Э.Раҳмонов дар пушти парда ё махуфтарин пирамарди71сола                                                        

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ба ҷойи табрикнома

   Имсол Раҳмоновро барои рӯзи таваллудаш табрик намекунем ва табрикнома ҳам намефиристем. Аммо, намешавад дар бораи ин пиртарин диктотури қаламрави шуравии собиқ, ки беш аз 30 сол мешавад дар як кишвари кучак қудратро ғасб кардаасту хешу табору бачаҳову духтарҳову додарарусҳову домодҳои бешуморашро дар ҳукумат ҷамъ оварда як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ(ОПГ)-ро ташкил дода бо ғорату дуздиву талаву тороҷи молу пули давлат машғул аст ва кораш таҷовузу фаҳш аст чизе нагуфт.

  Кӣ бовар мекард, ки як раиси колхози хукпарварӣ дар як ноҳияи дурдаст, ки ба саду як азоб, нимсеру нимгушна, асосан нимгушна, донишгоҳро «заочний» тамом кард, раиси давлат мешавад? Вале ҳол ва воқеият ҳамин аст. Ин раиси колхози қафомонда ҳоло кишварро ҳам қафомонда кардааст, аммо бардуруғ аз биҳишти рӯи замин суҳбат мекунад. Вай, тамоми ин ҳама муддат давлату халқро дуздид ва дуздида истодааст.

  Тасдиқ ва ё такзиб карда наметавонем, вале бинобар баъзе аз хабарҳо гурӯҳи рабояндагони Шуҳрат Исматуллоев муваффақ шудаанд, ки аз суратҳисобҳои Раҳмонов 400 миллион долларашро бардоранд ва ҳоло мегуянд, ки баъди аз додани ин миқдор маблағҳои дуздиаш,мисли саги девона шудааст. Албатта, ин масъала таҳқиқ мехоҳад. Вале ончики дар матлаби пойин мехонед, аз он шаҳодат медиҳад, ки дуздӣ одат ва хуйи бачагии Раҳмонов будааст ва вай агар боз сӣ соли дигар ҳам истад нодуздида наметавонад ва калони дуздҳои давлатии Тоҷикистон худи вай аст. Ба ҳафтодуяк даромада бошад ҳам ҳамоно аз дуздӣ даст намебардорад, чунки ҳануз аз давраи ҳафтсолагиаш ба дуздӣ машғул будааст. Хулоса дуздӣ дар хуни вай шах шудааст:

Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович 05.10 .1952 дар қишлоқи Бошбулоқи ноҳияи Данғараи собиқ вилояти Кулоб таввалуд шудааст. Падараш Раҳмон, дуюм  падараш Шариф вале дар асл номаълум аст падари асосияш кӣ ҳаст вале  модараш бе шаку шубҳа Шарифова Майрамбӣ мебошанд.

 Эмомалӣ Раҳмонов дар оилаи бениҳоят камбағали қашшоқ таввалуд шудааст, ки ҳатто нони хурдан надоштанд. Барои ҳамин ӯро ҳамсинфонаш Эмомаки нодида гуфта  мазоҳу масхара мекардаанд. Чунки дар танаффусҳо нони қоқро аз дигарон пинҳонӣ ба мисли муш (ба монанди крыса) қчир -қчир карда дар кунҷи синф мехурдааст. Чандин бор ҳамсинфонаш дар вақти нони қоқ хурданаш дастгир мекунанд. Дар вақтҳои дарсхонӣ дар мактаб ба гуфтаи муаллимонаш ӯ тамоман савод надошт. Барои ҳамин ӯро муаллимҳо аз гушҳояш кашида бесавод гуфта мезадаанд ва мегуфтаанд, ки ту кай акл мегирӣ, кай одам мешавӣ. Аммо ӯ ҳаминхел одам ношуда президент шуд, ана инро мегӯянд поворот ва таҳаввулоте 10 миллион тоҷикистониро девона кардааст.

  Дар солҳои 1959 -1969 мактаби миёнаи ноҳияи Данғараро бо баҳои се базур тамом мекунад. Ба ПТУ №40-и Калининободи вилояти Қурғонтеппа ҳамчун устои барқсоз (мастер -электрик) таҳсил мекунад. Дар он вақтҳо касоне, ки савод надоштанд ва дар ягон институт ва ё техникум дохил шуда наметавонистанд ба ПТУ дохил мешуданд.

 Сабаби дигари ба ПТУ-40 дохил шудани Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович дар он буд, ки дар ПТУ- 40 се вақ хурок, либоси бепул ва ҷойи хоби бепул аз тарафи давлат дода мешуд. Ҳатто дар ҳамон ПТУҳам Раҳмонов хлебхоро аз столовый  дуздида инчунин консерваҳоро дар сумкааш ҷамъ карда ба Данғара бурда дар хонаашон пинҳон мекардааст. Нодида ва носерамда он тарафаш…

 Дар вақтҳои хонданаш Раҳмоновро барои дуздии хлебхои ПТУ ,консервҳои моҳигӣ, перчатка-дасткашҳои сварщикхо-кафшергарҳо хостанд аз ПТУпеш карда ба милиса супоранд. Аммо падари Зоир Соҳибов, ки он вақтҳо пулдор буд ва ӯро Шариф богатый мегуфтанд бо директори ПТУ -40 Калининобод (Сарбанд) маслиҳат карда Раҳмоновро соли 1971ба армия гусел мекунанд, то ин ки ин ҳодисаро хомӯш кунанд. Гуё бо ҳамин роҳ Раҳмонов Эмомалӣ Шариповичро ҳамин тавр ҷазо доданду фикр карданд, ки дар армия одам мешаваду дуздиро бас мекунад. 

Раҳмонов Эмомалӣ Шарипов солҳои 1971—1974 дар Флоти уқёнуси Ором, дар кишвари Приморе дар хидмати ҳарбӣ буд. Агар ҳама сарбозон ду соли хидмат кунанд ӯ се сол хидмат карда аст, чун флоти ҳарбӣ се сола буд.Пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Баъдан ба ҳайси устои барқ –электрик дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа-маслозавод ба кор медарояд.

Аммо дар маслозавод ҳам Раҳмонов ба дуздии равғани пахта идома медиҳад. Аз болои деворҳои маслозавод бо канистраҳои 20 литраи бензингирӣ шабҳо 40 то 80 литр равған дуздида мефурӯхтааст.

   Инчунин бензинҳои экстраро, ки барои тозакунии равғани пахта истифода карда мешуданд, ҳам дуздида ба заправкаҳо мефурӯхтаст. Ҳол он ки чунин бензинро  ба мошинҳо истифода бурдан мумкин нест. Мотори мошинро батадриҷ хароб карда аз кор мемонад. Аз нақли як ҳамсинфи Раҳмонов вай бо Нусрати бетурсик маҳз дар Калининобод шинос шудааст.

  Нусрати бетурсик он вақтҳо аз нефтебазаи Калининобод бензин бароварда дар роҳҳои наздикии Калининобод бо канистраҳои 20 литра мефурӯхт ва Раҳмонов ба Нусрати бетурсик мегуяд, ки «ма бензинои тозаи 95 миёрум, бензинои марам буфрӯш додар, якҷоя савдо мекунем”.

  Нусрати бетурсик ба Раҳмонов бовар карда панҷ канистраи 20 литраи экстраи аз маслазавод дуздида овардаашро мегираду пулашро пешакӣ медиҳад. Бензинро Нусрати бетурсик оптом ба клиентҳояш таъриф карда мефӯрушад. Гӯё бензини 95- и тоза аст. Шахсони бензин харида ба сари Нусрати бетурсик омада бо ӯ ҷанг мекунанд, ки ту мора фиреб кардӣ. Як бензини безеба 95-и тоза гуфта фурухтӣ, мошиномон заводит намешавад. Нусрати бетурсик мегуяд «як дузди данғарагии мошеник мара подставит кард. Овард бензинрову гуфт тозаай, маркаи 95 ай. Пулша гирифту дингуз зад, ма боваруш кардум, ай як районем гуфта проверка накарда гирифтум бензиноша, идоф биёя кунтела тлангуш мекунум» 

Нусрати бетурсик ҳарфи Р гуфта наметавонист. Ба ҷойи “Р “ ҳарфи “Л” мегуфт. Ҳамин хел бо Раҳмонов бизнес карда будааст Нусрати бетурсик аз ҳамон вақт ба мошшеникии Раҳмонов қоил шудааст.

 Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович бе падар ба дунё омадааст. Яъне падари биологии вай маълум нест. Аз ин ҷиҳат хеле ташобуҳ бо Путин дорад. Чунки Путин ҳам бепадар аст. Яъне онҳоро очаҳояшон аз нафар ё ҳатто нафарони дигар бор овардаанд. Падари Раҳмонов кадом чупони масчоӣ будааст.

Вақте  Майрам-очаи Раҳмонов назди ин чупон меравад мегуяд ман ҳомила шудаам. Падари асосии Раҳмонов мегуяд, рафта аборт кун, ин писари ман нест: «дафша бева ай пешум, ки тёқшап мекунмта”  Аммо вале.. ана ҳамон Майрамро,ки  ҳоло ҳайкалаш дар фурудгоҳи Хуҷанд бударо пеш мекунад.

   Падари Путин Плотон ном доштааст ӯ ҳам гуё хуквон ё пастух будааст. Аз Урал. Модари  Путин (Вера Путина) мефаҳмад, ки аз ин мард ҳомила шудааст. Назди падари асосии Путин меравад ва мегуяд, ки ман аз ту Платон бачадор шудаам. Ӯ ҳам ба мисли падари чупони Раҳмонов ба модари Путин айнан ҳамон гапро мегуяд, ки «иди отсюда шалава, это не мой ребенок, где-то загуляла, теперь меня шантажировать хотела иди аборт сделай своего ублюдка (незаконнорожденного) внебрачного сына, пошла вон. Яъне инҳо ҳардуяшон аз падароне беникоҳ таваллуд шудаанд.

Баъдан пияндари Раҳмонов ҳам ин Эмомалиро ҳамеша мезадааст ва сахт бад медидааст. Падарандари Вова Путин ҳам, ки грузин будааст, ҳамеша Путинро, ки даҳсола будааст, дар деҳаи Метехаи Грузия сахт мезадаасту ӯ дар паси эзори модараш Вера Путина баҷо мешудааст. Ӯро ҳам ҳамсинфонаш ублюдок- бепадар гуфта мазоҳ мекардаанд. Путин барои ҳамин ба кружоки самбо рафта машқ мекардааст то ин ки ҳамсинфонашро барои бепадар ё ублюдок гуфтанашон қассос бигирад. Баъдан Путинро очааш ба Урал бурда ба хешонаш медиҳаду фамилияи модараш аммо номи дигар одамро ҳамчун падар ба худ насаб мекунад Путин ҳам дар аввал дар як заводе бурилщик шуда кор мекардааст. Раҳмонов ҳам аввал дар маслозаводи Қурғонтеппа корро ҳамчун электрик сар карда равғандуздӣ мекардааст!!

Соли 1976 аз маслозаводи Қурғонтеппа ӯро пеш мекунанд. Боз ба Данғара омада ба ҳайси котиби раиси совхози Ленини Данғара кор мекунад. Соли 1979 дар синни 27 солагӣ ғоибона ба факултети иқтисодии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленин дохил ва соли 1982 бо як азоби алим тамом мекунад. Баъдтар профкоми совхози Ленин таъин мешавад. Вай узви ҳизби комунист ҳам буд.

 Дар совхози ба номи Ленин ҳам Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба дуздии моликияти давлатӣ ба даст меафтад. Баъди тафтишоти БХСС -и Данғара аз тарафи кормандони ин ниҳод нисбаташ кори оперативӣ оғоз карда мешавад. Роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо тахаллуси Ниҳонӣ (айни замон вазири корҳои дохилӣ) будааст.

 Ҷони Раҳмонов Э.Ш-ро завсклади райпои ноҳияи Данғара Каромат Рамазонов (Каромати Сиёҳ ҳам мегуфтанд уро) харида бо ҳамроҳии Раҳмонов Э.Ш дар чойхонаи назди автовокзали ноҳияи Данғара, ки дар наздикии шуъбаи милиса воқеъ зиёфат ташкил мекунанд. Раҳмонов ларзидаю тарсида ба мисли гурбаи дар об таршуда сараш хам менишаст, арақ рехта ба Раҳимов Рамазон, сардори   ОБХСС аз ҷой хеста дастҳо пеши бар монда медод ва боз зуд табақчаи закускаро наздаш мебурд.

 Аммо кормандони ОБХСС бо ғазаб ба Каромат Рамазонов мегуфтанд:  «ин дузди мазорро аз куҷо ёфтӣ? Ҳаромхури дузд совхози Ленина дар ду сол ҷазир кардай, на шифр мондай, на гандум мондай, на трактору на бензину солярка. Ҳамара и муттаҳами дузд ғорат кардагиай, ира ҷош турмаай» гуфта дар гардани Раҳмонов Эмомалӣ бо шапалоқ мезаданду ӯ бошад ба мисли харгуши дар чанголи гург  афтода дурррдуррр меларзид. Баъдан чанд рюмка арақ мехуранду Каромат Рамазонов ишора мекунад, ки пулҳоро бароварда деҳ. Раҳмонов аз кисссааш се пачка се сумӣ, се пачка панҷ сумӣ бароварда ба онҳо пешниҳод мекунад. Раҳим Рамазон, ки аллакай сархуш буду механдид шухиомез ду пачкаи се сума ва панҷ сумаро гирифта ба гардани Раҳмонов Эмомалӣ зада мегуяд «ҳа дузди мазор, пулои бисту панҷ сумаи совхоза пачка- пачка медуздию баъд мода пачкаи се сума миёрӣ, эээ муррр муттаҳами дузд, пачкаҳои бисту панҷ сума куҷодаанд, ва боз бо пачкаҳои се сума чанд бор ба гардан ва пешонии Раҳмонов Эмомалӣ топтоп зада механданд”.

 Аммо Каромат Рамазонов, ки бисер шахси шух ва ҷавонмард ва бо ҳама шинос ва шахси хизматӣ буд ба тарафи кормандони ОБХСС бо шухӣ мегуяд, ки «и калхозники кунте, намедонум пулора куҷо кардай, крыса воре гҷоеда баҷош кардагиай, чум ай ма ними и сумора қарз гирифт, гумуш кунен, и як чмоай бисёр назаненша, ки и бо дар эзоруш ҳамиҷада нарина, шарманда нашем. Бо и Раис оянда хизмат мекуна, агар накард ҳамакаса куз мемонемша»  гуфта баланд баланд механдиданд.

Аммо Раҳмонов Э.Ш гуё ӯро сари дор бароварда бошанд, сараш хам дастонашро дар байни ду зонуяш дароварда ба мисли харгуш мешишту гоҳ-гоҳ табассум мекарду арақ мерехт. 

Дар соли 1988 Раҳмонов Эмомалиро ба воситаи корманди оперативии КГБ, куратори навоҳии вилояти собиқи Кулоб Пустиев Р.Д, ки Данғара ҳам зери назораташ буд, бо супориши бевоситаи раиси КГБ-и СССР Крючков Владимир Александрович (солҳои 1988-1991раиси КГБ-и СССР ва яке аз аъзои ГКЧП) ба ҳайси агенти КГБ СССР завербовать кард. Яъне Раҳмонов Э.Ш хеле барвақттар бузи КГБ буд ва бо псевдоним-номи мустаори «колхозник» дар қайди агентураи КГБ-и СССР меистод.

Баъди ин моҳи июни соли 1988 Раҳмоновро ба вазифаи директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара таъин карданду ҳамин тавр соли 1990 вай депутати халқии (Верховний Совета Таджикской ССР ) Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Баъди таъин шудани Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ дар таърихи 19. 11. 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсузи16-и Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд псевдоними агентии ӯ дар КГБ ба «официант» иваз карда шуд.
 Баъди ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ таъин шудани Раҳмонов (бо ёрдами командирони Фронти Халқӣ Сангак Сафаров, Ёқуб Салимов, Файзалӣ Саидов Ғаффор Седой, Саъдӣ Холмуродов, Суҳроб Қосимов, Қурбон Чолов, Саидшо Шамолов ва дастгирии бевоситаи Президенти Узбекистон Ислом Каримов ва Президенти Русия Борис Елцин элитаи Ленинобод ба Раҳмонов гуфта буд, ки ин бачача ду -се моҳ кор мекунаду тамом. Латифа ҳам вуҷуд дорад,ки элитаи Ленинобод ба Раҳмонов мегуяд, ки «Шумо ҷавон аз уҳдаи Президенти ҶТ баромада наметавонед» ,аммо Раҳмонов ба онҳо мегуяд: “ ёд мегирем роҳбариро. 70 сол Шумо роҳбар будед, ёд гирифтед, мо ҳам ёд мегирем».

Баъди ба Душанбе ворид шудан бо роҳбарии Ёқуб Салимов дар болои БТР-ҳои Фронти халқӣ Раҳмонов хатто дар кабинети Раиси Шурои Олӣ шиштан метарсид.  Барои ҳамин “Ёқуб Салимовро зора мекард, ки маро тоқа намон Ёқубҷон….к…хурум»

Дуздии 15млн$ аз вазорати мелиоратсия ва об


Баъди аз байн бурдани командирҳои Фронти халқӣ дигар Раҳмонов ба дуздии руирости бюҷети давлат ва грантҳо аз Европа ҷудошуда сар карда буд. Солҳои 2004 ва 2005 буд, ки Нусрати бетурсик бо ҳамроҳи акаи президент Раҳмонов Нуриддин ба вазири мелиоратсия ва об Нурулло Ашуров занг зада аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки маблағҳои грантие, ки барои таъмин намудани оби нушидании вилояти Хатлон, аз ҷумла ба ноҳияҳои собиқ вилояти Кулоб пурра ба ҳисоби Нусрати бетурсик ва ҳисоби хоҷагии Нуриддин Раҳмонови тракторист гузаронад. Аммо Нурулло Ашуров, ки аз Сангтудаи Данғара аст ва аз солҳои СССР дар вазорати мелиоратсия ба ҳайси муовин кор мекарду бисёр шахси босавод ва бовиҷдон буд ба Нусрати бетурсик ва акаи президент мегуяд, ки «Шумо девонаед, ба умеди Шумо мара суд мекунан, и сумои ма нестай, ин сумои халқай, мара халқ намебахша, Президент мефаҳма аввал қаври мара мекана, баъд қаври ҳардуи Шумора» мегуяду 15 миллион доллари кумаки Аврупоро ба онҳо намегузаронад.

Онҳо дарҳол ба Раҳмонов занг зада аз болои Ашуров Нурулло жалоб мекунанду мегуянд, ки «ӯ гапи мора нагирифтестай пула намегзарона». Дигар Раҳмонов  сразу Ашуров Нуруллоро ба наздаш даъват мекунад дар роҳ (Худораҳматии Нурулло Ашуров) фикр мекунад, ки Президент ӯро даъват карда раҳмат мегуяд, ки пули бюҷети давлат ва пули халқро ҳифз кардӣ, як ҷаҳон ташаккур мегуяд. Аммо Президент ба вазир недоволно салом карда ба ӯ мегуяд, ки «барои чи ма тура уҷада вазир мондам, чиба гапи акаи мара ва Нусрата намегирӣ? Чиба пулора намегзаронӣ, счёти акаи мада?  Пуло ай отатай, ай отат мондай ё ай бобот бтешон пулора бухуран бгардан» Дигар Ашуров Нурулло ҳайрон мешаваду мегуяд Эмомалӣ Шарипович ин пулҳои халқ аст «ма виҷдонум позволят намекунад. И сумора бояд мо ба халқ оби тоза таъмин кунем, аудити аврупоӣ биёя ма чи мегумшон  (азбаски Ашуров Нуруллоро аз давраҳои Союз мешинохт ва дар хонаи вай чандин моҳҳо солҳои ғоибона хонданаш дар Душанбе меистод Раҳмонов ӯро ҳурмат мекарду ба мисли ҷура буд. Додари Нурулло Ашуров Давлатов Дилмурод раиси палатаи ҳисоб буд айни замон бошад  раиси  Оҷонсии  нафақа суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон мебошад) Раҳмонов  мегуяд: «ма ҷавоб мегум бра пулора акаи мада ва Нусрати бетурсикда бгзарон срочна, аҳҳ неке ай комунистит намондида, сангтудагиёи честний, тез бра пулора гузароншон, бо ма мерам ай Европа пул талбида гузарондан мегирум, гаранг наку бра тез гузарон сумора, ҳамаша акт кунен, ки об гузарондем, сел омад трубаҳора бурд. Ҳукуматда пешниҳод кнен,ма супориш метиюм ҳамаша тасдиқ мекунад комисияи босалоҳият, зиқ наша, ҳамаш дасти худмондай. Бра тезтар акам ждатдора».

 Дигар Нурулло Ашуров сахт зиқ шуда аз кабинети Раҳмонов баромада дилашро қапида дар берун мешинаду ноилоҷ пулҳоро 10 милион долларашро ба ҳисобҳои акаи президент Нуриддин Раҳмонов ва 5 миллион долларашро ба ҳисоби Нусрати бетурсик мегузаронаду касал шуда ба беморхона меафтад

Таънаҳои Азизмо ба Э.Ш.Раҳмонов ва Москвичи 412-аш

Солҳои 1989- 1990 Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба ҳайси раиси совхози ба номи Ленини нохияи Данғара кор ва фаъолият мекард. Вай як автомашинаи фарсудаи шалақаи Москвичи 412- и будкадори рангаш зардча дошт.

 Як бор, вақте занашро баъди ҳомилагии навбатӣ ба хонаи падараш Колхозобод бо Москвичи зарди будкадор, ки глушителаш кафидагӣ буд мебурд, садои баланди гушхароши он мисли овози трактор гушҳоро кар мекард.

Дар роҳ зани раиси совхози Ленини Данғара Раҳмонов Эмомалӣ яъне Азизмоҳ Саъдуллоева ӯро чанг мекарду мегуфт «раиси колхоз ҳам таъин шудӣ ҳоло ҳам ҳамон колхозникит ба як мошини шалақаи куҳнаи Москвичи дридагит ма изо мекашум Колхозобод брам. Дар и Данғараи беовтон дар очеради оби водопроводтон истода рӯзи дароз безор шидем, неке бо ту аҳ ай арақхурит, ай альтурит намондӣ, чи суме миёвӣ дар арақу вино мезанӣ. Ақалан як жигулии куҳна намехарӣ, ки вақте Колхозобод рафтанда дар пеши ҳамсояҳо изо накашем. Ту ку ягон Волгаи Газ- 24 ба и арақхурит харида наметонӣ?  Кай ту мардак мешавӣ, ранги дигаро намедонум?» гуфта дар роҳ то Калининобод гиря мекард.

Раҳмонов Эмомалӣ бошад бо қаҳр мошини Москвичро ронда ба занаш Азизмоҳ мегуфт, ки «Ту аввал барои ма якта бача таваллуд ку, ки ма ҳам дар байни ошноҳом сарма камтар баланд бардорум. Пирт- пирт фақат духтар зойдестӣ, пайи ҳам маро ҳама одамо мазоқ мекунанд, ки ансамбли «Зебо» мешавад ояндада. Ҳама духтарота ҷамъ карда ансамбли Зебода мебарида, гуфта ҳама механдан мада».

 Зани Раҳмонов мегуяд, ки «Худованд натия бача ма чи кор карда метонум. Арақхурӣ ва пиёнискагита бас ку мумкин Худора раҳмуш биёя мадаю ягон бача бтияма, ту ку ба Худо бовар надорӣ. Фақат занако воре зуқ зуқ карда гушу майнама хурдӣ. Мара маҷбур додагиян туда, ма тура дар ду дунё намегирифтумта. Медонистум, ки ай ту воре ҳаромӣ одами хуб намеброя» гуфта тамоми роҳи Данғара то магазини «Шаҳло»-и  Қурғонтеппа зану шу ҷанг карда мераванд.

   Чандин бор дар роҳ Раҳмонов қаҳр карда аз мошин фаромада дар беруни мошини Москвичаш меистоду сарашро дар будкаи мошин сахт сахт мезаду гиря мекард. Баъдан боз гиряи духтаронашро, ки хурд буданд шунида боз ба мошини Москвич нишаста ҳаракат мекарду дар роҳи қарибии хонаи Азизмоҳ Саъдуллоева яъне совхози Чапаев наздик шудан аз занаш бахшиш пурсида дасту почаҳои занашро бусида, на колени ба зону зада гиря мекард, ки илтимос ба падарат ва акаҳоят нагу ҳичи, ки яке дигар туро намемонанд. Ман чикор мекунам дигар, гуфта шайтонӣ карда боз ба хонаи хусураш даромада ба ҳама хушомад карда ба мисли харгуш дар назди хусуру хусурбачаҳояш дастонашро дар байни ду пояш монда ба мисли бечораҳо менишасту ҳамеша «хуб шудааст» мегуфту ба тарафи хусураш Асадулло ва хушдоманаш Узбакбӣ ва ба тарафи хусурбачаҳояш яъне ба мисли як чмошник ягон обру надошт ин Раҳмонов.

Ҳумидин Шарипов дар мавриди Э.Ш.Раҳмонов чи гуфта буд?


Вазири собиқи корҳои дохилаи Тоҷикистон марҳум Ҳумидин Шарипов (собиқ раиси Суди вилояти Хатлон, тағойи ҳозира раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиёни аспбоз, ки ҳарду аз Балҷувонанд) бо Прокурори Генералии Тоҷикистон Бобохонов Б.К зодаи ноҳияи Вахш ва раиси он вақтаи КДАМ  генерал Зуҳуров Саидамир зодаи Фархор дар як ҷаласаи ғайрирасмӣ якҷо бо Салихов Маҳмадназар дар истироҳатгоҳи Варзоб ужин мекарданду камтар сархуш ҳам буданд. Баъдан Ҳумидин Шарипов, ки дар суд кор карда буду собиқаи калони корӣ ва ҳуқуқӣ дошт ва як муддати раиси Дастгоҳи иҷрояи Президент ҳам буд, ба ин шахсон як сухани таърихӣ ва пешгуйикунанда гуфта буд «Э, мардакои хуб, як чира ма мегум Шумо сухани мара нағз гуш кунед, илтимос гап дар ҳамиҷа бмона неке амонат то мурдани мара (Ҳамаи онҳо розӣ мешаванду сар меҷунбонанд ) ҳами «раиси колхоза» яъне Рахмонов Эмомалира ҳар корора ёд натиен. И ҳуқуқшинос нест, секретои ҳуқуқӣ нагуенша, ки и «колхозник» барои кресла любой корда тайёрай. Мисол конститутсияра иваз карда мешава нагуенша, ира ихели корора нафаҳмоненша, ки и сроки президентиша сад сола мекуна, дига Тоҷикистона авлоди мекуна, дига ай пойи худмон мегаза, дига особенно ту Маҳмадназар Салихов ( раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент) и хели маслиҳатора натиенша. Бовар кунен ҳамамона маҳкам мекуна, убрат мекуна. И гапое и ай ҳозир гуфтестай ку ягон одами нормальний, приличний и хели гапора, супоришора наметия. Ина кати опозицияхо соли 1997 сулҳ кард даст дод, бо ина мора ҳар рӯз мега ай паси Нурӣ, ай паси Тураҷонзода прослушка бмонен, телефоношона гуш кунен, хами хел не Саидамир ? Ба вазири КГБ нигоҳ карда ишора мекунад. Ӯ сарашро меҷунбонад, ягон сухан намегуяд. Ина бо бачаҳое, ки хизмат кардагӣ буданд Ёқубу Ғаффора, ҳамара маҳкам кардестай.  И номардиай. Наход одамое, ки Президента худша ахранят мекардан дар болош худшона партофтан, ки асколкаи гранатаҳора худшонда гирифтан, ҷони президента наҷот дода буданд, имрӯз дар Москва маҳкам карданша Ёқубҷона. И ай рӯйи адолат нест, раз и одам инора пошада намекуна пагаҳ морам ранги ҳамино мекуна. И колхозникда бовар кардан даркор нест, полнамочиёша баръакс сарвазирда ё Убайдулоевда додан даркорай. Ҳозирам вақт ҳаст, вақтуш миёя, пойи худмона мегаза и одам» гуфта стакани арақро менушад  Ҳумидин Шарипов.

ЭШ.Раҳмонов мушовири худашро намешиносад


   Дар соли 2006 Амиршо Миралиев (бо лақаби қунғузи сиёҳ машҳур аст) ба вазифаи раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуд ва дигар дар маҷлисҳои ҳукуматӣ иштирок мекард. Вай дигар чашму гуши Раҳмонов дар ин маҷлисҳо буд ва Раҳмонов ҳар гоҳе аз вай масъалаҳоро мепурсид. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳо сардорони шуъбаҳои Дастгоҳро ҳам мепурсид. Дар ин ҷаласаҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералӣ. Хайриддин Абдураҳимов, раиси КДАМ , Маҳмадназар Салихов, вазири дохилӣ иштирок мекарданд ва шоҳиди ҳодисаҳои аҷоиб мешуданд.

 Дар яке аз ин гуна ҷаласаҳо як маъсалаи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва як зани тақрибан 38 сола, ки бисёр зебо буду либосҳои шинаму зебои чернили беҳтарин дошт ин масъалаи иқтисодиро шаҳр медиҳад ва баъди хатми суханронӣ мехост ба ҷояш нишинад. Аммо Раҳмонов, ки ба ин зан таваҷҷуҳи сахт  мекард, мепурсад, ки Шумо дар кадом мақомот ва дар куҷо кор мекунед, ман Шуморо якум бор мебинам, нав ба кор даромадагиен Шумо? Ҳама дар ҳайрат мемонад. Ин зан камтар табассум карда боз назди микрофон рафта ба саволи Раҳмонов ҷавоб дода ҳамаро дар ҳолати шок қарор медиҳад:

«Муҳтарам Президент ман тули ҳафт сол аст ки дар вазифаи мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт кор мекунам. Ман советники Шумо ҳастам».

 Баъди ин ҷавоби зан дар толори маҷлис кормандон мишмиш мекунанд, ки даже советники худашро намешиносад. Ҳама зери лаб механданд.

    Раҳмонов супсурх шуду худро гум мекунад. Баъд чунин мегуяд «ааа вай, вай кунед, ман вай, ма худта ягон бор дар ҳафт сол надидагиюм, ма мегум куҷоеда дидагиюмта», гуфта ба тарафи Амиршо Миралиев механдад.

   Хулоса, тамоми иштирокчиёни ин ҷаласа фаҳмиданд, ки Президент ҳатто дар ҳафт сол як бор советники худашро намедидааст, пас аз куҷо иқтисодиёти Тоҷикистон пеш мераваду некуаҳволии халқ таъмин мешавад. Баъди ин ҷаласа фармон баровард, ки мақоми советники президент барҳам дода шавад ва ба ҷойи онҳо вазифаи ёрдамчии президент ташкил шавад. Яъне Раҳмонов бо ин фармонаш гуфт, ки ман ба советникӣ-мушовирии ҳеҷ кас эҳтиёҷ надорам, ман ҳамаи чиро худам медонам!!
 

Ишқи пирӣ гар биҷунбад…… расво шавад


    Дар соли 2006 дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» барпо гашт ва ҷараёни онро дар телевизиони Сафина онро пурра намоиш медоданд. Ин барномаҳоро аз аввал то охир Раҳмонов тамошо мекард. (Раҳмонов ба ғайр аз суруд бошад, рақс бошад, дигар шикамбааш дам кардагӣ ранги қаври сағира ягон кор намекунад) мисле, ки аъзои жюрӣ бошад, ногоҳ суруди Нигина Амонкуловаро мебинаду ба ӯ ошиқ мешавад: (муйсафеди фосиқи пирхар) «любов с первого взгляда».

  Сразу ба раиси ноҳияи Панҷакент, ба раиси телевизион ва радио ва ба директори «Сафина» занг зада овозхони ҳамон суруди «Дар лаби обе, шаби маҳтобе»-ро пурсуҷу мекунад:

«ҳаму суруда хондагӣ кӣ ай, ай куҷоай информация гиред, срочна фаҳмеду назди ма биёен, саҳарӣ» гуфта супориш медиҳад. Баъд хеле қиссаву ривоятҳо пайдо шуд, ки чи хел ин ҳофизаро аз шавҳараш ҷудо карда ба Душанбе оварда аз худ кард….
Соли 2011 бахшида ба рӯзи ташкилёбии Артиши миллӣ консерти калон ташкил карда шуд. Консерт бо иштирок Раҳмонов ва аъзои ҳукумат дар кохи Ваҳдат  баргузор шуда буд. Ин вақт аллакай овозаҳои Нигина Амонқулова ва Раҳмонов ва алокаҳои наздик доштанашон дар тамоми Точикистон паҳн шуда буд.

  Нигина Амонқулова дар ансамбли давлатии «Дарё» бо роҳбарии Саидқул Билолов, ки ӯ ҳам 05.10 вале як соли баъд, соли 1953 дар Данғара (дар як рӯз бо Раҳмонов фақат як сол баъд) таввалуд шуда аст, кор мекунад. Саидқул Билолов ҳамсояи Раҳмонов дар Данғара мебошад. Нигина дар ҳама консертҳои давлатӣ ва махсусан агар Раҳмонов иштирок дошта бошад ҳатман овозхонӣ мекрад.

 Овозхонҳои Дарё дар охири консерт баромад карданд. Консерт ба охир расид. Раҳмонов дар толор менишаст. Баъди тақдими сабади гулҳо ба овозхонҳо Раҳмонов ба саҳна баромада микрофонро гирифта ба коргарони ансамбли Саидқул Билолов Лола Азизова ва Муҳаррама Шарипова ва боз чанд занҳои ин гурӯҳи ҳунарӣ салом кард, ки дар қатор аз ҳама охирон Нигина Амонқулова рост истода буд.

 Як ҳолати аҷоибе залро фаро гирифт. Ҳамаи одамони дар зал нишаста ва ҳамаи санъаткорон, тамоми вазирон чашмонашонро сахт кушода нигоҳ карда истода буданд, ки канӣ Раҳмонов бо Нигина Амонқулова ҳам салом мекунад ё не? Агар салом кунад, значит ин овозаҳо ҳамааш дуруғ аст. Аммо Раҳмонови пиёнискаи беақли тупой бо ҳама салом карду дар охир ба Нигина Амонқулова наздик шуду ба ӯ нигоҳ карду аммо салом накарда аз роҳаш гашт. Дар зал ин ҳолатро ҳама диданду зал тишина, ҳама хомӯш шуданд. Вақте Нигина Амонқулова дид, ки Раҳмонови тупой бо ӯ салом накард, бе иҷозати ӯ бо туфлиҳои нуктезаш ток- ток карда қаҳр карда худро ҷумбонда ҷумбонда аз саҳна баромада рафт. Ин ҳолатро Раҳмонов диду ягон чи нагуфту ба гуши раиси телевизион ва радио Раҳмонов Асадулло Қимматович (Сумбулоғо) чизе гуфту ӯ ба мисли тир аз қафои Нигина Амонқулова давида рафт. Раҳмонов микрофонро гирифта ба санъаткорон минатдорӣ изхор карда ба Парда Қосим ва Давлатманд Холов гуфт, ки фалаксаройӣ кардан лозим, санъати тоҷикора дар тамоми ҷаҳон бояд намоиш диҳем, ки мо давлати қадимаем.

   Боз ҳамон суханони пучу бемаънии худро такрор мекард: ана ҳамин хел суруд бошад, ана ҳамин хел суруд бошад гуфта рухсорааш аз масти суп сурх буду дигар даҳанаш гапро намегирифту суханҳоро нимашро мегуфту боз ба дигар тема мегузашт, чунки сахт маст буд.

 Моҷарои М.Салихов ва Азизмои газетхонак

Солҳои 2003- 2006 Маҳмадназар Солеҳов (Салихов) раиси Дастгохи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъйин шуд. Вай пештар раиси Суди конститутсионӣ, раиси Шурои адлия ва Прокурори Генералии Тоҷикистон ҳам буд. Вай кадри давраи шуравӣ ба мисли Саидамир Зуҳуров аст. Дар ҳар сурат талош мекард, ки пеши роҳи қонуншиканиҳои Раҳмоновро бигирад. Шахсе буд, ки оида ба қонуншиканиҳои Таҳмина, Ҳасан ва дигар наздикони Раҳмонов ба ӯ хабар медод. Мегуфт ин ҳаркатаҳои онҳо ҷиноят ба шумор меравад ва боиси обрӯрезии Президент мешавад. Дар бораи онҳо рӯирост ва нотарсида  ба Президент мегуфт. Дар он солҳо зани президент Азизмоҳ Саъдуллоева ҷойи кори шавҳараш меомад ва агар Президент банд буд, ҳамеша дар назди Салихов Маҳмадназар менишасту то озод шудани кабинети Президент бо у чойю кофе менушид. Гоҳо мешуд, ки соатҳои дароз дар кабинети Салихов Маҳмадназар ҳарду тоқа менишастанд. Президент аз ин ҳолат хабардор буд. Маҳз ҳамин вохуриҳои Азизмоҳ бо Маҳмадназар боиси аз кор рафтани Салихов Маҳмадназар аз дастгоҳ шуда буд.

ЭШ.Раҳмонов дар публика чихел спектакл ва рол бозӣ мекунад?

  Дар охирҳои соли 2008 дар вақти баргузории як маҷлиси фаврӣ дар шаҳри Душанбе ду инфиҷор (взрыв) ба амал омад. Аммо ягон нафар намурда буд. Президент маҷлиси махсусро гузаронда ҳамаи вазирони қудратиро ҷамъ карда аввал вазири дохилӣ Маҳмадназар Салиховро хезонда сахт ҷанг кард, раиси  КДАМ Хайриддин Абдураҳимовро хам хезонда ҷанг кард, баъдан раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро хезонда қариб ним соат бо ӯ дағалона рафтор карда чунин гуфт: «Куҷора нигоҳ мекунед Шумо? Дар шаҳр ҳар рӯз таркиш шидестай. Худут раиси Душанбе, чи кор мекунӣ?Ду вазифа дорӣ, ай руи қонун, ай руи конститутсия ду вазифа як одамда дар куҷо туғрӣ мегира? Як вазифат зиётиай дар худут”.

Аммо Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳама шоҳид буданд дар маҷлис, натарсида руирост ба тарафи Президент ру оварду рост истода гуфт: «Ман аз руи виҷдон ба давлату миллати тоҷик софдилона хизмат карда истодаам.Ба мисли дигар вазифадорон маблағҳои миллиардии бюҷетро дуздида аз халқ пинҳонӣ ба ҷазирахои Вирҷинияи Англия ва ба Шветсария равон накардаам. Муҳтарам Президент бо факт бо ман сухан кунед. Ман вазири МВД ё КГБ ё сардори милисаи  Душанбе нестам” (дар он вақт кали Фаттоҳ Саид-и сабзи ба дасти отаи Шоҳрух дар вазифаи сардори милиса буд, аммо Президент ӯро ягон чи намегуфт. Ҳол он ки вазифаи ҷони именно Фаттоҳ Саидови тансовшитса буд таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷиноят дар қаламрави Душанбе.

Чунин ба назар мерасид, ки ин ин таркишҳоро худи Раҳмонову кали Фаттоҳ Саиду сардори онвақтаи КДАМ-и Душанбе Ҷалов Абдулазиз, ки аз Данғараанд ташкил карда буданд. Ин ашхосро  Раҳмонов чизе намегуфт, аммо Салихов, вазири МВД, Абдураҳимов, раис КДАМ ва Убайдуллоев, раиси Душанберо хезонида ҷанг мекард. Он вақт ба ҳамаи мақомот маълум шуда буд, ки ин инфиҷорҳоро худи Раҳмонов ташкил карда буд ва мақсадаш ҳам ин се нафрро муттаҳам намуда аз кор гирифтан буд. Аммо зураш ба Убайдуллоев дар он солҳо нарасиду дар маҷлис гапашро гум карду даҳ бор вай кунед, вай вай чи буд, номаш вай ҳаст ку, гуфта шарманда шуда руяш куни маймун барин сурх шуда маҷлисро тамом карда ба дачаи Пуғузи Варзоб арақхурӣ рафт.

  Баъди ин маҷлиси нокомшуда Раҳмонов, ки бисёр кинагир ва қасдгир аст вале чун мард рӯ ба рӯ истода ба ягон шахс гап зада наметавонад, ҳамеша дар публика худро показуха карда, ҳамон одамеро, ки бад мебинад дар байни мақомдорҳо арақро мезанаду дар маҷлисҳои солона ва ё маҷлисҳои дигар вазирҳо ё як бизнесмен, як милисаи қаторӣ, ё як гумрукчӣ,  ё як амниятӣ ё як қумандони пешинаро фамилияву номашонро гирифта бе ягон далел ҳоло суд ё тафтишоти пешакӣ анҷом нашуда ҷинояткор меномад. (Ба мисли раиси ширкати Умед- 88 Одинаев Раҷабалӣ аз Московский, ба мисли соҳибкор Зайд Саидов аз Комсомолобод, ба мисли вазири дохилӣ Салихов Маҳмадназар аз Сарбанд, ба мисли раиси Тоҷикгаз генерал Маҳмадрузӣ Искандаров аз Тоҷикобод,ба мисли собиқ вазири Гумрук Ёқуб Салимов аз Вахш, ба мисли сарвазири Тоҷикистон Абдуллоҷонов аз Хуҷанд, ба мисоли сардори гумруки вилояти Хатлон Шариф Псих (Давлатов)аз Кангурт, ба мисли сардори терминали гумрукӣ Турсунзода Анвар Хочаев аз Фархор, ба мисли сардори пости гумруки «Айнӣ» Ҷамшеди Терминатор аз Дангара, ба мисли сардори терминали рақами 1- Душанбе Шаҳбоз Раҷабзода аз Душанбе, ба мисли собиқ сардори милисаи Уротеппа Тоҳири Кукуз, ба мисли прокурори ноҳияи Ҳисор Бобохонов Файзулло (писари Бобоҷон Бобохонов, генпрокурори собиқ)

Ҳамаи ин шахсонро дар публика Раҳмонов дар маҷлисҳои сохтаи худ ному фамилияшонро гирифта онҳоро ҷинояткор мегуяд. Ҳол он ки ин нисбати ин шахсон ҳануз ягон делои ҷиноятӣ кушода нашуда ва тафтишот ҳам сар нашуда буд. Аммо ин алтури пиёнискаи Раҳмонов задагӣ маст номи ин шахсонро гирифта дар шабакаҳои телевизионӣ ин маҷлисҳоро махсус нишон медод. Барои ҳамин дигар на прокуратура ва на суд аз тарси Президент ҷуръати чунин шахсонро кумак ва ё сафед карданро ҳам намекард, агарчи бегуноҳ ҳам бошанд. Ин гуна шахсонро ҳатман маҳкум мекарданд ва ё аз хориҷа экстрадитсия карда меоварданду зиндон мекарданд. Дар ягон давлати дунё чунин нест, ки президент дар маҷлиси Шурои амният хеста номи касеро гирифта гуяд, ки ин шахс ҷинояткор асту ӯро дастгир кунед. Аммо ин Раҳмонови тупойи Лаънаткардаи Аллоҳ  бошад бо тақдири ҷавонмардони бономуси миллати тоҷик бозӣ карда руирост супориш медод, ки онҳоро махкам кунед. (Ба ғайр аз Шаҳбоз Раҷабзодаи бойфренди Озодаи духтараш ) ҳамаи онҳоро зиндонӣ карду баъзеашонро кушт. Маълум аст ки худаш бесавод асту ҳуқуқшинос нест. Барои ҳамин суистифода аз мақоми давлатӣ карда чунин супоришҳои беасос ва ғайриқонуниро медиҳад.
  Поёни бахши аввал, идома дорад бо мо бошед…

Share This Article