Нашри ин навбати барнома ин бор аз номаҳои расида аз Данғара, Душанбе, Панҷакент ва Ромит таҳия шудааст. Мо ин бор аз ҳар яке аз ин номаҳо сархат (абзатс)-еро ба ҷои муқаддима ва муаррифии муҳтавои онҳо интихоб кардем. Инак шумораи нави барномаро зери даcт доред, ки ба тарзи зайл аст:
Данғара: «Ба Аллоҳ қасам ғарибӣ диламонро гирифтааст. Маро умрам дар ғарибӣ гузашт. Ҳатто рафтани ягон фарзандамро дар мактаб надидам. Ягон нафарашро ман ба мактаб набурдам. Ягон бор дар маҷлиси падару модарҳо иштирок накардаам. Майдакиаш синфи як рафту калонияш бошад дар ҳамин соли хониш тамом мекунад».
Душанбе: «Ду ҳафта пеш аз ҷашни Истиқлолият, баъди анҷоми маршировка камази ҳарбӣ задний ход мезанаду 6 сарбозро пахш карда мекушад. Намебинад пушти камазро. Гузашти низомӣ бошад монанд бо солҳои аввали Истиқлолият буд. Соф кудакҳоро формаҳои низомии гуногун пушонда, гузаронданд ба пеши Раҳмонов».
Панҷакент: «Худи Хушбахт аз паша ва аз сояи худаш метарсад. Ҳамин қадар тарсончаке ҳаст, ки зани шаттоҳи беобурӯяш пеши мардон рафта разборро ҳал мекунад. Ин зан ягон инсонро признавать намекунад. Агар ягон кас гап занад «бадарғаат мекунам аз шаҳр», «хоката мебезам», «к…та медаронам» гуфта таҳдид мекунад».
Ромит: «Қори Хабати додари Шоҳасан духтарҳоро мехонд. Мегуфт ҷин дорад. Вале дар асл шаб то саҳар бо духтарони ноболиғ дар хонаи духтардорҳо ҳаромӣ мекард. Мегуфт, ки хона надароед, ки ин ҷин дорад».
Данғара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар муҳоҷират ҳастам ва рафиқам аз ватан ба ман расм ва дигар иттилоотро тавассути ватсап дастрас мекунад.
Ҳозир боз сезони пулҷамъкунӣ аз аввали рӯзи хониш сар шуд. Акнун то дафтарҳои хонандагонро (ҳар як синфро) бояд муаллимон ба директори мактаб супоранд.
Директор бошад ба корхонаи истеҳсоли коғаз месупорад ва пулашро аз худ мекунад. Ин пулро барои коғазу дигар лавозимоти зарурӣ барои мактаб сарф кунад ҳеҷ балояш намезанад, ақалан бо забони хуб муомила кунад.
Дар маҷлису ҷамъомадҳояш зердастонашро дашном мекунад, қанчиқ гуфта дашном медиҳад, омузгоронро, ки баъзеи онҳо ба сину сол аз худаш ҳам калонанд.
Директорони дигар мактабҳову муассисаҳои таълимӣ 2 ё 3 соат маҷлис мегузаронанд, ҳамон ҳам дар як ҳафта як маротиба, тамом. Аммо ин Ҳомидова Назрбӣ бошад ҳар рӯз маҷлис, ҳатто рузҳои шанбе ҳам. Агар ягон омӯзгор дар маҷлиси Ҳомидова Назрбӣ иштирок накунад, ё ба ягон хатоӣ гунаҳгор бошад, он маҷлисашро фақат барои ҳамон бечораи коргар ё омӯзгори гунаҳкор мегузаронад. Бо дашному паст ва наҳзании ҳамон омӯзгор 2-3соат маҷлис мегузаронад. Аз соати 4-5 бегоҳ 2-3 соат маҷҷлис мегузаронад, баъд омӯзгорро ҷавоб медиҳад. Вақте ҷавоб медиҳад, ки соат 7-и бегаҳ мешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки хонаи баъзе омӯзгорон аз дохили ноҳия 5-6км дур мебошад.
Дар шаб маҳалаҳои навбунёд торик, роҳи сангу хокӣ. Омӯзгор ба хонаҳояшон рафтан метарсанд. Ин директор на акл дораду на тамиз, дар забонаш фақат дашном асту халос.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар муҳоҷират ҳастам ва се хонандаи мактаб дорам, ки дар ҳамин мактаби Ҳомидова Назрбӣ таҳсил мекунанд. Бовар кунед, ки ин пулҷамъкунӣ, ки дар ин мактаб ҳаст, дар ҷонамон задааст. Ҳоло даҳ рӯз аз соли хониш нагузашта сар шуд.
Аз хона занг мезананд. Аз рӯзи якуми хониш -пули обуна, пули рӯзнома, китоб, театр ва боз якчанд намуди дигари пулҷамкунӣ.
Ба Аллоҳ қасам ғарибӣ диламонро гирифтааст. Маро умрам дар ғарибӣ гузашт. Ҳатто рафтани ягон фарзандамро дар мактаб надидам. Ягон нафарашро ман ба мактаб набурдам. Ягон бор дар маҷлиси падару модарҳо иштирок накардаам. Майдакиаш синфи як рафту калонияш бошад дар ҳамин соли хониш тамом мекунад.
Бародар Муҳаммадиқбол дар ҳақи мо муҳоҷирҳо дуъо кунед. Ба Аллоҳ қасам ин ғарибӣ ҷавониамро гирифт.
Ба Аллоҳ, ки қариб ҳар шаб муҳоҷире нест, ки оби чашмаш нарехта бошад. Эй мардуми дар ватанбуда. Дар ҳақи мардуми ғариб дуъо кунед.
Дина вақти баргаштанамон аз кор дар роҳ як муҳоҷирзан, ки пештар аз ман дар раҳ рафта истода буд, дар телофонаш паёмак омад ва паёмакро кушоду як минутворӣ дар ҷояш истоду боз гиря карда голосавой монд.
Бар падарт лаънат ғарибӣ гуфта, ин ҳолатро дида ҳамин хел аламам кард. Ин зани бечора кудаконашро мондааст дар Тоҷикистону худаш бошад ҳамроҳи ҳамаи мо мардҳо дар ғарибӣ барои фарзандони дар Тоҷикистон будааш кор карда истодааст ва бо ин ҳолатҳои сангин рӯз гузаронда истодааст.
Ҳамин директорони мактабҳо, ақалан шумо аҳволи падару модаре, ки дар ғарибӣ аст, бифаҳмед. Мо дар ин мусофират банкомати шумо нестем.
Баъзе ҳолатҳо ҳам буд, ба Аллоҳ қасам, ки ду-се рӯз хурок нахурдем, як камтар раҳм кунед. Баъзе рӯзе шумо пул талаб мекунед, мо сум надорем, боз чаро хонандагонро маҷбур мекунед, ки аз ҳамсоя қарз бигир. Ту бо кадом ақлат талабаҳоро мегуӣ, ки қарз бигир. Ин мактаб нею як автомати игровойи пулҷамъкунӣ шудааст.
Ҳомидова Назрбӣ ҳамроҳ бо шағолонат пулҷамъкуниро бас кунед, ки аз пушту пайи ҳамаат бачаҳо иттилоот ҷамъ доранд, бачаҳои дар ватанбуда.
Умедаи ҷияни директор, ту худатро ислоҳ кун. Дарсҳоятро худат бигзарон. Талабаҳои мактаби 2-ро дар ФМС дидам. 6 бор даромад экзамени забони русиро дода натавонист-«ҷошда ДЕПОРТ заданша». Барои ҳамин Умедаи Сафархон дарси русиатро хушру гузарон то талабаҳо забони русиро камтар бошад ҳам ёд гиранд, гап зада битавонанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, ин шо Аллоҳ дар оянда ҳамкориамонро идома хоҳем дод. Феълан худо ҳофиз. Дуъо дар ҳақи ғарибони мусофирро фаромуш накунед.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бовар кунед, ногуфта натавонистам. Номи маро хонед, хоҳед фаҳмид, ки ман аз ин пеш ҳам ба шумо номаҳои зиёд навиштаам, ки дар «Ислоҳ» чопашон кардед. Ман боз дар бораи Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон менависам.
Аммо дар аввал чанд андешаҳоямро дар бораи ҷашни Истиқлолият, ки Раҳмонов доир кард, иброз медорам. Дар минбари ҷашни истиқлолият ҳатто Азизморо ҳам баровард. Худаш, Озода, Рустам ва инка Азизмо.
Аҷаб рӯзу рузгоре барои мо тоҷикҳо шуд. Ин одаме, ки муқобили истиқлол, мухолифи давлати миллӣ, тарафдори боқӣ мондани СССР ва ҷудо нашудани Тоҷикистон буд, ҳоло бо аҳлу авлодаш «Истиқлолият»-ро ҷашн мегирад.
Агар ягон камбағал яке як хурок зиёдатӣ дар маъракааш кунад, аз танзим сар карда то тамоми мақомот ба сараш мераванд. Аммо миллионҳо доллар барои танҳо ба ном тантанаҳои истиқлолият сарфу списат шуд, канӣ танзим?
Дар 35 соли Тоҷикистони мустақил ин гуна ҷашни пурдабдабаву пурхарҷу пурмасрафи «Истиқлолият» нагузашта буд. Паради ҳарбӣ. Чанд моҳ тайёриҳо, марги сарбозу донишҷуҳо дар маршировка.
Ду ҳафта пеш аз ҷашни «Истиқлолият», баъди анҷоми маршировка камази ҳарбӣ задний ход мезанаду 6 сарбозро пахш карда мекушад. Намебинад пушти камазро. Гузашти низомӣ бошад монанд бо солҳои аввали «Истиқлолият» буд. Соф кудакҳоро формаҳои низомии гуногун пушонда, гузаронданд ба пеши Раҳмонов. Як шармандатарин ҷашн буд. То ҷое шунидам дар шаҳру ноҳияҳо ҳам паради ҳарбӣ доир карданд. Як шиносам гуфт, ки онҳо маҷбур шуданд, ки бо командири як қисми ҳарбӣ гапзанон карда чанд адад сару либоси ҳарбӣ иҷора гиранду дар паради ҳарбӣ иштирок кунанд. Ин ҳама фанду фиреб барои кӣ даркор бошад?
Шоми фарҳангие, ки дар варзишгоҳи таърифии нав гузашт, умуман аз фарҳангу санъати миллӣ дур буд. Паъати девона мебарояд аз минбарҳо дар баромадҳояш аз фарҳангу маданияти бегона эрод мегирад, дар асл бошад дар ҷашнҳо ҳама фарҳанги бегона.
Ба дараҷае дуруя аст, ки боз худуш худашро сафед мекунад. Шарм накарда мегуяд, ки ин ҳама расходҳои шудагӣ ҳама барои донистани қадри «Истиқлолият» аст. Аллоҳ расвоят кунад ба ин шайтанату шайтонгарӣ. Тамоми иншоотҳои сохташуда бесифату садамавианд. Специално вақтро кашиданд то қарибии ҷашни 35 солагӣ. Баъд гуфтанд, ки успет намекунем, нархро чанд баробар боло карда тез- тез ҳаром-ҳаром карданд
Раҳмонов конкретно касал аст. Старческий маразмаш авҷ гирифтааст. Идора карда наметавонад. Раҳмонов дар ин ҷашни 35 солагӣ маҳсулоти асосии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт, маҳсулоти содиротии асосии Тоҷикистон. Барои ҳеҷ маҳсулоти содиротии Тоҷикистон, маслан 10,20,100 гуфта намешавад, аммо ин продукти содироти миллионӣ аст. Содироти миллионӣ.
Харитаи ва масоҳати содирот ҳам васеътару васеътар шуда истодааст. Пеш Русияву Қазоқистон буд. Ҳоло Британияро бигу, Германияро бигӯ, Полшаву кишварҳои Прибалтика-Латвияву Литвияро бигӯ, Амрико, ки дар ҷои худаш.
Хулоса, муҳим ин нест, ки ин издиҳоми ба гуфтаи худи Раҳмонов ҳудуди 130 ҳазорӣ дар тан чи форма доштанд, рақси чакан мекарданд, ё тавлаку думра менавохтанд, шашмақом ё фалак, муҳим инки Раҳмонов нишон дод, намоишгоҳ ташкил кард, ана боз неруи кории арзон, ана гладиаторҳо-«муҳоҷирони корӣ», ки ҳоло бо таъбири «ҳамватанони бурунмарзӣ» табдилаш карданд
Дар куҷое хондам, ки як чоплусе бо номи
Сайфулло Сафар гуфтааст муҳоҷират ин касалӣ аст. Хуб, дуруст, аммо чаро намегӯӣ, ки иллати ин касалӣ чӣ ва аст ва кӣ касал кардааст ин миллатро, ки табобат намешавад? Падар буд, писар ҳам омад ва ҳоло набераҳо ҳам «касал»-муҳоҷир шуданд.
Хуб, агар ин тавр аст бигзор вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба вазорати меҳнат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва шуғли аҳолӣ табдили ном кунад. Чи аз муҳоҷирати меҳнатӣ ориятат меояду гуё шарм мекунӣ.
Агар шарму орияту ҳамияту одамияту инсофу имон медоштӣ, ҳади ақал барои набера коре мекрдӣ. Аммо ҳоло набера ҳам рӯ ба муҳоҷират овардааст, чун дар ватан ҷойи кору маоши муносиб пайдо карда намешавад.
Ва ҳоло меоем бар сари Музаффар Юсуфӣ.
«25 сол зиёд дар ин давлат хизмат кардам, ягон бор раҳмат нашнавидам. Ягон звания ё ягон грамота дода бошандам, «сумша хушру додагийм».
Ҳамин ҳаромии Юсуф Раҳмон маро аҳмақ кард. На дар давраи Прокурори Генералӣ буданаш вазифаи созам дод на ягон корамро буд кард. 650 ҳазор долларамро гирифт, ҳоло аст ки диҳад. Ваъда кард, ки да 35 солагӣ генерал полковник туғрӣ мекунум мегири, ягон чи нашуд.
Ҳабибулло Воҳидзодааш бошад як грамотаам дод, тамом. Ин гапҳоро Музаффар Юсуфӣ дар пеши кормандонаш гуфтааст.
Бобури Прокурор гуфтааст, «мегуй Музаффар Юсуфӣ худаш аз дигарҳо фарқ мекунад. Соф бизнесменҳоро фиреб карда дар гирдаш ҷамъ кардааст. Ба онҳо удостоверение ва формаи прокурорӣ дода ҷушида истодааст. Чанд вақт пеш дар Прокуратураи нақлиёт маҷлиси тантанавор ба муносибати 35 солагии «Истиқлолият» гузаронида кашелекҳояшро форма пушонда граммота ва медал дод. Ку Ҳабибулло Воҳидзода як санҷиш гузарон, ки чанд кас дар руйхати баҷоии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон карор доранд? Музаффар Юсуфи аз ҳаромхурӣ ранги хук шудааст. Тамоми контрабандаи телефонҳои мобилиро ба Тоҷикистон ҳамин таъмин мекунад. Ҳамаи телефонҳо боз пастсифат аст.
Музаффар Юсуфӣ нисбати Зайнулло Шарифзодаи аэропорт сахт кор карда истодааст. Музаффар Юсуфӣ гуфтааст, ки «ҳамика задан против ма через хоинои миллат ягон кор карда натонистан. Ма сиру асрори зиёд медонм. Дар замоне, ки дар Прокуратураи Генералӣ дар назорати КДАМ сардори раёсат будам нисбати СС. Ятимов, Рамазон Раҳимзода ва дигарҳо хуб гапу чап ҷамъ кардагиам. Медонанд, ки маро ягон чи кунанд, хдшонам ма мегум Ислоҳда».
Панҷакент
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз шаҳри Панҷакент мебошам. Шикояти ман ба мақомоти дахлдори ин шаҳр ягон натиҷа надод. Барои ҳамин хостам ба шумо ибрози шикоят аз мақомдорони системаи худкомаи давлатдорон кунам!
Ду номае, ки шумо пешкаши мо кардед дар бораи Чеҳрон Ҷураев, яъне Наҷмидинзода писари ҳоҷӣ Наҷмии барига. Ман боз аз як баригаи дигар ба шумо менависам. Вай ҳам дар шаҳр тамоми бачаҳои ҷавон, наврасҳоро ба коми ин дарди бедаво гирифтор кардааст. Тули зиёда аз 5 сол аст ки Бобомуродов Хушбахт шогирди ҳоҷӣ Наҷмӣ яке аз баригаҳои калони тамоми навъи маводи мухаддири Панчакент мебошад. Вай бо доштани доғи судӣ дар Идораи андози шаҳр кор ва фаъолият дорад. Ин як бесавод аст ки дипломаш харида мебошад. Бо воситаи нафароне дар макомоти болоии ҳукумати Тоҷикистон, албатта, бо пора вазифаро харидааст.
Вай яке аз баригаҳои калони Панҷакент ба ҳисоб меравад. Дар бозори «Ҳумо»-и шаҳри Панҷакент 6 мағоза дорад. Дар болотар аз бозори Ҳумо, дар рӯбарӯи идораи маорифи шаҳр як дом ҳаст, ки аз як подъезди 7 хонаи истиқоматӣ ва низ таҳхонаҳои он биноро харида аст. Дар шаҳр зиёда аз 15 хонаву мағоза ва боғи 5 гектара дорад. Ин як ҳаромхури бесаводи занкалон аст. Як зани беобруи шаттоҳ дорад, ки тамоми доми маориф аз дастаи ин оила ба дод омадаанд. Фураҳои беҳисобе, ки ба ӯ бор мебиёранд, соатҳову рӯзҳои дароз лифти одамкашониро банд намуда онро вайрон мекунад ва бечораи мардуми боз пул ҷамъ карда лифтро соз мекунанд.
Аз ҳама аламовар ин аст ки гирдогирди доми маориф ҷои помонӣ нест, аз зиёдии мусори каробкаву борҳои беаввалу охири ин як оила. Охир мо хона харидем, ки дар амну амон зиндагӣ дошта бошем. Лекин як оила як подъездро соҳиб шудааст. Мардум агар гап зананд бо Прокурору КГБ метарсонад. Ин зани шаттоҳ ва фарзандони бетарбияву духтари бодпояш аз саҳар то соати 2 шаб оромии як домро халалдор карда гаштаанд.
Худи Бобомуродов Хушбахт аз паша ва аз сояи худаш метарсад. Ҳамин қадар тарсончаке ҳаст, ки зани шаттоҳи беобурӯяш пеши мардон рафта разборро ҳал мекунад. Ин зан ягон инсонро признавать намекунад. Агар ягон кас гап занад «бадарғаат мекунам аз шаҳр», «хоката мебезам», «куната медаронам» гуфта таҳдид мекунад.
Бародари азиз охир фарзандони мо аз дасти фарзандони ин оила рӯз надоранд. Бо тамоми марду зани ин дом муштбагиребон шудааст ин зан. Тақрибан ягон рӯз нест, ки мо-ҳамсояҳо ба участковый шикоят накунем. Вале ин участковыйи мо ранги муши мурда аст: — аз боло занг мезананд, ки чақааш нашав. Бечора дигар гапаш дар банди шалвораш намегузарад.
Мо ҳайронем, ки то кай мардум аз дасти ин як оила баригаи Бобомуродов Хушбахт азоб мекашад? Бародари азиз, ҳамаи умедамон бо шумост. Илтимос, мактуби маро нашр кунед. Агар ин ноҷавонмард ҷилави зану фарзандони аз сари худ рафтаашро нагирад ва мо сокинони ин домро ором нагузорад дар бораи дигар ҷиноятҳояш маълумотҳои дақиқу сабтҳои ҷолибро ирсол менамоем.
Худованд нигаҳбонатон бошад бародар!
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум,устоди меҳрубон! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Нашри номаҳо аз Ромит инҳоро девонаву васвос кардааст.
Раҷаби Хайриддин гуфтааст, ки «инора гуш накне, ино хоинои ватан ҳастанд».
Мегӯяд пешво калонтарин масҷид дар Осиёи миёнаро сохт,
доми 74 этажа мебардорад-«Бурҷи Душанбе», айтипарк сохт, калонтари ГЕСи дунё-Роғунро сохта истодааст.
Вале намегуяд, ки мардуми Тоҷикистон свет надорад. Даже дар магазини худаш свет нест: колбаса, сир торт, ҳама бу гирифт. Вале мегӯяд, ки шукронаи пешвои миллат кунед. Мегӯяд, ки ин Муҳаммадиқболу хоинҳои миллат гуфтан мегиранд.
Раҷаби Хайридин ман туро чи гуфтаниам?
Мардуми Ромитро зулм накун. Роҳи Чахавро кушо, то ки мардуми камбағал алафу ҳезум чорпояшро баранду дар бораат гап назананд.
Қорӣ Шоҳасан, муллои Ромит мегуяд, ки «касе дар инҳо нома менависад, яъне ба Ислоҳ ба дузах меравад. Мегуяд уболай, ки ин ҳама ободкориҳои пешворо набинӣ.
Э, қорӣ Шоҳасан! Ин пешвои ту на свет медиҳад, на як ҷойи кори дурусту маоши хуб медиҳад ба мардум, мардум ҳама дар муҳоҷират аст, худат ҳам дар муҳоҷиратӣ, ҳаррӯз аз муҳоҷирҳо пул пурсида истодаӣ. Чаро аз пешвоят пул намепурсӣ?
Раҷаби Хайриддин боз ин пешвояшро таъриф мекунад, ки ҳар сол барои донишҷуҳо квота медиҳад, бепул мехонанд. Вале намегуяд, ки дар мактабҳо муаллим намерасад.
Ин бузҳои орангутан бошанд, ҳар вақт эфири Ислоҳро мепоянду байни худ гап мекунанд, ки ин навбат дар бораи кӣ мегуфта бошад
Як нафар домсоз бо номи Очилдӣ аз Сорво як хонаро ба даҳ кас мефурушад. Мардумро сарсону саргардон карда гаштааст.
Мирзоев Асалбек, ҷияни Хурсанд Мирзоева,бачаи Раҳмон аст. Падари Асалбек ба коргари СС-и махуф кор кардагӣ аст. Баъд тюрма шуд. Асалбек аз Сорво зан дорад. Хусураш «дору» бизнес аст. Хусури Асалбек бо Раҳмон ҷура будааст. Ба хотири пулу бизнес шуда Асалбек зани беваро гирифт. Ҳозир бошад Асалбек дар Маскав хона сохта мефурушад. Хонаи худаш дар Ромит аз 200 ҳазор доллар ҳам зиёд расход кард.
Баъди нашр дар «Ислоҳ» тавассути Хурсанд Мирзоеваи амаш корҳояш ҳал шуд. Як кони кумур –ангишт дар Ромит ҳаст, ки он аз «Фароз» буд, ҳамонро гирифтааст.
Он кон дар Ромит, деҳаи Танахарф лагери Идораи железнодорожный ҳаст, ру ба пушти дачаи Амонулло Ҳукумов, раиси пешинаи Идораи Роҳи оҳан. Лекин намедонам ба пул ё бе пул гирифт. Ин дачаи Ҳукумов ҳам номаълум шудааст.
Маҳмади бачаи Шарифт Мирзокарим бачаи амаки Шоҳасан дар муллоӣ мехонд, дар хонаи амакаш. Аммо ба духтари тағои Шоҳасан чи кор кард. Он духтар синфи 11 буд….шуд. Аз ин ҳодиса ҳама мардуми Ромит бохабаранд.
Шоҳасан ба вай билет гирифту Русия роҳӣ кард-гурезонд.
Маҳмад чанд ҳамсояҳои Шоҳасанро вақте чила мешишт чунин номаъқулиҳо мекард.
Қори Хабати додари Шоҳасан духтарҳоро мехонд. Мегуфт ҷин дорад. Вале дар асл шаб то саҳар бо духтарони ноболиғ дар хонаи духтардорҳо зино мекард. Мегуфт, ки хона надароед, ки ин ҷин дорад. Баъзеи ин духтарҳо ҳозир шӯ доранд. Вале ин Хабати даюс дар берун нақл мекарду мегашт.
Акбари бачаи ҳочи Ориф духатри тағои худашро дуст дошт. Лекин ин духтарро як марди калон аз қишлоқи Яфрак қаблан бо ӯ алоқа дошта буд.Тағоияш аз қишлоқи Пойнов мешавад. Тағоияш мулло аст. Духтарро маҷбур ба Акбар доданд.
Ин духтарро маҷбури додан ба ӯ.
Ба группаи ватсапи Ромит ба пулҷамкунакҳо гуфтаниам, ки навбати шумо ҳам расид. Адмендорҳои группаи ватсапи Ромит ба шумо дахл дорад. Ман дар группаатон ҳастам. Пул барои лаби об, пул барои мактаби рақами 15-и Ромит
пул барои ҳоҷатхонаи Ромит, пул барои мурдаҳо, пул барои касалиҳо, пул барои….Ин мардум ин ҳама пулро аз куҷо меёбад?
Гулро дар об тар кардам,кофтани дуздҳоро сар кардам. Пас аз нашри барномаҳои пай дар пай Ромит боварам кунед вазъи таксиҳои бузу бузғола хело ором ва бо тартиб шудааст. Дигар гап задан ва ман инаму ман онам, кришаам фалонӣ ҳаст ва ҳар коре хоҳам мекунам гуфтани бузу бузғолаҳо хело кам шудааст. Ин натиҷаи кори тими Ислоҳ дар Ромит аст.
Дар охир бори дигар мегуям, ки маро накобеду ислоҳ шавед, тамом. Ман дар худи Ромит ҳастам. Бояд мардуми Тоҷикистон шумо-касифҳоро бидонад, бояд писару духтар зану модарҳоятон шуморо бидонанд. Фамилияву ному насабатонро бояд бидонанд. Ҳамааш нашр мешавад ва мо як дақиқа ором намешинем ва пайваста мекобему ба Ислоҳ мефиристем.
