Ҳанӯз, аз рӯзе, ки инсоният ҳунари нигоштанро ихтироъ карду нигошт, аз ҳамон бомдоди торихи инсонӣ диктаторон, хуношомҳо, одамхорҳо, қотилони бераҳму лашкаркашони хуношом, ин нерӯ – нерӯи қаламу нигоришро дар хидмати худ қарор доданд.
Аз Салманасар ё Шалманасари 1 подшоҳи Ошуриён гирифта то ба Навуходоносори 2 подшоҳони Бобул, аз Куруш гирифта то ба Дориюш, аз Темури ланг гирифта то ба Бобуру Ленину Истолину Отатурку ин як номаълумпадари нотоҷику нотурки мо – Эмомалӣ писари Майрами олучашакаровхӯр, ҳамеша пайи «абадзинда» гардонидани номи худу дудмони худу пайкори худу, ҳатто қатлҳову «қаҳрамониҳои ваҳшатангези хунбор»-и худ мегаштаанд.
Яке дар Бехсутуну дигараш дар силиндеру яке ҷойе барои нақшу нигору ҳаккокӣ наёфта, супориш медода, ки лоақал рӯи гӯри махуфаш «шаҷараномаи дурӯғин» ва «пайкори сутӯда»-ашро ҳаккокӣ кунанд, то ояндагон бидонанд, ки ин мардони бузурги торих бо чӣ қиммату азияту озуру ҷонканию талвосае ҳукуматҳоро барандохтаву подшоҳонро сарнагун кардаву «душманони сарсахт»-ашонро дарҳам кӯбидаву мулкашонро аз машриқ то ба мағриб имтидод додаанд!
Барои ёдгорӣ ба ояндагон, ки ҷуз устухонтӯдае аз ин ҳама «бузургмардони торих» ва қиссаи воқеияшон, ки дар торихномаҳои ростин дарҷ мегардад, чизе нахоҳад монд.
Вале инҳо ҳатто розӣ нестанд, ки «азамату бузургӣ»-яшонро ҳатто пас аз маргашон ҳам «хадшадор» кунанд. Орзӯи абадиятро доранд. Аз ин рӯ баъзе рӯзҳоро «ҷовидонӣ» кардан мехоҳанд, чун дар он, тасодуфан «никтоҳо»-еро «кто» кардаанд!
Инҳое чун Раҳмонов, ки ба тавонмандии шахсии худ бовар надоранду медонанд, ки дар он «рӯзи саъд» агар ашхосе ононро рӯи кору рӯи об намебароварданд, гумномоне беш набуданд, аз ин рӯ ҳамеша баъзе рӯзҳоро сахт дар хотир гирифта, умре онро ибодат мекунанд!
Ва барои Эмомалии говбон ҳам ин гӯна рӯзҳо дутоянд: яке рӯзи зоишаш, дудигар рӯзи бо мили силоҳ ба сари кор оварданаш!
Ба дунё бе иродаи ӯ зода овардандаш, ба сари қудрат ҳам кашола карда овардаандаш.
Метавон гуфт, ду рӯзи тасодуфи таърихро, ки ӯро «ҳаст» карду дигаре «кто» кардро меписандад.
Чаро ҳам написандад? Ҳаромие зода шуду говбоне ба сарварӣ расид! – Ду муъҷизаи нотакрори тасодуфи торих!
Дар ҳар асре, аз аъмоқи тираи торих то имрӯз барои ин «бузургмардони торих» чоплусони шоҳаншоҳу амиру халифаву хону доҳию пешвопарастон «торихномаҳо»-и дурӯғине офаридаанд.
Барои баъзе аз ин шӯрапуштону хулиганҳову собиқ гуспандчаронону харбонону сакалтукҳои торих, он қадар «дудмоннома»-ҳо бофтаву тофтаву баровардаанд, ки модарони ғари баъзеҳошон ҳалолӣ ё ҳарромӣ будани фарзанди сақати худ, ва аз кӣ ҳақиқатан будани ононро гум карда, ба шубҳа афтодаанд!
Фарзанди шайтонеро фари худоӣ додаанду дирӯзу имрӯз мепарастанд!
Оре, ҳарчи қадаре дар торикхонаи торихи гумгашта пеш равем, ба ҳамон манзала хуношомҳо ба худ сифоти «худоӣ» касб мекунанду ҳарчи қадар ба ақаб – ба рӯзгори рушани торихи хеш баргардем, мебинем, ки ин шоҳону бар-гузидагони номаълумпадари торих, ба худ сифоти одамӣ мегиранд. Вале ба як аммо: инҳо инсонҳои оддӣ нестанд! Фароинсонӣ ва «фиристодагон»-и илоҳӣ ва баргузидагони ториханд, ки мисолу анбоз, ба заъмашон, дар байни миллиардҳо инсони имрӯза надорад. Инҳо Матрица ҳастанд.
Ин гунаҳо, ки ҳаводиси ногувори торих баъзеҳошонро аз харбонӣ ба пешвоӣ расонида аст, ба ин бовармандӣ расидаанд, ки набояд, вақте як харбони колхозник аз фарши зиллат ба арикаи иззат мерасад, кори тасодуфи торих бошад. Дар гузашта инро фарри илоҳӣ ё назри яздонӣ ё ҳарчӣ ба он муътақид буданд, аз қувваҳои фарозаминӣ медонистаанд, ки ҳеч мумкин нест, ки як харбоне, бидуни кумаку хости худовандӣ ба ин мартабаи олӣ – тахти подшоҳӣ расад!
На, инҷо бояд сирре бошад ва ин сирри пӯшида далолат бар «абармард», «фароинсон», «баргузида», «асосгузор», «пешво», «фиристодаи осмон», «наҷотдиҳандаи коинот» ва, пеш аз ҳама, далолат бар «хирадманди азалӣ», «фиристодаи торих» будани ин гунаҳо мекунад!
Яъне, вақте ин ҳама «сифоти ҳаюлоӣ» дар ҷабини касе ҷамъ меояд, ки ӯ, бо кадом роҳе набошад, кунашро аз рӯи хоктӯдаҳои чӯли Олим-той бардошта, рӯи чӯби Шӯрои Олӣ, рӯи курсии 500 ҳазордоллара, болои креслои пешвоии худхонда паҳн карда, бардавом, билоиваз, то дами марг, ё то дами суқуту сарнагунӣ, пахш карда шинад.
Ва инро тоҷики мо соддаяк мегӯяд: қунашро ҷуқонда шинад!
Вагарна, агар ҳазор соҳиби фазлу хираду арҷмандию дироят ҳам бошию ҳакиму роҳнамову марди варзидаву ҳамадон ҳам бошию кунат рӯи курсии Президентӣ наншаста бошад, аз ту намешавад «пешвои муъаззаму одами муҳтараму назри яздонӣ» сохт! Танҳо ин ҳама «ъазамат»-у «бузургӣ» баста ба соҳибкунест, ки кунаш рӯи ин курсии ихтироъкардаи торихи башарият сахт, чун оҳан ба оҳанрабо, чун болт дар гайка, чун тир дар камон, чун мушхор дар пашм, чун сварка дар оҳан, кафшер шуда, часпида бошад! Ана, инро меноманд куни шоҳаншоҳӣ! Куни соҳиби хиради азалӣ! Куни усталзеб! Куни кунҳои мондагор! Куни хирадманди ҷаноби олӣ! Пешвои кунҳои нодону сағиру ҷазир!
Дидем, ки ин ҳама талошу кушиши «абадзинда» кардани номи номаълуми худро, дар дарозои торих, хуношомҳо бо чи роҳҳое, аз кандани кӯҳҳову сахраҳо, аз ҳаккоки рӯи сангҳову мағораҳо, ва ҳатто чун Раҳмонов, ки имрӯз мекунад, бо гузоштани «дастнавишти ёдгорӣ барои ояндагон», ки ким-чизе дар метале менависаду дар таҳкурсии ҳар як оғулхонаву тувалету халоҷое, ки бо пули аҷнабиёну қарзи хориҷиёну гадоӣ аз хоҷагон, барои ояндагон «пай меафканад, аз дуздӣ кохе баланд, ки дар як барфу борону зилзила ёбанд газанд», партофта, рӯяш семент мерезад!
Салмансару Навуходоносору Курушу Дориюш дар «силиндер»-ҳои худ агар корҳои чашмрасу куштору фатҳҳои худро менигоштаанд, боке не, ки барои торихи башарият муфид мебуда, вале ин говбони нотавони мо чӣ менавишта бошад, дар он силиндерҳои гӯркардааш?
Шояд чунин бошад:
“Ман – Эмомалӣ фарзанди фарзонаи Чақур Шарип, фарзанди Майрами садшуя, падари 7 духтари баргузидаи ҷонона, 2 писар; яке муханнасу дудигар девона, аз насли бенаслон, асосгузори қатлу куштор, поягузори давлати оилавии Раҳмон, созандаи бешумор зиндон, ҳамнишинонам ҳастанд чун худам – харбон, говбон, хукбон… баъзеҳошон бузмак, сагмак, хармаку девонаву қунқуроту ҳаттатаву муханнасу сабзигардон… чунин будему чунон..».
Ва, дар идомаи ин «устувона» -и ин девона шояд, пурратар оид ба ҷавонӣ, хартозӣ, ҷарпарӣ, кафтаршикор, қурутдуздӣ, масладуздӣ, пресдуздӣ, оббозӣ бе трусик, рӯи дуздӣ ба даст гир афтодан, зораву гиря кардану шаппотӣ хӯрдан, пора додану соқигарӣ кардану тамаллуқкориҳояш, ягон – ягон нақл карда бошад.
Вале, аз ҳама қисмати муҳими ин «Устувонаи Раҳмонӣ» ҳамоно, бояд, ҳамон қисматаш бошад, ки ба рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 бахшида шуда аст.
Ва баъд аз гузашти асрҳои мадид ин устувона аз зери хокрӯбаҳои пирамидаҳои Фиръавни ин сӯи Ому ёфт мешавад, ки ин ҳама имороту сохтусозҳоро «Яъҷуҷу Маъҷуҷ»-и хитоӣ нигошта будаанду бо 3 забон ин устувонанавишта нигошта шуда буда аст:
Хитоӣ
Русӣ
Тоҷикии рӯзбакӣ.
Чаро рӯзбакӣ ва аз ҳама поён забони тоҷикӣ? Чунки пешвои тоҷикон дастнишондаи ин ду хоҷҷаш буда аст, ки яке дар торихи мазкур ӯро, аз роҳи инқилобу хунрезӣ Раиси Шӯрои Олӣ карда будаву дигаре бо додани қарзҳои ҳангуфти миёншикан умри пешвоиқабилаияшро дароз карда буда аст. Ва чаро «рӯзбакӣ»? Чунки забони ҳукуматаш иборат аз «вай-вай» буда аст, ки ҳатто дар ҳамин устувонаи Раҳмонӣ низ ин вожаи номаълуммаъно зиёда аз 1000 бор зикр шуда буда аст, ки то ҳол олимону осоршиносону муҳаққиқону торихшиносонро дар ҳайрат гузошта аст, ки ин «вай»-и малъун наход дорои ин ҳама маъноҳои фаровону баъзан зидду нақиз буда бошад?!
Ва чунин нигошта шуда аст, оид ба 16- уми ноябри соли 1992-и милодӣ:
“Ман – Шарипович Эмомалӣ Раҳмонов, марди нотавоне будам. Дар аҳди ҷавони ҳамбистари дашту саҳроям хари мочае беш намебуд. Пасон бо сад заҳмати азоб дар ПТУ-и 40-и шаҳраки Каленинободи собиқу Левеканти кунунӣ , бо ришваву пора дар шакли пистаи ҷангалӣ, мурути хирсаку қурути ачам «таҳсил» карда, соҳиби аттестат шудам. Пасон чанде дар заводи равғанкашии шаҳри Қурғон-теппа вазифаи калламуши анбориро анҷом медодам. Аҳволи иқтисодиям бад буд. Зан гирифтаму аспу аробаамро худ мекашидам. Азобҳои ҷаҳаннамро дар ҷавонӣ кашидаам.
Пасон аз равғандуздӣ даст ба бензиндуздӣ, аз он ба коҳдуздӣ задаму зиндагиям, вақте дар колхози Ленин ба кор шурӯъ кардам, хубтар шуд.
Вале дар ин колхоз говҳои Данғараро бас адо кардам. Ҳам говҳоро дуздида мефурӯхтаму ҳам аз ему хошокашон бебаркаш медуздидам.
Ман умре умри хеш ба дуздӣ гузаронида будаам…
Вале, соли 1992 шуду рӯзе дар оғули абадии худ, дар Данғара гов мепоидаму хар мепаридам, ки чанд тан мусаллаҳон наздам омаданду маро «аз хоку гил» кашида бурданд – назди мусафеди ҷинояткоре. Бобои Сангакро шинохтам, ки пас аз умре ҷинояту зиндоннишинӣ акнун асри «таърихсозӣ»-яш фаро расида буд. Аксҳои ҷовидониям бо ӯ ҳаст, ки чун падармурдагон дар танам ҷомаи қндиву дар миёнам локӣ бастагиву дар сарам тоқии чиркине, аз пасаш худнобоварона истодаам… охир, бе ӯ ман «никтои вечний» боқӣ мемондам. Барои поси хотири ҳамин хидматаш буд, ки ӯро ман куштам. Фарзандону домодашро ҳам барои ин хидмати торихияш умрбод ҳукми зиндон додам, ки танҳо устухонҳояшон ҳақи «зиндагӣ»-ро доранд!
Ман дар ҳамон акс ҳам дидаед, ки нохудбовари тарсӯи мулоимхунукам, ҳоло ҳам ҳол ҳамон, бал бадтар шуда…
Сангак бояд таърихи навини тоҷиконро қалам мезад. На бо қалам, балки бо штикножу тӯфангу тиру танк… Маро ӯ бояд кашф мекард.
Оре, русҳо чи хуб гуфтаанд: Вор вора видит издалека.
Муодили тоҷикияш мешавад: дузд дуздро дар шаби тор мешиносад.
Сангаку Квачкову Ислом Каримови қотил дар тинати ман ончиро меҷӯстаанд, дидаву пайхас кардаанд. Ҳодисоти пас аз 16-ум ин «хӯй»-и маро исбот ва ошкор кард!
Агар шумо имрӯз «бузургӣ»-и маро шинохтан хоҳед, ба ашхосе бингаред, ки маро ба ин «азамату бузргӣ» солҳо қабл расонида буданд!
Файзак, Сангак, Гургак, Чолак, Седой ва дигар қотилу роҳзанҳо!
Агар инҳо набуданд, имрӯз тоҷикон на рӯзи «муқаддас»-и 16-уми ноябр доштанду на «пешвои муъаззам»-и ин ҳама «асосгузор»- у на ин ҳама рӯзи «нек»-у шаби аз бебарқӣ «нӯронӣ»-и тираву тор!
Рӯзи 16 – уми ноябри соли 1992 аслан дар торихи навини тоҷикон чӣ аҳамият дорад? Шояд барои миллатам ҳеч, вале барои танҳо мани пешво рӯзи муқаддас, рузи «зуҳур», рӯзи «бохосият», рӯзи пирӯзу ҷовидонагист.
Дар ин рӯз буд, ки маро аз фақри абадӣ раҳо бахшиданду бурданду куртаву гарданбанду мундиру попӯши Б/У аз ину аз ӯ мусодира карда пӯшониданд. Қабл аз онки ба ин рӯзи «наҳс барои тоҷикону пируз барои ман» равем, сазовор дониста шуд, ки раиси шаҳри Кӯлоб Ҷиёнхонро дар пеши пои ман, назди туфлиҳои мусодиракардаи боазамати ман, назди куртаи талбидаи ман, назди мундири талбидаи ман чун барра қурбон кунанд, бошад, ки роҳи хунхории ман ба ҷои сафед, умре сурх бошад!
Ёдам буд: тоҷикон аз паси кас вақти сафар шири сафед мепошиданд, вале аз онҷо ки ман як ҳаромии бепадараму умре аз роҳи ҳарому дуздӣ пеш мерафтам, ва кунун аз роҳи хун бояд, по рӯи пиллаҳои раёсатҳои ғасбшуда мегузоштам, Атаам – Сангак ва «Отамиз»- Ислом Каримови чун ман ҳаромзодаи торих, бароям бо пошидани хуни Ҷиёнхон зери ҳарду поям «дуо»-ям доданд!
Пасон рафтем ба Тирмизи кишвари ҳамсоя аз онҷо паридем ба Тошканд, аз Тошканд ба Хӯҷанд.
Ман аз ҳамин рӯ «муъаззаму мӯҳтараму асосгузори ҳамаи хубиҳо»-ям, ки тавониста будам, ки сарҳади кишвари худро шикаста, ба дигар кишвар, ва аз онҷо, дубора, сарҳадшиканӣ карда, бо лашкари мӯру малахи бегонагон вориди хоки худ шудаам.
Барои ҳамин амали шоистаам имрӯз тоҷикон маро «Пешво»-и хеш мехонанд. Пешвое, ки аз сарҳади бегона вориди хоки худ мешаваду қабулаш надоранд, вале зӯри силоҳ ӯро «пешвои зӯракӣ» мекунад!
Ҳар чи буд, шуд, гузашту дар ҳукми торих аст. Вале он рӯз : 16-уми Ноябр бояд дар хотираи миллати худбохтаи кӯтаҳандеши зудбовари зудфаромӯшгари ман нақш бандад.
-16уми ноябр яъне ман – Эмомалӣ Шарипович Раиси Шуроӣ Олӣ шудам.
Аз ҷиҳати қонунӣ ҳарчанде якчанд нуқсонҳое ин ҷаласа дошт, вале вақте забони зӯру силоҳ дар миён бошад, лоҷарас қонун зери по бошад.
Дар тамоми кишварҳои олам Президентҳоро дар Пойтахташон бармегузинанд, ба ҷуз ман, ки чуноне борҳо мутазаккир шудаам, фаротар аз инсон, фаротар аз қонун ва фаротар аз тамоми қавонини инсонию мардиям, дар Хӯҷанд «баргузида» шудаам! Чунки ин ягона шаҳре буд, ки ба Тошканд ҳамсарҳад аст. Вале статуси пойтахт – ҷои баргузории президентро надорад!
Охир, маро интихоб на, балки бар-гузидаанду бар-кашидаанду таҳмил кардаанд! Чӣ фарқ аст, ки дар Пойтахт бошам, ё ҳошияву зовия. Ба ҳар ҳол, ба пойтахт ҳам «с пулемётом наперевес» через перевал оварданам – ку?!
Ман тӯли умр як қонунро мешиносам – қонуни зӯргӯӣ! Қонуни қатл! Қонуни тороҷ! Қонуни ваъдаҳои бардурӯғу ваъдахилофӣ! Қонуни ман нифоқ асту чандруӣ! Аз як ҳаромӣ дигар чӣ ҳам интизоред?!
Гургзода оқубат гург шавад
Гарчи ба адамӣ бузург шавад!
Аз ин рӯ, 16 – умро, эй касе, ки пас аз ҳазорсолаҳо ин «Устувонаи Чақурӣ» ба дастат меуфтад, хуб бихону неку нигаҳ дор, ки пас аз ин рӯз буд, ки 30 – рӯз пасаш, расо як моҳ пас, пойтахти тоҷикон бо тамоми илму ҳунару фарҳангу дору надораш, назди ҷангандаҳои зархариду бегонаву қотилони минтақагароям, суқут кард! Суқуте, ки пас аз он, то рӯзе оиладавлатдории оилашумулам рӯи коранд, рӯзи неку сари баланду шиками серу хотири ҷамъро нахоҳанд дид – ҷамъашон парешон, динашон помол, занҳошон каниз, ҷавононашон навкару барда, мардонашон гурезаву овораву мардикор дар ғарибиҳо овораву саргардон хоҳанд буду хоҳанд мурду рафт!
-16уми ноябр ҷуз ҳамин бадбахтӣ, ҷуз ҳамин беобрӯӣ, ҷуз ҳамин сарафкандагӣ, ҷуз ҳамин фақру фоқа, ҷуз ҳамин рӯзи сияҳу хотири парешон, ҷуз ҳамин зиндониҳои умрбод, ҷуз ҳамин беш аз 300 ҳазор қурбониён, ки танҳо пас аз ҳамин рӯзи «саъд» кушташудагони беномунишонанду ҷуз ҳамин ғоратшудагони рӯ ба раҳми Худо, ҷуз ҳамин нопадидшуданҳову рабудашуданҳо, ҷуз ҳамин листи моломоли сиёҳи «террористон»-и интерполӣ, ки гунҷишкро ҳам куштан наметавонанд, ҷуз ҳамин чоплусҳову моямолони ҷанобашон, ҷуз ҳамин тамаллуқкорони беъурза, ҷуз ҳамин нифоқи ҷомеа, ҷуз ҳамин низоми фарсуда, ҷуз ҳамин қатлу куштори бардавом, ҷуз ҳамин қимматии рӯзгор, ҷуз ҳамин бекорӣ, ҷуз ҳамин вайронӣ, ҷуз ҳамин барқдуздии умрбоди ман, ҷуз ҳамин сардиҳои ҷонфарсои сармоҳои зимистон, ҷуз ҳамин иқтисоди дастурии фарсуда, ҷуз ҳамин сарватғундории авлоди ман, ҷуз ҳамин шоҳона зистанҳои мо – дуздони навдавлати беэмон, ҷуз ҳамин монополияи оилавии фарогири ман, ҷуз ҳамин гушнагии абадии авлодии ман, ҷуз ҳамин пешвоии мани пӯсидаи лухсидаи дилбазан, ҷуз ҳамин мақомдорони ҷоҳилу духону чун ман беаслутабору номарду ришвахору ҳаққимардумхори мардумозори овардашуда аз ҳар кӯчаву бозору говбозору мазор, ҷуз ҳамин чи ки мебинеду эҳсос мекунеду заҷр мекашеду роҳи халосӣ надоред, чизи дигаре нест!
16-ум то 16-ум дорад.
Ана , ин аст он чӣ 16 – ум ба ман дод.
Ва ана, вот, ин аст ончи шумо аз 16-ум интизор доштед.
Ва ана ин аст ҳақиқати 16-уми ноябри соли 1992.
Ҳамон гуна, ки рӯзи 5-уми октябр ҳеч пайванде ба «Рӯзи забон» надорад, ки ин рӯзи зоидашавии ҳаромии торих асту бас, ба ҳамин миқдор 16-уми ноябр ҳам ба «Рӯзи Президент» пайванде надорад, ки аввалин Президенти мунтахаби тоҷикон ҳамоно Қаҳҳор Маҳкамов 30-юми ноябри соли 1990 интихоб шуда аст!
Аммо, 16-уми ноябри соли 1992 бошад як мушт дузду арозилу валадизинову сарбуру сархӯру говбону зиндониву ҳанноту беъурзаву маҳалгарову фурсатталабу қотилу нотоҷику бепадару раддимаъракаи Шӯравию мактабнадидаву птушнику муштзӯри мусаллаҳ рафтанду дар Арбоб-камол як дузди ҷоҳили бесаводи электрикро сардори худ (Раиси Шӯрои Олӣ) интихоб карданду омада, Душанбеву пасон Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданду то ҳол бо ҳамон равиш «давлатдорӣ» доранд!
Дигар 16-ум ба кӣ чӣ дод?!
Дигар дар ин марзу бум «президент» нест, балки «Пешвои фаротар аз қонун» асту «подшоҳигариии беақлона»-ву режими оиладавлатдорӣ!
Аз рӯзи кадомин «Президент» шумо ҳарф зада, рӯзашро ҷашн мегиред?!
Масхара ҳам ҳадд дорад…..!