Манзалати илм дар Қуръон

Ислоҳ нет

Манзалати илм дар Қуръон

Илм дорӣ зи кас мадор дареғ,
Дар дили ташнагон бибор чу меғ.

Абӯрофеъ (р) назди паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) омад ва паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳоли баёни хутба буд, гуфт: Эй расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ғарибе омад аз дини ислом мепурасад ва чизе аз он намедонад. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) нигоҳ ба ӯ андохт, ва аз хутба боз истода, рӯ ба Абӯрофеъ (р) намуд ва масоили динашро ба ӯ омӯхт, то онки он мард матлабро хуб фаро гирифта, онро фаҳмид. Сипас паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба хутбааш боз гашт.

Баъд аз вафоти паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) ибни Аббос (р) ба савол намудан аз саҳоба (р) дар мавриди ақволи паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) шуруъ кард ва ҳар касе ҳадисе аз паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро медонист суроғаш мерафт. Агар он фард ҳангоми нисфирӯзӣ дар ҳоли хоб мебуд, пушти дари хонаи вай менишаст ва мунтазир мемонд, то аз хоб бархезад. Дар ин миён боди биёбон ӯро ғуборолуд менамуд. Саҳоба (р) ба хотири ибни Аббос (р) берун меомад ва ба ӯ мегӯфт: Эй писарамаки расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) чӣ чиз сабаб шуд, ки ба ин ҷо биёӣ? Думболи ман мефиристодӣ ман худам меомадам. Ва ибни Аббос (р) посух медод: Не ман сазовортарам, ки назди ту биёям, то ҳадисеро аз ту пурсам.

Илм дар ислом дорои манзалати бисёр бузург мебошад, нахустин ояти Қуръони карим, ки нозил гашт, даъват ба фаро гирифтан ва таълим буд. Худованд мефармояд: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид»
(Сураи Алақ ояти,1)

Ҳамчунин Худованди Мутаол ба ибрози навиштан, ки ҳамон қалам аст, қасам ёд намуда, мефармояд: «Нӯн. Савганд ба қалам ва ончи менависанд».
(Сураи Нун, оёти 1-2)
Суннати набавӣ низ бар ҷойгоҳи волои илму дониш арҷ мегузорад. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар вақте инсон бимирад, амалҳои ӯ қатъ мегардад, ҷуз дар се чиз: Садақае, ки ҷорӣ ва идомадор бошад ё амале, ки манфиатбахш буд ва фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо кунад.
(Имом Муслим)

Фариштагон бо болҳояшон толибилмро иҳота мекунанд. Сафвон ибни Асол (р) мегӯяд: Назди Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) омада ва ишонро дар масҷид бар гилеми рангаш қирмиз (сӯрх)такиязада буд, ба ӯ арз кардам: Омадам то илм биомӯзам, паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Марҳабо! ва хушомад толибилм, толибилмро фариштагон бо болҳояшон иҳота мекунанд».
(Имом Аҳмад ва Табаронӣ)

Илм ба ду навъ тақсим мешавад, фарзи айн ва фарзи кифоя. Масоиле аст, ки дуруст нест, як мусалмон аз он бехабар бошад ва воҷиб аст, ки ҳар мусалмоне ин масъаларо дар бораи Парвардигор, дин ва паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) бидонанд. Ҳамчунин бар ҳар мусалмоне фарзи кифоӣ аст, ки ба тахсис дар донишҳои монанди кишоварзӣ, пизишкӣ ва … аз дигар шохаҳои зиндагӣ даст ёбад.

Дониш тариқи инсони мусалмон ба суӣ маърифат шоистаи Худованд аст. Дар натиҷа донишмандон беш аз ҳар каси дигаре хашият ва тарс аз Худованди Мутаолро доранд. Худованд мефармояд: «…Аз бандагони Худо танҳо донишмандон аз ӯ метарсанд…»
(Сураи Фотир, ояти 28)

Ҷустуҷӯи илму дониш дорои одобе аст, ки ҳар толибилм лозим аст, ки бад-он побанд бошад, аз ҷумла:
Ихлос. Ҷӯяндаи дониш бояд нияти хешро барои Худованд пок ва холис гардонад, инсон набояд ба қасди худнамоӣ ва нуфуз ё муҷодила бо аблаҳон ба думболи касби илм равад. Паёмбар (с) фарудааст: «Ҳамоно савоби аъмол ба ният вобастагӣ дорад ва ҳар касе натиҷаи нияти худро дармеёбад».
( Имом Бахорӣ ва Муслим)

Паёмбар (с) фармудааст: «Ва мардест, ки илм омӯхта, таълимаш дод ва Қуръон хонда, ӯ оварда мешавад ва неъматҳояшро ба ӯ мешиносонад ва ҳам мешиносад ва мефармояд: дар баробари ин чӣ кардаӣ? Мегӯяд: илм омӯхтам ва онро таълим додам ва барои ризояти Ту Қуръонро хондам. Худованд мефармояд: дурӯғ гуфтӣ, лекин илм омӯхтӣ, то гуфта шавад, ки олимӣ ва Қуръон хондӣ, то гуфта шавад қорӣ ҳастӣ, ва гуфта шуд. Сипас дар мавриди вай дастур дода мешавад ӯро барӯяш … шуда ва ба дӯзах андохта мешавад».
(Ривояти имом Муслим)

Фаро гирифтани илми муфид.

Паёмбар (с) дар дуоҳояш мефармояд: «Парвардигоро! Ман аз илме, ки нафъ намерасонад, ва илме, ки мақбул воқеъ намешавад, ва дуое, ки қабул намегардад ба ту паноҳ меҷӯям».
Вақти пойбанд ба фаро гирифтани илм. Салафи солеҳ барои дониш вақт гузошта, худро барои он вақф менамуданд, толибилм пайваста ба думболи касби илм аст, чун дониш бисёр ва умр кӯтоҳ аст. Чуноне, ки мегӯянд, зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.

Пок сохтани даруни хеш аз ахлоқи нописандида.

Илми нофеъ ва судманд нуре аст аз ҷониби Худованд, ки онро дар қалби бандагони хеш меафканад на дар қалбҳои бадсириштон ва зишткардагон. Бинобарин бар инсони мусалмони толибилм дониш воҷиб аст, ки аз ҳасодат, риёкорӣ, худбинӣ ва дигар ахлоқи нописанд дур бошад.
Таҳсили илм дар хурдсолӣ. Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудааст: «Ҳар кӯдаке дар талаби илм ва ибодат рушд карда, бузург шавад, Худованд ӯро савоби ҳафтоду ду соларо медиҳад».
(Ривояти Табаронӣ)

Омӯхтани илм дар синни хурдсолӣ ҳамчун нақше аст, ки бар рӯи санг навишта мешавад. Шахси илмомӯз набояд хиҷолат кашад, чуноне, ки нақл шудааст: Қабиса ибни Мухориқ (р) назди паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам с) омад, паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) аз ӯ пурсид: «Сабаби омаданат чист?» Гуфт: Сини ман боло рафта, устухонҳоям нарм шудаанд, омадам, то чизеро ба ман биомӯзӣ, ки Худованд бад-он маро манфиат диҳад. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Бар ҳеҷ сангу, дарахт ва кулухе нагузоштӣ, магар ончи барои ту эй Қабиса талаби омӯзиш намояндӣ. Вақте намози субҳро хондӣ се бор бигӯ, субҳоналлоҳил азим ва биҳамдиҳ. Аз газанди нобиноӣ ва хузом ва фалаҳ берун бошӣ. Ва эй Қисом бигӯ, бор Илоҳо ман аз ончӣ назди Ту аст мехоҳам, бар ман аз лутфи худ бибахшойӣ ва аз раҳмати худ бар ман ато кун ва баракатро бар ман фурӯ бифрист».

Кор ва касб монеъи таҳсили илм нест.

Бисёре аз саҳобагони киром кор мекарданд, вақте аз кор бармегаштанд бақияи рӯзашонро ба кӯшиш дар омӯзиши илм мегузарониданд ва шабҳоро барои фаро гирифтани улуми Қуръон ва ҳадис бедор мемонданд. Аз Абӯсаъид (р) ривоят аст, ки: Ба набард мепардохтам ва ду нафарро барои ҳадис ва фармоиши паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) баҷо мениҳодам. Вақте аз ҷанг боз гаштам аҳодиси расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам )-ро барои мо бозгӯ намуданд ва мо низ онҳоро бозгӯ намудем.

Сабр ва таҳаммул дар илмомӯзӣ.

Инсони мусалмон худро ба сифати сабр ва шикебоӣ ба душворӣ фарогирии илм ороста менамояд, сабр тӯшаи муъминон аст, ки ононро дар баробари тамоми ранҷҳо ва дардҳои зиндагӣ ёри мерасонад. Гуфтаанд, ки: Онки соати лаззати таҳсили илмро тоб наёварад, то қиёмат боқии умрашро дар хориву нодонӣ хоҳад монд. Ҳаргоҳ фарде хост дар илм хос тахассус пайдо кунад бояд аз миёни илмҳо волотарин ва судмандтарини он чизро, ки бештар аз бақия бо алоқа ва истеъдодаш созгор аст бипардозад.
Мутолеъа ва такрор. Маъоз ибни Ҷабал (р) мегӯяд: Дониш биомӯзед, ки фарогирии он тарси Худованд, талаби он ибодат, мутолеаи он тасбеҳ, ҷустуҷӯйи он ҷиҳод, омӯзиши он ба касоне, ки намедонад, садақа ва бахшиши он ба аҳлаш сабаби наздикӣ аст.

Замони муносиб барои илмомӯзӣ.

Инсон дар тамоми умури зиндагияш ба замони муносиб вориди амал мешавад, замони муносиб ва ҷудо намудани вақт ва асари муносиб барои касби илму огоҳӣ аҳамияти хосеро қоил аст.

Ҳаё накардан дар омӯзиши илм.

Худованди Мутаол мефармояд: «Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳамаи онон аст».
(Сураи Наҳл, ояти 43)
Модари муъминон Оиша (р) зикр намудааст: Беҳтарин занон, занони ансор ҳастанд, ки шарм ва ҳаё ононро аз омӯхтани дин боз намедорад. Дониш ганҷинаест, ки калидаш пурсидан аст.

Талош барои касби илм.Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегӯяд: Ҳадисеро, ки марде аз паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) шунида буд ба ман расонданд. Шутуре харидам барои қасди диданаш сафар кардам, як моҳ дар роҳ будам, то ба Шом расидам ва хостам Абдуллоҳ ибни Анас (р)-ро пайдо кунам. Ба дарвозабон гуфтам: Ба ӯ бигӯ Ҷобир ибни Абдуллоҳ пушти дар аст. Он гоҳ ӯ берун омад дар ҳоле, ки бошитоб ҷомаашро ба худ мепечид ва маро дар оғӯш гирифт ва ман низ ӯро дар оғӯшам гирифтам, сипас гуфтам: Ҳадисе дар мавриди қасос аз ту ба ман расид, ки аз паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам, тарсидам қабл аз онки онро аз ту пурсам ту бимирӣ ё ман бимирам. Онгоҳ Абдуллоҳ ибни Анас (р) ҳадисро барояш бозгуфт.
(Ривояти Имом Аҳмад ва Табаронӣ)

Амал ба илм.

«Худованди Мутаол касонеро, ки ба илми хеш амал намекунанд сарзаниш карда мефармояд: «Масали касоне, ки амал ба Таврот бар онон бор шуд (ва бад-он мухолиф гардиданд) он гоҳ онро ба кор написандиданд ҳамчун масали харе аст, ки китобҳоро бар пушт мекашад».
(Сураи Ҷумуъа ояти,5)

Худованд мефармояд: «Оё мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед бо инки шумо китоби Худоро мехонед ҳеҷ намеандешед».
(Сураи Бақара, ояти 44)

Мусалмонон ба яқин медонанд, ки ӯ худ масалаи чизҳое аст, ки дар зиндагӣ пеш мефиристад. Паёмбар (с) фармудааст: «Дар рӯзи қиёмат то лаҳзае гомҳои банда мехкӯб аст, ки аз умраш пурсида шавад онро дар кадом роҳ фано намуда ва аз амалаш, ки дар он чӣ карда ва аз молаш, ки аз кадом роҳ онро ба даст оварда ва ба кадом роҳ сарфаш намуда ва аз ҷисмаш, ки онро дар кадом кор пир кардааст».
(Ривояти имом Тирмизӣ)

Нигоҳ доштани одоб дар маҷлиси илм.

Шахси боодоб дар ҳузури муаллимаш мешинад ва аз ҳавопарастӣ ва ишораву ханда мепарҳезад ва мекӯшад, то зоҳири некӯе ва риоят дар маҷлис ширкат намояд. Аз суҳбат ё суоли беҷо худдорӣ карда, ҳамсабақонашро масхара ва таҳқир накунад, медонад онҳо бародарони вай дар фарогирии илм буда, бо онон бо меҳрубонӣ ва эҳтиром рафтор намояд.

Share This Article