Рузҳое, ки Раҳмонов ба Фархори мо омад, пеши назари мо дигарбора саҳнаҳои солҳои 1992 ба ҷилва даромаданд. Дуруст аст ки Сангаку Файзалӣ Саиду Саидшо Шамолу Қурбони Чолу Лангариеву дигар боевикҳои сарвайрон ҳамроҳаш набуданд, вале мактаб ва махсусан масҷид пур аз камондорони амниятӣ шуда буд. Раҳмонов рӯзҳои19-20 октябр омада буд. Аммо ин амниятҳо се ё чаҳор рӯз пештар омада ҳамаҷоро тафаҳҳусу таҷассусу тасаллут карданд. Чанд рӯзе истоданд, мисли сипоҳиёни Чингизу Темури ланг ғизову чойу нони онҳо бар дӯши аҳолии қишлоқ буд.
Аммо, манзури ин навиштаи мо чизи дигар аст. Тасвиру тафсири сафари Раҳмонов ба Фархорро вақт шуд, хоҳем гуфт. Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмонов СС.Ятимови махуф сахт масруф ва машғул шуда дар Туғул фақат барои ҳамин як бори сафари вай бо сарфи маблғи мардум барояш майдони нишасти чархбол сохт. Аммо чархболи Раҳмонов дар фурудгоҳи ноҳия поин шуд. Ва барои истироҳат ҳам ҷойи омодакардаи СС.Ятимовро неву боғи Мансур Умаровро интихоб кард. Боғи Умаров тамоми шароитро дорад. Як телевизори бо экрани хеле калон, катҳои кандакоришудаи сохти устоҳои уротеппагӣ, тамоми намуди меваро бархурдор буд.
Ин гап ҳам дар омади гап буд, чун чуноне гуфтем, манзури мо ҳикояти моҷарои дигар аст.
Мо ҳикояти моҷарои «робитаҳо»-генерал СС.Ятимови махуф, раиси КДАМ-и Тоҷикистон, масъули амнияти 10 миллион аҳолӣ, зодаи Фархор, деҳаи Туғул ( ҳоло Ориён) ва Саида Сатторова, раиси ташкилоти ғайридавлатии Нилобро, ки дар баробари чашмони сокинони ин деҳа иттифоқ афтодааст, хоҳем кард.
Ва, аз он хоҳем гуфт, ки СС-и махуф ва Саида Сатторова, ин беваи бизнесмен чи гуна мардуми деҳаи Туғул ва бархе аз деҳаҳои дигари Фархорро фиреб дода пулҳояшонро гирифтанд.
Албатта, хеле кунҷков шудед, ки ин пул чи пуле аст ва ҳоло ҳарисона идомаи навиштаро мутолиа мекунед.
Қиссаро аз як сар ҳикоят мекунем
Барои бархе аз воҳидҳои кишоварзии ноҳияи Фархор Саида Сатторова, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии Нилоб лоиҳа-проектеро ба марҳалаи иҷро даровард. Ин ташкилоти «ёрирасон» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони инфиродӣ техника ва доруҳои минералӣ дастрас кард. Ва, аммо чи «дастрассозие»?
Як бор барои ин кишоварзон доруи карбамид оварду тақсим кард. Мардум сумро ба суратҳисоби вай гузарониданд. Дуюмбора мардумро гуфт, ки нитроаммофос –нитрофосфат меоварем. Як халтаи ин доруи минералӣ дар бозор 500 сомонӣ арзиш дорад. Аммо Саида Сатторова 42%-и пули онро аз мардум гирифт ва ваъда супорид, ки боқии маблағ, яъне58% онро худи вай пардохт мекунад.
Нафаре, ки ин маълумотро дар ихтиёри Ислоҳ гузошт, гуфт «барои нитроаммофос ман ҳам сум дода будам. Ҳоло пулҳои доруи нитроаммофос дар дасташ аст. Як маротиба ба мардум дору оварду дод. Дуюм бор сумро гирифтанд, аммо ҳоло на аз дору хабареву на аз моторолла. Халқи ҷамоати Ориёни Фархор як қисмаш барои моторолла сум додаасту як қисмаш барои дору».
Дору, ки маълум шуд, моторолла чӣ аст?
Ба гуфтаи ин деҳқони туғулӣ Саида Сатторова ба деҳқонҳо мегуяд, ки барояшон ҷиҳати осон ва сабуктар кардани корҳои деҳқонӣ моторолла ҳам бо нархи ним баробар арзон аз бозор дастрас мекунад. Яъне моторолаҳои сечарха, ки барои кашонидани бору колои кишварзҳо ва воҳидҳои деҳқонӣ барои шароити деҳот мувофиқ аст. Нархи он дар бозор 27000 сомонӣ мебошад ва Саида Сатторова аз аҳолӣ 42%и пули онро гирифта қавл додааст, ки боқиашро ташкилоти вай пардохт мекунад. Яъне барои деҳқонони фархорӣ вай ёрӣ мерасонад. Ва, ҳамин тариқ мардум 11000 сомонӣ пул медиҳанд. Бо ин умед ва бовар, ки Саида Сатторова ба онҳо ин сечархаи барои корҳои деҳқониашон заруриро бо нархи арзон дастрас мекунад. Ин кишоварзи фиребхурдаи туғулӣ мегуяд, ки «аз аҳолӣ ин миқдор маблағро гирифтанду дигар он ташкилот хапу дам шуд. Ҳозир мардум шикоят мекунанд аммо ба додашон касе намерасад.
Он пулҳоро мардум тавассути бонк супорида, чек кардагианд, дар дасташон чек доранд. Ҳозир мегуянд, ки он чекҳо қалбакӣ аст».
Сокинон10-15 кас ҷамъ шуда ба прокурори ноҳия ариза навиштанд. Аммо Саида гуфтааст, ки ҳар кадомеат картаи бонкӣ кунед, дар картаатон сумҳоятонро обратно мефиристам. Вале рақами телефонаш хомуш, кару гунг, ҳазор бор занг задем, касе дигар намебардорад, кидат разбор надорад…
Танҳо аз як қишлоқи Туғул-зодгоҳи СС.Ятимови махуф 22 кас 11340 сомонӣ сари ҳар як моторола супоридагианд,ки маблағи рабудашуда танҳо аз Туғул 249480(дусаду чилунуҳ ҳазору чорсаду ҳаштод сомонӣ) . Аз деҳаи Аловиддин 18, аз деҳаи Арабо7 ва аз деҳаи Шафтолубоғ 20 кас дар ҳамин ҳаҷм пул ба ҳисоби ташкилоти Нилоби Саида Сатторова барои моторола гузаронидаанд,ки 510300 (панчсаду даҳ ҳазору сесад сомонӣ+249480=759780 сомонӣ,ки беш аз 71 ҳазор доллар аз ин мардуми камбағал ғорат намуд.
«Мо ин пулҳо ва пул барои нитоаммофосро моҳҳои апрел-май супорида будем. Моторола барои мо аз он ҷиҳат хуб буд, ки бо он барои мисол пахтаамонро аз сари замин меовардем, ғузапаяро аз саҳро бор карда хона меовардем,хуллас корҳои саҳроӣ ва хоҷагиҳоямонро хеле сабук мекард. Ва ин бева моро бо нархи хеле арзон ваъда карда буд. Мо аз куҷо донем, ки вай фиребгару мошшенитса будааст. Чунки вайро ба инҷо бародарон Абдумумин ва СС.Ятимов оварда буданд. Мо барои онки инҳо бо вай ҳамроҳӣ мекарданд, бовар карда будем».
Саида Сатторова кадом вақте дар Фархор ба шавҳар баромада вале баъдан бо чи сабабҳое аз шавҳар ҷудо шудааст. Ҳозир роҳбари ин ташкилот аст. Вай, ба гуфте як инсон (бева)-и «по..уист» аст ва дилхоҳ гапро дар ҳар куҷо, аз ҷумла пеши бачаҳо мегуфт. Мисол як нафар мегуяд, ки ман ин қадар дору гирифта будам, нобуд шуд. Ин духтар ӯро таскин ва тасалло дода мегуяд, ки «фалонҷота ғам набоша, ман худам ҳалаш мекунам». Гапаш фақат ҳамин:- «..оята ғам набошад, фалонҷота ғам набошад, ман худам ҳалаш мекунам. Инҷо ҳастам».
Ба гуфтаи ин деҳқони фиребхурда ин ташкилотро ба Фархор Ятимов овардааст. Барои ҳамин мардуми деҳаи Туғул-Ориён метарсанд, ки ба Душанбе раванду шикоят кунанд. Аммо шикояташон дар худи ноҳия аз тарафи мақомот пурсида намешавад.
Чунки он бева бо СС.Ятимов соз аст. Ин зан бо СС. Ятимов хешу таборӣ надорад. Вай, ба гуфтаи худаш ғармӣ аст. Соли таваллудаш 1993 аст. Хеле хушруву дилкаш аст. Аммо бо СС.Ятимов сахт часпонидагӣ.
Як руз Абдумумин Ятимов, бародари СС.Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор ва яке аз помешик-заминдорҳои калони ноҳия аз мардум мепурсад, ки чи қадар сум ҷамъ шудааст? Мегуянд, ки барои нитроаммофос 110 ҳазор ҷамъ шудааст.
Ин пули сокинони танҳо Туғул. Қишлоқҳои дигар успет накарда буданд, ки барои нитроаммофоси «арзон»-и Саида Сатторова пул диҳанд. Вагарна онҳо ҳам ҳоло ду дасти холӣ мемонданду дар сафи мо, фиребхурдаҳо қарор мегирифтанд.
Барои ҷамъубаст (собират)-и моторолаи ваъдагӣ боз 1000 сомонӣ ба таври нақдӣ роҳӣ мекунед, гуфта буд Саида Сатторова. Мардум 1000-ии дигар роҳӣ карда буданд. Хеле пули калон.
Саида Сатторова дар ҳар деҳа координатор, яъне одами худро дорад. Ин пулро мардум ба дасти онҳо ба вай роҳӣ карда буд. Офиси Саида дар Шоҳмансури Душанбе воқеъ аст. Вай бо юрист ва ёрдамчиаш ба Фархор меомаду мерафт. Ва, ба назар хеле ҳам ҷиддӣ меомад. Махсусан, ки бо худи СС.Ятимов бисёр наздик буд ва робитаҳои танготанг дошт, ки мардуми Туғул аз он ҳама воқиф ҳастанд.
СС.Ятимов вайро ба ду ҷо «мебурд». Яке фермаи худашу Абдумумин ва дигариаш хонаи Аслиддини (козёл) дар деҳаи Туғул.
СС.Ятимов мебурду кору борашро буд мекард. Даркор шавад боз ҳар куҷо ва дар ҳар хона ки хост, мебарад пешвозаш мегирад. СС.Ятимов бойфрендаш аст.
Хонаи Аслиддин дар поёни деҳа воқеъ аст, дар заминҳое, ки дар вақташ обӣ буданд. Ин заминҳоро Абдумумин Ятимов соли 2009 ба мардум фурухта буд. Онҷоро мардум навбунаҳо мегуянд. Ин заминҳоро 6 сотихӣ барои 92 хона Абдумумин Яттмов фурухт.
92 участкаи наздиҳавлигиро аз 2 то 4 000 доллар хариданд. Ба ҳар кас бо ҳар нарх фурухтааст.
Ҳоло ки суҳбат аз Туғул (Ориён), СС-и махуф ва бародараш Абдумумин (сардори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор) пеш омадааст, чанд масъалаи марбутро ҳам мешавад ба қалам овард.
Дар деҳа ду масҷид буд. Якеашро амният маҳкам кард. 7-8 сол зиёд шуд. Талабаҳои мактаб як шаб рафтанду намоз хонданд. Як вақт хабар омад, ки дар масҷиди наздики мактаб талабаҳоро бардоштанд. Кадоме маълумот додааст, ки дар онҷо ҷавонҳо синни давъат-сарбози ҳам ҳузур доранд. Меравем, ки соф талабаҳои мактабро қапидаанд. Ва муллоро низ дастгир кардаанд. Хулоса, талабҳои мактабро якҷо бо мулло «иск» бастанд, ки «меравед ба мо салдат меёбед, баъд муллоро сар медиҳем. Ва, ҳамин тавр ҳамаро дар кашокаш андохтанд».
«Ҳар вақте дар деҳа ягон маҷлис мешавад ва ё дар намозҳои ҷумъа меоянду мегуянд дар Ютуб як канал баромадааст, ба номи Ислоҳ. Ҳар ҳафта барнома дорад, ки номаш «Минбари муҳоҷир» аст. Вай дар кори худ сахт ҳушёр аст. Ҷавонҳоро ба самти худ ҷалб мекунад, фанду фиреб мекунад. Бештар ҷавонҳо ва махсусан ҷавонҳои деҳоти Фархорро. Аз ҳизби террористии наҳзати исломӣ 151 нафар аз ноҳияи мо дар кофтукованд.
Ҷавонҳоро роҳ бигиред. Махсусан талабаҳоро, ки мактабро нав хатм мекунанд. Инҳо мераванд Маскав ва ӯро тамошо мекунанд ва бо вай мечаспанд. (Ин гуна гапҳоро асосан раиси ҷамоат Одинаев Раҳмон мегуяд»)
Дар ҷамоати деҳоти Фархор як нафар ҳаст Ғоиб ном дорад, арақ мефурушад. Бародари вай Субҳон дар ҷамоат кор мекунад. Як вақт Субҳон дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ғоиби арақфуруш як ҷавонро бо мошин зад.
Субҳон мегуяд, ки мабодо Муҳаммадиқбол аз ин кор бохабар шавад. Вай номамро дар каналаш гирифт, ки гуё ман заминфурушам: «ҳаминқа сол ин қадар азият мекашам. Дар умрам ин қадар азият нашуда будам. Ҳозир аз корупсияда ай ҳамун битарсен».
Рақами151 нафар террористи фархорӣ аз забони Абдумумин Ятимов садо медиҳад. Вай мегуяд, ки ин 151 нафар бо Муҳаммадиқбол дар алоқаанд: «як гапа мешнаван, зуд бо вай дар алоқа мешаванд ва мерасонанд».
Аммо ҳозир Абдумумин аввал ба гирду атрофаш нигоҳ мекунад, баъд гапашро мезанад.
Пештар дар ҳарҷо ва ҳарвақт, ки мехост ба таънаву наҳзанӣ сар мекард. Мегуфт «холаи ту фалонӣ буд, бобои ту фалонӣ буд, момаи ту фалонӣ буд, отат ин буду момат он буд». Баъд аз онки чанд навбат дар Ислоҳ дар бораи вай ва СС-и махуф маводҳо чоп шуд, дигар нигоҳ мекунад, ки дар онҷо кӣ аст, баъд суҳбат мекунад.
Дар ҳар сурат ҳоло эҳтиёт мекунад, дар даҳанаш нигоҳ карда гап мезанад. Пеш дар любой ҷо ҳарчи мехост, ҳар гапе мехост мезад. Акнун гирду гушаашро нигоҳ мекунад:-аз бало ҳазар. «Ин гапа гуфтай нагуфтай, ки пагоҳ номат дар Ислоҳай.
Агар хоҳӣ бо вай гап занӣ мегӯяд «ай пеш биё, телфонда боварӣ нест».
Аз деҳаи Ориён то Кали марс (Карл Маркс) бояд роҳ мумфарш мешуд. Қарор буд онро як бизнесмени маҳаллӣ бо кадом пулдори араб месохт. Аммо «товуш» доданду гуё тендерро СС. Ятимов гирифт. Ва бо он маблағ роҳи тарафи фермаи худашро мумфарш кард. Аз деҳаи Ориён то фермаи худашро асфалт кард. Роҳҳои даруни фермаро, ки аз давраи Союз асфалт буд, аз сар асфалт кард. Деҳаи пушти фермаи Ятимов Туғай ном дорад. Он деҳаро ҳам то охирин хонааш асфалт кард. Худи қишлоқи Туғулро се -чор сол пеш роҳҳояшро асфалт карда буд.
Аммо ба тарафи деҳаи Маҳмадсаид Убайдуллоев Камаз ҳила (базур, бо азоб )меравад. Вале Убайдуллоев зулм накардааст.
Абдумумин 200 гектар замини обии кишти пахтаи мардумро гирифтагӣ аст. Ҳама чизи ноҳия, заминҳои мардум, саҳмияи мардумро намедиҳад. Куҷое шикоят кунанд, ҳиҷ кас ба додашон намерасад. Чанд кас рафта гуфтааст, ки «заминомона бите, гуфтаст, ки номи замина нагир, ки хафат мекнам. Бо зӯрӣ заминҳои мардумро гирифт.
Пахта, гандум, ферма, ҳамааш аз они Абдумумин. Ин чизҳое буданд, ки қаблан ҳама истифода мекарду баҳра мебурд. Моли мардум буд. Ҳоло бошад гирди ферма девор гирифтааст. Шири фермаро ҳарруз ду бор мебаранду комбинат месупоранд. Комбинати шири Фархор. Комбинат аз они Ҷамшед Ятимов бародари дигари СС.Ятимов аст.
Ҷамшед, бародари хурдии СС-и махуф касали саратон аст. Аз Лутфия-зани дуюмаш ҷудо шудааст. Гуфтанд, ки Ҷамшеде, ки як вақтҳо дар ҳаври даҳанаш гушти барзагов мепухт, ҳоло аз ҳама гапу кор мондагӣ, ҳатто нофаҳм шудааст. Яке аз бастагонаш ҳикоят кард, ки одамҳоро соз намешиносад, гапҳоро дуруст намефаҳмад.
Аммо ин ҳолати вай ба Абдулмумин ягон таъсир накардааст. Абдулмумин ҳоло хуҷаини мутлақи ин ҷамоат аст. Ҳатто амакашро гуфт, касе гапи маро нагирад ,не гуяд ме…ом.
Гап дар инҷост ки экскаваторро СС-и махуф, яъне Ятимови калонӣ роҳӣ барои тоза кардани заҳбуру ҷуборҳо баТуғул мефиристад. Дар лаби канал дарахтҳои сояфкани калон мавҷуданд, ки экскаватор бояд онро чапа мекард. Амаки Абдумумин меравад бо экскаваторчӣ салом мекунаду мегуяд ,ки дарахтҳои маро чапа накун. Абдлумуин мебинад, ки амакаш бо экскаваторчӣ суҳбта карда истодааст. Аз вай мепурсад, ки амакам чӣ гуфт? Вай гапи амакашро мегуяд. Абдулмумин ҳамон гапро, яъне «гапи мара не мегуфтагира ме…м» мегуяд ва амакаш мешунаваду орому сокит аз назди вай, ки дар иҳотаи мардум буд бо сари хам ва сахт шармандаву нороҳат дур мешавад. Амаки Абдумумин аз 80 боло аст.
Як ҷияни СС-и махуф Сунатуло Иброҳимзода (бачаи хоҳари СС.Ятимов) аст. Сунатуло муовини раиси суди ноҳияи Фархор мебошад. Ҳар ҳафта зери пояш як мошини гароқимати хориҷӣ аст. Ин мошинҳои ду нафар тоҷирони фархрӣ аст ки дар озор як мағозаи бузурги фуруши масолеҳи сохтмонӣ доранд-стройматериал. Онҳо мошинбизнес ҳам мекунанд. Мошинҳои хуб-хуби онҳоро то ба фуруш рафтан ҳамин Сунатуло як ҳафта, ду ҳафта, як моҳ саворӣ мекунад. Чунки он бизнесменҳоро «кришават» мекунад.
Сунатуло дар паҳлуи медпункт хона кард. Онҷо замини боғ буд. Аз дасти як бечораи камбағал гирифту хона кард. Сунат бачаи Файзигули хоҳари СС-и махуф аст. Як бародари вай Иззатуло дар Амонатбонк кор мекунад. Яке аз бародарони онҳо Аҳмадҷон аст ки занаш (духтари Давлатбӣ- холаи худаш) дар КДАМ-и СС-и махуф кор мекунад. Яке аз дигар бародарони Сунат Оят ном дорад, ки началники амнияти Шаҳринав аст. Падари онҳо Ҳикматулло ном дорад, нафақахур.
Худи СС.Ятимов 7 духтар ва як писар дорад, ки номаш Ворис аст. Аксарияти домодҳояш аз Ҳисоранд. Ба қарибӣ Гулрухсори духтараш бача зан дод.
Модари СС.Ятимов Зебогул ном дорад. Зани муаллими Саттор. Аз муаллими Саттор як гапи классикӣ чанд сол мешавад, ки даҳон ба даҳони туғулиҳо тоб мехурад: «худо худма бта аҳ бачамда ната».
Дар Фархор «ису нигоҳ мекнан, усу нигоҳ мекнан, меган эҳ ҳамон ақидае, ки муаллими Саттор мегуфт, ку нигаҳ ку, ҳозир ай минбаро садо додеста. Саттор «худо худма бта аҳ бачамда ната» гуфта буд. Олим будаст, мардак. “Ин гапш ай минбарой боло садод додестай”
Раҳмонов ҳам Фархор рафту омад. Чанд биноро ҳарому ҳалол «кушод». Аммо ҳамоно масъалаи пулҳои туғулиҳову сокинони деҳаҳои дигар, масъалаи нитоаммофос, моторола ва Саида Сатторова ҳал нашудааст.
Аммо, сокинони ин деҳа на як бору ду бор шоҳид будаанд, ки СС-и махуф бо Саидаи беваи бизнесмен, ки бо доруҳо ҳудудан як миллион сомонии мардумро гирифтаву нопадид шудааст гоҳо дар фермаи деҳаи Туғул ва гоҳо дар хонаи Аслиддин хилват мекарданд…..