Баргузории маъракаи пурзарқу барқ бо баҳонаи таҷлил аз бистудуввумин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар водии Рашт як амали ҳисобшуда ва ҳадафмандонае буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва мушовирину мубаллиғини сиёсати ӯ ба намоиш бигзоштанд. Дуруст аст ки сафарҳои Раҳмон ба бақия манотиқи кишвар ҳам ҳамин тавр бо ҳамҳамаву воҳима ва масорифу хароҷоти хеле зиёд сурат мегирифт. Аммо интихоби навоҳии водии Рашт,шеваву тарзи пешвоз, саҳнасозӣ, рақсу суруд, шакли пӯшиши либоси занону духтарон ва ба вижа суҳбатҳову суханрониҳои худи Раҳмон тавре омода ва таҳия шуда буданд, ки ин бор ин маърака аз маъракаҳои солҳои қаблӣ комилан тафовут дошт.Қайчиву лентабурии Раҳмон дар ҳамчунин сафарҳо ва ифтитоҳи барои мисол коргоҳи дузандагиву мағоза ва насби парчам барои мардум ва тамошочиёни телевизионҳои тоҷик ҳарфи тозае надорад. Аммо ин бор ҷашни Ваҳдати миллӣ ва он ҳам дар водии Рашт-минтақае, таҳти нуфуз ва пуштбони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва маҳалли таваллуди асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,ҳизбе, ки як тарафи сулҳи тоҷикон аст, баъди 22 сол аз замони имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, шоҳиди сӯҳбатҳо,шоҳиди саҳнаҳо, шоҳиди дағдағаҳои нафаре шуд, ки худ худро унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат эъто карда тарафи дигарро, яъне дуруст ин минтақа ва ин мардум ва бузургони онро террористу хоин хонд. Бале,байрақи пирӯзиашро ҳам дар яке аз нуқоти баландтарини ин минтақа ва бо таъкиди инки бо “ҳизби террористии наҳзати исломӣ” ҳеҷ созишномаеро ба имзо нарасонидааст, парафшон кард.
Ин бор ҷашни ваҳдатро танҳо худаш ҷашн гирифт. Ҳатто аз намояндагони тарафи ҳукумат, барфарзе ҳамин Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва он замон раҳбари ҳайати музокирот дар чанде аз давраҳои гуфтушунидро ҳам ҳамроҳ надошт.Абдумаҷид Достиев муассиси ҳизби ҲХДТ,ки феълан худаш ҷаноби ЭР роҳбараш аст ва инчунин Достиев муовини КОМ,ки аз ҷониби ҳукумат буд. Танҳо ва тоқа худаш аз нардбони чархбол поин мешавад, танҳо ва тоқа худаш дар болои фарши қирмиз раҳ меравад ва дар саҳнаҳои ҷашнӣ намоён мешавад. Дар минбарҳо ҳам дар канораш касеро ба ҳамроҳ надорад. Танҳо ва тоқа. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар ҳадди охари дарди бузургманишӣ гирифтор шуда, ба ин ҳарфҳои дурӯғу тамаллуқи иддае аз шоирони чоплус, ки ӯро бо иғроқу ғулув наъузу биллоҳ“шоҳи шоҳон”, дар ҳоле “маликил мулук” куфри ошкор аст, “кайхусрав”, “исмоили сомонии сонӣ”, “назаркарда” хондаанд, бовар кардааст.
Аммо чаро интихоби Рашт, Ғарми собиқ барои маъракаи Ваҳдати миллӣ ҳисобшуда ва ҳадафмандона аст?
Ёдатон бошад дар соли 2006 ҳам ин идро маҳз дар ҳамин минтақа доир карда буд. Аммо он замон устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,новобаста аз онки мариз ва дар бистар буданд, бо хоҳиш ва исрори Раҳмон баланд шуданд ва рафтанду ширкат карданд.Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳам ҳузур доштанд. Аз ҷониби ҳукумат ҳам аъзои он дар ин ҷашн ширкат карда буданд. Аммо,чуноне пештар тазаккур додам, ҳеҷ аҳадеро дар ин маросим даъват накард. Масалан метавонист ҳузури устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро дар ин маърака таъмин мекард, ки накард. Яъне бо ин кораш ӯ гуфт ва заррае ҳам шарм накард ва азоби виҷдон нагирифт, ки ин сулҳу оштиро ӯ-Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик овардааст, на каси дигар. Муаллифи сулҳ танҳо ӯ аст. Баракс, бо инкор ва мункири муаллифи асосии сулҳ,устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳизби зери раҳбарии ӯ,ки тарафи дигари ин сулҳ аст, ва бештарин аъзо ва фармондеҳони пурнуфузи он дар замони муқовимат аз ҳамин минтақаанд ва дастгирӣ ва пуштибонии мардуми ҳамин минтақа аз устод Нурӣ ва ҳамроҳонаш буд, ки ин сулҳ ба даст омад, ошкоро паём ва ахтор дод,ки ман муаллифи сулҳам ва ин манам, ки шуморо сулҳ овардам, шумоеро, ки бо ман ҷанг карда будед. Дар лобалои суханрониҳояш ишора ва таъкидҳои гӯшрас ва шунавое мекард, ки миллионҳо сокинони кишварҳое, ки дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт ҳамин ҳоло ҳам наметавонанд ба ватан баргарданд. Ман баргардонидам, овардам ба ватан ба хонаву дари худ.
Ин ҳарфҳо, на танҳо инкори саҳм ва ҳиссаи мухолифин ва барои мисол устод Нурӣ, балки миннатгузории бепоя ва таҳдиди ошкорое аст, ки Раҳмон ба унвони на раиси ҷумҳур ва Асосгузори сулҳу ваҳдат, балки ба унвони қумандони Фронти халқӣ болои ин мардум эъмол мекунад. Ҳадафи ин сафар ҷашн ва таъкиди пирӯзии Раҳмон ва Фронти халқӣ баъди 22 сол аз замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ буд.
Раҳмон ба ҳангоми суҳбат ва суханрониҳояш дар ҳузури мардуми ин минтақа аз таъбиру ибораҳое истифода кард, ки дар худ киноя ва гӯшонаҳое барои маҳз ҳамин мардум дошт. Гуфт, ки ҷавонҳо бояд бештар дониш омӯзанд, зеро ояндаи давлат ба дасти ҳамин ҷавонҳо аст. Дар ин авохир зикри вогузории давлатҳо ба ҷавонҳо дар суханрониҳои ӯ ишора ба овардани Рустам ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аст.Вай гуфт, ки таҳти таъсири “хурофот” намонанд, “донишҳои дунявӣ” биомӯзанд. Ва ҳамин тавр дар Сангвору Нуробод аз “хурофот” дар Тоҷикободу Лахш аз “ифротиҳо” ва “донишҷӯҳои ғайриқонунии донишгоҳҳои динии хориҷӣ” гуфт. Аммо дар суханрониаш дар Рашт нуқта гузошт: ”Ҳизби террористии наҳзати исломӣ”.
Вақте ба ҷавонҳо насиҳат мекунад, ки бухонен,падарам намехост, аммо модарам мара хонданӣ фиристод, фикр намекунад, ки худаш куҷоро хондааст ва кай ва чи тавр хондааст. Факултаи иқтисодии УДТ-ро ғоибона хондаву як зачеткаи моломоли се, удовл дошт. Ва бар ивази пиставу бодом диплом гирифта ва ба устодони донишгоҳ аз ҷумла ба Талбак Назаров, ширу қаймоқу фатири рӯғанӣ ва писта оварда аз як курс ба курси дигар гузаштааст. Аслан хонед гуфтани ӯ самимӣ нест. Донишу фаҳмиши ӯ фаротар аз Бег Сабур нест ва диқан, ки ҷамъи китобҳои хондааш аз ангуштони як даст бештар нестанд, агарки ҳамонро ҳам хонда бошад. Инчунин суханрониҳояшро дар толор бо “мардум” дар шабакаҳо нагузоштанд балке ба ҷойи ӯ муҷрии барнома гӯё суханҳои вай вайи ӯро аз тани ӯ ба аҳли кишвар аз ончӣ барояш навишта буданд аз боло мехонд.Агар диққат дода бошед як муҳофизаш дар дасташ як портфел дошт,ман мегуфтам ӯ чӣ бошад? Дохили он портфел суханрони ё маърузаҳояш дар назди мардум бо шрифти 22 чоп карда,ки садҳо варақро дарбар мегирифт будааст.Ҳамон варақҳо аз суханони дурӯғи ӯ ба дод омадаанду боварам кунед шикоят мекунанд.Аз ҳаминҷо буд,ки Рустами писараш(поинтар дар бораи Рустам ҳам ду даҳан мегӯям) ҳам ягонҷоро нахонд.Намашро дар журнали факултаи иқтисоди навиштанд, аммо пояш дарсро надидааст.
Шумо агар ки мутаваҷҷеҳ шудед, пай бурдед, ки бештарини пешвозгирандаҳо занҳо ва духтарон буданд.Ва, хеле ҳам таҳқиркунанда ва нафратовар ин буд, ки чоки гиребони пироҳани ин занону ин духтарон, ки дар баробари чашмони чингизона ва барбаронаи ӯ ночору ноилоҷ рақс мекарданду даф мезанданд калонтар аз пироҳанҳое буд, ки дар ин ҷашн ба бар карда буданд. Яъне барои пешвозгирии Раҳмон сару либоси занону духтарони ин минтақаро, ки ҳатто дар ҳузури наздикони худ мастур ва пӯшида аст ба ин тарзу намуд дӯхтаанд.Дар Рашт гурӯҳе аз занҳои солхурда ва миёнаи Раштӣ ҳангоме бо рӯймолҳои сафед аз ӯ бо шарм ва ҳаё “истиқбол” менамуданд.Онҳоро дида табиаташ бовар кунед безеб шуд ва гуфти бародарон тамоман вайрон ва клет шуд. Аҳсан ана амихел либос пушен вай накунен бегона парастӣ накунен.Занҳо бошанд намедонистанд ба ин пирхари аҳмақ чӣ гӯянд,ҷуз ай бумбрм раис,ҷаноб,пешво… сари қабраш як пирхари фартутеки дар қабр прогулаш монда истодаанд.Аллоҳ ҷонша нагирифт,ки ҳама миллат аз ин қотили “фронти халқӣ” осуда мешуданд.
Дар варзишгоҳи Рашт гуфт: “давлат ин оилааст ва оила ин давлат аст” касе фаҳмид давомашро намегуям,чун онҳое аҳли фаҳманд мақсадамро фаҳмиданд.
Аммо як мавриде аз ин ҳам ғашовар ва таҳқиромез сару либоси духтароне буд, ки ба ҳангоми ифтитоҳи бинои ноҳиявии ҲХДТ ба бар карда буданд. Хеле ҳам маънидор хеле ҳам махсус.Духтарони бидуни шалвор ва бо соқу ронҳои бараҳна ва бо костюму юбка. Ва кадре ҳам нишон дода мешавад ,ки ду -се ҷавондухтар бо либосҳои аврупоӣ: бидуни эзор ва бо пешобағалаҳои кушода ва сарҳои луч.Ҳатто онҳороҳам ҳангоми шеъри ҳизби ҷаҳонӣ мегуянд ҲХДТ –ро гуш намекунад ва дар миёнашон мисли хуруси пире дохил мешавад ва як акс мегираду вай вай карда аз миёнашон берун мегардад. Намедонам,шояд бо ин гуфтанӣ аст, ки ҲХДТ ҳамин тавр ҳизби културний аст, ки таҳаммули либосу рӯмоли тоҷииконаро надорад ва халқи демократиҳо бояд кунлучу сарлуч бошанд, мисли Озодову Таҳмина. Аммо вақте тасвири модарашро бо рӯмолу пироҳани васеъ тақдимаш карданд, як раҳ фикр накард, ки мардум ҳам ба ин тарафи масъала, ки модари рӯмолу ҳиҷоб бар саратро ин қадар ситоиш мекунӣ, магар рӯмолу ҳиҷоб зарар ва хатар буд, чаро аз сари модарат нагирифтӣ?
Аслан боварам нашуд вақте гуфтанд, ки садҳо толибаҳову духтарҳоро барои истиқболи Раҳмон дар Рашт аз Кӯлоб,Душанбе ва Бохтар овардаанд ва аксарияти бешалворҳо ҳамонҳо будаанд.
Азбаски бештарин маросими истиқбол дар майдонҳои васеъу кушода ва сабзазорҳо буд,як нуктаи ҷолиби мавриди зикр ин аст,ки пайи пойҳо, ҷойе, ки духтарҳо истода дастафшониву пойкӯбӣ мекунанд хоктӯда шудаву сабзаҳо нобуд вале дар васату миёни қаторҳо ва фосилаи миёни духтарин дар саф сабзаҳо зинда ва понахӯрдаанд. Ин духтарони бечора чандин рӯзу ҳафта ва тибқи маълумоти мувассақ се моҳ машқ карда будаанд. Фақт ба хотири онки Раҳмонро истиқбол бигиранд. Нафареро, ки ба гуфтаи худаш то чиҳилсолагӣ аслан намедонист, ки давлатдорӣ чӣ аст? Дар поҳо музаҳои қошдор дошту дар хона апаи Азиза қурутоваш мепухт бо фатирмаска. Ҳоло акнун он рӯзҳо шуданд фаромуш ва ӯро бояд селаи духтарону занон пешвоз бигиранд ва се моҳу чаҳор моҳ машқу тамрин кунанд, ки чи бигӯянд, чи гуна бирақсанд дар ҳузури ин пирамарди бетутуруқ. Харҷи сару либос, сохтмони намоишгоҳҳо, маҳсулоти пешкашшуда ин ҳама аз кадом ҳисоб?. Аҷобат дар он аст ки барои ифтитоҳи сартарошхона ва мабраз садҳо нафар аз духтарон пироҳану туфливу ҷуробҳои оҳорӣ дар тан карда арғушт мераванд. Пешво меояд лентаи мабразро мебурад. Пешво сари муйе ҳам хиҷолат намекашад ва ҳатто дар сари замини кишти картошка ва бодиринг болои фарши қирмиз раҳ меравад.Як даҳан намегӯяд, ки э,ҳамаи инҳо чӣ даркор? Ин харҷу хароҷот аз куҷо? Магар барои як мабраз ва як сартарошхона, ки шояд даҳ ҳазор сомонӣ арзиш надошта бошад 500 духтарро атласпӯшу туфливу ҷуроби оҳорӣ пӯш кардан ва айвони пӯшида сохтан ва фарши қирмиз густардан, ки хароҷоташ миллионҳо сомонист,лозим аст? Магар ин ҳама мардумро барои ҳамчунин ҷашне, ки дигар моҳият ва мазмунашро ҳам салб ва ҳазф кардӣ овораву сарсону саргардон кардан зарурате дорад?
Яке аз шоҳидони ҳодиса қисса кард, ки падари яке аз духтарони кӯлобӣ, ки барои ду рӯз рухсати овардани духтарашро пурсида буден ба як масъули тадоркотии ҷашн занг зада бо алфози қабеҳу лаҳни хашин ҳарчи зудтар баргардонидани духтарашро талаб кардааст. Охир, ин чӣ давлату давлатдорӣ аст? Магар ин ҳама масориф, ки барои ин ҷашни дурӯғӣ карда шуд, пули даҳҳо мактабу мағоза буда наметавонад? Тамоми мардуми ин водӣ аз як оҳангари наъсоз то донишҷӯву муаллиму корманди мақомоту тоҷир, то духтарону додарон, то муллоҳо тайи панҷ рӯз фақат дар хидмати танҳо ва тоқа ӯ буданд. Ҳоло агар дар ин панҷ ноҳия фақат шумори духтарону занони пешвозгирандаро ҳисоб кунем аз 2000 нафар бештар буданд. Пули либосҳоин занону духтаронро, пули дӯхти онҳоро кӣ ҳисоб карда бошад? Инки ин ҳама мардум аз кору бори зиндагиашон монда Раҳмонро тамошо мекунанд, боиси ҳайрат нест. Артисти тоқае, ки гастрол омадааст. Дар воқеъ ӯ Артисти халқии Тоҷикистон аст? Афзалшои Шодӣ ё Ҷамшеди Исмоил ва ё Парда Қосим?
Хуб, ҳоло, ки омаду баргузор карду баргашту рафт. Баъд чӣ? Рости гап хостам як номаи кушода ба унвони Озода ва Рустам бинависаму гӯям, ки отаатон вақтҳои ахир тамоман аз худ рафтаасту васвос шудааст. Охир, рақси ҳазорҳо духтар барои ӯ чӣ медиҳад? Ӯ бо ин кораш чӣ гуфтанӣ аст? Пештар чанд бор гуфта буд, ки бо ин тарз дигар маро пешвоз нагиред. Аммо як нафар аз масъулини кумитаи тадорукотии ҷашн гуфт, аз куҷо? Ҳамаашро худаш нақша кашида, сару либосу қаду қомати духтарҳову …. мунтаҳо ҳамачиро медонад. Дастури худаш аст ки ҳамин гуна истиқбол бигирем. Вагарна харҷу хароҷоти чунин маъракаро буҷҷаи ноҳия надорад. Раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, соҳибони дуконҳо безор аз ҷонашон шудагианд. Чи кор кунем, маҷбур меравем, масҷид ба масҷид мегардем, ки пул тиед, Ҷаноб омадестай. Аммо вақте дидам, ки Рустам ҳам дар Ғарм майдончаи варзишӣ сохтаасту чанд ҷавонписару духтарҳо бо формаҳои варзишӣ шукргузорӣ ва миннатдорӣ аз президенти ФФТ-Федератсияи футболи Тоҷикистон барои як чунин ғамхории беназир барои ҷавонони ғармӣ мекунанд аз ниятам баргаштам.Гуфтанӣ будам, ки бону Озода ва Рустами фарзона фаровези даҳани “ата”-атон беҳад даридааст, хоҳиш мекунам, ки як каме қили ин мункири ҳақро бикашед. Аммо вақте навори ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳраки Сомониёни Ғармро дидам,ки диктор бо як тафохур ва лаҳни мутантан аз караму саховати Рустами Эмомалӣ мегуфт ва каме дуртар сару каллаи Абдуҷаббор Размонзода, поймарди умури робита бо ҷамъияти Раҳмон дар навор намоён шуд аз ниятам гаштам. Зеро дигар яқинам шуд, ки Раҳмон, бо онки шарти асосӣ ва калидии Созиши сулҳ, як даври ҳафтсолии раҳбариро ҳанӯз дар соли 2003 иваз ва ба ин Санад хиёнати нобахшиданӣ кард ва дар соли 2016 боз ҳам бо ҳазфи моддаи 28и Қонуни асосӣ, яъне тазмини фаъолияти ҳизби дорои характери динӣ, ҳоло дигар комилан саҳнаро холӣ дида ва ташвиқоту таблиғоти маъракаи интихоботи Рустамро барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Рашт шурӯъ кардааст. Баргузории ин маърака таъкиди пирӯзии ӯ ва ҳам оғози интихоботи Рустам аст, ки махсус Рашт интихоб шуд ва ҳисобу ҳадаф ҳам ҳамин аст. Ҳисобу ҳадафе, ки иншоаллоҳ насибаш нахоҳад шуд.