Уламои амрикоӣ кашфиёте карданд,ки Қуръон онро 14 аср қабл баён дошта буд.

Ислоҳ нет

Уламои амрикоӣ кашфиёте карданд,ки Қуръон онро 14 аср қабл баён дошта буд.

Олимони амрикоӣ дар солҳои ахир, дар таҳқиқоти тӯлонии худ кашф карданд,ки ашхосе, ки ба ҳаёту зиндагӣ назари эҷобӣ доранд ё хушбинанд саломатии онҳо нисбат ба иддаи ашхосе,ки ба ҳаёт назари салбӣ ё дидгоҳи бад доранд ҳаёти бештаре мебинанд. Ё ба ибораи дигаре,ки барои шахси мусалмон фаҳмотар бошад, ин аст, ки мо бамуқаддар будани ҳаёти инсонэътиқод дорем, ки одам вақте аҷалаш омад чизе ва ё касе наметавонад ӯро аз марг бираҳонад, зеро он як лаҳза пешу қафо намеравад.Инҷо манзури онҳо аз сактаҳои қалбӣ, димоғӣ ва ё фишоре,ки инсонро ба кома ва охируламр ба ҳалокат мерасонад, мебошад.

Хулосаи таҳқиқот.
Олимони Амрико дар таҳқиқоташон чунин менигоранд: Он ашхосе,ки дар ҳаёташон дидгоҳи мусбат ё хуб доранд ва онҳоро фишору тазйиқ ва мушкилоти рӯзгор азоб намедиҳад назар ба ашхосе,ки ба ҳаёт назари манфӣ ва ё онҳоро чизе дар ҳаёт озор медиҳад ва аз чизе ранҷ мебаранд бештар хатари сактаҳои қалбӣ ва ё фишорҳои димоғӣ таҳдид мекунад. Ҷисми инсон тавре офарида шудааст,ки қувваи тафаккур, бадан ё ҷисмро аз он ҳаводисе,ки дар атрофаш мегузаранд ором намегузорад. Асоси ҳама бемориҳо ин таваҷҷуҳи ӯ ба он ҳодисаҳост, ки таъсири манфӣ мерасонад ва вақте ба дил онҳоро мепазирад сабаб мегардад ҷисму равонаш низ машғули онҳо гардад.Ин амр сабаб мегардад димоғ ва қалб дар ҳолати “стрес” ва ё “шок”қарор бигирад.Ин ҳолатҳо дар умум бедаво буда, илми тиб то ҳол давое,ки равони инсонро аз тафаккур боз дорад ва он мусбат бошад ва ба дигар аъзои бадан таъсир надошта бошад кашф накардааст. Ин танҳо ба худи инсон боз мегардад,ки ҳарчи мебинаду мешунавад дар ҳол онро ба дил нагирад, зеро гоҳо отифаи аз андоза зиёд инсонро ба ин бемории бедаво бурда мерасонад.
(Гуё мехоҳанд ба мусалмонон бигӯянд ҳарчӣ мо мекунем шумо онро ба дил нагиред ва бигузоред мо ҳарчӣ мехоҳем бар шумо бикунем!
Албаттаинро низ фаромӯш набояд кард мусалмоне, ки бешуъуру беэҳсос бошад наметавон ӯро мусалмон гуфт. Инҳо мехоҳанд бо ин кашфиёти худ бигӯянд,ки ҳар ҳодисае дар олам мегузарад набояд шумо мусалмонон ба он аҳамият диҳед ва бигузоред мо ҳар коре мехоҳем анҷом диҳем, вале шумо хунсард ва бешуъуру эҳсос бошед. Ин таҳқиқотҳои онҳо ҳамеша барои пиёда сохтани ҳадафҳои шуми худ низ ҳаст. М.С.)

Ин кашфиёти муштарак миёни донишгоҳи “Кинтоки” ва “Лувизфил” буда, ҳамаро ба хушбин будан ба ҳаёт даъват намуда, аз назароти бад ба оянда боз дошта, чандин мисолҳое аз баъзе ашхос,ки онҳо дар ҳаёташон оромона зиндагӣ доштанд ва ҳеҷ асабонияте дар ҳаёт надоштанд то ҳол ҳеҷ сактаи қалбӣ ва димоғӣ аз сар нагузарониданд.Дар муқобил шахсони дигаре,ки умри ҷавондоранд ва бо ин ҳаёти ҷавонашон ду сактаро аз сар гузоронида, агар сактаи дигаре гузаронад имкони зинда буданаш вуҷуд надорад.

Ҳолати шахси ба оянда хушбинро чунин таҳлил намудаанд:
Дар ҷараёни таҳқиқоти илмӣ ин Донишгоҳ чунин менигоранд.Шахсоне, ки ба оянда хушбинанд дар сари инсон як ҷузъи хурде вуҷуд дорад,ки он дар миёнаи пеши димоғи инсон қарор гирифта,тавозунро дар шахс идора мекунад.Боз дар идома чунин омада,ки он минтақае, ки дар пушти чашмҳо аз дохили ҷумҷума ё косахонаи сар мебошад, вақте инсон, агар ба оянда хушбин бошад фаъолияти он минтақаи дохили димоғ бештар ва афкори гуногуне барои таҳаққуқ ё амали гаштани он фикр барои инсон кӯмак менамояд.

Шахсоне,ки ба оянда хушбин ҳастанд камтар аз онҳое ,ки ба оянда назари хуб надоранд ба кашидани сигор ё маводи мухаддир даст мезананд.Агарчӣ онҳое, ки ба оянда бадбин ҳастанд дар сину сол хурдҳам бошанд хатарҳои гуногун онҳоро таҳдид мекунад, инчунин дар фаро гирифтани илм ва ҳунарҳам қафо мондаанд.Чунин афрод ҳатто аз кор кардан ва даромади молӣ ҳам назар ба онҳое, ки ба оянда хуш бинанд, кам даромаданд.Дар омори ҷиноятҳо низ чунин ашхоси ба оянда назари бад дошта бештар ба қайд гирифта шудаанд ва ҳамеша дар ҳолати изтироб умр ба сар мебаранд.Дар масъалаи тадюн ё гароиш ба дин бошад шахсони ба оянда бадбин на онқадар дин дорони хуб мебошанд эътиқодашон ба ҳеҷ дине устувор нест.Беҳтарин шахсоне, ки ба ояндаи хуб эътимоди қавӣ доранд ин мусалмонҳо мебошанд.Зеро ҳамеша мунтазири ояндаи хубанд, вале монеъаҳои сунъӣ сари роҳи онҳо мегарданд ва инкишофу пешравӣ ва сармоядор шудан монеъашон мегардад. Вале воқеъан мусалмони камбағали нодор ба ояндаи нек чунон бовар дорад, ки сармоядортарин шахси бедин он ояндаро надорад.
(иқтибос аз маҷаллаи “Ҷамъияти дили амрикоӣ”

Қуръони карим нисбати ин таҳқиқот чӣ мегӯяд ?
Шахсе дар оятҳои қуръонӣ таъаммул менамояд,кидар ин китоби осмонӣ,саршор аз диди нек ба ояндаро меёбад.Инчунин Қуръони карим барои хонанда ва пайравонаш ҳамеша чӣ тавр ба ҳаёт бо дидгоҳи нек нигаристану зиндагӣ намуданро меомӯзад.Дар Қуръони карим ҳаргиз аз ноумедӣ ё назари бад доштан ба ҳаёт ва ояндаи наомада, балки ба хушназарӣ, хушбинӣ таъкидҳо шудааст.Ҳатто пайравонашро аз гумони бад барҳазар доштааст ва баъзе гумонҳоро гуноҳ баён доштааст.
Ҳатто то дараҷае Қуръони карим ноумед буданро мазаммат кардааст, ки ноумедбудагон аз раҳмати Илоҳиро кофир хондааст.
(وَلَا تَيْأَسُوا مِنْ رَوْحِ اللَّهِ إِنَّهُ لَا يَيْأَسُ مِنْ رَوْحِ اللَّهِ إِلَّا الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ) [يوسف: 87].
Тарҷума:”…ва аз раҳмати Худо ноумедмашавед. Зеро танҳокофирон аз раҳмати Худо маъюсмешаванд».

Инчунин дар сахтарин ҳолатҳое,ки Расули акрам (с) қарор гирифтанд,ки дар он ҳолатҳо марг эшонро таҳдид менамуд, вале боз ҳам хушҳол буданд ва андӯҳгин набуданд ва ба ояндаи нек имон доштанд.Намунаи он ҳолат дар дохили ғори Ҳиро қарор гирифтани он Ҳазрат (с) (с) бо ёраш Абӯбакри Сиддиқ(раз) аст,ки аз тарафи сипоҳи муҷаҳҳази Қурайш мавриди таъқиб ва ҷустуҷӯ қарор дошт, вале бозҳам хушбин буданд.
Худованд мефармояд:
(إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا) [التوبة: 40]… 
Тарҷума:Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!»

Қуръони карим хитоб ба муъминон, чунин мефармояд:

(وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ) [آل عمران: 139]..
Тарҷума:Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо бартарӣ хоҳед ҷуст.

Қуръони карим шахсонеро,ки аз раҳмати Илоҳӣ ноумеданд онҳоро гумроҳ баён доштааст ва
дар ин маврид чунин мефармояд:

(وَمَنْ يَقْنَطُ مِنْ رَحْمَةِ رَبِّهِ إِلَّا الضَّالُّونَ) [الحجر: 56].

Тарҷума:«Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш навмед мешавад?»
Нидои Илоҳиробарои шахсоне, ки мубтало ё муртакиби гуноҳон шудаанд,бинед чи басо зебо гуфтааст.

(قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ) [الزمر: 53] 
Тарҷума:Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳаройна, Ӯст омурзандаву меҳрубон!
Хонандаи гиромӣ, ба ин вожаҳо таваҷҷӯҳ кунед,ки бо кадом сиға баён гаштаанд. Ҳамагӣ бо сиғаи амр аз ҷониби Аллоҳ баён гаштаанд , то назару дидгоҳи бандагонашро дар ҳаёт барои ояндаи нек даъват намояд.
(لَا تَقْنَطُوا)..Дар луғат шахси хеле ноумед бударомегӯянд قنِط
(لَا تَحْزَنُوا)…Андӯҳгин набошед
(لَا تَيْأَسُوا)…Ноумед набошед даст бардор набошед мудовиматкунанда бошед

Дар ҳоле,ки онҳое, ки мусалмон нестанд ноумед аз раҳмату лутфи Илоҳӣмебошанд. Нисбати онҳо Қуръони карим чунин фармудааст:
(وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآَيَاتِ اللَّهِ وَلِقَائِهِ أُولَئِكَ يَئِسُوا مِنْ رَحْمَتِي وَأُولَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ) [العنكبوت: 23].
Тарҷума:«Ваонҳо, ки ба оёти Худо вадидориӯимоннадоранд, аз раҳматиманнавмедандваонҳоростазобидардовар».

Хонандаи гиромӣ, намехоҳам суханро ба дарозо кашам, агарчӣ оятҳо ва аҳодис дар ин маврид зиёданд. Ҳаминро бояд донист, ки таъсири дини ислом барои саломатии инсон аз нигоҳи равонӣ ва ҷисмӣ дар волотарин мақом қарор дорад. Ҳар қадар бандаи муъмин таваккул ба Аллоҳ кунад ба ҳамон андоза аз саломатии равонӣ ва ҷисмӣбархурдор мегардад.Инчунин ояндаи хубе дар дунё ва охират ӯро дар интизор аст.

Пас, он кашфиёте, ки амрикоиҳо гуё онро навкашф намуданд, онро Қуръон 1400 сол пеш баён карда буд. Афсус,ки мо мусалмонон аз фармудаҳои ин китоби Илоҳӣ ба хубӣ огаҳӣ надорем.Ҳарчиқадар огоҳии мо ба ин китоб бештар гардад ҳамонқадар моро ояндаи нек дар интизор аст.Умед аст аз ин мақола истифода намуда бошед ва ба ояндаи нек бовариву итминонҳам ҳосил намоед!
Бо эҳтиром ва самимият

Share This Article