Чаро «Оши оштӣ»-и қасри Арбоб оштӣ наовард?
(бахши нуҳум)
«Оши оштӣ»-и Иҷлосияи16 дар Қасри Арбоби Хуҷанд рӯзи 26 ноябр дастурхони худро боз кард. Дастурхондори ин ош сокини шаҳри Хуҷанд мусафеди бознишаста Хӯҷаев.И буд, ки ҳамаро ба сари хони оши оштӣ даъват кард.
Даври ин хони ороста Раҳмон Набиев, Эмомалӣ Раҳмонов, Аслиддин Соҳибназаров, А. Абдуллоҷонов, Давлати Усмон, Сангак Сафаров, Ҷумъа Буйдоқов Полковник Шарифзода ва дигарҳо нишастанд, ҳамчуноне, ки 26 июли соли1992 дар шаҳри Хоруғ низ тарафҳо ва шахсиятҳои таъсиргузори замон, ба шумули қумандонҳои саҳроӣ Созишномаи сулҳ имзо карданду аммо на сулҳеву на оштие бор овард, оши оштии Иҷлосияи 16 ҳам чизе, ба ҷуз аз ҷангу хунрезӣ ва хусумату нафрат ҳосил надод.
“Дуруст аст ки тарафҳои ҷанг то Хоруғу Хуҷанд дар тобистону тирамоҳи соли 1992 дар фурудгоҳи Қурғонтеппа, деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод, ноҳияи Данғара, ноҳияҳои Вахшу Бохтар ва Ҳисору Турсунзода бо ҳам нишастҳову мулоқотҳо доштанд.”
Аммо ба лиҳози эътибор созишномаи «Сулҳи Хоруғ» то ба як санади расмии ҳуқуқӣ мақом пайдо карда буд. Аз ин хотир «Оши оштӣ»-и Хуҷанд аввалин оши оштӣ ё аввалин талош барои қатъи хунрезӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ набуд. Агарчи тарафҳо сидқан ва самимона ба суроғи ҳамдигар мешитофтанд вале хасми дар камин ва авомили нуфузии хориҷӣ ба ҳар васила ин нишастҳоро ноком мекарданд. Чуноне солҳо баъд, Акбаршо Искандаров, раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон гуфта буд,ки «скрипка»-ро дар Иҷлосия 16 дигарҳо менавохтанд ва «дирижёр»-и ҷаласа дар берун буд.
Барои он мо «Сулҳи Хоруғ»-ро расмӣ ва ҳуқуқӣ гуфтем, ки роҷеъ ба он аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ва Раиси ҷумҳурӣ қарор ва фармон содир шудааст.
«Сулҳи Хоруғ»
Сафаралӣ Кенҷаев, дар ҷилди дуввуми китоби «Табаддулоти Тоҷикистон» роҷеъ ба ин ҳодиса менависад:
« Дар инҷо (манзураш нишасти Хоруғ) Шодмон Юсуф бо Шодӣ Шабдолов, Саид Абдулло Нурӣ бо Муллоҳайдар Шарифзода, Сангак Сафаров бо Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров бо Қурбоналӣ Мирзоев, Саид Салимов бо Давлати Исмон тавонистанд, ки бо ҳамдигар аз руи ахлоқи ҳамида, ақлу хирад, оромона суҳбат намоянд. Нисбати беадолатии тарафҳо ва Ҳукумати «муросои миллӣ» далелу бурҳонҳо пешниҳод намоянд. Бар пояи созиши ҳосилшуда миёни тарафҳои даргир шуруъ аз соати 10-и субҳи 28 июли соли 1992 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон оташбаси умумӣ эълон мешавад; дастаҳои мусаллаҳ гаравгонгириро қатъ карда Баъди як шабонарузи имзои он ҳамаи гарвгонҳоро озод мекунанд; дастаҳои мусаллҳ то соати 18-и 28 уми июл постҳои мусаллаҳи худро аз байн мебаранд, биноҳо ва манозили ишғолкардаро озод месозанд; роҳбарони аҳзобу созмон кумитаҳояи иҷроия сардорони дастаҳои мусаллаҳ дар муддати се рӯз дастаҳои мусаллаҳи худро барҳам медиҳанд: силоҳу муҳиммоти ҷангиро ба ниҳодҳои амниятиву интизомӣ месупоранд; комиссияи муштарак барои назорати иҷрои бандҳои созишнома аз ҳисоби тарафҳо таъсис меёбад ва ғайра, ки ин созишнома дар маҷмуъ аз 16 банд иборат буд. Яке аз бандҳои ин созишнома аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекард, ки яроқу аслиҳаро аз дасти аҳолӣ бо нархи муайян бихарад.
Ҳамин тариқ дар зери ин Созишнома А.Искандаров, иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ, Давлати Усмон, ноиби нахуствазир, Алиҷон Солибоев ,раиси КДАМ, Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилӣ, Сайидамир Зуҳуров, муовини сардори КДАМ-и вилояти Кулоб, Шодмон Юсуф, раиси ҲДТ, Тоҳири Абдуҷаббор, раиси «Растохез» ,Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ Муллоҳайдар Шарифзода, намояндаи руҳонияти вилояти Кулоб, Салимов Саид, қумандони дастаи мусалаҳи Кулоб, Сангак Сафаров, муовини командири Горди Кулоб , Абдумаҷид Достиев, раиси кумиҷроияи ноҳияи Бохтар ва чандин нафар қумандонҳои ҳарду тараф имзо кардаанд. Сипас 29.07.1992 Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон бо қарори худ «Дар бораи ташкили Комиссияи ҷумҳуриявии назорати иҷрои шартҳои протоколи созишномае,ки 27 июли соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба имзо расидааст, мутобиқи банди 8 протоколи созишнома бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров дар ҳайати 39 нафар комиссяи ҷумҳуриявӣ таъсис дод. Ва 30 июли ҳамон сол Р.Набиев, президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳо оиди зудтар муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва татбиқи созишномаи сулҳи Хоруғ» фармон ба имзо расонд».
Аслан музокироти сулҳ дар Хоруғ бо пешниҳоди Мамадаёз Навҷувонов, ки дар Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ӯро дубора ба мақоми пешинааш –вазири дохилӣ, баргардонд баргузор шуда аст. Генерал Навҷувонов пешниҳод мекунад, ки ин музокирот дар Хоруғ гузарад, зеро он ҷо тинҷ аст ва ҷонибҳои даргир дар шароити ором метавонанд забон ёбанд. 80 нафар дар ин музокира ширкат мекунанд, ки бинобар додаҳои интернетӣ ки дар миёнашон сиёсатмадорон ва рӯҳониёни ҷонибдори ҳукумат ва оппозитсия, фармондеҳони ҳар ду тараф, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ ширкат карданд. Дар рӯзи якуми музокирот ҷонибҳо якдигарро ба афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мекунанд. карданд. Ба қавли Давлат Усмон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, ҳангоми гуфтушунид яке аз ҷонибҳо қаҳр карда, хост, ки музокиротро тарк кунад, аммо Навҷувонов онҳоро қонеъ кард, ки баргарданд. Ҳамин тариқ, 27 июл Созишномаи сулҳ имзо шуд, аммо худи ҳамон рӯз дар Қӯрғонтеппа –дар Туркманистони Вахш набарди хунин сар зад ва оташи ҷанг забона зад. Созишҳои сулҳи Хоруғ рӯйи коғаз монд.
Бубинед, ки тарафҳо то чи ҳад ҷон меканданд ва талош менамуданд, ҷангу хунрезии бемаънӣ, ҷанги фарзандони як миллат ҳарчи зудтар ба охир бирасад. Шоҳидони он рӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ҳикоят мекунанд, ки дар Гармчашма Сангак ва Тоҳири Абдуҷаббор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ин ду, ки он вақт сахт бо ҳам дандон доштанд бо ҳам оғӯш мекушоянд ва ҳама одамони атрофи чашма аз дидани ин манзараи бисёр ҳам муассир ба ваҷд омада бадоҳатан кафкубӣ мекунанд.
“Дар рӯзи «Оши оштӣ»-и Хуҷанд низ бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 26 ноябр, Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон гардид ва барои расмӣ кардани он қарори Шӯрои Олӣ иттихоз шуд.”
Абдумаҷид Достиев, ки дар маросими ин «оши оштӣ» ҳам ҳузур дошт он лаҳзаҳоро дар китобаш «Тоҷикистон-шикатанҳо ва бастанҳо» чунин ба қалам додааст:
«Баъд Раиси Шӯрои Олӣ бо муроҷиат ба намояндагони халқ, меҳмонон ва сарварони дастаҳои мухолиф, аз асар ва оқибати фоҷиабори даргириҳо, аз даст додани хешу табор, фарзандон, падару модарон, ба хун кашидани миллати тоҷик саҳифаҳои нангини таърихро бори дигар пеши рӯ оварда, ҳамаро ба ҳамдигарфаҳмиву ба рӯи ҳамдигар боз намудани оғӯши бародарӣ даъват намуда, пешниҳод кард, ки рӯзи 26 ноябр ҳамчун рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон гардад.
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯз қарореро ба тасвиб расонд, ки «Рӯзи 26 ноябр соли 1992 рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ» эълон шавад. Сипас Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз минбар поён шуда Парчами ҷумҳуриро бӯсида ба дидаҳояш молид ва ба ҳамин маънӣ ҳамаи шахсиятҳои маъруфи кишвр, инчунин сарварони дастаҳои мухолиф низ бо ифодаи ризоият ба якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллат ин иқдоми ӯро пайгирӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмонов баъдан депутатҳо ва меҳмонони иҷлосияро ба «оши оштӣ», ки бевосита дар саҳни Қасри Арбоб ороста шуда буд, даъват намуд».
Абдумаҷид Достиев, «Тоҷикистон –шикастанҳо ва бастанҳо».-Душанбе, «Ирфон»-2003
Ҳоло, кӣ метавонад бигӯяд, ки ҳатто худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай, ки инак сӣ сол мешавад дар сари қудрат аст барои боре шуда аз рӯзи 26 ноябр ба унвони Рӯзи сулҳ ёдовар шуда аст? Ягон бор ин иттифоқ рух надод ва имрӯз касе ҳам аз ин қарор ёд надорад.
Аммо воқеияти пушти саҳнаи ин ҳама «оши оштӣ»-ҳо дигар буд. Барои ҳамин ҳеҷ яке аз ин оштиҳо самари дилхоҳ намеовард. Дастони аҷнабӣ, ки он замони гурӯҳи сеюм ҳам мегуфтанд на танҳо тадохул, таарруз мекард.
“Иброҳим Исмоил, сардори Горди милии Кулоб ва яке аз қумандонҳои саҳроии Фронти халқӣ мегуяд, дар воқеъ бригадаи Квачков нақши бузурге дошт ва ёрии қобили мулоҳизае расонид. “Полковник Квачков омад ва бо ҳамроҳии фармондеҳи двизияи 201 дар шаҳри Кӯлоб ба мо ёрӣ расонид, то сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад. Онҳо барои он ки мо дар ин мубориза пирӯз шавем хеле корҳои зиёде анҷом доданд”.
(Дар бораи нақши Русия ва русҳо дар ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон гузориши алоҳида дар ҳоли омода шудан аст ва онро махсӯс тақдим хоҳем кард)
Шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, депутати Шӯрои Олӣ дар соли 1992 гуфта буд “….. чизе иҷро нашуд дар он ҷо. Яъне ҳадафи аслии ҷамъ омадан расидан ба як муросову оштиву оромиш буд ва ҳамагон ба ин розӣ буданд. Оши оштӣ ҳам хӯрданд, ҷома ҳам ба ҳамдигар пӯшонданд. Вале дар амал ин кор нашуд.»
Барои онки ба воқеият ва ҳақиқати пушти саҳнаи «Оши оштӣ»-и Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд хубтар ошноӣ дошта бошем инҷо аз сӯҳбатҳои ҳамон қумандони ҷониби оппозитсион, ки бо талабу дархости роҳбарони Ҳукумати нав ва ба манзури қатъи хунрезӣ дар кори ин иҷлосия ширкат дошт, як пораеро такроран манзур мекунем. Ин суҳбат ду соли пеш дар «Ислоҳ.нет» мунташир шуда буд ва агарчи як каме тулонӣ ҳам бошад аммо сухан аз даҳони нафаре аст ки ин ҳамаро бо чашми сар дидааст:
«Баъд аз оштӣ мо– ду ҷониб бояд Протоколи Оташбасро, имзо мекардем. Аммо дар ана ҳамин замон Э.Раҳмонов мо ва депутатҳоро ба берун, ба оши оштӣ хурӣ даъват кард. Ва бо суханҳои:- мардум ҳама дар орзуи дидани рӯи шумост, мардум бе тоқат шудаанд, мехоҳанд рӯи шуморо бубинанд, ош хунук шуд, биёед ба назди халқ бароем, мо ва депутатҳоро ҳала-ҳала мекард. Ман аз ҷоям хестаму гуфтам, ки раиси муҳтарам мо инҷо хурданӣ наомадаем. Биёед, аввал зарур аст, ки Протоколро имзо кунем ва баъд ба назди халқ бароем. Э. Раҳмонов ду поро дар як мӯза андохта, не ош хунук мешавад, баъд мебиёему имзо мекунем мегуфт. Ман боз гуфтам, ин танҳо ду дақиқа вақтро мегирад. Э.Раҳмонов бошад, не аввал ба назди халқ мебароем, баъд имзо мекунем гуфт. Мақсади Раҳмонов ин буд, то ин санад имзо нашавад, чун ғиромбозӣ ва ҳиллаву шайтанат аз оғоз дар вуҷуди ин мард вуҷуд дошт. Ин ОШИ ОШТӢ набуд. Ин як дурӯғи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси нави Шӯрои Олӣ буд, ки боз як бори дигар, бо истифода аз раҳмдиливу сулҳу оштихоҳии мо, ҳукуматро бо роҳи фанду фиреб ба дасти худ гирифтанд ва дигар ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳанддод. Мо аз дохили қасри Арбоб ба берун, ба саҳни он, ба назди халқ баромадем. Моро хуб истиқбол гирифтанд, ба назди мизҳо даъват намуданд. Мо ба назди мизҳо омадем! Тартиби миз гузорияшон ба мисли мизгузорӣ дар тӯйи шаҳу арӯс буд. Яъне аз боло мизи дароз барои шаҳ ва арӯс, аз поён бошад, аз ду тараф мизҳо ба мисли толори театр паси ҳам қатор. Миёна бошад холӣ, аз барои рафту омад ва рақсу бозӣ. Ман барои чи ин лоиҳаи мизгузориро, шарҳ додам? Барои он ки намояндаҳои Фронти Халқиро, аз боло дар ҷои шаҳ ва арӯс ҷой доданд. Дар бари онҳо Э.Раҳмонов, Р.Набиев ва дигар мансабдорон нишастанд. Моро бошад ба мисли “неприглашонний гости, хуже татарина” шинониданд! Баъд аз ҷойҳои худро гирифтан ба ман ва Бобои Сангак, аз ҷониби депутатҳо ва соҳибони маърака-хуҷандиҳо як таклиф шуд. Як мӯйсафеде дар Хуҷанд дар кадом вақте раиси колхоз будааст. Ӯ бо дасти худаш як гӯсфанди сафедеро, ки шаш сол бонида будааст ва думбааш ба замин мерасид, ба хотири сулҳ мехостааст қурбонӣ кунад! Аз ҳамин хотир ин мӯйсафед хостааст, ки ман ва Бобои Сангак сари ин гӯсфандро бурем ва бо ҳамин ин хуни охирин рехтаи ҷанги бародаркушӣ шавад ва бошад. Хуллас, ман бо Бобои Сангак, ба назди гӯсфанд омадем. Як корди калони бадвоҳимаро ба дасти Бобои Сангак доданд то ин ки сари гӯсфандро бурад. Бобои Сангак бошад кордро ба ман дод, то ин ки ман сари гусфандро бурам! Аммо ман кордро аз дасташ гирифта гуфтам, ки дастони мову шумо оғуштаи хуни ноҳақ мебошад. Биёед мову шумо дигар хуни гусфандро ҳам нарезем. Бобои Сангак бо ман розӣ шуд ва ман кордро ба дасти ҳамон мӯйсафед додам. Гуфтам, ки бобо биёед ба хотири сулҳ аз дасти табарруки шумо ин гусфанд ба қурбонӣ расад. Муйсафед ҳам хеле хурсанд шуданд, ки мо иззати он касро ба ҷо овардем. Мӯйсафед сари гӯсфандро буриданд ва мо бо Бобои Сангак баргашта дар ҷойҳои худ нишастем. Маърака оғоз ёфт. Ҳама дар фикри хӯрдан. Намояндаҳои Фронти Халқӣ мехӯрданду, ҳай шароб менӯшиданду рақсу бозӣ мекарданд. Тӯй доштанд. Элитаи хуҷандиҳо ҳама дар хизмати Фронти Халқӣ қарор доштанд! Мо бошад дар як кунҷ, ба мисли сағераҳои бесоҳиби кадом сағерахона, касе ба мо аҳамият намедиҳад. Ҳар чизе ки дар болои миз буд, бачаҳо мехурданд. Ман ба як нафаре, ки хизмат мекард, Абдуллоҷоновро нишон додам ва илтимос кардам,ки ба назди ман даъват кунад. Вақте Абдуллоҷонов ба тарафи ман нигоҳ мекард, ман ба ӯ даст гардондам ва ӯ ба наздам омад: Лабай, чи хизмат? Ман гуфтам раисро ба назди ман даъват кунед. Абдуллоҷонов ба назди Э. Раҳмонов рафтанд, ки ӯ ҳамон лаҳза дар кайфи рақс буд, мерақсид. Вақте Э. Раҳмонов ба назди ман омад, ман ба ӯ гуфтам, ғалаба муборак. Ӯ гуфт нафахмидам? Ман гуфтам, шумоён, оштӣ накардед, шумоён ғалабаро ҷашн гирифта истодаед. Ман гуфтам, агар шумо оштӣ мекардед, мо ҳама бо шумо, бояд дар якҷоягӣ менишастем ва сулҳро ҷашн мегирифтем. Мутаассифона, шумо бозингари хуб будаед. Ман гуфтам мо ба Душанбе бармегардем.. .Эмомалӣ Раҳмонов ба ман мегӯяд: “ а бача ҳоли гӯсфанди қурбония имшаб бо ҳам мехурем, баъд ба шумо ҷавоб. Ман гуфтам не, мо инҷо хӯрданӣ наомадаем. Биёед, Протоколро имзо мекунем ва сипас мо бар мегардем. Ӯ маро ҳарчанд илтимос ва исрор кард, ман не гуфтам! Чунки аллакай фаҳмида будам, ки ҳамаи ин бозиҳои дурӯғин будааст».
Ҳар аз гоҳе дар телевизионҳои давлатӣ аз ҷараёни ин оши оштӣ наворҳоеро пахш мекунанд, махсус лаҳзаи ғизохӯрии Давлат Усмон, ноиби сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро нишон медиҳанд, ки барояш ин оши оштӣ аслан заҳре буду бас, чун яке -ду рӯзи пеш дар Хуҷанд аз як суиқасде ҷони солим бадар бурда буд. Вай низ мегуяд, ки ин оши оштӣ аслан зиёфати ҳукумати нав бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов буд:
«Вақте ман дубора аз Маскав ба иҷлосия омадам, рӯзи оши оштӣ буд ва қумандонҳои саҳроии ҳарду ҷониб ҳам дар он маърака ҳузур доштанд…Агарчӣ барои ман дар ин дастархони оши оштӣ дар паҳлуи Набиев ҷой карда буданд,онҳо ҷойи нишастро тавре муқаррар карда буданд, ки дар як тарафи курсии Набиев Сангак менишаст дар тарафи дигараш ман. Ман ин пешниҳодро қабул накардам. Хеле пофишорӣ карданд, аммо ман нарафтам. Ман қабул накардам, ки дар бари Сангак бишинам.»
Аммо барои расидан ба сулҳу муросо мардоне, ки дар он замон ҷисман ва руҳан барои қабули Истиқлол ва озодӣ омода буданд, хеле заҳмат ва талошҳо кашиданд. Яке аз ин гуна мардони дар сар ҳавои Тоҷикистони мустақил ва соҳиби раъйю ирода устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки баъдҳо, вақте дар ҳузури муҳоҷирони ғарибгашта ва муҷоҳидин дар Афғонистон сӯҳбат мекард, гуфт, ки пушти ин ҳама сулҳшиканиву идомаи ҷанг нафар ва неруҳое меистоанд, ки ҳадафи асосии онҳо шикастани неруҳои нави милливу мазҳабиву мардумӣ буд, ки яке аз онҳо ҳамин Эммалӣ Раҳмонов аст:
« Чун медонистам, ин кинаварзиҳо чунин муносибатҳоеро ба бор хоҳад овард, лизо бо тамоми қувва ва истеъдоде, ки доштам, барои сулҳ ва қатъи хунрезӣ кушиш мекардам, то ҷое ки барои расидан ба ин мақсад ду ҷаллоди коммунистон Сангак Сафаров ва Рустам Абдураҳимови алайҳилаънатро ба хонаи худам меҳмон кардам ва қариб як ҳафта Сангак бо мо буд. Дар ин вақт ҳақиқатро дарёфт. Тифлони кучаки моро ба оғӯш гирифт ва бӯсид ва дар ҳоле, ки об аз чашмонаш мерехт ва мегуфт: мо бояд барои ояндаи инҳо фикр кунем, на ин ки хуни инҳоро бирезем. Вале Сангак бо вуҷуде, ки ҷинояткори машҳур буд ва беш аз 23 сол умри худро дар зиндонҳо сипарӣ карда буд, аз насиҳатҳо ба ифоқа омад ва мо сулҳро дар Вахш барқарор кардему Сангак ба Кӯлоб рафт. Раҳмонов ӯро дар ноҳияи Данғара истиқбол кард ва аз ин сулҳу қатъи хунрезӣ «байни Сангаку мо» норозӣ шуд».
Китоби «Он сӯйи сиёсат». интишороти Кумитаи фарҳангии Наҳзати исломии Тоҷикистон.с.1996
Бештар коршиносон оши оштии Хуҷандро як нуқтаи авҷ ва муҳим дар кори Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб арзёбӣ мекунанд. Бахусус, ки дар ин оши оштӣ фармондеҳони ҳарду тарафи ҷабҳа Фронти халқӣ ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин ширкат ва суханронӣ ва ваъдаи қатъи ҷангро доданд.
“Ба гуфтаи таҳлилгарон баъди аз таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки натиҷаи тавофуқи неруҳои нав ва куҳна буд Раҳмон Набиев, агарчанде бо имзои ӯ ин ҳукумат ва ин тавофуқот таҳаққуқ пайдо карда буд сахт умед дошт, ки бо кумаки Русия ва Узбакистон мухолифинро аз саҳани сиёсӣ дур хоҳад кард. Аз ин лиҳоз буд, ки ҳамагуна созишу муфоҳимаву музокирот натиҷа намеовард. Дар музокирот, онгуна ки гуфтем тарафҳо ба мувофақа мерасиданд, оши оштӣ мехурданд аммо неруҳои паси парда намехостанд, ки ҷанг ба ин зудӣ ва бидуни онки тарафи мавриди назари онҳо сари қудрат ояд ба анҷом бирасад.”
Рамазон Мирзоев, сафири вақти Тоҷикистон дар Русия, ки мизбони ҳайатҳи мухолифин бо ҳукумат дар замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав буд, мегӯяд, ки рӯзи баъди имзои Санади сулҳ ӯ тарафҳоро дар сафорат ба ошӣ оштӣ фаро хонд:
«… оши оштии аввалини баъди имзои Созишномаи сулҳ ҳам дар сафорат баргузор шуд. Ҳарду тараф соатҳои 12 дар бинои сафорат ҳозир шуданд. Мисле, ки ҳама ба хонаи худаш омад. Рӯҳия ва чеҳраҳои ҳарду тараф тамоман дигар шуда буд. Зеро ҳарду тараф ба мақсади худ, ба мақсади деринаи миллати худ расида буданд….Мо барои тарафҳо ҷо ҷудо карда будем, аммо вақти нишастан дигар ҳама ба ҳам омехт ва ҳар кас ҳамсӯҳбати худро ёфта бо ӯ менишаст. Рости гап, барои ман, ки мизбон будам, ин лаҳзаҳои бисёр аҷиб фаромӯшношуданист. Воқеан, ба қадри сулҳ бояд бирасем».
Аммо ҳамзамон ба поён расидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, даргириҳо дар водиҳои Вахшу Ҳисор бо нерӯи дучанд шурӯъ шуд. Сессияи 16-ум, ончунон ки интизор мерафт, сулҳ наовард ва оши оштӣ ҳам танҳо як саҳнаи декоративии буду халос аммо ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз гузошт. Вале, савол ин аст ки Эмомалӣ Раҳмонов чи гуна дар фурсати камтар аз ду ҳафта аз курсии раёсати колхоз ба курсии Роҳбари давлат нишаст. Мавзуи матлаби баъдии мо дар ин силсилагузори ҳамин хоҳад буд: Раҳмонов чи тавр омад ва чи корҳо кард?
Поёни қисмати нуҳуми ин силсила матолиби мо. Қисмати даҳуми ин силсила матолиби мо “Чи гуна Сангак Раҳмоновро сохт ва овард?” мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед ва аз ин моҷаро ба хубӣ огоҳ гардед….