Оғози соли ҷорӣ сомонаи иттилоотии “Ахбор” гузорише аз сабти садоии пеш аз худкушии Комил Хоҷаназаров, як узви собиқи ҲНИТ аз ноҳияи Ашти вилояти Суғдро нашр кард, ки сару садоҳое ба бор овард. Тибқи таҳқиқоти сомонаи таҳлилии Ислоҳ, қазияи худкушии Комил танҳо бо худи ӯ наанҷомида, дар рафти марҳалаи то ба худкушӣ расидани ин ҷавон чандин нафари дигар, дар натиҷаи шиканҷаҳои тоқатнопазир ва таҳдиди таҷовуз ба номус, ба ҷурмҳои сохтаи мақомот иқрор шуда, айни ҳол пушти панҷараи зиндон ҳастанд.
Тавре огоҳ ҳастем, бино ба гузориши манбаъ Комил Хоҷаназаров дар як сабти садоӣ, ки ба хотири телефонаш ҳифз кардааст, сабаби худкушияшро шиканҷаи тоқатнопазири мақомоти амниятӣ, зимни бозпурсӣ унвон карда буд.
Мақомоти амниятии вилояти Суғд Комил Хоҷаназаровро шиканҷа ва лату куб мекунанд, то ӯ иқрор кунад, ки баъди мамнӯъ эълон шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо чанде аз дӯстонаш фаъолияти ҳизбӣ бурда, дигаронро низ барои фаъолият дар ин ҳизб ташвиқ кардааст.
Тибқи нақли Комил Хоҷаназаров далели асосии мақомот бар ин даъво, танҳо хабар ёфтани онҳо аз саёҳати истироҳатии чанде аз аъзои ҲНИТ дар мавзеъи Надоки деҳаи Мулломири ҷамоати шаҳраки Шайдон будааст. Надок ҷоест, ки боду ҳавои нисбатан салқин дошта, дар доманакуҳҳои қаторкуҳи Қурама ҷойгир аст ва ба он ҷо бештар мардуми ноҳияи Ашт дар мавсими гармои тобистон барои истироҳат мераванд.
Аммо истироҳати чанд аъзои собиқи ҲНИТ ва ҷавонони эътиқодманд дар ин мавзеъ, ки дар гузашта ба ҳам унс гирифта буданд ва муносибатҳои дӯстиву рафоқат байнашон устувор мондааст, мақомоти амниятии ноҳияи Ашт ва вилояти Суғдро нигарон кардааст.
Нигаронии мақомот аз ин ҷамъомад дастикам бо марги Комил Хоҷаназаров, ҳабс шудани се – чор нафар ва ҳам сар ба гурез шудани чанд нафари дигар аз Тоҷикистон анҷомидааст.
Мақсад аз навиштани мо ҳам дар ин бора ин аст, ки маҳз ба хотири ҳамин саёҳат ва истироҳати якҷоя, айни ҳол чанд нафар бегуноҳ аз чор то ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, пушти панҷараҳои зиндони режим ба сар мебаранд. Ҳамчунин чандин нафари дигар аз паи таъқиби мақомот, Тоҷикистонро тарк гуфтаанд.
Комил Хоҷаназаров дар сабти пеш аз маргаш номи ду нафар Абдурозиқ ва Абдураҳмонро зикр кардааст, ки дар ин саёҳат ҳамроҳ будаанд.
Тибқи нақли Комил мақомот бештар ӯро ба он хотир шиканҷа мекунанд, то иқрор шавад, ки Абдураҳмон ӯро ба идомаи фаъолият дар ҲНИТ даъват кардааст.
“… вайҳо манба зӯрӣ карда, Абдураҳмон чӣ гуфт, ин чӣ гуфт, ҳизбба даъват кард-ми?… Манба бовар накарда, мана заданд, ки Абдураҳмон ҳамунҷаба даъват кард, чуба нагуфсодӣ? Мана даъват накардагӣ буд. Чизи набудая ман чӣ хел аз пеши худам мегӯям?… Вайҳо бару бир ба ман бовар накарданд. Не, ҳамунҷанда туя гуфтагӣ гуфта чанд бор заданд. Подвал мебарем гуфтанд боз. 5-6 кас буданд. Ман якто худам будам, ҳамашон мана заданд, забонам кардам, забонашонда апаам намонд, занам намонд, занчатаям гуфтан, онаятам гуфтан. К…атба к..р мехалем гуфтанд. Ҳамаи гапа гуфтанд. Ман вайҳоба тоқат карда, гап нагардондам…” – омадааст дар нақли Комил Хоҷаназаров.
Дар расм: Тарафи дасти чап Комил Хоҷаназаров ва дар тарафи дасти рост Масолиев Абдураҳмон
Тавре дар сомонаи “Ахбор” омадааст, Комил Хоҷаназаров дар сабти пеш аз марги худ хабар медиҳад, ки он рӯзҳо ҳамроҳи ӯ Абдураҳмон ва Абдурозиқ ном ҳамроҳонаш ва ҳамин тавр як духтур низ онҷо дар боздошт буданд. Онҳоро сипас ба прокуратураи Чкаловск бурдаанд ва ба гуфтаи Комил, дар онҷо низ таҳдидаш кардаанд, ки дар баёноташ узвияташ дар наҳзатро соли 2016 ё 2017 гӯяд, вагарна ба зидди худаш парванда мекушоянд.
Комил Хоҷаназаровро рӯзи 26 август ҷавоб додаанд, вале дар ивази 6 ҳазор сомонӣ: “Аз ман 15 ҳазор аввал пурсиданд, 15 ҳазор сомон. Сонӣ 10 ҳазорба фаровард, ин карда, вай карда, 6 ҳазор сомонӣ гуфт, ҳамина додем, халосӣ гуфт… (дар инҷои навор Хоҷаназаров гиря мекунад) …Баъд аз гирифтан ҳам ҳамиқа мана азоб додан, лекин мана наҷот надоданд, буваҷон. Ҳолӣ ҳам агар давом тияд, пагоҳ мана меҷиғанд… Акнун насиб бошад, фардо бо ҷиғ мезанад, меравем, дар онҷо чӣ гап аст, ба Худо аён ва ба худи онҳо аён. Барои ҳамин аз ин гапҳои ман хатогӣ нест. Ман дар ин суханам доим меистам…”
Абдураҳмоне, ки дар ин ҷо мақомоти амниятӣ кӯшиш кардааст, алайҳи ӯ Комил Хоҷаназаров гувоҳ шавад, ки ӯ ҳамроҳонашро ба идомаи фаъолияти ҲНИТ даъват кардааст, як варзишгари машҳур дар ноҳияи Ашт мебошад. Ному насаби пуррааш тибқи маълумоти ба сомонаи Ислоҳ расида, Масолиев Абдураҳмон Тухтасунович буда, мутаваллиди 18 августи соли 1989 мебошад. Айни ҳол бо ҳукми 11 соли маҳрум аз озодӣ пушти панҷараи зиндон қарор дорад.
Бар замми варзишгар будан, Масолиев Абдураҳмон соҳиби хоҷагии деҳқонӣ буда, дар ихтиёри худ як чанд гектар майдони зардолузор доштааст. Ҳамчунин пеш аз ҳабс шуданаш дар тараддуди ба анҷом расонидани сохтмони як фурӯшгоҳи бузурги универсалӣ дар маҳаллаи Зингаи шаҳраки Шайдон будааст.
Падараш Масолиев Тухтасун як шахси сарватманд буда, дар яке аз шаҳрҳои Русия сарварии ширкатеро ба ӯҳда доштааст.
Ҳарчанд Абдураҳмон замони аъзо буданаш ба ҲНИТ як узви қаторӣ буда, ягон масъулияте дар бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ашт надоштааст, мақомот бештар ба хотири рӯёнидани ҳарчӣ бештари ришва аз падари сарватмандаш ӯро муҷрими асосӣ хонда, маблағи ҳангуфтеро аз падараш талаб намудаанд.
Аз рӯи маълумот маҳз сабаби ба 11 соли зиндон маҳкум шудани Абдураҳмон Масолиев, руёнида натавонистани ришваи мавриди назари мақомоти амниятӣ будааст.
Абдураҳмон Масолиев ҳарчанд писари ягонаи падараш будааст, новобаста аз ҷавонияш, пеш аз ҳабс шудан ҳамчун як ҷавони серҳаракат, варзишкор, соҳибкори муваффақ аз худ дарак додааст. Ӯ дар дастаи мунтахаби футболи ноҳияи Ашт дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, чандин маротиба бо ишғоли ҷойҳои аввали даста, бо ҷому медал ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
Як футболбоз аз ноҳияи Ашт, ки дар дастаи “Ваҳдат”-и ноҳияи Ашт чандин маротиба ҳамроҳи ӯ дар мусобиқаҳо бозӣ кардааст, Абдураҳмонро “шахси серҳаракат, варзишкори бомаҳорат ва шухтабъу хоксор” унвон кард.
“Баччаи хоксор аст, ба бисёр мусобиқаҳо, ки аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ намеёфтем, бачаҳоро аз ҳисоби худаш бо мошинаш мебурд. Шухиҳои аҷиб дорад. Медонистам, ки ӯ наҳзатӣ буд. Мо ба наҳзатиҳои Шайдон ҳавас доштем. Қариб 50% команда наҳзатиҳо буданд охир. Футболистони бақуввати команда ҳам онҳо буданд. Абдураҳмон дар сентр бозӣ мекард, Ҷасур нападаюший буд. Баъди бастани наҳзат ягонтоаш аз сиёсат гап намезад, шароит ба ҳама маълум буд охир” – мегуяд ин футболбози аштӣ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад.
Аз ин гуфтаҳо ва маълумотҳои ба мо расида бармеояд, ки новобаста аз он, ки Абдураҳмон Масолиев аз худ ҳамчун як шахси варзишкор, муътадил ва оромтабиату серҳаракат дарак додааст, масъулини мақомоти амниятии вилояти Суғд маҳз ба хотири ба даст овардани маблағи бе дарди миён аз падараш, ӯро боздошт намуда, баъди он, ки қисмате аз маблағи мавриди назарашонро ба даст оварда, қисмати дигарашро руёнида наметавонанд, бо ҷурмҳои сохта, ӯро пушти панҷараи зиндон мекунанд. Муаммо инаст, ки суде, ки парвандаи ӯро баррасӣ кардааст, чигуна ин ҳама сохтакориҳоро нодида гирифтааст.
Ногуфта намонад, ки тибқи як маълумот Абдураҳмон Масолиев бо рӯзноманигорони машҳури тоҷик Маъсуми Муҳаммадраҷаб, намояндаи Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд, Равшани Шамс, намояндаи радиои Садои Амрико дар Суғд ва Стив Свердлов, намояндаи Созмони байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ шиносоӣ доштааст. Ҳатто робитаи хешутаборӣ доштанаш бо Маъсуми Муҳаммадраҷаб низ тахмин зада шудааст. Аммо сабаб чӣ бошад, ки аз қазияи ҳабси ӯ бо ҷурми сохта, расонаҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ бехабар мондаанд. Тибқи як хабар мақомот аз расонаӣ шудани ин қазия, ба таври зарурӣ ҷилавгирӣ кардаанд.
Тибқи як маълумоти муътамади дигар, худи Абдураҳмон Масолиев ба шиканҷаҳо ва фишору тазйиқҳо тоб наоварда, ба иттиҳомҳое, ки алайҳаш мақомот бофта буд, иқрор шудааст.
Абдураҳмон Масолиевро бо роҳбарии масъули шӯъбаи кофтукови ҷиноии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Латифи Тухтасун (Латиф Юлдошев) бо таҳдиди таҷовуз ба номуси занаш ва хоҳараш маҷбур кардаанд, то иқрор шавад, ки баъди мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ, ӯ фаъолияти сиёсӣ бурда, ҳамроҳонашро ба ҲНИТ даъват кардааст. Ҳамчунин, дар рафти мурофиаи судӣ аз шиканҷаҳои гушношуниде, ки нисбаташ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии раёсати ВКД Суғд раво дидаанд, ба суд қисса кардааст, аммо суд на таҳдид ба номуси зану хоҳараш ва на шиканҷаро ба инобат гирифтааст.
Латифи Тухтасун ҳамон шахсест, ки айни ҳол бо ҷурми “шиканҷа кардан” ва “ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан” баъди расонаӣ шудани сабти нақли шиканҷаи Комил Хоҷаназаров боздошт шудааст.
Латифи Тухтасун 2 ноябри соли 1978 дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Бояд гуфт, ки шиканҷагарии ӯ бо шиканҷаи Абдураҳмон ва Комил тамом намешавад.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, маҳз ба хотири ба даст овардани рутба, содиқ нишон додани худ ба мақомот ва даромади бе дарди миён бо тариқи порагирӣ, бо сӯистифода аз шароити сиёсии кишвар, барои пушти панҷараи зиндон рафтан ва сар ба гурез шудани даҳҳо аъзои ҲНИТ ва эътиқодмандони ҷавон аз ноҳияи Ашт бо шиканҷаю тамаъҷӯӣ кор бурдааст.
Ҳарчанд дар ин кор ӯ танҳо нест, вале нақши асосии “бузӣ” ва шиканҷагариро ӯ иҷро мекардааст.
Ҳамон Абдурозиқе ҳам, ки Комил аз ӯ дар бораи эҳтироми падару модар гап заданаш зикр кардааст, чандин маротиба ба мақомот даъват шуда, шиканҷа мешавад. Ному насаби пурраи ӯ Одинаматов Абдурозиқ буда, хатмкардаи собиқ Мадрасаи мутавасситаи исломии ноҳияи Ашт мебошад. Баъди хатми мадраса чанд соле дар Масҷиди ҷомеъи марказии “Шаҳидон” – и ноҳияи Ашт ба ҳайси имоми намози панҷвақта кор кардааст. Узвияташ дар ҳизби Наҳзатро ягон нафар аз фаъолони собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт ба сомонаи Ислоҳ тасдиқ накард. Абдурозиқ ҳам мисли Абдураҳмон шаш гектар замини зардолузор дошта будааст, ки даромади асосиашро аз ҳисоби майдони зардолузор ба даст меовардааст. Илова бар ин, ҳар сол ба кишвари Русия меваи хушк содир мекардааст.
Абдурозиқ Одинаматовро ба такрор, ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Ашт ва шуъбаи кофтукови ҷиноии раёсати ВКД Суғд даъват карда, бо шиканҷаҳои гушношуниду кас нодид маҷбур мекунанд, то иқрор шавад, ки дар ҲНИТ фаъолият бурдааст ва узви ин ҳизб буд. Вале Одинаматов истодагарӣ мекунад ва мегӯяд, ки “узви Наҳзат набудааст ва ба ҳама аҳли ҷомеа, новобаста аз аъзои ҳизб будан ё набудан, муносибати ҳасанаи якхела дошт ва ҳеҷ гоҳ аҳли ҷомеаро ба ҳизбию ғайриҳизбӣ ҷудо накардааст”.
Масъулин ба ин гуфтаҳои ӯ қонеъ нашуда, ӯро ба такрор ба шуъбаи амният даъват намуда, бозпурсӣ ва шиканҷа мекунанд. Боз ҳам ӯ иқрор намешавад. Дар натиҷа, аз Абдурозиқ, дар ивази халос шуданаш аз бозпурсӣ ва шиканҷаҳо, мақомот маблағи калон талаб мекунад. Қисме аз маблағро Абдурозиқ аз ҳисоби даромади худаш ва қисми дигари мавриди назари порагирандагонро қарз гирифта, ба порагирандагон бурда медиҳаду ҷони худро халос мекунад. Аммо, муддате нагузашта, боз ҳам аз мақомоти амниятӣ ба ӯ занг заданро оғоз мекунанд. Ин дафъа, ки ӯ баробари тамоми дороияшро аз даст додан қарздор ҳам шуда буд, роҳи пинҳон шуданро пеша мекунад. Бино ба маълумоти ба мо расида, Абдурозиқ чанд вақт дар дохили Тоҷикистон пинҳон мешавад ва ниҳоят илоҷе карда,Тоҷикистонро тарк мекунад. Ба сомонаи Ислоҳ муяссар нашуд, ки айни ҳол дар куҷо ба сар бурдани ӯро муайян кунад ва дар таъйиди ин гуфтаҳо бо ӯ сӯҳбат анҷом диҳад.
Чуноне, ки дар боло нақли Комилро овардем, дар боздоштгоҳ онҳо як духтуреро ҳам дидаанд, ки аз ноҳияи Ашт будааст. Ба сомонаи Ислоҳ муяссар шуд, ки шахсияти ин духтурро муайян кунад.
Ба гумони ғолиб ин духтур собиқ узви фаъоли ҲНИТ ва духтури дандони Беморхонаи ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт Ҷурабоев Шодмонқул будааст. Ӯ замони фаъолияти расмии ҲНИТ масъулияти роҳбари ташкилоти ҷамоатии ҲНИТ дар ҷамоати деҳоти Пунукро ба ӯҳда доштааст.
Аз рӯи маълумоти ба дасти мо расида, ҳанӯз дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2015, дар натиҷаи фишори мақомот аризаи даст кашидан аз номзадӣ ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт ва ҳам аз узвияти ҲНИТ-ро ба мақомоти худидоракунии маҳалли ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашт, ки худ истиқоматкунандаи ин ҷамоат будааст, таслим мекунад ва нусхаи ин аризаашро ба идораи бахши ноҳиявии ҲНИТ мефиристад.
Ба мақомоти айбдоркунӣ муяссар нашудааст, ки идомаи фаъолияти ғайриқонунии Ҷурабоев Шодмонқулро дар наҳзат баъди мамнӯъ эълон шудани ин ҳизб, собит намоянд. Бо вуҷуди ин ҳама, аз ӯ ба ивази озод шуданаш аз боздошт ва бозпурсӣ 50 ҳазор доллар пора талаб мекунанд. Аммо ин духтур, ки зиндагии худро танҳо бо дастмузди фаолияти касбияш пеш мебурдааст, наметавонад маблағи талабшударо дарёфт кунад.
Шахсеро, ки фарзандаш дар боздошт гаравгони мақомот будааст, бо ваъдаи сабук кардани парвандаи фарзандаш ӯро маҷбур мекунанд, ки зидди духтур гувоҳӣ диҳад. Ниҳоят сохтакорона, духтурро ба ҳамкорӣ бо ҳаракати исломии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум мекунанд.
Айни ҳол Шодмонқул Ҷурабоев низ, пушти панҷараи зиндони режим аст.
Аммо ҷурми парвандаи фарзанди шахси гувоҳидодаро мақомот кам намекунад ва фарзанди ин шахс низ барои солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешавад ва ин шахс бо изҳори пушаймонӣ нақл мекунад, ки беҳуда як шахсро ба хотири фарзандаш тӯҳмат кардааст.
Бармегардем ба қазияи Комил Хоҷаназаров. Маврид ба зикр аст, ки бино ба гуфти Мурод Хоҷаназаров падари Комил, ҷасади Комил аз қабр берун кашида шуда, ташхис шудааст ва натиҷа нишон додааст, ки дар ҳақиқат шиканҷа шуда будааст. Баъди ошкор шудани изу аломатҳои шиканҷа, парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ мегардад ва Парвин Комилов, сардори шӯъбаи амният дар ноҳияи Ашт аз кор сабукдӯш мешавад.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъаш хабар дод, ки моҳи апрел 4 афсари милиса ва ду корманди амният дар робита ба боздошту шиканҷаи Комил Хоҷаназаров боздошт ва бозпурсӣ шудаанд, ки яке аз онҳо Латиф Юлдошев будааст. Дар ҳоли ҳозир Латиф Юлдошев ҳамроҳи ду айбдоршавандаи дигар: як ҳамкори собиқаш ва як корманди собиқи шӯъбаи амнияти ноҳияи Ашт дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳарчанд ба парвандаи шиканҷаи Комил Хоҷаназаров мӯҳри махфӣ зада шудааст ва маълумоти зарурӣ дастраси омма нест, ба сомонаи Ислоҳ муяссар шуд, ки чанде аз маълумотҳои зарурии марбут ба ин қазияро дастрас намояд.
Бояд гуфт, тибқи маълумотҳое, ки дар дасти мо аст, дар натиҷаи мушикофона баррасӣ шудани парвандаи шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, на фақат се нафар ё чор нафар корманди мақомот, балки мебояд наздик ба 20 нафар масъулини мақомоти амниятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва шӯъбаи раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Суғд барои солҳои тулонӣ пушти панҷараи зиндон шаванд ва на камтар аз 15 нафар зиндониёни ноҳияи Ашт, ки бо ҷурмҳои сохта, пушти панҷараи зиндон ба сар мебаранд, бояд озод шаванд.