(бахши аввал)
Ин зан, ки ному насаб, маҳалли зист ва навори сӯҳбатҳояш пеши мо маҳфуз аст як зиндагии ғайриодӣ ва мутафовитеро аз сар гузаронидааст. Шоҳиди ҳолатҳое шудааст, ки ба барои мову шумо ноошнову номафҳум аст. Аммо, худаш мегӯяд, ки ин ҳама на танҳо ҷузъи рӯзгору зиндагии ӯст, балки аксарияти занҳои маҳбус ҳамин вазъу ҳолро доранд, гуё ин ҳама табиӣ аст, аммо табиӣ нест ва набояд бошад. Вай мегӯяд, ки мо зиндагии инсонворро фаромӯш кардаем.
Инҷо аз лаҳзаҳову мавридҳое огаҳӣ меёбед, ки гумон намекунед ,дурусту воқеъӣ бошанд. Аммо, ин ҳолатҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон то имрӯзҳо ҳам ҷараён доранд.
Дар инҷо дар баробари манзараҳое аз ҳаёти пушти панҷара, аз рӯзгори дар озодӣ ҳам ҳикоят мешавад.
Инҷо мебинед, ки як зан, як зани бевамондаи тоҷик бо чӣ гирудору бо чи ҳавлу ҳолу авзоъ рӯдаррӯ мешавад.
Дар назари аввал менамояд, ки ин қисса пораву пароканда ва номафҳум аст. Вале, то ба охир мутолиа кунед, ҳамаро мефаҳмед.
Ин ҳикоят хеле тӯлонӣ буд ва ҳанӯз моҳи апрелу май буд, ки навори сӯҳбатҳо ба дастамон расид. Мо, он қисмат аз ин сӯҳбатҳоро қаламӣ кардем, ки ғайриодӣ набошанд ҳам тафовут доранд. Ин ҳикоят ранги як достоне аст ки дар баъзе аз қисматҳояш ханда мекунед, вале бештари онҳо ниҳоят риққатбору ҳузноваранд. Шумо мебинед, ки як инсон ва он ҳам зан барои зиндагӣ чи талошҳое мекунад ва дар ин роҳ бо чӣ инсонҳо ва бо чӣ ҳаводисе сарбсар мешавад. Дар ҳар ҳолат, ин ҳама нақлу ҳикоят бофтаву тахайюл нест, достон ва ё қиссаи воқеъӣ аст. Беш аз ин шарҳу тафсил намекунем. Фақат ёдовар мешавем, ки ин ҳикояти зани дар гузашта маҳбусро ба ду қисмат ё бахш ҷудо намуда пешкашатон мекунем. Инак, бахши аввали он:
Шикоят аз порахурҳои ҳаққи нафақурҳо
Гуфтанд, ки 1100 доллари туро дидем, лекин нагирифтем. Баъд аз он боз ду қопча биринҷ бурдаст, пеш аз он як тайлоқашонро бурда буд. Аммо, ҳеҷ кораш буд нашуд, то ҳозира пенсия намегирад.
Бародар, ман ин пулҳоро барои онки акаам безабон- гунг буд, додам, ки пенсия барорад. Ин пулро ба акаам додам. Ин акаам аз дигар модар аст. Падарамон як аст. Вақте отаам очаамро мегирад, ӯ дусола будааст.
Ва баъд мегӯям, ки аз пули пенсаияаш маро як курта кунед. Он чен платнои пеши пеш 70 сомонӣ буд. Чормоҳа будааст. Модарам калон кардагӣ аст. Ҳасан Ҳусейн
Баъд апаам мегуяд, ки эй, хоҳаре ношукрии бахти туву бахти ман. 1100 долларро мо дидему ҳисоб кардем, лекин нагирифтем.
Чи хел мепурсам?
Мегуяд дидему ҳисоб кардему додем, имзо гирифт, гуфт пенсияашро дуруст мекунам, вале бо ҳамин рафт, дафъ шуд. Як сол пас ду қопча биринҷи мо рафт. Лекин аз 2005 то ҳозира пенсия нест.
Бояд аз соли 1996 у ба пенсия-нафақа барояд, ҳамчун инвалид.
Акаам Файзалӣ дар 6-ой отдели Ваҳдат як вақтҳо кор мекард. Вай дар 6-ой отдели Ленинский (Рудакии имрӯза) ва дар шӯъбаи милисаи пеши танкаи Душанбе ҳам кор кардааст.
Барои пайдо кардани ман чи корҳое карданд
Ҳамон соати 12-01и шаби моҳи октябри соли 2024 (рӯзашро фаромуш кардам) ба хонаи очам одам роҳӣ кардагӣ. Очаам хоб буд, аз ҳамон шаб пас касал аст. Даромадаанду маро пурсидаанд. Гуфтаанд вай дар куҷо аст?
Акаам гуфтааст, ки салом алайк гуфтан даркор, дарро тақтақ кардан даркор, ин тавр гапҳо дар шумо нест?
Пурсидаанд, ки ҳамон беваи ….террорист ҳаминҷо?
Акаам гуфтааст, ки дар хонаи мо ягон бева нест. Бева ҳасту аммо фоҳиша нест, террорист ҳам надорем мо.
Духтари калониамро мепурсанд:- «М… мега ман номи худма шунидам, ҳадаҳа худма да таҳи диван задам. Таҳи диванда духтарам ду бор руст шуд, як бор моҳи август, дафъаи дигар дар ҳамин октябр. Як бор чор соат таҳи диван хоб рафт, як бор якуним соат.
Ҳамон духтаре, ки Қурған буд, баъд Панҷаш бурда буданд…., бале…».
Мегӯянд, ки М…. брор. Акаам мегӯяд, ки М…. кудакшро ҳаминҷо монду худаш баромад рафт Русия. Аэропорт занг мезананд. Апаам гуфт, ки дар пешашон будам, дасту пойҳоямро ларза гирифт. Аэропорт занг мезанад, оё самолет буд набуд?
Хонабудаҳо, барои онки сирашон ифшо нашавад, мегӯянд, ки «э,ҳозир самолёто аз Узбакистон арзонай, бисёриҳо через Узбакистон мераван. Апаам мега, ки ҳамина ман ба я лави гушум шунавидум. Вале онҳо куҷода-куҷода гуфта дод задан гирифтанд. Инҳо меган, ки Ленинобод рафтай. Ай Ленинобод Узбакистон мерава, ай Самарқанд мепара. Апам гаштай ҳаминтари гуфтай. Лекин очаам аз ҳамон шабай касалай».
Духтарам як таксӣ гирифта қишлоқи… рафтааст. ….бечораро ҳам чанд бор чанд отдел фарёдаш кардаанд. Ман бо он таксист аз солҳои пеш ошно будам. Он вақтҳо дар самти Душанбе -Кулоб таксӣ мезад, бо вай рафтуомад доштам. Боз дар Қурғану Масковский ва Ҳамадонӣ таксӣ мезад. Ман барои хонавода аз Қурған ҳарчи-ҳарчи роҳӣ мекардам, хонагиҳои мо камбизоатанд.
Ман худам хона ва ҷо надоштам, акаам инвалид буд, очаам аз ғами бачаҳояш кар шуд, худбахуд гап мезад, кам- кам ҳушаш парешон шуда буд. Акаам ҳеҷҷо кор намекард, дар хона буд. Ман ҳарчи меёфтам ду тақсим мекардам.
Маро модарам калон накардаст. Аз чорсолагиам дар Муминобод калон шудам.
Пурсидаанд, ки Муминобод равем меёбем. Як нафарашон гуфааст, ки охир ман аз Муминободам. Акаи Ф… маро гуфт, ки «бра ҳамин масъалара аниқ кун».
Апаам гуфт, ки и Ф…кӣ?
Гуфтам аз Лангар аст, як девона. Ман беваям гуфтам, ном бисёр надорам, лекин у 70 ном дорад. Ӯро дар Лангар А…мегӯянд.
Як бор ман таги ӯро кофта будам.
Бародар оё Шарипов Қиём, Шарипов Латиф, ҳаминхелин номҳоро шунидагиӣ? Латиф 2004 ё 2006 началник отдели Муминобод буд. Шарипов Қиёмаш началник отдели Ваҳдат кор кардагӣ. Ҳозир куҷо кор мекунад намедонам. Вале боз дар Голубой экрани Душанбе, отдели ҳамонҷо, Железнодорожниям кор кардагӣ Қиём.
Қиём, Латиф боз яктои дигар кал буд- Тешаев Рустам аз Дружба, Рустами молоток ё болғааш мегуфтанд. Ҳамон кал ва ҳамин акаам Файзалӣ ҳамино фақат ургутиҳоро шикор мекарданд. Ургутиҳо кам мезоянд. Кадомеш як бача дорад тоҷик аст. Фарқуш нест, вай як бача дошта ошад ҳам ,наркотика мепартофтанд, пул меканданд. Чанд бизнесмени ургутиро шикастагианд.
Ин корҳоро дар солҳои 2001-2002 бисёр мекарданд. То вақте Тешаев Рустамро зиндон накарданд. Бо наркотик шишт. Вай милиса буд, аммо дар Кирпичнийи Ваҳдат шишт. Зиндони 33 набурданаш. Як солу ҳашт моҳ шишт, бароварданд, гирифтанд. 10 сол срок дошт. Як милисаи номдор буд, дар ҳамон давра, ҳамон дар Норак қапида буд. Он милиса фақат милисҳоро меқапид.
Тешаев Рустам аз тюрма баромад.
Як вақт буд, ки мо бо Тешаев Рустам ҷанг шудем. Зад бинии маро шикаст. Ман рафтам заключенний гирифтам. Шуъбаи милисаи назди идораи Роҳи оҳан, Қараболо, рафтам. Аз Қараболо милисаҳоро занг заданд. Милисаҳо хестанду рафтанд. Он шабуруз дар Садбарг кор мекардам. Гуфтанд чи гап? Ҳодисаро гуфтам.
Гуфтанд, ки: « бхе ба отдела биё. Омадам. Онҷо як милиса гуфт, ки духтари хубӣ, духтари хушруӣ, ман туро доим дар Садбарг мебинам, занӣ, лекин аз як хел мардакда мардӣ». Лекин гуфт «уқа одами хуб қатӣ сару кор нагирифтӣ».
Гуфтам чаро?
Гуфт: «эй, ура кришаш вазнинай. Мо ҳозир агар вайра фарёд кунем бар сармона бало мегирм». Ҳамид Ҷумъаев ном дошт ва аз Фархор буд.
Гуфт як ҳафта пеш ту Энгелс рафта будӣ, номи пешинаи Дашти гуло.
Гуфтам ту аз куҷо медонӣ?
Гуфт: «да пеши мактаб ай мошин фуромадӣ, ман дидам ва сраза шинохтам, ки ту пирожкифуруши Садбарг».
Ман дар Садбарг пирожкӣ мефурухтам дар соли 2001. Вале ман вақте аз зиндон баромадам, ки Садбарг дигар хел шудааст.
Ҳодисаи бо туҳмат зиндон кардани зани бе гуноҳ
11 феврал 2001 маро подставит карда ба зиндон андохтанд. Маро худашон бо наркотик подставит карданд, лекин статяамро «дуздӣ» заданд ва маро соати 6 гирифта отдел бурданд, аз 8 бегаҳ то 2 шаб дар отдели пеши танка нигоҳ доштанд. Онҷо началники отдел Ғуломов буд, аз Масковский, имрӯза Ҳамадонӣ. Ҳамон хеле таҳдидам карду фармонам дод, ки ба гардан бигир. Гуфтам ба гардан намегирам. Гуфт ба гардан мегирӣ.
Ман касеро туҳмат намекунам гуфтам.
Маро аз соати 10 то 2 шаб то миён дар даруни барф гур каранд. Соат аз 2-и шаб гузашта буд қариб панҷ соат дар ҳамин ҳол будам, то ба гардан гирам ҷинояте содир накардаро. Яктош гуфт агар розӣ шави зани падари ман шудан делои ҷиноятият намекушоем. Гуфтам ман зани отаи пири ту намешавам. Пас аз он хандида- хандида омаданд милисаи маҳшар. Гирифтанду «барфҳора ису усу карданд маро аз дохили барфҳо берун карданд».
Бевазан будам, аммо се дар хона доштам. Ҳамаро гирифтанду мусодира карданд.
16 сол пурсиданду 6 сол доданд, пас аз 2 солу 8 моҳ ба озодӣ баромадам.
Дар ягон варақ навиштагӣ нест, ки ман се дар хона доштам. Домовойи хонаҳо дар дастам. Ман ин хонаҳоро аз кампирҳои урус сад, дусаддоларӣ харида будам. Он солҳое ман харида будам чунин нарх доштанд хонаҳо дар Душанбе пеш аз солҳои 1997. Домовойи ду хона дар дастам, яктоаш нест. Ордер буд. Ордерро гирифтанду рафтанд. Мегӯянд: «ин ордери ту аз асри ҳазрати Нуҳи набӣ мондагӣ. Ҳозир документҳо дигар шудагӣ, мо намедонем: «Милисаро фарёд кун ин бева чокадестай».
Ҳозир бошад дигар чизе надорам. Як умр кор мекунам, фақат барои квартира пул медиҳам.
Аввал дар Хуҷанд будем, началникамон нафаре бо номи Юлдошев буд. Ленинободиҳо ғамамон медоданд. Онҷо аз Кулоб ду офитсер кор мекрад. Якеш Бояков Ашӯр буд, якеи дигараш Қурбонов Шамс ном дошт. Бояков Ашур замначалник ва Қурбонов Шамс дар оперчаст кор мекард.
Бояковро ленинободиҳо подстава карданд, ӯро аз кор гирифтанд. Бояков аз Фархор, аз тарафи Коммунизм буд. Вақтҳое ки ман дар Садбарг кор мекардам, аз авлоди Бояков дар милиса чанд нафар кор мекард. Онҳо бо наркотик сару кор доштанд, лекин мо камбағалҳоро дастгирӣ мекарданд. Худашон дар орган кор мекарданд. Масалан наркобизнесро мақапанд, маълум, ки он наркобизнес пул медиҳаду мегуяд, ки маро озод кун. Ӯ чени даркориаш пулро мегирифту мегуфт, ки боз ҳамин қадар пул меориву панҷ -даҳ камбағалро тақсим мекунӣ, сипас ман туро озод мекунам. «Уво ҳамитарӣ кор мекадан». Қурбонов Шамс пуштигирӣ намекард, аммо Бояков Ашур пуштӣ мегирифт. Барои вай фарқаш набуд, ки ту аз ленинободӣ, кулобӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, душанбеӣ марди ҳақиқӣ ва кумак кунандаи камбағалон буд.
Дар Ленинобод он қадар не, аммо дар Норак маро сахт ғам ва азобу шиканҷа додаанд.
Этап ба зиндони Хуҷанд
Дар Хуҷанд бо чашм надидам, аммо ҳолатҳо таҷовуз ҷой дошт. Дар онҷо як коргоҳи сементблокбарорӣ доштем, ки дар дохили он то вақти омадани Бояков Ашур занҳоро ғам медоданд. Баъд занҳо ҷамъ мешаванд. Як резини муи сар (зажим)- и кадом оперро мегиранд (худо маро бахшад) ва кадом оперро фарёд мекунанд, ки инҷо чи проблемае ҳаст, дар кухнӣ, ки зераш подвал аст.
Подвалро маҳкам карда буданд, даробаро карда намешуд. Дар онҷо коргарони коргоҳи сементблок кор мекарданд. Он подвал дар зери бинои кухниву баня ҷойгир аст. Аз тарафи пеш меоӣ, кухния асту аз тарафи пушт баня-ҷои шустушӯ ва оббозии занҳо. Хулоса, дар зери он 44-48 коргар дар ду смена рӯзона ва шабона кор мекарданд.
Баъд фарёд мекунанд. Началники опер ё спетсчаст, як нафар хуҷандӣ буд, бисёр ғам медод. Як номи хандаовр дошт, фаромуш кардам, охири фамилияаш бой буд. Ҳамонро фарёд мекунанду мегуянд, ки «биё апарат вайрон шудаст». Занҳо ҳамон мардро меқапанду группавой таҷовуз мекунанд. (Тоба кадум Худо худуш бахшама): «Ҳамун резинкаи муи сара сахт мекунан ку, да ҳамун …… сахт мекунану 22 зан таҷовузаш мекунанд. Тоба кардам Аллоҳ бахшама. Баъд даводав мешава, пурсуков мешава. Баъд да ҷои у Бояков Ашур меояд. Он мард балнитса меғалтад, дигар дубора намеояд. Ҳеҷ кас намедонист куҷо шуд он мард. Ин кор то соли 2001 шудагӣ буд ва ин нақли занҳои шоҳиди ҳодиса аст».
Мустафо командир аз Варзоб як занро гурезонд. Отпускааш баровард, дигар набурд пас. Баъд замначалники тюрмаро заложник гирифт. Ана ҳамон зане, киМустафо аз тюрма баровардаш ба занҳои блоки мо тарзи таҷовузи он мардро мотиватсия додагӣ, ки «шумо ҳам кор мекунен, ҳам таҷовуз мешен, ҳама намуд истифодатон мебаранд. Наход шумо 20-22 зан ҳамин як мардака таҷовуз карда наметонен. Эй, ҳами камтар пеши бартона ҳуй кнен, фарёд кунен, хандида фарёд кнен» ва он корро мотиватса дода будай- резини муйро.
Баъде, ки началники тюрмаро заложник мегиранд ҳама чапаву роста мешавад. Аз сари нав Бояков Ашур меояд, Қурбонов Шамс меояд, духтур меояд аз Муминобод, домоди Шери бинӣ ва Баҳодур меояд, хулоса ин, ки хеле одамои нав меояну зона камтар порядка мешавад.
Ҳодисоти дохили зиндон
11 моҳ дар Ленинобод будам. Феврал қапиданд, моҳи июн Ленинобод бурданд ва дар СИЗО маҳкам карданд. Дар СИЗО Саъдӣ командир ва Марс ҳам буданд. Онҷо як дунё командирҳо буданд. Мо, ки халқи Кулоб будем Саъдиву Марс ба мо чизҳои бомаза- бомаза роҳӣ мекарданд. Саъдӣ командиру Марс ба тарафи командирҳо мегуфтанд, ки «ба дигарош кор надорем, лекин ай ҳамин Каленинобод усу, ису аз Норак усу ягон духтара мебурорену пеши офитсеро мебарен, ягон занака пеши туремешико мебурорен мо ахтатон мекунем. Мода намерасидан, дигарҳоро мебурдан да СИЗО».
Баъзе занҳо худашон мехостанд, ки барандашон. Пеши кормушка меомаданд фарёд мекарданд, гап қуш мекарданд, ки «ира, ура бте. Як кружкара дар трубаи отоплений мемонданду тиқтиқ мекардан, да гушошон мемонадан. Ай ису бо даҳаншона да дуруни кружка монда гап мезадан, бо кружкаро чапа монда гушашона мемондан».
Як рӯз пиёз оварданд. Бояд, ки дар як рӯз170 кило пиёз пуст мекардӣ. 4-5 қопашро пуст мекардӣ, 100 кило намебаромад. Ман ҳам пиёз гирифтам, лекин нормаамро буд карда натавонистам. Пеши Бояков омада гуфтам, ки маро дар грузчикӣ бигзарон. Барои онки грузчикҳо оклади хушру мегирифтанд. Мо, ки камбағал будем дачка тақрибан намерасид. Дар ду се ҳафта як бор. Як маскаву паставу собун. Вале барои ма чизе даркор буд, ки пазаму бихурам.
Бояков гуфт, ки чӣ ин қадар харобӣ бадӣ.
Вақте СИЗО даромаданам муи сарамро чен карданд. Гуфтам чаро чен мекунӣ? Ман хиёл кардам, ки муямро мебуранд.
Мо, метка мекунем, менависем, лекин агар муи саратро мебурӣ ба худат проблема мекунӣ. Одамони дандони тиллодорро дандонҳояшро ҳисоб мекарданд. Як зан бо мо рафта буд, се дандони тилло дошт. Ҳамонро навишта буданд, ёдам ҳаст.
Муи сари ман 93 сантиметр баромад.
Ленинободиҳо дигар хел гап мезананд. Якеаш гуфт, ки ту борзӣ мӣ? Гуфтам, э, худо, и чи мега?
Гуфтум кори ту чӣ? Ту чи ҳақ дорӣ муи сари мара чен мекунӣ?
Ин борзӣ, ин борзӣ гуфт.
Баъд яктоаш гашт гуфт, ки «ай Кулобай, хешои Бояковай. Гуфтанд чи хел? Гуфт фамилияҳояшон монанд аст. Барои ҳамин сахтам нагирифтанд.
Баъд дар карантин фаҳмонданд, ки чен мекунанд, то ки муи саратро набурӣ, нафрушӣ.
Гуфтум «чи иҷада муи сарта мебрӣ мефрушӣ»?
Гуфтанд, ки «ҳо, муйхарҳо меояну ҳамун офитсера фарёд мекунан мебаран, баъд муи сарта мебран мефурушан, туда як кило шакарай, як пачка чой, ё як пачка сигарети бефилтр метанта, боқимонда пулашро худашон мегиранд.
Ҳайрон шудам, гуфтам «итариям мешудай».
Гуфтан, ҳо мешавад. Инҷо тюрма, инҷо ҳарчи мешавад.
Этап ба зиндони Норак ва сангинтарин рӯзҳои ҳаётам
Норак омадем. Ҳамон рузе, ки Норак омадем, ҳамон рӯз бало дар сарам боридан гирифт. Хонагиҳо хабаргирӣ меоянд свиданияам намедиҳанд, карсерам мекунанд. «То ҳатто туҳматум карданд, ки ай зона попитка побег кардани буд. Зимистон ҳаво хунуке ҳастай, ки тоқат кардан душвор аст.
Ман бояд, ки охири моҳ суд бигзарам, баъд ё мебароям ё КП-колонния поселенка-ҳабси сукунатӣ мешавам. Дар ҳоле, ки ман ҳиҷчи нагуфтам, ҳиҷчи накардам. Ман дар ошхона хурок пухта истода будам, ки фарёдам карданд.
Омадам Камолов Қурбон, ки аз Данғара буд, рост истодаст. Апаи ҳамин аруси Пирови началник турма буд. Бесавод буд. Ана ҳамин чанд занро таҷовуз кард дар зиндони Норак. Вале зани худашро сар дод. Як духтари аз ҳамон зиндон баромадаро, ки Гулғунча ном дошт, гирифт. Ғулғунчаро бо наркотик қапида буданд 9 сол шиштагӣ буд. Ҳам дар Норак ва ҳам дар Хуҷанд шишт, дуввуним сол дар СИЗО- и Душанбе ба хотири онки зиндон набаранд шишта буд. Хулоса, ин Камолов Қурбон бо ду кудак занашро сар доду ҳамон Гулғунчро ба зани гирифт.
Вале дар охир Гулғунча дар Душанбе ҳама чизашро гирифту фурӯхт ва хонаша сӯхту гурехт рафт Русия.
Соли 2017 Гулғунчаро дар Русия дидам. Пурсидам Камолов Қурбон чи шуд? Гуфт «мара панҷ сол дар Ленинобод таҷовуз карда натавонистанд, вале дар Норак Камолов Қурбон дар 5 секунд бо туҳмат маро таҷовуз кард. Ман аз вай қасди худамро гирифтам. Чизу чораашро фурӯхтам, гурехтам омадам Русия. Гуфт бо номи пешинаам бикованд намеёбанд дар Русия.
Хуллас, маро ҳамин Камолов Қурбони данғарагӣ фарёд кард ва ончунон задане кард, ки дар ҳаётам чунин заданро надида будам. Баъд бурданду карсерам карданд. Тани як трусӣ карданд. Як халати сиёҳ дорам, ҳатто румол надорам.
«Муи сарма ҳамиқа сахт бофтагианд, руст кардагиан дар пушти сарум, хаёл кадум, ки решаҳои сарум дард мекунад. Оварданд се –чор сатил об ва ҳамонҷо дар пеши худум хлор андохтанду кофтанд-кофтанду дар ҳамонҷо рехтанд дар таҳи пом. Ақлан дар пом попушӣ надорум. Як кровати оҳанай ақалан простин надорад. Оҳан ҷойи хобтай. Дар болои оҳан хоб мерай. Дар ҳамон бех як фляг мондагияй туалетут ҳамунай. Шав ҳамонҷо истодум, саҳарқатӣ Пиров кор мекард Ҳалим Абдулло ай кор рафта буд. Ҳалим Абдулло вақти да СИЗО буданум началник СИЗО буд. Баъд ай Ленинобод омадем, ки началник турмаи занако дар Норакай. Ай Шаҳринави Муминободай. Як ҳоҷӣ. Пиров норакӣ аст, дар ҷои Ҳалим Абдулло омадагӣ буд. Апаи Камолов аруси Пиров буд. Ҳамон шав ҳамиқа гиряе кадум ки… чишмом варам кад. Некӣ баъд ай ҳамун гиря кадана тамоман бас кадум. Дилум месузаду некӣ об ай гирди чишмум намерезад. Аввалҳо дилум дар ҳақи ягон кас бсуза гиря мекрадам баъд дига бас шуд. Ҳози ма хеле зур мезанум, ки гиря кунум. Аз он азобҳое дар зиндон кашидааму аз сар гузаронидам бе ягон гуноҳ дилам сахт шудагӣ ҳаст.
Ҳамон шаб ай хунукиро ховум намебарад.Пома да замин монда наметонум. Замин хлор задагӣ. Да болои оҳан шиштагиюм шав то саҳара гиря кадам. Баъд саҳарқатӣ, ҳоло одамо хованд началник турма Пиров меояд, ай қафош се-чор нафар, намедонум прокурору комиссия буд. Мебронан ай карсер мебаран ба карантина, либосома метан, меган пуш. Меган да пеши Пиров меҳмоно ҳай, нагу, ки да таҳи поҳои ту хлор заданд. Баъд ман рафтум, и дар пеши Пиров меҳмон набудай. Пиров гуфт, ки ман тра бандитат намеонистум, одами гандаям намедонистум. Ман гуфт медидум, ки ту масҷид медромадӣ, мебромадӣ, медидум, ки ту ҳамаи кор дар бари зиндониҳо ҳастӣ. Чида ин кора кардӣ? Ба ӯ гуфтум, ки ту Аллоҳда бовар мекунӣ ё ҳамин Камолов Қурбонда? Баъд Пиров хандид. Баъд гуфтум ту мусулмон нестӣ?
Пиров гуфт, алҳамдуллилоҳ мусулмонум. Аллоҳда бовар мекунум. Гуфтум: «ба Аллоҳ бовар кунӣ, қасам ба Аллоҳ, ки ягон хел попиткаи побег накадум. Ин дуруғай гуфтум. Ана ҳаминҷо як бори дигар гиря кадам. Ман попитка побег накадум. Лекин ман ай ҳамиҷа бубром ҳарду пойи Камолов Қурбона арра мекунум».
Баъд ҷавобам доданд омадам отряд. Вақте меомадам отряд онҷо офитсерҳо истодагӣ буданд. Як кзан буд, дертар вафот кардаст, он зан хеле сару либосам овард дод. Фаришта ё Ҳадиса ном дошт. Аз Норак буд, дубак буд. Аз вай пурсидам, ки мешавад, ман баня биравам. Гуфт чаро? Гуфтам хунуки бад хурдам. Гуфт намешавад. Пиров шуниду гуфт, ки мшавад. Гуфтанд, ки оби баня куштагӣ аст. Пиров пурсид, ки одамҳо намозхонӣ мераванд, ба оби хунук таҳорат карда мераванд?
Гуфт, ки дар ҳамон отрядашон таҳорат када мераванд. Пировро сахт қаҳраш карду супориш дод, ки оби баняро гирён кунед. Оби баняро гирён карданд. Баъд дар як тағора ду тефал оби гарм овардану рехтанд. Ман поҳоямро дар оби гарм андохта истодам: «аз куҷое иқа горчичник овардан рехтан, да друни тағора пома монда шиштам, оҳиста -оҳиста об гарм шуд, оббозӣ кардум, баъд омадум хов рафтум. Баъд вақти приверка сар шуд, омаданд кравтма ларзонд хезондан. Доду вой када пеши Пиров рафтам гуфтам тура гуш кунем ё питифота»?
Камолов Қурбон тарафам гашту гуфт, ки «эй ма зинда бошум ту ай иҷа зинда намебароӣ»! Гуфтам гап нест.
Замполит Барно Каримҷонова буд. Вай вақти дар Ленинобод буданам ҳам кор мекард. Боз Робия Бегмамадова буд- замначалник. Барно Каримҷонова гашту маро гуфт, ки «ту аз ҳад гузарондостӣ».
Гуфтам «бра дафъ шав беваи худозада ва хестум омадам. Баъд Барно Каримҷонова фарёд кард, рафтам. Гуфт,«ту медонӣ, а ман зампалит»
Гуфтам, ки ҳо, медонам.
Гуфт, ки «ман имзо накунам, ту ҳиҷҷо намеравӣ»
Гуфтам, ки имзо накун: «се солма гиртфагиюм се сол мондагияй. Як солу як моҳи дига мешинум мерам. Накун имзо! Имзо када чо мекунӣ, худта шалпар када, савоб гирифта, нкун имзо»
Ана аз ҳамон замон ман наглигиро дигар сар кардам ва дигар гиря накардам. Ман ҳозирҳо наметавонам гиря кардан: «Зиқ мешам, қртқум пур мешавад, я чика- ду чика оби чишм мечика, оби чшм куҷо меша намедонам, дига намеша. Ман чида и хелӣ шудум намедонум. Худма қасида хонондагиям гуфтум, ҷин пин зарарум додай. Лекин нашуд .Ҳамин дили маъюбу пурхунам дигар мулоим нашуд».
Моҳи сентябр ба баромаданам чор моҳ монда буд. 28 сентябр колонний посиления роҳӣ карданд Ёвон. Гуфтанд, ки туро Ғаравутӣ роҳӣ мекунем. Гуфтам, ки майлаш, бошад.
Саргузашти талхи ин зани зиндониро, ки хело ҳодисоти ҷолиби дигаре дорад дар шумораи дигар интизор бошед….
Идома дорад бо Ислоҳ бошед….!