(бахши дуввум)
Хонандаи ҳушманди «Ислоҳ.нет» медонад,ки дар бораи Сангвор,Тавилдараи собиқ мо қаблан ҳам навишта будем. Баъди нашри он матолиб инак боз матлаби дигаре аз ҷурму ҷиноёти масъулони ин ноҳияро бо кӯмаки худи мардуми сарбаланди ин нуқтаи куҳистонии кишвар манзуратон менамоем. Ҳарчанд мақомот навиштаҳои моро ғаразнок меҳисобанд, аммо маълум аст, ки он бетаъсир нест. Ва,инак давоми навиштаҳои мо дар бораи Сангвор:
Қабл аз он ки ба шикояти сокинони ноҳияи Сангвор пардозем нахуст аз ғоратгариҳои оилаи Ғайратовҳо,ки солҳост ноҳия дар қабзаи оҳанини ин онҳо қарор дорад хоҳем гуфт
Тавилдара ё Сангвор дар дасти оилаи ”Ғайратовҳо”
Раиси ноҳияи Сангвор ДавлатзодаМаҳмадшои Ғайрат соли 2021 аз ҳисоби Бонки осиёии рушд 2 милиону 600 ҳазор сомонӣ барои обёрӣ намудани заминҳо аз ҳисоби чарогоҳҳо дар ҷамоати собиқ Сангвор, ки ҳоло Заршуён ном дорад маблағ мегирад.Аммо канали деҳаи Себакиро,ки дар маркази ҷамоати Заршуён ҷойгир аст,нимкола тоза намуда дар тамоми шабакаҳо нишон медиҳад, ки гуё 100 га замини чарогоҳ обёрӣ карда шуд.Ба ҳамин монанд дар соли 2008 дар ҷамоати Ваҳдат,барои обёрӣ 20 га замин дар деҳаи Урфат ва 20га ва дар дараи Калп тавассути фирмаи худаш ҶДММ “ҒАЙРАТ” пули калон мегирад,аммо тамоман обёрӣ намекунад.Соли 2020 дар деҳаи Урфат барои кони “ЗАРИНК”-и духтари Эмомалӣ Раҳмонов Заррина Раҳмонова(келини Бег Сабур) канал канда шуд.Ҳамон канали канда шударо имсол ҳамчун кори фирмаи “ҶДММ Ғайрат”,ки Азим Давлатови писараш роҳбараш аст, санад карда маблағи зиёдеро аз они худ кард.То ҳол пул дар ҷайби Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат аст,чунки ин ду деҳа аз маркази ноҳия 70 -80 километр дур аст.Аз ин хотир аз тарафи мақомоти дахлдор санҷиш намешаванд.Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат аз ин фурсат истифода бурда пулро ба ҷайби худ мезанад. Дар ин бора қарори раиси ноҳия баровардагӣ аст, лекин ягон ҳақиқат надорад, ҳато парванда надорад, ки заминҳо дар кадом контурҳо мебошанд ва дар куҷо ҷойгиранд. Чунки қарорро шаб Шоҳхуча Идиев, раиси кумитаи замини ноҳияи Сангвор ва Умед Кабутов раиси бахши сертификатдиҳии ноҳия навиштанд ва тавассути почта ба раис.ки дар шаҳр буд, равон карданд. Раис дар шаҳр қарорро имзо карда гузаронид ва маблағро ба ҳисоби фирмаи писараш ҶДММ “Ғайрат” гузаронид.
Барои тоза ва навсозӣ намудани канали Дараи Себак ва Дашти Миёнаду дар давоми ду сол чанд барнома шуд қабул шуда ва пулҳои зиёде “списат” мешавад.Ҳатто экскаватор аз ҳисоби Вазорати мелиоратсия ҷудо карда дода буданд.Инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ барои кандани канал маблағ ҷамъоварӣ карданд.Аммо дар асл канал кандагӣ нестанд.Ҳамааш корҳои қалбакӣ,санадҳои дурӯғӣ ба манфиати шахсии раис Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат асту бас. Ҳоло бошад раис тавассути чанд барномаи Бунёди Оғохон,ки се соли дигараш мондааст, дар ҷамоати Заршуён, Ваҳдат пули зиёдеро гирифта истодааст,вале намедонем,ки ин барномаи Бунёди Оғохон оқибат чи мешавад. Мақсад маблағҳои ин Бунёд ба кисаи ҷаноби раис Давлатзода Маҳмадшои Ғайрат ва ширкати писараш ворид мешаванду ҳеҷ натиҷае барои мардуми ин ҷамоатҳо ба даст намеояд.
Мебоист дар деҳаҳои Сангвор, Ғовд, Миёнаду айни ҳол неругоҳҳои барқи обии хурд кор кунанд.Вале афсус ягон намуд неругоҳ нест.Аммо як неругоҳро,ки дар деҳаи Миёнаду бояд сохта мешуд вале сохтумонаш тули чанд сол аст нотамом аст кандаву хароб кардаву ҳатто оҳанпораҳояшро оилаи Ғайратовҳо бурда обу лой карданд, чунки соҳиби ноҳия мебошанду намояндаи Ҷаноби Олӣ.
Мо, сокинони ноҳияи Сангвор пурсише дорем:
Барои чи тамоми намуди кумакҳои моддӣ аз қабили (орд, занбури асал, ниҳолҳои себ, тухми картошка ва ғайра) новобаста аз онки аз тарафи давлат ва ё кадом ширкатҳои хориҷӣ меояд ҳамааш ба дасти оилаи чашмгуруснаи Ғайратовҳо мерасад.?
Магар ин оила серӣ надошта бошанд?
На танҳо кумакҳои моддӣ балки техникаҳое, ки барои кишоварзӣ аз ҳисоби ҳукумат ба ноҳия ёрдам мешаванд инҳоро ҳам танҳо хешутабори Ғайратовҳо соҳиб мешаванд?
Ҳатто тендерҳои сохтмонии ҳар иншооте дар ноҳия пайдо шавад бояд онро ин оилаи Ғайратовҳо бигиранду бисозанд?
Чанд сол аст ки нн ноҳияро 3 гурги борондида роҳбарӣ мекунад: Ғайратов Ҳиммат, собиқ раиси ноҳия, Ғайратов Раҳматшоҳ нафақахури гурусна ва Давлатзода Маҳмади Ғайрат раиси ҳозираи ноҳия.Тамоми вазифаҳо дар дасти ин авлод инҳисор ё монополия карда шудааст. Сангвор аз соли 2008 яъне 14 сол аст,ки дар қабза ва монополияи оилаи Ғайратовҳо қарор дорад. Ин инъоми Пешво ба ин оила аст,албатта бар ивази хидматҳое,ки ба оилаи Раҳмонов анҷом додаанд.
Ғорати пули васлкунии бухориҳои обӣ (отопление) аз 60 мактаб
Соли 2020 раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат дар мувофиқа бо вазорати молия як миқдор маблағи ноҳияро барои системаи гармидиҳии мактабҳои ноҳия ҷудо мекунад.
“Бо супориши худи Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат директорони мактабҳо ин пулҳоро ба фирмаи писараш ҶДММ “Ғайрат” мегузаронанд.Директорон маблағҳоро мегузаронанд. Мактаби аз ҳама хурд 20,000 (бист ҳазор сомонӣ) мегузаронад.Танҳо мактаби деҳаи Шаҳри нав ва Деҳаи Ёзганро нимкола бо системаи гармидиҳӣ таъмин мекунанду тамом. Дигар мактабҳо бошанд то ҳол ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст нестанд.Вақте ки муфаттишон аз Душанбе ва минтақаи Рашт якҷо бо прокурори ноҳия ва сардори амнияти ноҳия меоянд ягон мактаб бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин карда нашудааст.Намедонем бо чӣ миқдор пора раиси ноҳия ҷонашро халос мекунад.Чунки чизеаш нашуд,буруташро табар набурид.”
Писари раиси ноҳия Азим Давлатовро барои ин корҳои нотамомаш, ки дар зимистони соли 2022 як муддат маҳкам мекунанд. Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат бо додани пораи калон писарашро аз зиндон шудан раҳо мекунад. Бо ҳамин ин кор ҳам ба монанди неругоҳҳои хурд руйпуш мешавад. Прокурор ва сардори амният пораи хубе гирифтанду рафтанд.Директорони мактабҳо бошанд тамоман метарсанд,ки садо баланд кунад. Ба назар гиред,ки дар ноҳияи Сангвор ҳудуди 60 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дорад. Маблағе,ки аз ҳисоби “отоплени” ҷаноби Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат тавассути ширкати писараш ҶДММ “Ғайрат “ ба даст овард чанд бошад? Маблағи порае,ки ба прокурору амният ва муфаттишон доду ҷони худ ва писарашро халос намуд чанд бошад?
Писари Ғайратов Ҳиматшо Ҷомӣ Ғайратов дар Душанбе солҳои 2016 дар БДА дар бахши бақайдгирии рақамҳо кор мекард ва дар гирифтани пора дастгир мешавад. Ҷомӣ Ғайратов бо додани 100 ҳазор доллар дода ҷонашро халос мекунад.Ҳоло бошад дар як бахши низомӣ озодона кору фаъолият мекунад.Сардори ШВКД ҳозираи Сангвор ҳамкурси Ҷомӣ Ғайратов будааст.Яъне милиса ҳам аз худашон ҳаст.
“Тамоми ҳисоботи оморие,ки ба марказ медиҳанд бардурӯғ буда ва изофанависӣ дар болотарин сатҳ қарор дорад. Танҳо як ҳисоботи бардурӯғ дар мавриди кишти картошкаро мо таҳқиқ намудем,ки маълум шуд ҳудуди 300 га бардурӯғ ҳисобот дода шудааст. Дар асл танҳо ҳисоботи рӯйи варақ асту халос. Мардум дар сангинтарин ҳолат қарор доранду намедонанд ба куҷо шикоят кунанду додашонро расонанд.”
Инро бояд мақомоти марбута ҷиддӣ ба инобат гиранду маблағи дуздидашуда аз буҷаро барқарор намоянду ҷаноби Давлатзода Маҳмади Ғайратро бо тамоми шайкаи ҷиноятпешааш аз вазифа сабукдуш намоянд. Ба гуфти худи “Пешво” ин аз осмон начакидааст ку !
Дар Ноҳияи Сангвор аз оилаи Ғайратовҳо ин афрод дар мақомот солҳост кору фаъолият мекунанд,ки корашон танҳо дуздӣ ва ғорати ноҳия асту тамом:
- Давлатзода Маҳмадӣ Ғайрат
- Ғайратов Ҳиммат раиси собиқи ноҳия ва феълан дар ташкилоти USAID раиси ин ташкилот аст.
- Ғайратов Хоҷамурод, сардори Амонатбонки ноҳия.Писари Ғайратов Ҳимат аст.
- Ғайратов Ҳасан, раиси собиқи ҷамоати Сангвор ва феълан раиси Ҷавонони ноҳияи Сангвор,ин ҳам писари Ҳиммат Ғайратов.
- Олимов Абдулло, муовини раиси ноҳияи Сангвор, қудои Ғайратовҳо, хусурҳои Хоҷамурод Ғайратов.
- Азим Давлатов писари раис соҳиби ҶДММ “Ғайрат” (иллати дар ин қатор гузоштани Азим дар он аст, ки ҳама пули буҷа ба ҳисоби ширкати ӯ ворез ва обу лой мегардад. )
- Саймурод сардори шуъбаи сохтмон ҷияни раис. Худ қазоват кунед
Албатта ин саршумор хело зиёд аст дар мацомоти ноҳияи Сангвор. Дар ноҳияи Сангвор беш аз бист нафар аз оилаи Ғайратовҳо дар мақомоти ноҳия кору фаъолият мекунанд. Ҳама мақомҳои асосӣ ва равғанӣ зери идораи ин оила қарор дорад. Метавонем бигуем, ки ин оила зери роҳбарии Ғайратов Ҳиммат раиси собиқи ноҳияи Сангвор кору фаъолият мекунанд. Як бонд ва мафияи калоне ҳастанд, ки ҳеҷ касе дар ноҳия ба ин оила чапнигоҳе наметавонад бикунад.
Дар ин авлод як нафаре ҳаст бо номи Ғайратов Раҳматшо,як пири барҷомондае аст аммо ҳамаро ҳамин «совет медиҳад ва рулит мекунад.Худаш дар ягон точкаи дунё намудор намешавад,мусафед аст аммо ҳама корро ҳамон мекунад.Аммо он қадар фартут нест.Ҳамаи заину замони ноҳияро,дараҳоро,грантҳои хориҷиҳоро фақат ҳаминҳо гирифагианду мегиранд. Аммо гургоне,ки рулават мекунанд,Ҳиммату Маҳмад ҳастанд
Убайди бародарашон бисёр талош кард, ки сардори милиса шавад. Нашуд. Ҳозир гуё одами худашонро сардори милиса овардаанд. Аммо ин як воҳимаи дуруғ аст .Ин сардор инҳоро барои орддуздиашон дело карда буд, барои чанд кори дигарашон ҳам тафтишот карда буд барои ҳамин уро чап гирифтанд, ҳоло дигар ӯ нафақа рафт. Убайди бародарашон ,ки дар куштани Мирзоҷага даст дошт ҳоло замнач дар Нуробод мебошад. Ҳоло нақшаашон ҳамин аст ки ӯро сардори милисаи ноҳия оваранд. Рамазон Раҳим ин авлодро нағз медонад,барои ҳамин сардори милиса таъин накард.
Ҳоло дар ин акс ҳисоботи кишти картошкаро бинед, ки чи хел фарқ мекунад.300 гектар изофанависӣ,300 гектар ҳуҷҷатгузории сохта.Инҳо, бубинед, ки аз номи давлат, чи хел давлатро фиреб медиҳанд?
Раиси собиқи кумитаи замини Сангвор бо тағагӣ ва черези Шукурҷон Зуҳуров
Кабутов Умед, тахминан соли 1970-1972 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи беҳтарин марди деҳаи Ҳур бобои Аҳтам таваллуд шудааст. Кабутов Умед оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд: ду духтар ва ду писар. Бисёр ҳам сарватманд ва шахси мутакаббир мебошад. Умед хатмкардаи донишгоҳи Қазоқистон дар бахши замин аст. Бобои Аҳтам, падари Умед Кабутов баъди марги фарзандаш Кабутов Асламиддин, ки 2012 даргузашт, дере нагузашта аз олам чашм пушид. Кабутов Асламиддин, ки бародари калонии Умед мебошад, дар шаҳри Екатеринбурги Русия «уголовник» шуда кор мекард. Умед Кабутов хешу табори Шукурҷон Зуҳуров, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон мебошад. Умед аввал дар Кумитаи замин кор мекард. Вақте Зуҳуров дар вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ кор мекард, падарашро зораву тавалло мекунад, ки ба Зуҳуров Шукурҷон занг зада хоҳиш кунад, ки ёрдам расонад, ки ӯро ба вазифаи раиси кумитаи замини Тавилдара таъйин кунанд. Ва падараш ин корро мекунаду Умед раиси кумитаи замини ноҳияи Тавилдара таъйин мешавад. Тақрибан дар вақтҳое, ки Ғайратов Ҳиммат раиси ноҳия буд, ӯ ба ин вазифа таъйин мешавад.
Умед Кабутов ҳамроҳи Ҳиммат Ғайратов чандин замину чарогоҳҳои мардумро аз дасти соҳибонашон ба зурӣ гирифта,ба дигар даҳмардаҳо медиҳад. Алалхусус:
Заминҳои дараи Паста ва Пастакзамин, ки ҷойи чарогоҳҳои деҳаи Ҳур мебошанд, ба манфиати чандин даҳмардаҳо «оформит» мекунад. Яке аз он даҳмардаҳо бо номи Аҳмад аст ки Умед Кабутов аз вай пул ва гусфандҳои зотӣ пора гирифта ва бо Ғайратов Ҳиммат тақсим мекунанд. Замини 1 гектараи шахсе бо номи Толиб Шариповро беасос ба номи шахсе, бо номи Аҳмадов Зайниддин. «оформит» мекунад. Болои ин, ба Толиб Шарипови соҳиби аслии замин фишорҳо оварда зулм мекунад.1.5 гектар замини писарони Бобои Абдураҳмон Ҷемов дар деҳаи Ғурумро пинҳонӣ ба номи Шарипов Камолиддин бо лақаби «Шайтон» «оформит» мекунад. Бобои Абдураҳмон Ҷемов, ки писаронаш Раҷабалӣ, Рамазон, Озар, Идибег ва Шамсиддин Ҷемовҳо мебошанд, соли 2020 аз олам чашм мепушад. Бисёр инсони хоксору заминӣ ва шахси номдори деҳаи Ғурум буд. Писари калонии Бобои Абдураҳмон Ҷемов, ки Раҷабалӣ ном дорад, бисёр инсони хоксор мебошад ва ҷангалбон кор мекунад. Мисли падараш бисёр ба мардум хубӣ мекунад ва зиёда аз 20 сол собиқаи корӣ дорад.
“Умед Кабутов дар деҳаи Вуҷун мехост заминҳои шахсе бо номи Ҷалилро гирифта ба номи дигар кас «оформит» кунад аммо кораш барор намегирад. Ҷалил инро шунида як мушт дар руйи Умед Кабутов мезанад. Бинии Умед Кабутов мешиканад. Умед то чанд вақт аз Ҷалили соҳиби замин дур-дур мегардад. Заминҳои мардуми Иштиёни ҷамоати Миёнадуро беасос ҳуҷҷат кардааст.”
Умед рафтуомади хуб бо раиси ҷамоати Вахё Шарифи муш, раиси «отделкадр»-и ноҳияи Сангвор Исмонов Маҳмадулло дорад.
Хулоса, касе ба ӯ чизе гуфта наметавонад. Мардуми Сангворро ба дод овардаанд ва махсусан сардори амнияти ноҳия ва раиси ноҳия.
Дар вақти раис таъйин шудани Зарифӣ Шоҳиён, Кабутов Умед дар ҳамин вазифаи раиси кумитаи замин буд, ки Зарифхуҷа Шоҳиёни Фақер ин порахури қаттол,ки ҳоло раиси ноҳияи Панҷ аст Умед Кабутовро даъват карда, аз ӯ пора гирифтанӣ мешавад. Умед ҳавобаландӣ карда рад мекунад. Зарифӣ ӯро ҳақорати безеб карда мегуяд, ки «ман аз Панҷ инҷо нозбардорӣ наомадам, ҷора холӣ кун ва ба касе шикоят мекунӣ кардан гир, фалонат кардам». Дар ҳол ӯро аз вазифа озод карда ба ҷои ӯ як нафар бо номи Шовалиро таъйин мекунад. Умед бошад мисли занакча каҳр карда, боз ба тариқи Нурмуҳаммад, шахсе, ки хешу табори холаи Моҳистон, ки зани Шукурҷон Зуҳуров аст занг мезанад ва ӯро ҳоло дар бахши сертификат қабул мекунанд. Раиси кумитаи амният чанд бор хостааст, ки алайҳи Умед Кабутов делои ҷиноятӣ кушояд. Вале як занги телефони холаи Моҳистони зани Шукурҷон Зуҳуров ӯро наҷот додааст. Вале вай як шахси мутаккабир мебощад. Бо мардум муомилаи хуб надоранд. Дар ноҳияи Сангвор чунин хиёнаткорон бисёр мебошанд. Яке аз онҳо Исмонов Маҳмадулло, раиси шуъбаи кадрҳои ноҳия мебошад.
“Муовини раиси ноҳия Қурбонов Тимур мебошад, ки бо додани 200.000 сомонӣ аз чанги орган ё мақомот халос шуд. Исмон Маҳмадулло бошад ҳамроҳ бо Тимур, Умед ва Шарифи муш як қатор ҳуҷҷатҳо чарогоҳҳоро бо гирифтани чандин сар гуспандҳои калон «оформит» мекунад.”
Як ҷинояти сардори шуъбаи кадри ноҳия ва Шарифи муш ҳамин аст, ки онҳо кумакҳои озуқавориро яъне орд, равған, картошка ва дигар маҳсулоти хуроквориро, ки ба халқ бояд тақсим кунанд вале онҳо баръакс ҳақи ятиму бевазанонро намедиҳанд. Ин ёриҳои башариро ба мағозаи ҳоҷӣ Шоазиз медиҳанд. Соҳиби мағоза бо нархи гарон мефурӯшад. Мо шохиди ин ҳодисаем. Орд ва равғанҳо помошро ба воситаи як рафиқи раиси ноҳия, ки Саимуддин аз деҳаи Сарипул мебошад оварда ба магазини ҳоҷӣ Шоазиз супориданд. Чаро ҳукумат ва амният назорат намекунад мо ҳайронем ва ё онҳо ҳам шарики ин ҷиноятанд. Боз як ҷинояти Умед ва қудояш полковники милитсия Давлатов Раҷабалӣ, ки раиси деҳаи Хур будро гуфтанием. Наздики 3 гектар замини деҳаро барои наздиконащ- оилаи Давлатовҳо ҳуҷҷатгузорӣ кард. Дар ин кор вайро Умед Кбутов ёрдам кард. Дар ҳоле ки дар деҳа мардум замин надоранд.
Ҷиноятҳо аз Сангвор ба Русия гузашт
Фарзанди Давлатов Раҷаб ба номи Далер, соли таваллудаш 1990 аз соли 2013 то ин ҷониб ба миёнаравӣ дар Русия дар шаҳри Санкт-Петербург машғул аст –посредники соҳаи сохтмонӣ. Далер дар фирмаи як вакили парлумони Русия бо номи Алаш,ки Чесени табор аст кору фаъолият мекунад Далер дар тули фаъолияти кориаш чандин нафарҳоро фиреб карда пулҳояшонро надодааст. Алаш, ки роҳбари Далер аст ба ӯ пулро сари вақт медиҳад ва ӯ ҳеҷ камбудӣ накардааст ва Алаш гуфта аст,ки мусалмонҳоро ба кор гиред,то кумаке ба онҳо шавад. Далер бошад мардумро фиреб карда барои имрӯзу фардо ваъда медиҳад ва пулҳояшонро намедиҳад. Тибқи маълумоте,ки аз Кумитаи Амнияти Тоҷикистон аз ноҳияи Сино ш. Душанбе ба мо расид, Алаш сумро ба Далер додааст, ки ба бачаҳо бидиҳад, то ки корро пеш баранд. Далер Давлатов то 4 миллион рублро ба манфиати шахсияш масраф кардааст. Ду миллион рублро ба падараш Раҷаб Давлатов равон кардаст, ки Тайота прадо харад. Худаш бошад дар 2 милион рубли дигараш як мошини ford харидааст. Дар ҳоле, ки мардуме, ки дар фирмааш кор мекунанд сумҳоящонро нагирифтаанд ва ба қарз зиндагӣ мекунанд. Аз сари ҳар нафари коргар
Далер Давлатов то 500 рубл дар рӯзаш меситонад. Масалан агар дар рӯз 2000 ҳазор рубл кор куни 500 рублашро Далер Давлатов мегирад. Боз прописка ҳам мекунад. Вақте аз фирмааш ба ягон ҷои дигар ба кор меравӣ ҳатман зарар мерасонад, санадҳои туро аннулироват мекунад. Дар ин кор Далер Давлатовро тағоящ Додов Бачаҷон собиқ лейтенанти милиса дар ноҳияи Сангвор ёрдам мекунад. Бачаҷон Додов ,ки феълан бо Далер Давлатов якҷо мебошанд ҳаққи кории мардумро мезанд. Агар 500 ҳазор кор кунӣ 250 ҳазораш ба ҳисоби Далер Давлатов ва Бачаҷон Додов меравад. Бачаҷон Додов дар Тавилдара дар милитсия беш аз даҳ сол кор кардааст. Феълан дар ду фронт кор мекунад ва бузи ду тарафа ҳаст ҳам ВКД Тоҷикистон ва ҳам МВД Русия мебошад. Вай дар Сангвор бо хеле аз занҳо алоқаҳои номашруъ дошт,ки бо санад ва факт ва номҳои ҷабрдидагон дар дасти “Ислоҳ” вуҷуд дорад,ки агар хоста бошад метавонем ҳама факту санадҳоро расонаӣ кунем. Аммо бархе аз он занҳо шавҳардор ва соҳиби хонаҳои обод ҳастанд.
Дар Мавриди ҷиноятҳои одами Шоҳрух – «Мулло» Валӣ Шеров
Шеров Абдувалӣ номи аслиаш вале дар байни мардум Мулло Валӣ маъруф аст. Мулло Валӣ дар оилаи Давлат Шеров дар ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Инҳо оилавӣ дар амният пинҳонӣ кор мекунанд. Номҳои бародарони Мулло Валӣ: Амралӣ, Саидалӣ, Миралӣ, Раҳмоналӣ, Нуралӣ, Абдувалӣ ва Шералӣ мебошанд. Абдувалӣ, ки соли таваллудаш тахминан 1980 мебошад, ҳоло дар шашум «отдел» дар бахши «мубориза бо экстремизму терроризм» кор мекунад.
Мулло Валӣ Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст ва яке аз «крыса»-ҳо дар донишгоҳи исломӣ буд. Вале мардум тамоман намедонанд, ки ин ба ном «Мулло» Валӣ як гурги одамхӯру золим мебошад. Дар маҳбус кардани Домулло Сироҷиддин ҳамоне як бор бо ҷурми салафият зиндонаш карданд ва пас аз он боз дубора зиндонаш кардан бо “САДОИ УМЕД” Мулло Валӣ худаш чунин нақл кардааст: Аз боло барои ман фармон шуд,ки бояд чораи Домулло Сироҷиддинро бубинед. Ман рафта ду рӯз шогирдии ӯро кардам ва пас аз он ки ҳамаро фаҳмидам,ки нуқтаи заъфаш куҷост занг зада ҳамаро “доложит кардам”. Аз КДАМ омаданду моро заданд ва ҳатто маро ҳам заданд,то маълум нашавад,ки ман корманди амният ҳастам. Пас аз боздошт рафтам ва сузане,ки дар тугмаи куртаам буд ҳамаро бо сабти наворҳои ду рӯзаам супоридам ва он наворҳо сабаби зиндонӣ шудани дубораи Домулло Сироҷиддин шуд. Инчунин дар куштори Мирзоҷага, дар қатли Неъмати қумандон, дар қатли Ҳоҷӣ Ҳалиму дастгир кардани «нафароне, ки ба ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим шарик буданд, дар «проект»-и дастгир кардани Мулло Темур, ки бо лақаби Мулло «Кирмак» машҳур буд дар ҳамаи ин ҳодисот нақшҳои муҳими истихборотиро ифо намудааст. Албатта дар дасти мо чанд сафҳа аз корҳояш расидаанд вале дар нашрҳои махсус онҳоро пешниҳод хоҳем кард. Мулло Валӣ Шеров бо шариконаш: Рафиев Абдул ва Шафеъ, ки аз маркази ноҳия мебошанд қариб 300 нафарро фурӯхтаанд ба баҳонаи ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим. Ҳатто дар вақташ ӯро Мирзо Ҷага суханони сахт гуфта ба ӯ мегуяд, ки ҳамаи одамони маро ту фурӯхтӣ, бузи ҳаромӣ. Мо ин суханҳоро худ шунида будем. Ҳамин шахси ба ном «Мулло» Валӣ Шеров бисёр толибилмонро фурӯхтааст. Одамони дар зери назораташ ва ҳамшариконаш, ки ҳоло ҳам бо ӯ «крыса»-гӣ мекунанд, Шараф аз деҳаи Ҳур ва Саидалӣ ном доранд.
Чи гӯна руҳониёнро ба КДАМ мефурӯшад? Ҳоло дар Кулоб аст!
Услуби фурӯхтани муллоҳоро хуб медонад: аввал шогирдашон мешавад ва баъдан дар зери тугмаи куртааш камераро ҷой медиҳад ва баъдан ҳамаи наворҳоро ба КДАМ мерасонад. Навори Мулло Темурро ҳамин шахс сабт мекунад, ки дар шабакаи аввал нашраш мекунанд.Ҳоло “Мулло” Валӣ Шеров дар шаҳри Кулоб дар сохтмони мактабҳои русӣ,ки ҷиянаш Файзалӣ Шеров муҳандиси сохтмон аст ва проектҳоро назорат мекунад ба ҳайси қаловур ё муҳофиз кор мекунад. Аммо ҳадафаш маъмурият бар алайҳи уламои дин ва диндорон дар шаҳри Кулоб аст. Худо медонад, чӣ балоҳо ва мусибатҳоро бар сари толибилмон ва уламои Кулобшаҳр меоварад. Тахминан ду моҳ аст дар Кулоб аст ва бояд то моҳи сентябр он мактабро супоранд. Кулобиҳо эҳтиёт бошед аз ин бузи бешох!
Маталаби “ИСЛОҲ” сабаб шуд як ғоратгар сабукдуш шуд
“Бародар Муҳаммадиқбол! Мо Шо Аллоҳ баъди барномаи шумо Шараф Авдиеви шогирди Саид Шеровро, ки ҷангалбон буд аз вазифааш гирифтанд. Аммо Саид Шеров, ки бузи амният мебошад, ба бародараш “Мулло” Валӣ Шеров занг зада Шараф Авдиевро дар шӯъбаи амнияти Тавилдара ронандаи сардори аамният мемонад. Хуб дигар худатон қазоват кунед,ки ронандаи Амниятро “Мулло” Валӣ Шеров таъин мекунад.”
Саид Шеров ва хоҳараш дар деҳаи Ҳур зиндагӣ мекунанд. Инҳо авлодан аз одамони мавриди боварии амнияти ин ҳукуматанд. Саид Шеров дар мактаби 54и деҳаи Ҳури ноҳияи Сангвор дарс мегуфт. Вай хело марди ҳаром ва зинокор аст. Ҳатто ҳолатҳои бо духтарҳои мактабхон амалҳои номашруъашро мардуми деҳаи Ҳур медонанд. Бародари Саид Шеров ҳам ҳаминкора аст. Номи вай Миралӣ Шеров мебошад, аввал муаллими ҳамин мактаб аз фанни таълими меҳнат дарс медод ва китобхоначӣ ҳам буд.Феълан дар ноҳияи Рудакӣ истиқомат мекунад ва дар Кони Шугнов тракторист буд,то шаш моҳ пеш. Ҳатто хоҳари Саид Шеров Шерова Гулбаҳор ҳам бузи амниятиҳо ҳаст. Дар умум инҳо оилавӣ корманди КДАМ ва хабаркашҳояшон ҳастанд. Ҳамчунин нафарони ба инҳо наздик Шариф Гадоев бо лақаби муш, Абдул Рафиев бо лақаби буқача, Маҳмадраҳим ва чандин нафари дигар ҳам бузҳои амниятанд. Хоҳарашон Шерова Гулбаҳор дар дехаи Ҳур дар дасти Худоёр Содиров буд. Ӯро бо Аскари Ғунчаи таксичие дар матлаби қаблӣ аз ӯ гуфта будем бо лақаби Тортанак дар анҷоми амали маҳрамона дастгир мекунад. Шавҳараш Худоёр Содиров Гулбаҳор Шероваро талоқ медиҳад. Баъди ин байни ин оилаҳо зиддият пайдо мешавад. Шеров Саид мехоҳад Худоёр Содирови шавҳари хоҳарашро зиндонӣ кунад. Тири автоматро оварда дар оғилхонаи Худоёр дар таги дарзаи каҳ пинҳон карда ва дафъатан амниятро занг мезанад. Амниятиҳо меоянд ва қасди тафтиши оғилхонаро мекунанд. Аммо кор тамоман баракс мешавад. Худоёр Содиров,ки писарамакаш дар Душанбе табиб будаасту Зайдулло Содиров ном дорад занг зада вазъиятро мефаҳмонад. Зайдулло Содиров бо болоҳо робитаи хуб доштааст. Суд-экспертиза мефармоянд ва дар тири ҷосозишуда изи ангуштони Шеров Саид маълум мешавад. Дар дастони Саид Шеров завлона баста ба мошин савор карда тарафи Душанбе мебаранд.
Мехоҳанд Шеров Саидро зиндонӣ кунанд. Вале бародараш Амралӣ ва Шералӣ Шеровҳо ба амниятиҳо 25.000 доллар пора дода ӯро «девона» ҳуҷҷат мекунанд. Шеров Саидалиро мебаранд дар девонахонаи ноҳияи Рӯдакӣ мехобонанд. Аз муаллими озод мекунанд. Боз пас аз шаш моҳ меояд ба Сангвор ва дар кумитаи дин дар бахши Танзим кор мекунад , албатта бо кумаки бародарони бузи орангутанаш. Тақрибан як сол кор мекунад ва баъдан маълум мешавад,ки китобчаи девонагӣ дорад аз кор озодаш мекунанд. Феълан нафақахур ва дар деҳаи Ҳур зиндагонӣ дорад. Вақти раисии Мирзомиддини Фаёз дар ҷамоати Вахё дар солҳои 2015 сардори танзим Саидалӣ Шеров буд.Ӯ туйи бародари худаш Шералӣ Шеровро «протокол» карда ҷарима мебандад. Бародараш барои ин кор ӯро зада як чашмашро сиёҳ мегардонад. Яке аз сабабҳои аз вазифа сабукдушаш мекунанд,чун мегӯянд,ки ӯ девона аст.
Дар тағири номи ноҳияи Тавилдара яъне вақте ки Сангвораш карданд бисёре аз равщанфикрон гуфтанд, ки номи Тавилдара хуб аст. Тағйир додани номи Сангвор шарт нест. Ҳукумат ин равщанфикронро боздошт кард. Ва онҳоро маҷбур кард, ки бо пардохти ҷарима озод шаванд, баъзеашон зиндонӣ шуданд.
“Тағйири номи Тавилдара ба Сангвор кори Шукурҷон Зуҳуров ва Пешво мебошад. Чун,ки Тавилдара маконе буд,ки Раҳмоновро ба зону шинонда буд ва Раҳмонов аз номаш ҳарос дошт.”
“Мулло”Валӣ Шеров бо шогирдонаш 45 нафарро бо баҳонаи онки ба пешниҳоди Пешво дар тағйири номи Тавилдара ба Сангвор зид баромадаанд дастгир ва ҷаримаҳои гуногун карданд. Яке аз кришаҳои “Мулло” Валӣ Шоҳрух Саидов мебошад,ки аз афроди Рустам буданаш низ шаҳодат медиҳад.
“Мулло” Валӣ Шеров чандин нафарро барои «кришават»-и қабул кардааст, ки инҳо дар дохили кишвар ва дар хориҷ барои Валӣ Шеров маълумот медиҳанд. Нафароне, ки вай дар дохили Тоҷикистон «крищават»-и мекунад Сайдали бародараш аз деҳаи Хур, Шараф аз деҳаи Хур,Талабшо аз деҳаи Сарипул бо лақаби “Лутфан” ва Ҷаҳонгири Зоҳир аз деҳаи Сайёд мебошанд. Ҷаҳонгир дар проекти мубориза бар алаҳи ҲНИТ дар ноҳияи Сангвор нақши калоне дорад. Дар бисёр аз маҷлисҳои М Кабирӣ ба ҳайси хабарнигор иштирок мекард. Ин нафар як даст дорад, таваллудаш1990 мебошад. Ҷомӣ Ибронов, Аловиддин Ибронов ва Рамазон Иброновҳо ба воситаи Валӣ Шеров як нафарро бе гуноҳ дар шаҳри Хабаровск подставит карда зиндонӣ намуданд. Ин нафар Хушаков Саъдӣ соли таваллудаш 1991 мебошад, бегуноҳ буд. Аз ҳисоби бадбинӣ нисбати Хушаков Саъдӣ ба ӯ туҳмат заданд, ки ба давлати Сурия маблағ равон кардааст. Ҷомӣ, Аловиддин ва Рамазон нисбати оилаи Хушаковҳо хиёнати сахт намуданд. Бародарони Хушаков Саъдиро аз Русия депортатсия намуданд. Валӣ Шеров дар амният ва вазорати дохилӣ бо псивдоними «мулло» машҳур мебошад.
Поёни бахши дуввум, давом дорад бо Ислоҳ бошед….