Вазъият дар Бадахшон вахим шуд

Ислоҳ нет

Ҳар ҷо, ки расад пойи аспи Қатаған, На мурда кафан ёбаду на зинда ватан…

Оре, дар сафари гузаштаи “Пешво” раиси фурӯдгоҳ мурд, имсол сардухтури ноҳияи Ванҷ Раҷабов Сунавбар дар ҷараёни маҷлис аз сактаи дил , ҷон додааст. Чуноне ки Сомонаи Ислоҳ дар мавриди сафари “Пешво” ба Бадахшон хабар дода буд, дар ин минтақа вазъият вахим аст. Пас аз нашри хабар дар ин масъала,  хабарҳои бештаре нашр гаштанд.

 

Аммо, инҷо ҳеҷ таҳдиде аз хориҷу он сӯйи марз ё Омӯ вуҷуд надорад, лутфан устура насозед, ин ихтилофи ду ниҳоди қудратӣ асту тамом. Ҳатто аз забони худи “Пешво” бо таҳдид ба ин ду ниҳод хоссатан садо дод. Воқеан ҳардуйи шуморо бояд сабукдуш кунанд, зеро лоиқи ин ниҳодҳо нестед. Дар ин сафари хидматие, ки “Пешво” анҷом додааст аз дигар сафарҳояш ба навоҳии кишвар фарқияти шохисе дорад. Чунки Бадахшон барои ҷаноби “Пешво” мисли ангушти панҷумро мемонад. Намедонад чӣ кор кунад, ки аҳолии онро комилан зери итоати худаш қарор диҳад.

 

Як чизро бояд хотиррасон кунам, ки тамоми хоҳарону бародарони Бадахшониро Ҷаноб рақсонид, зеро худаш ҳам Раҳмонуф чи раққосе аст, ҳатто дар ҳавои хунуки ноҳияи Мурғоб хоҳарони мо бар тан пираҳани атлас пушида, ки дар руи пираҳанҳои ин хоҳарон барфи сафед нишаста буд ва барои “Пешво”, ки бар тан палто доштанд, гулчамбар тақдим менамуданд.

 

 

Баъдан дар рафти ҷаласа, дар шаҳри Хоруғ ҷанобошон аз гиребони мардум гирифтааст, ки шаҳри Хоруғро 4 (баевик) идора мекунанд, агарчанде, ки дар ин шаҳр бештар аз 1000 нафар корманди милиса фаъолият дорад.

 

Дар вохурие, ки бо мақомот ва мардум президент намуд суханони хело эҳсосӣ ва сахте гуфт. Ҳама мақомоти қудратӣ ВКД ва КДАМ –ро як моҳ муҳлат дод, то ҳама нерӯро истифода баранд ва ягон ҷинояткор  ”Мухолифони сиёсӣ”-ро нагузоранд дар вилоят озодона гашту гузор намоянд.

 

Инчунин раиси вилояти Бадахшонро бо дигар раисони ноҳия як моҳ муҳлат дод,то фармони “очистка”-ро бидуни ҳеҷ таваққуфе иҷро намоянд. Марҳамат, ҳама қувваҳои низомӣ дар ихтиёри шумо фақат шумо иҷро кунед фармонро ё аз вазифа ҳамаро сабукдуш мекунам. Ҳатто Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ҳам ин фармонро гирифтанд.

 

Медонед барои чӣ инҷо ин ҳушдор ба ин ду махсус дар миёни ҳама ошкоро садо дод?

 

Ихтилофоти ин ду ниҳоди қудратӣ бо ҳам вуҷуд дорад, ки инро дар мақолаи қаблӣ гуфта гузашта будем. Ин ихтилофот хело ҷиддӣ ҳаст ва сабабҳои ин ихтилоф дар “делёшка” ё дар тақсим нашудани манофеъҳоест, ки аз роҳҳои ҷиноӣ дар минтақа ба даст меоянд. Мисли фурӯши маводи мухадир ва фурӯши силлоҳ аст. Шахсоне, ки дар ин ҷиноят даст доранд, бо як тарафи ин ду омодаи ҳамкорӣ ва бо дигар тараф намехоҳанд “доля” диҳанд. Ин масъала аз чанд вақт пеш миёни ин ду ниҳоди қудратӣ идома дорад, ки дар ин сафар аз забони шахси аввал дар миёни ҳама садо дод.

 

Агар аҳамият дода бошед, барои мақомоти қудратӣ ҳама салоҳиятҳои безараргардонӣ дода шуд. Ҳатто ба куштани гумонбарон, ки ин масӣала барои мақомот дар вилоят хело фишанг ё салоҳияти қавӣ мебошад, ки метавонанд ҳар шахсеро ба қатл расонанд ва гӯянд ӯ ҷинояткор буд ва касе аз онҳо ҳаққи пурсидан надорад. Ҳатто раиси суди вилоятро як ҳушдор ҳам дод, ки “вайя вай кунед ва агар куштанд масъаларо ҷомаи қонуният диҳед. Ман насиҳатҳои вай карда будам ба шумо чор ҷинояткорро вай кунед, насиҳатҳои маро ин ҳама сол гуш накардед, акнун бас аст қувваҳои мусаллаҳро марҳамат истифода баред, бас аст дигар!”

ее

 

Яъне, кушед, аслан раҳм накунед, ман шуморо ҳимоят мекунам. Барои ин ки чашми мақомотро боз кунад мисол меорад: ”Дар Америка корманди БДА ронандаро манъ кунад, агар ронанда аз мошин фарояд ронандаро мепаронанд” Дигар ронандаҳо дар Бадхашон хело эҳтиёт кунед, ки фармони қатлатон аз тарафи “пешво” содир гашт. Ҳатто адади ронандаҳоро мушаххас карда аст, ки 1000 нафар мошин доранд. Барои ин ки аҳолии вилояти Бадахшон норозигии худро иброз надоранд, дар мавриди дохил намудани нерӯҳои мусаллаҳи иловагӣ онҷо паради ҳарбӣ гузаронд, ки фикри мардумро ба ин ҷалб кунанд. Дар ҳоле, ки Донишгоҳро бо паради ҳарбӣ ифтитоҳ намекунанд.

ккк

 

Дар ин сафар, дар суханрониҳояш беш аз даҳ маротиба номи Язғуломро гирифт ва ҳоло ҳам кинаи деринааш аз ёдаш нарафтааст. Вале шояд ин кина набошаду тарс аст. Оре, тарс аз мардуми ғаюри Язғулом, тарсу ҳарос дар бадани “Ҷаноб” хеле сахт таъсир кардааст. Шояд дар шаби хоб ҳам манзараҳои ин диёр ва мардони ғаюри Язғуломро мебинад. Шояд фикр мекунад, малоикаи муваккали қабзи рӯҳи “Ҷаноб” аз Язғулом бошад.

 

 

Дар сафари ду сол пеши “Пешво” дар ноҳияи Дарвоз, ҳангоми нишастани чархбол, раиси фурӯдгоҳи Хорӯғ бар асари задани чархи он ҳалок гардида буд. Дар ин сафар бошад, дар дидораш бо аҳолии вилоят сардухтури Ванҷ, Раҷабов Сунавбар аз шунидани ин таҳдидҳои “Пешво” дар ҳамон мулоқот сактаи қалбӣ мешавад ва ҳалок мегардад.Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ, ки бародараш дар ин сафари “Пешво” ҳалок шуд,  чӣ гуна масулиятҳои дар пешаш гузоштаро анҷом медода бошад? Боз масъулиятҳои қатл ва кушторе, ки ҷаноби “Пешво” барояш гузошта аст, то бидуни чуну чаро иҷро кунад. Хело аҷиб нест бароятон хонандагони гиромӣ?

 

Язғулом ҳам тобеъи ноҳияи Ванҷ аст ва дар компитенти хонум Давлатбӣ Раҷабова дохил мегардад. “Ҷаноб” аз минтақаи хатарнок будани Язғулом дар миқёси ҷумҳурӣ хело бо шиддат интиқод намуд ва ҳатто аз 48 нафар бошандагони он ҷамоат ёдовар шуд. Мумкин аст дили сардухтур Раҷабов Сунавбар, барои хоҳараш зада бошад, ки хоҳараш чӣ гӯна ин масулияти хатарнокро иҷро мекарда бошад?

 

Дар умум ин сафари ҷаноби “пешво” ба вилояти Бадахшон хело авоқиби баде дорад. Аз авоқиби бади он ва қатлҳое, ки дар ин як моҳи муҳлатӣ ба амал меоянд. Ҳатто “Ҷаноб”  гуфт, ки ман дигар маротиба такрор намекунам ва ин қувва инҷо меистад, ҳамаро чуноне, ки фармон додам мекунед, сипас нерӯҳои мусаллаҳ баромада мераванд!

 

Дар охир инро ҳам меафзоям, моҷарое, ки дар  рамазони соли 2012 дар Хорӯғ гузашта буд, дақиқан барои ин ихтилофоти ду мақомоти қудратӣ буд. Қатли Генерал Назарови тобеъи КДАМ, дар масъалаи тақсими “делёшка” буд, боз ҳам он масъала дар арафаи такрорёбӣ аст. Мардуми ғаюри Бадахшон зиракии сиёсиро аз ёд набаред, ки “Пешво” барои қатли ом омадааст!

“Пешво” аҷаб пайиқадами “хубе” дорад…

Ҳар ҷо ки расад пойи қадами ҷанобе,

Ҳосил надиҳад на лалмию на обӣ.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article