Ҳукми шахси дашном кунанда ва посухи дашном шаванда
Мақолае,ки дирӯз нисбати “Ҳангомеки моро дашном ва ё сухани носазое гуфтанд чӣ кор бояд кунем?” Мепурсанд шахсе дашном кунандаро чӣ чизе интизор аст? Ислом дар мавриди чунин шахс чӣ мегӯяд?
Тасмим гирифтам дар ин маврид чизе нависам,то шахсони дашном кунанда ва лаънат кунанда ҳукми шариъати исломро дар ин маврид донанд.Инчунин посухи шахсеки дашномаш кардаанд чӣ гӯна бояд бошад.
Расули акарам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:
عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم:
” ليسَ المؤمِنُ بِطَعّان ولا لعّان ولا فاحِش ولا بَذيء ” (رواه البخاري في الأدب وأحمد وإبن حبان والحاكم)
Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) гуфтанд: Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Мусалмон на таъна кунанда ва на лаънат кунанда ва на фоҳиш ва на гӯяндаи суханони пасту бе парда мебошад”(ҳадис ба ривояти Имом Бухорӣ дар адаб,Аҳмад,Ибни Ҳиббон ва Ҳоким мебошад)
Ҳаргиз таъна,лаънат, суханони фаҳшу паст гуфтан аз ахлоқи шахси мусалмон намебошад.
Расули акарам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) дар як ҳадиси дигар мефармоянд: [سباب المسلم فسوق، وقتاله كفر] (متفق عليه)
“Дашном кардани мусалмон фисқ аст ва куштанаш куфр”
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Маънои фосиқ: Шахсе аз роҳи ҳақ ва рост берун гаштаро мегӯянд.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) чунин фармудаанд:
[ومن لعن مؤمنا فهو كقتله ومن قذف مؤمنا بكفر فهو كقتله] اخرجه البخاري
“Шахсе лаънат кунад(гӯяд) муъминеро ин лаънат кардан ба монанди куштанаш мебошад.Шахсе иттиҳом ба куфр кунад муъминеро ин(кофир гуфтан) ба монанди куштани он муъмин аст” (Ривояти Имом Бухорӣ)
Ин аҳодисе дар боло овардам, хело возеҳ ва равшан баён шудаанд ва ниёз ба шарҳ надоранд. Пас хело ҳангоми ҷангу даъво намуданҳоямон забонҳоямонро нигоҳ бояд дорем.Қатли маҷозиҳам айни қатли ҳақиқи мебошад.Зеро иттиҳом ба куфр намудани бародари мусалмон кори саҳлу осоне нест. Бояд ҷанобони такфирӣ хело диққат кунанд ҳангоми ҳукм ба куфр намуданҳояшон.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид фармудааст:
قوله تعالى: {ولا تلمزوا أنفسكم ولا تنابزوا بالألقاب بئس الاسم الفسوق بعد الإيمان ومن لم يتب فأولئك هم الظالمون} (الحجرات:11)
“..Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.”(Сураи Ҳуҷурот,ояти 11)
Чӣ гӯна посухи шахси дашном кунандаро бояд дод?
Бештар бародарон мепурсанд,ки вақте маро дашном мекунад касе чӣ гӯна бояд ҷавоб диҳам? Агар ман чизе нагӯям ва ӯро ончунон гузорам ва равам ба ман мегӯянд тарсид ва ё ончӣ ба ӯ гуфта шуд ҳақ ва рост буд.
Шахсе нахуст ба дашном додан шурӯъ мекунад гунағгори асосӣ он шахс аст. Гуноҳе ё мафсадае дар ин ҷанҷол ба вуҷуд меояд ҳама бар души шахсест нахуст шурӯъ намудааст бо дашном кардан.
Нахуст кушиш кунед агар донед,ки танҳоед ва касе онҷо иштирок надорад он шахсро ба ҳоли худаш гузоред ва бубахшед ӯро.Ин ахлоқи волои шахси мусалмон мебошад.
Агар дидед намешавад бояд ба он андозаеки бар шарафи шумо зулм шудааст ва бе эҳтиромӣ сурат гирифтааст аз ҳаққи худ бо суханони солим ва мантиқи посух гӯед.Кушиш кунед аз ҳад ва андоза нагузаред ва аз он дашном кунандаи Аҳмақ шумо бисёртар суханони носазо нагӯед!
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
ولمن انتصر بعد ظلمه فأولئك ما عليهم من سبيل [الشورى41]
“Бар касоне, ки пас аз ситаме, ки бар онҳо рафта бошад, интиқом мегиранд, маломате нест”(Сураи Шуро,ояти 41)
والذين إذا أصابهم البغي هم ينتصرون [الشورى39]
“Ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд (хештанро ёрӣ медиҳанд ва зери бори зулм намераванд)”
(Сураи Шуро,ояти 39)
Бар зами инки метавонед он зулме бар шумо ва бар шарафи шумо сурат гирифтааст ҳаққи худро мислеки бо шумо сурат гирифта аст биситонед. Аммо бахшишро Аллоҳ беҳтар унвон кардааст.
ولمن صبر وغفر إن ذلك لمن عزم الأمور [الشورى43]
“Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳои писандида аст.”(Сураи Шуро,ояти 43)
Ҷойз нест барои шахсе,ки дашномаш додаанд бигӯяд суханонеки ба ӯ гуфта шудааст.Инчунин дар он суханон туҳмат,дурӯғ,дашному суханони носазо гӯфтан бар гузаштагонӣ дашном кунанда набошад.
Масалан бигӯяд: Эй золим,эй аҳмақ,эй нобакор,эй хирасар ба монади ин суханон,зеро дар ин суханон ҳеҷ дурӯғе ва туҳмате бар шарафаш сурат нагирифтааст ва ин ҳақиқат аст.
Уламо мегӯянд агар шахсе бар ӯ дашном ва суханони носазо сурат гирифта аст.Пас аз ин ӯ бар он шахс ғолиб ояд дар ин ҳолат зулм аз шахси аввали бардошта мешавад,зеро шахси дашномгашта ҳаққашро соҳиб гашт. Танҳо бар ӯ гуноҳи оғоз кардани дашном боқи мемонад.
Агар шахсеки дашномаш кардаанд ӯ бештар суханони носазо гӯяд дар ин ҳолат ҳарду гунаҳгор мегарданд ва ҳарду дар ҳукм якнаво мебошанд.
Тибқи ҳадиси саҳеҳ ин ҳолатро баён менамоям.
Иёз ибни Ҳамор мегӯяд гуфтам : Эй Набияллоҳ ! Марде маро дашном мекунад дар ҳоле ӯ аз ман пасттар аст(ҳақиру сифлае ҳаст).Оё мумкин ат садоямро баланд кунам,то бар ӯ ғолиб оям?. Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ду нафаре ба ҳамдигар дашном мекунанд ва онеки дашномаш кардаанд мехоҳад ҷавобаш диҳад.Монанди ду шайтоне мебошанд,ки бар якдигар суханони носазо ва ботил мегӯянд ва ҳарду дурӯғ мегӯянд “(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Ҳиббон)
Дар шарҳи ин ҳадис муҳаддисон мегӯянд: Агар шахси дашном шуда бештар посух гӯяд пас инҷо гуноҳаш бештар мегардад аз шахси дашном кунанда.Агарчӣ дашном кунанда оғозҳам карда бошад вале дуввуми аз андоза гузарад гуноҳаш бештар аст зеро аз андоза гузаштааст.Мазлумияташ ба поён расида балке мисли золим ва бештар аз ӯ мегардад.
Пас инҷост,ки ҳамеша бояд дар ин масала афв ва гузаштро кор бигирем.Бовар кунед як сухани ноҷо хатарҳои зиёде дорад барои мусалмон.Чаро амалҳои худро барои як сухани ноҷо ҳабата ва бекор намоем? Хело диққати ҷидди бояд диҳем хоссатан ҷавонони имрӯзии мо гирифтори ин мусибатанд.Дар оддитарин ҳолат шурӯъ мекунанд ба носазо ва дашномҳои қоғазпече бовар кунед вақте мешунавед намедонед гиря кунед ва ё бихандед. Чунон калимоти ракик ва нолоиқеро бакор мебаранд,ки қалам аз навиштанашон оҷиз ва забон аз такрорашон тира ва хушк мегардад.Ин бузургтарин фоҷеъаи миллат аст,агар онро дарк карда бошем.
Бархурди гузаштагони солеҳи мо дар чунин ҳолатҳо чӣ гӯна буд?
Гузаштагони солеҳи мо ҳамеша забонашон бо зикри Аллоҳ ва қироъати Қуръон ва салавот бар Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) машғул буд.
1.) Зарбақон мегӯяд: Назди Абувойил(раз) будам ва Ҳаҷҷоҷи золимро дашном мекардам ва амалҳои бади ӯ ва зулму ситамашро зикр менамудам.
Абувойил(раз) гуфт: Аз куҷо медонӣ? Мумкин аст Ҳаҷҷоҷ гуфтааст : Эй бор Илоҳо маро бубахш. Аллоҳҳам ӯро бахшидааст.
2.) Осим ибни Абунаҷвад мегӯяд: Ман ҳаргиз нашунидам аз Абувойил бародари Ибнисалама (раз),ки инсонеро ва ё ҳайвонеро дашном карда бошад.
3.) Мусанно ибни Сабоҳ мегӯяд: Ваҳб ибни Мунаббаҳ(раҳ) чиҳилсол бо мо буд ҳаргиз ҳеҷ зиндаҷон ё дорои рӯҳро дашном накарда буд.
4.) Солим (раз) мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ҳаргиз ҳеҷ касеро лаънат накарда буд магар як хидматгор ё ғуломашро,ки дар ҳол ӯро озод намуд.Ҳаргиз кумак кунандаи шайтон набош дар муқобили бародари мусалмонат.
5.) Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) саҳобии ҷалилуқадр мегӯяд:Ҳангоме дидед бародаратон муртакиби гуноҳе шуд ,ҳаргиз кумак кунандаи шайтон набошед дар муқобилаш.Нагӯед Аллоҳ лаънаташ кун, Аллоҳ хораш кун. Дар ҳол аз Аллоҳ талаби офият ва саломати кунед. Мо асҳоби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳаргиз барои ҳеҷ касе чизе намегуфтем,то инки намедонистем чӣ гӯна ё дар кадом ҳолате вафот кард. Агар дар ҳолати неки ва хуби медидем вафот кардааст.Медонистем дар ӯ хайре будааст ва чунон аз дунё рафтааст.Агар медидем дар ҳолати баде вафот кардааст,метарсидем аз чунин хотимаи бадаш ва аз он амалҳое мекард дурӣ мекардем.
6.) Ривоят мекунанд,ки Абудардоъ(раз) аз назди марде мегузашт,ки муртакиби гуноҳе шуда буд.Мардум ӯро дашном ва носазо мегуфтанд.Абудардоъ(раз) гуфт: Агар шумо ин мардро дар чоҳе медидед,ки афтодааст оё ӯро аз он чоҳ берун намекардед?
Гуфтанд: Бале.
Абудардоъ(раз) гуфт: Пас дашному носазо нагӯед бародаратонро, Аллоҳро шукру сипос гӯед,ки шуморо аз анҷоми ин гуноҳе ӯ кардааст дӯр нигоҳ доштааст.
Мардум гуфтанд: Оё ӯро бадҳам набинем?
Абудардоъ(раз) гуфт: Бад мебинам амали ӯро,агар ин амалашро дигар анҷом надиҳад ӯ бародари ман аст.
7.)Шахсе Умар Ибни Абдулазиз (раҳ)ро дашному носазо гуфт.
Ӯ дар ҷавоб чунин гуфт: Агар рӯзи қиёмат намебуд ҷавобатро медодам.
Як рӯз Умар иби Абдулазиз (раҳ) халифаи мусалмонон дар масҷид хоб буд. Як мард дохили масҷид шуд ва дид шахсе хобаст.Бар ӯ дод зад чаро инҷо хоб мекунӣ?
Умар ибни Абдуалазиз(раҳ) аз ҷой бар хост гуфт: Нафаҳмидам мақсадатро?
Мард гуфт: Ту хар ҳасти?
Умар ибни Абдулазиз(раҳ) гуфт: На инсонам ва берун шуд.
Як мард,ки аз хидматгорони ӯ буд гуфт эй Амирулмуъминин магар нашуниди бар шумо чӣ гӯфт ин мард?
Умар ибни Абдулазиз(раҳ) гуфт: Фаҳмидам ӯ гуфт ту хари ман гуфтам не инсонам танҳо ҳамин буд чизи дигаре нашудааст.
Ин буд ҳоли он бузургворон,ки бузургтарин императорони шарқу ғарб аз вуҷудашон на шаб хоб доштанд на рӯз.Бо раъияташон чунин муъомила мекарданд.
Агар мусалмонони тоҷики мо чунин бархурд ва муносибати накӯ медоштанд бо якдигар.Бо дилҳои соф ва ниятҳои поку солим,бешак ҳоли мо тағйир мехурд.Осори неки мо дар ҳама ҷомеъаамон таъсири худро мерасонд.Балке инҳама муҳоҷири тоҷике дар кишварҳои гуногӯни олам қарор доранд он ҷомеъаҳоро тасхир мекарданд бо ахлоқи накӯяшон.Эй ҷавонони миллат баргардед ба ахлоқи накӯйи Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва асҳоби киромаш,то дубора маҷду карам ва шукуҳу шаҳомати аз дастрафтаамон дубора баргардад.