Баъд аз тамошову хондани матолиби пур аз дарду алами мардуми тоҷик дар пойгоҳи «Ислоҳ.нет» ва «ИСЛОҲ ТВ», махсусан баъд аз онки вазъияти сокинони Конибодомро нашр кардед, мо бар ин қарор омадем, ки каме ҳам бошад аз ҳаёти рӯзторӯз бадтар гаштаи деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеби ҷамоати дехоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом қисса кунем. Мардуми ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон мисли бақия мардуми кишвар аксари фарзандони худро ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристод. Бо гузашти айём аксари ин муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд ва зиндагии худро ҳам дар онҷо ва ҳам дар инҷо ба роҳ мондаанд ва беҳбудиҳо ҳам ноил шуданд. Ҷои таърифу лоф нест, лекин дар Конибодом мардуми меҳнатӣ ва дараҷаи зиндагиаш нисбатан беҳтар мардуми ҳамин ҷамоат мебошанд.
Мо зиндагии осуда ва ором доштем, то он даме, ки дар ин ҷамоат шуъбачаи милитсия ташкил накарданд. Сокинони ин ҷамот, ки фарзандони аксарияти онҳо дар муҳоҷирати корианд, зиндагонии худро бо деҳқонӣ ва чорвопарварӣ мегузарониданд. Гап дар инҷост ки бо кӯмаки фарзандон ва наздиконашон, ки дар Русияанд мо дар кишту кори замин, харидани доруҳои маъданӣ, пору, солярка камтар мушкил доштем. Надоштем ҳам гӯем хато намекунем. Ҳамин тариқ аз замин ҳам даромад гирифта мешуд ва аз парвариши чорво ҳам. Метавонистем барои чорвоямон захираи зимистона тайёр кунем. Аммо баъди чанд вақти ташкили ин шӯъбачаи милитсия кор ранги дигар гирифт ва ҳолатҳои дуздии чорвои калони шохдор дар ҷамоати деҳот сар зад.
Рости гап, то ин дам аз ҷумла дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам зиндагии мардум бад шуда буд лекин, то ин дараҷа сатҳи зиндагӣ пасту касиф нашуда буд. Аммо ҳолатҳои дуздӣ баъди ифтитоҳи ин шӯъбачаи милитсия оғоз ёфт. Вақте ки мардум ба ин шӯъбача бо шикоят меоянд сардори ин шӯъбача бо як бепарвоӣ ва беаҳамиятона мегӯяд: “агар моли шуморо аз хона медуздиданд, ман парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекардаму кофтукови ҷиноӣ эълон мекардам, лекин моли шуморо аз саҳро дуздидаанд ман ба ин ҷавобгӯ нестам”.
Вай бо ин тарзи кор ва ҷавобҳои тамоман ғайрикасбӣ масъаларо аз сараш соқит карда ба мардум бо лафзи тунд ҷавоб медод.
Хуллас, даҳҳо моли калони шохдор-говҳои калону зотии қимматбаҳои мардумро аз саҳроҳо рабуданд, дуздиданд. Мардум ба доду вой мекард. Лекин коргарони ин шӯъбачаи милитсия тамоман беаҳамиятӣ зоҳир мекарданд. Аз баъзеҳо барои кофтукоб бензинпулӣ мепурсанд. Вале агар аз натиҷаи кофтукоб пурсон шаванд, бензин тамом шуд гуфта боз пул мегирифтанд, лек ҳеҷ муроде аз ин ҳосил нест. Мардуми ҷамоати деҳот, худашон кӣ будани ин дуздонро бо воситаи шиносҳо маълум карданд, ки дар ҳақиқат дуздон аз дигар ноҳияи ҳамсоя омада медуздидаанд. Аммо чи мегӯед, ки рӯйпӯшкунандаи ин дуздон сардори ин шӯъбачаи милитсия будааст. Сардори ин шӯъбачаи милитсия то чанд вақти пеш як нафаре бо номи Матин Турсунов буд. Ҳоло бошад сардори ин шӯъбача майёр Алишер Абудллоев аст. Вай худ узбек ва зодаи деҳаи Равоӣи Конибодом аст.
Айни замон бошад мавҷи дуюми дуздӣ оғоз ёфтааст: меваҳои хушккардаи деҳқононро аз сари хирман шабона ниқоб пӯшида дуздида истодаанд. Ҳамаи халтаҳои меваро дуздида истодаанд. Дар ҳоле, ки мардум огоҳ шуда ба сари дуздон меоянд ин нобакорон боз таҳдид ҳам мекунанд: «Агар ҳаётатон қиматтар аз зардолуи хушк бошад, наздик шавед», гуфта чанд нафар писарбчаҳоро тарс дода гирифта рафтаанд. Аммо ин танҳо як ҳодиса не, балки чандин ҳодиса бо чунин сценария шуда истодааст. Аммо коргарони ин шӯъбачаи милитсия гӯё ҳеҷ чизро надидаанд ва нашунидаанд. Мардум тамоман ба онҳо бовар надоранд ва яқин медонанд, ки пушти ҳамаи ин дуздиҳо сардори ин шӯъбачаи милитсия меистад. Ҳоли ҳозир молдуздӣ ҳам ба авҷи аъло расидааст. Аз дасти касифи онҳо беваю ятим, бемору пиронсол, хуллас ҳама ба дод омадаанд. Корҳои аз ин бад ҳам анҷом дода истодаанд. Ба занҳое, ки шавҳарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, дастдарозӣ мекунанд.
Сардори ини шуъбача чунон мегардад, ки хонаи падараш бошад. Занҳоро забонкӯтоҳ карда дар охир шантаж мекунанд. Ана мардонагии кормандони ВКД. Аз ҳама мағозаҳову аптекаҳо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ДОЛЯ мечинад. Ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе ва якшанбе дар ду деҳаи ҳамсояи ин Ҷамоат бозор баргузор мегардад ва дар ҳардуи он дуздон -киссабурҳо пайдо гаштаанд, ки мардумро ғорат мекунанд. Солҳои гузашта аз тарафи комиссариати ҳарбӣ ҷавононро “Облава” мекарданд. Ҳозир бошад даъват ба сарбозиро ҳам ба як манбаъи даромад табдил додаанд. Ҳатто намояндаи комиссариати ҳарбӣ ангушти ҳайрат газидааст. Аз байни ҷавонон мисли худ калламушҳоеро ёфтаанд, ки хабари ҳар як бошандаи деҳаро мерасонад. Хоҳ нек бошаду хоҳ бад. Боз номи ин ҷавононро дар телефони худ бо номи Буз1, Буз2 ҳифз кардааст. Дар моҷарои байни зану шавҳар, албатта инҳо ҳозиранд, аз тарафи шавҳар пулситонӣ мекунанд ва баромада мераванд. Баъди чанде меоянду аз тарафи зан пул меситонанд. Мебаранд шӯъбача тарсу ҳарос дода аз ҳардуяш пул мекананд. Дар ин ҳолатҳо бояд ин моҷароро раиси ҷамоат ё раиси маҳалла ҳал кунад лек афсӯс… Агар мақомоти назоратӣ аз болои ин шӯъбачаи милитсия тафтиш гузаронанд пас аниқ мешавад, ки ин бадбахтони ба ном ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ чигуна ҳуқуқи инсонро поймол месозанд. Ягон парванда ошкор нашудааст ва на ҳама шикоятҳо сабт шудааст.
Ин буд қатрае аз корнамоиҳои шӯъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ. Ман инҷо ному насаби ҳамаи онҳоро наовардам, шояд фикре кунанду ҷараёни кориро ба роҳи аслиаш равона созанд. Вале дар сурати бас нашудани ин ҳама қонуншиканиҳо ва мардумфиребиҳо ва ҳаромкориҳо ному насаб вазифаи ҳар як коргари ин мақомот ва бо кадом мансабдорони ҷамоат ҳамкории дуздона доранд ва ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳояшро нарезондаву начаконда менависам, зикр мекунем. Номаи навбатӣ дар бораи кормандон,ки дар кумитаи заминсозӣ фаъолияти дуздиву ғоратгарӣ доранд, навишта мешавад то лаҷоми нафси худро каме бикашанд.
Ҳаминро дар охир қайд кунам, ки солҳои пеш аз ин гуна гапу хабарҳо, говдуздиву молдуздиву меваихушкдуздӣ дар инҷо хабаре набуд. Вале ҳоло муатаассифона, худи милисаҳо ба дуздон шариканд ва роҳнамоӣ мекунанд….Ин кишвари моро ба куҷо мебурда бошанд?
Ps: Сокинони деҳоти ҷамоати Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом Пойгоҳи “Ислоҳ” дар хидмати шумост, ончи мебинед ва шуморо озор медиҳад ба мо нависед,то онҳоро расонаӣ кунем. Шахсияти шумо ошкор намегардад,навиштани ноадолатиҳои ҷой дошта дар ҷамоат бо навиштани шумо кам мегарданд.Касе ба фарёди шумо намерасад ҷуз матонат ва устувории худи шумо,телефон ба дастгиред ва ба мо нависед,ҳамин шуҷоати шумо кофист. Мо мунтазири маълумотҳои тоза аз шумо мебошем.