Эрониён мазлумтарин музоҳара кунандагони мусалмони оламанд
(аз ин генацид ва нобудӣ миллати эронро наҷот диҳед! хитоб ба кишварҳои узви конфронси исломӣ ва мухолифони тоҷик!)
Имӯз рӯзи панҷум аст миллати мусалмони мазлуму ба дод омада ба по хестааст.Ҳеҷ кишвари мусалмони узви кишварҳои исломиро намебинам садое бароварда бошанд.Сарони кишварҳои ғарбӣ ва Амрикоиро,ки чӣ гӯфтаанд мегузорем канор зеро аслан муҳим нестанд. Агар фикр кунем охири сол буд ва ҳама кишварҳои исломӣ машғули ҷашни соли нави мелодӣ буданд? Хуб имрӯз 2 январ оғози рӯзи кори ва фаолият аст, мебинем чӣ баёнияҳое нашр мегарданд. Оё ин амалкардҳои ҳукумати Эронро,ки бар алайҳи мардуми музоҳара кунанда истифода дорад аз қабили қатл бо силоҳи оташфишон,зиндонӣ кардан, истифодаи гозҳои ашковари хавфнок ва дар ин зимистони сард об пошӣ кардан истифода дорад маҳкум мекунанд ё на ?
Наход ҳама ҳукуматҳои олами ислом аз нуфузу қудрати ин кишвари худкома тарс дошта бошанду аз ҳуқуқҳои ин мусалмонони ин кишвар ҳимоят накунанд.Агарчӣ масалаи дохилии ин кишвар аст вале дар масоили дохилии кишварҳам ҳеҷ ҳукумате ҳаққи қатли шаҳрванди осоиштаашро,ки толиби ҳаққаш аст ба ҳеҷ ваҷҳе надорад.Бояд ҳама кишварҳои исломӣ аз ҳуқуқҳои ин шаҳрвандони мусалмони мазлуми Эрон бо ҳар шакле ҳаст ҳимоят намоянд.Чӣ бо ҳушдор додан бошад,чӣ бо таҳдидҳои хосси худашон бошад,чӣ бо маҳрум сохтан аз узвияти ин конфронс бошад Эронро ҳушдор бидиҳанд,то даст аз хушунат бардорад.
Феълан миллати Эрон ба кулли танҳо ва аз ҳимояти ҳеҷ кишвари исломӣ бархурдор нест.Ин ҳама аз нуфӯзи шуми низоми Эрон дар олам аст,ки ин миллатро дар ин ҳолати ногувору муҳлике қарор додааст.Агар кишварҳои исломӣ дар оғози ин фоҷиъаи хавфнок дахолат накунанд ва дар нутфа онро хунсо нанамоянд фардо дер мешавад.Набояд дар ин ҳолат аз диди мазҳабӣ ва қавмиву милӣ нигоҳ карда шавад. Нагузоред хуни инсон бирезад ва ин амалро ба дигар кишварҳо ба мерос гузоред.Ҳоло ҳукумати ин кишвар тамоми роҳҳоро масдуд кардааст,то ончӣ дар дохили кишвар мегузарад ба ҷаҳониён нарасад.Қабл аз ин,ки хориҷиён иқдом намоянд иқдоми кишварҳои исломӣ аҳамияти вижа дорад.Чунки бори дигар таҳримоти онҳо ба ин кишвар, сабаби заъфи ҳукумат не балке сабаби маҳви миллати эрон мегардад.Аз ин генацид ва нобудӣ миллати эронро наҷот диҳед!
Давлатҳои халиҷӣ ё ҳавзаи халиҷи форс ё араб ,ки кишварҳои ғании арабӣ ҳастанд.Ҷуз Саъудӣ,ки бо Эрон дар хасм ҳастанд дигар кишварҳояш бо Эрон ҳеҷ мушкил надоранд.Масалан Имороти араб пулҳои давлатмардони Эронро дар бонкҳояш нигоҳ медорад.Чандин ширкатҳои бузурги ин кишвар аз давлатмардони феълии Эрон мебошанд.Беш аз як миллион Эронӣ дар ин кишвар кору фаолиятҳам мекунанд.Иморот аслан парвое надорад, агар ҳама шаҳрвандонашро Эрон бикушад.Лозим бошад Эрониҳоеки дар ин кишвар ҳастанд мефиристад,то онҳороҳам бикушад.Қатар мавқифаш дар қиболи Эрон мушаххас аст ҳатто омодаи кумак ба Эрон аст агарчӣ он силмӣ ва ҳамчун кумакҳам бошад.Ҳатто шабакаи маъруфи Алҷазираи тобеъи ин давлат,ки ҳамеша ӯро як шабакаи озод ва ошкорбаён мешинохтем ва моҳам бовараш доштем.Дар муддати ин панҷ рӯз қариб аслан хабаре нашр надорад,ки бозгӯ кунандаи воқеъияти ҳоли дохили Эронро дошта бошад.Метавон гуфт ин шабака дар ҳодисоти охири Эрон ҳайсият, маҳбубият, мисдоқияташро комилан аз даст дод. Чунонеки шабакаи Аларабия тобеъи ҳукумати Саъудӣ дар ҳодисоти инқилоби аскар бар алайҳи ҳукумати қонунии Миср маҳбубияташро аз даст дода буд.Тибқи як гузоришм таҳлилӣ шабакаи Аларабия пас аз ҳодисоти миср, тақрибан 65% тамошо бинонашро аз даст дод ва ба монанди як шабакаи дохилии як кишвар шинохта шуд.Салтанати Уммон ҳаргиз дар сиёсати ҳеҷ кишваре сухан намегӯяд.Баҳрайн ончӣ Саъудӣ гӯяд онро тутивор мегӯяд ва мавқифаш нисбати Эрон мушкилшу нест.Кувет бошад ҳамеша мавқифи миёнҷигарро дар халиҷ ифо мекунад ва аз Эрон диди хуше надорад барои дастгирии шиъаёни дохилаш,инчунин аз тарафи Эрон дар изтироб аст.
Хулоса ончӣ дар Эрон мегӯзарад,то ҷое аксари кишварҳои арабиро хушҳол мекунад.Чун инҳама кишварҳои арабӣ аз Эрон ҳарос доранд ва ҳаросашонҳам,то ҷое асоснок аст.Чун дахолати Эрон дар ироқ,сурия,лубнон,яман нишон дод,ки Эрон дар садади тасаллути комили минтақа аст ва дар сар мақосиди кишваркушоро дорад.Пас аз поён расидани ҷанг бо доиш ва тасаллути комили ду давлат ироқ ва сурия,мақсади саъудиро дорад.Ҳолати кишварҳои ҳавзаи халиҷ чунин аст ва кишварҳои дигари арабӣ ҳоло дар фикри Эрон нестанд.Ё инки аз Эрон кушиш мекунанд худро канор бигиранд ва ё дар ҳолати дифоъӣ қарор доранд.
Аммо дигар давлатҳои исломии олам назири туркия ва покистон,ки дар ҳамсоягиаш қарор доранд,то ҳол хомӯшанд ва наззорагари вазъиятанд,ки чӣ мешавад?
Бо ин мисоли боло гуфтани ҳастам,ки дар ҳодисоти охири Эрон кадом давлати исломӣ комилан мисдоқияташро дар миёни ҷонибдорони мусалмонашон дар олами ислом аз даст медода бошанд?Наззорагар мемонад ва тибқи дипломатя ва конвенсяҳои ҷаҳонӣ амал мекунад ё ҳимоят аз мардуми мазлуми ин кишварро мекунанд?
Инро кишварҳои узви конфронси исломӣ бидонанд,ҳар кишвари исломиеки барояш хун,шараф,иззат,номӯси як мусалмон эҳтиром надошта бошад, новобаста аз инки ӯ дар кадом гӯшаи олам қарор дошта бошад.Бидуни ҳеҷ қайду шарте мисли нидои зане,ки “Во Муҳаммадо” ва зани дигаре дар асри хилофати Аббосӣ “Во Муътасимо” гуфт ва сипоҳу афроди ҳарду ба доди ҳарду дар вақтҳои муносиб расиданд.Ин ду амалкард бояд беҳтарин улгӯ барои “ҳукуматҳои ба ном исломӣ” бошад.Ҳаққи мазлумро аз золим ситониданд,дар ғайри ин сурат ҳоли ин уммат ҳаргиз накӯ намегардад. Ин ҳукуматҳои сохта ва бофтаашон ҳатман бадтар аз ин ҳукуматҳоеки ҳоло ҳамаамон шоҳидем,ки дар сол чандтояшон сарнагун ё лоақал раисонашон кушта ё барканор мегарданд мунҷар мешавад.Сарнҷоми ҳар яке аз ин кишварҳои узви конфронси исломӣ чунин иттифоқот хоҳад буд.
Фаромӯш набояд кунанд тибқи ҳадиси саҳеҳ ҳар сад сол як муҷаддиде дар уммат падидор мегард.Он муҷаддид умед аст дар ин наздикиҳои начандон дур падидор гардад. Барояшон на назди мардумонашон,на назди уммат ва на назди Аллоҳ қадре мемонад.
Чаро давлати тоҷикистон ва мухолифони тоҷик дар ин қазия хомӯшанд?
Агрчӣ баҳонаи хубе ҳаст барои ҳарду ҷониб,ки соли нави мелодӣ буд ва ҳама дар садади ҷашни ин соли нав буданд. Мавқифи ҳукумати тоҷикистон барои ҳамагон мушаххас аст,ки тақрибан дар ҳолати сардии муносибот бо Эрон қарор дорад.Танҳо сафирони ҳарду давлат дар кишварҳои якдигар ба монанди бум қарор доранду бас.
Мухолифони тоҷик чаро дар ин ҳолат сукутро авло дониста гӯё дар даҳонашон об гирифта бошанд. На хуб мегӯянд ва на бад,ҳатто намехоҳанд дар ин робита таҳлил кунанд ва ё чизе бигӯянд. Ақалан барои ҳукумати Эрон муваффақият таманно кунед дар ин амалаш ё маҳкумаш кунед,ки ин амалкардат хуб нест.Дар ҳоле агар кишвари дигаре мебуд,ки Эрон онҷо ҷой по ва таъсиргузор намебуд.Дар ҳол худро ҷонибдор ва дар канори миллати он кишвар ва музоҳара кунандагонеки ҳуқуқи худро аз ҳукуматҳояшон талаб мекунанд мегирифтанд.
Зулм ва қатлу ва фишору таъқибу шиканҷа чӣ фарқ мекунад,ки он кишвар тоҷикистон бошад ва ё эрон ва ё саъудӣ ва ё мисру туркия? Фаромӯш накунед дар ин аср чанд табаддулоте дар кишварҳои арабӣ шуданд дутояш дақиқан дар ҳамин моҳҳо гузашт тунис ва миср,дар ҳарду миллат ғолиб омаданд.Яке аз ин ду миср кишвари бузурги минтақа аз нигоҳи сиёсат ва қувва маҳсуб мешуд.Аммо чун хости мардум бо хости Аллоҳ як ва тавъам шуд ҳарду сарнагӯн шуданд.Инро фаромӯш накунед иззат ва пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ аст ва он ҳаргиз дасти ҳеҷ аз махлуқоташ қарор надорад,то хости онҳо ин пирӯзии сааодатмандона бошад.Агар имрӯз бетарафиро ихтиёр кунед,ки Эрон аз мо озурда мегардад барои эътироз аз амалкардҳои охираш.Фаромӯш накунед айнан ин мардум бо мо хело шабоҳат доранд.Моҳам хоҳони ислоҳталабӣ, дар соҳаҳои муҳими кишвар будем,ки аз тарафи пешвои ситамгаре ихроҷ,қатл ва ба зиндон кашида шудаем.Феълан чӣ фарқи шохисе миёни ҳукумати тоҷикистон ва эронро мебинед?
Ё ин дипламатяи хомӯшии шумо барои ин аст,ки мабодо фардо ба қудрат наздик гардем ва Эрон бо мо мухолифат кунад ва бори дигар аз қудрат дурамон гардонад. Ин фикри хело ғалат ва тазод бо ақидаи ҳар мусалмони бо шуур ва фаҳмида аст.
Магар фаромӯш кардаед ин ҳадиси Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам)ро,ки фармӯд: “..Агар ҳама мардум бо ҳам ҷамъ шаванд,то ба тӯ суде бирасонанд.Суд расонида наметавонанд магар ончиро,ки Аллоҳ бароят навишта аст(дар тақдират).Агар ҳама мардум якҷо шаванд,то ба тӯ зараре расонанд,зараре расонида наметавонанд магар он чӣ Аллоҳ бароят навишта аст.(қаламҳо бардошта ва саҳифаҳо хушк гардида аст)”(Рови Ибни Аббос ҳадиси саҳеҳ Тирмизӣ)
Бояд имрӯз мухолифони сиёсии ҳукумати тоҷикистон ҷойгоҳи худро мушаххас кунанд.Бигӯянд бо кадом тарафанд,бо мардуми мазлуми Эрони ҳамзабону ҳам фарҳангамон?Ё бо ҳукуматеки на мухолифонашро балке миллаташро мекушаду зиндонӣ дорад?
Агар гӯед бо ҳукумати Эронем ва он масалаи дохилии он кишвар аст. Пас дар ин ҳолат Эмомали Раҳмон ҳеҷ гуноҳе надорад ва мову шумо иштибоҳ кардаем.Як туда хоин ва ватанфурӯше будаем,ки аз кишвар ронда шудем.Кадоме аз мо тавонист фирор кард ва онеки натавонист ба муҳлатҳои тулонӣ зиндонӣ шуд.Аминам сари ин масала каме бо худ менишинед ва тасмими дурустеро иттихоз менамоед.
Мо ва шумо хуб медонем,ки миллати мазлуми Эрон дар дохил ва хориҷ ин мушкилотро аз тарафи ин ҳукумат солҳост,ки доранд.Аммо имрӯз онро ба шакли музоҳара нишон дода истодаанд.Агар хомӯш бошед,то дар оянда чӣ мешавад ва вақте муайян шуд,ки кадомин пирӯз ва баранда гашт, миллат ё ҳукумат,он вақт эълон кунед,ки мо бо шумо будем, ин корро ҳама метавонад бикунад.Аммо сиёсатмадори воқеъӣ ва зираки мусалмон ба чӣ бояд аҳамияти бештар диҳад онро аз худатон бипурсед?
Эрон дар чанд сатр
Эроне,ки чор пойтахти кишварҳои арабиро дар ихтиёраш дорад.Даъвои император будан ё дар минтақа мехоҳад суханаш аввал бошад.Бо бузургтарин давлатҳои олам суханашро мегӯяд.Сабабаш сармояҳои кишварашро истифода бурда ва худро муқтадиртарин кишвар дар соҳаи таслиҳот ва фановарҳо намудааст. Аҳсан ба ин пешравиҳоеки ба онҳо дар фурсати чилсол ноил гашт.Аммо барои шаҳрвандонаш камтарин хидматро анҷом додааст.Агар Эрониҳо дар кишварҳои пасошуравӣ кам бошанд. Милионҳо Эронӣ дар аврупо амрико ва кишварҳои арабии халиҷи ва дигари сайёра зиндагонӣ мекунанд.Ин аз мушкилоти иқтисодии дохилияш шаҳодат медиҳад.Эрон феълан дар муқобили миллаташ дар дуроҳа қарор дорад.Падарон ва бобоҳои ин миллат ин ҳукумат ва низомро сивуҳаштсол қабл барои некуаҳволии худ сари қудрат оварда буданд.Барои кадом сабаб? Айнан ҳамин мушкилоти иқтисодӣ дар ҳукумати шоҳ вуҷуд дошт.Хумайни ба падарони ин миллат ваъда дода буд барқ,гоз,утубус,нон бе пул мешавад.Барои ҳар Эронӣ ваъдаи хонаи бе пулҳам карда буд.Аммо ҳеҷ яке таҳаққуқ пайдо накардаанд ва сабри мардум лабрез гашт ва билохира қиём намуданд.Воқеан ин ба по хезии миллат аз дигар қиёмҳои мардуми ба куллӣ фарқ мекунад.Ин қиёмро на усулгароён ва на ислоҳотхоҳон идора ё ба по хезонидаанд.Ин қиёми худҷӯшест айнан мисли солҳои фирори шоҳи Эрон ва ба қудрат расидани валии фақеҳ.
Агарчӣ ман мутмаинам,ки ҳаргиз ин ҳукумат хостаҳои ин миллатро ба кулли наметавонад бароварда кунад. Сабаб аз камбуди ё касри маблағ дар хазинаи ё будиҷаи ҳукумат аст.Ин ҳама пулро дар хориҷ барои сабабҳои дигаре дар боло зикраш рафт “Кишваркушоӣ” сарф намудааст,то императори бузург шавад.Ҳолати император шудан наздик буд аммо бо таъассуфи хело шадид мардуми гуруснаи дар интизори як луқма нон ба по хестанд. Ҳама орзӯ ва таманниётро,ки солҳо дар интизораш буданд зери суол бурда истодаанд.
Роҳи раҳои вуҷуд дорад аз ин бумбаст?
А.) Ин қиём роҳбар надорад,то бо ӯ сари мизи музокира нишаст мисли солҳои 2009 чуноне бо Каррубӣ ва Мусавӣ карда буданд.
Б.) Дасти хориҷӣ дар ин музоҳараҳо вуҷуд надорад,то бо ӯ сари мизи музокира нишаст ва бо ӯ доду гирифте анҷом дод.
В.) Бояд бераҳмона бикушад ва зиндонӣ кунад,то мардум тарсанд ва дигар аз қиёму доду фарёдҳои ниёзмандонаашон ақибнишинӣ кунанд.
Г.)Ислоҳоти куллиеро ба иҷро гузорад,то онро миллат бубинанд ва феълан аз кишваркушои ва он пуружаҳои дар хориҷ доштааш сарфи назар кунад. Ин ҳолат ҳангоме ба иҷро медарояд,ки низом сари риштаро пайдо кунад.Он ришта куҷост онро бояд хуб мӯ шикофона ҷустуҷӯ намояд.Агар пайдо накард ин ҳукумат чоре ҷуз варянти (в) надорад.То бори дигар худро дар қудрат бо зури силоҳу хушунат барои солҳои дигар тамдид кунад.Аммо вазъияти худро дар олам хело вахим мекунад.Таҳримҳо шадидтар мегарданд ва кишварҳои дар идорааш қарор дошта аз итоъаташ хориҷ мегарданд.Он ҳама маболиғе масраф кард ба ҳадар мераванд.Зеро баъид ба назар мерасад,ки кишварро Валии Фақеҳ ба миллат бидиҳад ва канор равад.Ин варянт дар қомуси ин низом вуҷуд надорад,мисли низоми ҳукм дар кишвари мо.
Хулоса агар дахолати давлатҳои исломӣ вазъиятро бо гуфтугӯҳо бо мардум тағйир надиҳанд.Кишварҳои ғарбӣ бо истикбори ҷаҳонӣ чунонеки худашон мегӯянд пилонӣ хубе дар қиболи эрон надоранд. Аммо низоми ҳукм дар Эрон феълан дар садади ҷустани душмананд ё душмантарошиянд, то ин қиёмро хомӯш кунанд.Аммо инҷо ҳеҷ душмане вуҷуд надорад ва мардуми бегуноҳи Эрон қурбонии ин сиёсатҳои бофтаи коҳинони маъбад мегарданд ва миллат ба хоку хун кашида мешаванд.
Дар охир истидъо менамоям Аллоҳ ин сарзамини ҳамзабони моро ором ва осуда бигардонад.Ба роҳбаронаш имону инсоф ва адлу дирояти хуб ато намояд,то мардуми худро бегуноҳ накушанд.Дигар мардуму миллати худро ғорат накунанд барои аҳдофи начандон хубашон,ки то имрӯз дар олам анҷом доданд,ки натиҷааш ин шуд.Ҷаҳони исломро муттаҳид ва амну амонро дар ҳама ақтори олам ҳукмфармо намояд омин.
Ман ҳамдард ва ғамширики миллати шукӯҳманду фареҳхтаи мазлуму ғаюри Эронзаминам.
Муҳаммадиқболи Садриддин