ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\1

Ислоҳ нет

ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад. 

(Бахши аввал, давраи чаҳорум)

Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон

Роҷеъ ба фаъолияти Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон дар бахши қаблӣ (ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3) маълумоти мухтасар ироа карда будем.Аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки КОМ дар таърихи нимасраи ҲНИТ марҳалае хос ва бисёр ҳам боарзиш мебошад,лозим донистем дар шуруъи ин бахш низ як-ду нукотеро дар робита ба КОМ мутазаккир бишавем.

 Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), муассиси нахустин ва танҳо ҳизби исломӣ дар қаламрави шӯравии пешин, раиси Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик, чуноне таззаккураш рафт, раёсати Комиссиюни оштии миллӣ-ниҳоди муштараки давлат ва оппозитсиони тоҷик барои иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро бар ӯҳда гирифт. Ин масъулият ва маъмурият барои бунёдгузори як созмони сиёсии динӣ,ки ҳиҷ гоҳ таҷрибаи раҳбарӣ дар ҳукуматро надошт як имтиҳон ва озмоиши ҳаётӣ ба шумор мерафт.Дуруст аст ки устоди шаҳид дар Афғонистон роҳбарии ба маънои томаш як ҳукуматро таҷриба ва малакаи кофии раёсатро ҳосил карда буд. Аммо инҷо дар КОМ авзоъ фарқ мекард. Онҷо устод омир ва фармонраво буд ва афрод дар итоати ӯ қарор доштанд. Инҷо ин тавр набуд, нисфе аз аъзо вобастаи вай набуданд, балки ҳарифу рақиб ва дар сангар ва ҷабҳаи дигар қарор доштанд. Ҳам онҳоро мебоист мудирият мекард ва ҳам тарзе бояд кор мекард, ки обру ва ҷойгоҳи ҲНИТ яъне мухолифин, тавону зарфият онҳо ҳимоят ва намудор мешуд. Дар ҳақиқат сахт душвор буд.

   Дуруст аст ки КОМ ниҳоди давлатӣ набуд, аммо вай аз ваколат ва салоҳиятҳои ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд. Афзун бар ин, ба фаъолияти КОМ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар ҳам сахт таваҷҷуҳ мекарданд. КОМ мебоист натиҷаи ҷаҳду ҷиҳод ва муборизаҳои панҷсолаи сиёсиву низомӣ, музокироти сулҳро ҷамъбаст мекард ва тавре бояд натиҷа ба даст меовард, ки ин ҳама заҳамот набояд барҳадар мерафт. Ин ҳама масъулият ва маъмурият бар души устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Мунтаҳо ҲНИТ ба маърази санҷиши тамоми дунё,аз ҷумла Созмони милали муттаҳид, бузургтарин марҷаъи сиёсии дунё қарор дошт.

  ҲНИТ дар таркиби КОМ нақши меҳварӣ ва асосӣ дошт. Балки КОМ амалан ниҳоди мураккаб ва муташаккил аз ҳукумат ва ҲНИТ буд.  

Ҳузури устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони раиси КОМ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва Одинабеки Абдусалом, минҳайси масъулин ва аъзои КОМ худ далолат бар он мекунад, ки КОМ барои ҲНИТ чи арзишеву аҳамияте дошт ва ҲНИТ дар таркиби КОМ аз чи мақому мартабае бархурдор буд. Ба истиснои марҳум, устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода се нафари дигари ин афрод: устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, домуллои равоншод Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва  Одинабеки Абдусалом аз муассисони ҲНИТ шомили КОМ буданд. Беш аз ин, ҳар се раиси ҲНИТ, ҳам устоди равоншод Нурӣ, ҳам устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода,ки раёсати яке аз чаҳор зеркомиссиюни КОМ-ро бар уҳда дошт ва ҳам раиси феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси ёвари раиси КОМ дар ҳайати КОМ фаъолият кардаанд.

Муассиси ҲНИТ раёсати ниҳодеро бар уҳда гирифт, ки панҷоҳ дар сади онро намояндаҳои ҳукумат ба шумули муовини аввали раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил медод.

  КОМ нахустин ниҳоди расмӣ ва эътирофшуда ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар дохили кишвар буд, ки раёсати онро як руҳонӣ ва як сиёсатмадори динӣ бар ӯҳда дошт ва ин воқеият аст ки КОМ оғози иқрор ва эътирофи ҳузур ва вуҷуди исломи ба истилоҳ сиёсӣ дар ин қаламрав буд. Исломи сиёсие, ки ташаккул дошт, пойгоҳи иҷтимоӣ дошт, зарфият ва таҷрибаи мудирият ва бартар бар ин ҳама дар ихтиёраш неруи мусаллаҳи кофӣ дошт. Ва аз ин ҳама ҷиддитару муҳимтар бахши бузурги қаламрави кишварро амалан таҳти контроли худ дароварда буд.

КОМ –амалан эътирофи ҳукумати дар табъиди устод Нурӣ, шинохтани ҲНИ ва ниҳоятан эътирофи зарфияту тавонмандии ин ҳаракати муташаккилу муқтадиру муҷаҳҳази сиёсии динӣ буд.

   Дар мавриди онки КОМ то чи ҳад комёбу муваффақ буд, назарҳо мутафовит аст. Вале инро бояд тазаккур дод, ки устод Нурӣ тавонист, ба ин ҳама ғирому ваъдахилофиҳои Эмомалӣ Раҳмонов, роҳбари ҷониби дигар таҳаммул биварзад ва тавре муносибат кунад, ки КОМ миссияи бар уҳдааш гузоштаро ба иҷро ва ба охир бирасонад. Аз ин ҷиҳат аст ки мегӯем КОМ як боби пур аз достонҳои ҷолибу омузандае дар китоби таърихи ҲНИТ аст ва худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар як сухарониаш тазаккур мекунад, ки давраи фаъолият дар КОМ аз сафаҳоти зебои кору пайкори уст: «…..камина, рӯзҳои фаъолияти хешро дар КОМ аз саҳифаҳои дурахшони девони ҳаётам медонам». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе -2013

Иброҳими Усмон муаррихи тоҷик, ки дар КОМ раҳбарии яке аз чаҳор зеркомиссияи он, комиссияи сиёсиро бар уҳда дошт ва шоҳиди фарозу фурудҳои фаъолияти он буд, менависад КОМ бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳ ва мақоме, ки дошт, беназир буд:

  «Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт. КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад». И.Усмонов.«Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003

   Муҳиддин Кабирӣ, раиси имрӯзаи ҲНИТ ҳам, ки ба сиёсати амалӣ тавассути кор дар КОМ ворид шудааст,дар як суханрониаш гуфтааст, ки ончики дар мактаб ва аз шахсияти устод Нурӣ омухт дар ҳеҷ ҷойи дигар наомухта буд:

«Бо боварӣ ва бе муболиға мегӯям ,ки он чизеро, ки дар мактаби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омӯхтам, на аз ду донишгоҳе, ки ман таълим гирифтам,  на аз Академияи илмҳо ва на аз ҳимояи унвони номзади илмҳои сиёсатшиносӣ гирифта тавонистам. Ҳамаи ин донишгоҳҳои таълим гирифтаамро ба мактаби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баробар намедонам». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

 Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) муассис ва раиси ҲНИТ тайи наздик ба се соли фаъолият ба ҳайси раиси КОМ бо сангинтарин ҳолату мавридҳо рӯбарӯ шуд. Чунки Раҳмонов дар давраи фаъолияти КОМ на як бору ду бор ошкоро аз қавлу ваъдаҳои дар давраи музокирот ва мулоқотҳо додааш гашт.

Дар мавриди ғиромӣ ва аҳду қавлшикании Раҳмонов «Ислоҳ.нет» дар яке аз матолиби пешинааш навишта буд, ки

«КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рӯбарӯ шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берунравиашро аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд, ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварад».

Устод Нурӣ,ки дигар халъи силоҳ шуда буд ба масобаи як паҳлавони занҷирбанд дар дасти душмани дустнамо амалан асир уфтод. Вале ба унвони як сиёсатмадори мутадаййин ва як роҳрави собиту муътақид аюбвор сабру тоқатро пеша кард, то сулҳи бар ивази ҷону хуни ҳазорон-ҳазор ба даст омада, ҳифз шавад. Дар воқеъ ин сабру тоқат ва гузаштҳои устоди зиндаёд буд, ки боис шуд ҷанги дохилӣ ниҳоятан бо сулҳу оштӣ бадал шавад.

Тайи фаъолияти наздик ба сесолаи худ КОМ чаҳор навбат бо коршиканӣ мувоҷеҳ шуд ва гоҳо ҳолатҳое ҳам пеш меомад, ки як гуна навмедӣ ва нобоварӣ бар идомаи татбиқи раванди сулҳ масъулони онро таҳти фишор қарор медод.

Салими Аюбзод,хабарнигори радиои «Озодӣ» солҳо баъд аз хатми кори КОМ дар Мюнхени Олмон бо устоди равоншод, ки таҳти табобат қарор дошт, дар бораи чанду чунии фаъолияти КОМ суҳбат мекунад. Устоди зиндаёд,пинҳон намесозад, ки кор дар КОМ барояш бисёр сахт буд: «Воқеан, чӣ хеле ки гуфтем, татбиқи созишҳое, ки сулҳро ба вуҷуд оварданӣ буданд, осон набуд. Чунки созишнома ин танҳо тарҳи сулҳ буд ва фақат иҷрои он метавонист, сулҳи воқеиро ба миён орад. Тасаввур кунед, баргашта омадани як гурӯҳи мухолиф ба оғӯши мухолифони худаш ва дар он ҷо фаъолият кардан ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ мушкил буд ва ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам аз лиҳози оддитарин шароити кор. Вале чӣ тавре ки гуфтем, ҳамон ангеза буд, ки моро мутмаъин мекард ва агар аз дигарон ба андозаи кофӣ боварӣ надошта бошем ҳам, ҳамон чанд мулоқоте ки бо Эмомалӣ Раҳмонов доштем, ба мо итминон медод, ки вай дарвоқеъ хостори сулҳ аст ва бале дар рафти татбиқи созишҳои сулҳ дар Кумисюни Оштии Миллӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд омад ва бархе аз онҳо ба андозае бузург буданд, ки дар он лаҳзаҳо воқеан гумон мерафт, ки ҳамин дақиқа ва ё дар чанд дақиқаи дигар сангаргириҳо шурӯъ мешавад ва ҳамаи дастовардҳое ки бо заҳмати зиёд омада буданд, барбод мераванд. Ин хел ҳолатҳо метавонист аз рӯйдодҳои ҷузъӣ сар занад, масалан, аз дастгир кардани яке аз намояндагони оппозитсия ва ё бадтар аз ин ҳатто кушта шудани чунин афрод. Ё ки масалан, аз халъи силоҳ кардани гурӯҳҳои оппозитсия ва ё нирӯҳои Вазорати дифоъ ва ё дастаҳои ғайримасъул ва ғайра. Инҳо чизҳое буданд, ки агар воқеъан дар раъс шахсони ботаҳаммул намебуданд, боиси аз ҳам рехтани сулҳ мешуданд ва ҳамчунин, масалан, рабудани афрод, одамро аз ду ҷониб мерабуданд ва одамон ғайб мезаданд, бенишон мешуданд. Бархе худро намояндаи оппозитсия эълон кардаву ба хотири пул одамонро мегирифтанд ва фармондеҳоне, ки худро тарафдори давлат мегуфтанд, ҳамчунин одамонро мерабуданд, ҷанҷолҳои дохилӣ дар ҳарду тараф пайдо мешуд ва фишоре ки болои мо, ки раҳбарияти сулҳро бар ӯҳда доштем, танҳо худ медонем, на ҳама кас огоҳ буд. Шабҳои дарозе, ки хоб намерафтем ва мехостем, ин масъалаҳоро бо кадом роҳе ки бошад, ҳал кунем, ҳуҷумҳое ки ба КОМ шуд, ҳуҷумҳои мусаллаҳона, ки дар яке аз онҳо дар боғчаи пеши бинои КОМ чанд кас захмӣ шуд ва куштаҳо ҳам буданд. Фишорҳое буданд, ки тарҳрезишуда ва махсус аз тарафи онҳое ки ғаразе доштанд ва фишорҳое буданд, ки тасодуфан, аз ҳамдигарнофаҳмӣ сар мезаданд. Ҳам дар дохили худи оппозитсия ин ҳолатҳоро ба вуҷуд меоварданд, ки ҳама чиз тарк шаваду ҳар кас равад думболи кори худаш. Ба ҳар ҳол ин чизҳо буданд. Ва ҳамчунон байни давлат ва мухолифин низ ҳамин гуна ҳолатҳо ё дуруст карда мешуд ва ё тасодуф меафтод».

Бо ин ҳама вазъу ҳол ончики дар фаъолияти КОМ ба даст омад ва ҳосил шуд, самарбахш ва умедворкунанда буд. КОМ сулҳро бар ҷойи ҷанг ва бародаркушӣ дар кишвар мустақар кард.

  Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон 11сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз ва 31марти соли 2000 поён дод. Яъне бештар аз 2 солу 8 моҳу 25 рӯз фаъолият кард. Давоми ин муддат КОМ дар шумори дигар уҳдадорӣ ва маъмуриятҳое, ки дошт, ба унвони як ниҳоди қонунбарор, тарҳи қонун дар бораи афв, Санади ҳамдигарбахшӣ, лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, тарҳи Қонуни Асосӣ, лоиҳаи қонун дар бораи аҳзобро омода кард. Барои инъикоси мавқеъи худ намояндагони ҲНИТ дар КОМ хеле ҳам ҷоннисорона талош мекарданд.

Қабули лоиҳаи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимод ва маҳкамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Яке аз баҳсҳои гарму доғ дар КОМ масъалаи боқӣ гузоштан ва нагузоштаи калимаи “дунявият” дар Қонуни Асосӣ буд. Ҷониби оппозитсион сабту зикри онро дар Қонуни асосӣ зарур намешуморид. Оппозитсион мехост ин таъбир дар матни Қонуни асосӣ сабт нагардад ва дар ҷойи он истилоҳи «маданӣ» оварда шавад. Аммо дар ниҳояти амр ҷониби ҳукумат ҳарфи худро гузаронд.

Маврид ба тазаккур аст ки устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар замони баҳси тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар ва бахусус ҷой доштан ва ё надоштани вожаи «светский-дунявӣ» ҳам хеле пофишорӣ кард, ки онро набояд сабт ва дарҷ кард, чун дар оянда боиси суистифода ва дардисарҳои тоза дар ҷомеа  хоҳад шуд. Зеро 97 дар сади ҷомеаи тоҷикро мусалмонҳо ташкил медиҳанд ва аз тарафи дигар ҲНИТ ҳам расман ба фаъолият хоҳад пардохт. Вуҷуди ин истилоҳи сиёсӣ дар сифати сохт ва низоми давлат  як чизи зиёдатӣ ва нолозим аст:

  «Масалан, ба ҳамагон маълум аст ки ба даст овардани ҳуқуқҳои поймолшуда ва таъйини ҷойгоҳи волои сиёсӣ ва иҷтимоии ислом дар Тоҷикистон муҳимтарин ҳадафи муборизаи панҷсолаи Неруҳои Наҳзати Исломӣ буда ва дар тӯли ин муддат ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ин ҳаққи табиии мусулмонони тоҷикро эътироф кардааст. Вале бо вуҷуди ин тарроҳони ҳақиқии фоҷиаҳои хунини Тоҷикистон ҳанӯз ҳам рӯи ҳадафи аслии худ, яъне роҳ надодан ба бозгашти ислом ба саҳани сиёсии кишвар таъкид меварзанд.

  Гӯё, ки дар ин кишвар ба хотири ба даст овардани ҷойгоҳи сиёсии ислом ҳазорон нафар қурбонӣ нашуда бошанд ва садҳо ҳазори дигар ба хотири расидан ба ин ҳадафи муқаддас солҳои тӯлониро дар ҳиҷрат ва хорӣ ба сар набурда бошанд, яъне гӯё аслан ҳеҷ фоҷеае рух надода бошад ки яке мисли раиси Думаи Давлатии Русия дар як сафари кӯтоҳи худ ба Тоҷикистон моҳи январи соли 1998 се бор бар зарурати ғайримазҳабӣ ба ибораи фиребандаи онҳо «дунявӣ» боқӣ мондани низоми давлатдории Тоҷикистон исрор меварзад ва дигаре эълом медорад, ки тоқати дидани исломӣ шудани кишвари ҳамсояашро надорад. Ҳамфикрони онҳо дар Ҳукумати Тоҷикистон низ воқеияти ватани худро нодида гирифта таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамеша лоик, ғайримазҳабӣ, яъне ба қавли худашон «дунявӣ» боқӣ мемонад ва ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳанд, ки исломро барои ҳадафҳои сиёсиаш истифода барад.

   Агар ин гуфтаҳо ишораи ҳукуматдорони имрӯза ба раҳбарони ҳаракати исломӣ бошад, мо эълом медорем, ки ҳеҷ вақт исломро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода накардем ва намекунем. Ба ҳамагон рӯшан аст, ки дар ҷаҳони имрӯза неруҳои исломихоҳ бо чи душворию мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд ва агар ҳадафи мо фақат расидан ба қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб мебуд аз роҳҳои дигар ба даст овардани онҳо хеле осонтар буд. Ва мо ҳам мисли ҳар як фарди манфиатҷӯ аз роҳи бехатару осонтар мерафтем. Аммо ин ислом аст ки ба пайравони худ амр кардааст то тибқи аҳкоми илоҳӣ зиндагӣ намуда барои барпоии ҷомеаи исломӣ талош кунанд. Аз ин рӯ дӯстони Худо ин ҳама азобу машаққат ва шаҳодату ҳиҷратро ба ҷон пазируфта барои ризои Худо мубориза мебаранд.

  Дар мавриди таъкидҳои мукаррари доираҳои мазкури хориҷӣ ва ҳукуматдорони Тоҷикистон бар лоик-дунявӣ боқӣ мондани низоми ин кишвар низ бояд гуфт, ки ин асл ба ҳеҷ ваҷҳ ба воқеияти ҷомеаи муслумони Тоҷикистон мувофиқ нест. Дунявӣ ё лоик будани низом ба он маъност, ки ҳеҷ гуна шахсият ва гурӯҳҳои сиёсии дорои ақидаи исломӣ ҳаққи фаъолият ва ширкат дар ҳаёти сиёсии кишварро надоранд. Дар кишваре чун Тоҷикистон, ки 97% мардуми он мусулмон аст ин амр ба маънои аз ҳаёти сиёсӣ дур нигоҳ доштани тамоми мардуми мусулмон мебошад ва саҳнаи сиёсиро хоси онҳое мекунад, ки аз муҳимтарин аркони эътиқоди исломии худ даст кашида бошанд. Оё мардуми мусулмони Тоҷикистон баъд аз фаҳмидани маънои «дунявӣ» будани ҷомеа ба ин вазъ розӣ мешаванд?!

  Калимаи  «дунявӣ», ки дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, тарҷумаи истилоҳи русии «светский» буда маънои ҳақиқии он бедин, ғайримазҳабӣ, зидидинӣ, “лоик” ва дар кишвари мо ба мафҳуми «зиддиисломӣ» аст.

  Аз сӯи дигар акнун Наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як неруи сиёсии исломӣ ҷойгоҳи воқеии худро дар ҷомеа ба даст овардааст ва ба як воқеияти инкорнопазир табдил гаштааст. Дар назар нагирифтани ин воқеият як бор Тоҷикистонро ба оташи ҷангу хунрезиҳои тӯлонӣ кашонд. Оё онҳое, ки имрӯз ҳам аз роҳ надодани ислом ба саҳнаи сиёсӣ сухан мегӯянд, ин ҳамаро фаромуш кардаанд?

 Оё шарти аввали сулҳи Тоҷикистон эътирофи мавҷудият ва эҳтироми ҳуқуқи сиёсии ҳамдигар набуд?»

 Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…» 1998

  Вогузории сӣ дар сади ҳокимият ба оппозитсион

  Вогузории 30% мақому вазифаҳо дар тамоми сутуҳи ҳокимият, аз марказ гирифта то вилояту навоҳӣ ба ихтиёри намояндагони ИНОТ-Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсиони Тоҷик яке аз шартҳои асосии Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки мебоист то шуруъи интихоботҳо ба иҷро мерасид.

  Масъулияти интихоб ва пешбарии номзадҳо аз ИНОТ ба маснаду мансабҳои давлатиро устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) раиси Комиссиюни оштии миллӣ бар уҳда дошт. Ба эътирофи устоди марҳум интихоб ва интисоби номзадҳо ба мақомҳои давлатӣ яке аз душвортарин бахши кори ӯ дар Комиссиюни оштии миллӣ будааст. Муассис ва бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои расонаӣ ва суханрониҳояш дар анҷуману маҳофили мухталиф борҳо ва бакаррот тазаккур додааст, ки гирифтани курсиҳои ҳукуматӣ барои вай ба ҳеҷ ваҷҳ ҳадаф набуд, балки ин як васила ва тазмине барои таҳкими сулҳу оштӣ ва эътиқоду боварӣ буду бас. Аммо бо ин вуҷуд, мегӯяд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вай тамоми талошашро барои онки саҳми сидарсадиро барои тарафдоронаш то ба охир бигирад,ба харҷ додааст. Бояд махсус ва алоҳида тазаккур бидиҳем,ки Ҳизби наҳзати исломӣ ин бор ба тафовут аз Ҳукумати Муросои Миллӣ дар соли 1992, ки танҳо як нафарро ба ҳукумат ворид кард, 30% ҳукуматро гирифт. Ва, дар ин тавр қисмат кардани ҳокимият дар Тоҷикистон ин бор на Русия ва на Узбакистон,ки дар соли 1992 аз вуҷуди як намояндаи исломи сиёсӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дунёро кунфаякун ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашониданд, чизе, ҳеҷ эътирозе карда натавонистанд, балки зери асноди ин гуна қисматсозӣ имзо гузоштанд ва тан доданду ба гардан гирифтанд, ки ҳиссаи исломи сиёсӣ дар идора ва ҳокимият дар Тоҷикистонро бояд барояш бидод.

Дар ҳаминҷо ва қабл аз тавзеҳу ташреҳи баръзе аз ҷузъиёти ҷараёни татбиқи шарти 30%-ӣ   мехоҳам ба як саволи то ба ҳоло борҳо ҷавобашро дода як бори дигар посух бидиҳам. Ин савол ин аст ки шумо –яъне манзур оппозитсион ва мушаххастар ва руиросттар бигуем, Ҳизби наҳзат дар ҳукумат будед, бо Раҳмонов будед, чи кор кардед?

Дуруст аст. Оппозитсион, ядро ва ҳастаи он -ҲНИТ тибқи қарордоди Сулҳ якҷо бо Раҳмонов ҳукумат кард. Бо Раҳмонов муқобили Маҳмуд Худойбердӣ ҷангид, бо Раҳмонов Неруҳои мусаллаҳи худро реинтегратсия-ҳамоиш кард, ҷангиёни ҳар ду тарафро мавриди афву бахшиш қарор дод, қонунҳо қабул кард, ҳатто Қонуи Асосии кишварро аз дигар навишту ба маърази муҳокимаи мардумӣ қарор дод ва воқиан ҳам ҳамин ҲНИТ буд, ки розӣ шуд барои Раҳмонов ба ҷойи панҷ соли минбаъда як ҳафтсолӣ ҳаққи ҳукумат дар кишварро бидиҳад.

 Аммо, бале, аммо воқеият чизи дигар аст. Намояндаҳои мухолифин дар ин ҳукумати давраи гузор амалан якуним -ду сол кор карданд, на бештар аз ин. Бадтар ва сахттар аз ин ҳар кадом посту масъулияте, ки дар ихтиёри намояндаҳои оппозитсион вогузор шуд, қабл аз интисоби онҳо салби салоҳият ва бахусус буҷҷа шуда буд. Масалан ҳамин вазорати савдо ва рушди иқтисод, ки дар ихтиёри Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ гузошта шуд, то интисоби ҷаноби Усмон хеле салоҳият ва ваколатҳо ва табъан, ки буҷҷа дошт. Аммо ҳамаи онро гирифтанду ба дигар мақомот доданд ва ин вазорат ба номаш вазорат буд,мисли як киштии зебои болои дарё, ки муҳаррик надорад. Ва ё ҳамин тавр муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, то инки устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба ин мақом биёяд, аз салоҳиятҳои фаровон бархурдор буд. Вале баъди омадани устод Тураҷонзода онро ба як ниҳоди комилан ташрифотӣ, ки фақат ба қабулу гусели меҳмонҳои давлатӣ ва ё дар раъси ягон ҳайат ҷиҳати ширкат дар ҷаласаҳои СНГсафар кунад, бадал карда буданд. Хуллас, тамоми вазорату кумита ва дигар идоротеро, ки дар ихтиёри оппозитсион гузошта буданд салоҳияту ваколати онҳоро тангу хурду ночиз карда буданд, ки фақат ном доштанду халос. Бад-ин ҷиҳат намояндаҳои оппозитсион, ки дар ҳокимият мақом гирифтанд, наметавонистанд кореро мустақилона анҷом бидиҳанд. Барои ҳамин ин савол, ки шумо дар ҳукумат будед,чи кор кардед, як саволи гулзананда ва фиребдиҳандаи мардум аст.

Хуб,ҳоло баргарем ба дунболи матлаби худ. Нахустин нафароне, ки тибқи саҳмияи 30% ба ҳукумати Тоҷикистон шомил гардиданд, Давлати Усмон намоянда аз ҲНИТ ва Аюб Алиев, ба намояндагӣ аз ҲДТ яке вазир ва дуввумӣ раиси Кумитаи давлатӣ оид ба назорати техникии саноати кӯҳӣ таъин шуданд. Ва ҳамин тавр бо фармони раиси ҷумҳурӣ ин афрод дар чунин мақтаъи замонӣ ба мақому вазифаҳо таъин гардиданд:

«Раиси Ҷумҳур бо як фармони худ рӯзи 12 феврали соли 1998 Давлати Усмонро (аз НИТ (ҳаракат) вазири иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Худойбердӣ Холиқназаровро (аз ҲДТ) вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ,  Давлатбек Махсудовро (аз ҲДТ) вазири мелиоратсия ва хоҷагии об, Абдураҳим Каримовро (аз НИТ) раиси Кумитаи давлатии гумрук ва Аюб Алиевро (аз ҲДТ) раиси Кумитаи давлатӣ оид ба назорати техникии саноати кӯҳӣ таъин намуд. Ин аввалин 5 нафар намояндаи ИНОТ буданд, ки ба мансабҳои баланди давлатӣ мушарраф гардиданд. Билохира аввалин қадами устувор дар роҳи амалӣ кардани ислоҳоти сохтори ҳукумат гузошта шуд. Рӯзи 10 – уми марти соли 1998 бошад, фармони Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин шудани муовини аввали Раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (аз НИТ) эълон гардид.

Рӯзи 3 – уми августи соли 1998 боз панҷ нафар аз намояндаи ИНОТ Шодӣ Кабиров (аз НИТ) вазири кишоварзии Тоҷикистон, Маҳмадҷон Давлатов (аз НИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо, Маҳмадрӯзи Искандаров (аз ҲДТ) раиси кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов (аз НИТ) раиси кумитаи нафту газ ва Довудхӯҷа Исломов (аз НИТ) раиси ширкати маҳсулоти ширу гӯшт таъйин гардиданд.

 Рӯзи 8 – уми октябри ҳамон сол аз ҳисоби саҳмияи сӣ дар сада намояндаи дигари ИНОТ Зокирҷон Вазиров (аз НИТ) ба вазифаи муовини сарвазир таъйин гардид. Каме баъдтар боз чор нафар намояндаи ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ аз ҷониби сарвари давлат таъйин карда шуданд. Инҳо Саидов Зайд (аз НИТ) раиси кумитаи саноат, Зиёев Мирзо (аз НИТ) вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Мирзоев Эмомадӣ (аз НИТ) раиси Бонки амонатӣ, Муродов Сарабек (аз НИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо мебошанд. Бояд шарҳ дод, ки Муродов Сарабек ба ҷои Давлатов Маҳмадҷон, ки раиси ҳукумати ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе таъйин шуда буд, ба ин вазифа мансуб гардид. Ҳамин тариқ бо шумули ду нафар муовинони сарвазир 15 нафар намояндаи ИНОТ дар раъси вазорату кумитаву бонку ширкатҳои давлатӣ тибқи саҳмияи 30 дар сада зимоми роҳбариро ба даст гирифтанд. Ҳаждаҳ нафар намояндаи дигари ИНОТ бошад дар вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати сиҳати омма, вазорати фарҳанг, вазорати алоқа, вазорати дифо, вазорати нақлиёт, вазорати таъминоти иҷтимоӣ, вазорати ҳифзи табиат, кумитаи андоз, кумитаи сангҳои қимматбаҳо, кумитаи ҳифзи сарҳадот, агентии омори давлатӣ, сарраёсати геологоия, кумитаи амволи махсус, кумитаи спорти назди ҳукумат, агентии назорат бар маводи нашъадор ва Прокуратураи генералӣ аз ҷониби ҳукумат ба ҳайси муовинони аввал ва муовинон пазируфта шуданд. Дар мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, асосан дар сатҳи ноҳиявӣ намояндагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик ба сохторҳои иҷроияи ҳукуматӣ ворид карда шуданд. Дар ҷараёни татбиқи Созишномаи Умумии Сулҳ намояндагони мухолифин дар шаҳру навоҳии Норак, Истравшан, Қайроқум, Табошар, Ҷаббор Расулов, Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Бешкант, Ғозималик, Ғарм, Ванҷ, Ишкошим, Кофарниҳон, Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ба ҳайси раисони ҳукумат таъйин карда шуданд.

Аммо роҷеъ ба ин тарфи масъала, ки то ин нафарон ба ин мақомҳо интисобу таъйин шаванд, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва раиси ҲНИТ бо чи душворӣ ва мушкилоте рубарӯ шуда ва кам монда буд, ки дигарбора сангарҳо аз нав ташкил бишавад,як каме бояд маълумот бидиҳем. Ҳолати кор ва авзоъи руҳиву ҷисмонии муассиси ҲНИТ-ро устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки шоҳиди бевоситаи он рӯзҳо буд, ба ин шакл ёдовар шудааст:

  “Қайд кардан аз рӯи инсоф аст ки шахсан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ заҳмати бисёр кашиданд, барои афроде, ки аз ҷониби ИНОТ ҷоҳу мансаб гирифтанд. Болои ишон фишор меоварданд, даъво менамуданд,  нозу нуз мекарданд ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  ба хотири сулҳу оштӣ ин ҳамаро таҳаммул намуданд. Ҳатто бо Президенти ҶТ дар баъзе мавридҳо суханони пасту баланд гуфтанд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои он, ки шахсе аз ҷониби ИНОТ соҳиби вазифае гардад. Аммо ӯ барои худ ҳеҷ вазифае талаб накард, мақомеро нахост, ҳарчӣ кард барои дигарон кард ва табиист, ки ин мақому вазифаҳо, ки ба намояндагони собиқ мухолифин расид, ҳамаро розӣ ва қаноатманд кунонида натавонист ва баъзеҳо хафаву малол низ гаштанд. Аз ин нигоҳ, албатта, баъзеҳо сулҳу салоҳ ва оштии миллиро, ки дар ҳақиқат дастоварди бузург аст, нодида мегиранд ва ба он яктарафа баҳо медиҳанд. Лекин ба фикри ман таърих довари одил мебошад ва дар ин маврид қазовати холисона мекунад.» «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Аммо худи устоди равоншод Саийд Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳамон суҳбаташ бо Салими Аюбзод тақсимоти мақому мансабҳо тибқи саҳмияи 30%-ро аз мураккабтарин ва мушкилтарин марҳалаи кор дар КОМ арзёбӣ кардааст:

 «Вале мушкилоти умда, дар ҳоли ҳозир, ки ба ёдам мерасад, дар тақсими вазифаҳо буд.  Саҳмияи сидарсада. Мушкили асосии ман ҳамчун раиси КОМ ин  буд,ки ҳамон саҳмияҳоеро, ки қарор шуда буд, зуд гирифта наметавонистам. Яке дар гирифтани ҳамон мақом ё вазоратхона аз давлат ман мушкил доштам ва дигаре дар таъини афрод ба ин мақомҳо.  Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ сӯҳбат кардам. Ҳеч яки онҳо ҳозир набуд, ин ё он мақомро бигирад. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо бас аст. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, онҳо рад мекарданд. Вале баъд аз чанд вақт, он одамоне ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯсти худ ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд, ман он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк карда будем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем. Ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро ман то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳош сари вахёчиҳое, ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа. Ман ҳанӯз ҳам нигоҳ доштаам, баъзе дархостҳоеро, ки гуруҳҳои мухталиф барои ман оварда буданд, баъзе аз онҳо ҳатто лаҳни ултимотумро дорад ва дар онҳо аз боло то поён даҳҳо вазифаю мақомҳоро талаб кардаанд».

 Дар ин суҳбатҳои устоди марҳум ҳақоиқи талхи он солҳо намоён ва возеҳ шудааст. Махсусан дарди бисёр ҳам ҷонсузу бедавои маҳалгироӣ.

Аммо, ҲНИТ ва махсусан роҳбарияти он ин ҳама фишору таҳдидҳоро таҳаммул кард. Ахлоқу одоби исломӣ, таълиму тарбияти қуръонӣ нагузошт, ки ба неру ва қувва ғарра бишаванду дигарбора даст ба силоҳ бубаранд. Агарчи онҳо дигар шерони зиндонӣ шуда буданд, вале боз ҳам талош барои канда кардани занҷир накарданд. Вале ҷониби дигар ва махсусан худи Раҳмонов дар ин маврид ҳам зери қавлаш зад.

Инҷо аз яке аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ», аз қавли муаллифи китоби  «Сулҳнома», Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд як иқтибосеро барои тасбити ин иддаоямон меоварем. Ҷаноби Усмон аз қавли устоди шаҳид Нурӣ менависад:

  «Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд. Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ, пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд».

 На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар яке дигар аз суханрониҳояш устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  иқрор мекунад, ки саҳмияи 30дарсадии оппозитсион сабаби дигари бурузи ихтилоф миёни тарафдорони ҲНИТ шуда буд. Ин нуктаро устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар паёмаш бахшида ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин баён кардааст:

  «Мебоист, сӣ дар сади мақомот ба намояндагони мухолифин дода мешуд. Ин амал дар сатҳи вазорату кумитаҳо анҷом шуд. Яъне 14 нафар намояндаи ИНОТ дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ширкат мекард. Ҳамин тариқ дар сатҳи муовинон 65-70фоиз ва дар сатҳи раисони ноҳия ҳудуди 60 фоиз ислоҳот анҷом гирифт. Метавон гуфт 48 нафар намояндагони ИНОТ дар мақомоти баландпояи давлатӣ бо ризоияти комил ифои вазифа мекарданд. Агарчи масоили ҳалношуда дар ин росто зиёд буд, вале то як андоза ризоияти онҳое мушкилзо буданд, ба даст омад. Аз ин тавр анҷом ёфтани кор ман розӣ будам. Зеро намояндагони мо ба куллӣ ҳамоиш пайдо карда буданд. Мехоҳам инҷо як нуктаеро баён кунам, ки ҳамеша аз ман пурсида мешавад. Чаро мо бақияи саҳмияи 30дар садаро талаб накардем? Бале, ман ҳамеша онро талаб кардам. Ва аз ҳамаи имкониятҳои дар даст дошта истифода кардам, вале бенатиҷа буд. Ман фикр мекунам ин ду сабаб дошт. Сабаби аввал фишори атрофиён ба президент, ки ҳамаи ҳукуматро ба исломиён додааст. Аммо сабаби дуввум камфаъолиятии намояндагони ИНОТ, ки дар мақомоти баланди давлатӣ кор мекарданд. Яъне, онҳо чун масъулиятҳоро гирифтанд, чунон саргарми кор буданд, ки дидаю дониста як созмони муҳими таърихии ИНОТ-ро барҳам заданд. Бояд онҳо дар маҷлиси ҳукумат ҳам проблемаҳои боқимондаро ба хотири тафоҳуми комил талаб мекарданд». «Наҷот» №26,2001

     Поёни бахши аввали давраи чаҳорум, ин давра идома дорад бо мо бошед!  

Share This Article