(бахши севвум)
Баъд аз нашри ду матлаб дар бораи Наркобиотик бизнеси оилаи Каримовҳо рӯ ба поён овард. Дар Тоҷикистон бо як сухани на онқадар хуб ё бо як ишораи пешво нисбати ягон соҳибкор ё мансабдор, ҳамон замон мардум аз пуштибониву рафиқӣ, ҳатто аз хешу таборӣ ру мегардонад. Албатта ин аз як тараф кутоҳандешӣ бошад аз тарафи дигар як намуди ғуломии мардум дар давоми 30 соли ҳокимияти Раҳмонов мебошад. Худатон фикр кунед, пешво ҳам мисли мову шумо одам аст, ӯ ягон фариштаву малак ё наъузубиллоҳ пайғамбар нест, бовар ва умед дорем 90% мардум аз пешво тозатару бегуноҳтар анд дар назди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.
“Раиси ҷумҳур шудан ин маънои онро надорад, ки ӯ бегуноҳ ва худодод аст. Ё сояи Худо дар замин асту барояш ҳама ҷурму ҷиноят муҷоз аст. Аллоҳ одамонро бо ҳар роҳ месанҷаду озмоиш мекунад. Фаромӯш накунед, ки Фиръавну Ҳомону Намруд ва ҳазорҳо золиму қотили дигар ҳам подшоҳ буданду ,то имрӯз мардумон нафринашон мехонанд.”
Ин муқаддима барои он аст ки пуштибонҳои Ҳошим Каримов аз Оила, Парвинаву Ашраф, Соҳибовҳо аз Қурғонтеппа ва аз мақомот Нусратулло Давлатов- раиси Кумитаи андоз, Ҳурматзода Ислом-муовини Хадамоти гумрук , Раҳмонқул Раҳимов – собиқ сардори қочоқи гумрук ва Зоир Ҷурахон- собиқ корманди ВКД, ҳама бо як ҳилаву найранг охирон маротиба як зарбаи калони дигар ба киссаи Ҳошим Каримов зада, баъд бо баҳонаҳои ҳозир ҷамъбасти квартал,бо баҳонаи маҷлиси ҳукумат ва ғайраву ғайраҳо дар охир худро дур гирифтанд ва ба зангҳояш дигар ҷавоб намедиҳанд. Каримов Ҳошим маҷбур шуд ба назди як ҳамкасби худ оиди фурӯш ва истеҳсоли дорувориҳо ба сардори ширкати “Тиб барои шумо” Ҷабборов Қурбон (сиёҳ, бинӣ) рафта маслиҳат ва кумак пурсида аст. Ҷабборов Қурбон хуб гӯш карда ва ба хулосае омад, ки ӯро бо пуштибон ва гуё партнёри худ Холназаров Баҳроми домоди Нуриддини тракторист бо тахаллуси “гушчапар”, ки боҷаҳояш Ҳурматзода Ислом ва Қурбонов Зафар бародари Анвари “пирожки” шинос намояд. Боз аъзоёни ҳамон Оилаи гушначашм. Ҳошим Каримов дигар илоҷ ҳам надорад. Барои он ки 3-4 фура дорувориҳои “подделка” ва муҳлати истифодаашон гузашта дар анборҳои Душанбе хоб ҳастанду агар ӯро дар давоми 5-6 моҳ нафурӯшад мисли орди куҳна шуда, токсинаҳояш руй мезананд. Яъне ин ки одамон бояд тез харида истеьмол намоянд, ки Ҳошим Каримов аз ҳама фоҷиаи калонаш ин “сухтан ба пул” мебошад, на он ки касе заҳролуд шуда мурдааст. Махсусан ҳамин шабу рӯз аз як тараф савдо нест, аз тарафи дигар ҳамаи крышаҳо ба гуфтаи худаш номард баромаданд. Ва боз проблемаи асосиаш ҷангҷол бо шарики бизнесиаш Илҳом мебошад. Ин оила ҳеҷ вақт дар бизнес шахси бегонаро роҳ намедоданд, лекин Илҳом ҳамсинфу ҳамшаҳрияш мебошаду барои пешрафти бизнеси оила саҳми калон дорад. Албатта, дар навиштаҳои баъдӣ нисбати ин шахс ва ҳамкориҳояш бо оилаи Каримовҳо маълумоти пурратар медиҳем.
Тағйири крыша аз домоди “Пешво” ба домоди акаи “Пешво”
Дар охир Ҷабборов Қурбон Каримов Ҳошимро ба назди Холназаров Баҳроми (локатор ё гушчапар) овард, бахшиш мепурсем аз хонандагон,ки қаҳрамононро ботахаллусашон ном мегирем. Ростӣ, ба хонанда ҳам осонфаҳм мешавад, ки гап нисбати кӣ рафта истодааст.
Аз рӯйи гуфтаи Ҳошим Каримов , пеш аз вохурӣ бо Баҳром ӯро як -ду соат Ҷабборов Қурбон тайёр намуд, ки бояд чи тавр салом кард, сар бояд хам бошад, тарафаш нигоҳ накарда гапашро гуш кунӣ ва фақат “хуб” ва “фаҳмо” гуфта такрор ба такрор “мо дар хизмат” гуфта истодан лозим ва суханашро набурӣ, ки табъаш нозук аст. Баъд аз репетицияи бисёр вақти вохурӣ ҳам шуд. Тахмин ду соат дер омад, қариб буд Ҷабборов Қурбон аз Баҳром барои дер намудани ӯ бахшиш бипурсад. Вақте бо Баҳром рӯ ба рӯ шуд, аз рӯйи ташвишу даводавии Ҷабборов Қурбон, Ҳошим ба ҳайрат омада, ҳис кард, ки бо Баҳроми домоди акаи троктористи Раҳмонов неву бо пешво ё бо Рустами Эмомалӣ вохури карда истодааст. Дар наздаш як марди бисёр ҳавобаланд ва аз ҳамаи дунё норозӣ, гуё аз ӯ 10 миллион долларашро гирифта, фиреб карда барнагардонида бошӣ, қавоқҳояш кашол, як даст дар киса, дар даҳон жвачка, рост меистод. Ба фикрам интизор буд дасташро Ҳошим ё Қурбон буса кунад. Ҷабборов Қурбон бошад мисли як хизматгор, дастҳо пеши бар, фақат “хуш омаден раис” мегуфт. Аҷаб давлати афсонавӣ сохтааст пешво, ки хешу таборҳои дураш ҳам худро авлодони Оли- Раҳмон ҳисоб мекунанду одамро ҳамчун як хасе писанд намекунанд. Ин ҳама айби худи мардуми тоҷик ва ана ҳамин Ҷабборов Қурбон барин ғуломон аст, ки як авлоди чашм гуруснаву бесаводро аз оғилхонаҳои Данғара оварда то ба ин дараҷаҳо бардор-бардор намуда ба сари худ ва ба сари дигарон бало кардаанд. Ҳошим рафтори Қурбони биниро дида ба дил мегузаронид, ки агар Қурбон бо худи пешво рӯ ба рӯ шавад, ҳатман аз ҳуш рафта меғалтидагист. Ин қадар хушомаду тарс, ин қадар рафтори ғуломона, чи лозим бошад ҳамин тавр соҳибкор шудан?Албатта ин ҳама ба хотири зиндагии хуби фарзандон мегуяд, вале ин хел одам дар назди фарзандҳояш ҳам обрӯй надорад. Мисли Ҷабборов Қурбон ҳазорҳо нафар соҳибкорону хизматгорон дар гирди ин авлоди гурусначашм мисли ғулом рафтор мекунанд.
Ба номи Худо авлоди пешво агар гастарбайтер шавад, ягон тои ӯ саводи бригадириро надоранд, лекин дар ин давлат худро авлодони шоҳу худро шоҳзода ҳисоб мекунанд. Махсусан Холназаров Баҳром бо вазиру раисҳо ҳам ҳамин тавр муносибат мекунанд. Агар домодҳо каме хуни мардӣ дошта бошанд, аз пушти занҳои худ ин қадар ҳавобаландиву худписандӣ намекунанд. Мисли қирғизҳо инҳоро бояд бо дастаи белу каланд то хонаҳояш сур намуд, ин ҳама иллати беҷазо мондан аст. Аз рӯйи миш-мишҳо сабаби аз вазорати корҳои хориҷӣ пурра ронданашон ин аст ки Холназаров Баҳромро бо як духтар дар дачаи Варзобаш оилааш дастгир мекунаду ба назди амакиаш, яъне Раҳмонов омада гиря мекунад. Бо як супориши пешво аз тамоми корҳо ронда, дачаи Варзобро бо як трактори калон пурра чаппа мекунанд, ки раиси ноҳияи Варзоб худаш дар сари чаппа намудани трактор истода ва ин фармонро амалӣ намудааст.
Сабаби аз кор ронданашро дар расонаҳо навишта буданд, ки “Холназаров Баҳром аслан раёсати консулгариро ба як давлати алоҳида аз Вазорати корхои хориҷӣ табдил дод, ки худаш подшоҳ буд. Бо хоҳиши худ, ӯ метавонист ба хориҷиён раводид диҳад, ё шояд онҳоро тамоман қабул накунад. Мардум ба зӯр ба идораи консулгарӣ ворид мешуданд, вориди меҳмононеро, ки барои ҳалли мушкилоти худ бо раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо меоянд, манъ карда буд. Ҳамаи ин шикоятҳо ба пешво расид ва дар он ҷо ба хулосае омаданд, ки чораҳои қатъӣ нисбаташ дидан лозим аст”. Инчунин дар ҳангоми сафирияш дар Қазоқистон бадтарин
“Воҳимаву мардии домодҳои оилаву наздиконаш, то ба ғазаб омадани хонумҳояшон асту халос, дигар ҳама ба асли пештара бармегарданд. Яъне ғазаби духтарон ва ҷиянҳои пешво ба хокистар табдил кардани домодҳо тамом мешавад. Домодпочоҳо ,то он вақте хуб хизмат мекунанду розӣ мекунанд ҳамсаронашонро ҳама хуб аст. Худо накунад хиёнат кунад домод, ба бадтарин бало гирифтор мегардад домод. Аммо барои худашон ҳама кор иҷозат аст.”
Вохурӣ баргузор гашт бо хело ҳолатҳои ногувор…
Умуман вохурии Каримов Ҳошим, Ҷабборов Қурбон ва Холназаров Баҳром баргузор гашт. Баҳромро пеш аз вохурӣ Қурбон дар ҷараён оиди проблемаҳои ҷойдоштаи Ҳошим Каримов , ки гуё мехоҳанд бизнесашро мисли дигарон кашида гирифта ба рафиқони Рустами Эмомалӣ “Авесто Групп” бидиҳанд нақл карда буд. Баҳром бо як ғурур ва калонгапӣ гуфт, ки Тоҷикистон моли шахсии ҳеҷ кас нест ва ҳеҷ кас на Рустаму Озодаву Парвина ва на Ҳасану Ҳусейн бояд ба бизнеси кас чашм ало накунад. Ман шахсан намегузорам, ки ба нафарони ман ин воқеаҳо ва амалҳои рейдерӣ сурат бигирад. Ҷабборов Қурбонро мисол оварда гуфт, агар ман пуштибони ин “сияҳ” намебудам, давно титу порааш мекарданд ё не, пурсид Ҷабборов Қурбонро, дар ҷавоб Қурбон мисли як кудаки мактабхон фақат “рост меген раис, зинда бошен” ҳамин як гапро такрор ба такрор лаҳза ба лаҳза мегуфт. Рафтор ва вазъияти на фақат Қурбонро мо хуб мефаҳмем. Қурбон 15-20 дорухонаҳо, заводи калони дорубарорӣ, якчанд заводҳои дигари хишту масолеҳи сохтумонӣ ва дигар бизнесҳо ба арзиши якчанд миллион доллар дорад, дар Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст, ки бе вобастагӣ ё пайвастагӣ ба ин авлоди носерам кору фаъолият душвор аст. Лекин баъд аз ҳамроҳ шудан ба ин оилаи чашмгурусна, ҳаёт ба хоби даҳшатнок (кошмар) мубаддал мешавад, боз ба ҳамаи ин мисолу таҷрибаҳои дар пеши чашмашон гузашта истода, ҳайрон мемонем, ки соҳибкорони зиёде мехоҳад бо авлод ҳамроҳ бошад. Бовар дорем ба дасти Қурбон Ҷабборов маҷбурӣ пулҳои дуздии худро Баҳроми гушчапар додааст, то ин ки гардиш карда барояш фоиз бидиҳад. Чунки дигар ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ дар дасти духтару домодони пешво асту бо тезӣ хабар меёбанд, ки Баҳром ин миллионҳоро аз куҷо аз худ кардааст. Қурбон ғайр аз % додан ва ҳисобот додан дигар илоҷ надорад, даҳҳо маротиба гуфтааст, ки “раис корҳо хуб нестанд, пулатонро бигардонум” ҷавоби Баҳроми гушчапар як аст, ” мурданият расидааст”, ана ҳамин тавр бадии кор дар ин аст ки на Ҳурматзода Ислом, на Баҳром Холназаров ва дигаронаш пулҳои худро қафо намегиранд, “бмонуш кор куна” мегуянд. Як -ду соҳибкор нақл мекунад, ки Ислом Ҳурматзода чор сол мешавад пулашро медиҳем қафо намегирад. Лекин охирон рӯзҳои моҳ бо соат % мегирад. Барои онҳо фарқ надорад бизнес боло меравад ё поён, бояд фоизҳои осмониро дар вақташ бирасонӣ.
Домод фармон медиҳад!
Баҳром Холназаров Ҷабборов Қурбонро супориш дод, ки тамоми дорувории Ҳошимро бо 30% – арзиш қабул намо, пулашро кай фурӯхти баъд ҳисобӣ мекунем ва оянда ҳам дорувориҳояшро аз Русия фармоиш кун равон кунад. Қурбон Ҷабборов “хуб шудай раис” гуфта бо Ҳошим Каримов ҳамкориро шуруь намуданд. Ҳошим Каримов хуб мефаҳмад, ки Парвинаву Ашрафро монда аз Баҳроми ба гуфтаи худаш “картааш бита шудагӣ” пуштибонӣ хостан ин як беақлист, лекин аз як тараф ба хотири дорувориҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанду ба фурӯш нарафта истодаанд ба Қурбон Ҷабборов супоридан, аз даст надодани бозори Тоҷикистон, боз якчанд сабабҳои дигар ба ин роҳ рафтааст, аз тарафи дигар, тамоми сирру асрори Ҳошим Каримов нисбати доруҳои фальшивый ва муҳлаташ гузашта ва фош шудани сирри фурӯши маводи мухадир баъд аз ба даст афтодани Азизи домсоз хеле картаҳои Ҳошимро “перепутать” карданд. Даромади асосии Ҳошим аз фурӯши героин буд, ки бо Азиз хеле хуб ба роҳ монда буданд. Боз барои Ҳошим хуб буд, ки Азиз Русия рафта наметавонисту Ҳошим чи хеле хоҳад ҳамин тавр фиреб мекард ӯро. Ҳоло бошад бар замми ин проблемаҳо писари Азизи домсоз аз Ҳошиму дигар рафиқонаш талаб дорад, ки сум ҷамъ намуда падарамро бароред. Дар акси ҳол падарам ба шумоён низ нишондод медиҳад. Ҳошим Каримов ҳайрон мондааст, ки ин бачаи ҷавон шантаж карда пул гирифтанӣ ё ин ки дар ҳақиқат ба ҳамин роҳ мерафта бошад. Аз тарафи дигар доимо фишорҳо аз тарафи генерал- шайтон Зоиров Ҷурахон асабҳои Каримов Ҳошимро хароб намудаанд. Проблемаҳои Ҳошим Каримов нав дар Русия сар мешавад, баъзе органҳои дахлдори соҳаи бехатарии саломатӣ ва бехатарии миллӣ аз «Ислоҳ» талабу дархостҳо нисбати ҳуҷҷатҳои мавҷудбуда карда истодаанд. Ба ҳама маълум аст ки органҳои қудратии Русия ҳам мисли Тоҷикистон як давлати фасодзада мебошанду вақти лозима шаҳрвандии 30 сол пеш гирифтаро бекор (анулировать) намуда ба ватанаш депортатсия мекунад…
Шайтан генерал дар чӣ ҳол аст? Каме аз гузаштаи ӯ бо мулло Абдурраҳим Каримов
Ба гуфтаи Ҳошим Каримов Зоиров Ҷурахон тамоман девона шудааст. Тамоми гапу корҳои куҳнаро кофта истодаасту мехоҳад аз ӯ ҷубронпулӣ (компенсация) бигирад, ки шаьну шарафи ин академикро Ҳошим Каримов ва ду- се нафар бизнесмен аз Русия гуё паст карда бошанд. Ҳошим на он ки компенсация намедиҳад, ӯ чунон хасис аст, ки ҳатто ҳақи ҳалол, музди кории коргаронашро намедиҳад. Боз як одат дорад, ки баъд аз вазифа рафтан ӯ ҳеҷ гоҳ ба он нафар пул намедиҳад, то вазифаи нав нагирад ва вазифааш ба ӯ ягон алоқамандӣ дошта бошад. Барои ҳамин махсусан, ба пенсионер як таблетка бепул намедиҳад, оҳо пул ҷойи худаш. Генерал- шайтан маҳз дар ҳамин масъала девона шуда, давраҳои як замоне дар гумрук кор ва ёрдамҳои кардаашро ба ёд овардааст.
Вақте ки соли 1995 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров таъин гашт, яке аз аввалин фармонҳояш аз ҳама кор озод намудани Зоиров Ҷурахон будааст. Ва гуфтааст то рӯзе ман дар ин вазорат роҳбар ҳастам, ба ту дар ин вазорат кор нест. Ӯ чекисти куҳна, боз аз вазирии КГБ ба ВКД гузаштааст, ки маълумотҳои зиёде дар даст дошт. Зоиров низ ҷиддӣ будани корро фаҳмида бе ягон гап аз кор рафтааст. Баъд аз имзои 30% -и ҳукуматро ба оппозиция додан, Зоиров Ҷурахон ба вазифаи муовини раиси Кумитаи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Мулло Абдураҳим Каримов таъин гашт, ки мулло аз ҳисоби оппозиция соҳиби ин вазифа шуда буд. Каримов Абдурраҳим низ мисли дигарон як номард, як иблис, як беимону одамфурӯш будааст, ки дар охир ҳамаи онҳое, ки ӯро ба сари вазифа оварданду соҳиби боигарӣ сохтанд тарафашон санг зад. Албатта хоинро ягон тараф дӯст намедорад. Каримови “харбоз” то ҳоло ба умед аст ки пешвояш ягон вазифаи равғанӣ барояш пешниҳод мекунад,
Барои чи мо ба хотир овардем ин муллои шайтонсиратро? Баъд аз рафтан аз вазифаи раиси гумрук, якчанд соҳибкорони ҳамон давра ба ӯ вохурда даъво мекунанд, ки давраҳои раисиат аз мо беинсофона 100 ҳазор доллару 200 ҳазор доллар гирифта иҷозати баровардани пахтаву алюминий, оҳанпораву металҳои ранга ва тиллову сангҳои қиматбаҳоро дода будӣ, ту чи гуна муллову мавлавӣ ҳастӣ? Мулло Абдурраҳим ҳайрон мешаваду мепурсад, ки шумо пулҳоро ба дасти кӣ дода будед? Онҳо мегуянд, ки ба муовини ту Зоиров Ҷурахон дода будем. Мулло Абдурраҳим каме фикр карда гузаштаро ба хотир меорад ва қоил мешавад, ки ба назди ӯ Зоиров Ҷурахон бо ҳар хел коғазҳо дар даст зуд-зуд даромада, имзо ва муҳр мехоста асту “Домулло як дуо кунен” гуфта 500$ баъзе вақт 1000$ дароз мекардааст. Мулло Абдураҳим Зоиров Ҷурахонро аз пасаш дашномҳои қабеҳ намуда гуфтааст, ки ин “нооинсофи машенник” миллионҳо доллар пулро ба худ гузошта, ба мани содда 4-5 ҳазор пул медода будааст, ман боз хурсанд шуда пулҳоро ба кисса меандохтам.
Боварӣ ба ҳардуи ин шайтон нест. Барои он ки солҳои 1998-1999 давраи кории ин ду нафар дар кумитаи гумрук нафарони зиёд пахта, чушка-алюминий, тилло, мис, оҳанпора, сангҳои қиматбаҳоро хеле зиёд фақат ба воситаи гумрук маблағҳои калон пора дода иҷозати баровардан мегирифтанд. Нисбати давраи кории генерал- шайтан ва муллои беимон факту далелҳо хеле зиёданд, ҳамаашро бо як ду матлаб тамом кардан номумкин мебошад.
Мо проблемаҳои ҳоҷӣ Зоиров Ҷурахонро хуб мефаҳмем. Якчанд сол мешавад бо директор ва менеҷери ресторани “Омар Хайям”– и назди “Гостевой Дом”– и Москва оиди зиёда аз ду сол худаш ва меҳмонҳояш дар як VIP- кабинаи он ресторан, ин ба ном ҳоҷӣ, ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор евро хуроку нушокиҳои қимати спиртиро хурдаву бо худ бурда пулҳояшро надодааст. Ҳоло сари ин масьала баъд аз гузашти якчанд сол ҷангҷолҳо зиеданд… Менеҷерони ресторан аз рӯзи аввал ҳар як оби нушидаи уро сабт карда ба дафтарча навишта будаанд. Ба мақсади “ягон рӯзи мабодои сиёҳе”. Генерал -шайтан фикр кардааст, ки ҳамаи ин меҳмондориҳову шину хезҳо бепуланд. Ба хотири намояндаи ВКД дар Русия ҳасту ояндаи наздик вазири корҳои дохилӣ мешавад, лекин аз тарафи дигари масъала бингарем, генерал -шайтан бо куҳу мазори “Чилдухтарон” ва “Ғори Туркони” қасам мехурад, ки ваъда ва шарти соҳибмулки ресторан бо генерал аз ин иборат буд, ки як VIP кабина ҷудо менамоянду ҳар вақте хост омада инҷо истироҳат мекунад бо рафиқонаш ва ҳарчи бинушаду бихурад аз ҳисоби ресторан, фақат инҷо аз ягон органҳои дахлдори Русия ё ин ки рекетирҳо набиёянду ба кори ресторан халал нарасонанд, яъне «крышаги» кунед. Аз рӯйи гапҳои генерал мувофиқи ваъда дар давоми ду сол ягон маротиба аз тарафи органҳо барои тафтиш касе наомаданд. Лекин менеҷери ресторан мегуяд, ки даҳҳо маротиба аз тамоми органҳо барои тафтиш меомаданд. Вақте ки мо ба генерал занг мезадем, ё телефонро намегирифт ё ин ки бо баҳонаи “ҳозир ман занг зада ҳал менамоям”,дар асл ягон чорае намеандешид, мо худамон пул дода корҳоро тинҷ менамудем, боз бешармона пайдо шуда хурдану нушиданро давом медод. Ва ҳатто як маротиба намепурсид аз мо,ки чихел шуд коратон ва чихел ҳалаш кардед?
Охир генерал -шайтан ба шумо “крышаи тоҷикӣ” пешниҳод карда аст, мо ҳама тоҷикем ку. Бечора дар шаҳри бегона ҳамин кадар метавониста будааст. Генерал ҳам рост мегуяд. Бояд аз рӯйи вазифааш ӯ дар ресторани меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон “Гостевой Дом” хуроки бепул хурад. Ресторани “Омар Хайям” дар территорияи ҳамин меҳмонхона мебошад. Боз дар дохили меҳмонхона утоқи корӣ ва ҷойи муомила “разбор” бо соҳибкорону сардорони гурӯҳҳои олами ҷиноятӣ (вор и авторитеты) дошта будааст, ба ӯ ҳам мехоҳанд маблағҳояшро генерал -шайтан супорад. Дар воқеь онҷо ду- се маротиба вохурии генерал -шайтан бо сардори олами ҷиноии тоҷикон Шуҳрат Яхшимуродов бо тахаллуси “Шуха”, ки соли 2014 кушта шуд, гузашта будааст. Боз Лутфулло Муҳаммадиев бо тахаллуси “Анвар” ,ки соли 2017 ба ҳукми абад барои якчанд куштор маҳкам шуд бо генерал- шайтан “чайковать” мекардааст. Даҳҳо дигар “авторитетҳо” омада дар ҳамин меҳмонхона ва ресторан вохуриҳо дошта будааст. Ногуфта намонад,ки аз руи муайян намудани тафтишот маълум гашт, ки аксарияти ҷиноятҳои махсусан вазнини ин гурӯҳҳо дар давраи кории генерал- шайтан дар Русия содир ё ин ки тарҳрезӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Точикистон ва Кумитаи амнияти Тоҷикистон ба фаъолияти Зоиров Ҷурахон бояд баҳои қонунӣ медод. Генерал- шайтан вақти хизмат дар Русия фақат ба фарзандони миллати тоҷик зарарҳои калон расонидааст, дигар намояндагони ВКД ҷумҳуриҳо бошанд, дастгирӣ ва пуштибони миллати худашон дар Русия ҳастанд. Садҳо ҷинояткоронро то вақти лозимӣ пуштибонӣ менамуд. Ва рузе, ки лозим нашуданд ҳатман ба мақомоти Русия ё ба мақомоти Тоҷикистон бо ягон роҳе “подстава” карда месупорид. Давраи кориаш дар Москва миллионҳо доллар пора ва амвол дар Русия ҷамъ намуд, ки албатта мо кам-кам онҳоро рӯйи варақ меорем. Ба гуфти Раҳмонов: “аз нуги хамир фатир”
Генерал “Гадоалӣ” намояндаи ВКД дар Русия
Чун инҷо сухан аз намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия меравад. Ҳоло Генерал шайтанро дар ин кишвар генерал Абдусаттор Фатоев иваз кардааст,ки аз ин шайтан генерал ҳеҷ камӣ надоштааст. Кличкаи генерал Абдусаттор Фатоевро тоҷирони Маскав “Гадоалӣ” мондаанд. Чандин ресторанҳои дар Маскав буда,ки номҳояшонро намегирем феълан моликони онҳо ба “Ислоҳ” шикоят намудаанд, ки дар ҷонамон задааст ва ресторанҳои моро мисли хонаи очаш кардааст. Боз худаш дарди ба хайр аст. Як қатор дузду ғоратгари дигарро бо худаш меораду талабҳои калон калон мекунад аз мо. Ҷаноби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ин масаларо бояд ҷиддӣ бубинанд. !
Ин генерал-шайтон Зоиров Ҷурахон якҷо бо Каримов Абдураҳим (Абдураҳими кулобӣ ва Фаттоҳ Сайид ва Алихон Рустамов аз Московский бо ҳам наркотик тиҷорат ҳам мекарданд. Ин генерал-шайтон дар Варзоб дачаи калон дорад. Ҳамшаҳриҳои муминободиашро ҷамъ мекарду ташкили арусбозӣ медод. Ҳамроҳ бо Юсуф Раҳмони Генпрокурор. Вақтҳое,ки Ҷурахон Зоиров муовини Кумитаи гумрук буду пораҳои калон-калон мегирифт як сехонагӣ дар Душанбе 1000 -2000 доллар нарх дошт. Он вақт ин мошенник хонаҳои зиёдеро харидагӣ аст, ки ҳоло дар бисёрии онҳо иҷоранишин дорад. Вақтҳои охир генерал шайтан аз ҳама рафиқон ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳр намуда будааст. Дар як сатили калон “қайла” ва як ду ящик водкаи тоҷикӣ гирифта бо як рафиқи ҳоҷии худ дар наздикии “ғори туркон” маскан гирифтаасту аз интернет ва телефонҳо дур шуда, асаби худро ором карда истода будааст. Албатта, мо ба ҳоҷӣ истироҳати хуб орзу менамоем, вале камтар фикри сафари қарибулвуқуъашро ба он дунё ҳам бояд кунанд!!!
Вале қаҳрамони мо Ҳошим Каримов, ки др ду матлаби қаблӣ аз корномаҳояш ва аз бизнесҳои дар ҳоли рушдаш навишта будем, чуноне мебинем дар ҳолати бад гирифтор шудааст. Хабари дигаре ҳам ки расида аст,ки хеле аз аптекаҳояш дар Тоҷикистон ҳам дар ҳоли муфлисшавианд, чун дигар мардум фаҳмидаанд, ки дорҳои вай фалшивиянд. Албатта,мо дар матолиби баъдӣ ҳам дар бораи Каримов Ҳошим ҳатман хоҳем навишт ва қазияи ӯро бо ҳама связҳояш дунболагирӣ намуда истодем.
Поёни бахши севвум, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед….