Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” дар кони Шугнов рӯзи 27 май «бо хоҳиш ва бо пои худ» ба милисахонаи ноҳияи Данғара омада худро таслими мақомот кард. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон баёния содир карда гуфт, ки Амриддин Нахшов ба «гуноҳи худ иқрор кард» ва феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Амриддин Нахшов кист ва чи гуноҳе содир кардааст?
Амриддин Нахшов, писархолаи Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбен, ҷияни Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва набераи тағои Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амриддин Нахшов солҳои пеш корманди «Ориёнбонк» буд. Аммо барои кор ба кони Шугнов гузашт. Рафтани вай ба кони Шугнов барои хидмат ба халқу ватан нест. Чунки вай дар ин соҳа мутахассис нест ва ӯ ба ин кон бо ҳадафи ғасбӣ ва баст овардани даромади калонтар, хулоса бо ҳадафи бойшавӣ ва касби пули калон рафтааст. «Ориёнбонк» ӯро қонеъ накард. Албатта, мисли бақия узви авлоди Эмомалӣ Раҳмонов барои вай даромади ин бонк камӣ мекард. Худи шоҳид аст ва дар пеши чашмаш дида истодааст,ки чи гуна домодҳои холааш Азизмоҳ масалан ҳамин Шамсулло Соҳибов ба таври фантастикӣ ва бо суръати кайҳонӣ пулдор шуда истодаанд.
Бо худаш қарор кард, ки як ҳиссаи даромадҳои шираи камол дар ноҳияи Данғараро,ки солҳо боз бо як қарори махсус Эмомалӣ Раҳмонов ба монополияи «Фароз» табдил додааст, бигирад, яъне дар ин тиҷорат шарик бишавад. Фикраш ин буд, ки як каме аз он даромадҳо ҳам бигирад, Шамсулло кам намешавад. Аммо бо мухолифат рӯбарӯ шуд. Кормандони Шамсулло зиддият нишон доданд ва ӯро нагузоштанд, ки ба ин бизнеси домоди Ҷаноб сар халонад. Албатта, кормандон бидуни дастур ва о.кей»-и Шамсулло ба сари Нахшов даст намебардоштанд. Вале натиҷаи ин ҷангҷолу кордкашӣ ин шуд, киСайёд Ғиёсов ва чанд нафари кормандони ширкати «Мину-фарм»-и Шамсулло Соҳибов мавриди латту куби одамони Амриддин Нахшов қарор гирифтанд ва худи Амриддин Сайёдро чанд зарби корд задааст, ки феълан ӯ дар бемористон бистарӣ аст. Мақомоти милиса чанд нафари ҳамлаваронро боздошт мекунанд. Аммо худи Амриддин фирор мекунад ва пинҳон мешавад.
“Бояд махсус зикр намоем, ки ин масъала нишон медиҳад чанҷол ва баҳсҳо бар сари пулу сарват дар дохили Оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ва авлоди носерами вай то чи ҳад тезутунд мешавад. Ҳатто омадаанд ҳамдигарро бикушанд. Бешак ин дар табиат ва хӯю хуни ин қабила зотӣ ва хунӣ аст. Барои нафсашон омодаанд, ки ба тамоми пастӣ ва корҳои ғайринсонӣ даст зананд.”
Амриддин то охирин лаҳзаҳо умед дошт, ки холааш Азизамоҳ ва холабчааш Рустам ва ва тағояш Ҳасан Асадуллозода «як бало» мекунанд. Аммо Шамсулло зӯр баромад. Ҳасанро чаппа кард. Инки Ҳасанро чаппа кард, шубҳа надошта бошед. Зеро Амриддин дар хонаи Ҳасан паноҳ оварда буд. Фишор болои Ҳасан, то ҳадде зӯр омад, ки ночор шуд Амриддинро водор кунад, ки таҳвили милиса шавад. Як манбаъи огоҳ, ки ин маълумотҳоро ироа дод гуфт, ки Ҳасан Амриддинро таскин додааст, ки гуноҳи сабуктар мезананд ва дар афви бахшида ба 30-солагии Истиқлол озод мешавад.
Шояд Рустам ва Озода шарик нашуданд, чун мавзеъи падарро диданд, по қафо бурданд. Аммо Ҳасан ва талошҳояш ноком анҷомид. Наздикони Амриддин аз ҷумла амааш гуфта буд, ки Амриддин гуноҳ надорад ва ҳеҷ куҷо нагурехтааст. Аммо маълум буд, ки ӯ то чанд муддат,то замоне, ки Раҳмонов тасмимашро дар бораи ба дасти милиса супоридани вай дигар накард, дар хонаи тағояш Ҳасан Асадуллозода пинҳон шуда буд. Зимнан падари Амриддин Файзиддин Нахшов, боҷаи Эмомалӣ Раҳмонов ва мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.
Амриддин чи гуна ба кони Шугнов рафт?
Бинобар маълумоти дарёфтӣ Амриддин Нахшов тавассути нафаре бо номи Ҳоҷӣ Ҳайдар дар солҳои 2011-12 ба кони тиллои Шугнов омад. Омадани ӯ орому одӣ набуд. Дар ин кон чанд корхонаи хусусӣ фаъолият мекард. Яке аз онҳо бо номи «Союз-зар» буд, ки ба Шарифов Ҷурахон тааллуқ дошт. Амриддин ин коргоҳро зӯран аз худ кард. Шарифов Ҷурахон сокини маҳаллӣ ва як нафари нисбатан пулдор буд. Солҳо дар ин кон фаъолият мекард. Аммо корхонаи вай, ки соҳиби литсензияи фаъолият буду ба беш аз 1 миллион доллар техникаи махсус дошт аз тарафи Амриддин зӯран кашида гирифта шуд ва номашро ҳам иваз карду гузошт:-«Нахш». Молики пешини ин корхона ба тамоми зинаҳои додситониву додгоҳӣ даъво кард, аммо чун Амриддин пуштибонони дар сатҳи давлат дошт, чизеаш нашуд. Шарифов Ҷурахон қисмати конро, ки тӯли 6-7 сол дар ихтиёраш буд, бар тибқи қоида барои истихроҷ ва тавлид омода карда ҳанӯз баҳрае набурда буд. Яъне асосан барои истихроҷ конро омода мекард. Кони ӯро бо тамоми имконоту захоир Амриддин кашида гирифт.
Ҳоло солона Амриддин то 300 кило тилло аз ин кон ба даст меоварад. Вай аз ин тилло як грамм ба давлат намесупорад. Чун ҳеҷ кас ҷуръати ӯро пурсидан надорад. Ҳатто на пули нерӯи барқ месупорад на барои экология. Хароҷоти нерӯи барқи муҳити зисти ӯро то ҳамин ҳоло аз дигарҳо мерӯёнанд. Касе ёд надорад, ки ӯ андоз супорида бошад. Аммо то ба ҳозир аризаҳи шикоятии Шарифов Ҷурахон дар дасти Суди иқтисодиву Суди олӣ ва суди вилоят мисли туби футбол даст ба даст мегардад. Аммо Амриддин аслан парво надорад. Вай дар маърака ва ё ҷашну маросимҳо тавре мегардад, ки мардумро чени пашша писанд намекунад. Масту махмур аз арақу нашъа ва банг, мардумро дашному ҳақорат карда бо ҳамин кайфу сафо карда мегардад.
“Амриддин дар асл як авбоши ғоратгар аст. Аз ӯ ҳамаи мардуми инҷо безор ҳастанд. Аз рӯи баъзе хабарҳои расида дар ин занозанӣ аз таппонча ҳам тир задааст. Вале инро пушонида истодаанд. Мақомоти тафтишотӣ алайҳи Нахшов тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “авбошӣ”, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ҳоле бояд нисбаташ бо моддаи сӯйи қасди мусаллаҳона ба ҷони шаҳрванд парванда боз мекарданд”
Ин моддаи Кодеки ҷиноии Тоҷикистон аз 2 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо ин модда дар одитарин афв шомил мешавад ,чи расад ба афви тиллоӣ. Барои ҳамин бештари огоҳони вазъият мегӯянд, ки боздошту ҳабси пешакии Амриддин Нахшов як «спектакл»-и Оила аст то бо ин васила нишон бидиҳанд, ки онҳо қонунро риоят мекунанд ва дар Тоҷикистон қонун барои ҳама як аст. Аммо ҳамаамон медонем, ки ин як дурӯғи шохдор асту халос. Вагарна чаро Амриддин то даҳ рӯз дар озодӣ буд, дар ҳоле, ки ҳам корд зад ва ҳам тир паронд ва нафари захмӣ дар ҳолати сангин дар бемористон қарор дорад. Шоҳидони ҳодиса ба расонаҳо гуфтаанд, ки Амриддин Нахшов фирор накарда буд, аммо мақомот аз боздошти ӯ тарсиданд. То он замон, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов шарик нашуд ба боздошти ӯ иҷозат надоданд.
Чуноне гуфтем ширкати «Нахш»-и Амриддин Нахшов, ки қаблан ба Шарифов Ҷурахон тааллуқ дошт ва номаш ҳам «Союз-зар» буд, дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва асосан дар он ҷо ба истихроҷи тилло машғул аст.
Нуктаи дигар ин аст ки Амриддин ва ҳамроҳонаш даҳ нафарро латту куб карданд. Вале худи Амриддин Сайёд Ғиёсовро бо корд зад ва гуфта мешавад аз туфангча ҳам задааст. Агар ҷойи Амриддин каси дигар буд ҳатман бо иттиҳоми дигар ҳадди ақал сӯиқасд ба одамкушӣ парванда боз мекарданд.
“Акнун “Ислоҳ” ҳолат ва раванди қазияи додгоҳии Амриддин Нахшовро пурра назорат мекунем ва мебинем,ки Прокуратураи генералӣ ва Суди олии кишвар чи гӯна ин қазияро ҳукм содир менамоянд ва чанд сол ин авбош ҳукм мегирад? Инчунин мо ҳолати пас аз зиндон шудани Амриддин Нахшовро тавассути манобеъи худамон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлия наззора хоҳем кард. Адолатпарвару додгустариро мунтазирем, дар ҳоле ҳар рӯз даҳҳо бегуноҳон ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуда истодаанд.”
P.S : Хонандаи гиромии «Ислоҳ.нет»! Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи кони Шугнов, ки солҳост дигар ба буҷҷаи мамлакат як дирам ҳам ворид намекунад ва дигар ба як гови ҷӯшоии наздикони Эмомалӣ Раҳмонов ва оилаи ӯ табдил шудааст, матлаби алоҳида омода намоем.Агар шумо ҳам маълумоте доред,лутфан бароямон ирсол намоед.