Номаи омада аз Душанбе агарчи моро эрод гирифтааст, аммо тири суханаш ба самти Раҳмонов аст ва сӯҳбатҳое кардааст, ки хеле ҳам такондиҳанда. Масалан мегӯяд, ки дар ҳодисаи куштори Қобилҷон дар Маскав Раҳмонов шарик аст.
Муаллифи мо аз Нуробод идомаи баҳси группаҳо дар Шашволонро ҳикоят кардааст. Бидуни шубҳа барои хонандаи ҳамешагии мо ин ҳикоят хонданӣ аст.
Як нафар аз муҳоҷири корӣ аз Бохтар (Қурғонтеппаи пешина), ки аз Русия тавассути Қирғизистон баргаштааст, муътақид аст ки нархи гарони билети ҳавопаймо кори дасти Раҳмонов ва оилаи вай аст. Вагарна мегуяд, фосилаи Бишкеку Маскав ва Душанбеву Маскав фарқ намекунад, аммо нарх се баробар, чор баробар тафовут дорад.
Нигорандаи нома аз Махшевади Айнӣ изҳори сипос, кардааст, ки бар мабнои номаи вай, ки қаблан дар барномаи «Номаҳо..» чоп шуда буд, дар ин деҳа хеле тағйирот ба вуҷуд омад. Бад-ин манзур вай боз аз мушкилоти дигар навишта ва аз акои Рузибой Раҳимзода (раиси Айнӣ) талаб кардааст,ки санҷанду тафтиш кунанд.
Як нома, ё сипосномаи дигар барои ин барнома аз Панҷ ҳам расидааст:
Душанбе
Ассалому алейкум тамошобинони «Ислоҳ». Бародар Муҳаммадиқбол ман чанд кори шуморо қабул намекунам, хоссатан мурдаҳоро таҳқир мекунӣ. Хоҳиш мекунам ҳамин хислатро дур кун аз худат.
Хитоби ман ба Эмомалӣ Раҳмон! Эмомалӣ ту бо ин сиёсати харобат мардумро куҷо мебарӣ? Ин қадар фарзандони миллатро зиндонӣ карда истодаӣ, фикр дорӣ миллат туро дӯст медорад? Ту фикр кун, ки ҳар зиндонӣ ҳадди ақал 20 наздикаш зидди ту шудааст ва мубориза мебарад ва ҳамроҳӣ бо мухолифон мекунад ва ба ту ва оилаи махуфат нафрат доранд.
Ҳукумати ту дар фасод ғутидааст ва фасод умри давлатро кӯтоҳ мекунад. Ин қадар мардумро ғорат карда истодаанд, порагирӣ ба дараҷаи аъло пеш рафта истодааст.
Ту як чизро фикр кун. Сабаби пошхурии Давлати шӯравӣ дар соли 90 чи буд? Агар туро дар соли 1989 мегуфтанд, ки Давлати шӯравӣ барҳам мехӯрад, ту он касро ҳатман ба мақомот месупоридӣ. Ту дар вақташ зидди давлати мустақил шудани Тоҷикистон, ки мухолифони имрӯза мехостанд баромада будӣ ва ҷанг кардӣ. Дар болои сарат байрақи сурхи бо герби СССРро бардошта болои танку тӯпи Русияву Узбекистон ба Душанбе зада даромада будӣ. Инро тамоми халқи тоҷик медонад. Аммо акнун имрӯз худро «асосгузори мустақилят ва истиқлолият»и кишвар мешуморӣ. Сабаби ҳамон барҳамхӯрии шуравӣ фасод буд.
Эмомалӣ мардумро бе барқ ва корхонаҳои саноатиро клет кардӣ. Текстилкомбинати Душанбе 15000 зан дар се смена кор мекард. Ҳоло дар дасти қудои акои гӯр сӯхтаи Нуриддин Анвари кала аст, ки клет кард, дар ҷояш дом бардошт.
Барои чӣ дар беморхонаи хусусии Фаттоҳ Саид дар гардиши собиқ фабрикаи парандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ барқ 24 соат ҳаст, аммо дар беморхонаи ноҳия нест. Ҳар вақт барқ хомӯш мешавад то кӯдаки 6 сола лаънат мегуянд туро.
Марги Қобилҷон бо маслиҳати ту шуд. Чаро боз мардумро фиреб мекунӣ? Вақте Путин омад дар Варзоб ба ту гуфт, ки бигзор оила ва кӯдакони муҳоҷирон нараванд. Пешниҳод аз ту буд: «ягонтоашро қатл кунем, метарсанд агар кудакони муҳоҷирон бошанд беҳтар аст. Боз бо ҳам гуфтед, ки все унас по плану».
Дирӯз ду сарбози тоҷик мурданд дар сарҳади Тоҷикистон, ки ин ҳам бозии навбати ту аст. Боз чуноне шумо шарҳ додед дар барномаи Минбари муҳоҷир 380 -20 сарбоз кушта шудааст ва чор нафар захмӣ шуданд.
Вақте дар марги Қобилҷон мардум даъво карданд, ки пойгоҳи низомии Русия бароварда шавад, дарав сарбозони тоҷикро куштед. Гӯё ҳуҷум аз Афғонистон бошад. Бовар накунед. Агар аз Афғонистон ҳамла шавад то Душанбе меоянд, пойгоҳи Русия ёрдам намедиҳад.
Раҳмонов дуруғ нагӯ, инро ҳама мардум медонад, спектакли навбатии ту мебошад. Раҳмонов истеъфо деҳу рав бахудо, ки бадтар ҳоли тоҷик хуб не.
Раҳмонов ту зидди терроризм не зидди фасод мубориза кун. Тоҷик ниёз ба муҳоҷират надорад. Агар роҳбари дуруст бошад Тоҷикистон муҳоҷир қабул мекунад.
Мо муҳоҷирҳо бояд дар Тоҷикистон нафақа гирем. Чунки ба Тоҷикистон пул мефиристем. Ва, ин пулҳои мо тамоми бонкҳои хонаводаи Раҳмонов, бизнеси домодҳои Раҳмоновро мечархонад.
Раҳмонов натавонистӣ, миллатро паст задӣ, шарманда кардӣ тоҷикро.
Бо маслиҳати ту Қобилҷон кушта шуд. Пеши Аллоҳ чи ҷавоб мегӯӣ? Ту Афғонистонро гунаҳкор накун, мардум медонад. Сарбозон ва ҳарбиён бас кунед, хизматро. Ҳаматонро мекушанд барои давом додани ҳокимияти худ. Интизор шавед, кадом рӯз боз кадоми дигаратонро мекушанд. Бедор шавед.
Бо набераам бо телефон гап зада истода будам, ки свет мурд. Кӯдаки 6 сола мегӯяд, ки дар падари Эмомалӣ лаънат светро кушт, связ нест бобоҷон.
Ана фикр кунед, ки ҳар вақт свет хомӯш шавад лаънат аз ҳар оила садо медиҳад.
Давлат мухолиф дорад, мухолиф бигзор дар дохил гапашро бигуяд.
Раҳмонов фасодро нест кун. Бо тарс додани миллат чанд соли дигар давлатдорӣ мекунӣ?
Раҳмонов вақте нав ба ҳокимият омада будӣ, мо мардум барқ доштем, аммо ҳозир надорем. Ту аз кадом пешравӣ гап мезанӣ? Чизе, ки мардум дошт дар рӯзҳо ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳоло надорад.
Як чизи дигар нагуфта намонад. Танзими дастархони мардум ташкил кардӣ. Кормандони танзим аз ҳар туй 500 сомонӣ пора мегирад баъд ичозат медиҳад. Дар деҳаҳои Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки фақат дар туйҳо, аз ин туй ба туйи дигар ош ва гушт мехӯранд. Ту чи кор карда истодаӣ? 500 сомонӣ ҳаромхурҳоят мегиранд. Беҳтар нест, ки 10 кило биринҷ зиёд ош монад туйдору камбағалҳо хуранд. Ҳама ба мисли оилаи ту надоранд, доширак, макарон, ролтон, қарз мегиранд аз магазин. Як раву магазинҳои деҳаҳоро пурс, дафтари қарзу насияҳояшонро бин.
Фаттоҳ Саид дар гардиши фабрикаи парандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ беморхонаи хусусӣ дорад. Духтараш сардухтур аст 24 соат барқ дорад.
Раҳмонов ту Лидер, ту главар банда мебошӣ. Лидер барои «мо-мардум» мешавад. Тамоми мардум бе барқ бояд бошад, аммо банда- криминал свет дорад. Имкон надорад, ки Лидер бошӣ, мардуми тоҷик ниёз ба Лидер надоранд.
«Мо» бо маънои тамоми миллат на бо бандаи махсуси худ. Нафароне, ки дар хизмати ҳамин оилаи имрӯз мебошад рӯзи қиёмат бо ҳамин фиръавни замон мехезад!.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Вақте номаи моро дар шумораи пешинаи «Номаҳо..» чоп карда ва дар сарсухан навиштед, ки ҳикояти Нуробод хеле ҷолиб аст, ва худам ҳам гуфта будам, ки ҳоло идома дорад, илҳом гирифта давоми онро навиштам ва инак бароятон роҳӣ кардам. Боз ҳам дар бораи Шашволон ва Муродалӣ Эмом вақте дар группаи Комил буд падари Саидро мезанад, мусафеди 77 сола- ҳоҷӣ Тақдирро. Барои чи чизе разборашон мешавад, милисакашак мешавад.
Ориф соли 2017- 18 мошинҳои зур дошт, беҳад катагӣ мекард. Дар мошинаш райони куҳна мерафт, ягон касро савор намекард, мулоимхунук одам буд. Дар вақташ акоҳояш пулдор буданд, пулро бо линча роҳӣ мекарданд аз Русия. Мегуянд нодида дид, баъд рид. Бо вай гап зада намешуд. Нав ба қадри камбағалҳо мерасад. Дигар аз Русия ток нест, охир.
Баҳриддин ҷангандози дутарафаи дуруя боз дар вақти дар группаи Комил буданаш шабона пеши усто Муқим мерафт ва мегуфт «ма катитонм». Рӯз мешуд бо Комил ва шабона пеши тарафи дигар.
Бисёрии разборҳо аз рӯи ҳамин Баҳриддин сурат мегирифт. Одами шурандоз Ҳооҳо бо падари ман гап мезанад. Падари ман дар Русия аст. Падарам ба қариби гуфташ, ки «бачат ба зана шидай занш наметӣ». Мегӯяд бачаи ҳамон дар Самара аст, ҳамаи духтаро занашанд: « иқа арусбозӣ кунад». Ва боз гуфт, ки куҷое арус ковӣ равем намедиҳандам. Келин се сол мешавад, ки барои бачаш зан мековад, аз боиси дуруягӣ ва аз рӯи шайтониаш.
Як ҳамсоя дора Қиёми чашм кабудаш мегӯем дар қишлоқ. Ҳаҷ рафтааст. Ин Баҳриддин аз рӯи бахилӣ зиёраташ нарафтааст. Бо хешу табораш қаҳрӣ. Як сол пеш Комил фиребаш кард. Аз банк ба номаш 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст. То ҳозира Баҳриддин қарз канда истодааст. Қарзи банки ҷураи Комилашро.
Як одати безеби дигар дорад, ки бузӣ мекунад, одамҳоро мефурушад, чанд бор милиса мебаранд. Баҳриддин вақти разбори замин зуд мебаромад, чунки дигарҳоро мефурухт, худаш аз об хушк мебаромад.
Бачаи Сайди Судур Умед ном дорад. Вақти ҳамон разбори замин ҳамроҳи Оятуллои такача ҷангашон мешавад. Белро мегирад ва ба сари зани Оятулло меравад, зани Оятуллоро мезанад Умеди Сайд. То ҳоло дар қишлоқ «иш ба уш разбор».
Ҷони Анварро бибиаш аз дунё гузашт. Гурӯҳи Комил наомаданд ҷаноза. Бечораи Ҷон рафт аз группаи Комил зора кард, ки «биёен дар барм бошен». Баъд нимашон ҷаноза омаданд. Мардума бераҳмаш. Ҷони Анвар дар группаи Оятулло буд.
Ҳозир замини Оятуллоро ҳоҷӣ Парвиз гирифтааст. Нав фаҳмидем, ки замини молчаронии Оятулло ҳуҷҷат документ надоштааст.
Ҳазрат ҳамроҳи ҳамсинфонам аз Шашволон гап мезанам. Як хелаш судентанд, як хелаш дар ҳамон қишлоқанд. Як гапҳое мефаҳмӣ, ки ҳушат мепарад. Ман чанд сол аст ки дар Русияам. Ҳоло ҳам разбор, кашокаш, ҷанг. Мардум инҷо фақат Комилро мегӯянд. Боз Муродалӣ, Эмом, Баҳридин, Сайди Судур, Асадулло. Ҳаминҳо ҳамроҳи мардум нестанд.
Ва, дар охир дар бораи Ансорӣ, ҳамсинфи Ҷалоли сиёҳ. Дар бораи вай дар темаи мактаб навишта будед.
Беҳад дузди бераҳм, порагира бераҳмаш ҳамин Ансорӣ будааст, ки ҳар мактаб проверка меравад 800 то 1000 сомонӣ аз директор мегирифтааст: Яхак, Юус Истон, Яхч, Шоғазамин, Дегаӣ, Лангар, Синчитак, Тегирми ва Шашволон, ки ҳамаашон мактаб доранд аз директорон мегирифтааст.
Ва, дар лаҳазоти ахир, ки барнома омодаи нашр мешуд, ин маълумот аз Нуробод ба дасти мо расид.
Сиёвуши амниятӣ гуфтааст: «и сагбача, ки маълумот расондай меёбам. Дар бари Муҳаммадиқбол одам дорум меёбамша. Ма гуфтм, ки мардуми Нурободро дӯст намедорам, рост дӯстшон намедорм. Неки ин гапе гуфтам мардуми Нуробод бисёр намоз мехонан не, ҳама Тоҷикистон намоз мехонанд, дар умум мардуми мусалмон гунаҳкоранд, ки давлати мо пешравӣ надорад. Расияро бин чи хел пешравӣ ҳастай».
Ин гапҳоро Сиёвуши амниятӣ, ки дар борааш қаблан чандин бор навиштему гуфтем ба кормандони амниятии Нуробод, баъд аз нашру пахши барномаҳо гуфтааст.
Бохтар
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар хубу хуш ҳастӣ? Ман чанд рӯзи пеш аз муҳоҷирати корӣ, аз Русия баргаштам. Солҳои пеш мо ба воситаи Қирғизистон бармегаштем. Чунки роҳкиро се маротиба аз Душанбе арзонтар буд. Аммо баъди коронавирус ва ҷанг бо Қирғизистон ин роҳ барои мо маҳкам карда шуд. Мисли мо бисёрии муҳоҷирон ба Қирғизистон мерафт. Инҷоро диданд, барои ҳамин билет аз Тоҷикистон намегиранд. Ман фикр мекунам, ки як сабаби ҷанги бо қирғиз ана ҳамин мафия карда дар сарҳад ҷанг андохтанд.
Бисёр мардм ба Қирғизистон мерафт ичара диданки билет ай точикистон намегиран барой хамин мафия кардан задан ҷанга ташкил кард ин оила, то Сомон Эйр пул кор кунад. Ҳини коронавирус каса барои билет рафтем ва пурсидем, ки 45 -50ҳазори русӣ гуфтанд. Ба Қирғизистон ба 6 ҳазори русӣ билет гирифтем, то ба Бишкек. Аз онҷо бо 1000 рубли русӣ то сарҳади вилояти Суғд омадем. Бубинед, ки аммо дар Тоҷикистон барои чор соат роҳ якуним ҳазори русӣ додем. Мардуми қирғиз мардуми хуб буд. Бо 10 ҳазори русӣ то даруни хонаҳоямон рафтем. Бовар кунед бо туҳфаҳо. Аз роҳ боз либос, ду спортивка ба бачаҳо боз барои духтарҳоямон гирифтем.
Дар роҳ ҳам бо серӣ ғизо хурдем. Хона даромадем, ки боз якчанд сум дар кисаҳоямон мондааст. Даҳанам канд. Бовар кунед, Аллоҳ шоҳиду биност. Ана бубинед, ки дар куҷо имкону шароити осон муҳайё мешавад барои халқ, халқ ҳамонҷо меравад.
Вале дар мо бошад ҳамин билети муҳоҷирони кориро ҳам Раҳмонов ба Ҳасани ишкамбаи хусурбачааш ва Тахминаи духтараш дода соки халқро ҷафида истодааст.
Панҷ
Ассалому алайкум устоди арҷманд Муҳаммадиқбол. Аввал Аллоҳи пок, баъдан ин дастгирии шумо шуд. Мо аз ноҳияи Панҷ барои шумо нома фиристода шикоята карда будем роҷеъ ба фаъолияти ГАИҳо.
Як чанд рӯз пеш, баъди нашри он номаи мо 3 корманди ГАИро аз кор гирифтанд .Аллоҳ шоҳид, мардуми ноҳия гарени хурсанд шуданд. Ин кормандони ГАИ сержантони калон бо номҳои Нуралӣ, Исмоил ва Рамазон мебошанд. Ҳамаашонро дар як рӯз аз кор ронданд. То онҷе шунидем ин корро бо супориши боло прокурори ноҳия кардааст.
Бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва ба шумо ҷазои хайр диҳад. Агар фурсат шавад ҳамин навиштаи маро дар ягон барнома, ва дар Минбари муҳоҷир хонед то мардум фаҳмад, ки ин кор бо ёрии шумо шуд. Хоҳиш мекунам вақт ёфта инро хонед дар «Минбар»
Як ГАИи ҳаромхури дигар, сержанти калон бо номи Ҷамшед ҳоло дар сари кор аст. Аз ҷаноби прокурор хоҳиш мекунем, ки масъалаи инро ҳам бинад.
Айнӣ
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб ҳастед. Устод як каме сукути тӯлонӣ пеш омад. Бовар дорам, ки минбаъд пайваста идома медиҳем. Ман як сол пеш нома навишта будам, ки таҳти таъсири он хело ислоҳ шуданд. Аммо боз ҳам не. Барои ҳамин сокит намемонем.
Ин дафъа номаамон муфассалтар аст. Аз акои Рӯзибой Раҳимзода сар карда ба мактаб тамом мешавад.
То ҳозира кофта истодаанд, ки номаро кӣ навишта бошад ба Ислоҳ ва дарунбадарун разбор сахт рафта истодааст. Аз чандин нафарҳо гумонбар шуда бурда истинтоқ кардаанд. Корҳои директори мактаб безеб. Бояд шинонанд. Бовар кунед, ки ба фикрам ин зарбаи охирони Махшевад мешавад. Аммо, луфтан ин номаро зудтар ба нашр расонед. Дар айни тагурӯшавӣ. Тамоми Махшевад ва умуман ноҳияи Айнӣ ба Ютуб мечаспанд.
Норов Ёқуб аз кор рафт. Аз мактаб хело недостатка баромад. Ними заминҳои мактаб нест, китобҳо нест. 220 халта орд дар як соли хониш нест. Ҳозир ҳам аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд. Агар обуна 5 сомонӣ бошад, инҳо сари талаба10 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Дар мактаб хариду фурӯш -бизнес карда истодаанд.
Давлат як дулан ангишт медиҳад ба мактаб, аммо нимашро мефуроранд, нимашро Даврек хонааш мебарад. Ёқуб Норов ҳама инро медонад. Шабу ними шаб орду равғани мактабро мебаранд. Даврек хонаашро ремонт карда истодааст. Аммо ремонти мактаб гуфта 50 сомонӣ сари талаба ҷамъ мекунанд. 345 нафар хонанда дорад мактаб. Мактаб дар ҳолати аварений-садамавӣ қарор дорад. Мактаб ягон чиз надорад. Ҳоло ҳам китобҳои дарсиро бизнес мекунанд. Вақте ки дар идораи муаллимон ҳама маҷлис гузарониданд, якдигарашонро фурӯхтанд. Норов Ёқуб як муаллимаро таҷовуз кардааст. Ин муаллима чанд бор рафта аборт карда будааст. Ин муаллима аз Данғара. Шавҳар карда омад ба Махшевад. Ҳамин муаллимаи данғарагиро Норов Ёқуб таҷовуз кардааст. Ин муаллима ҳамроҳи шавҳари даюсаш дар мактаб дарс медиҳад. Субҳоналлоҳ, муаллимҳо чунин бадахлоқ шудаанд. Чи хел мо фарзандонамонро ба мактаб ба таълим равона кунем.
Ҳозир директор дар ҷои Норов Ёқуб ҳамин муаллимаи данғарагиро монданд. Гуфтанд, ки ту ҳамаи недостаткаи мактабро ба калла гир, мо туғрӣ мекунем.
Ин муаллимаи гандагашт директори мактаб шуд. Субҳоналлоҳ! Ин муаллима дар берун аз мактаб ҳам бо чанд кас хобу хез мекардааст. Номи кавалерҳояш Некмуроди буз, Тоҳири ҳамсояаш ва боз гуфтанд, ки бо чанд талабаи синфи 10у 11ҳам рафта будааст. Акнун ин директори мактаб шуд ва ҳама недостаткаҳои директори пешинаро ба калла гирифт.
Норов Ёқуб бошад дар такудав, дело кушодаанд. Ё пул дода халос мешавад ё тюрма мекунанд.
Хонаи акои Ғоиб дар пеши медпункт. Дар ҳамон солҳои пеш роддоми назди беморхонаро доданд, ки зиндагӣ кунад. Аммо онро аз они худ карду шишт. Ҳозир дар болои он хона боз хона кард. Лестнитсааш дар болои замини беморхона. Ягон кас ягон чиз намегуяд. Канӣ як маротиба баромада тафтиш кунанд. Акои Рузибой хоб наравед, бароед як бор бо чашми худ бубинед, бе рубинӣ, қонунӣ кор кунед, ку бинем чи мешавад?
Бузҳои Махшевад
Некмурод бузӣ мекунад. Ҳеҷ кас тафтиш накард. Маъракаҳо мешавад видео мекунад ва Айнӣ мефиристад. Хабарҳоро нарезондаву начаконда ба Айнӣ мерасонад. Одам мебиёяд аз мақомоту пулҳоро мезанаду бурд. Миёни соҳиби маъракаро мешиканад. Некмурод дар мошинаш камера мондагӣ аст, прослушка мондагӣ, ҳама медонанд. Агар гапи ман дурӯғ бошад Аллоҳ маро хору залил кунад.
Магазини Шуҳрат
Дар ин магазин маҳсулоти просроченний ва арақ мефурӯшад. Як маротиба барои тафтиш дароед ба ин магазин худатон ҳамаашро мебинед. Магазин беҳад дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва ифлосу чиркин аст. Вале мардум аз маҷбурӣ медарояду харид мекунад. Акои Рузибой як маротиба тафтиш карда бароед.
Мегузарем ба маҳаллаи Шурек яъне Панҷшер. Як вагонро мондагӣ ва бачаи акои Чулибой дар он магазин кушодааст. Нарху наво, чизе, ки аз даҳонаш барояд, гуфтан мегирад. Бечора каме бемории чашм дорад, пенсия мегирад аз давлат. Агар дар маҳаллаи Шурек ягон маърака, мурда ва ё туй шавад, ҷои мошинмонӣ нест. Роҳҳоро танг карданд. Аммо боз инҳо вагон монданд, ки умуман мумикин нест, ғайриқонунӣ. Акои Рузибой инҷоро ҳам тафтиш кунед.
Мегузарем ба акои Ҷалил, раиси ҷамоати плошадка. Наздашон барои як кор рафтам. Гуфтам ҳамин корро дидан даркор.
Гуфтанд пулро деҳ, ман ҳал мекунам. Баъди чанд дақиқа гузаштан як зани миёнасол омад, тахминан 35, 40 сола буд. Акои Ҷалил манро гуфтанд, ки шумо берун истед. Ман камтар кор дорам бо ин одам. Ман баромадам. Ягон 30 минут ждат кардам, он зан баромад, ки муйҳои сараш ҳартарафа, паҳну парешон буд. Ман дохили кабинети акои Ҷалил шудам. Акои Ҷалил дар либоспушӣ буданд. Маро гуфтанд, ки тоқат накардед, камтар. Ман хандидам ва гуфтам раис чи гап шуд? Гуфтанд, ки ин зани дуюмам. Ба валоҳ қасам ин зан шавҳараш дар муҳоҷират, маҷбурӣ ба ин зан дастдарозӣ кард. Аллоҳ хор кунад.
Раиси танзими ноҳияи Айнӣ Файзов Сарбоз ягон маълумоти олӣ надорад. Акои Рузибой ёрдам дод ба кор қабул шуд. Файзов Сарбоз ҳаромхӯиро бас накунад, ман боз видеоҳояшро ба шумо равон мекунам. Ягон маърака меравад, меқапад, пул меканад. Кораш фақат ришвахурӣ аст. Ман худам дар Махшевад ҳастам ва ҳама ҳолатҳоро дида истодаам, ки кӣ чи кор карда истодааст.
Ҳар касе пули светро надодааст светро дар тамоми мардуми ҳамон маҳалла хомуш мекунанд, мисли ҷазоҳое, ки зекҳоро дар зиндонҳо медиҳанд. Мардумро дар ҳамин зимистони хунук азоб дода истодаанд.
Барои хизмати ҳарбӣ сари аскарбачаҳо 4000₽ русӣ ҷамъ мекунанд. Агар ҷавонҳои синни даъват дар муҳоҷират қарор дошта бошанд падару модарҳоро мебаранду махкам мекунанд:-«то бачат набиёд сар намедиҳам мегуяд»
Ман худам дар даруни ҳамин мардум, дар қишлоқ ҳастам. Агар ислоҳ нашаванд ман боз ҳам ба шумо менависам. Мехоҳам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ман бинам, ки чи гап мешавад, боз ман ба шумо натиҷаашро ҳатман мерасонам.
Боқӣ дар амони Аллоҳ бошед.
