Пойгоҳи Ислоҳ ниёз ба кумак ва дастгирӣ дорад!

Ислоҳ нет

 

Ба иттилои ҳама хонандагони “Пойгоҳи Ислоҳ” мерасонем, ки барои тавсиъа додани фаолияти Пойгоҳи Ислоҳ ниёз ба дастгирӣ ва кумаки шумо хонандагони азиз дорем. Хуб медонед, ки феълан фаолияте, ки анҷом медиҳем, инфиродӣ аст. Барои идомаи фаолият ниёз ба дастгирии молӣ, техникӣ ва ҳамкорони соҳавӣ дорем. То имрӯз ончӣ дар имкон доштем, нисори шумо миллати азиз намудем. Аммо, аз ин ба баъд бо баъзе сабабҳо барои идомаи кору фаолияти Пойгоҳи Ислоҳ ниёзманди дастгирии шумо азизони хонанда ҳастем.

 

Ниёзҳои мубрами “Пойгоҳи Ислоҳ”

 

1. Мо ба як дастгоҳи компютере, ки имкони барномарезии графикӣ, коргардонӣ ва корҳои марбут ба омодасозии наворҳо дошта бошад, ниёзи шадид дорем. Ин компютерро метавонед худашро ва ё он қимате, ки дорад, дар ихтиёри мо қарор бидиҳед.

 

2. Ниёз ба хариди барномаҳои омодасозии навор ва графикӣ дорем, ки тавонем тавасути он наворҳо ва аксҳоро сохта тақдим намоем. Имкони ирсоли ин барномаро дошта бошед, хело хуб мешавад.

 

3. Барои ташкили як студияи кучак, эҳтиёҷ ба хариди лавозимоти он дорем, то барномаҳои худро аз тариқи он роҳандозӣ намоем ва маблағе, ки барои ташкили он ниёз дорем 1150 евро мебошад.

 

4. Барои инки барномаҳои ҷолиб: таҳлилӣ, сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, хабарӣ ва дар таҳияи мақолаҳо пойгоҳ ҳамвора дар хидмати шумо азизон қарор дошта бошад. Моҳона ниёз ба 1000 евро дорем, ки бо ин маблағ метавонем корҳое, ки ба нақша гирифтаем амалӣ намоем.Ин маоши кормандон ва онҳоеки ин барномаҳои рӯйи даст гирифтаи моро,ки ҳамватанони мо мебошанд ва вазъи хубҳам надоранд дода мешавад. Ҳар шакле, ки имкон бошад, моҳона ва ё кварталӣ ин маблағро дар ихтиёри мо қарор бидиҳед ва натиҷаашро ин шо Аллоҳ мебинед

 

5. Ниёз ба як ё ду корманд дорем, ки маҳорати тарҷумаи забони арабӣ ва англисӣ ва таҳлили вазъро дошта бошанд. Ҳаводисе, ки бо ин ду забон нашр мегарданд, тарҷума ва дар ихтиёри Пойгоҳи Ислоҳ қарор бидиҳанд, то хонандагони тоҷикро тавонем аз онҳо огоҳ намоем.Ҳатто онҳоеки ин ду забонро намедонанд ва маҳорати таҳлилҳои судмандро доранду забони тоҷикиро медонанд, метавонанд бо мо ҳамкорӣ намоянд. Танҳо таҳлилҳо барои мо муҳим аст, на худи хабарҳои хушк ва бе таҳлил.

Мо алҳамдулиллоҳ ҳамватанони зиёде дар хориҷ аз кишвар дорем, ки вазъияти модии онҳо хуб аст ва имкони кумакро доранд. Ин садақаи ҷория аст ва бе аҷру савоб набуда, талоши мо барои расонидани воқеияти ҳол ба миллат аст. Агар наметавонед шумо ҳақиқатро баён намоед ва дар гуфтани ҳақиқат бо ҳар шакле дар ҳаросед, пас моро такмил намоед, то мо ҳақиқатро ба миллат расонем. Дасти ёрии шумо ҳатман сабаб мегардад, ки то миллат аз ин ҳолати вахим наҷот ёбад. Мубориза на фақат бо навиштан ва гуфтан аст, балки кумаки молӣ низ яке аз пурарҷтарин мубориза мебошад.

 

Огоҳӣ!

Онҳое, ки мехоҳанд кумак намоянд, агар тарҳе дар ин роҳ барои рангин намудани барномаҳои мо дошта бошанд, метавонанд машварат бидиҳанд. Инчунин машваратҳои судмандро ҳар шаҳрванди кишвар метавонад барои беҳбудии кор бароямон бидиҳад.

Аммо… мо ҳар касе, ки мехоҳад барои маблағи додааш ба мо дикта кунад, ки инро анҷом диҳед инро не,қабул надорем! Агар мо чунин тарҳҳоро мепазируфтем, садҳо хоҷа ва кумаккунандаҳо буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд, вале аз касе чизе напазируфтему ба хости касе амал ҳам накардаем.

 

Инро дониста бошед!

Ноадолатиеро дар ҳар соҳае, шахси таъсиррасоне, бозӯманде, золиме дидем, бе даранг ва таваққуфе, озодона барои ислоҳаш даст ба кор мешавем. Аҷри шумо назди Аллоҳ аст ва ҳар коре ба хотири Аллоҳ анҷом диҳед подошашро ҳатман хоҳед дид.

 

Пойгоҳи Ислоҳ барои ислоҳи ҷомеа таъсис шудааст

 

Пойгоҳи Ислоҳ барои ислоҳи ҷомеаи кишвар таъсис гаштааст. То он ҷое тавони истиқомат ва решакан кардани ин нобасомониҳоро дар тавон дорад ин шо Аллоҳ истодагарӣ мекунад.
Пойгоҳи Ислоҳ мунтазири дастгириҳои шумо азизон ҳаст ва дар хидмати шумо хоҳад буд. Аллоҳ шоҳид аст бар ончӣ мегуем ва бар он тасмиме, ки гирифтаем, то охирин нафасҳо содиқ хоҳем монд.

Феълан ҳисобе надорем ва бо мо тавассути эмайл ва фейсбук тамос гиред!

Мудири Пойгоҳи Ислоҳ
Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

Share This Article