Номаҳо аз Душанбе, Нуробод, Шаҳритус ва Рӯдакӣ ин нашри барномаи моро ташкил додаанд.
Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи Рӯзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ навишта ва аз Эмомалӣ Раҳмонов суол пурсидааст, ки натиҷаи сулҳу оштиат бо тарафи дигар чӣ аст? Корхонаҳои қатори домодҳову духтарҳоят, бойфрендҳои онҳо, зиндону кушта шудани шахсиятҳо?
Сулҳ кардӣ, ки чи шуд мепурсад муаллиф?
Нигорандаи нома аз ноҳияи Нуробод дар бораи раиси ин ноҳия, ки мардум кличкаи «картошка»-ро ба номаш часпонидаанд ва низ дар бораи Сиёвуши амниятӣ, куратори амният навиштааст, ки бинобар навиштаи муаллиф намозу ислому рӯзаву муллоро сабабгори пасравии Тоҷикистон медонистааст.
Муаллиф гуфтааст, ки ба маҳзи беаҳамиятии мақомоти ноҳия порахӯрӣ дар тамоми соҳаҳо авҷ гирифта истодааст.
Номаи расида аз ноҳияи Рудакӣ хеле ҳам ҷолиб аст. Муаллиф аз баргузории машқи омодагии ҷангии аҳолӣ дар варзишгоҳи марказӣ навиштааст, ки дар кори он муовини вазири мудофиа иштирок кардааст. Пораҳоеро аз суҳбатҳои замминистр, генерали артиш дар нома овардааст, ки хеле аҷиб ст.
Аз Шаҳритус дар бораи як директори мактаб навиштаанд. Директори ин мактаб як бонуе, ки ҳам муаллиму муаллимаҳо ва ҳам хадамаи мактаб-уборшикҳоро фиреб карда бепул кор мефармудааст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мефиристам. Чанд рӯз мешавад, ки сару садо ва ғавғои зиёд дар бораи Рӯзи ваҳдти миллӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ карда истодаанд. Аммо саволи ман ҳамчун сокини пойтахт ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки худро асосгузори сулҳу ваҳдат мешуморад ин аст ки сулҳ кардӣ, бо кӣ кардӣ, баъд чи кор кардӣ?
Сулҳ кардӣ,30% ҳукуматро ба тарафи дигари сулҳ додӣ, додӣ, ки дарТоҷикистон ҷанг қатъ шавад, гурезаҳо баргарданд, ҳамакаса дар ватан аҳлона ва бародарона зиндагонӣ мекунем. Аммо ҳозир дар Тоҷикистон фақат ту ва аҳли оилаву авлодат «жит» карда истодаед, дигарҳо боз дар муҳоҷирату дар гурезагиву дар зиндонанд. Чаро? Чунки ту мард неву номард баромадӣ. Русҳоро ба худат пушту паноҳ карда тарафи дигари сулҳ ва умуман тамоми мардуми тоҷикро фиреб додӣ ва аз як сар ба зиндон андохтиву куштӣ.
Ҳатто онҳоеро, ки барои ба сари қудрат омадани ту ҷанг карданду хун рехтанд, масалан Сангак, Файзалӣ, Ғаффор седой, Ёқуб Салим, Маҳмуд Худойбердӣ, Хуҷа-командир, Суҳроб Қосим, Салмон Лангариро ё куштӣ, ё зиндон кардӣ.
Ёдат ҳаст чи гуфта будӣ? Гуфта будӣ, ки дар авлоди ман ғайри худам дигар дипломдор нест. Як ака дорам, ки тракторчӣ аст. Аммо Ҳасанро овардӣ, Озодаро овардӣ, Рустамро овардӣ, Рухшонаро овардӣ, Парвинаро овардӣ, Заринаро овардӣ, Фарзонаро овардӣ, ҳукуматро оилавию авлодӣ кардӣ. Зоирро овардӣ, Ҷамолиддинро овардӣ, Зарифбекро овардӣ, Шамсуллоро овардӣ, Ашрафро овардӣ, Сиёвушро овардӣ, эҳҳе, Раҳматулло, Амонулло, Амирулло, Зайнулло қавми яъҷуҷу маъҷуҷ дар инҷо камӣ карда истодааст.
Сулҳи кардаат ҳамин аст?
Ҳама дору надори халқро бо оилаат дулунҷа дарун карда истодаӣ?
Ҳасан Ориёнбонкро гирифт, Талкоро гирифт, неругоҳи Роғунро гирифт, Шамсуллои домодат бо Фарозаш ҳамачирову ҳамаҷоро гирифт.
Ҳасан дуздиро сар кард. Аз Ориёнбонк сар кард, Талко, корхонаҳои пахтатозкуниро гирифт.
Ҷамолиддину Озода роҳи хуҷандиҳову мардуми шимолро ро пулакӣ карданд. Бег Сабури қудоят ангишти ғармиҳоро гирифтааст.
Домодҳоятро овардӣ, вазир, муовини вазир, банкир, бизнесмен кардӣ: Фароз, Се ганҷ, Мармарӣ, Ёвар, Сифатфарма, Авеста ва ғайраву ғайра.
Ҳар яке аз духтарҳоят бонки хусусӣ, самолёти шахсӣ ва чандин шавҳарҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ доранд. Худат аз ҳама чиз бохабарӣ.
Сулҳ кардӣ, ки чи шуд? Натиҷааш галаи бойфрендҳои духтарҳоят шуд?
150 000 касро дар ин ҷанг қурбон шуд. Хуб, ба хотири чӣ? Ба хотири онки Рустаму Исмоил духтарбозӣ ва Таҳминву Фарзона бойфрендбозӣ кунанд?
Сулҳ кардӣ, халқ чи фоида кард?
Сулҳ кардӣ, ки чи шуд?
Ҳамин саволро ба худат деҳ, ки чи кор кардӣ? Ва ин яъҷуҷу маъҷуҷи беҳисобро аз куҷо овардӣ, ки ҳоло директори коллеҷи омӯзгорӣ дар Зафаробод ҳам аз Данғара асту светавои Қалъачаи баланди Истаравшан ҳам аз бачаҳакои боло.
Сулҳат ҳамин? Бо кӣ сулҳ кардӣ? Тарафи дигари сулҳ куҷо аст?
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи Нуробод менависам. Ин номаи ман дар бораи Сиёвуши куратори амният дар райони куҳна аст. Дар пушти бинои идораи ҷамоат як хона барои меҳмонҳо барои одамҳои калон ҳаст. Ин меҳмонхона ҳозир барои Сиёвуш шудааст. Ба тарафи як ҷӯрааш гуфтааст ин мардуми Нуробод намозхон ҳастанд лекин тарсончак будаанд. Масҷидҳояшонро махсус маҳкам мекунам, дам намезананд, хап меистанд. Боз гуфтааст, ки дар бораи бузиашон гап надорам. Ҳамдигарашонро мефурӯшанд. Раисони маҳаллаашон муллоҳояшонро мефурӯшанду боз худашонро намозхон мегиранду мулло. Мегӯяд, ки раисони маҳалларо фарёд мекунум, як намуд метарсанд, ки пешам меоянд, камандирҷон мегуянд. Чизеашон бгум дасто пеши бар гап нест ҳалш мекунем. Хай дига фаҳмиден чи мефорад мара….
Боз дар бораи муллоҳои қишлоқҳо гуфтааст, ки рузҳои ҷумъа соатҳои 10 ба ҷамоат фарёдашон мекунам ба сарашон дод мезанам сарашонро баланд намекунанд.
Муллоҳои қишлоқҳои Дегаӣ, Шоғазамин, Севак, Тутхор, Қаланак,Туғак, Шашволон, Сайдон, Яхак ва Яхч, Истон ҳамааш тарсуанд. Аз Шашволон як бачаи ҷавон будааст, нав мулло шудааст. Ҳар вақте зангаш мезанам камандирҷон гуфта чорқат мешавад дар пеши поҳоям. Он муллои шашволониро Сиёвуш муллои сиёҳаш мегӯяд- сияҳча.
Сиёвуш беҳад муллоҳоро издеватсия мекунад.
Домулло Муҳаммадиқбол! Дар бораи шумо ҳам муллоҳоро ҷамъ карда маҷлис карда гуфтааст, ки «одамое бо ватсапи Ислоҳ навиштан ҳамаашро аз Муҳаммадиқбол мегирам, пулро медиҳам номошона ҳамаша мега, ана бад очаи зори онҳо, ки нома менависанд нишон медиҳам.
Як кас саволаш медиҳад ба Сиёвуш, ки ин Муҳаммадиқбол худашро одами серёзний мегирад. Сиёвуш ҷавоб додааст, ки чанд касро пулаш партофтанд номҳои ҳамон номанависҳоро аз Душанбе ва аз Қурғонтеппа додааст.
Дар Ютуб худашро серёзний мегирад вале агар пулаш гуӣ пули бисёр мепурсад. Ин гапро пештар як одами нурободӣ гуфта буд. Ман сабр кардам, нав навиштам. Барои ҳамин хело вақт хап будем. Аммо баъд фаҳмидам, ки ин Сиёвуш дуруғ мегуяд.
Сиёвуш Солеҳзодаи раиси ноҳияро картошка лақаб мондааст. Сиёвуш гуфтааст, ки ин раиси картошка фақат фикри картошкашинонӣ, коргарҳояш писандаш намекунанд, барои ҳамин дар Нуробод порагирӣ авҷ гирифтааст. Амният медонад, ки ҳамаи коргарҳои давлатӣ пора мегиранд. Лекин аз қафои муллоҳо, аз қафои риштарошии мардуми камбағал. Агарчи чандин бор нома навистанд вале духтурҳо ҳамон порагириашонро карда гаштаанд.
Ҳамин Қосмов Иброҳим нав дар моҳи май аз чанд нафар 750 сомонигӣ гирифта бъд хатна кард. Беинсофтарин духтур. Рӯи рӯшод мегуяд 750 сомонӣ хатнаи як кудак. Дар 50 сум дорухат менависад, 50 сомонӣ ҳақи хизмат мегӯяд. Аммо 750 сомонӣ мегирад.
Шафоатова Зарина, сармомодояи таваллудхона ҳам ҳамчунон пора гирифта гаштааст. Дар корхонаҳои Нуробод ягон намуди проверка нест. На аз ниҳодҳо ва на аз одамҳои раиси ноҳия.
Ҳар вақте Солеҳзода Фатҳуддин ба мошинаш мегузарад мардум мегӯянд,ки « картошка гузашт».Уже кличкаи раиси ноҳияро картошка мондаанд. Дигар касе ном намегирад. Ҳама картошка мегӯяд.
Як чизи дигарро қариб, ки фаромуш кардам. Сиёвуш гуфтааст, ки гӯё СС.Ятимов ба вай гуфта бошад, ки масҷидҳои мардуми Нурободро маҳкам кун, фишорашон биёр митинг мекунанд ба зиди Раҳмонов. Вақте ин пирсаг аз вазифа равад ман туро началники амнияти Нуробод мемонам.
Сиёвуш гуфтааст, ки ин мардум тарсончак будаанд, намехезанд. Ба гуфти Сиёвуш масҷидмаҳкамкунӣ фармони СС.Ятимов будаасту Эмомалӣ бехабар будааст.
Сиёвуш ҳамин гапро ҳам гуфтааст, ки мардуми Самсолиқро чмо кардам, мардуми Тегирмиро ҳам чмо кардам,ба дараҷае, ки ягонтоаш гапи зиёдатӣ намегуяд.
Боз маро бинанд ду даста салом мекунан мардуми Нуробод. Ин мардуми Самсолиқро террорист гуфта ҳамаашро чмо кардам. Мардуми Тегирмиро немис мегуфтанд, мардуми якгапаанд. Лекин инҳояшонро ҳам чмо кардам. Ҳамааш таҳти назорати ман ҳастанд. Дар райони куҳна мардуми Зорунро ҳам ҳамин хел кардам гуфта таъриф мекунад Сиёвуши амниятӣ. Ин Сиёвуши амниятӣ дар Сафедчашмаи Самсомсолиқ куратор аст. Дар райони куҳна ҳам куратор аст. Ин Сиёвуш тамоми мардуми райони куҳнаро ба дод овардааст. Ин Сиёвуш ҷонишини Ҳайдари амният дар Самсолиқ буд. Ҳайдарро ҳамин Сиёвуш ба СС. Ятимов фурухт, ки масҷидҳоро иҷозат додааст.
Ҳайдар мардуми Самсолиқро мегуфт «намозотона бхонен, азонро паст гуен» Масҷидҳои қишлоқҳои дигарро ҳам ҳамин гапро мегуфт, ки азонро паст гуед. Ин Сиёвуш ин гапро ба амнияти райони нав гуфт, ки Ҳайдар масҷидҳоро иҷозат додааст, ки намоз хонед, азонро паст гуед.
Ин Сиёвуши бадбахт ба ислом сахт душман аст. Одами намозхонро шум мебинад, масҷидро дуст намедорад, боз одами ришдоро бад мебинад. Беҳад бетавфиқ аст.
Сиёвуш мегуяд, ки ҳамаи гуноҳҳо аз ҳамин ислом аст. Аз пушти ҳамин намозхонҳо ва муллоҳо Тоҷикистон пешравӣ намекунад.
Шаҳритус
Ассалому алейкум устод! Ин номаро аз Тоҷикистон фиристода ва хоҳиш намуданд, ки бо роҳу василае бошад ба шумо бирасонам. Ва ман онро ба шумо мефиристам.
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ, ки хубу хуш ҳастед. Мо метарсем ба ҳукумат арз кунем, ки мо уборшикҳои мактаби миёнаи 11-уми ноҳияи Шаҳритус, Лолазор- 3 ва Лолазор 4-ро барои иҷрои дигар кор маҷбур карда истодаанд. Моро директори мактаби № 11 Ашӯрова Бахтигул дар чобуки пахтаи худаш фиристода истодааст. Бар замми ин боз аз мо пул ҷамъ карда мегирад. Пули краска 55 ҳазор сомонӣ шуд, ана, агар усто Камол бошад 5 ҳазорашро мегирад ё не, Худо медонад . Номаълум аст ки дар 15 ҳазораш краска гирифт ё не?
Ин ҷо савол ба миён меояд. Дигар, боқии пулро дар кисааш зад. Ба муаллимҳои мард гуфт: «Шумо ҳам биёед кор кунед». Ин муаллимҳо гуфтанд, ки пул зиёд эконом шудагӣ, бидеҳ кор кунем. Директор гуфт, ки: «Бепул кор мекунед».
Ин директори хонасухтаи гушна муаллимҳову уборшикҳоро кор мефармояд, лекин аз пули ҷамъшудагӣ ягон касда намедиҳад.
Як бор шумо дар борааш навишта будед, хеле тарс ҷиқид, пеши муллояш давида рафт.
Муаллимҳо ва уборшикҳоро қасам дод. Гуфт: «агар проверка омад, шумо даҳонатона ҳуй накунед, набошам қафои панҷара мерен». Мо занҳо-муаллимаҳо ва уборшикҳо аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш дорем чорай Ашуроваро бинад.
Ҳатто муаллимаи тарбияи ҷисмониро угрожат мекунад,ки «уволит мекунам».Он муаллима 30 сол стажи корӣ дорад ва директор нав панҷ сол стажи дуздӣ дорад.
Хоҳиши мо аз бонуи зебо Озодаи Раҳмон ин аст ки чораи ин Ашӯрова Бахтигулро бинанд. Дар номҳои одамон маош навишта худаш мегирад. Хеле омӯхта шудагӣ аст. Зардолуи мактабро фурӯхта чи кор кард, пулаш куҷо шуд, касе намедонад.
Биёянду проверка кунанд, мебинанд, ки дар ин мактаб чи гап корҳо шуда истодааст.
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз ноҳияи Рӯдакӣ бароятон мефиристам.
Рӯзи 17 июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи ноҳия машқи омодагии ҷангӣ барои сокинони гузарониданд, бо номи «Бонги хатар».
Повестка дода бурданд ҳамаро. Онҷо аз ҳамаи ҷамоатҳо мардҳои ҷавону нафақахӯрро ҷамъ оварданд. Як нафар ҷонишини вазир сухнронӣ кард.
Гуфт «хай тиёритона бине, душмано бисёр шудагианд. Ба қарибӣ мумкин бидроянд, эҳтиёт шавен». Боз як дам истоду гуфт, ки «ҳамин яташ бдроя тамом».
Замминистр гуфт «гурӯҳҳои ифротии байналмилалӣ дар гирду атроф пурқувват шуда истодаанд. Мо бояд ҳушёр бошем, қисмати мудофиавиро пурзӯр кунем. Неруҳои тарафдори ифротгароҳо бақувват шуда истоданд, хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд
Яке аз вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳ несту нобуд кардани онҳо аст. Мо медонем, ки ин гунаҳо дар дохили мардуми мо ҳам кам нестанд.»
Ҳамин маҷлиси бонги хатарашонро соли гузашта дар масҷид доир карда буданд. Фақат ришакиҳо иштирок карда буданд. Аз болоиҳо ягон касро намебинӣ.
Гуфтанд, ки одам кам аст, илтимос имсол зиёдтар иштирок кунед.
Хайр, дигар рафтем соати 6 пагоҳӣ ва соати 9 омадем. Нусратулло Салимзодаи данғарагӣ, раиси район бо военний форма баромад кард. Мундуқак будаст. Маҷлис кардану гуфтанд, ки бояд дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шавем. Ба гапи террористҳо ва хоинҳои миллат гӯш надиҳем.
Мо, ҳамчун солдат ба замминистр салом додем. Генерал-майор будаст.
Онҷо ду соат чухтамон карданд, фамилияҳоямонро навистанд. Дар стадион ягон бист ҳазор одам ҷамъ омада буд. Мардум қариб буд, ки ҳамдигарро пачақ мекарданд. Дар-паро шикастанд.
Сурати калони Раҳмонов сарфармондеҳ гуфта кашол кардагӣ.
Нусратулло Салимзода мардумро барои иштирок дар машқи Бонги хатар ташаккур кард.
Повесткаашонро ҳатто ба одамҳои 63-65 сола ҳам додаанд. Матни повесткаи як нафарро мефиристам:
тартиби №
Ба шаҳрванд флони фалони фалевич
суроғаи ҷои истиқомат д. Испечак
ҷои кор ва суроға бекор
Даъватнома
Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мутобиқи моддаи 57 ба Шумо фармоиш медиҳам, ки рӯзи 17 июни соли 2026 соати «07.00» барои муайян намудани ҳолати бақайдгирӣ ва омодагии сафарбарӣ ба Варзишгоҳи марказии ноҳия ҳозир шавед Мутобиқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТмоддаи 683 қ2 бе сабабҳои узрнок ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани шаҳрванди дар эҳтиёт қарор дошта ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба андоза 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Бо худ дошта бошед билети ҳарбӣ ё шиноснома
ҶМ (ҷои муҳр) Комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ подполковник (имзо) Талбакзода Ҷ
2026 сол
Дар варзишгоҳ 20.000 нафар зиёд одам ҷамъ омада буд. Аммо маълум буд, ки барои 99%-и инҷо ҷамъомада ин машқи Бонги хатар нафорид. Чанд шиносе доштам фикрашон ин буд, ки ҳар касе меояд, зудтар ояду моро аз зулми Раҳмонову оилааш халос кунад.
Ба назар мерасад, ки дар таги пусташон кайк даромдааст, ҷомаи тарс дар баданаш аст, сахт метарсад, ки ягон гапу хабар нашавад. Дар ин гармои сахт даъватнома.
Ба ҷамоати Испечак ноҳияи Рудакӣ дода мардумро дар ин гармо оварда дар стадион чухт куниву гӯӣ, ки ману бачаму духтару домоду келинҳоямро аз ифротиҳо муҳофизат кунед, тайёритонро бинед. Мо тайёрем, ки дар бари онҳо биистем ва туву авлодатро несту нобуд кунем Раҳмонови хабис! .
