Қурбонӣ, вақт ва аҷру савоби он.

Ислоҳ нет

Қурбонӣ, вақт ва аҷру савоби он.

Қурбонӣ кардан барои шахсе, ки садақаи фитр бар вай воҷиб гаштааст, воҷиб мебошад ва аҷру савоби зиёд дорад.

Дар китоби Сунани Тирмизӣ таҳти рақами 1493 ҳадисе ба ин мазмун аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шуда, ки он ҷаноб фармудаанд:

«Дар рўзҳои қурбонӣ (яъне, аз аввали бомдоди рўзи 10 зулҳиҷҷа то шоми рўзи 12-ум, хоҳ шаб бошад хоҳ рўз) ҳеҷ ибодат ва амали фарзанди одам (пас аз фароиз) ба андозаи қурбонӣ ба даргоҳи илоҳӣ мақбулу писандида нест. Қурбонӣ дар рўзи қиёмат бо шохҳою сумҳо ва мўйҳои баданаш (дар ҳисоби ҳасанот ва некиҳои қурбоникунанда) меояд. Хуни қурбонӣ пеш аз он ки ба замин бирезад, дар назди Худо дар мақоме қарор мегирад. Пас шумо бо хушии нафс (ва хотирҷамъона) қурбонӣ кунед.»Шахси қурбоникунанда ҳангоми қурбонӣ кардан суннат аст ин дуои маснунаро бихонад:

«пннӣ ваҷҷаҳту ваҷҳия лиллазӣ фатара-с-самовоти вал арза ҳанифан ва мо ана минал мушрикин. пнна салотӣ ва нусукӣ ва маҳёя ва мамотӣ ли-л-Лоҳи раббил- ъоламин. Ло шарика лаҳу ва бизолика умирту ва ана минал муслимин. Аллоҳумма, минка ва лака».

Яъне:

«Дар ҳақиқат, ман сидқан мутаваҷҷеҳи он Зоте ҳастам, ки осмонҳо ва заминро офаридааст ва ман аз ҷумлаи мушрикон нестам. Ҳаққо. ки намозу ибодатҳо ва зиндагию маргам ҳама барои Худо, он Парвардигори ҷаҳониён аст.Ўро шарике нест ва ман ба ҳамин асл амр шудаам ва аз ҷумлаи бандагони мусалмони Худо ҳастам. Бор плоҳо! пн қурбонӣ аз Ту ва барои дарёфти ризои Ту мебошад».

Пас аз хондани ин дуо «Бисмиллоҳ валлоҳу акбар» гуфта ва моли қурбониро забҳ намояд ва пас аз анҷоми забҳ ин дуоро бихонад:

«Аллоҳумма, тақаббалҳу миннӣ, камо тақаббалта мин ҳабибика Муҳаммадин саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва халилика пброҳим ъалайҳи-с-салом».

Яъне:

«Бор плоҳо! пн қурбониро аз ман ҳамчуноне, ки ҳабибат Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва дўстат пброҳим ъалайҳи-с-салом қабул фармудӣ, қабул бифармо».

Беҳтарин вақти қурбонӣ рўзи 10 зулҳиҷҷа, ки рўзи авали иди Қурбон аст мебошад. Забҳи моли қурбонӣ дар шаҳрҳо ва маҳаллҳое, ки масҷидҳои ҷумъахонӣ ва ё мусалло доранд ва гузоридани намози ид барояшон воҷиб гаштааст, ҳатман пас аз анҷом додани имом намози идро бояд анҷом гирад ва илло қурбонӣ қабул намешавад, чунки дар китобҳои Саҳеҳи Бухорӣ, Муслим, Сунани Абўдовуд, Тирмизӣ ва дигарҳо ба ин мазмун аз Расули Худо ривоят аст, ки фармудаанд:

«Аввалин ибодате, ки рўзи идамонро ба он шурўъ мекунем, он аст ки намози идамонро мегузорем ва пас баргашта омада қурбониямонро забҳ мекунем. Касе чунин кунад суннатро дарёфтааст ва касе пеш аз намоз забҳ кунад, он забҳи кардааш қурбонӣ намебошад ва гуште аст, ки бо шитоб барои хонаводааш пешкаш намудааст».

Баъзе уламо вақти қурбониро барои мардумони қишлоқҷойҳо ва маҳаллоти дурдасти камодам, ки гузоридани намози ид барояшон воҷиб нест аз дамидани субҳи рўзи 10 зулҳиҷҷа ҷоиз донистаанд.

Share This Article