(бахши панҷум)
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман инҷо мехоҳам аз кори додгоҳи ноҳияи Панҷ бароятон бигуям. Шаш моҳ дар дари ин додгоҳ даводавӣ доштам. Дар ин муддат ман хеле гапу хабарҳоеро шунидам ва ҳодисаҳоеро дидам ва дидам, ки ин судяҳо ба чи корҳо машғуланд. Инҷо раиси суд Абдураҳмонзода Бахтиёр Сайдумрон ва судяҳо Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ ва Зайдуллозода Сайдаҳмат Миршариф, кор мекунанд, ки бовар кунед, фақат номашон мусалмонӣ вале кору рафторашон аз кофар бадтар ҳастанд. Як судия Сорбон буд ҳоло намедонам бошад ва ё не , рӯй рост корашро мекарду аз касе сари тарс надошт (дар мавриди Сорбон маълумот пеш аз шаш моҳ расида буд барои ин мегуем феълан кор мекунад ва ё на) . Худой нохоста агар корат ба дасти ин нафарон афтад, хунатро мисли кана мемаканд.
“Ман бо як кори ночиз давоми 8 моҳ дар дасти инҳо бозича шуда будам. Як писарро дар вақти ҳолати сахти асабоният як шапоти задам. 8 моҳ кашокашу даводав андохтанд ва дар ҳаҷми 25000 (биступанҷ ҳазор) сомониямро гирифтанд, таҳдид ба зиндонам карданд. Гуфтам ман ин миқдор пул надорам. Соҳиби шаш фарзанд ҳастам. Ҳеҷ куҷо кор намекунам. Аммо ягон гапам фоида накард. Хулоса маро 3 рӯз вақт доданд. Ин судя Зайдуллозода Сайдаҳмат Миршарифи ҳаромхур ягон гапро гуш накард. Ман маҷбур шудам ва рафтам аз банк қарз гирифтаву ба ин сагони гурусна додам.”
Ман, шоҳиди зиндаам, ки инҳо бо ҷавондухтарону духтарони ҳатто шавҳардор гапҳову пешниҳодҳои ғайриахлоқӣ медиҳанд. Махсусан, он ҷавондухтару ҷавонзанҳое, ки мехоҳанд ҷудо шаванд вақте ба дасти инҳо ғалтиданд, тамом. Ё ҳамхоба мешаванд ва ё инки соли дароз даводав мекунанд. Ман аз ҷавонзанҳову ҷавондухтарони панҷӣ хоҳиш мекунам, ки барои гирифтани хатти талоқ ба судҳои дигар ноҳияҳо муроҷиат кунанд. Ин чунин ба шавҳарҳояшон,ки дар Русия ҳастед ҳамсарҳоятонро танҳо ба назди ин судияҳо нафиристед. (ин нафар ба “Ислоҳ” номи 8 зани шавҳардорро фиристодааст,ки ба доми ин судияҳои номард дар Панҷ афтода будаанд. Феълан ному насабҳои ин занҳои фиребхурдаро нашр намекунем ба хотири хонавайрон нашуданашон.)
Номаи зиндонии собиқ аз Панҷ
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман як муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Панҷ ҳастам ва ҳоло дар Русия мебошам. Ҳамеша барномаҳои Шуморо тамошо мекунем. Мо бисёрием. Мо инҷо тоҷикҳову узбекҳои Панҷ якҷоя кор мекунем ва ҳамакаса барномаҳои Шуморо тамошо мекунем. Ман дар зиндони Кулоб, дар Сизо-1-и Душанбе ва дар маҳбаси Ёвон ва низ дар колонка-зиндони сукунатии Ғаровутӣ будам ва хеле корҳоро бо чашмонам дидам ва бо гушҳоям шунавидам. Бахудо қасам ин ҳукуматиҳо, махсусан дар болои мардуми турмешик зулми беҳад вазнин карда истодаанд, Агар гуям, ки ҳамин зиндобонҳо аз СИЗО гирифта то поселенка ҳамаи коргаронаш, поголовно ҷинояткоранд, аз тюремшико дида ҳаминҳо ҷинояткортаранд, бовар кунед, дуруғ намегуям.
“Дар ҳамаи ин зиндонҳо ман як чизро мушоҳида кардам, ки тамоми зиндонбонҳо, аз дубак гирифта то началник аз ҳисоби дачкаи хешу табори маҳбусон зиндагӣ мекунанд. Ба болои ин ҳамон маводи хурокае, ки давлат барои маҳбусон ҷудо кардааст: равған, макарон, биринҷ, консерваҳо, орд, шакар, картошкаву сабзиву пиёзу гушту тухм, ҳамаро худашон байни ҳам тақсим мекунанд. Дар тюрмаҳо хлеб мепазанд, Албатта, хлебпазҳо инҳо худи ҳамин тюремшикҳо ҳастанд. Аммо аз нисф зиёд, ҳатто 80-90% хлебҳоро зиндонбонҳо хонаашон мебаранд.”
Вақте маро боздошт карданд дар ИВС-и милисахона 15 шабонарӯз маҳкам будам. Дар ин муддат чанд занро ҳам оварданд. Занҳои ҷавонро бо фиребу ваъдаи онки ҷавоб медиҳем таҷовуз мекунанд. Аз онҷо маро ба маҳбаси Кулоб равон карданд. Онҷо панҷ моҳ будам. Бовар кунед,ки азоби сагро кашидам. Ман, ки панҷӣ будам вовчик гуфта азобам медоданд, дашном мекарданд. Ман, шоҳиди он астам, ки баъди «отбой» ҳатто дубакҳо ба камераҳои духтарҳо медаромаданд. Баъзеи онҳоро аз муҳои сарашон ба зӯрӣ кашола карда мебурданд ва таҷовузашон мекарданд. Дар ин ҳабсхона як нафар бо номи Фарҳод кор мекунад. Бисёр ҳам инсони беномус ва номард аст. Занҳоро асосан ҳамин ғам медод.
Аз хона дачка меояд чизҳои бомазза ва беҳтари онро намедиҳанд, Дар пеши чашмамон мехуранд ончи бароямон меоварданд аз хона. Аз онҷо ба зиндони Ёвон «этап» шудам. Онҷо 11 моҳ истодам. Он вақт раиси зиндонҳо Зорро буд. 800 маҳбуси инҷоро бениҳоят сахт азоб медоданд. Қасам ба худо, ман дидам, ки дар инҷо ҳатто бачаҳоро таҷовуз мекарданд.
Номаи шикоятӣ аз мушкилоти Морифи панҷ
Инҷо мехоҳам аз проблемаҳои шуъбаи маорифи Панҷ нависам, балки шикоят намоям. Хоссатан вақте ин барномаҳои “Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет”-ро дидам ва гуфтам бояд нависам аз ин мушкилоти ноҳия. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18 ҳам муаллимону ҳам талабаҳо аз дасти мудири шуъбаи маориф ба дод омадаанд. Асомиддинзода Шарофиддин, мудири шуъбаи маорифи ноҳия соҳаи маориф, мактабу боғчаҳоро монополия кардааст. Мактаби №18-ро хеле ғорат кард. Тамоми системаи гармидиҳӣ (отопления)-и ин мактабро канд:300 метр трубаҳои диаметрашон 60 буданд, канду бурду дар маркази ноҳия барои ресторан соз кард. Боз бозор ташкил кардаааст. Бо зӯрӣ, бе иҷозати падару модари хонандагон бо фарзандони онҳо либоси мактабӣ меорад, ки тамоман сифат надорад. Маҷбурӣ дар калаат бор мекунад. 300 сомониатро мегирад. Китобҳоро мефурӯшад. Масалан ман ду мактабхон дорам. Як китоб аз 30 сомонӣ боло қимат дорад. Аммо китобҳои дасти дуву дасти се мебошанд. Яъне се кас истифода кардааст. Китобҳо ними варақашон нест. Ҳамон китобе, дар мактаб медиҳанд дар бозор наваш 15 то 20 сомонӣ арзиш доранд. Агар аз бозор он китобро гирӣ дар мактаб қабул намекунанд. Ман ҳайронам, ки ин китобро як давлат баровардааст, барои чи истифода кардан намешавад?
Ман роҷеъ ба ин масъала ба директори мактаби №18 шикоят кардам. Мегуяд ин фармон аз Шарофиддин Асомиддинзода, мудири шуъбаи маориф аст. Дар як моҳ ду бор аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд. Бо баҳонаи онки комиссияҳо аз вилоят омадаанд.
“Ман ҳамчун як шаҳрванд ба ҳукумат савол дорам:- барои чӣ як камбағал як мурғ дуздад бохабар мешавед, аммо аз ин зулме, ки Шарофиддин Асомиддинзода бар сари мактабҳои Панҷ овардааст бохабар нестед? Дар мактаби №18 як муаллими ботаҷриба ва босавод намондааст. Ҳама ҷавонҳои бетаҷриба ва камсаводу бедониш мактабро хатм кардаву муаллим шудаанд. Назорат надорад мактаб. Шарофиддин Асомиддинзода дар Душанбе 2 хона, дар Панҷ 3 хона, чанд магазин ва чанд ресторан дорад. Савол инҷо аст ки ин ҳама пулро аз куҷо овард, ки ҳамаи инҳоро хариду сохт? Мошини зери пояш чанд ҳазор доллар нарх дорад. Бачаи Шарофиддин Асомиддинзода, бо мошини 20 ҳазор доллара мегардад.”
Шарофиддин 3 зан дорад. Инҳоро аз кадом ҳисоб мехуронад? Албатта, ин ҳама аз ҳисоби пулҳои мактабҳои ноҳияи Панҷ аст, ки бо роҳи зулум ҷабр аз талбаҳо гирифтааст.Аз руи маълумоте, ки ман дорам ин гушнакасали Шарофиддин 100 гектар замин ҳам дорад. Шароити мактаби 18 бисёр ҳам бад аст. Бому бомпӯши ин мактаб кайҳо фарсуда шуда деворҳояш ҳам фурурехтааст. Рӯйи таъмирро надидааст. Ҳар сол шуъбаи маориф барои таъмир пул ҷудо мекунад, ин пул куҷо меравад?Аз падару модарони талабаҳо ҳам барои таъмир пул ҷамъ мекунад. Саволи ман ба вазири маориф: Чаро аз падару модарон барои таъмри мактаб ҳар сол пул ҷамъ мекунад? Чаро ва дар кадом қонун омадааст, ки ба талабаи макотиб формаи мактабиро ба зӯрӣ фурӯшанд?. Мо, мардуми Панҷ аз ин гуна муносибати Шарофиддин Асомиддинзода, мудири маорифи ноҳия Панҷ бо мактаби №18 ба шиддат нигарон ҳастем, розӣ нестем. Боз амнияту милиса одами навиштагиро наҷӯед,ки кӣ навиштааст инро ба “Ислоҳ” ва чанд бегуноҳро зиндонӣ кунед. Агар мехоҳед ба “Ислоҳ” нанависем ин дуздону ғоратгаронро боздошт кунеду тафтиш кунед,то вазъият хуб шавад.
Шикоят аз мақомоти ноҳияи Панҷ ва вазорати кишварзӣ
Ман мебинам аз ноҳияҳо шикоятҳо ба “Ислоҳ” мефиристанд , ман ҳам тасмим гирифтам аз бахши кишоварзии ноҳияамон Панҷ ба “Ислоҳ” нависам, то ягон беҳбудие ба вазъ шавад.
Чаро бар сари деҳқонон, ки ба пахтакорӣ машғуланд ин қадар зулм мекунед? Болои пахтакорон чанд қадаре мехоҳанд мушкил оварда истодааед? Дар вақти кишти пахта соляркаро қимат мекунед ва дар вақте ки бояд пахтаро дору диҳӣ як линча доруи карбамитро чаро700 сомонӣ мефурӯшед? Вақти ҳосили пахта нархро поён мекунед ва касе пахтаашро ба шумо ба нархи арзон насупорад, рейд ташкил карда хона ба хона мегардед, то болои бом, кришаҳоро мекобед. Агар пахта ёбанд ҷарима мекунанд. Боз фармон медиҳанд, ки пахтаатро бару супор. Ин худаш чи гап аст? Пахта, пахтаи ман аст, ман андози заминро, пули обро месупорам, чи кор доред, ки ҳосиламро месупорам ё не? Барои чӣ дар вақти доруи пахта як линча доруро ба деҳқон700 сомонӣ мефурӯшед ва пахтаро бо як пули ночиз аз деҳқон маҷбур мегиред? Аз ин кори беномусони дузд ҳукумат чаро бехабар аст? То кришаҳои хонаҳои мардумро кофтукоб мекунанд? Магар ба ин ҳақу ҳуқуқ доранд?
Шикоят аз Идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ.
Кормандони шабакаи барқ хона ба хона даромада маҷбур мекунанд, ки ҳисобкунаки нав насб кунад ва агар намонӣ ҷарима 1500 сомонӣ. Ҳол онки соҳиби хона ҳисобкунаки нав гирифтагӣ. Аммо боз маҷбур мекунанд. Контролерҳое, ки пул ҷамъ мекунанд, медонанд, ки дар кадом хона мардина нест, хабар медиҳад, ки ҳамон хона равед. Се-чор кас шуда мераванд ва худашонро комиссия аз вилоят мегуянд. Қасам ба Худо худашон пломбаҳои ҳисобкунакро мебуранду ҷарима мекунанд. Боз мегуянд агар ҷаримаро дар ҷояш диҳӣ 1500 сомонӣ вале агар боло хабар ёбад 3000 сомонӣ месупорӣ, Бо ҳамин усул мардумро ғорат доранд, вақте мегӯӣ, агар ҷарима аст, пас бояд ба банк супорид, аммо мегуянд мо худамон ҳал мекунем. Ин чи давлат аст, чи хел ҳукумат аст? Ман ҳайронам ба ин қабил коргарон, ки давлат ба онҳо бовар кардааст, ҳам ба давлат хиёнат мекунанду ҳам ба халқ. Боз аламовартар он аст ки дар куҷое шикоят барӣ ин дуздон бо онҳо шарикӣ доранд.
Мутассифона аз номи давлат руирост дуздӣ карда истодаанд, ҳам давлатро ва ҳам мардумро дуздида истодаанд. Бо ин дуздон ҳам прокурор, ҳам милиса, ҳам коррупсия, ҳам амният шарик аст. Ман намедонам, ки инҳо мактаби дуздиро хондаанд ё куҷоро? Дар деҳаи мо заминҳои корам бисёр аст. Заминҳои хуб ҳам ҳастанд. Мардум ҳар кас, ҳар андоза замин дорад. Як нафар, ки Ҳақназаров Қудрат ном дорад ва пештар дар Кулоб прокурор кор мекард, бо ҷурми пора дастгир шуда аз кор барканор шуда буд. Якуним гектар замин дошт. Бо кумаки суду прокурор он заминро фурӯхт. Ҳар сотихашро 2500 долларӣ ба мардум фурӯхт. Гуфта истодааст, ки экскватор дароварда заминро вайрон мекунам, дар ҳоле, ки ин замини ферма буд ва замини дуруст ҳам ҳаст. Баъди экскватор дароварани ман баъд хона месозед. Ман як шахси оддӣ ва маълумоти олӣ надорам. Саволам ба ҳукумат ин аст ки ин дуздон чаро беҷазо мемонанд? Кӣ ба инҳо вазифа медиҳад? Инҳо мардумро куҷо мебаранд? Инҳо, ки дузданд, чаро ба онҳо бовар карда дар сари вазифа мемонанд?
“Мардум ин ҳамаро мебинад ва ба ин ҳукумат нафраташ рӯз ба рӯз бештар шуда истодааст. Пештар Эмомалӣ Раҳмон камтар обурӯй дошт , Аллоҳ шоҳид аст пас аз амалҳои рейдерии хусурбачаҳояш ва мақомоташ мардум нафраташон ба ӯ ва ин оила ончунон зиёд шуда аст,ки дар кругҳои худӣ мешинем ҳама гапро нисбати Эмомалӣ Шарипович мегӯянд. Ин гапро ба шумо амнияту милиса намегуяд мо сокинони ноҳия мегуем,то донеду огоҳ бошед!.”
Бародари Ҳақназаров Қудрат раиси Идораи ҷамоати Первомайск аст. Номаш Ҳақназаров Нусратуло. Даҳҳо гектар замини обиро «корношоям» документ карда фурӯхт, аҷабам меояд, ки вақте як камбағал аз ночорӣ дар тори куҳ хона месозад, огоҳ мешаванду меёбанду ҷазо медиҳанд, аммо коргарони баландмақом гектар- гектарро бардуруғ «корношоям» карда мефурӯшанд ҳеҷ кас хабардор намешавад. Ин кор то кай идома меёбад ва кӣ бояд пеши ин ҷиноятҳоро бигирад?
Шикоят аз кори комиссариати ҳарбии Панҷ
Чаро фарзандони коргарони давлат ба хизмат даъват намешаванд, фақат бачаҳои деҳқонон бояд хизмат кунанд. Чи фарзандони шумо мардак нестанд, ки ба хизмати Ватан -модар равон намешаванд, аз он ҷумла фарзандони кормандон комиссариати ҳарбӣ. Масалан Исоев, Муқим Шарипов, ки ду писар дорад, кайҳост, ки вақти хизмати онҳо гузашта истодааст. Чаро як бор ба онҳо повестка намеояд ва «облава» намешаванд? Чаро фарзандони Мирзой пахан ба хизмат даъват намешавад. Ин коргари комиссариати ҳарбӣ Муқим Шарипов ду сол пеш ба деҳаи ҳамсоя участкаи «Правда» облава мераванд. Як писари18- соларо се нафар корманди военкомат сур мекунанд ва он писар аз тарс худро дар канали об мепартояд, миёнаш мешиканад ва он писар чанд сол шуд, ки ними танаш кор намекунад. Ҳаёти ӯро сӯзониданд. Шикояти зиёд карданд вале бе натиҷа буд. Ҳамон Ҳақназаров Нусратулло, бо коргарони калон -калон шартнома дорад, бизнес мекунад. Бачаҳои қишлоқи Чаманистонро мефурӯшад. Онҳо шабона омада облава мекунанд ва вақте боздошт карданд Ҳақназаров Нусратулло миёндаро –посредник шуда бо маблағи калон онҳоро халос мекунад вале пулро дар кисаи худаш мезанад. Албатта, саҳми худашро мегирад. Дар ҳоле, ки худи ин нафар ҳамеша вақти даъвати аскарӣ, вақте ҳанӯз солаш барои сарбозӣ мувофиқат мекард, аз хидмат мегурехт. Хизмат накардааст.
Шикоят аз махдуми мардумфиреби золим
Дар деҳаи мо боз як махсуми зулмкор ва мардумфиреби дигар аст, ки Махсуми Абдулло ном дорад. Ин махсум мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар рӯ ба рӯйи пажаркаи Панҷ дорад. Дар деҳаи Чаманистон 28 гектар заминро аз худ кардааст. Мардумро ранги ғулом бо як пули ночиз кор мефармояд ва он қадар нафсаш калон аст ки ними заминҳои Панҷро аз они худ кардааст. 28 гектар дар Чаманистон,29 гектар дар хоҷагии Первомай, 30 гектар дар куҳ- замини чарогоҳ дорад. Як худаш ин ҳама заминро соҳибӣ кардаистодааст. Аммо аксари сокинони мо ҳастанд, ки ба замин эҳтиёҷи хело зиёд доранд вале як сотих дар ягонҷо надоранд. Магар ин ҳама аз рӯйи адолат аст? Ин чи хел ҳукумат, ки парвои мардум надорад? Заминҳои 10 сотихаи президентии мо дар назди замини 28 гектари ҳамин махсуми Абдулло аст. Мо, дар ин заминҳо дарахт шинонида будем. Бо зурӣ дарахтҳои шинонидаи моро гирифт ин баднафс. Мо дуо мекунем, ки он дарахтоне, ки шинонидем, меҳнат кардем ва ту имрӯз аз дасти мардум бо зурӣ гирифтаӣ, насибат накунад. Чи хел моли худат набударо бо ҳарбу зурӣ мегирӣ? Дарахте, ки як камбағал шинонидаву ба самар расонидааст, мегирӣ? Дар куҷои дини ислом чунин ноҳаққӣ ҷоиз аст? Худи ман яке аз онҳое ҳастам, ки махсуми Абдулло ин ҳолру рӯзи сиёҳро бар сари мо овардааст. Чаро коргарони кумитаи замини ноҳия одилона кор намекунд, бар доди халқ намерасанд. Мутаассифона шикояти мо дар ягон ҷо намегузарад, ба ҳама ҷо шикоят бурдем, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ин ҳодисаро дар барнома нашр кунед, то мардуме, ки ин махсуми баднафсро эҳтиром мекунанд, ӯро хубтар бишиносанд.
Шикояти ҷонкоҳи дигар аз зулму ғорат аз Панҷ
Дар бораи як нафар бо номи Нусрати Ғозӣ, соли таваллудаш 1988, ба шумо гуфтаниам. Ин нафар дар хондану навиштан синфи «нолавой» аст агар гӯем иштибоҳ намекунем. Аммо бо як ҳамкурси Рустам (Рустами Эмомалӣ) рафиқ будааст. Аз Чапаев мебошад. Як сол баъди хатми донишгоҳ сари вазифа омада раиси КЖКБ мешавад. Баъди ду сол раиси ҷамоати деҳоти «Нури ваҳдат». Валлоҳ, биллоҳ, таллоҳ тамоми заминҳои мардумро фурӯхт. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, 50 гектар заминро ба як Кемри 2 фурӯхт. Замини давлат, замини мардумро чунин муомила кард. Ба худои бузург қасам чарогоҳҳоро фурӯхт. Мардум ҷое надоранд, ки гову молашонро чарогоҳ баранд. Мо дар назди хонаамон дар маҳалла боғча доштем, ки он аз соли 1998 бунёд шуда буд. Ҳамонро ҳам гирифту тақсим карду фурӯхт. Мо чанд бор арзу шикоят кардем. Рӯйрост гуфт, ки агар 20.000 диҳӣ «дар номи хдт дакументш мекнм». Мо шароит, ки надоштем дигар мусафеди падарм хап кард. Дар як моҳ ду маротиба мошин иваз мекунад. Ду заправка дорад. Инҳо бо наркобизнес сахт шариканд. Як бародарашро бо кило «бор» қапиданд. Худаш ҳармарӯза бангу наша озодона мезанад. Бо раиси ДЭУ чи доду гирифте кардааст, ки аз роҳи калон то хонаи ӯ, ки қариб 2 километр аст то пеши дарвозаашро асфалт кард. Дар хотирам ҳаст, ки як 30 адад тут буд, вақти раиси ҷамоат буданаш фармон дод, ки биканед. Соҳиби тутҳо омад, ӯро прокуратура сари ниҳол 1000 сомонӣ ҷарима кард. Бечора мард пеши кӣ арзу шикоят мекунад. Дар прокуратура мегуяд, ки раиси ҷамоат фармон дод.
Мегуянд бояд иҷозат аз мо мегирифтӣ. Замин ба прокуратура чи дахл дорад?Бовар кунед Панҷ каша аст ,ҳама мегӯянд ман инҷо шоҳам ва зурам. Боз бар болои ин ҳама оилаи пешворо намегуед. Гапи инҳо бар болои ҳама мақомот амал мекунад ва ҳама хап мегарданд.
Ин одам махсуми Халил ҷияни Шукурҷон Зуҳуров аст. Ин лаънати Панҷро ба дод овардааст. Бовар мекунед, ки то ҳоло «облава» идома дорад.
Ба худо қасам писар дар синфи 11 мехонд. Аз мактаб бурданаш хизмат. Мактаб мехонд. Намедонам чи тавр ҳуҷҷатҳояшро дуруст карданд. Як манбаи рӯзии мардуми Панҷ писта буд. Онро ҳам ин лаънатиҳо гирифтанд. Вақти ҷамъоварии ҳосили писта мешавад ОМОН-ро меоранд. Аспи як нафарро, ки ингор дар хурҷинаш пистаи баҷоӣ меовардааст, парронида куштанд. Аспе, ки ба камияш 40.000 сомонӣ баҳо дошт. Мардуми моро чи милиса, чи амният ва чи прокуратура сахт ғам медиҳанд. Рӯйи рост мегуянд, ки шумо «вовчик» ҳастед. Ягон кас ягон чи сохтанӣ шавад амният ба сараш ҳозир мешавад, ки «и, сумо ай куҷо, ихели хонара бо чи суме сохтестай». Ба худо қасам ба хонаву дарам кор мегиранд.
Як бародарро ба хонааш нимашабӣ шабохун заданд.12 кас бо формаву беформа зада ба хона даромада ранги ваҳшиҳо ҷавонро дошта бурданд. Бадбахтона ҳозир бузҳо бисёранд, хабар медиҳанд. Аммо бо сароҳат мегӯям мардуми моро шумо шикаста наметавонед ва ҳатман барои ин ҳама зулму фишоратон ҷавоб мегӯед.
Поёни бахши панҷуми Панҷ, давом дорад….
Ps: Хуб диққат диҳед мақомоти интизомӣ ва амниятӣ!
Савганд ба номи Аллоҳи пок то имрӯз ҳеҷ нафар аз Панҷ онҳое бо “Ислоҳ” ҳамкори доштаро боздошт накардаед. Ҳар касеро бо туҳмат зиндонӣ намудаед ҳеҷ иртиботе бо мо надошта буданд. То имрӯз ҳама манобеъи мо дар Панҷ озоданд ва фаолияти худро идома дода истодаанд. Дақиқан барои чанд вақт чизе нашр накардем,то фикр кунед дигар манобеъе надорем мо дар Панҷ. Агарчи тавассути навор онҳое зиндон карда будед гуфтем,ки ҳеҷ иртибот бо мо надоранд ва онҳое зиндонашон намудед онро провокация унвон намудему маҳкум намуда будем. “Ислоҳ” дар радаи болотарини мақомот афроди худро дораду ҳама ончи мегузарад ба онҳо мерасаду аз зери назари онҳо мегузарад. Танҳо як нусхаи ончи мегузарад ба мо ирсол мегардад. Чаро ноогоҳона амал мекунеду ашхоси бе гуноҳро зиндонӣ мекунед, мо ҳайронем.
Ба ин фактҳо диққат диҳед!
Фазлиддини Аҳлидин ро15, ҳазор сомонӣ ҷарима кардед. Ин Фазлиддин он нафареки аксҳои насосро сурат ва камера карда буд ва “Ислоҳ” он аксҳоро аз ӯ нагирифта буд. Балке ӯ дар гурӯҳе гузошта буду бароямон ирсол шуданд тавассути манобеъи худамон. Фазлиддини Аҳлиддин бо додани 15 ҳазор тавассути чанд нафаре номҳояшон дар назди мо ҳаст дода ҷонашро халос мекунад. Инчунин барояш мегуянд боз дар касе нагуед,ки шуморо бо додани пора раҳо кардем. Мо аслан Фазлиддинро намешиносем ва ин маълумот аз худи мақомот ба “Ислоҳ” расидааст ва афроде маблағро гирифта ҳам назди мо номҳояшон маҳфӯз аст.
Дуввум: Сафарматов Бегалиро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд ба манфиъати давлат не, балке ба манфиъати кисаи худ. Иллаташ барои онки бачаҳоят дар гурӯҳи деҳаи Комунизм мардумро барои чамъ шудан дар назди бинои ҳукумати ноҳия ва назди раиси ноҳия рафтан даъват карда аст.
Севвум: Раиси маҳалла Сайъали Маликовро ду рӯз боздошт мекунанд ва Мамед Мамадкуловро телефонҳояшонро мегиранд токи ба онхо, ки алока мекунад донанд ва муллои деҳаро ки Абдураҳмон ном дорад аз саҳар то бегоҳ боздошт мекунанд. Дар ҳоле “Ислоҳ” аслан ин афродро на мешиносад ва на ҳеҷ иртиботе бо онҳо дорад.
Чаҳорум: Бобоев Шодиро барои онки роҳи миёни Панҷ ва Ҷайҳунро ки сел вайрону хароб кардаро ба навор гирифта аст, барои ин кораш 10ҳазор сомонӣ аз ӯ гирифтаанд.
Панҷум : Инчунин як сокини дигари Панҷро дар ин қазияҳо дохил намуда 5 ҳазор сомонияшро гирифтаанд.
Шашум: Қорӣ Маҳмасаидро 150 ҳазор доларашро гирифтаанд иллаташ он будааст,ки додарат дар гурӯҳҳо ва наркотик машғул будааст ва инчунин ту қуръон дарс медиҳи ба наврасони ноҳия.
Акнун ин шаш намунае буданд, ки донед манобеъи “Ислоҳ” дар куҷоҳо қарор доранд ва чӣ гӯна маълумотҳоро ба мо мерасонанд. Ё шумо фикр мекунед ин афроде пул додаанду ҷонашонро аз шумо халос кардаанд ба “Ислоҳ” инро мерасонанд? Ҳаргиз чунин нест ва худатон ҳам медонед,ки онҳо аслан ин корро мисли ҳазорҳо сокини ноҳия,ки ҳар рӯзҳо ба шумо пул медиҳанду ором мешинанд ва ба касе чизе намегӯянд. Акнун бояд донед,ки мардумро бе гуноҳ бо туҳмат зиндонӣ карданатон шуморо боз ҳам шармандатару расвотар мекунад.
Ба раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер гуфтани ҳастем, ки дигар аз уҳдаи кор набаромади ва ту шарманда буди боз шармандатару расвотар шуди. Ончунон ҷиноятҳои ту мерасанд, ки мо ҳамаро ҷамъоварӣ дорему ҳатман бо барномаи ҷолибтаре тақдими мардум хоҳем кард. Пас аз чанд моҳ чор соли пурра мешавад дар ин мақом кор мекуни вале ҳама ба ту нафрин мефиристанду аз шаклу тарзи корат норозиянд. Бар мардум хело ҷабру ҷафо карди. Ту дар Панҷ ва авлодат дар Сангвор…
Ҷаноби Сулаймон Султонзода раиси оҷонсии зидди фасод аслан солҳои охир ҳеҷ корнамоиҳоятро надида истодаем. Як раиси Раҳтро бо гирифтани ришват боздошт кардед вале боз бо дахолҳое ашхоси маълум озодаш кардед. Ин нангу ор аст ба шумо ва ба он ниҳоде дар он фаолият доред. Марҳамат ба ниҳоде дар Панҷ доред фармони назорат ва таҳқиқи ин ҷиноятҳоро барояшон диҳед, то донем фаолияте доред шумо. Агар муаллимеро барои 100 сомонӣ боздошт кардани бошед беҳтар аст ниҳоди шумо комилан барои давлат ва бар зидди коррупсия ҳеҷ суде надоранд. Дар мавриди худи шумо ҷаноби Султонзода Сулаймон ва шаклу наҳваи ришвагириятон чандин маълумоти ҷолибе ҳам расидааст,ки мо онҳоро таҳқиқ дорему тақдимашон менамоем. Аммо агар воқеан бубинем кори шумо бар зидди фасоду коррупсия ҳадди ақал 30% чашмрас аст каме интизор хоҳем шуд. Шумо хуб медонед, ки мо ҳаминхел бе далелу мадрак ва аз рӯйи ҳаво сухан намегуем. Мо мунтазири амалкарди шумо ва ниҳодҳои зертобеатон мемонем!
Ҷаноби вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ! Дигар намехоҳем суханро ба дарозо кашему аз вазъияти бади ин вазорат чизе бигуем. Назоратро ба шакли бояду шояд зери назорати қатъии худ қарор диҳед! Ҳар рӯз ба унвонии мо аз ду ниҳод шикоятҳои фаровоне меоянд,ки мо хаста шудаем аз хондани он ҳама. Якум аз кумитаи замин дуввум аз вазорати маориф ва илм. Охир камтар шарм доред ва вазифаи худро ба хуби анҷом диҳед! Ё шумо ҳам мехоҳед мисли вазири пешина академик “ЧА ЧА” ҳама ҳаёти пушти пардагиятонро ошкоро бигуему шармандавор ин мақомро тарк гуед!