Ҳасан чи тавр“Билайн”-ро тасарруф кард

Ислоҳ нет

 

“Билайн” як ширкати фароҳамсози алоқаи мобилӣ ва интернетии мансуб ба ҳолдинги VEON Ltd, ки ба бозори мухобиротии Тоҷикистон бо мусоидати Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд, баъди дувоздаҳ соли фаъолият бо дастони маҳз ҳамин Асадуллозода аз ин бозор ва ҳамин тавр аз Тоҷикистон берун ва дороии корхона ва зарфиятҳояш тасарруф карда шуд. Қиссаи тасарруфи рейдерии “Билайн” аз тарафи Ҳасан амсоли бақия бизнесҳояш-“Ориёнбонк”, тиҷорати пахта- истило ва тасарруфи заводҳои пахтатозакунӣ дар вилояти Хатлон ва таъсиси ҳолдинги “Исмоили Сомонӣ, Асри 21”, забту ишғоли “ТадАз-Талко”-и имрӯза моломол ва пур аз ҳодиса ва лаҳазоте аст, ки талбиси иблис дар баробараш як бозии кӯдакона метобад.

 

Соли 2006 “Билайн” ба12 миллион доллари амрикоӣ 60% саҳмияҳои ширкати мобилии “Тоҷфон”-ро харидорӣ кард. “Тоҷфон”аввалин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дошт.Ин ширкат он замон танҳо дар Душанбе хидмат мекард ва зарфияти беш аз онро надошт. Аммо табъан,ки муҷаввизи фаъолият дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро дошт.40%саҳмияҳои “Тоҷфон”дар ихтиёри “Ориёнбонк” ва Ҳасан боқӣ монд. “Тоҷфон”даҳ ҳазор муштарӣ дошт ва “Билайн” ҳар як муштарии онро ба қимати як ҳазору дусад доллари амрикоӣ харид,ки ин нарх гаронтарин муомила барои хариди як ширкати мобилӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт.

 

Дар қарордод таъкид шуда буд, ки бақия саҳмияҳоро ҳам танҳо “Билайн” харидорӣ хоҳад кард, ки воқеан ҳам бо мурури вақт ҳамин тавр шуд ва 98% саҳмияҳоро харид. Дар паси ин муомила, дар асл чи асроре пинҳон буд, сиёсат ва ё тиҷорат, танҳо метавон ҳадс зад. Зеро он вақт робитаҳои Раҳмонов ва Путин ба сардӣ гароида буд. Ва ин эҳтимол ҳам дур нест, ки ба ҷойи РусАл,ки аз Тоҷикистон ронда шуд, Раҳмонов (язнаи Ҳасан Асадуллозода) “Билайн”-ро,ки таҳти идораи “Вимпелком”-и русӣ ба Тоҷикистон тамоюл нишон дод,ҷой барои тиҷорат дода бошад. Чунки бозори онрӯзаи хадамоти мобилӣ тоза дар Тоҷикистон ривоҷ мегирифт ва афроди ҳарисе мисли Раҳмонов ва Ҳасан имкон надошт, ки онро бифурӯшанд.Ҳамин тавр “Билайн” вориди Тоҷикистон шуд ва давоми солҳои фаъолият тавонист,ки бо ҷалби1миллиону 200 ҳазор муштарӣ чаҳорумин ширкати дастраскунандаи интернет ва хадамоти мобилӣ дар Тоҷикистон бишавад ва соле ҳам шуд, ки 118 миллион доллар даромад ба даст овард. Шумораи кормандони он аз 380 нафар ҳам бештар шуд ва солтосол ҳаҷми пардохти андоз ба давлатро ҳам афзоиш дод. Дар соли 2016 “Билайн” 73 миллион доллар молиёт супорида ва даромадаш 68 миллионро ташкил дод.

 

Пас чаро ин ширкат аз Тоҷикистон рафт?

 

Солҳои 2012 ва 2013 ширкатҳои фароҳамсози интернет ва алоқаи мобилӣ ба бюҷети давлати Тоҷикистон 600 миллион доллар молиёт супориданд. Туфайли роҳандозии фаъолияти босамар дар он солҳо соҳаи мухобироти Тоҷикистон дар қаламрави шӯравии пешин дар мақоми аввал қарор дошт. Аммо тараққиёти ширкатҳои мазкур ва рушди соҳа ва фоиданокии он аз реша ба Раҳмонов намефорид, балки башиддат нигарон кард. Сабаби ин нигарониҳо маълум буд.Як сабаби асосӣ ин буд, ки ин миқдори бузурги пул аз паҳлуи ӯ рад мешуд ва ӯ шахсан аз он кадом баҳра ва манфиате намедид. Низ ин пули калон дар дасти гурӯҳҳое аст ки ҳеҷ иртиботе ба ӯ ва хонаводаи ӯ надоранд. Раҳмонов ҳамеша аз онҳое,ки пули калон дар ихтиёр доранд, эҳсоси бим мекунад ва амнияти худ ва ҳокимияташро таҳти хатар мешуморад. Ва дигар ҳам ин аст ки Раҳмонов интернетро минбар ва силоҳи дасти мухолифонаш меҳисобад ва аз он сахт тарс дорад. Ӯ аз инқилобҳои ранга, ки аксаран бо мусоидати интернет ва шабакаҳои маҷозӣ дар бархе аз кишварҳои олам рух дод,сахт тарсидааст. Дар ҳар сурат то ҳадде тавонист, ки арсаро маҳдуд кунад. Аммо нақшааш ин аст ки ин арсаро ҳам комилан зери назорат бигирад. Аз ин ҷо буд ки Раҳмонов бо истифода аз қудрат бар алайҳи ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамсози хадамоти интернетӣ даст ба амал зад.

 

Бег Сабур чи кор кард?

 

Ба дӯши Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чанд вазифаи мушаххас гузошта шуд. Ширкатҳои арзакунандаи алоқаи мобилӣ ва интернетӣ бояд таҳти таъқиб ва тафаҳҳус қарор дода шаванд ва даромади онҳо ҳадди аксар коҳиш биёбад. Аввалин иқдоме, ки Бег Сабур дар ин росто анҷом дод, ин буд ки траффикаи ширкатҳоро ба дасти худ гирифт. Бо таъсиси “Маркази ягонаи коммутатсионӣ” тамоми иртиботи кишвар бо хориҷа аз тариқи ҳамин марказ сурат гирифт.Хадамоти алоқа аз ин ҳисоб ҳудуди 2 миллион доллар даромади ширкатҳоро тасоҳуб кард. Акнун ҳамаи ширкатҳо бо нархе, ки ду ва се баробар гаронтар аз пешина буд,траффикаро харидорӣ мекарданд. Табъан, ки нархи интернет ва телефонҳои мобилӣ гарон шуданд.

 

Дигар коре, ки анҷом дод, фурӯши симкартҳоро аз ихтиёри ширкатҳо гирифт ва худ ба фурӯш оғоз кард. Ин корро тавассути Рамз-писараш ва домоди раиси ҷумҳурӣ анҷом дод. Аммо комёб нашуд ва ночор ин корро дубора ба ихтиёри худи ширкатҳо супориданд. Сипас NGN-ро мушкил сохт, баъдан ширкатҳоро аз муштариёни аслӣ ва асосӣ маҳрум кард, сайтҳоро мебаст. Мунтаҳо коре кард,ки аз 9 ширкати тавзеъкунандаи интернетӣ дар замони вазири қаблӣ марҳум Сайид Зувайдов, ҳамагӣ 4 ширкат боқӣ монд. Агар ширкатҳо дар соли 2015 дар ҳаҷми 2 миллиарду 303 млн. дақиқа хизматрасониҳои байналмилалии алоқа анҷом дода бошанд, пас дар соли 2018 танҳо дар ҳаҷми 600 млн, дақиқа чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд. Дар натиҷа, пардохтҳо ё воридоти маблағ аз зангҳои байналмилалӣ кам шуд. Бинобар изҳороти Кумитаи андоз андозҳои ихтиёран ҳисобнамудаи ширкатҳои мазкур дар соли 2018 танҳо 772,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 ба маблағи 367,2 млн. сомонӣ кам шуданд.

 

Шурӯъ аз соли 2014 мақомоти андоз ба таҳқиқ ва тафтиши ширкатҳо пардохтанд ва барои мисол эълон шуд,ки “Билайн” ба маблағи 155 миллион сомонӣ ва ё чизе бештар аз 30 миллион доллар андозҳоро аз давлат пинҳон кардааст. Баҳси миёни ширкати “Билайн” ва Кумитаи андоз чанд сол идома пайдо кард ва барои мусоидат дар рафъи он сафири Русия дар Тоҷикистон ҳам подармиёнӣ кард. Аммо оқибат чунин шуд, ки “Билайн” ночор он маблағро марҳила ба марҳила супорид. Вале бо он авзоъ ором нашуд. Дар авохири соли 2017 бори дигар бар гардани он 50 миллион сомонӣ, баробари 6 миллион доллар бор карданд, ки гӯиё боз ҳам андозро пинҳон кардааст.Ҳамин тавр як ширкати муваффақ,ки солҳое ҳам шуда,ки то73 миллион доллар андоз супорад, дигар тавон ва ҳаваси кор дар Тоҷикистонро гум кард. Агар дар солҳои 2012-2013 аз тарафи ширкатҳои мазкур солона 600 миллион доллар андоз супорида мешуд, баъди солҳои 2018 ин маблағ то 300 ва 250 миллион коҳиш пайдо кард.

 

Арсаро барои “Билайн” ба ҳадде танг карданд,ки натавонист маблағҳои даромадашро ба дафтари марказиаш интиқол бидиҳад.Хабари қарздории “Билайн” ба таври густарда расонаӣ карда шуд.Табиист,ки қарздории ширкат ба обрӯ ва рейтинги байналмилалии вай таъсири манфӣ мерасонд.Ин ҳама садду мушкилсозиҳо на дар асоси қоидаи бозор, балки бо истифода аз бозиҳои пасипардагӣ сурат мегирифт. Кумитаи андоз ҷудо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷудо ва Хадамоти алоқа ҷудо болои “Билайн” фишор ворид карданд. Маҳдудият ва монеаҳои сунъӣ ба ҳадде афзуда шуд, “Билайн” маҷбур шуд,ки рекламаҳои берунаи худро барчинад, ҳайати кориашро то 40% кам аз 380 то 241 нафар бирасонад. “Beeline” дар Тоҷикистон 1300 истгоҳ (базовая стансия) насб карда буд. Ин ҳама манораҳои мухобиротии худро ба хотири “банкрот” нашудан ба фурӯш гузошт. Маълум аст ки дар паси ин ҳама Раҳмонов ва Ҳасан истодаанд. Мунтаҳо “Билайн” маҷбур шуд,ки саҳмияҳои худро бифурӯшад. Арзиши “Билайн”аз 110 то 115 миллион доллар ҳисоб шуда буд. Дар вақташ “Билайн” бар сари ҳар муштарии “Тоҷфон”1200 долларӣ пардохт карда буд

 

. Вақти хариди Ҳасан муштариҳои “Билайн” 1 миллион бештар буданд ва онҳоро барои мисол на 1200 бигзор 800 долларӣ харидорӣ мекард ҳам, маблағи он садҳо миллион доллар мешуд. Вақте брендҳои ҷаҳонӣ дар биржа қарздор нишон дода мешаванд арзиши саҳоми онҳо башиддат пойин меравад.Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амр “Билайн” бо як пули ночиз 40 то 43 миллион доллар фурӯхта шуд. Моҳҳои март-апрели соли 2018 дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз фурӯши “Билайн” ба ZTE Mobile хабарҳо нашр шуданд. Дар ибтидо хабарҳо ҳокӣ аз он буд, ки онро Талко харидааст,зеро “ZET Mobile” аз Талко аст. Аммо ин хабар тасдиқ нашуд.”ZET Mobile”моликияти хусусии Ҳасан Асадуллозода аст. Рӯзи 11июни соли 2018 “Билайн” эълон кард, ки саҳми худро ба ширкати Zet mobile фурӯхтааст.Zet mobile то кунун ҳам 2 дарсади саҳмияҳои ширкати “Билайн”-ро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дошт. Ҳоло бо хариди 98 дарсади саҳмияҳои боқимонда, молики кулли ширкати “Билайн” дар Тоҷикистон шуд. Қароргоҳи он дар бинои “Созидание”-и пойтахт,ки низ мансуби худи Ҳасан аст, ҷойгир шудааст.Бад-ин минвол бозори сердаромади мухобиротии Тоҷикистон то нисф даромади худро ва бюҷети давлат ҳам бо ҳамин ҳаҷму андоза аз даст доданд.Раҳмонов ҳам гӯё то андозае сокит шуд. Ҳасан Асадуллозода ҳам бо”ZET Mobile” ҷойи пойи “Билайн”-ро ишғол кард.Вале ҳама ҳадаф ва мақсади ниҳоӣ ҳамин буд? Ва ё нақшае дигар ҳам мавҷуд буд. Бале нақша буд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист.Сухан аз ташкили ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон меравад. Гузаштан ба идора, назорат ва ҳокимияти электронӣ дар ҷаҳони муосир як амри ногузир аст.Барои иҷрои ин амр доштани ширкати интернетии худӣ ҳатмист.Ҳадафи пасипардаии хариди “Билайн” ҳам ҳамин буд.Ҳоло Ҳасан Асадуллозода машғули ташкили Дата-сентр аст.

 

“Дата-центр или ЦОД (Центр обработки данных) это высокотехнологичное помещение, пространство которого заполнено телекомуникационным оборудованием и иными устройствами, благодаря которым сбор, хранение и обработка различной информации открывает возможности для пользователей в работе всемирной сети Интернет. Отличительной чертой присущей стабильным дата-центрам является надежность постройки, внутренняя планировка и современная инфраструктура, максимально соответствующая требованиям стабильного и безопасного использования ЦОД его ключевыми клиентами.Услуги дата-центра главным образом используют корпоративные заказчики, для успешного решения задач бизнеса, поскольку благодаря возможностям ЦОД, клиенты реально экономят финансы компании, поскольку нет необходимости оборудовать специальное помещение для хранение серверного оборудования и нанимать дорогостоящий IT-персонал. Различают ЦОД прежде всего по техническим возможностям и видам их услуг. Корпоративные дата-центры, индивидуально обслуживающие интересы крупной компании делят пальму первенства с коммерческими центрами обработки данных, задача которых заключается в обслуживании различных по своим масштабам организаций и частного бизнеса.

 

Ҳасан ба хотири идора ва таҳти контроли Оила қарор додани ҳукумати электронӣ “дата-сентр сохта истодааст”. Мусалламан бояд интернети доимии бо суръати баланд дошта бошад. Масъули роҳандозии ҳукумати электронӣ ширкати “Сифат-фарм” аст,ки ба духтари раиси ҷумҳурӣ ва келини Шералӣ Гул- Парвина Раҳмонова тааллуқ дорад. (Дар бораи “Сифат-фарма” дар барномаҳои оянда маълумот хоҳем дод). Аммо махзан ва амбори он-дата-сентри он дар ширкати “ZET Mobile” хоҳад буд. Ширкати таъминкунандаи хадамоти интернетӣ ва алоқаи мобилии ҳукумати электронии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон “ZET Mobile” мешавад. Ва ба ҳамин тартиб тамоми воридоту содироти молу коло, гардиши савдо,пули бюҷети давлатӣ аз марказ гирифта то навоҳӣ,бар фарзи мисол пардохт барои шаҳодатномаи ронандагӣ ва амсоли он ва дар маҷмӯъ тамоми маълумоти давлатӣ ,тиҷоратӣ,соҳибкорӣ дар контроли оила мешавад. Барои онки ин система IT мегӯяндаш як системае ҳаст ки дар ҷойи исташ маблағ ба даст меорад.Вақте ки ҳукумати электронӣ ба фаъолият мепардозад, барои онки Оила ва Ҳасан дуздиро давом диҳанд ҳатман бояд ширкати мобилӣ ва датасентр дар дасти худашон бошад.То ки маълумотро чи тавре бихоҳанд идора намоянд, тағйир диҳанд, афзоянд ё маҳв кунанд. Дар ҳоли ҳозир кадрҳоеро барои иҷрои ин барнома дар Исроил омӯзонида истодаанд. Имрӯз дар Исроил барои кор дар датасайну датасентрҳо беҳтарини беҳтаринҳо дар дунёро омода мекунанд. Аммо онҳо аз одамони наздиктарини наздикҳояшон ҳастанд.Як нафари онҳо одами наздики Рустами Эмомалӣ аст. Низоми Сити Карти Душанберо ӯ сохта аст.Низоми муҳофизатии он дар дасти ӯст.

 

Бубинед,ки сӣ сол пеш чор -панҷто подабон омаданду ин ҳама вақт ҳукмронӣ карданд. Ҳоло як ба ҳайати ҳукумат назар андозед,ки ин се-чаҳор подабон чи қадар бача кардаанд,мисли тухми мурча. Имрӯз фарзандони онҳо соҳиби маълумотанд, хиёл мекунед,ки ба осонӣ медиҳанд? Вазифаи ин навбати 7 солаашон ин аст ки тамоми системаи коммуникатсионӣ ва энергетикаи кишварро бояд дар даст бигиранд, ҳамчунонки низоми бонкии кишварро пурра забт карданд. Барои ин кор онҳо пули кофӣ дар ихтиёр доранд. Аммо аз идомаи ҳокимияти худ дилпур нестанд.Нақшаҳо ҳама кашида ва ҳатто дар кишварҳои аврупоӣ ширкатҳое назири IRS ҳам ташкил карда истодаанд, бо номи ягон ғарбӣ вале дар асл пули худи ҳаминҳост. Мақсад на танҳо “Билайн”,балки тамоми арсаи мухобиротро бояд дар даст бигиранд.

 

Share This Article