Раҳмонов бо 90,92% ба мардум чӣ паёме доданист?

Ислоҳ нет

Эъломи расмии Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамон омори муқаддамотиро таъйид кард: 90,92%.Яъне 91. Ин арқом амдан интихоб ва эълон шуд ва кадом ишораву паёме дар худ дорад?Шак надошта бошем, ки рақами мазкур тасодуфӣ бошад. % ва натиҷаҳои интихобот чанд вақти қабл бо дастони худи Раҳмонов навишта шудааст. Шояд дар боқии ҷузъиёти маъракаи интихобот, манзур сенария ва барномаи ин корзор, мусаннифон фикру дидгоҳҳои худро ҷой бидиҳанд вале мутминан сифру омор ва фоизи барои Раҳмоновро худи Раҳмонов мушаххас ва муқаррар кардааст. Инки бо ин рақамҳое ифода кунандаи даҳаи 90 ва адади дуввумаш соли  1992-ро дар назар дошта бошадро танҳо метавон ҳадс зад. Вале то ба ин мизони боло ва омори фантастикӣ ва боварнакарданӣ эълом кардан, ин дурусту дақиқ шаҳодати он аст ки Диктотур дар марҳалаи иртиқо ва аълои бехудӣ ва васвос расидааст ва ана мана нагуфта алқобу рутбаҳое амсоли Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам арзу тӯл, такаббур ва ғурури ӯро дар худ гунҷоиш дода наметавонад. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ӯ даъвои беш аз инҳоро (Ана Раббукумул аълоро наузубиллоҳ) бикунад. Ҳамчуноне, Фиръавн кард ва ғарқи Нил гашт. Аммо Раҳмонов бошад анқариб аст ғарқи Омӯ ва ё Сирдарё хоҳад гашт.

Вале боз ҳам баргардем ба сифрҳои 90,92%. 91.

Дар ин солҳо,ки нерӯҳои милливу мардумӣ ва рӯшанфикр талаби истиқлолу озодӣ аз Кремлинро мекарданд, ва барои хеле аз дигаргуниҳо комёб ҳам шуда буданд, барои мисол ҳамин ворид карани вожаи “форсӣ” дар канори тоҷикӣ ва ба он додани мақоми давлатӣ ва ҳамин тавр эъломи Истиқлоли давлатӣ, Раҳмонов ва Фронти халқие, ки ӯро савори танку тӯпи бегонаҳо сари қудрат овард, зидди ин ҳама дархосту талабҳо буданд. Воқеияти сифрҳои 90,92% ва 91 ҳамин аст. Раҳмонов дастнишонда ва арӯсаки дасти қувваҳое буд, ки намехостанд Тоҷикистон аз зери султаи Кремлин берун шавад. Солҳои 91–92 ин Раҳмонов буд, ки ба ҳайси қумандони тарафи тарафдори Русия ва Ӯзбакистон вориди Душанбе шуд ва садҳо ҳазор аз тоҷикро бо воситаи тиру тӯпи хориҷӣ водор кард, ки ба Афғонистон ва ақсо нукоти олам паноҳ бибарад, овораву гуреза шавад. Соли 92 вақте Раҳмонов савори танку тӯп дохили Душанбе шуд, тамоми муҳофизин ва мушовирини вай аз СНБ-и Узбакистон ва ГРУ-и Русия буданд. Ин Раҳмонов аст, ки бо силоҳу танку тӯпу чархболу тайёраҳои ҷангии хоҷаҳои хориҷиаш Душанбе ва Тоҷикистонро истило ва ишғол кард. Кадом нерӯи дигар, на мухолифин ва на Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ як адад силоҳ кӣ чӣ як дона тир аз кишвари хориҷӣ нагирифтааст ва савори мошинҳои ҷангии аз хориҷа ба даст овардааш вориди ҷанг нашудааст. Раҳмонов танку БМП ва БТР-ҳои артиши Русия ва чархболу тайёраҳои Узбакистонро муқобили халқи Тоҷикистон вориди хоки Тоҷикистон кард ва болои деҳаҳои Ғарм бомбҳои хӯшаии то 500 килоӣ партофт.

Сифрҳои 90,92 ва 91, ки агар Раҳмонов амдан ва қасдан %-и интихоботиаш нишон дода бошад. Танҳо бо ин ҳадаф аст ки бори дигар гӯшзад ва ёдоварӣ кунад, ки “бо хун омадаам ва бо хун хоҳам рафт” ва “ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонови солҳои навадум ҳастам”. Яъне паёми он ҳамин аст ки тарсу ваҳшат ҳамеша дар қалбу рӯҳи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дошта бошад. Аммо аз ёд набояд бурд, ки ин дар табиат ва хислати давлатҳои худкома ва диктотурӣ  ниҳуфтааст, ки ҳар қадар дар сари қудрат биистанд, ҳамон андоза аз воқеият канда мешаванд ва чашмони онҳоро чарбу зер мекунад. Раҳмонов бо ин ки барои худаш 90.92% раъй қоил шуд ба ин маъност, ки маро бо Лукашенко ва ё Сооронбей Жеенбеков қиёс ва баробар накунед. Ман Раҳмонов, ман Пешвои миллат ва Асосгузори давлатам. Касе дар ин марз ва дар ин қаламрав, ончиро ки мегӯям, инкор карда ва ё зери шубҳа гузошта наметавонад. Лукашенкоро барои он интиқод карданд, ки бар фарзе 80 неву 53% ва ба мухолифин 31% медод, аз хезишҳои мардумӣ ҷилавгиргӣ мекард. Ҳадди ақал бо сифри поинтар дар афкори умумӣ дудилагӣ ва дар ҷомеи ғарбӣ дудастаӣ роҷеъ ба электорат-пойгоҳи иҷтимоии мухолифин ба вуҷуд меовард. Яъне ҳамаро ба шакку шубҳа меандохт ва аз дигар сӯ бо дили пур мухолифинро саркӯб мекард.

 

Вале Раҳмонов барои он аз Лукашенко ҳам гузаронд, ки дар кишвар электорати норозӣ надорад, то барои онҳо як дарсадиеро қоил бишавад, зеро тамоми халқ норозӣ ва безор шудааст аз ӯ. Аз ин хотир ӯ бояд айби калони худро куллан бипӯшонад ва куллан тазоҳур кунад ва куллан дурӯғ бигӯяд. Раҳмонов ончиро ки худ хост, ҳамонро болои ин миллат ва  ин мардум бор кард. Ду нафар аз вакилони Думаи давлатӣ, ки аз ҳисоби ИДМ ҳамчун нозир омада буданд, воқеан ҳам аз чунин интихобот бӯҳтзада шуданд. Якеашгуфт “замони шӯравӣ” ба ёдам омад, дигариаш гуфт “дар умри сарам бори аввал” мебинам. Худи ҳамон арзёбиҳо паёмҳои зимнӣ доранд. Паёмҳое, ки агар тафсираш кунем ин маъно берун меояд, ки инҷо кадом интихоботе нест, мазоҳу масхарае интихобот аст. Агар Раҳмонов мутмаин буд, агар интихоботи Раҳмонов фалшивий набуд, агар Раҳмонов ин миқдор овози мардумро ба даст меовард бо афроде вориди корзор мешуд, ки миёни ҷомеа тарафдор ва пуштибон доштанд. Исми Рустам Раҳматзода ва ё Мироҷ Абдуллоевро ҳамсояаш намедонад, чи расад ба онки ӯро мардуми кишвар бишиносанду овоз диҳанд.

Раҳмон дар чи гуна интихоботе ғалаба кардааст ҷавонони кулобӣ ҷашну шодӣ мекунад? Магар ягон коре дигар мешуд? Магар Мироҷ Абудллоев шонсу имкони бартар дошт? Ин дузди пирро 1000 бор крем шакеду пудра молед, шоҳаншонҳ гӯед чизе иваз намешад. Раҳмонов 90,не ҳатто 25% ороро ба даст наоварад.Хабарҳои расида ба мо аз он ҳикоят мекунад,ки ба аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон ҳатто хабарнома барои ин маърака дода нашуд. Чун аз ҳамон сооти аввал медонистанд, ки кори интихоботро худашон ҳал мекунанд, мисли чанд интихоботи гузашта, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ пуштибонии мардумро ба даст наоварда буд. Раҳмонов рӯирост ва ошкоро паём дода истодааст: “хоҳед ҳам ҳамин, нахоҳед ҳам ҳамин. Шумо, як миллиону ду миллион будед, ҳоло 5 миллион шудаед, аммо барои ман фарқ надорад.Агар бихоҳед маро иваз кунед, интихобот роҳи ҳал нест”!

Аз ҳамин ҷост ки мухолифини дар дохил ва хориҷ роҳи тағйири ҳукуматро дар қиёми миллӣ ва инқилобҳо мебинанд ва ончики мардум низ пайваста аз тағйироту дигаргунӣ сӯҳбат мекунанд, метавон бар ин натиҷа расид, ки чунин беэҳтиромӣ ва нописандиву кибру ғурури Раҳмонов, ки халқро одам намешуморад, дигар шароити ҳамчунин шева ва усулҳои тағйири низомро наздиктар карда истодааст.

Раҳмонов тӯли 28 соли гузашта фақат барои худу аҳли хонаашу авлоду хешу табораш кард, барои мардум чизе накард? Худаш кӣ буду чи шуд ва хешу табораш кӣ буданд ва чи шуданд? Исмоили наберааш аз куҷо ба ду камбағали регарӣ хона падарка кард? Чаро набераи Оқил Оқилов ё набераи Маҳмадсаид Убайдуллоев неву маҳз набераи Раҳмонов? Тамоми ин 28 сол  Раҳмонов Тоҷикистонро ба як дуздхона табдил кард. Худаш медуздад, духтаронаш, домодҳояш, бачаҳояш, хусурбурдаву хоҳарзанҳояш дузданду дуздида истодаанд. Чаро бояд ангишти кони Назарайлоқ ва ё кони Такфон ва ё кони Зиддӣ моли Ҳасану Шамсулло бошад? Чаро бояд  шираи камолро Шамсуллои шӯи духтари Раҳмонов бизнес кунад? Чаро бояд билети самолётҳоро Таҳминаву Зарифбек фурӯшанд? Чаро бояд симкортҳоро, интернетро Рамзу Сиёвушу Заринаву Бег Сабур фурӯшанд? Чаро бояд пулу бонкҳо дар дасти Ҷамолиддин Нуралиеви шӯи духтари Раҳмонов бошад? Шумо як бор ба ҳокимияти ва ҳукумати сохтаи Раҳмонов мутаваҷҷеҳ бишавед, ки киҳоро овардааст ва бо чи шароите? Чаро Рустам ҳатмани ҳатман раиси Маҷлиси миллӣ бишавад. Нафаре, ки ин гуна идора ва мудириятро ташкил кардааст, магар дар фикру ғами миллат ва мардум аст? Дар ғами миллат ва фикри мардум мебуд ҳеҷ гоҳ аъзои оилаи худро ба мақомҳои калидӣ намеовард ва ҳокимияти халқро ҳокимияти хонаводааш намекард. Ин дузди пир ва ин Пири дуздон ҳеҷ гоҳ рафтанӣ нест ва  баракс мехоҳад Рустамро дуздиву ғорати мардум биомӯзонад ва боз ҳам дуздиву ғорати мардумро идома бидиҳанд.

Бо ин ҳама вуҷуд Раҳмонов бо ин миллат ҳеҷ гоҳ ҳисобе накард, халқу миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон як халқи ғуломтабиат, тарсу,беҷуръат, бардахӯ,нолоиқ, носазовор, ақибмонда нишон дод. Зеро кайҳост, ки Раҳмонов аз худ рафтааст, бехуд шудааст. Раҳмонов барои халқи тоҷик ҳам роҳе дигар  ба ҷуз аз тахт ба зер афкандан ва дастгиру боздошт намудан ва дар СИЗО шинонидан ва аз онҳо пули халқро бозпас гирифтан намондааст.

Магар халқи тоҷик барои ин тӯдаи авбошу раҳзану ғоратгару яғмогару кисабуру дузд 90,92% раъй дод?  Кӣ ба ин бовар мекунад? Чаро Раҳмонов тӯли 28 сол халқро фиреб дода ҳокимият ронда истодааст?

Дар солҳои 90.92 ва 91 халқи тоҷик барои истиқлолият, барои озодӣ, барои ватан барои раҳоӣ мубориза кард.

Шояд Раҳмонов бо 90,92% мардумро тарсонданист. Аммо фаромӯш кардааст, ки ин мардум дигар ҳолашон аз он солҳои 90–92 бадтар шудааст ва гурусна ба шер меҷангад. Ман бо сароҳат мегӯям, ки ҳар муҳоҷире барои як бор ба хориҷ омадааст ва он шаҳрванде ҷиноятҳои шуморо тавассути расонаҳои мустақили дар хориҷ қарор дошта дидааст, дигар шуморо комилан шинохтааст. Гумон накунед, ки бо мақомоти қудратиятон ин мардуми огоҳро метавонед ба хоку хун бикашед. Ҳар рӯз ҳазорҳо мардуми норозӣ аз дохилу хориҷи кишвар ба мо занг мезананду талаби “қиёми милли” ро мекунанд. Аллоҳ шоҳид аст дақиқан дар ин мақтаъи навишта истода қарор доштам, ки муҳоҷире занг заду хело ашк рехт, ки кай ин ҳама ба охир мерасаду мо дигар хаста шудем. Хоҳиши қотеъонаи сарнагунии ин золиму диктатор Раҳмоновро бо садои хаста аз зиндагӣ намуд. Мо миллатем ва хиёнате ба ин миллат ва ватани азизамон накардаем. Мо толиби наҷот аз ин маъзақи ногуворе ҳастем, ки ҳаққи элементарии мост. Раҳмонов дигар ту ҳаргиз ин ҳафтсол наметавони бар ин миллат ва мардум ҳокимият намоӣ. Ҷавонони ғаюри ин миллат хоб надоранд ва хобро бар худ ҳаром кардаанд, то он рӯзу соате ту сари қудрат қарор дорӣ. Интизори хотимаи баде барои худат бош, ин миллат намурда аст..

Share This Article