ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\1

Ислоҳ нет

ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад

  (бахши аввал, давраи севвум)

  «Ислом солшумории худро аз ҳиҷрат қарор додааст.Ин бошараф ва боаҳамияттар будани ҳиҷратро аз дигар ҳаводиси динӣ нишон медиҳад ва дар ҳақиқат ҳиҷрати расул(с) сароғози пирӯзии ислом дар замони расули Худо буд. Ҳиҷрати мо низ нишонаи пирӯзии ислом дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Иншоаллоҳ»

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. « Он суи сиёсат»(Маҷмуаи суханрониҳо ва баёнияҳо) Теҳрон 1995

    Дар таърихи фаъолияти панҷоҳсолаи худ ҲНИТ ду маротиба рӯ ба ҳиҷрат овардааст. Ҳиҷрати дуввуми он ҳамин ҳоло ҳам идома дорад.

  Афғонистон,ин кишвари ҳамсояи мубтало ба ҷанг ҳиҷрати аввали ҲНИТ-ро,ки барои панҷ сол тӯл кашид,қабул ва мизбонӣ кард.Ин давраи ҳиҷрат аз шукуҳмандтарин, пурифтихортарин вале аз тарафи дигар аз сахттарину мушкилтарин даврони пурталотуми ҲНИТ ба шумор меравад. Агар ҳузури ҲНИТ дар Ҳукумати Муросои Миллӣ дар муаррифӣ ва шиносонидани ин ташаккули сиёсии исломӣ нақш бозида бошад, давраи ҳиҷрат тасбит кард, ки ин ҳизб қудрат ва имконияти ҳукумат карданро ҳам дорад. Роҳбарону масъулони ҲНИТ ҳиҷрат ва ҳиҷронро тавре тай карданд, ки ҳеҷ яке аз ташаккулҳои динии дигар дар саросари дунё онро таҷриба накарда буд. Афғонистон барои устод Нурӣ на танҳо паноҳгоҳ шуд,балки дар инҷо ҲНИТ аз нав ҷон гирифту эҳё шуд ва то ба ҳадде муҳкам гардид,ки Ситоди марказии Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон,дафтари Шӯрои ҷиҳодӣ ва ҳукуматеро дар табъид бо номи Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон бунёд кард. Ҳаракати наҳзати исломӣ дар ҳақиқат ба масобаи як ҳукумат дар инҷо фаъолият кард ва тамоми аркони мудирият ва раҳбарӣ бар муҳоҷиринро ба хотири ҳифзу ҳимояти онҳо созмон дод ва тамоми арсаҳоро аз омӯзишу парвариш, иштиғол, тандурустӣ, амният, тартибу низом, қазоват, фарҳангу илм,матбуот, чопи китоб, умури занҳо, равобит бо хориҷ гирифта то муқовимат ва муборизаи мусаллаҳона ва нишастан сари мизи музокирот тартибу танзим ва фаъол кард. Коре, ки ҳамин имрӯз ҳатто тасаввураш душвор аст. Чаро, ки Афғонистон ва мардуми ҷафокашидаи он дар бадтарин шароит қарор дошт,вале ин руҳ ва ормону ҳадафи ошно ва муштараки Нурӣ ва ёронаш ин мардумро водор кард,ки як бурида нони худро бо тоҷикони аз ҷаври султаи комунистони уруспараст  фирорӣ шуда бо ҳам бинанд ва аз курпаву ҳезуми худ ба онҳо ҳам бидиҳанд. Бале,ин умматони он азизу баргузидаи Худо буданд,ки дар фақру бенавоии шадид,навола ва луқмаи даҳани худро ба ҳам диданд ва ин ҲНИТ ва масъулони он буданд,ки бо тамоми вуҷуд  тану ҷони худро фидои роҳи худ ва сипари мардуми худ карданд.Вақте ба корномаи ҲНИТ ва масъулони он дар Афғонистон хира мешавед,бо қудрат ва азамати ислом ва имону иродаи сахти пайравони он қоил мешавед. Ҳар кадоме аз масъулони ҲНИТ, ҳатто қабл аз онки дар ин кишвар бо ҳам бишаванд,танзимашонро барқарор кунанд,дар алоҳидагӣ ва ба таври фардӣ корҳоеро ба сомон расониданд,ки вазорату кумитаву ҳатто давлатҳо қодир набуданд, ки анҷом бидиҳанд. Ба ҳангоми мутолиаи ин қисмат аз ин риштаматолиб хоҳед пай бурд, ки инсони дорои ақида ва ҳадафи олӣ ба чи корҳое метавонад қодир бошад.

  Муҳимтарин коре,ки сарони ҲНИТ дар ҳиҷрат дар Афғонистони қашшоқу ҷангзада анҷом доданд ин буд, ки нагузоштанд ҳазорон-ҳазор тоҷики гурезаву лахту порашуда нобуд ва талаф шавад. Иштибоҳи обову бобоёни худ дар замони истилои болшевикҳои рус дар оғози асри гузаштаро такрор накарданд,аз парокандагиву парешонӣ ва то абад зору муштоқи зодгоҳу диёр мондани мардуми худ ҷилавгирӣ карданд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз суҳбатҳояш мегӯяд,ки мо ду роҳ доштем: ё ба зиллату хорӣ ва беномусиву ризоят ба ғарибии якумрӣ тан дармедодем ва ё барои бозгашт ба ватан ва ҳифзи ирзу номус ва дину оинамон мубориза мекардем:

  «Мардум шаҳид доданд, хонаҳояшон сӯҳт, амволашон тороҷ шуд ва онҳо омаданду паноҳ ҷустанд дар гарнизонҳо ё урдугоҳҳои Русия, ки дар сарҳад ҳастанд ва аз ин ҷо ҳам онҳо кашида шуданд ва қатли ом шуданд ва ҳатто кӯдакону мӯйсафедон, ки дар ин ҷо буданд, ҳама ба таври умумӣ кушта шуданд ва мардум маҷбур шуданду убур карданд аз дарёи Омӯ ва дар дохили дарёи Омӯ ҳам, маълум нест аз тарафи силоҳбадастон бошад ва ё аз тарафи он касоне ки дар он сарҳад силоҳ доранд, умуман, мардум дар дохили дарё ҳам баъзе ғарқ шуданд, баъзе кушта шуданд. Дар вақти убури мардуми Қубодиёну Шаҳритус аз дасти ин режими сангакӣ ва ин хунхорҳои коммунист дарёи Омӯ сурх шуда буд аз хуни миллати тоҷик. (Чанд лаҳзаи сукути комил ва андеша…) Бо ин машаққат дар зимистони бисёр ҳам сахт дарёро убур карданд ва онҳоеро, ки зинда монданд, мардуми мусулмони Афғонистон истиқбол карданд, ба онҳо як бурда нони худро тақсим карданду доданд ва мо ҳам баъд аз он ки мо ҳам дар ин вақт дар дохили Душанбе будем (оби гулӯяшонро фурӯ мебарад), баъд аз он ки шунидем, ки мардум бесарпараст ҳастанду бесарнавишт ва вазъият ҳам дар Кофарниҳону Душанбе хеле вахим шуд, пас мо ҳам роҳи ҳиҷратро ихтиёр кардем ва омадем дар ин ҷо.Дар ҳақиқат баъзе бародарҳои мо, баъзе ташаббусҳо нишон дода буданд, барои кӯмак кардан ба муҳоҷирин ва вақте вазъи мардумро дар Афғонистон дидем аз аъзои Шӯрои наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бархе ҳанӯз дар дохили Тоҷикистон буданд, даъват кардем, ин ҷо биёянд».

«Роҳи душвори сулҳ».Мусоҳиб Салими Аюбзод.Теҳрон.Соли 1994

   Худобиёмурз устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода,яке аз ёрони содиқи устод Нурӣ ва нахустин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Фараж»  бо ёдоварӣ аз он рӯзҳои мураккаб ва мушкил мегуяд вақте ҷаласаи аввали  сарони Наҳзат дар Афғонистон баргузор гардид, маълум шуд, ки наҳзатиҳо омода барои идомаи мубориза ва муқовиматанд ва ба ҳеҷ ваҷҳе сокит ва ором нахоҳанд истод:

«Ҷаласаи нахустин охирҳои моҳи январи соли 1993 дар Толиқон доир шуда буд.Дар кори он устод Нурӣ,банда,Давлати Усмон,Қорӣ Муҳаммадҷон,Мавлавӣ Қосим, Муҳаммадрасули Салом,Эшони Қиёмиддин ва чанде аз афроди бособиқаи Наҳзат,ки аксарияти тасмимгирандаҳо буданд, иштирок доштанд.Дар он ҷаласа устод Нурӣ-раис ва банда ба ҳайси муовини аввал-масъули робитаҳои хориҷӣ таъин шудем. Дар инҷо афроди дигар ҳам ҷалб шуданд, домулло Муҳаммадӣ, эшони Давлатхуҷа ва домуллоҳи дигар. Ҷаласаро устод Нурӣ раисӣ мекард. Албатта, баҳсҳое ҳам буданд. Бебаҳс набуд. Махсусан сари калимаи Наҳзат. Вале банда тавонистам бародарҳоро мутақоид кунам, ки мавҷудияти ин калима дар дар номи Ҳаракат басо муҳим аст».

  Мавлавӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода,вакили собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи ин суҳбаташ мегуяд,бархеҳо аз неруҳои дигари кишвар майли ҳамкорӣ карданд. Аммо,мушкилоту душвориҳои он марҳала онҳоро аз азмашон баргардонд. Вале наҳзатиҳо устувор ва мусаммам буданд:

 «Зимнан дар инҷо як нукта ёдрас шавад,ки вақте Шодмн Юсуф ба Кобул омад гуфт,ки аз Ҳизби демократ даст мекашаду узви Ҳаркати Наҳзат мешавад.Вақте баргашт аз Кобул ба Теҳрон як мусоҳибае ҳам доду худро масъули робитаҳои хориҷии Наҳзат муаррифӣ кард.Чуноне пештар низ зикр кардам,вақте банда ба Теҳрон омадам,онҷо бародарони мо хеле рӯҳафтода ва навмед буданд.Нигарон ҳам буданд,ки оянда чи хоҳад шуд.Бовар надоштанд,ки бозз корҳо муназзам ва мураттаб мешавад ва боз рӯзе мерасад,ки ҳама моро эътироф мекунад, гуфтушунид мешавад.Аммо бародароне,ки аз Наҳзат буданд,баъд аз ин ҳама фоҷиаи бузург дасту по нахӯрданд ва аз ҳамон таҷрибаи фаъолиятҳои пинҳонӣ аз соли 70-ум дар кори танзиму тартиби Наҳзат истифода карданд.Воқеан ин таҷриба имконият дод,ки корҳоро муваффақона пеш барем.Вагарна ҳар кадоме аз роҳбарон Наҳзат метавонистанд,ки дар кишварҳое паноҳандагии сиёсӣ пайдо кунанду орому хомӯш шаванд.Агарчи авзоъ ва шароит ниҳоят тоқатшикан, норӯшан ва навмедкунанда буд, шукри худо онгуна,ки зикраш рафт, таҷрибаи фаъолиятҳои пинҳонӣ имконият дод, руҳшикаста набошем ва дубора танзимро ҷур,муқовимат ва муборизаро идома диҳем. Барои мисол ҳатто ҳамин Кумисариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон танҳо бо як миқдори ками муҳоҷирин дар минтақаи кампи Сахии Мазори Шариф ҳамкорӣ мекард. Вале бо шумори бузурги муҳоҷирини тоҷик дар Толиқон ва Кундуз иртибот надошт.Ин муҳоҷирин бори дӯши танҳо Наҳзат буданд ва Наҳзат ҳам тавонист бо ҷалби муассисаҳои хайриявии кишварҳои исломии олам кори онҳоро сомон бахшад.Инҷо на танҳо таъминоти онҳо бо либосу маводди ғизоӣ дар назар аст.Ҳатто дар инҷо барои муҳоҷирин як шаҳрак сохта шуд.Шаҳраке,ки дар онҷо масҷиду мадраса,бунгоҳи тиббӣ ва ҳатто бемористон бо шароити корҳои ҷарроҳӣ.Яъне дар онҷо хадамоти иҷтимоӣ,фарҳангӣ,таълиму тария амал мекарданд.Наҳзат дар онҷо на танҳо о фаъолияти низомӣ ва муқовимат пардохта буд. Ҳатто садҳо тан аз наврасони ятиммондаро ба мадориси Покистон барои таълим фиристод. Ҳоло аксарияти онҳо мутахассисанд, донандагони хуби чандин забонҳои байналмилалианд. Аксарияти онҳо дар муассисоти дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунанд.Ба ин тартиб Наҳзат ҳам тавонист муқовимат кунад ва ҳам нагузошт атфоли муҳоҷирин бесавод бимонад».

«Фараж» ,феврали соли 2009.

Аммо,то ин шаҳраку бунгоҳи тиббиву масҷиду мадраса,ки бо пеш омадани шароит дар ин мулки ғарибӣ ва ҳиҷрати маҷбурӣ бунёд гардид,аҳволу авзоъи ҳудуди 200.000 гурезаи тоҷик,ки барои ҳифзи ҷону нангу номус дар сахттарин рӯзҳои сарди тирамоҳу зимистони соли 1992 рӯди Омуро мегузаштанд чи тавр буд. Ва онҳоро киҳо сарҷамъ карданд, аз нобудиву талаф шудан наҷот доданд, нагузоштанд,ки аз сардиву гуруснагӣ бимиранд,киҳо аз лаби рудхона то ба маҳаллу манотиқи амнтар мунтақил дод? Боз ҳам масъулону маъмурони Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон буданд. Мавлавӣ Муҳаммадрасули Салом, яке аз собиқадорони Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳавлу ҳоли он рӯзҳои сарду саъб,ки мардум аз тарси ҷон хонаву кошона ва ватани аҷдодии худро тарк карда ва худро ба рӯди Ому мезад ва худи ӯ шоҳиди он рӯзҳои мусибатбор буд,чунин ҳикоят кардааст:

  «Мо охирин ашхосе будем,ки аз Вахшонзамин аз дарёи Ому гузаштем.Ин 25 декабри соли 1992 буд.Аз роҳбарияти ҲНИТ камина ва чанд нафаре будем,ки ҳамроҳи мардуми водии Вахш ба қаламрави Афғонистон ҳиҷрат намудем.Дигар роҳбарони ҳизб,ки он вақт дар Душанбе қарор доштанд,тавассути водии Қаротегину Вахё ва Дарвоз ҳиҷрат карда буданд.

   Бояд гуфт,ки воқеан ҳам дар лаби дарёи Панҷ ё худ Ому вазъияти мардуми мусалмони мо бисёр вазнин буд.Халқ хеле азобу уқубат кашид.Зеро ҳаво хунук шуда буд.Мардуми бесарпаноҳ азобҳои сахтро аз сар гузарониданд.Як қисми пиронсолону кӯдакон аз сардии ҳаво ҳалок шуданд.Ҳатто дар хотирам мондааст,ки дар он киштие,ки аз дарё мегузаштем як зан таваллуд кард ва мо аз дидани ин вазъияту ҳолат хеле мутаассир шудем.Хайр, дигар чи гӯям?Муддати як моҳ тамоми мардуме, ки мехостанд ҳиҷрат кунанд ба хоки Афғонистон гузаронидем. Касоне нахостанд бираванд,мо ба онҳо кордор нашудем. Дар он тарафи марз муҳоҷиринро дар қароргоҳҳо ё кампҳо ҷойгир кардем ва барои беҳтар кардани шароити зисут зиндагонии онҳо кӯшиш ба харҷ додем».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп».

Мардуми гурезаи тоҷик дар  рӯзҳои аввали ҳиҷрат дар Афғонистон ҳоли хеле тоқатфарсо ва сахт доштанд.Занону кудакон ва пирсолон тоб намеоварданд. Аммо,вақте,чуноне устоди равоншод дар суҳбаташ тазаккур медиҳад, марзбонони Русия дар сарҳад, дар лаби дарёи Ому ба онҳо раҳм намекунанд ва ба ночор тарки ватан мекунанд,ин асрор барояшон ошкор мешавад, ки ҳама чиз тибқи нақшаи тарроҳони ҷанг-Русия ва Узбакистон ва бо дастони Сангаку Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун ҳукуматро гирифта буданд, пеш рафта истодааст.

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, яке аз муассисони ҲНИТ мегӯяд, як чунин пешомадро дарк карда буданд, ки ҳадаф доранд онҳоро аз ватан берун андозанд,чун мехостанд аз неруҳои нави сиёсӣ ва бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон халос ва фориғ бишаванд:  

    «Дар аввал ҳаминро бояд қайд намоям,ки ба андешаи ман ҳама тибқи нақша буд ва мехостанд моро аз дарё он тараф биронанд.Яқин доштанд,ки нисфи мо аз гуруснагӣ хоҳем мурд,зеро онҳо медонистанд,ки афғонҳо худ дар ҳолати сахтӣ ба сар мебурданд ва имкон надоштанд,моро қабул кунанд.Аммо бар хилофи гумони онҳо,миллати афғон моро хеле хуб қабул карданд ва як бурда нони худро бо мо тақсим карданд ва ҳатто дар хонаҳои худашон ҷо доданд. Наҳзат,ки як созмони муназзам буд,дар баробари миллат эҳсоси масъулият намуд ва бо иродаи қавӣ мардумро даври ҳам ҷамъ кард ва дар ҳамкорӣ бо созмону ҷамъиятҳои хайриявии ҷаҳони Ислом талош намуд,то эҳтиёҷоти мардумро бароварда кунад.Албатта,инро бо забон гуфтан осон аст.Шумо тасаввур кунед,ки беш аз сад ҳазор муҳоҷир,тақрибан дар як замон,ба хоки Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат намуданд ва чизе бо худ надоштанд.Ин ҳамаро бо хӯроку ҷой таъмин кардан ниҳоят вазнин буд,вале бо лутфу карами илоҳӣ ва дастгирии мардумо ба мо дӯсту бародари афғон. Наҳзат аз ӯҳдаи ин кор баромад. Ман ба ҳайси дафтардори Наҳзат дар ғарби Афғонистон дар шаҳри Ҳирот будам ва аз мардуми ин минтақа хеле хубиҳо нисбати муҳоҷирон дидам,ки ҳаргиз наметавонам онро фаромуш намоям. Волии ин минтақа аз Ҷамъияти исломӣ Муҳаммад Исмоилхон буд ва нисбати мо муҳоҷирон дилсӯзии зиёд зоҳир мекард».

«40 соли ҲНИТ.Хотира,андеша,дидгоҳ» Душанбе-2013» «Муаттар».

   Қабл аз вуруди устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Давлати Усмон-се роҳбари аввали ҲНИТ ба Афғонистон шахсиятҳои дар он замон шинохтаи Наҳзат барои ҷобаҷосозӣ ва бо ғизову сарулибос таъмин кардани муҳоҷирон хидматҳои зиёде карданд.Ин нишона ва гувоҳи он буд,ки Наҳзати Исломӣ омода ба ҳар шароит аст ва метавонад худро дар ҳар шароите мутобиқ созад ва ҷавобгӯ ба ҳар ҳолат бошад ва боз ҳам кору фаъолият кунад.

   Эшони Қиёмиддини Ғозӣ яке масъулони ҲНИТ аввалин дар шумори аввалин афроде буд, ки Афғонистон ба кумаки гурезаҳо рафт.Вай дар як суҳбаташ мегуяд,ки ӯ ҷиҳати иштирок дар як конфронс дар авохири сентябр дар Теҳрон қарор дошт.Вақте мехост баргардад,ба ӯ гуфтанд,ки бояд ба Афғонистон биравад.Вай мегуяд вақте ба Афғонистон расид,ки авохир октябр шуда ҳазорҳо нафар гурезаҳои тоҷик дар марз ва лаби дарёи Ому ҳоли зору табоҳе доштанд.Ӯро Бурҳониддин Раббонӣ,раиси ҷумҳурии Афғонистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд пазируфта номааш медиҳанд ва ҳама қумандонҳи таҳти итоати онҳо муаззаф ба кумак ба муҳоҷирон мешаванд.Вай дар як сӯҳбаташ мегуяд:

 «Дар Толиқон тайи ин муддат мо ба хонаҳое,ки муҳоҷирони ба сар мебурданд асбоби зарурати рузгор,то офтобаву обдастаи дастшӯиро муҳайё кардем,биноҳоро тазйину тамиз намудем.Дар ин миён аз вазъи мо ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бохабар шуда буд.Хабарнигорон аз ВВС ва аз дигар расонаҳо омада суҳбатҳо мекраданд.Ҳар рӯз корамон ҳамин буд.Ба 60-70 Камаз аз ҳамон пул солярка мерехтем,кирояро медодем, мебурдему муҳоҷирини ҷон дар кафро меовардем. Чун пулҳоямон тамом мешуд,бо номае,ки аз Аҳмадшоҳи Масъуд гирифта будем ба Кунду ва ба Толиқон мерафтем ва аз онҷо маблағи даркориро мегирифтем.Ҳар рӯз шояд 50 ило 60 нафар ҷаноза мешуд. Мегуфтанд,ки дар сӣ соли охир як чунин хунукӣ набуд.Пирамардон,пиразанон ва кудакон аз сардӣ ҷон мебохтанд.Илова бар ин як Камази мо дар роҳ чаппа шуд в ачандин нафар ба ҳалокат расид.Мо аз соҳил то манзил 70 километр роҳи пур аз барфу лойро тай мекардем.То ба Кундуз тақрибан то нимаҳои дуюми декабр фақат ва фақат муҳоҷиринро кашондем в аба манзили амнтар расонидем.Ёдам ҳаст,ки гоҳо ҳафтаҳо наметавонистам музаҳоро аз по берун кунам,Ва як бор хатиб Раҳматулло соҳию бо қайчи маҷбур шуд музаро бурида пойи маро гирад. Пойҳоям варам карда буд,намешуд музаро бадар кардан. Баъд аз ҳамаи ин корҳо,ки муҳоҷиринро ҷобаҷо в абарояшон сарпаноҳе пайдо кардем маълум шуд,ки шукри худ ҷаноби Қозидомулло ҳам зинда будаанду ҷаноби Нурӣ ҳам ва ҷанобони дигар ҳамагӣ саломат будаанд. Ҳамагӣ чун фаҳмиданд,ки мо инҷо ҳастем баъд ба Толиқон омаданд. Онҳо вақте омаданд,ки мо ҳатто қароргоҳ ҳам доштем». «Фараж».июни соли 2009

Давлати Усмон,ноиби аввали раиси ҲНИТ ва муовини нахуствазири Ҳукумати Муросои Миллӣ,ки акнун сарнагун шуда буд ба Афғонистон аз тариқи Эрону Покистон мерасад. Вай дар як сӯҳбати матбуотиаш мегуяд,ки Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд тамоми имконоти доштаву надоштаи худро ба рӯи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боз карданд:

   «Вақте мо аз Хӯҷаи Ғор берун мешудем,як ҳавопаймои  кумакҳои Эрон барои тоҷикони гуреза расида буд ва дар ин ҳавопаймо оқои Холид ва баъзе бародарони дигар низ буданд.Дар инҷо мулло Қосимро пайдо карем,ки пиёда аз тарафи Бадахшон меомад.Ман ӯро ҳамроҳи худ гирифтам.Вақте мо поин шудем,дар ин минтақа бародарони афғон гуфтанд,ки дар он сӯ снайперистҳоро аз Узбакистон овардаанд,то роҳбарони оппозитсионро ҳадаф қарор диҳанд.Дигар машварат кардем,ки Мулло Қосим барои овардани устод Нурӣ бирвад. Мулло Қосим баъди ду рӯз баргашту хабар овард,ки роҳ нест,ҳамаро барф пӯшидааст. Вале дарак ёфтааст, ки устод Нурӣ дар қарияҷоте бо номи Моҳи май(Афғонистон),ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ванҷ аст,гузаштааст,Гуфтам,агар маълумот дақиқ аст яке аз чархболҳоро бифиристем.Байни мову ӯ 200 километр роҳ буд. Мутаассифона дигар чора надоштем. Баъд мо кӯмакҳоро онҷо гузоштему ба Салам(Саламшо Муҳаббатов,аз фармондеҳони ИНОТ дар Бадахшон) ва дигар фармондеҳон робита пайдо карда тавассути як намоянда таслимашон намудем.Аз онҷо баргаштему дигар шурӯъ кардем ба кумаки муҳоҷирону ба ҷамъ кардани неруҳои боқимонда. Дар Фархори Афғонистон 250 тан аз неруҳоро ҷамъ кардам ва дар он ҷо машқу тамриноти низомиро ба роҳ мондам.Сипас Кундуз ба лаби об рафтем. Тахминан дар ду ҳафта 15 ҳазор аз гурезаҳоро ба инҷо овардем. Ин вақт ҳоло устод Нурӣ наомада буданд.Мо тақрибан ҳамаи гурезаҳоро ба ба ҷойҳои нисбатан амнтар ҷобаҷо кардем. Аҳмадшоҳи Масъуд дар Толиқон як биноро барои маркази мо ҷудо кард.Он вқт ҳамроҳи ман эшони Қиёмиддин ва Мулло Қосим буданд.Мулло Абдураҳим набуданд ва ба кори дигар машғул буданд. Баъд мулло Маҳмадрасул ба назди мо омаданд.Дертар рӯзҳои 28-29 январ буд,ки устод Нурӣ,Ҳимматзоа ва муллоАбдуғаффор бо чархбол аз Кобул омаданд.Мо бо устод Нурӣ дар рӯзи 20 январ тавассути мухобара(ратсия),ки дар Баҳорак буд гуфтугӯ кардем.Эшон гуфтанд мехоҳанд бо раисиҷумҳурии  Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ гуфтугӯ кунанд ва сипас назди мо ба Толиқон хоҳанд омад.Тақрибан 40 рӯз пештар аз эшон ман дар Толиқон будам».

«Фараж» апрели соли 2009

Аммо худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар чи ҳолу вазъе қарор дошт ва чи тавр тавонист,ки бидуни газанде ба Афғонистон биравад.Шоҳнаими Карим ,масъули собиқи мол ва дороӣ ва ҳоло муовини раиси ҲНИТ,ки устодро ба ҳангоми рад шудан аз марз ҳамроҳӣ кардааст,дар ин бора чунин ҳикоят кардааст:

   Шабе мулло Анвари Дарвозӣ ба назди ман омад ва гуфт: “домулло дар минтақаи Моҳи майи давлати Исломии Афғонистон аст ва туро суроғ дорад. Ман фавран дарёро убур намуда, ба назди Устод расидам. Эшон ба ман гуфт: “ба ту се рӯз вақт, роҳеро пайдо кун, то дубора ба Тоҷикистон баргардем ва аз он ҷо ба Афғонистон биравем”. Ман тамоми чораҳои заруриро дидам ва бархе корҳоро анҷом додам ва ҳамроҳи Устод ва дигар ҳамроҳонаш дарёро убур карда, ба хоки Тоҷикистон гузаштем. Шабро дар Язғулом дар хонаи тағоям, Санавбаршоҳ рӯз карда, фардои он рӯз ба тарафи шаҳри Хоруғ равон шудем. Ин ҳодиса 27 декабри соли 1992 буд. Дар Хоруғ се шабонарӯз мондем. Дар ин муддат Устод бо қумандонҳои бадахшонӣ вохурӣ ва суҳбатҳо доир намуд. Бо дастури Устод мо Акбаршоҳ Искандаровро пайдо кардем ва ба назди эшон овардем.Устод Нурӣ ҳамроҳи Акбаршоҳ муддате суҳбат карданд.Искандаров баъди суҳбат аз ҷояш хеста, ду даст пеши бар карда гуфт: “ман омодаам масъулиятро бипазирам”. Акбаршоҳ Искандаровро аз номи муҷоҳидин раиси шӯрои ВМБК интихоб карданд ва аз тариқи радиои вилоят эълон шуд. 30 декабр ба тарафи ноҳияи Ишкошим ҳаракат кардем ва як шаб дар он ҷо бо муҷоҳидини минтақа суҳбат карданд ва мо дунболи пайдо кардани роҳ барои гузаштани марз рафтем. Рӯзи 31 декабри соли1992 дар дашти ноҳияи Ишкошим дар  хонаи нафаре чанд лаҳза истироҳат намуда, сипас ба тарафи марз равон шудем. Соҳиби он хона ба Устод гуфт: “як пиёла чои моро нохӯрда меравед, Худоро хуш намеояд”. Устод гуфт: “иншоаллоҳ, чои туро хоҳем хӯрд, то Худоро хуш ояд”. Вақте ба лаби дарё расидем, дидем, киштӣ сурох буд ва мо дубора ба ҳамон хона баргаштем ва он соҳибхона хело хурсанд шуд ва мегуфт: “воқеан Худо маро дӯст медоштааст”. Мо балоне пайдо намуда, бар лаби дарё рафтем. Барф зиёд ва ҳаво сард буд ва дарё пур аз ях.Устод дар болои балон савор шуда, аз дарё гузашт ва Эшони Закариё, Ҳоҷӣ Абдурашиди Бадахшӣ, Саидиброҳими Назар ва банда баъди эшон дарёро убур кардем.Вақте ки мо ба хоки Афғонистон қадам ниҳодем, Устод ба тарафи Тоҷикистон нигоҳ карда лаҳзае хомӯш истод ва сипас гуфт: “арабҳо ҳиҷрат карданд, пирӯз шуданд, афғонҳо ҳиҷрат карданд, ғалаба ба даст оварданд, имрӯз тоҷикон ҳиҷрат карданд”. Ин суханонро эшон 31.12.1992 дар минтақаи Султон Ишкошими Афғонистон гуфтанд. Мо як шаб дар Султон Ишкошим боқӣ мондем ва меҳмони Сардорхон, сарпарасти минтақа будем. Баъд як мошини Зил харидорӣ намудем ва ба минтақаи Баҳорак омада, 5 рӯз дар он ҷо дар назди қумандон Наҷмиддинхон, намояндаи махсуси Аҳмадшоҳ Масъуд боқӣ мондем. Сипас ба тарафи Файзобод, пойтахти вилояти Бадахшони Афғонистон раҳсипор шудем ва дар роҳ бародар Сайидумар Ҳусайниро дидем, ки ба пешвози Устод тарафи Баҳорак меравад. Мо бо ҳам ба назди волии он ҷо, бародари шаҳид Ориёнпур рафта 11 рӯз истодем. Сипас устод Раббонӣ як ҳавопаймои Ан-12 фиристод ва мо ба Кобул парвоз кардем. Вақте ба Кобул расидем, моро дар қабулгоҳи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон ҷой доданд ва дар он ҷо раисҷумҳури вақти Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ бо Устод мулоқот ва суҳбат намуд». 

«40 соли ҲНИТ.Хотира,андеша,дидгоҳ» Душанбе-2013» «Муаттар».

 Мурури ин ҳама ҳаводис ва ин ҳама саргузаштҳои талх аммо хеле ибратомӯз ҳар нафарро ба тобу тавони Наҳзати Исломӣ,мубориза ва талошҳои онҳо шефтаву маҷзуб мекунад. Ин ишқу алоқа ва ин азхудгузаштагӣ дар роҳи ба самти Худост,ки онҳоро инчунин муваффақ ва комёб гардонид.Ин ҳама ҷонафшониву ҷонфидои барои молу пулу пайса не,барои касби ризои Холиқ аст.Онҳо бар ивази ин ҳама фидокориву ҷонбозиҳо фақат ва фақат ризои Холиқи худро умед мекарданд.Ва,ин ҳама ончунон таъсиргузор буд,ки хеле аз домуллоҳо,ки дар ватан бо онҳо набуданд,ҳамроҳашон шуданд ва риёсат ва сарварии устоди равоншод Нуриро пазируфтанд. Яке аз онҳо Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аст,ки баъди фаъолияти дубораи ҲНИТ дар ватан ва то замони боздошт ва манъи фаъолияти он дар соли 2015 раиси Комиссиюни тафтишотии ҳизбро бар уҳда дошт, мегуяд,ки фақат Наҳзат ва раиси он метавонист дар он шароит миллати оворашудаи мусалмони тоҷикро наҷот бидиҳад: 

  «Вақте мо ба Афғонистон ҳиҷрат намудем, мардуми муҳоҷири тоҷик пароканда ва ҳар кас дар фикри худ буд. Бо ташаббуси устод Нурӣ сарварони Наҳзат, домуллоҳо ва шахсиятҳои бонуфуз ҷамъ шуда, ҷаласа оростанд ва ҳаракати Наҳзатро таъсис доданд, яъне ҳизб ба ҳаракат табдил ёфт ва дар ҷаласаи нахустин Устодро роҳбари ҳаракат интихоб карданд.Зеро ӯ ягона шахсияте буд, ки дар он вазъи азҳамрехтагии нерӯҳо ва парокандагии муҳоҷирон тавони ба танзим овардан ва идора карданро дошт. Мо тавонистем дар хориҷ ҳукумати хурдакаке ташкил диҳем, ки яке аз шохаҳои онро Шӯрои ҷиҳодӣ ташкил медод ва 40 нафар узв дошт.Ҳамчунин ба хотири бесавод намондани фарзандони муҳоҷирон Кумитаи илм, иршод ва фарҳанг таъсис дода шуд. Воқеан, агар Наҳзат намебуд, касе дар он вазъият наметавонист созмон таъсис диҳад ва мардуми овораро сарпарастӣ намояд».

«30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». 2013

Домуллои дигаре,ки маҳз дар Афғонистон ба Наҳзат имон оварду гаравид ва узвияти онро пазируфт Абдулҳайи Искандар аст. Домулло Абдулҳай иқрор мекунад, ки ончунон бо устод Нурӣ таассуб дошт, ки нагузошт ба аёдати устодашон қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, ки дар дами марг қарор дошт,мушарраф шавад.Вале мегӯяд ӯ ин мубориза ва муқовимати Наҳзати Исломӣ буд,ки маҳз дар ҳиҷрат узвияти онро пазируфт ва дар канори устод Нурӣ ба мардуми овора хидмат кард:

«Дар ҳақиқат камина то соли 1992,то давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи мухолифини ҲНИТ қарор доштам,ақоиди онҳоро намепазируфтам.Чунки ноогоҳона ба сарварони ин ҷунбиши исломӣ таъассуб нишон медодам,хусусан ба устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Ин воқеиятро гуфтан лозим аст ва кмина ин суханонро возеҳу равшан ҳамеша мегӯям ва ба ин қирор ҳастам.Ин гуна таъассуб аз ноогоҳии ман буд, ки мутассифона,аз ҷониби ман чандин солҳо зоҳир мешуд. Ҳатто ба дараҷае,ки ҳангоми сахт бемор будани устоди шодравонамон Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба аёдаташон омада буданд,зеро он кас ба вай ҳаққи устодӣ доштанд,ман аз рӯи таъассуб нагузоштам,ки эшон назди он ҳазрат дароянд…..Вақте ҳаводиси солҳои 1992 ба вуқуъ пайваст, дар қатори ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон тарки ватан намуда, ба ҳамсоякишварамон Афғонистон ҳиҷрат кардам. Ҳиҷрати ман аз тариқи Бадахшон сурат гирифт ва то деҳаи Баҳораки Афғонистон рафтам. Бадахшони Афғонистон аз Бадахшони худамон сардтар аст ва дар замини он ҷо аз сардӣ чизе намерӯяд. Маводи хӯроквориро аз Тахору Қундуз ба онҷо тавассути аспу хар мебаранд. Волии Баҳорак марҳум Наҷмиддинхон маро ба назди худ хонда гуфт: “Мо ҳарчанд талош мекунем, то барои муҳоҷирини тоҷик чизе пайдо кунем, вале хӯроквории пайдокардаи мо кам аст ва адади муҳоҷирон зиёданд”.  Баъди шунидани ин суханон ман ҳамроҳ бо қозии Баҳорак дар деҳаву рустоҳои Панҷшер 44 рӯз пиёда гашта, барои муҳоҷирини худамон нон металбидем.Аз молу озуқа ҳарчи ба дасти мо меомад, ба муҳоҷирин равон мекардем. Бо вуҷуди он, ки афғонҳо донишмандони исломии зиёд доранд, мо дар масоҷид суханронӣ мекардем, аз шунидани суханони мо афғонҳо гирён мешуданд. Бародарони афғони мо барои бародарони тоҷики худ чизеро дареғ намедоштанд, баъзеҳо бузу гӯсфанду говашонро дар бозор мефурӯхтанду пулашро ба мо медоданд. Мо бо он пулҳо аз онҷо ғалла мехаридем ва ба Баҳорак мефиристодем……..Хоҳ бовар кунед,хоҳ не,вақте ман дар масҷидҳо,ҷамъомадҳо суханронӣ мекардам, аҳволи мардуми муҳоҷири бесарпаноҳи тоҷикро шарҳ медодам,ҳама хурду калон гирён мешуданд. Баъд,як шоле,ки афғонҳо онро пату мегӯянд,ба замин меандохтам,ба қудрати Худо,пул меборид. Марду зани мусулмони афғон ба қадри қудрату тавоноӣ дороии худро оварда,хайру садақа мекард. Яке медидӣ,ки овози бузу гусфанд баромад,чанд нафаре бузу гӯсфанд оварда садақа мекарданд.Яке овози мурғ баромад,медидӣ,ки кампираке бо чашми гирён дар зери остин мурғакеро  овардааст. Дарҳол  бузу гусфанд,мурғҳо ва дигар амволи овардаро нарх мекарданд,нафароне онҳоро мехариданд ва пули онҳоро оварда дар шол меандохтанд.Дар охир пулҳои ҷамъшударо ҳисоб мекардем,дар халтаҳо пур карда,даҳонашонромедӯхтем ва бо даст ду-се нафар маъмури афғон ба қароргоҳи муҳоҷирин мефиристодем…..Бори аввал 22 рӯз деҳа ба деҳа гашта,пул ва ҳезум фиристодам. Баъдтар Устод тавассути нома ба наздаш даъват намуда ва маро дар ҷаласаи Шӯро раиси таълиму тарбияи Наҳзат интихоб карданд. Дар камтарин муддат тавонистем, дар тамоми минтақаҳои муҳоҷирнишин мактабҳо бисозем ва фарзандони муҳоҷиринро таълим бидиҳем. Бародарони мусалмони олам аз ҳар тараф ба мо бо қаламу дафтар ва дигар маводи таълимӣ кӯмак менамуданд. Ҳатто президенти Афғонистон марҳум Бурҳониддини Раббонӣ ба Қундуз омад ва аз мактабҳои мо дидан намуд. Мо дар майдончае ҳама талаба ва толибаҳоро барои пешвози Раббонӣ ҷамъ кардем. Вақте Бурҳониддини Раббонӣ ин ҳама талошу заҳматҳои моро дид, хушҳол шуд ва ба миқдори 200 миллион афғонӣ тӯҳфа кард. Ман тасмим гирифтам, ки ҳамаи он тӯҳфаро дар роҳи Худо ба занони муҳоҷир тақсим кунам. Ва ман ба ваъдаам вафо кардам ва ин пулҳоро ба дастам нагирифта ҳамаро тақсим намудам.Ҳарчи кардам, барои Худо кардам ва умед дорам Худованд аз ман қабул карда бошад».

«30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». 2013

  Хайриниссо Саидова хабарнигори «Садои Тоҷикистони озод»-радиои Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон,ки аз Толиқон барномаҳояшро мунташир мекард ва масъули пешини бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар Қурғонтеппа дар шумори даҳҳо ҳазор аз гурезаҳои тоҷик дар Афғонистон буд,ки тамоми азият ва азоби убури рӯди яхбастаи Панҷ ва заҳри ғурбатро чашидааст.Вай мегуяд ин Наҳзати исломӣ буд,ки мардумро аз парокандагӣ ва несту нобушавӣ дар Афғонистон наҷот дод:

   «Вақте ба Афғонистон рафтем, нахустин кореро, ки роҳбарияти Наҳзат анҷом дод, ҷамъ намудани мардуми парокандаи тоҷик буд.Зеро гурезаҳо аз се минтақа вориди хоки Афғонистон шуда буданд, Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷи Поён. Ҳангоме ки Наҳзат мардумро ҷамъ мекард ва дар миёни онҳо занону кӯдакон хело зиёд буданд, ман наҳзатиҳоро дар ин кор кӯмак намудам ва онҳо даву тоз ва саъю талош ва ҷасорати маро дида, пешниҳод карданд, ки дар муборизаҳо бо эшон бошам. Ман худ омодаи шомили ин ҳаракат шудан будам, ин ҳама боис гардид, то яке аз аъзои он гардам. Ба ғайр аз ман чанд бонуи дигар низ дар ин ҳаракат шомил буданд ва барои муҳоҷирин хидмат менамуданд. Мо беш аз 1000 оиларо сарварӣ менамудем ва дар пайдо кардани хешу ақрабо, бародару падар ва шавҳарашон кӯмак мерасондем, онҳоро номнавис карда, ҷои буду бошашонро маълум намуда, маълумоти заруриро ҷамъоварӣ мекардем. Роҳбарияти Наҳзат, ба хусус устод С. А. Нурӣ аз фаъолиятҳои мо бохабар шуданд ва бидуни даъвати касе ва ё ташвиқи касе худро шомили ин ҳаракат дидам. Ҳамчунин хабарнигорон аз ҷониби роҳбарият ба назди муҳоҷирон мерафтанд ва аз аҳволи онҳо хабар гирифта, дилгарм менамуданд ва ман тавассути онҳо ахборро ба роҳбарият мерасондам. Бо бародар Бобоҷони Шафеъ ман дар ҳамон ҷо шинос шудам, ки хабарнигори Наҳзат буд ва ҳамон шабу рӯз дар миёни муҳоҷирон фаъолият мекард. Он вақт, агар хато накунам, дар дафтари марказии Наҳзат котиб Сайидумари Ҳусайнӣ буданд ва ман шахсан чанд маротиб нома ва ҳатто сабти овоз фиристодам ва аз он ҷо ҷавоби нома ба ман расид, хело хурсанд шудам, ки роҳбарият дар фикри мо будааст. Баъд аз он иртиботи ҳамешагӣ барқарор шуд.Ба ростӣ, дар Афғонистон бонувони зиёде дар ин ҳаракат фаъолият менамуданд ва ҳар яке масъулияти хосеро ба уҳда дошт. Дар ибтидо тақрибан вазифаи ҳамаи мо ҷамъоварӣ ва рӯйхат намудани муҳоҷирон буд, ки дар ин кор ҳам бародарон ва ҳам хоҳарон фаъолият менамуданд.Сипас бо дастури роҳбарият дар хонаҳо синфхона ташкил карда шуд ва кӯдакон барномаи мактаби миёнаро меомӯхтанд ва мо аз рӯйхати тартибдодаамон муаллимаҳо, табибон, мураббияҳо ва дигар мутахассисонро пайдо менамудем ва ба онҳо вазифа медодем. Баъдтар Наҳзат мактаб, мадраса ва шифохонаҳо сохт, ки бонувон дар он ҷо ба мардуми муҳоҷир хидмат менамуданд. Гурӯҳе аз бонувон дар хаймаҳо мегаштанд ва бо муҳоҷирон суҳбат намуда, аз мушкилоташон пурсон мешуданд. Баъд аз огоҳӣ ёфтан ба ашхоси масъул хабар медоданд, то мушкили онҳоро ҳал намоянд. Аз тамоми фаъолиятҳо ба роҳбарият гузоришҳо менавиштанд. Аз ҷониби роҳбарият эшони Сайидқиёмиддин омада, моро хабар мегирифт ва тавсияҳо медод.Дере нагузашта Наҳзат ба фаъолиятҳои муназзам шуруъ намуд ва бахшҳои худро таъсис дод. Бонувон дар кумитаҳои иршод, матбуъот ва даъват фаъолият мекарданд. Наҳзат инчунин барои бонувон корхонаҳои дӯзандагӣ бунёд кард, давраҳои омӯзишӣ дар ихтисосҳои гуногун баргузор намуд, барои омода намудани ҳамшираҳои шафқат курсҳои дарозмуддат доир кард ва ба иштирокчиёни ин давраҳо сертификат дода мешуд».

«40 соли ҲНИТ. Хотира,андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013» «Муаттар».

      Дар ҳақиқат созмондеҳиву фаъолсозии ин ҳама умур ва арсаҳо дар як шароит ва дар як кишваре,ки худаш гирифтори ҷанг аст ба гуфтан осон аст. Барои ҳамин аст ки давраи ҳиҷрати ҲНИТ дар Афғонистон як давраи бисёр ҳам мутафовит дар таърихи нимасраи фаъолияти вай аст,ки ҲНИТ-ро аз як ташкилоти милливу маҳаллӣ то ба сатҳи як субъекти байналмилалӣ бишиносонд ва иртиқо дод.Устод Нурӣ ва ҳукумати хурдакаки дар табъиди вай ҳамзамон кори муқовимат ва муборизаи мусаллаҳонаро шуруъ кард,ки дар ниҳояти амр ҷониби дигарро маҷбур сохт сари мизи музокирот биншинад.         

Поёни бахши аввали Давраи сеюм ,давом дорад…

Share This Article