ХУЛЪ ВА ҚАСАМ ХУРИ

Ислоҳ нет

ХУЛЪ ВА ҚАСАМ ХУРИ

(ТАЛАБИ ТАЛОҚИ ЗАН АЗ ШАВҲАР ДАР ИВАЗИ МОЛ)

(БАХШИ ДАҲҲУМ ВА ОХИРОН)

Гоҳе мешавад, ки ба сабабе аз сабабҳо робитаи зан ва шавҳар ба ҷангу ҷадал печида ва муҳаббат ва хушӣ ҷои худро ба душманӣ ва носозгорӣ медиҳад. Ислом дар чунин ҳолатҳое, ки ду тарафро ба созиш даъват намуда ва бахусус аз шавҳар мехоҳад, ки бо вуҷуди нохушӣ доштан аз занаш, бо ў мадоро ва хушгузаронӣ намояд ва гўяд: шояд ҳамин зане, ки аз вай бадаш меояд, дар оянда сабаби хайр ва некўӣ барояш гардад.
Сухани Худо:
«Бо занҳо некрафторӣ кунед, ва агар аз онҳо бадатон меояд, (бидонед) чӣ басо чизе аст, ки аз он бадатон омада, вале Худованд дар он хайри фаровонеро қарор дода бошад».
(Сураи Нисо, ояти 19)

Вале бо ин ҳам, гоҳе кор аз марҳилаи сабр ва тоқат гузашта ва ба ҷое мерасад, ки ғайр аз ҷудоӣ ва буридани ақди никоҳ бо роҳи ҳалли дигаре боқӣ намемонад. Дар ин сурат агар шавҳар занашро нахоҳад, чун талоқ ба дасти ўст, метавонад занро талоқ дода ва худро аз ин мушкил наҷот диҳад, агарчи аз нигоҳи моддӣ зарар бинад.

Вале агар зан шавҳарашро нахоҳад ва шавҳар занашро дўст дошта бошад ва бихоҳад, ки бо вай зиндагӣ намояд, дар ин сурат шариъати Ислом барои мард иҷоза медиҳад, то маблағи молеро, бо шартҳое, ки зикр хоҳем кард, аз занаш гирифта ва ўро дар муқобили ин мол талоқ бидиҳад ва ин кор ба номи « хулъ» ёд мешавад.

Пас, ба ин асос, хулъ иборат аз он аст, ки шахс ҳамсарашро дар муқобили моле, ки мегирад, талоқ бидиҳад.

Фарқи асосӣ байни талоқ ва хулъ ин аст, ки талоқ ҳаққе аст, ки шариъат онро танҳо дар ихтиёри шавҳар қарор додааст ва шавҳар метавонад аз ин ҳақ ҳар вақт, ки хоста бошад, худаш шахсан ва ё ба воситаи нойиби худ, истифода намояд. Чунончи, метавонад ин ҳақро дар ихтиёри ҳамсараш қарор диҳад ва шарҳи он пештар гузашт.

Вале хулъ монанди талоқ танҳо дар тасарруфи шавҳар нест, балки коре аст, ки ба воситаи ризо будани зан ва шавҳар сурат мегирад. Бинобар ин, агар ҳар кадом аз зан ва ё шавҳар ба хулъ мувофиқат надошта бошанд, тарафи дигар онҳоро ба ин кор маҷбур кардан наметавонад.

Чанд нукта:

1. Хулъ ба ҳар моле раво аст, хоҳ пул бошад, монанди динору дирҳам, сомонӣ, рубл, доллар, евро ва ғайра ва хоҳ мол бошад, монанди гилем, боғ, замин ва мисли инҳо ва хоҳ нақд бошад ва хоҳ нася.

2. Хулъ бар ҳар миқдоре аз мол ҷоиз аст, агарчи як сомонӣ ва ё як милион сомонӣ бошад.

3. Хулъ дар вақте ҷоиз аст сабаби муҳиме барои хулъ ва талоқ гирифтан аз шавҳар вуҷуд дошта бошад. Масалан, шавҳар бисёр бадшакл ва ё бисёр бадзабон ва бадрафтор ва ё бахил ва ё бадкор,майзада,муътоди маводи мухаддир,қиморбоз,фоҳиш бошад ва агар чунин сабабе вуҷуд надошта бошад, талаби хулъ аз тарафи зан, макруҳ ва дар мазоҳиби дигар тибқи аҳодиси саҳеҳ ҳаром аст.Инчунин тибқи ҳадиси саҳеҳ: Ҳар зане бидуни ҳеҷ мушкиле талаби талоқ мекунад барояш бӯйи ҷаннат ҳаром мегардад”

4. Раво нест, ки мард бо зан бадрафторӣ намояд, то зан маҷбур гардад, ки ҷиҳати халосии худ аз вай барояш чизе бидиҳад, то ўро талоқ намояд.

5. Тавре ки пештар дар масъалаи талоқ ёдовар шудем, талоқ дар ҳангоме, ки зан дар одати моҳонагӣ аст, ҷоиз нест, вале хулъ дар ҳар вақт ҷоиз буда ва дурустӣ пайдо мекунад.

6. Ҷоиз аст, ки хулъ аз тарафи шахси дигаре, ба ғайр аз зан ба ҷо оварда шавад. Масалан, падари зан ва ё бародари зан, барои шавҳари зан пешниҳоди хулъ дода ва бигўянд, ки дар муқобили ин қадар маблағ, занатро хулъ кун. Агар шавҳар ин пешниҳодро пазируфт ва занашро дар муқобили ин маблағ талоқ дод, хулъ дуруст мешавад, ки дар ин сурат, шахсе, ки талаби хулъро намудааст, бояд маблағеро, ки барои шавҳар пешниҳод кардааст, аз моли худ барояш бипардозад.

7. Талоқе, ки ба сурати хулъ воқеъ мегардад, талоқи бойин аст. Ба ин маънӣ, ки робитаи зан бо шавҳар қатъ мегардад ва ҳатто агар зан иҷозат ҳам бидиҳад, шавҳараш ба ў раҷъат кардан наметавонад. Вале тавре ки пештар дар мавзўъи талоқи бойин ёдовар шудем, зан ва шавҳар метавонанд. агарчи дар идда бошад, ба никоҳи нав дубора бо ҳам издивоҷ намоянд.

ИЙЛО ЯЪНЕ САВГАНДХЎРӢ
Дар луғат савганд хўрдан ва дар истилоҳи фақеҳон иборат аз ин аст, ки шахс қасам бихўрад, ки то муддати чаҳор моҳ ва ё бештар аз он, бо занаш ҳамхобагӣ намекунад ва онро «ийло» меноманд.

Чанд нукта:

1. Агар касе савганд ёд кард то, ки муддати чаҳор моҳ ва ё бештар аз он бо занаш ҳамбистарӣ нахоҳад кард, агар чаҳор моҳи комил гузашт ва бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ накард, дар лаҳзаи комил шудани чаҳор моҳ, занаш аз вай талоқ мегардад;

2. Савгандхўрӣ ба ҳар каломи дигаре, ки далолат ба қасд ва тасмим дошта бошад, низ дурустӣ пайдо мекунад. Масалан, агар касе гуфт, ки агар бо занаш то муддати чаҳор моҳ ва ё бештар аз он ҳамхобагӣ кардам, 100 долар хайр мекунам,фалон заминам дар роҳи Худо амсоли инҳо, ин савгандхўрӣ сиҳат пайдо мекунад. Дар натиҷа агар бо занаш то муддати комил шудани чаҳор моҳ ҳамхобагӣ накард, занаш талоқ мешавад ва албатта, агар ҳамхобагӣ кард, занаш талоқ намешавад, вале ончи шарт гузошта буд он амали бояд шавад;

3. Дар савгандхўрӣ шарт нест, ки шахси қасамхўрда қодир ба ҳамхобагӣ бошад. Бинобар ин, савгандхўрии шахсе, ки бо сабабе аз сабабҳо оҷиз аз ҳамхобагӣ аст, низ сиҳат пайдо мекунад. Масалан, шахсе, ки маҷбуб ва ё ҳез аст, агар бо занаш савгандхўрӣ намояд, он дурустӣ пайдо мекунад;

4. Дар савгандхўрӣ ақл ва булуғ шарт аст, яъне ҳамон тавре ки талоқи шахси девона ва талоқи тифли ноболиғ воқеъ намегардад, савгандхўрии онҳо низ воқеъ намешавад;

5. Агар касе зани ғайри мусалмоне аз аҳли китоб: яҳуд ва ё насронӣ дошт ва бо вай савгандхўрӣ намуд, он сиҳат пайдо карда ва ҳукмаш мисли зани муслмон иҷро мегардад;

6. Ҳамон тавре, ки савгандхўрӣ байни зан ва шавҳари мусалмон ва байни шавҳари мусалмон ва зани ғайри мусалмон ҷоиз аст, байни зан ва шавҳари «аҳли зимма», ки аз ғайри мусалмон мебошад, низ ҷоиз аст ва агар чунин коре байни онҳо сурат гирифта ва ба уламои дини мо муроҷиъат намуданд, қозӣ ва олими дин ҳукм ба дурустии савгандхўрии онҳо менамояд;

7. Талоқе, ки ба сабаби савгандхўрӣ воқеъ мегардад, талоқи бойин аст ва тамоми аҳкоми талоқи бойин ба шарҳе, ки гузашт, бар вай таъаллуқ мегирад;

8. Агар шахсе, ки ба занаш савганд хўрдааст, пеш аз гузашти чаҳор моҳи пурра ба занаш руҷўъ кунад (баргардад), савгандхўрӣ соқит мешавад ва чизе, ки бар вай лозим мегардад, каффора аст;

9. Каффораи савгандхўрӣ баъд аз раҷъат кардан ба занаш, яке аз се чиз аст ва шарҳи он ба қарори зайл аст:

а) Агар ийло ба савганд бошад, бар вай каффораи савганд лозим мешавад ва каффораи савганд иборат аз таъом додани даҳ нафар мискин ва ё пўшондани онҳо ва ё озод сохтани як ғулом аст ва дар сурати қодир набудан ба ин чизҳо рўза гирифтани се рўз аст.

б) Агар «ийло» ба талоқ бошад, талоқ воқеъ мегардад ва занаш талоқ мешавад. Масалан, агар касе ду зан ба номҳои Лайло ва Марям дошт ва гуфт: агар ба занам Лайло, то муддати чаҳор моҳ ҳамхобагӣ намоям, занам Марям талоқ бошад, дар сурати ҳамхобагӣ кардан бо занаш Лайло дар ин муддат, занаш Марям талоқ мешавад;

в) Агар ийло, яъне савгандхўрӣ ба чизи дигаре ғайр аз қасам ба Худо ва ғайри талоқ ва озод сохтан бошад, байни каффораи савганд ва байни вафо кардан ба он чизи дигар ихтиёр дорад. Масалан, агар бо занам то муддати чаҳор моҳ ва ё бештар аз он ҳамхобагӣ кунам, фалон заминам дар роҳи Худо бошад, агар ба занаш руҷўъ намуд ё бояд каффораи савгандро бидиҳад ва ё фалон заминашро, ки дар ийло шарт намудааст, дар роҳи Худо хайрот бидиҳад;

10. Асл дар руҷуъи «ийло» он аст, ки ҳамхобагӣ бошад ва бе ҳамхобагӣ, руҷўъ сиҳат пайдо намекунад. Вале агар касе ба сабаби бемории худаш ва ё бемории занаш ва ё дур будани зан ва шавҳар аз якдигар ва ё дар ҳабс будани яке аз онҳо ва монанди инҳо, наметавонист бо занаш алоқаи ҷинсӣ намояд, равост, ки бо сухан руҷўъ намояд. Масалан бигўяд, ки ба занам руҷўъ кардам ё ба сӯят боз гаштам.

Дар охир тазаккур менамоям,ки мавзуъи талоқ дар даҳ мақола ба поён расид.Мепардозем ба баррасии дигар масоил.Умед аст аз ин мақолаҳои талоқ истифода карда бошед.

Share This Article