М.Кабирӣ: «На, аку Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».
М.Кабирӣ: «Рафтани сарвақт ҳам худ як обрӯ аст».
Ҳафт моҳ бозӣ доронду ниҳоят, кореро,ки мехост кард. Худро «раис» сохт. Раисе, ки на обруяш, на эътибораш, на ҳайсияташ, на шахсияташ ва на ҷойгоҳу нуфузаш боқӣ мондааст.
Ҳеҷ гоҳ ба рухаш намекашидам,ишора ҳам намекардам, аммо бинандаҳои мо медиданд,ки ҳар аз гоҳе, ки ӯро вориди барномаҳо карда бо мардум рӯбарӯ мекардам, шумори тамошобин кам мешуд. Намегӯям, ки ӯро дидан ва шунидан намехостанд,ҳавсала ва таҳаммули сӯҳбатҳои ӯро надоштанд, аммо ҳамин тавр буд. Барҳақ, мардум пештар аз мо шинохта буд. Хуб, ки ин мардум бошад, аз дасти мо чи коре бармеояд? Вале як вақте гуфт, ки Қадами Қурбон тамошобини зиёдтар дорад.
Худову ростӣ, ин тавр набуд, ки мо нашинохта ва надониста бошем. Аммо мегуфт, корҳое карда истодааст ва намешавад ҳамаро дар «публика» гуфт. Бовар намекардем вале мегуфтем «шояд». Ҳамин ҳоло ҳам тарси асосии ӯ аз он аст ва тӯли ҳамин ҳафт моҳ, ки барои мондан ҳазоруяк намуд хидъа ва найранг корсозӣ ва роҳандозӣ кард, яке аз таъкидҳои асосӣ ва ҳамешагиаш ин аст ки «гапи хона» ба берун набарояд. Яъне ин «берун» ман будаам.
Яке бехабар монд, ки аз даруни даруни хона гапҳое баромад, ки «фаришта будан» дар пеши он ҳиҷчӣ шуд. Аз даруни хона ин гап баромад, ки «пеши роҳи Муҳаммадиқбола гирифтан даркор». Кореро, ҳадаферо, ки Раҳмонов дар фикраш аст. Аҷаб нест магар?
Дар ҷаласае, ки худро раис сохт гашту гуфт: «На,аку, Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».
Ягонҷотон дар ягонҷотон бошад. Ин ҳамин ягонҷотон аст ки шуморо «фаришта» русвои гетӣ кард. Аммо, бо вуҷуди ин русвоӣ боз ҳам шуморо дар барномаҳо овардем, бо ҷомеа рӯбарӯ кардем, то фаромӯш набошед, аз хотири наҳзатиҳо набароед, ки раисашон ҳоло ҳаст, агарчи аз зикри номи Наҳзат парҳез, ки чи,ҳазар мекардед, тамоми дафтарҳоро дар ҳама кишварҳои аврупоӣ бастеду ба ПМТ супоридед. Наҳзат игнор ва мунзавӣ ва дар маъракаҳо мардуд шуд.
Вале, акнун, ки кор ба инҷо кашид руку бараҳна бояд бигӯям, ки шумо мебоист он замон, ки «фаришта» шудед, сухани охир ва хайрбодӣ мезадед, на Наҳзат, балки худро мунзавӣ мекардед. Чун муртакиби гуноҳи кабира шуданатон аланӣ шуд ва худатон эътироф кардед, ки «бӯгин» буд. Бо ин вазъу ҳол ба Наҳзати исломӣ раис будани шумо равост?
Бори дигар бигӯяматон, ки ягонҷотон дар ягонҷотон бошад. Ин як маврид аз достонҳои фаришташавии шумост. Достонҳои дигари шумо дар ин бораро дар оянда ҳикоят хоҳем кард. Шояд таҳти унвони «Истишмоми фариштаҳо» ё «Шамими фариштаҳо»?
Муҳтавои ҷаласаи РО ҲНИТ зери заррабини «Ислоҳ»
Вале ҳоло баргардем ба мавзӯъи аслӣ, ҷаласаи интихоботи раис, ки 24 май, дар рӯзи тӯи як бародар дар Вилнюс баргузор шуд. Баргузории ҷаласаи интихоботи раис дар даруни як тӯй худ далели гӯёи муносибати Шумо бо Наҳзат аст. Мабодо, ки ин ба «сунат»-и доимӣ ва ҳамешагӣ табдил шавад.
Барои онки тасаввуроте аз баргузории ин ҷаласаи аҷибғариб дошта бошед, инҷо гапҳои пароканда аммо манзарасози компайни «интихобот»-и раисро айнан мекорам:
Агарчи иқтибос аз суханрониҳо меоварем вале бидуни зикри номи онҳо. Аммо ҳатман наҳзатиҳо аз қавли айнан нақлшуда гӯяндаи он калимотро баръало мефаҳманд,ки гӯяндаи он кист:
«Ман ҳис кардам,ки шумо ҳамин гапа мегуитон».
**********
«Акаи Маҳмудҷон Илҳомҷона Илҳомҷон Маҳмудҷона пешниҳод кардаанд ….бисёр интихоботи зӯр ку».
************
«Ҳазрати домулло бифармоед, номзадитон ҳаминҷа пешниҳод шудаст, ягон барнома дошта бошед бифармоед».
********
«Агар касе гап дошта боша ҳамун гап занад, шарт нест ҳамара пурсем».
********
«Ман дар шокум. Касе бо ман маслиҳат накардаст, на аз раёсат. Шояд ҳамон касе, ки пешниҳод кардаст ҳамун кас гап занад. Ман худум худума пешбарӣ мекардум, ягон барномае мегузоштум. Ягон чизе мегуфтам. Агар худум худума пешбарӣ мекардум мегуфтум мегардонум мебармутона Тоҷикистон. Вақте мара напурсидаст, маслиҳат накардаст, бо эҳтироме, ки дорам ҳамон пешниҳодкардагӣ ҳамун тарафоша қонеъ кунанд»
********
«Домуллора пешниҳод кардум, худум намедонистум, ки номзадум».
************
«Наҳзат ба як раисе ниёз дорад, ки дар ҳамин муддати чор сол мардума барбугардонад барад».
*********
«Комилан бовар дорам, ки ягон кас баргаштанӣ нест, ҳамиҷа маъқулшонай, ҳамин шакли кор маъқулшонай».
*********
«…Хабаро мебаромадаст, далел дошта бошем, ки дуруғҳоро ислоҳ карда бутонем».
*********
«Ба фикри ма ака ҳақ надоран номзадишона пеш(?) бигиран, ба хотири ҳамон тарзе, ки намедонистанд, ки номзад шудагианд ва вақте ки ҳаминта номзад шудагиан ба фикри ман ҳамунта номзад боқӣ монанд».
********
«Айбайе, чи пешниҳод кардесте? Интихоботи маҷбурӣ, то ҳоло касеро надидем, бурда бошанд».
********
«Манам номзадима бозпас мегирам. Маҳмудҷон ташаккур, ки бовар кардан. Воқеан намедонстам, ки пешниҳод мешавам».
********
Шамсиддини Саид ҳам номзадиша гирифт. Бародаро чор номзад монд, касе чизе гуфтанӣ бошад…»
********
«Ман аз ҳамин раванд ва шакл гирифтани интихобот норозиюм ва мухолифам, чандин қарорҳои дигарро ҳам зид овоз додаам. Мо ба хотири ислоҳот ва тағйирот гуфтем. Тавозун байни раёсат ва раис бошад. Чанд нафар аз берунро интизор доштем, ки ин ҳам нашуд. Раёсат худаш худашро интихоб кард. Гуфтем, ки ислоҳот кардем, интихоб кардем. Ку? Номзад номзадиша гирифт, истеъфо ҳам дод дар рафти кор. Аъзоҳои раёсата нав кунем.
***************
«Ин интихобот намоишӣ. Биёед баргузор накунем, ҳами хел брем».
*******************
«Ман ин интихобота расман намешиносам, қабул надорам, ғайримашруъ медонм ва ҳатто бубахшед таҳримашам мекунам. Бар асоси ислоҳот мо кор накарда истодаед, дар амал нест. Ман номзадима мегирам».
*********
«Ҳоло мо се номзад дорем».
Луқма: «Се, майла аку»
**********
«Чи хеле Маҳмадсаид ҳам гуфт, ман дар ҳайрат мондам, ҳиҷ умеде ҳам надоштум. Ман мегум, ки номзадима бозпас бигирум. Аку дигар раисам хоҳиш кард, ки номзадита нагӣ. Ман номзадима мемонум. Агар интихоб шудум, баъд барномама муаррифӣ мекунум.
*********
Луқма: «э,наку ҳами кора»
*********
«Ино холис намегиран, ай тарса мегиран, агар будонанд мегзаран ..ба номи Худо намегиран овоз намегиран охир».
**********
«Як коруш кунед, ки пеш ай ҳамун Муҳаммадиқбол эълонуш кунем, хубтарайда»,
************
«На, аку Муҳаммадиқбол ҳамаи инҳоро эълон кард, ишам эълон кунад, ягонҷомон кам намешад».
**********
«Чанд касоя инфаркт кардед, интихоботатон бисёр машҳур шид».
*********
«Аъзои ҷадиди Раёсат кори душворе нест, ҳаминҷо ҳам дар як соат мешавад қабул кард».
**********
«Ислоҳоте бошад, ки аз он ифтихор дошта бошем. Магар дигар раис набошем устодамон намегуянд. Ман ҳам ба тасмими қорӣ мувофиқ ҳастам. Раис ҳоло ҳам барои ман раис аст. Ман шахсан масъалаи беҳбудиро надида истодаам».
********
«Як кори дигарам ҳаст бародаро, аз уно бипурсем, ки чи бинависем»
**********
«Ҳар чизе, ки аз ман шунидед ҳамонро бинависед. Ман таҳрим кардам ин интихоботро».
************
«Бародарҳо миннатдор, ташаккур. Воқиан ҳам як интихоботи озоду шаффофу…. Ҳоло ман фикр доштум, бовар доштум як миқдор бештар бародар Шонаим овози бештар мегирад. Хуб, ба фикрам, ки худушам ба ман овоз додагӣ аст. Вале ба ҳар сурат баёнгари он аст ки дар ҳизби мо ба як нубуғу пухтагии сиёсӣ пайдо кардагием. Ин шо Аллоҳ ҳамин хел давом мекунад»
Ростӣ, гапҳои ҷолибтаре ҳам буданд, ки матни мақоларо тӯлонӣ мекарданд. Мо, ки ин шабурӯзҳо бо калимаи «тӯлонӣ» мушкили дорем. Вале, вақте сухангӯ баёнияи барои матбуот омода мекард, мавқеъи таҳрими чанд нафарро бо иттифоқи чанд каси дигар мунъакис накард.
Дар аслу воқеият ин ҷаласа, ки баргузор шуд, ҷаласа набуд, як бозори кӯҳнафурӯшӣ буд, ки талош мекарданд наваш нишон диҳанд. Ин як бозие амсоли алик-малик буд. Худи дастандаркорон медонистанд, ки ин ҷаласа нест, ин як чизе дигар аст, инҷо интихобот нест, инҷо бозӣ ва масхараи интихобот аст. Аммо тавреву тарзе вонамуд мекарданд, ки ҷаласаи интихоботӣ намудор шавад.Ин алик -малик ба сари худ як навоварие аст, ки ҳуши маснуъии Илон Маск ё нанотехнология дар IТ парки Хуршеди Мирзо аз он ангушти тааҷҷуб мегазад.
Инро бояд барои омӯзиш ва пайравӣ, айни қонуни танзим, қонуни волидайн паҳн кард, то ба унвони ибтикори амали нобиғаҳо ва ба нубуғ расидаҳо баҳрабардорӣ шавад.
Аммо, бор Худоё ин бародарон, аъзои Раёсат,чи гуноҳ доранд, ки пеши виҷдони худ, пеши аъзои ҲНИТ, пеши ҷомеъа ва мардуми кишвар якчунин коре мекунанд, ки барои абад азияташон медиҳад. Фақат инки фулонӣ раис шавад, ин Раёсат ба рағми виҷдони худ доми тазвир бичинад?
«Номзадҳои мавриди назар» -таҷрибаи нав барои онҳое, ки ба курсӣ часпидаанд ва доданӣ нестанд-приёми нав дар доирсозии интихобот.
Барои онки касе номзад нашуд. Барои онки инҷо найранг буд. Чи гуна ман хабар надорам аммо номзади раиси ҳизб мешавам. Чаро? Магар беруни Раёсати Олӣ, ҳизбӣ нест. Шавкатҷон, Фирӯз,Шуҳрат,М.Ҳусайнӣ, Абдулқодир ва… ҳизбӣ нестанд? Наметавонад узви Раёсат ва раис бишаванд? Ҳоло чаро водор мекунед, ки фалонӣ хезаду фалониро пешбарӣ кунад. Аз барои Худо, шумо киро ба бозӣ гирифтаед, масхара кардаед? Магар ҲНИТ иборат аз фақат ва танҳо ҳамин Раёсати куҳнаи «навшуда» иборат аст? Онҳое, ки беруни Раёсатанд, ҳизбӣ, наҳзатӣ нестанд? Яъне қонунӣ кардед ин проектро?
Шумо дуруғ кор кардед. Дуруғ торикии имон нест. Шумо магар актёред?
Масалан бону Ойниҳол Бобоназарова номзад барои раёсати ҷумҳурӣ шуд.Чаро хонум Гулбаргро касе пешниҳод накард, хонум апаи Хайринисоро чи? Гендер риоят мешуд, ку. Магар бону Гулбарг сазовори раисӣ ҳаст ё нест? Агар буд, чаро мадди назар наовардед?
Номзадҳо худашон намедонанд, ки онҳо номзад шудаанд. Аммо аз онҳо талаб мешавад, ки барномаашонро муаррифӣ кунанд. Ва, номзади «олтернатив» мегуяд, албатта, бо истеҳзо ва тамасхур, ки барномаамро баъди раис интихоб шуданам муаррифӣ мекунам.
Якеаш гуфт, ки ман худам намедонам, ки номзадам, чиро муаррифӣ кунам?
Чаро ҳафт моҳ касе номзад нашуду якшаба ҳафт номзад сару калааш баланд шуд?.
Ҳамин номзади «олтернатив», то инки як нафар пешниҳодаш накард, худашро пешниҳод накард? Номаш дар баргаи интихоботӣ надаромад? «Мега, ки раис мара гуфт худут набояд номзадита гирӣ. Э, бача, қоил каден неким бахудо».
Инро низ бояд мутазаккир бишавам, ки ду рӯз пеш аз ин ҷаласаи интихоби раис, ба комиссияи интихоботӣ як номзади худпешбарӣ пешниҳод шуда буд. Медонед он номзад кӣ буд? Бале, худи Муҳиддин Кабирӣ буд. Аммо чаро дурӯғ мегӯяд дар мусоҳиба, ки маро панҷ нафар пешбарӣ карда буданд? Пешбарӣ карданд вале пеш аз пешбарӣ худро кондид кардӣ, чаро инро эътироф намекунед? Аз чи метарсед? Аз инки касе нахост Абдуҳалим Ғаффорзода шавад? Воқиан дар асл касе нашуд вале маҷбур кардан бишав.
Бо ин шаклу шева, ки раис интихоб шудӣ, даъвои раисӣ мекунӣ? Фикр намекунӣ ва накардӣ, ки чаро як нафар надорӣ, ки бигӯяд, раис мешавам. Чаро? Худатро раис меҳисобӣ? Кӣ интихобат кард? Аз 23 нафар 14 нафар?
Касе номзадиашро пешбарӣ накард, чаро? Чунки Кабирӣ дар аввалин ҷаласаи марбут ба масъалаи интихобот ариза навишт, барнома ва худашро пешкаш кард. Вақте сарусадоҳо якҷо бо эътироз ва норозигиҳо баланд шуд, пай бурд, ки дигар ҳиҷ ҷойгоҳе надорад, дар ҷаласаҳои дигар шурӯъ ба «бозӣ» ва кашолдиҳии вазъ ва шароитсозӣ кард ва чун дид авзоъ печидатар мешавад истеъфояшро эълон кард ва гуфт дар ин ҳолат будани ман буҳрони ҳизбро чуқуртар мекунад:
«Тасмими аввалаи ман иштибоҳ буд. Ин тасмимам ҷиддӣ аст. Ман меравам, саривақт рафтан ҳам худ як обрӯ аст».
Чаро ду моҳ бештар, ки ҳизб бе раис монд ва раис истеъфо доду аз ҷаласа бо қаҳру ғазаб хориҷ шуд, масъаларо дар ин ду моҳ якбор нагуфтед? Дар ҳоле мо хуб медонистем ва инро нагуфта будем ба касе. Инро охир кӣ гуфт боз ҳам худи раис ва омад омаду баъди «интихоб»-аш ба Шавкатҷон гуфт, ки ман истеъфо дода будам. Чаро дар мусоҳибаҳое, ки то ин ҷалса медодед дар ин ду моҳ шумо Раиси ҲНИТ муаррифӣ мешудед ва ягон бор ҳам намегуфтед ман раис нестам ва истеъфо додаам ва ҳоло беҳтар аст бигӯед иҷро кунандаи вазифаи раиси ҲНИТед, ақалан? Гордость ё ҳарисӣ ва тарс, ки мабодо номзадҳо пайдо шаванд, не позволял?
Дар ҷаласаи моҳи апрели Дортмунд ошкоро гуфт дигар ман тасмими кондидшуданро надорам.
Аммо ман итминон доштам, ки бозии дигаре дар роҳ аст ва рафтанӣ нест. Фурсатро кашол дод, тамдид кард. Аммо аз санг садо буду аз аъои Раёсат не. Ҳиҷ касе пешбарӣ накард.
Як ҳарферо ҳам дар миён андохт. Раиси ҲНИТ ҳеҷ гоҳ алтернатива надошт. Вале чизе дар фикраш заду думболи ин далел ва ин алибӣ пофишорӣ накард. Вале ход мекофт, ки чи гуна, фарқ намекунад, бигзор ҳилла, шайтанат, русвоӣ бадномӣ бошад ҳам бо алтернатива интихоб шавад. Ҳарчи ҳам набошад дар Аврупо аст. Истеъфояш талаб мешавад. Худаш ҳам, ки переборшит кардагӣ, 20 сол аст курсиро тасоҳуб кардааст.
Ҳамин ҳиллаи «номзадҳои мавриди назар» пайдо шуд. Ва дар як рӯз халос кард.
Шаш нафар плюси худаш ҳафт нафар «даъвогар» шуданд. «Даъвогарҳо», ки шаб мехезанду Вилнюс меоянд, дар туй ҳам ҷаҳд шудаанд, ки номзад шудаанд. Номзадҳои мавриди назар аз тарафи бародарони Раёсат пешбарӣ шудаанд. Ин ҳам як ҳилаи дигари интихоботӣ буд, шумо кондид худро накардаед вале шуморо дигарон пешбарӣ карданд. Мақсад танҳо як чиз буд, то дар муқобилаш кондиде бошаду интихобот машрӯъият пайдо кунад.
Ҳоло акнун Раҳмонову командааш метавонанд биёянду инҷо таҷрибаи мудерну муосири интихоботӣ касб кунанд.
Чи қадар бояд афирист, хитрий, игрок вале ҳамзамон дур аз ҳама гуна ахлоқу имону адолату инсоф ва муҳимтар аз ҳама исломиву мусалмонӣ буд, ки ҳам бо сарнавишти мардум бозӣ бикунӣ ва ҳам дар нуки ангуштонат бозӣ бидорӣ ва ҳам баргардиву ба «ҳариф» бигӯӣ, ки «худтам ба ман овоз додӣ». Мардаки хуб мегуяд, ки «ман ҳам номзадиамро гирифтанӣ будам, аммо раис хоҳиш кард, ки нагирам». Раис мегуяд, ки «бародар кам овоз гирифт. Худашам ба ман овоз дод». Агарчи аз қабл ҳама чиз мушаххас буд, аз қабл ҳама чиз сохташуда буд, аз қабл медонист, ки Абдуҳалим Ғаффор шудааст.
Аммо тафовут инҷост, ки Раҳмонов тамасхур назада буд, мазоҳу таҳқираш накарда буд, ки «худат ҳам ба ман овоз додӣ».
Худи баччаҳо ҳам шӯхиву масхараи кори худашон ва худашонро дар аснои «интихобот» мекарданд: «Мирзоалӣ Болтуев», «Абдуҳалим Ғаффоров», «дилзанак», «интихоботи саросари ҷаҳонӣ», «интихоботи машҳур», «бовар медоштӣ раъй мегирӣ, номзадиатро пас намегирифтӣ», хулоса як фазои тамасхуру кинояву мазоҳу масхарае буд, ки интихобот ном доданд.
Бо ин шароиту ҳол минбаъд раис метавонад Раҳмоновро бар ғасбу тасарруф ва ба баргузории интихоботи ғайришаффоф муттаҳам кунад? Бубинед, масштаби Раҳмонов тамоми ҷумҳурӣ буд. Инҷо дар доираи 23 узви Раёсат ҳафт моҳ давид, ки ранги Раҳмонов кунад, то раис бимонад. Сафарҳои «хидматӣ» ташкил карду рафт диду боздидҳое анҷом доду бо афроде мулоқоту суҳбат кард, ки дар 8 соли охир ҳатто бо телефон бо аксари аз онҳо суҳбат накарда буд. Гуфта будам, ки дар сафараш рафта пушти бархеро тап- тап карда онҳоро ба худаш ҷалбу моил кард. Аммо боварам кунед, агар пас аз интихобот писандатон кард ҳарчи мехоҳед бигӯед. Хараш аз лой гузашт тамом аст кор, шумо дигар нолозимед!
Вақте ману мо, ки ин шо Аллоҳ то чанд гоҳи дигар тасмимамонро иттихоз ва эълон мекунем, истеъфо гуфтем, тараф мебоист мешишт мегуфт биёед, ку бигӯед, ки иштибоҳи ман чӣ буд? Чаро қонеъ нестед? Агарчи мо борҳо ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ба худи Раис ва муқаррибонаш гуфта будем. Пас, мутақоид мекард, мо қабулаш мекардем. Аммо ҷабҳа ва сангар гирифт ва ҳоло акнун мегуяд, ки «куҷом кам шуд»
Боз дар мусоҳиба гуфт мехоҳад бо бародарон нишинад , бо онҳое имкони нишастан вуҷуд дорад. Онҳое имкон надорад телефони ба тамос мебарояд. Дигар чи тамос бигирӣ ва нишинӣ. Аз ду нишасти пас аз интихоботият ҳам маълумот дорем чи шуд!
Талаби мо ин буд, ки ислоҳот дар асноди танзимкунандаи фаъолияти ҳизб, дар шароити кунунӣ бишавад ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъ аъзои Раёсати олӣ бо кадрҳои нав тағйир дода бишавад, то имкон барои тағйирот дар сатҳи мудирияти ҳизб ба вуҷуд ояд.Чунки мо бар ин натиҷа расидаем, ки Раёсати феълӣ, бахше аз аъзои он, ба талаботи имрӯзӣ ҷавоб намедиҳанд ва афроди ношоиста ва носазоворе ҳам ҳастанд, ки билодиранг ихроҷ карда шаванд. Мақоми раис, салоҳият ва ваколатҳои он мушаххас карда шавад ва Раёсати олӣ ба унвони минипарлумон аз салоҳият ва ваколатҳои бештар бархурдор бошад, на баракс, ки раис диктоват кунад, чуноне имрӯз вуҷуд дорад.
Дар як чунин шароит, ки интихоби раис бигзарад мантиқӣ ва қонунӣ аст.
Аммо ин пешниҳодҳо нагузашт ва фақат ба хотири онки ҳамин пешниҳодҳо, ки созанда ва усулианд нагузарад, ҳаллу фасли масоил ба ҳафт моҳ тӯл кашид ва натиҷа ҳам тавре шуд, ки ҳиҷ «тағйироту ислоҳот»-е ба вуҷуд наомад.
Ҳадаф ин буд, ки ислоҳот решаӣ ва бунёдӣ бошад. Ва, мо бар ин назар будем ва ҳастем, ки раис дигар дар сари кор тӯлонӣ истодааст, бояд биравад. Чунки раис ва сиёсатҳои ҳазар ва парҳези вай аз ҳизб ҳизбро ба ин буҳрони амиқ расонидааст.
Дар ниҳоят худаш ҳам ин талаби аслӣ ва меҳварии моро эътироф кард, ки иштибоҳи азим кардааст, ки фақат дунболи ПМТ рафт, агарчи ҳамин ПМТ-ро ҳам натавонист мунсаҷим ва муттаҳид нигоҳ бидорад, ки ҳарфи ин ҷудост.
Чаро ин корҳоро накард?
Дар мусоҳибааш бо Шавкатҷон гуфт, ки мардумро ду моҳ вақт додем номзадиашонро намонданд. Албатта, онҷо ҳам бо вуҷуди онки гуфт тасмимам ҷиддӣ аст ва меравам, боз гуфт, ки як моҳ фурсат диҳед. Аммо, таваҷҷӯҳ кунед, пешакӣ ба воситаи чоплусҳояш эълон кард, ки «ҳукумат мехоҳад тавассути баъзе аз бачаҳои Раёсат Кабириро аз сари қудрат дур кунаду дигар касро сари қудрат биёрад».
Яъне ҳар касе номзад ва раис шавад, ба ғайри Кабирӣ, одами ҳукумат аст.
Ин як иттиҳоме буд, ки ҳеҷ кас намехост гирифтори он гардад ва ҳамчун одами Раҳмонов дониста шавад. Аммо ин «утка»-и махсус барои интихоби раис нав набуд.
Дар Тоҷикистон вақте ки Сайидиброҳими Назарро аксари аъзои Раёсат дар муқобили раис номзад карданӣ буданд аз ҳамин ҳила истифода кард ва мардумро зидаш хезонд. (Моҷарои ин кор ва инки кулобиҳо кудето карданианд, қиссаи дигар аст ва ин бор ҳам аз айни ҳамин козер, ки кӯлобиҳо бо дастури ҳукумат (яъне кӯлобӣ) кор карданианд, истифода шуд).
Дар навиштаи қаблӣ гуфта будем, ки бори аввал, ки баъди реҳлати устод Нурӣ ба курсии раиси омад марҳум Абдуҳалим Назарзода ва шаҳид Махсуми Саттор чи тавр хонабахона гашта буданд, «аз ҷумла Саидиброҳими Назарро ба хонаи Махсум даъват карда таҳдид карда буданд» то касе номзадиашро ба унвони алтернатива пешбарӣ накунад.
Инҷо, ки ҷойи гуфтанаш омад, бояд тазаккур бидиҳам, ки ҳеҷ яке аз руасои собиқи ҲНИТ чору панҷ навбат ки чи, ду навбатӣ панҷсолӣ наистодаанд. Инки бист соли истӣ, ҳизбро ба ин ҳолу ба ин рӯз овариву сад бор тағйири мавқеъу роҳ куниву ҳар бало куниву як бало карда худро дар сари курсӣ бимониро акнун дидем.
Устод Ҳимматзода каме бештар аз ду сол ва Устод Нурӣ аз моҳи ноябри 1999 то 9 уми августи 2006 раисии ҲНИТро ба уҳда доштанд. Магар ин дурӯғ аст ?
Оё дар ин ҳолат мо бо Раҳмонов қиёс накунем бо кӣ қиёс кунем? Дигар ҲНИТ даҳансухта ва забонкутаҳ аст.
Мо агар бигӯем, ки Раҳмонов диктатор аст мегуянд, ки гиребони худатонро бӯ кунед.
Мо агар гуем, ки интихоботҳои Раҳмонов сохта ва ҷаълӣ аст мегуянд, ки аввал ба худатон нигоҳ кунед.
Мо агар гуем, ки Раҳмонов ҳукуматро хонаводаӣ, қудоандаӣ кард, мегуянд, ки дар худатон ин тавр нест?
Мо агар гуем, ки Раҳмонов ҳамаро қабза ва тасарруф кардааст, мегуянд шумо инхелӣ нестед?
Мо дигар чи гуна Раҳмоновро гуем ту арзишҳои демокатӣ ва қонунҳои мардумсолориро риоят накардӣ. Як дарозумр як дарозумри дигарро чи эрод мегирад? Чи метавонад бигуяд?
Хуллас, айнан скан ва копӣ кард.
Дар мусоҳибааш мегӯяд, ки «Ба ҷои Аҳмад Раҳмат омад, чи иваз мешавад? Яъне пас, Аҳмад истад. Пас, чаро Аҳмади Наҳзат худро якумрӣ эълон намекунад? Агар ба ҷой Эмомалӣ Раҳмонов шахси дигар ояд ягон тағйироте намешавад? Дар чандин мусоҳибаҳоятон бо ман гуфта будед, ки ҳатто Рустам ба ҷойи Раҳмонов ояд ҳатман тағйироте кам ҳам бошад сурат мегирад.Чаро имрӯз комилан ҷомаатонро чапа пӯшидаед? Курсӣ ин қадар муҳим аст ?
Акнун ин Аҳмад дар 60 солагӣ ва баъди 20 соли раисӣ «нав» мешавад? Сахт масъулияти душвореро бар дӯш гирифтааст.
Нафаре, ки кор мекард дар ин даҳ соли ҳиҷрат коре мекард. Магар не? На дар Эрон, на дар Афғонистон,на дар Туркия ҷойи по наёфтем, магар айби кӣ аст? Айби аъзои қаторӣ ё айби Раис?
Барои онки исломгӯии мо ҷаълӣ ва дуруғӣ аст.
Муҳиддин Кабирӣ : «Воқеан ҳамин масъаларо таҳлил кардан даркор. ҲНИТ ҷаззобият пайдо кардаст. Барои чи ҲНИТ ҷаззобият пайдо кард ва аҳамият пайдо кард. Ин чизи бисёр мусбат аст аз ин истифода бурд ва инро кам нагиред бародаро. Ҳоло ман тарафдори он ҳастам ки аъзогира ҷоннок кунем».
Аҳсан,аҳсан!
Ҳоло агар ҲНИТ ҷаззобият пайдо кардааст…сохторҳои он..пас чаро гузориш намедиҳӣ? Ту куҷо будӣ, ки ин ҳизб ҷаззобият пайдо кардаасту яке бохабар мешавию мегуӣ, ки «ина омухтан даркор». Бист сол аст раисӣ, акнун меомӯзӣ, ки чаро ҷаззобяит касб кардааст? Бахудо, аҷаб нохудое? Киштӣ шикастасту эъмор шудааст, нохудо баъд мефаҳмад. Аҷаб раисе.
Агар ҷаззобият пайдо кардааст сабабаш чист? Барои онки дар даруни чатри ПМТ буд, барои ҳамин? Барои онки аз бурдани номаш изо мекашӣ, парҳез мекардӣ, ҳазар мекардӣ, шояд барои ҳамин? Ё шояд мебариву ба МУС мечаспонӣ? Ва мегӯӣ, ки Раҳмоновро ба МУС додем,ҲНИТ ҷаззобият касб кард.
Ин ҳама масхарабозӣ ба кӣ ва ба чӣ даркор? Нафар дуруст мегуяд, ки ин ҳафт моҳ, ки овораву сарсону саргардон кардӣ, аз хотири ҳизб, раёсат ё худат буд?
Барои он ҷаззобият касб кард, ки ҳамеша нагузоштем фаромуш шавад ва мо тасмим гирифтем зиндааш кунем. На барои онки шумо фаъолият кардед. Шумо онро дар куни ПМТ зада будед.
Ман мутмаинам, ки ин ҳизбро ба ҶДММ мерасонад ва сабаби асосии тағйир дар раёсат накардан ҳам ин буд, ки афроди омода ва гапгушкун, абдуҳалимғаффориҳоро дар берун феълан надошт, омода накарда буд. Ва ҳоло эълон кард, ки ҳамин корро хоҳад кард.
Аммо ин салоҳ ва чораи кор нест. Дар баробари ҷомеъа ва аъзоҳои қаторӣ чӣ хоҳӣ гуфт?
Сунати ивазсозӣ, интихоботи ростин ноҷоиз, аммо диктатура ҷоиз?
Бори дигар бо сароҳат мегуям, ки бурдани исми ҲНИТро мамнуъ эълон кардӣ, табу кардӣ. Имрӯз аз ҷаззобият дорӣ дам мзанӣ. Чаро ҲНИТ 52 сола шуд, баъд ёдат омад ва аз ним қарнаш гуфтӣ? Чаро? Чунки фикрат дигар буд мардона бояд эътироф кунед!
Паёми Раиси «нав»и 20 сола чӣ аст?
Раис дар ҷаласа гуфт, ки ман огоҳ набудам, ки номзадии маро ҳам пешниҳод кардаанд, аммо дар мусоҳибаи баъди ҷаласа бо Шавкатҷон мегуяд, ки фаҳмидам номзадиам пешниҳод шудаст, дар барномаам тағйирот даровардам.
Ва як бахш аз ин тағйирот дар барномаашро дар ҷаласаи раисшавӣ ва баъди «нав» шудан эълон кард.
Баромадҳои ҷаласаҳои собиқи РО- ро фаромӯш кардӣ,ки мегуфтӣ кондиди раисшавандаи ҳизб бояд ариза диҳад ва барнома дошта бошад. Чаро дар зуромад яке якбора ҳафт нафарро бо зурӣ кондид кардӣ ва доштани барномаро фаромӯш кардӣ? Ҳатто афроди кондид шуда чизе намедонистанд ва онҳоро дар муқобили амали анҷомшуда қарор додӣ. Чаро, чун бояд раис интихоб шавӣ? Ҳангоме ҳама номҳояшонро гирифтанд чаро Шоҳнаимро маҷбур кардӣ, ном ва номзадиатро нагир? Ҳоло ҳам ғайри машрӯъ аст ин интихоботи ҷаълии баргузоркардаат!
Галстукоро транг бандед. Муҳкамтар мустақар шавед. Мо ҳоло рафта наметавонем. Ин роҳ бисёр тулонӣ аст. Ҳоло бубинем, ки чӣ мешавад. Аҳмад аш Шаръ ҳам маълум нест, ки чи хоҳад шуд. Бояд биомузем. Ин аст паёми Раис.
Дар воқеъ куҷо ҳам барад? Нав корҳояш рӯбароҳ шудааст.
Вай бо сароҳат эълон кард, ки садоқатро интихоб ва таъин мекунад ва содиқинро дар атрофи худ мегирад. Мутмаин бошед бо касе содиқ будан наметавонӣ ва касе ҳам бо ту наметавонад содиқ бошад. Чаро? Чун ман бе далел намегӯям ва шумо ҳам медонед инро!
Дар Фаронса қонунҳоро ба зидди исломиҳо ва ҳизбҳои бо марҷаъияти исломӣ-идеологӣ сахт карда истодаанд. Дар Олмон қонун сохта истодаанд бар зидди исломиҳо. Мо, бояд ПМТ-ро тақвият бидиҳем. Вазифаи ман ҳамин аст.
Ман, онҳоеро меоварам ва муовин мемонам, ки садоқат дошта бошанд. Шоистасолорӣ муҳим аст аммо феълан садоқат асос аст.
Ва як саволи муҷрии изтиробзада ва табларзагирифтаи он мусоҳаба ин буд, ки дар шароите, ки ину ону беҳмону бисмадон аст ва шумо, ки аз ҳама кору пушти кору аз мусаввадаву мусаввабаҳо.. хуллас, аз ҷузъу кулли дунё огоҳед, чи тавр ва бо кадом ақл Муҳаммадсаид Ризоӣ, як руҳониро ( тавба, тавба) ба раисӣ пешниҳод кардед.
Магар Урупо намедонад, ки ҳизби исломӣ чӣ аст? Магар дар ҳизби исломӣ руҳонӣ набошад, кӣ бошад?
Ҳоло муҷоҳид раиси Сурия шуд, бад шуд?
Фикратон ин аст ки аз ҳизби исломӣ бояд аз фариштаҳо иборат бошад? Инки гумон мекунед ҲНИТ-ро дар пушти ПМТ баҷо кунед, Урупо нафаҳмид ва намефаҳамд? Онҳо,ки онҷо паноҳандаанд, ҳамчун узви ҲНИТ паноҳандагӣ гирифтанд ё ПМТ-ӣ?
Яъне мо барои Урупо раиси ҲНИТ сохтем ё барои «роҳи муборизаи низомӣ», ки мегӯяд барои мо ҷоиз аст?
Чаро Раёсат иваз нашуд? Чунки эҳтимолаш зиёд буд тағйирот бор ояд. Барои он ки тағйирот пеш наояд, нашуд.
«Муовинҳо, аз ҳоло гуфта бошам гуфт, тими иҷроияанд, онҳо бояд фикри дигар надошта бошанд, ҷуз фикри роҳбар (ият).» Муовин яъне Сумбулоғо, яъне ғуломаке, оянда мабодое талаби раисӣ накунад. Аз ҳоло мегуям аз ин муовиният карда рафта Пица кашеду таксӣ кор кунед бошарафтар аст бароятон. Ин буд фалсафа ва моҳияти ин интихоботи ҷаълӣ ва намоишиву мазоҳу масхараомехта.
Хуб, бояд чи кор кунем? Даст кашем? Дар куни ПМТ занем, равад. Фаронсавиҳо олмониҳоро бифиребем, ки на мо мо ҲНИТ-е нестем мо ПМТем?
Худи ҳамин ҳолату вазъият, ки дар ҲНИТ (дар раёсати он) касе нахост, касе пешбарӣ накард ва нашуд бояд боис ва сабаб бишавад ки дар он ислоҳот ворид карда мешуд.
Магар бояд мункири худамон бишавем? Магар бояд дурӯягӣ кунем, ки на мо ПМТиему Наҳзатӣ нестем.
Бояд мегуфт, ки ман дигар раис намешавам. Он гоҳ номзадҳо баланд мешуданд. Вале вақте беҳаял, билофосила, қабл аз ҳангом худпешбарӣ кард ва барнома ва ариза дод, чи маъно метавонад дошта бошад?
Ман борҳо гуфтам, боз мегуям, ки ҳиҷ масъала ва хусумат надорам бо раис. Ман аз фаъолияташ аз муносибаташ бо ҲНИТ ва аз онки ҲНИТ фаромуш мешавад, норозиам.
Гуфт, ки диктаторро медонам. Чи хел намедонӣ? Сиюсе сол дар таҳти султаи диктотурӣ, гуфти худат он қадар бесавод нестӣ, ҳар саҳар риш мегирӣ мебинӣ, ку?!
Инки манро бо Мулло Абдураҳим монанд мекунад, як фитна ва иғвое беш нест. Ман аз моҷарои Абдураҳим огоҳам ва сари фурсате ҳикоят хоҳам кард. Аммо, бо ин фитнаву дасиса намешавад, интихоботи ҷаълӣ ва ғайримашрӯъро машруият бахшид.
Дар фароварди матлаб суханҳои худашро, ки дар ҷаласаи ду моҳи пеш, дар ҷаласае, ки мегуфт тасмими истеъфоям ҷиддӣ аст ҳамчун ҳусни анҷом меоварам:
«Бояд эътироф кунем, ки мо дар як бӯҳрони ҷиддӣ қарор дорем. Ҳамин коре, ки ман кардам, номзадиамро гирифтам яке аз роҳҳалҳо аз ин буҳрон буд. Ман медонам, ки диктатура чӣ аст, авторитаризм чи аст, тулонӣ будани як раҳбар чи маънӣ дорад, ҳамаи инҳоро ба ҷон харидаму омадаму номзадима мондам. Аммо дигар дар ин фазо айб аст номзадима монам, айб аст. Тасмими номзадамро монданам эҳсосотӣ буд.
Мо вақте як ниҳоди ҷиддием, як ҳизби ҷиддием ва шахсиятҳои ҷиддием ман хоҳиш мекунум гапҳои як ҳафта гуфтаву як моҳ пеш, гапҳо не, мавқеъҳои гирифтаамон фаромӯш нашавад.
Ҳар касам бошад саргардон мешавад, ки ҳамин одам ин гапош туғрияй ё гапои як моҳ пешуш, ҳамин одам ҳамин гапаш ҳақиқаташ аст ё як ҳафтаи пешуш. Ман намехоҳам, ки Наҳзат гаравгони настроении шахсии инсонҳо бошад.
Вақте ки қиёс ба Раҳмонову диктатура аз дохил мешавад инро ҷиддӣ бигиред. Ин сигнал аст, ин ҷиддӣ аст, дар оянда сахттар мешавад ва ман намехоҳам, ки мо мубориза бо Раҳмона монему биёем машғули ҳамин корҳо шавем. Баъд ин кор ба ҳизб зарба мезанад, ба масъалаҳои баъдӣ боз сахттар зарба мезанад».
Вай вақте ин суханҳоро мегуфт, гуфт, ки «Ман ҳамчун узви раёсат навбат мегирам, на ҳамчун раис. Рафтани саривақт ҳам як обрӯ аст». Яъне истеъфо дод ва аз раисӣ рафт. Аммо чаро тасмимашро иваз карду раис шуд, мавзуъе барои матлаби дигар аст.
Ps: Кабирӣ мегӯяд, ки ҳадафи мо аз саҳнаи сиёсат берун кардани Кабирӣ будааст. Ва мо ҳукуматиҳову мухолифини мухолифину ҳизбу ҳаракатҳои дигару …ҳамин хел ҳадаф доштаем.
Ман ҳам мегуям, ки Кабирӣ ҳадафаш ин аст ки ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсӣ берун кунад, ки расид ва расида истодааст.
Як бор ба худ суол кунед, ки то Кабирӣ ҲНИТ дар куҷо буду Кабирӣ омаду ба куҷову куҷоҳо расид? Дар ҳеҷ яке аз «депеша»-ҳои сафирони амрикоӣ ин ҳарфҳо, ки «обиҷавнӯшӣ» кард дар нисбати кадом раиси ҳизби исломии Тоҷикистон зикр шудааст?
Ва охирин ҳадафаш ҳам ин аст ки тобутбардори ҲНИТ бошад. Аммо мо, ин иҷозаро наҳоем дод!!!!
Дар охир як пешниҳоди чолишбарангез вале воқеъӣ ба Муҳиддин Кабирӣ мекунам. Агар роҳбари воқеъӣ ва маънавии ҲНИТ худро меҳисобад ва мақсади муборизаи ҳақиқиро дорад пас ба ин пешниҳодам посухи расмӣ диҳанд.
Ман омодаам, ки биравам ва дар ҷойи зиндониҳо иваз шавам. Онҳо даҳ сол истоданд, даҳ соли дигар мо меистем.
Омода ҳастӣ? Ман омода ва розӣ ба ин табодул ҳастам.
Беш аз ин раис бо каналҳояш гапзанон кунад, бигзор дигарҳо не худаш равад. Чун раис аст ку. Раисро бо аъзо иваз кардан ана ин аст «ҷаззобият» ва агар бихоҳад маро ҳам бубарад. Вале агар ҷуръаташро ҷасораташро ҳиммату зарфияташро надорад бо ҳамон каналҳояш гапзанон кунад ман танҳо меравам вале онҳоро ҳамагӣ рухсат кунад ва мусоидат кунад Аврупо оянд. Онҳо ҳам як роҳат кунанд, корти паноҳандагӣ гиранд. Медонед барои чӣ мегуям ман равам Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит , Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Сайфуллозода Ҳикматулло, Воҳидхон Қосиддинов, Саъдуддини Рустам ва …. ба ҷойи ман ба Аврупо оянд? Барои онки мутмаинам пояшон ба Аврупо расид як соат намегузоранд, ки дар раисии ҳизб не, дар РО шуморо бубинанд. Аммо ман амалкарди шуморо медонам хомӯш меистеду гӯйё игнор мекунед. Аммо дигар игнори шумо аслан муҳим нест,чун……