Имрӯз, шанбе, 14-уми июл 1-уми моҳи Зулқаъда ва оғози моҳҳои ҳаром аст!
Чуноне, ки қаблан навишта будам имкон аст моҳи шаввол 29 рӯз бошад, чунон ҳам шуд. Сомонаи Умулқурои давлати Саъудӣ моҳи шавволро 29 рӯз ва рӯзи шанберо 1-уми моҳи Зулқаъда эълон намудааст. Моҳи ҷадидро рӯзи ҷумъа соати 17:48 ба тавқити давлати Саъудӣ диданд. Ҳама давлатҳои араби ҳам рӯзи шанберо аввали моҳи Зулқаъда эълон намудаанд.
Дорулифтои давлати Миср ҳам рӯзи ҷумъа пас аз ғуруби офтоб рӯъяти моҳи ҷадиди Зулқаъдаро тасдиқ карданд ва рӯзи шанберо аввалин рӯзи моҳи Зулқаъда эълон намуданд.
Инчунин нуҷумшиносон эълон намудаанд, ки имрӯз дар қораи Африқо ва Амрикои ҷанубӣ ва баъзе манотиқи Амрикои шимоли ҳам бо чашми сар моҳи ҷадидро имкони дидан вуҷуд дошт.
Диққати ҷиддӣ барои рӯъяти моҳи Зулқаъда дар аксари кишварҳои олами исломӣ ба назар намерасад. Бештар дар оғоз ва охири моҳи Рамазон инчунин оғози моҳи Зулҳиҷҷа аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Чун ҳар ду моҳ Рамазон ва Зулҳиҷҷа моҳҳои ибодатанд. Моҳи Рамазон комил ва моҳи Зулҳиҷҷа, то рӯзи нуҳумаш. Яъне, мусалмонон қабл аз ду идҳое, ки дорем моҳҳои ибодатанд ва пас аз анҷоми он ид мекунем.
Моҳи Зулҳиҷҷа яке аз моҳҳои ҳаром аст. Моҳҳои ҳаром чор мебошанд: Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб. Яъне оғози се моҳҳои пай дар пайи ҳаром шурӯъ гашт. Мусалмонон дар ин моҳҳо ба сафари ҳаҷ мебаромаданду бар мегаштанд. Дар моҳи Зулқаъда, ба сафари ҳаҷ мебаромаданд ва дар Зулҳиҷҷа адои маносики ҳаҷро анҷом медоданд ва дар Муҳаррам ба хонаҳои худ бар мегаштанд. Ин се моҳ пай дар пай мебошанд ва танҳо моҳи ҷудо аз ин се моҳи ҳаром, моҳи Раҷаб аст, ки онро ба “Раҷаби фард”-ҳам мегуфтанд, аз пайи ин се моҳ намеояд, вале аз моҳҳои ҳаром аст.
Зулқаъда, барои он мегуфтанд, ки дар ин моҳ арабҳо менишастанд ва ҷангу сафар намекарданд. Зулқаъда, ёздаҳум моҳи ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Албатта, дар мавриди набард уламо ба ду қавланд. Иддаи аввал мегӯянд, ки ҳукми ҷанг накардан мансух аст ва иддаи дуввум мегӯянд, на побарҷост ва набояд дар ин моҳҳо ҷанг кард. Аммо, дар масъалаи дифоъӣ ва ҳимоят аз худ дар ҳолати ҳуҷуми аҷнабие мушкиле вуҷуд надорад.
Фазилати моҳи Зулқаъда
Моҳи Зулқаъда, яке аз моҳҳои ҳаром аст ва танҳо дар ин моҳ набояд ба корҳои хато даст зад ва анҷоми гуноҳ дар ин моҳ ҷурмаш бештар аст. Дар мавриди рӯза доштан ҳеҷ фарқияти хоссе аз дигар моҳҳои қамарӣ надорад. Метавонед мисли дигар моҳҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза гиред. Инчунин рӯзҳои миёнаи моҳ 13,14,15 онро, ки ба айёми Бийз маърӯфанд рӯза дошт. Дар ин моҳ рӯзҳои Бйиз мутобиқ меоянд ба 26, 27, 28-уми моҳи июл, пас аз 12 рӯз, панҷшанбе, ҷумъа, шанбе метавонед рӯза гиред ва ин суннатро зинда доред. Дар номаи аъмоли худ бо рӯза доштани ин се рӯз якмоҳа рӯзаро сабт ва худро 210 сол аз оташи ҷаҳаннам дур намоед. Дар мавриди фазилати моҳи Зулҳиҷҷа қабл аз оғози моҳ, фазилати он моҳи бузургро бо инояти Парвардигор хоҳем навишт.
Муҳаммадиқболи Садриддин