Саъдӣ-командир кӣ буд,оё ба Эмомалӣ Раҳмонов хеш аст?
Холмуродов Саъдӣ Қурбонович рӯзи 30.05. 1962 дар деҳаи совхози Ғалабаи райони Советский (Темурмалики имрӯза) собиқ вилояти Кӯлоб дар оилаи муаллим таввалуд шудааст. Солҳои 1970ум ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара бо аҳли оила мекӯчанд. Падараш Холмуродов Қурбон бо лақаби чулоқи Холмуродов, директори мактаби миёнаи №9 деҳаи Сангтӯда таъин шуд ва бо ин сабаб кучиданд. Саъдӣ ду нома аст. Ӯро Салом ҳам мегӯянд. Ба варзиш ва мусиқӣ завқи калон дошт. Вай фарзанди калони хона аст. Саъдӣ чанд бародар дорад, ки яке аз онҳо Бадриддин аст, ки бо лақаби «Бадики буз» шинохта мешавад. Саъдӣ 4 зан ва 12 фарзанд дорад, 5 писар ва 7духтар. Занҳояш инҳоанд: зани якумаш Сайда, дуюмаш Мастона, сеюмаш Раъно, чорумаш Солеҳа. Солҳои командирияш зани дуюмаш ба номи Мастона аз дунё гузашт. Аз ӯ як духтар дорад ба номи Ҳангома. Писаронаш Аминҷон, Мурод, Муҳаммадҷон, Абубакр, Орзу. Духтаронаш Нигора, Анора, Ҳангома, Нилуфар, Нигина, Фарзона, Марҳабо. Фарзанди калонияш ба номи Нигора духтари зани якумаш асту аз худаш нест, чунки вақте Саъдӣ бо Сайда хонадор шуд, Сайда аз шавҳари якумаш духтаре оварда буд бо номи Нигора. Саъдӣ ӯро мисли фарзанди аслияш нигоҳубин ва калон кард, ба шавҳар дод. Шавҳари Нигора Акрам ном дорад Акрам сардори муҳофизони Бадриддин Қосимов буд. Бадриддин додари генерал Сӯҳроб Қосимов аст. Саъди номи паспортии Саъдӣ аст. Вале дар хона ва дар деҳа Салом мегуфтандаш. Ӯро модараш ҳамеша ба номи Салом садо мекард Модараш Хосият Самадова мебошад, Хосияти модари Саъдӣ бо Майрами модари Эмомалӣ Раҳмонов хола духтар мебошанд. Саъдӣ баъди хатми мактаби миёна ба Институти тарияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил мешавад. Вай донишҷӯи боғайрату шуҷоъ буд.
Бо бачаҳои бақуввати он вақта, аз ҷумла Исматчаи советский, Ҷомии Данғара, Ёқуби вахшӣ, Саидшои ховалингӣ, Эмоми советский (эмом хуяк) Ғаффор седойи кулобӣ ва Суҳроб Қосимов ошноӣ дошт ва якҷо бо онҳо дар толори варзиши Селхозинститут машқ мекард. Саъдӣ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ бисёр шавқ дошт. Бо Зикрулло Ҳакимов (Зикри Оллоҳ),ки аз деҳаи Сангтӯда аст дӯстии наздик дошт. Аз авохири солҳои 80 ум бо ӯ ба тӯйҳо якҷо ба ҳайси дойрачӣ ва таблакнавоз мерафт. Барои ҳамин Саъдӣ Зикри Оллоҳро дастгирӣ мекард. Дар солхои 1985 то 1992 дар автовокзали Душанбе ба ҳайси старший контролер фаъолият мекард. Саъдӣ дар назди ГЭС- Бойғозӣ боғ ва ё истироҳатгоҳе барои худаш бунёд карда буд. Рӯзи 14.12.2018 Саъдиро дар дохили оби Бойғозӣ одамони Раҳмонов ғарқ карда ба қатл расониданд. Ва Саъдиро дар деҳаи Гулистони Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба хок супориданду он деҳаро номашро иваз карда ба номи ҳоҷӣ Саъдӣ гузоштанд, чунки кӯмаки Саъдӣ ба тамоми хонаводаи мардуми Гулистон расидааст.
Хавфи Раҳмонов аз сангтудагиҳо
Сокинони деҳаи Сантӯда, ки Саъдӣ дар онҷо ба камол расидааст, бисёр ҳам ҳақталош, боғайрату шуҷоъ ва қонундон ҳастанд. Онҳо аз ҳамон даврони шӯравӣ намехостанд, ки бо Данғара дар як ноҳия бошанд. Онҳо данғарагиҳоро нағз намедиданд ва онҳоро гушнаву нодида меҳисобиданд. Солҳо 1970-80 чанд маротиба аризаҳои дастаҷамъона ба Москва навишта буданд, ки деҳаи онҳоро бо Калининобод- САРБАНД-и имрӯза дохил намуда аз ноҳияи Данғара ҷудо намоянд. Чунки Сангтӯда аз Данғара 42километр ва аз Калининобод 18 км фосила дошт. Бори охир ҳатто дар соли 2009 чунин аризаро навишта буданд. Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша аз ин мардум метарсиду дар ҳаросу изтироб аст.
Саъдӣ дар миёни ду майдон
Саъдӣ ҳамроҳи Ғаффор-седой, Исматча ва Ёқуб байни ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ хайма зада буданд. Мақсади онҳо ин буд, ки мардуми майдонҳо бо ҳам ҷанг накунанд. Аз ҳамин сабаб баъзе боевикҳои Фронти халқӣ ва Сангак Сафаров онҳоро дар аввал вовчик ҳисобида приговорҳояшонро хонда буданд. Вақте Саъдӣ-командирро дар солҳои 1995 фармондеҳи баталёни махсуси қисми ҳарбии 3502-и ВКД- таъин карданд, қумандони оппозитсия Мирзо- ҷага тамоми минтақаи Тавилдараро то Шугнов-кони тиллои Ховалинг ба пуррагӣ ишғол карда гирифта буд. Бо хоҳишу дастури Президент Саъдӣ бо ду нафар сарбозаш ба назди Мирзо ҷага рафта бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буд. Ҳатто Мирзо-ҷага аз боғайратии Саъдӣ дар ҳайрат монда буд ва ӯро ҳамчун командири шуҷоъ эҳтиром мекардааст.
Эмомалӣ Раҳмонов-такаи бугин Саёҳат Неъматоваро чи тавр аз шавҳараш ҷудо кард?
Соли 1994 вақте Эмомалӣ Раҳмонов президент шуд ба Саъдӣ-командир супориш медиҳад, ки рафта бо одамонат диктори телевизиони давлатӣ Саёҳат Неъматоваро, ки бисёр зани зебо буд, ба назди ман биёред. Саъдӣ, ки ба президент бовар мекард, рафта ин бонӯи илму ҳунарро ба назди Раҳмонов меорад. Фикр мекунад, ки ба ин зан ягон вазифа, ё ки унвон медиҳад. Аммо президент ин диктори телевизонро мегӯяд, ки бо ман меистӣ. Саёҳат Неъматова ба президент мегӯяд, ки ман шавҳару чор фарзанд ва хонаи ҳалол дорам. Раҳмонов ба ӯ мегуяд, ки ҳозир шавҳаратро меоранд, аз шавҳарат ҷудо мешавӣ, набошад Саъдиро фармон медиҳам, ки шавҳаратро бо фарзандонат бурда мепаронанд ва мекушанд. Ҳамин тавр шавҳарашро меоранду ӯро маҷбур мекунанд ва ин хонум дар пеши президент бо шавҳараш хайрухуш мекунанду бо кӯдаконаш ҳам. Маҷбурӣ хонаи онҳоро вайрон мекунад. Он вақтҳо ҳоло занаш Азизмоҳ бо кудаконаш дар Данғара ҳамроҳи модараш буданд. Сабаби ин кор дар он будааст, ки вақтҳое ки Раҳмонов Эмомалӣ, директори совхози Ленини ноҳияи Данғара буд, ба Саёҳат Неъматова,ки дар телевизор баромад мекард, ошиқ мешавад. Ҳамон солҳо як рӯз ба Душанбе мераваду аз пулҳои дуздиаш гулу шампанский харида ба назди Саёҳат Неъматова даромада ба ӯ изҳори муҳаббат мекунад. Аммо ин бону, ки шавҳару фарзанд дошт ба Эмомалӣ Раҳмонов суханҳои дурушт мегӯяд:
“ман шавҳар ва хонаи ҳалол дорам тез аз инҷо рав такаи бугин “
Раҳмоновро аз кабинеташ пеш мекунад. Раҳмонов ин кинаро дар дилаш тӯли ин ҳама сол нигоҳ дошта дар фурсати муносиб қасди худро мегирад. Баъди хабардор шудан аз ин ҳолат Саъдӣ-командир ба назди Раҳмонов омада ба ӯ мегуяд, ки аз Худо наметарсӣ, номард хонаи он занро барои чи вайрон кардӣ, ва ӯро нафрин мекунад. Аммо президент ба Саъдӣ-командир бо дуруғу шайтонӣ мегӯяд, ки «у зан худуш бо ихтиёри худуш зани дуюми ман шид ва ҳоло дар хона бо ман зиндагӣ дорад, ман ура маҷбур накардаам». Ва бо ин гап фиреб мекунад Саъдӣ-командирро!
Ҳама онҳое он солҳо агар аҳамият дода бошанд бону Саёҳат Неъматова дар сафарҳои хориҷӣ Раҳмоновро ҳамроҳӣ мекард.Чунки Азизмои ҳамсараш бо стандартҳои ҳамсари як президент мувофиқат намекард.Раҳмонов дар сафарҳои хориҷияш ин бонуро ҳамсараш муаррифӣ мекард вале дар дохил ва дар назди Азизмои ҳамсараш як журналист ва мушовири дафтари матбуотии президент муаррифӣ менамуд. Аммо ҳама он наворҳои хориҷӣ танҳо дар архив ва ё бойгонии ТВТ ва дастгоҳи Раҳмонов,то ҳол вуҷуд доранд. Воқеан бонӯ Саёҳат Неъматова барномаҳои ҷолибе дар шабакаи ТВТ доштанд,ки бинандагони зиёде доштанд. Барномаҳои “Дугонаҳо”, “Боз як барномаи ҷавонӣ”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила” ва ғ. аз офаридаҳои ӯст. Муаллифи филмҳои телевизионии “Тоҷикони дунё”, “Ҷои шумо холист”, “Шоҳроҳи сулҳ” ва диг.
Тибқи маълумоти мо Саёҳат Неъматова фирор карда Русия меояд ва ҳоло дар Маскав ба сар мебарад. Ду духтари ӯро Иброҳим Усмонов келин кардааст. Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки баъдҳо Раҳмонов ӯро ҳам аз давру бараш ронд. Аммо боз ҳам дар ин авохир марсия сарои дорад. Ончунон ин режими ҷинояткор ҷиноятҳои пешвояшонро пинҳон мекунанд,ки Саёҳат Неъматова – рӯзноманигор ва наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Узви Конфедератсияи журналистони Россия.
Бахши журналистикаи факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм кардааст. Муҳаррир, сармуҳаррири барномаҳо барои наврасон ва ҷавонони Телевизиони Тоҷикистон (1979-1987), директори барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон (1987-1992), ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1993-1995), мушовири Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000) буд. Аз с. 2001 дар Москва истиқомат мекунад – сардори бахши муносибатҳои байналхалқии ширкати холдингии “Оптима-Проект” (Маскав)ро як аксашро нагузоштаанд. Иллати онро шумо худатон пайдо кунед?
Ёқуб Салим Раҳмоновро мекӯбад
Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар солҳои 1994- ум аз кабинеташ ба берун баромадан метарсид, ҳамеша ба Саъдӣ мегуфтааст, ки « Саъдиҷон мову худат хешу таборем к..та бгардум илтимос мара напарто, ма ҳиҷка надорум, як акаи тракторист дорум, мара нигоҳ кунен, ки мара напаронан. Ма хонаҳои шумора ай тилло мекунум» ва ҳамин хел зора мекардааст он вақтҳо. Ёқуб Салимов дар соли 1995 дар кабинеташ Президентро бо мушт чунон мезанад, ки Раҳмонов аз ин тарафи мизи корӣ ба тарафи дигар афтида қариби ним соат беҳуш мешавад. Баъди ин ҳодиса Саъдиро ҳар вақт даъват карда президент аз тарс мегуфтааст, ки «мара танҳо нагузоред, қати Суҳроб Қосимов манро муҳофизат кунед, «к…а бхрум» гуфта ҳама руза Саъдиро зора мекардааст. Дар он вақтҳо ҳамаи командирҳои кулобӣ: Қурбони Чол, Сӯҳроб Қосимов, Саъдӣ Холмуродов, Хӯҷа-командир, Ёқуб Салимов, Саидшо Шамолов ва чанд нафари дигар ҷамъ шуда мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро аз вазифаи президентӣ мегирем ва наказать мекунем. Аммо он вақт Саъдӣ ва Хуҷа Раҳмоновро дастгирӣ мекунанду мегӯянд, ки «нав як сол шудааст, ки дар ин вазифа қарор дорад, бмонедша ақалан се сол кор кунад, баъд мегирему иваз мекунем».
Эмомалӣ Раҳмонов ба мисли харгуш ларзида яке ба Саъдӣ нигоҳ мекарду яке ба Хӯҷа- командиру яке ба Суҳроб Қосимов. Хуҷа-командир мехезаду мегӯяд, ки ин одамро Файзалӣ ва бобои Сангак ба ин вазифа монда буданд, ба хотири онҳо бимонед, то ақалан як ду соли дигар кор кунад:
«всеравно и як чумоҳай, ба гапи и гусолара як меха намеканан, ҳамаи власт дар дасти худмонай чизе мегем, гапи мо мешава ва тарафи ПРЕЗИДЕНТ ҳами хел не? гуфта мепурсад».
Раҳмоновро, ки аз тарс гиря гулугираш карда будааст, калаашро меҷунбонаду ба мисли бечораяко сарашро паст карда ба тарафи командирҳо ҳатто нигоҳ карда наметавонад. Баъдан Ёқуб ва Қурбони Чол мегуянд:
«ҳозирам сари вақт аст, ҳамира тезтар гирифтан даркор аст, чунки ин аз кучаи мардӣ гузаштагӣ нест, мардак нест. Ин одам дар оянда любой номардира дар ҳақмон мекунад, мо пешакӣ шумора огоҳ кардем.»
Ғаффор- седой ва Саидшо ҳам суханони Саъдӣ ва Хуҷаро дастгирӣ мекунанд. Барои ҳамин Раҳмонов боз президент мемонад. Соли 1996 бо илтимоси президент Саъдӣ-командир ба минтақаи Тавилдара ва Ғарм барои вохурӣ бо қумандонҳои саҳроии опозитсия меравад. Баъди баргаштан дар роҳ аз тарафи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта бо осколкаҳои грантамёт захмӣ шуда дар беморхонаи Қарияи боло чанд моҳ бистарӣ шуда буд. Баъди ин ҳодиса боз як бори дигар ҳам ба ҷони Саъдӣ-командир сӯиқасд ташкил карда шуд ва вай боз ҳам захмӣ гардид. Табибе Саъдиро табобат кардааст ба Ислоҳ гуфт: «қариб 65 дарсади асколкаҳо дар бадани Саъдӣ буданд. Қанди боло ҳам дошт ва чанд табобатҳои мардумӣ ҳам мекард ва он сабукаш мекард.»
120 кг.героини Бадик
Бародари Саъдӣ-командир Бадриддин Холмуродов буд. Ӯро Бадики буз лақаб дода буданд. Солҳои 1997-98 мясомолторги Душанбе як ҳоҷӣ рохбарӣ мекард. Бадик гӯе уро крышавать мекарда бошад, ҳар моҳ 5000доллар «доля» мегирифт. Ҳамчунин автовокзали Қурғонтеппа ва Душанберо крышавать карда ҳар рӯз пулҳои калон ба даст меовард. Як рӯз ба Саъдӣ мегуяд, ки ба мо вертолёт даркор аст, то ин ки аз Душанбе ба сарбозҳои баталион хурока бубарем. Аммо дар асл мехост, ки Саъдиро фиреб дода аз наркобарони московскигӣ бо номи Алихон ва Тоҷиддин 120кг героин гирифта бо вертолёти части 3502 и Суҳроб Қосимов ба вилояти Ленинобод интиқол диҳанд ва барои адои ин хизмат 120 000 ҳазор доллар ба даст оранд. Вақте вертолёт аз части Сӯҳроб Қосимов ба ҳаво баланд мешавад ба генерал Қосимов аз КГБ-и республика занг зада мегӯянд, ки дар вертолёти аз даруни части 3502 Бадики додарат наздики 200кг героинро ба вилояти Ленинобод, яъне ба Панҷакент бурда истодааст, шумо хабар доред?
Сӯҳроб Қосимов бо рация зуд ба халабони вертолёт занг зада дастури «обратно» омаданро медиҳад. Вертолёт ба қисми ҳарбии 3502 мефарояд. Бори даруни вертолётро холӣ ва аз даруни пачкаҳои чой бандҳои героинро дарёфт карда мефаҳманд, ки ин борро Бадики додари Суҳроб неву Бадики додари Саъдӣ-командир ба таври пинҳонӣ бор карда будааст. Сӯҳроб Қосимов чанд сарбозу афсари ба Саъдӣ наздикро дар назди ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ шаллоқ медиҳад. Саъдиро ҳам чанд мушт мефарорад. Баъди ин ҳодиса байни Сӯҳроб ва Саъдӣ гапҳо мегурезад. Додари Саъдӣ гурехта дар куҷое пинҳон мешавад. Худи Саъдӣ чанд вақт додарашро барои ҷазо додан мековад. Аммо дар айни ҷӯши ғазаб намеёбад. Барои ҳамин аз ҳамон вақт бо додараш муносибати хуб надошт. Ҳамеша мегуфтааст, ки Бадик обрӯи манро резонд. Агар ман мурдам дар ҷанозаам Бадики бузро рох надиҳед мегуфтааст Саъдӣ-командир. Дертар Бадики додари Саъдӣ дар Идораи гумруки ТУРСУНЗОДА ба кор даромада буд.Вай ҳамаро ба дигар мақомот мефурӯхт. Барои ҳамин аз гумрук пеш карда буданд. Агенти давлатӣ- яьне бузи кали Фаттоҳ Сайид будааст. Ҳамчунин ба домоди президент Зоир ва додараш Нарзулло Соҳибов ҳар ҷавонмардонро сиёҳ карда зиндонӣ мекард. Айни замон бекор аст.
Саъдӣ чаро М.Убайдуллоевро зад?
Дар соли 1999 – 2000ум раиси Душанбе М.Убайдуллоев қарори сохтмони ҳавлии Саъдӣ-командирро имзо намекунаду мегӯяд, ки супориши президент аст. Бояд омада ариза ва дигар санадҳоро пешниҳод намояд. Ба Саъдӣ ин гуфтаи Убайдуллоевро мерасонанд. Саъдӣ бо чанд экипаж шахсони яроқдор омада ҳукумати Душанберо муҳосира карда худаш бо телеххояш ба кабинети Убайдуллоев даромада сразу чанд мушт ба сару рӯйи вай мезанад ва аз галстукаш кашола карда ба берун бурданӣ мешавад. Раиси шаҳр, ки худаш танҳо монда буд
«Саъдиҷон ҳаму хешот -президент мара гуфт имзо накун, ҳуҷҷатоша, то пеши ма наёя» . Саъдӣ задани ӯро бас кардаба ӯ мегӯяд, «ки к..очаҳо мо дар сопкаҳои Ғарму Тавилдара ҷономон дар хатар монда рискавать мекардем, бо шумо боша к..тезано дар кабинетои гарм қати Раҳмонови к..тет отдых мекарден. Пулои ҳаррома ҷамь карда шиштагиен. Бра Раҳмонуфта бугу, ки мерам дар даҳануш мепаронум к…нтера. Ай ёдуш бровардай, ки то динара зора мекард, «к…рта бхурум Саъдиҷон мара напартоен мегуфт. Мег…тон к…иочахо фахмидӣ?» гуфта ду -се шатаи дигар мезанад. «Мошинда бор кунедша» мегӯяд Саъдӣ, ки дар ҳамин вақт, ки як папка дар таги каш доштааст Саъдиро мегӯяд,ки «командир, ма барвақт қарори худта имзо кардагиюм, ина як бор бубинда» гуфта ҳуҷҷатҳои ҳавлиро мебарорад. Нафари бо Саъӣ даромада ҳуҷҷатҳоро мебинад ва мегӯяд, ки «кор ҳал шидай командир» ва ӯро ором мекунад. Убайдуллоевро ҷавоб медиҳанд. Саъдӣ боз ба ӯ мегуяд, ки «президентона брасон,ки миём ме…мша, к….нтеи ҳаррома».Ва инро гуфта дар мошинҳояшон нишаста мераванд. Саъдӣ-командир ҳамроҳ бо ҷондорҳо ва сарбозонаш наздики 300 нафар рост ба бинои Президент рафта ва бо онҳо дохили мешавад.
Убайдуллоев сразу ба Раҳмонов занг зада мегӯяд, ки Саъдӣ мара зад, даҳану бинима хун кард, ҳозир ба сари худат рафт, бгрез,ки мепароната. Раҳмонов филфавр ба Сӯҳроб Қосимов занг мезанад ва мегӯяд,ки тез биё « и Саъдира пеши раҳша биги, ки мара паронданӣ омадестай».Ва бо роҳи пасибинои Президент мегурезад ба тарафи хонааш. Саъдӣ ба кабинети президент зада медарояд, ки Раҳмонов Эмомалӣ дингуз зада гурехтааст. Дар долон як шахси лоғари маст, ки дар пояш ба як азоб истодааст, нафаҳмида ба сӯи Саъдӣ-командир мегӯяд: “ма тағоии президентум чи гапай камандирр?» Саъдӣ аз роҳаш мегардаду ба тарафи ин шахси хароби маст давида як мушт ба рӯи ӯ мезанаду мегуяд ки “ту тағоии президенти к..оча ҷиянта б…ом куҷо шид у ҷияни петухут?» Ва то дилаш хунук шудан Матлубхон Давлатовро таги мушту лагат қарор медиҳаду баъдан баромада меравад. Ба берун мебароянду мехоҳанд ба хонаи президент раванд, ки аз он тараф эскорти генерал Суҳроб Қосимов расида меояду ба Саъдӣ фармони истоданро медиҳад. Саъдӣ аз мошин фаромада бо Суҳроб Қосимов сӯҳбат мекунад. Сӯҳроб Қосимов ба Саъди мегӯяд, ки аз паси мо мошинатро рон:
«Меравем, президентро ба наздамон меоранд. Зиқ нашав рафтем ҳамуҷада разбор мекунем». Ҳамин тавр онҳо бо тамоми корвони чил- панҷоҳ автомошинаҳои «до зубов вооружений» ба тарафи Варзоб мераванд. Сӯҳроб якҷо бо одамҳояш Саъдиро ором мекунанд. Ва мегӯянд,ки ҳамааш айби ҳамон Мистер бинӣ аст. Сӯҳроб Қосимов Убайдуллоевро бисёр бад медид. Ё нос мегуфт ва ё мистер бинӣ. Вай ба тарафи Саъдӣ мегӯяд,ки «напарондиаш к….тезани ҳаррома, аз як шайтони ҳаром тезтар халос мешидем».
Саъдӣ дар ҷавоб ба Суҳроб мегӯяд, ки аввал ҳамин петухи Раҳмонов Эдикро паррондан даркор: « к…изан ай паси парда арусо воре истода ҳар хел фармонои к…нтегира метия, и мистер Бинӣ ин доф ростша гуфт. Набоша ма ира паронданӣ рафтагӣ будум. Гуфт, хешои худут гуфт, ки қарори Саъдира имзо накун, мон пеши ма биёя вақте ма бугум баъд имзо мекунӣ!! Раҳмонов чандин рӯзҳо аз тарси Саъдӣ-командир аз хонааш берун намебаромад. Ба воситаи чандин нафар аввал дили Саъдӣ-командирро нарм карда аз Суӯҳроб Қосимов илтимос мекунад, ки Саъдиро ба Ғарму Тавилдара равон кун, ки охир мара мепаронад». Мегӯянд Раҳмонов мехост Саъдӣ дар он манотиқ бояд кушта шавад вале ин корро натавонистанд анҷом диҳанд.
Чаро Раҳмонов Саъдӣ -командирро зиндонӣ кард?
Соли 2003 муаллиме бо номи Сайидхуҷа аз деҳаи Сангтуда ба хонаи Саъдӣ-командир меҳмон мешавад. Баъди сарфи таом якҷоя ба бозори Саховат мераванд. Саъдӣ мебинад, ки попӯшии муаллим даридагӣ, дилаш месузаду мехоҳад, ки як туфлии нав харад, аммо фурушанда Саъдиро нашинохта бо ӯ беэҳтиромӣ мекунаду мегуяд, ки «бфоратон ҳами нарх, нафората рафтан бигирен, ма ҷияни фалониюм» ва номи кадоме аз вазифадоронро мегирад. Саъдӣ дар ғазаб шуда ӯро таги мушту лагад мегирад. Аз УВД- Бахтиёр Сабзаев бо опергруппа меоянд. Онҳоро ҳам Саъдӣ мезанад. Сипас ба сад -дусад милиса омада Саъдиро ба раёсати милисаи Душанбе назди Зоро –Иззатулло Шарипов мебаранд. Дар онҷо бо Зоро ҷанг мешаваду ӯро ҳам Саъдӣ мезанад. Аз сабаби он ки бачаҳои Сӯҳроб Қосимов яьне Содиқ Алиматов- телехи худи Сӯҳроб Қосимов чанд вақт пештар дар назди УИД Зороро зада дар даруни ҷӯи партов андохт буданд, ӯ ба бачаҳои 3502 яъне Суҳроб Қосимов қасд дошт. Барои ҳамин фармон медиҳад, ки баред ба СИЗО маҳкам кунед. Саъдӣ -командирро бурда дар СИЗО маҳкам мекунанд
Баъди чилрӯз модари Саъдӣ-командир бо ҳамроҳии Бобои Назур Ҳакимов, ки ӯ низ аз деҳаи Гулистон ҳамсояи Саъдӣ -командир аст ба назди очаи президент момаи Майрам ба Данғара меоянду мегӯянд, ки бачаат бачаи духтари холаатро, яъне Саъдиро, маҳкам кардааст ва ҳоло шаш моҳ аст ки Саъдӣ дар зиндон аст. Бобои Назур ҳамхизмати Фазлиддин Раҳмонов, ки писархонди модари президент мебошад. Чунки вай либосҳои акаи президентро аз шаҳри Лвови Украина баъди дар оби кӯл ғарқ шудан бо суратҳояш оварда ба дасти момаи Майрам дода буд. (Фазлиддин Раҳмонов, ки дар Данғараи беоб калон шуда буд дар аскарӣ аз сабаби оббозиро натавонистан дар кӯл ғарқ шуда мурд).
Модари президент ба Нуриддин мегӯяд, ки ба Эмомалӣ занг зада гӯшаки телефонро ба ӯ диҳад. Нуриддин ба Эмомалӣ занг мезанаду телефонро ба модараш медиҳад.
-Эмомалӣ садо мекунад модар.
– Лабай очаҷон, ҷавоб медиҳад дар гӯшӣ.
– Ҳами як кора бугум гапи мара мегирӣ ?
-Барои чӣ намегирум? Ҳо, мегирум оча!
Очааш баъдан бо овози гиряолуд мегӯяд, ки «бачаи Хосията меган маҳкам кардаӣ, ростай? Саъдира, ҳамура меган чилрӯзаи дар турмаяй, бачаи апамай, бачаи холатай, чиба маҳкам кардиша? кудакдорай бечора. Ҳамура ҷавоб метии ??Ҳамиҷада акаи НАЗУРУТ қати очаи Саъдӣ омадагиян».
Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, ки «бугу браван хонашон Сангтуда.Пагаҳ ҷавобуш метиян». Ҳамин тавр баъди хоҳиши модари президент Саъдиро ҷавоб доданд!!!
Баъди баромадан аз СИЗО Саъдӣ шахси дигар шуд ва ба тоату ибодат шурӯъ карда ба ҳаҷ рафт. Баъди омадан аз ҳаҷ Амонулло Ҳукум (Амони калуш), ки раиси Роҳи оҳан буд Саъдиро бригадири роҳбаладҳои қатори Душанбе -Маскав таъин кард. Барои онки дар вақташ Амонулло Ҳукумовро Саъдӣ аз чанги Суҳроб Қосимов ва чанд боевики дигар борҳо халос кардагӣ аст. ба ҷойи Амонулло Ҳукум шогирдаш Комил Мирзоалиев, наркобарони московскигӣ, ки рафиқи наздики Зоир Соҳибови домоди Президент буд, (ҳозир бо Рустам часпонидагӣ) таъин шуд. Вай омаду дафъатан ҳама одамҳои Амони калушро аз кор пеш кард, аз ҷумла Саъдӣ-командирро ҳам.
Пас аз ин ҷо Саъдӣ дар ТЕЦИ назди Товус, рӯ ба рӯи Лучоб ба ҳайси муҳофиз ба кор даромад. Дар минтақаи лаби дарёи Вахши Сангтӯда ва Бойғозӣ боғу мол карда дар Баҳористон ном мавзеи лаби дарё дарахтони зиёди мевадиҳандаро шинонда буд. Аз роҳи Норак ҳар шанбе ва бозор рафта гоҳ вақтҳо танҳо кори деҳқонӣ ва заминканӣ мекард.
Чи тавр Саъдӣ коменданти Қасри миллат мешавад ва Ятимовро мекӯбад?
- 10. 2017 сол дар роҳи Ғарм ба Тоҷикобод Нуриддин Раҳмонови акаи президент дар даруни мошини Лексуси 570 бо ронандааш Зайнулло ва раиси ноҳияи Рашт мерафтанд, мурд ва ӯро бо вертолёт ба нохияи Данғара бурда дафн карданд. Баъдтар бо иштироки президент худоӣ- яьне маъракаи чилашро баргузор карданд. Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамонҷо Саъдиро мебинад. Аз Саъдӣ мепурсад, ки дар куҷо кор карда истодаӣ? Мегӯяд, ки бекор. Дар як боғи тарафи Бойғозӣ дарахт мешинонам, деҳқонӣ карда истодаам. Раҳмонов Рамазон Раҳимзодаро фарёд карда мегӯяд, ки Саъдиро сардори милисаи Данғара таъин кунад.
Аммо Саъдӣ мегӯяд, ки ман милиса намешавам. Президент мегӯяд, ин тавр бошад биё аз якуми январ командирии комендатураи Қасри миллатро қабул кун. Ба раиси КДАМ мегӯяд, ки фармонашро бароред. Аз моҳи январи соли 2018 дар вазифаи командири комендатураи Қасри миллат ба кор сар мекунад. Ҳар шахсе, ки ба Қасри миллат ворид аз назорати шахсии Саъдӣ мегузашт. Баъди чанд рӯз як ҷаласаи мақомоти қудратӣ доир мешавад. Ҳамаи вазиронро бо фармони Саъдӣ тафтиш ва кофтукоб мекунанд. Аммо вақте раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ С.С ЯТИМОВ, ки Саъдӣ тобеияти мустақими ӯро дорад меояд, сарбозҳо ӯро бозрасӣ намекунанд. Мехоҳад аз назди Саъдӣ-командир ҳам гузарад. Аммо Саъдӣ ба сарбозҳо фармон медихад, ки «любой каса танаашро кофта проверка карда баъдан иҷозати вуруд диҳед» .С. С Ятимов бо кибру ғурур ба Саъдӣ мегуяд, ки манро намешиносӣ? Ман раиси Кумитаи амният ҳастам ва ту непосредственно аввал ба ман подчинятся мекунӣ баъд ба президент. Саъдӣ ҷавоб медиҳад, ки фарқуш нестай,ки ту киӣ? Мо ҳамаро проверка мекунем, ту бо калаи шер овардаӣ? бковенша гуфта ба сарбозҳо фармон медиҳад. Дар назди қариб панҷоҳ нафар тамоми ҷояшро мекобанду наздики даҳ дақиқа «унижать» карда сипас иҷозаи дохилшавӣ медиҳанд. Ятимов ба тарафи Саъдӣ бо мордаи туршшуда мегӯяд, ки «мебинем худут то кайя кор мекунӣ» гуфта рафтанӣ мешавад. Ин гап ба Саъдӣ хеле сахт мерасад ва ба С.С Ятимов мегӯяд: « эээ мундуқи муғул як минут бест. Вақте ЯТИМОВ ба тарафи Саъдӣ мегардад ки Саъдӣ бо мушт ба рӯи Ятимов мезанаду ӯ ба замин меафтад. Ва боз чанд шатаи обдор ба шикаму ба миёнаш мезанад. Одамони онҷобуда Саъдиро меқапанд. С.С Ятимов чорғовак як бало карда ба даруни бинои Қасри миллат мегурезад ва ба президент аз болои Саъдӣ жалоб мекунаду мегӯяд, ки кадом рӯзе Саъдӣ худатро ҳам ё мезанад ё мепаронад.» Саъдӣ баъди ин ҳодиса баромада ба хонааш меравад, дигар кор намекунад.
Худи ҳамон сол тахминан моҳхи апрел ё майи соли 2018 раиси Дасгоҳи иҷроияи президент Озодаи Раҳмон ба тарафи Варзоб барои кайфу сафо мераваду дар онҷо ҳавлии Саъдӣ-командирро дар турбазаи Варзоб мебинад. Саъди бо зани дуюмаш- Солеҳа (Сашка) зиндагӣ мекунад. Озода ба Саъдӣ вохурда мегӯяд, ки ҷои хонаат ба ман маъқул шуд, ҳавлиатро ба ман бидеҳ, ман дар Душанбе як хонаи чорхонагӣ дар баландошёнаҳо медиҳам. Саъдӣ, ки сахт ҷасуру нотарс буд аз ин пешниҳод тамоман ба хашму ғазаб омада ба тарафи Озода мегӯяд, ки «тез гум шав ай иҷа бева, ки мепаронумта. Девонаен чиен шумоҳо, ки дига кучоеда чие маъқул шидтона бояд шумо бигирен, оилаи гушна, шумо кай сер мешен?» гуфта аз назди хонааш пеш мекунад. Озода Раҳмон ба тамоми макомоти прокуратураву милисаву амният супориш медиҳад, ки ягон баҳонае ёфта ҳавлии Саъдиро незаконно бароред ва аз онҷо Саъдиро бароред. Ҳавлиашро снос кунед. Дигар ҳар рӯз дар назди хонаи Саъдӣ аз КДАМ, аз прокуратура, аз кумитаи замин аз ҳукумати Варзоб умуман аз тамоми мақомот аз ВКД , апарати Президент омада хонаҳои Саъдиро чену чок карда акт мекунанд, ки гӯё ҳуҷҷатҳояш ғайриқонунианд. Саъдӣ баъди ин ҳама фишорҳо ба назди юристҳо ҳуҷҷатҳои ҳавлияшро мебарад ва ба онҳо нишон медиҳад. Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои хонаат сад фоиз қонунианд, ҳатто қонунигардонии амвол ҳам шуда аст, ҳамааш аз рӯи қонун аст. Фақат ту бояд назди президент Эмомали Раҳмон дароӣ ва фаҳмонӣ. Набошад ин аждаҳорҳо туро рӯз намедиҳанд. Ҳамин тавр Саъдӣ даҳ рӯз дар пеши Қасри миллат меистад ва як рӯзе президент ӯро мебинаду қабул мекунад.
Вақте ки дар назди президент даромада ҳодисаро накл мекунад ва мегӯяд: “ма ҳаму Саъдиюм, э мардак, фаҳмидестай, ма даркор шава, авлодта нобуд мекунум. Шумо хует кардаен, не ..йя себе! Пеши раҳи духтарота биги, уже ҷо намонд, ҳавлиёи мода дромада захват кардестиян. Аввал худта ба ҳамаи кудакота даркор шава убрать мекунум фаҳмидӣ гуфта ба президент Раҳмонов угрожать мекунад». Саъдӣ-командир Ҳатто девонагӣ карда заданӣ мешава президентро. Президент ин девонагии Саъдиро мебинад ва телефонро бо дили нохоҳам гирифта недоволно ба Озода Раҳмон занг мезанаду мегӯяд, ки ҳавлии Саъдида чақа нашавен, дига бугу ҳиҷка нарава пеши хонаи Саъдӣ, фаҳмогуфта телефонро мегузорад. Муроди телехи Раҳмон ва чанд ҷондори дигараш мабодо Саъдӣ Президентро назанад гуфта пешакӣ тайёрӣ дида будаанд. Баъдан Саъдӣ бо ғазаб ба тарафи президент рӯ оварда мегӯяд: «ай ёдат бромад ҳаму вақто зора мекардӣ мара напарто Саъдиҷон к…..рта бухурум. Мо барои ту шида садҳо одамо қати душман шидем, противи командиро бромадем, Ёқубу Чолу ҳама мардбачаҳода худмона шумру кардем, мардак набудай неке номард гуфта Саъдӣ-командир баромада меравад» Баъди ин ҷангу ҷанчоли Саъдӣ президент арака мезанаду раиси КДАМ Ятимов ва вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзодаро даъват карда нақшаи номардонаи аз байн бурдани Саъдӣ -командирро мекашанд.
Раҳмонов Саъдиро чи тавр кушт?
Раҳмонов чанд сӯйи қасд ба ҷони Саъдӣ анҷом дода буд вале аз ҳамаи онҳо ҷон ба саломат бурда буд. Адади сӯй қасдҳоро 6 то гуфтаанд. Яке аз он сӯйи қасдҳоро соли 1996 солҳое каме Раҳмонов қудратмандтар шуда буд фармон медиҳад дар мошинаш мина монанд. Минаро дақиқан дар ҷойи нишасти ӯ мемонанд. Саъдӣ пеш аз нишастан дасташро дар ҷой нишаст мемонад, ки садои минаро мефаҳмад худро ба қафо мепартояд ва порчаҳояш дар баданаш мемонанду кушта намешавад. Дақиқан инро худи Раҳмонов тарҳрезӣ карда буд, то аз ӯ халос шавад. Панҷбори дигар ҳуҷумҳо сурат мегиранд ба ҷонаш ва осори он тирҳои сӯй қасдҳо дар самти пойҳо ва баданаш вуҷуд доштанд. Аммо аз ҳамаи онҳо ҷон ба саломат бурда буд.
Охирҳои соли 2018 Саъдӣ дар боғаш танҳо кор мекард. Аз тарафи шаҳри Душанбе чор мини автобуси сиёҳшиша ва шашто Тойота Лендкрузер ва чанд Мерседесҳои рангашон сиёҳ бе номерҳои давлатӣ формаҳои дар бар униформаҳои сиёҳи бидуни кадом навиштаҷот ва дар рӯйҳо ниқоб ба боғи Саъдӣ-командир меоянду ӯро ба муҳосира мегиранд. Ин вақте будааст, ки Саъдӣ бо ароба пору мекашонидааст. Поруро дар гирди дарахтони шинонидааш, ки аз 1000 бештаранд мерехт. Ӯ дар аввал пай намебарад, ки одамони омада кистанд ва чӣ мақсад доранд? Вай меояд ва бо чанд нафри онҳо, ки мусаллаҳанд сӯҳбат мекунад.(Ин ҳолатҳоро бо дурбин як шикорчӣ назорат мекардааст ва як шаси дигар,ки барои ҳезум ба кӯҳ рафта будааст низ шоҳиди ин ҳодиса мешавад). Бинобар гуфтаи ҳаминҳо байни Саъдӣ ва он нафарон кашокаш сурат мегирад. Ниқобпӯшҳо Саъдиро гирд карда лату кӯба ва бо сангҳо ба сараш мезананд ва ба танааш мезананд. Ҷасади беҷоншудаи Саъдиро болои аробаи пору бор карда ба ҷарии дарёи Вахш сарозер равон мекунанд. Ҳатто чанд нафари онҳо ин ҳодисаро дар видео сабт кардаанд.
Нақли як шоҳиди ҳодисаи ин қатл чунин аст: Пеш аз даромадан ба минтақае Саъдӣ зиндагонӣ мекард пост буд ва ҳар шахсе меомад ҳатман аз Саъдӣ мепурсиданд ва ворид мешуданд. Агар намехост касе ворид шуда наметавонист. Аз дур дидам,ки ду нафари ношинос дар ҳавлияш буд ва мошини Саъдӣ баромада рафт ва бо ҳамин дигар касе ва чизеро надидам. Вақте мошини Саъдӣ баромад он ду дар ҳавлияш буданд ва намедонам мошинро худаш меронд ё каси дигаре. Аммо аниқ медонам ӯро номардона куштанд. Аз ин бештар чизе наметавонам бигӯям, чунки ман намехоҳам маро кушанд. Инҳо ба ҳеҷ касе раҳм надоранд, боз ба мани камбағал.
Шоҳиди ҳодисаи дигар: Саъдӣ ҳар рӯз маро нодида намерафт ба хонааш ва чанд рӯз наомад ташфиш шудам. Дар хобам дидам мегуфт дастатро те маро аз об барор. Ман рафтам дидам ҳама мекобанд вале он ҷое,ки дар хоб дидаамро касе намекобад. Як рӯз онҷо истодам касе накофт, бо ишора гуфтам инҷоро кобед якбор даромаданду ҷасадро бароварданд. Гирён шудаму гуфтам хобам дуруст баромад, ки воқеан аз ман кумак талаб карду дар хобам даромад.
Ҳамин тавр Раҳмонов Саъдӣ -командирро, ки хеши худаш буд барои як ҳавлӣ ва ҷасорати фавқулода доштанаш шуда кушт. Ҷасади ӯро баъди чанд рӯз аз дарё пайдо мекунанд. Дар ин бора расонаҳо навишта буданд. Аммо касе намедонист, ки Саъдиро худи Раҳмонов кушта ба дарё партофта аст. Дар ин таҳқиқоти Ислоҳ дар мавриди Саъдӣ командир хело маълумотҳои аҷиби дигаре ҳам ба мо расидааст.
Ps : Ин ҳама маълумот аз чанд манбаъҳои мувассақ ба Ислоҳ расида аст. Санадҳо ва маълумоти зиёди дигар дар Ислоҳ маҳфӯз аст. Барои тӯлонӣ нашудан ба ин маълумоте тақдиматон намудем иктифо намудем. Маълумотҳои дигаре,ки характерҳои қатлу куштор доштанд ба досияи сиёҳи Раҳмонов,ки дастури бе восита дар он қатлҳо дорад зам гардидаанд. Умедворем онҳоро дар силсилабарномаҳои махсӯсе тақдиматон хоҳем кард. Ислоҳ дар хидмати шумо ва барои шумо мардуми азияткашидаи ватани азизамон таъсис ва фаолият мекунад, бо Ислоҳ бошед…