиси зиёдеро барои сиҳат будани қавлашон овардаанд.
То инҷо хулоса буд акнун мепардозем ба тафсил.

Мехоҳам ба ин савол бар асоси мазҳаби ҳанафӣ пеш равем, қавлҳои мўътабари уламои ҳанафиро дар ин масъала бе шарҳу изофа, магар дар мавридҳои зарурӣ баён медорам,то тулонӣ нашавад.

Имом Сарахсӣ дар китоби машҳури худ «Алмабсут» масъаларо ба таври комил ва ҳамаҷониба шарҳу тафсир намуда ва дар охир назари худ ва дигар имомони мазҳаби ҳанафиро ба таври машруҳ бо далелу бурҳон баён менамояд ва хулосаи назари Имом Сарахсӣ дар ин масъала ин аст, ки назар кардан бар чаҳор қисм аст:

1. Назар кардани мард ба сўи мард;
2. Назар кардани зан ба сўи зан;
3. Назар кардани зан ба сўи мард;
4. Назар кардани мард ба сўи зан;

1. Назари мард ба сўи мард
Барои мард раво аст, ки ба ҳама аъзои бадани марди дигар ба ҷуз аврати вай назар намояд ва аврати мард аз ноф то ба зери зону аст.

2. Назари зан ба сўи зан
Назар кардани зан ба сўи зани дигар, монанди назар кардани мард ба сўи марди дигар аст, яъне барои зан равост, ки ба тамоми аъзои бадани зани дигар, ба ғайри ноф то зери зонуи он назар намояд.

3. Назари зан ба сўи мард
Назар кардани зан ба сўи мард, монанди назар кардани мард ба сўи марди дигар аст, яъне барои зан раво аст, ки ба тамоми аъзои бадани мард, ба ҷуз байни ноф ва зонуяш назар намояд ва албатта, мурод аз ин мард, ғайр аз шавҳар аст, зеро барои зан раво аст, ки ба тамоми бадани шавҳари худ, ҳатто ба авраташ назар андозад.

4. Назари мард ба сўи зан
Назар кардани мард ба сўи зан ба чаҳор қисм тақсим мешавад:
а) Назар кардани мард ба сўи ҳамсар; 
б) Назар кардани мард ба сўи маҳрамҳояш (монанди модар, духтар…);
в) Назар кардани мард ба сўи зани бегона;

а) Назар кардани мард ба сўи ҳамсар
Барои мард раво аст, ки аз фарқи сар то нохуни пои ҳамсараш ба ҳар ҷояш, ки хоста бошад, назар андозад, хоҳ назар кардан ба шаҳват бошад ва хоҳ бе шаҳват, зеро дар сурате, ки ҳамбистар шудан бо занаш раво аст, бешак назар кардан ба тариқи авло ба тамоми бадани онҳо беистисно раво мебошад.

Тазаккур:
Бояд ҳатман огоҳ буд, ки зани хизматгор, ҳукми назар кардан ба сўяш, монанди ҳукми назар кардан ба сўи ҳар зани озоди дигаре аст ва набояд чунин фикр кард, ки зани хизматгор ҳукми канизро дошта ва назар кардан ба тамоми баданаш равост.

б) Назар кардани мард ба сўи маҳрамҳояш
Маҳрамҳо касоне ҳастанд, ки никоҳи онҳо барои ҳамеша бар мард нораво аст, монанди модар, духтар, хоҳар, хола, амма ва мисли инҳо ва барои мард раво аст, ки ба сўи маҳрамҳои худ назар намояд, вале ин назар кардан дарои маҳдудият ва шароите аст, ки шарҳи он зимни чанд тазаккури зер баён мегардад:

Чанд тазаккур:
1. Ҷойҳоеро, ки шахс метавонад аз маҳрамҳои худ назар кунад, фақат мавзеъҳои зинат аст ва мавзеъҳои зинат иборатанд аз: рўй, мўй, сар, гардан, бозу, соқи даст ва соқи по;
2. Назар кардани мард ба ҷойҳои дигари ҷисми маҳрамҳояш, монанди шикам, пушт, паҳлў, зону ва болотар аз он раво нест;
3. Ин ҳукм хос ба маҳрамҳои насаб монанди модар ва хоҳар ва мисли онҳо нест, балки шомили маҳрамҳои ширхорагӣ монанди модари ширдеҳ, хоҳари ширхорагӣ ва мисли инҳо ва ҳамчун маҳрамҳои хешовандӣ, монанди модари зан, ҳамсари падар ва ғайра, гурўҳе, ки дар боби никоҳ онҳоро зикр намуда будам дар мақолаҳои қаблӣ, низ шомил мегардад;
4. Ҳамон тавре, ки назар кардан ба сўи маҳрамҳо раво аст, танҳо нишастан ва сафар кардан бо онҳо низ раво аст;
5. Барои мард раво аст, ки дар савор кардан ва пиёда кардани он идда аз маҳрамҳояш, ки эҳтиёҷ ба кўмак доранд, ба онҳо ёрӣ намояд ва боке надорад, ки дар ин ҳол дасташ ба пушт ва ё паҳлўи он бирасад;
6. Тамоми он чи, ки дар ин панҷ маврид гузашт, барои касе аст, ки бар худ ва бар зани маҳрами худ боварӣ ва итминон дошта бошад, ки тамоюли ҷинсӣ ва шаҳват байни онҳо матраҳ нест ва агар чунин боварие бар худ ва ё бар зани маҳрами худ надошт, бояд аз ҳама чиз, хусусан аз танҳо шудан ва сафар кардан ва ламс намудани онҳо ҳатман худдорӣ намоянд.

в) Назари мард ба сўи зани бегона 
Барои мард раво аст, ки ба сўи занҳои дигар, яъне занҳое, ки бо вай бегона ҳастанд, танҳо дар мавзеъҳои зинати зоҳирӣ, иборат аз рўи ва даст аст ва мурод аз даст: аз сари ангуштон то банди даст ва мурод аз рўй, аз макони руйидани мўи сар то зери манаҳ ва аз канори як гўш то гўши дигар аст.

Чанд тазаккур:
1. Ин, ки рўй ва даст зан аврат набуда ва пўшидани онҳо аз шахсҳои бегона бар вай лозим нест, тибқи фатвои уламои мазҳаби ҳанафӣ аст;

2. Худи Имом Абу Ҳанифа (р) бар ин назар аст, ки пои зан то буҷулак низ аврат набуда ва пўшидани он бар вай лозим нест;

3. Имом Абуюсуф (р) мегўяд: “Соқи дасти зан то ба оринҷҳо низ аврат намебошад ва пўшондани он аз марди бегона бар зан зарурӣ нест”;Аммо назари фуқаҳо ва уламои комили мазоҳиби дигари Аҳли Суннат то банди даст аст,на то оринҷ чунонеки Имом Абуюсуф(раҳ) баён доштаанд.Дар ин масала занҳо набояд кутоҳӣ намоянд.Ҳатто мазоҳиби дигар пой занроҳам(қадамашро) аврат медонанд ба ин назаранд,ки комилан пушида бошад ҳатто ҳангоми намозҳам либоси дароз пушанд.
4. Иддаи дигаре аз уламои ҳанафӣ бар ин назаранд, ки дандони зан низ аврат нест, зеро дар вақти сухан гуфтан бо мардҳо, дандонҳояш хоҳ нохоҳ дида мешавад;
5. Напўшидани рўй ва дасти зан ва назар кардани мард ба сўи онҳо вақте раво аст, ки ин назар кардан оддӣ бошанд ва агар аз рўй шаҳват бошад, раво нест;
6.Аллома Ибни Обидин дар Раддул муҳтор мегӯяд: Манъ аст духтари ҷавонро инки рӯяшро кушода дар миёни мардон гашту гузор намояд.На барои инки аврат аст балке аз барои тарси фитна то шаҳвати мардонро ба бор наоварад.

7. Ҳамон тавре, ки назар кардани мард ба сўи зан ба шаҳват раво нест, инчунин назари зан ба сўи мард аз рўй шаҳват низ раво нест;
8. Бо даст салом кардан бо зани ҷавон, агарчи аз рўйи шаҳват ҳам набошад, раво нест;
9. Бо даст салом кардан бо зани пир, агар аз рўйи шаҳват набошад, раво аст. Ин чизе буд, ки аз мазҳаби ҳанафӣ нақл гардид. Вале назар ба ҳадиси сареҳ хулосааш ин аст:

а) Бояд салом кардан бо даст бо занҳо комилан ҷилвгири намоед, агарчи зан пирҳам бошад, худдорӣ шавад, зеро зарурате барои ин кор дида намешавад ва илова бар он меъёри дақиқ ва муайяне барои зани пир вуҷуд надорад ва мешавад, ки ба баҳонаи пир будан бо бисёре аз занҳо, ҳол он, ки пир ҳам набошад, даст дода салом намуд ва ба ин тариқ роҳе барои мунҳарифон боз гардад.

б) Зан бояд рўяшро дар ин ҳолатҳо бипўшонад:

1. Агар бубинад шахс ва ё шахсҳое ба ў таваҷҷўҳ намуда ва аз рўй шаҳват ба сўяш назар мекунад ҳатман худро зери ин чашмчаронҳо қарор надиҳад;
2. Агар дар муҳите қарор дошта бошад, ки пўшонидани рўй дар онҳо маъмул буда ва напўшидани он, сабаби тўҳмат ва таъна барои худи зан ва ё вобастагонаш мегардад пас бояд рӯяшро бипушонад;

3. Агар дар муҳите қарор дошта бошад, ки напўшидани рўй дар он ҷо лозимӣ буда ва ба сурати қонун даромада бошад пас тибқи маъмул амал намоянд;
4.Ҳоло дар кишварҳои мо ҳамин риъояти ҳиҷоби шаръӣ риъоят гардад,чунонеки мебинем ҳолати занҳои ҳиҷобпӯш хело сангин аст.Хӯб ҳамон рӯймоли миллӣ мегӯянд муҳим мӯйи сараш набояд намоён бошад. Аз дамидани мӯй ,то зери манаҳ бояд комилан пушида ва мастур бошад.

10. Аз рўи зарурат (масалан, муъолиҷа) раво аст, ки зан ба тамоми бадани зани дигар ва мард ба тамоми бадани марди дигар назар намуда ва ламс намояд ва албатта, мурод аз он зарурат он аст, ки анҷом надодани он амал, сабаби ҳалокати шахс ва ё аз байн рафтани узве аз аъзояш гардад ва дар айни ҳол ҳеҷ роҳи ҳалли дигаре ба ҷуз аз назар кардан ва ё ламс намудан вуҷуд надошта бошад;

11. Барои қозӣ ва ҳокими шаръ раво аст, ки дар ҳангоми шаҳодат додани зан ва ё содир намудани ҳукм нисбат ба вай, ба сўяш назар кунад, вале бояд қасди онҳо мавзўъи шаҳодат ва содир намудани ҳукм бошад, на чизи дигар.

12. Ғайр аз рўй ва дасти зан то банди даст ва пойи зан то буҷулак, дигар ҳама аъзои бадани зан аврат буда ва бояд онро аз чашми мардони бегона пинҳон нигоҳ дорад;

13. Зан агарчи танҳо бошад, ҷуз дар ҳолати ғусл кардан, агарчи дар хонаи худҳам қарор дошта бошад, набояд худашро бараҳна намояд;

14. Тифли хурдсол (то ҳудуди сесола) лозим ба пўшондани аврати худ нест, вале беҳтар аст модараш аврати ўро пўшонида ва ўро ба пўшондани авраташ одат диҳад;

15. Кўдаки дар ҳудуди чаҳор то ҳашт сол расида набояд, авраташро ошкор намояд ва бар модар ва падараш лозим аст, то ўро адаб намуда ва ба пўшонидани аврат маҷбур намоянд

16. Кўдаке, ки майл ба лаззат ва шаҳват пайдо намудааст, (аз нўҳ сол ва болотар аз он нисбат ба духтар ва аз дувоздаҳ сол ва болотар аз он нисбат ба писар), ҳукмаш ба мисли ҳукми шахси ба балоғат расида аст;

Дар охир инро бояд ҳар ҷавон ва марду зани мусалмон бидонанд,ки як нигоҳи ҳаром ончунон авоқиби хатарноке дорад,ки тавсиф нашаванда.Барои мардҳои оиладор барҳам хурдани оила,барои толибилм фаромӯшхотирӣ ва кундзеҳниро ба бор меоварад.Дар охират бошад мунҷар ба рехтани оташи сӯзони ҷаҳаннам ба чашмҳо ва он дидаҳое,ки ба ҳаром назарафканда аст!.

Умед аст аз ин посух бародар Бахтовар ва дигар хонандагон истифода намуда бошанд Валлоҳу аълам биссавоб.

Share This Article