ҲНИТ, ним қарни пурталотум №5\2

Ислоҳ нет

 ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши дуввум, давраи панҷум)

Фишорҳои ошкоро ва пайвастаи мақомот ҲНИТ-ро маҷбур кард, ки рӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои кафили сулҳ ва Гурӯҳи тамос оварад. Аммо, ҲНИТ ба унвони як муассисаи муътабару маданӣ ва як ташкилоти пухта ва боандеша қабл аз руҷуъ ба ин созмонҳо ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат карда аз ӯ хост, ҳамчун зомини ҳуқуқ ва озодиҳо, кафили субот ба ин ҳама фишору зуроварии мақомот расидагӣ кунад. Яқин буд, ки аз санг садо меомаду аз Раҳмонов не. Зеро ҳама чиз зери сари ӯ буд. Бо ин вуҷуд муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар 15 июни 2015 ва муроҷиати Раёсати олии ҲНИТ ба Дабири кули СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди  Аврупо (ИА), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос баъд аз ним моҳ, дар таърихи 1 июли 2015 қабул гардид. Дар ин муроҷиатнома аз фишорҳои тоқатшикан болои ҳизб ва аъзои он ба шиддат изҳори нигаронӣ карда мешуд. Аммо, ин муроҷиатномаҳо боиси хашму ғазаби мақомот гардид ва онҳо ҳарчи бештар ҳамлаҳои худро тавассути расонаҳо ба роҳ монданд. 

 Мақомот ва ба вижа КДАМ, ки барои кор дар “фабрикаи ҷавоб” тамоми муассисаҳои фикрии кишварро вобаста карда буд, посухи ин муроҷиатномаҳои ҲНИТро дар матлабе таҳти унвони «Муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» рӯзи 9 июли соли 2015 аз тариқи хабаргузори «Ховар» дод. Ҳоло аз ин муроҷиатномаи аҳли маориф ва илми ҷумҳурӣ чанд пораеро иқтибос меоварем:

  «Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин рӯзҳо бо муроҷиатномаҳои бепояи хеш ба унвони Роҳбари давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ коҳи куҳнаро бод медиҳанд….
 
Дар ин рӯзҳои тантанаи адолат ва солгарди Ваҳдати миллӣ роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боз бо кадом нияте ба Дабири кулли СММ, ҷаноби Пан Ги Мун ва роҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи «Тамос» ба ном барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд. Мо, аҳли маориф аз ин амали хушунатбор, авомфиребона ва риёкоронаи шумо, ҷанобон, муздурони сиёсати гурӯҳҳои иртиҷоии хориҷӣ ангушти ҳайрат газидем ва изҳори таассуф мекунем…..

  Баъдан фаромӯш набояд сохт, ки Ҳукумати кишвар бо мухолифини вақт Созишномаи сулҳро ба имзо расонида буданд, на бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун истеҳкоми худ қарор додаанд. ….
Дар муроҷиатномаатон дар бораи аз узвияти ҳизби шумо маҷбуран даст кашидани «ҳазорон нафар ва ба хориҷа ҳиҷрат» намудани онҳо ҳарф мезанед.
Мо, омӯзгорон, ки ҳамеша дар байни мардум ҳастем, ба ҳазорон нафар будани узви шумо шак дорем. Баъдан, аз ҷавобгарӣ ба хориҷа гурехтани чанд нафар ҷиноятпеша маънои ҳазорон нафарро надорад ва он ба халқи одии заҳматпеша муносибате дошта наметавонад….. 
….Ҳадафи муроҷиатномаи бепояи шумо об рехтан ба осиёби гурӯҳҳои моҷароталаби хориҷӣ аст. Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад,
ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба  фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед.

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бовар кунед, ки мо барои манфиати насли оянда, таълиму тарбияи дурусти онҳо, ба роҳи росту қуллаҳои дониш раҳнамун намудани фарзандонамон ин ҳарфҳоро мегӯем. 

Шумо, ба ин ҷумлаи «аҳли маориф ва илм» таваҷҷуҳ фармоед: «Таҳлили воқеии вазъият нишон медиҳад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар шароити ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ, зуҳури неруҳои нави ифротгаро ва муборизаи нерӯҳои абарқудрати ҷаҳон барои ҳокимият дар мафкураи одамон ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор шудааст ва қудрати ба шароити нав мутобиқ шуданро надорад. Агар ақли солимро ба кор гиред, саривақтист, ки онро бо ташаббуси хеш барҳам диҳед ва ба  фаъолияти осоишта аз рӯйи ихтисосу малакаи хеш шурӯъ намоед».

Дар зимн, ин  нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки ҳукумат барои исботи он ки дар баробари ҲНИТ сиёсати дуруст ва қонунӣ пеша кардааст, ҳатто аз мухолифини собиқ, ки дар доираи  саҳмияи 30% аз тарафи оппозитсион мансаб гирифта буданд, истифода кард. Маълум аст ин нафарон ба иҷбор ва таҳти фишори шадид розӣ шудаанд, ки аз ин мавқеъи ҳукумат пуштибонӣ ва барои мисол ҳамин муроҷиатномаҳои ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалиро амали нодуруст ба қалам диҳанд. Боз ҳам хабаргузории Ховар ба қалами профессор Абдунабӣ Сатторзода, мақолаеро зери сарлавҳаи “Иштибоҳҳои гузаштаро набояд такрор бикунем…” аз 7 июли соли 2015 ба нашр расонд. Дар ин мақолаи Абдунабӣ Сатторзода ишора мекунад, ки ҳеҷ созмонҳои хориҷӣ ба мушкилоти дохилии Тоҷикистон беғаразона муносибат намекунад. Аммо ҷаноби Сатторзода, бо ин вуҷуд ки ба назар мерасад аз муроҷиати ҲНИТ нохушнуд аст, ба унвони як шахсияти боинсофу боимон ва бо риояти ҳарчи тамоми таодул роҳи бурунрафт аз ин ҳолатро дар муколама мебинад ва аз якуякбора ва гурӯҳ –гурӯҳ хориҷ шудани аъзои ҲНИТ аз сафи он  изҳори таҳайюр мекунад:

   «Раёсати олии ҲНИТ, тавре ки аз матни Муроҷиатномаи он ба унвони Дабири кулли СММ, САҲА, ИА, СҲИ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос бармеояд, сабаби даъвати худ аз мухотабонашро «барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон» дар «фишору таъкибҳо», «амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф» дидааст. Ва дар поёни Муроҷиатномаи мазкури худ изҳор доштааст, ки тамоми талошҳояш «барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод». Агар, дарвоқеъ, чунин бошад, чунонки дар ин Муроҷиатнома оамадааст, боиси таассуф аст. Мо дар бораи он, ки навиштаҳои Раёсати олии ҲНИТ то чӣ андоза ба ҳақиқат  мувофиқат дорад ва дуруст аст, қазоват карданӣ нестем. 
Аммо, агар аз сари инсоф нагузарем, бояд бигӯем, ки дар моҳҳои охир якуякбора гурӯҳ-гурӯҳ аз сафи ҲНИТ хориҷ шудани аъзои он дар ин ва ё он шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, яке аз паси дигаре баста шудани дафтари ин ҳизб ва то рафт зиёд шудани даъватҳои қатъ гардидани фаъолияти он як андоза сунъӣ ва шубҳаовар ба назар мерасад ва аз воқеият дида, бештар ба «маърака» монанд аст.Бо вуҷуди ин ҳама, сарфи назар аз он, ки ин падидаҳо худҷӯш ва воқеӣ ҳастанд ё не, бояд ҲНИТ мушкилоти мавҷудаи худро бо мақомоти расмӣ дар дохил ҳал мекард ва аз даъвати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ «барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон» худдорӣ менамуд». 

  Дар иртибот ба ин муроҷиатномаҳои ҲНИТ Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ бо як изҳороти махсус баромад карда онро ғайриқонунӣ хонд. Матни пурраи Изҳороти Прокуратураи генералӣ дар таърихи 8 июли соли 2015 дар сомонаи хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон «Ховар» чоп шуд,ки аз ин матн ҳам чанд пораеро иқтибос меоварем:

«Дар муроҷиатҳои худ Шўрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.
Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ ягон воқеият надошта, ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд.


Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ дар мавриди  зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гўё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.
Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол карда шуд.


 Дар муроҷиати Шўрои сиёсии ҲНИТ инчунин аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст.
Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ  роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.


Раиси ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ ас


Бинобар ин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 апрели соли 2015 натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя  беэътибор дониста  шудаанд. Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд.

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд.
  

Дақиқан дар моҳҳои июн ва июл амвоҷи ҳайратангези пешниҳоду дархосту тавсияю муроҷиатномаҳо аз ақшори мухталифи ҷомеа барои бастани ҲНИТ дар расонаҳо садо доданд. Маълум буд, ки ин ҳама сохтаву пардохтаи мақомот аст ва бидуни шак дар доираи ҳамон «Протоколи 32-20» амалӣ мешавад.

   Ва, ҳоло, ки мебинанд, ҲНИТ ҳеҷ вокунише ҷиддитар карданӣ нест, масалан даст ба тазоҳурот ва чораҳои дигари ҷавобӣ масалан рехтан ба хиёбонҳо, ташкили хезишҳои майдонӣ заданӣ нест, ҳалқаи фишорро тангтару тангтар мекарданд. Барои мисол дар давоми ҳамагӣ ду рӯз дар фазои маҷозӣ суҳбатҳои тасвирӣ ва наворҳое аз масъулони бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳру деҳоти ҲНИТ ба намоиш гузошта шуданд, ки онҳо иқрор ва эътироф мекарданд, ки зарурат ба вуҷуд ва ҳузури ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ намондааст ва онҳо худашон бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шудаанд.  

Барои мисол Муллоаббос Раҷабзода (Раҷабов Аббос Ниёзович) раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, дар як навори видео эълон кард, ки аз ин масъулияти худ даст кашидааст. Ӯ ҳамагӣ як сол пеш, баъди аз мақомаш рафтани Илҳом Ёқубов раиси ҲНИТ дар Суғд таъин шуда буд. Ҷаноби Раҷабзода  дар навор мегӯяд: “ҳамаатон медонед, ки то имрӯз дар як ҳизби сиёсӣ  масъулият доштам.  Ҳамакнун ҳамааш қатъ шуд. Парвардигор оқибати кори ҳамаи мову Шуморо ба хайр гардонад.”

 Он шабурӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳуҷҷат бо имзои Муллоаббос Раҷабзода низ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, ӯ дар посух ба суоли нашрияи расмии “Ҳақиқати Суғд” гуфтааст: “Шӯъбаи ҲНИТ фаъолияташро дар вилояти Суғд аз 20.06.2015 қатъ кардааст.”Аъзо ва роҳбарони шӯъбаҳои ин ҳизб дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Айнӣ ва Хуҷанди вилояти Суғд низ тариқи наворҳои видеоӣ аз хориҷ шудани хеш ва барҳам хурдани шӯъбаҳои ин ҳизби динии сиёсӣ дар маҳалли истиқоматашон хабар додаанд. Танҳо тайи ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ҳудуди 20 навор нашр шудааст.

Аз наворҳо дида мешавад, ҷаласаи аз ҳама бузурги “барҳамхӯрии” ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо ҳузури Зафар Мамадҷонов, як масъули мақомоти иҷроияи ин ноҳия сурат гирифтааст. Оқои Мамадҷонов дар ин ҷаласа мегӯяд, баъди интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ шумори зиёди аъзои ҲНИТ ихтиёрӣ аз он даст кашидаанд.

“Пеш аз интихобот як омор буд, ки ҲНИТ дар ноҳия 1567 узв дорад. Аммо маълум шуд, зиёда аз 600 нафари инҳо зиёданависӣ аст ва онҳо аслан аз аъзои ҳизб будани худашон хабар надоранд. Ҳоло 30-32 нафар узви ҳизб боқӣ мондаанду тамом,” – меафзояд ӯ. 

Дар баъзе аз ин наворҳо аъзои ҲНИТ пас аз эълони даст кашидан аз аъзогии ҳизб ҷумлаҳои “Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад”, “Мо тарафдори сиёсати Ҷаноби Олӣ”, “Аз Ҳизби наҳзат фоидае надидем” ва ё “Маро бидуни огоҳӣ аъзои ҳизб карданд”-ро ба забон меоранд. Дар бархе аз наворҳо талаби “манъи фаъолияти ҲНИТ” низ матраҳ шудааст.

Аз ҷумла, Илҳом Ёқубов, раҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Суғд дар як навор мегӯяд, “вақтҳои охир ҳузури ҳизби наҳзат дар ҷомеа боиси ихтилофҳо шудааст. Бинобар ин, агар ҲНИТ сулҳу ваҳдатро халадор карда истода бошад, пешниҳод мекунем, фъаолияташ манъ гардад. Ҳамин пешниҳоди ман ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба раҳбарияти ҳизб низ гуфта шудааст.”

Тайи ду рӯзи охир айни чунин наворҳо бо саҳнаҳои мушобеҳ аз ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол, Рашт ва Восеъ низ дар Youtube пайдо шудаанд. Дар ин наворҳо низ аъзои, инак, собиқи ҲНИТ бо зикри ному насаб ва собиқаи  ҳизбиашон ихтиёрӣ даст кашидан аз ҳизбро эълон дошта, ҷонибдорияшон аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро баён медоранд.

Ҳамин гуна суҳбату даъвату дархостҳо аз тарафи масъулони маҳаллии ҳизб боис мешавад, ки Муҳаммадалии Ҳайит, муовини онрузаи раиси ҲНИТ, рӯзи 21 июн дар як сӯҳбати расонияш мегуяд бастани шӯъбаҳои ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ  ва тасмими аз ин ҳизб хориҷ шудани аъзои он “ҳосил”-и фишор мақомот номид. Ӯ гуфтааст:  “мувофиқи қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли равон ҳар аризае, ки таҳти фишор дар мавриди аз ҳизб хориҷ шудан гирифта шудааст, ғайриқонунӣ буда асоси ҳуқуқӣ надорад. Ҳамчунин, мувофиқи банди 4 ва 7-и Оинномаи ҲНИТ танҳо раёсати олии ҳизб ҳақ дорад, ниҳодеро ташкил кунад ва ё ниҳодеро барҳам диҳад.”

Дар ҳар сурат ба таври дастаҷамъона ва муташаккилона берун овардани аъзо ва масъулони ҲНИТ дар маҳаллҳо як кори ба пиндори мақомот «қонунӣ» барои қатъи фаъолияти ҲНИТ мебошад.

Ин ҳама фишорҳоро мақомот болои ҲНИТ дар марҳалае бештар тақвият доданд,ки ҲНИТ қасд дошт Анҷумани навбатии худро доир ва натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи мартро баррасӣ ва Раёсат ва Шурои нави сиёсии худро интихоб кунад. Барои онки ҲНИТ натавонад ин Анҷуманро доир ва бо вуҷуди ин ҳама фишору тазъиқ аз ҳузури худ дар кишвар паём бидиҳад, аввал чопхона, сипас нашрия ва ниҳоят Дафтари марказии онро масдуд карданд. Дигар яқин буд, ки тасмими ҳукумат барои бастани ҲНИТ гирифта шудааст.

  Вазорати адлияи Тоҷикистон, ниҳоди масъул барои фаъолияти ҳизбу созмонҳо дар кишвар ба унвони роҳбарияти ҲНИТ  расман мактуб ирсол дошта ва бо ҳамел кардани як қатор аз «камбуд» ва иштибоҳҳо дар фаъолияти он қатъи довталабонаи онро тақозо кард.  Дар вебсайти расмии Тоҷикистон «Ховар» рӯзи 28 августи соли 2015, яъне ҳамагӣ як ҳафта қабл аз кудетои нофарҷоми Ҳоҷӣ Ҳалим таҳти унвони « Вазорати адлияи ҶТ: «ҲНИТ дигар ҳизби умумиҷумҳуриявӣ нест» матлабе муфассал ба нашр расид. Ин матлаб ҳам айни Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҲНИТро ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муттаҳам карда ҳушдор медиҳад, ки бо таваҷҷуҳ бо нокифоятии созмонҳои ибтидоӣ худаш расман фаъолияти худро қатъ кунад:

 «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳинома ирсол намуда, аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намудаст. Тавре дар номаи мазкур омадааст, мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад.

 Мувофиқи санадҳои ба Вазорати адлия воридшуда дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Бинобар ин ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ карда, анҷуман баргузор кунад.

 Хотиррасон бояд кард, ки чанде пеш роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар симои Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон бо ҷамъ овардани гурӯҳи журналистон дар як манзили шахсии истиқоматӣ, ба ном нишасти хабарӣ баргузор карда, баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро эълон намуданд. Роҳбарияти ҲНИТ дар баёнияи худ сабаби баста шудани қароргоҳи ҳизби наҳзатро ба қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар хусуси баргузор кардани анҷумани ҲНИТ алоқаманд шарҳ дода, дархост карданд, ки қароргоҳи ҳизб боз карда шавад ва барои фаъолияти он монеа аз байн бурда шавад. Мавриди зикр аст, ки сабаби баста шудани қароргоҳи ҲНИТ баҳси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бино ва ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур эълон шудааст». Ҳамчуноне, ки дар навиштаҳои қаблӣ тазаккур дода будем, мақомоти Тоҷикистон махсусан дар маҳаллҳо арсаро барои ҲНИТ ба таври рузафзун танг мекарданд. Чун дар Душанбе-маркази кишвар, дар он замон расонаҳо ҳаводисро кам ҳам бошад инъикос мекарданд ва аз тарафи дигар ҲНИТ ҳамоно ҳизби парлумонӣ буд. Дар тобистони соли 2014 дар вақти сафари Муҳиддин Кабирӣ ва дидору мулоқоташ бо интихобкунандаҳо дар шаҳри Кулоб ӯро бо тухм ва помидор заданд. Ҳодисаи мазкур дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои маҷозӣ бозтоби густарда пайдо кард ва худи Кабирӣ ҳам хост ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии парлумон дар миён бигзорад. Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба Муҳиддин Кабирӣ иҷозат надод, ки дар ин масъала суҳбат кунад. Он вақт расонаҳо, аз ҷумла сайти худи ҲНИТ навишт, ки  “Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар посух ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, гуфт, ки ман ин масъаларо дар сӯҳбат бо Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон матраҳ хоҳам кард ва ҳоҷат ба шарҳи он дар ҷаласаи порлумон нест. “

 Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки шахсони ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва муноқиша сурат бигирад. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст. Вай афзуд: «Вале аъзои ҳизб сабру таҳаммул намуданд ва дар баробари рафтори ин афроди ҳамлагар ором истоданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҳатто ҳангоми бозгашт аз Кӯлоб ба Душанбе, дар се ҷой кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худрави онҳоро манъ карда, дар яке аз нуқтаҳо маъмури пулиси роҳ гуфтааст, ки «ба мо амр шудааст, ки мошинро манъ кунем.»

 Дар шабакаи Фейсбук навори видеоии ҳамла бо тухму помидор алайҳи ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст, нашр шуд. Сардабири сомонаи ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори ҳамлаи имрӯза ба раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро нашр кардааст. Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн баъд аз мулоқот бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар манзили раиси созмони минтақавии ҳизб Муҳаммадшариф Набизода мавриди ҳамлаи як гурӯҳи ҷавонони “мусаллаҳ” бо тухму помидор қарор гирифт.

Маҳмудҷон Файраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодӣ” гуфтааст, ки ин афрод телефон ва планшетҳои афродеро, ки аз ин ҳодиса аксбардорӣ мекарданд гирифта ва бархе аз онҳоро шикастанд. Ин афрод, ки бархе аз онҳо занон буданд, шиор сар медоданд, ки гӯё дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ шавҳарон ва бародарони онҳо аз сӯи нерӯҳои мухолифин кушта шудаанд.

Мақомоти ҲНИТ ҳамлаи имрӯза дар шаҳри Кӯлобро иғвои навбатӣ алайҳи ҲНИТ унвон мекунанд.

Рӯзи 27 феврали соли равон низ зимни як сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб як гурӯҳи занон ва фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Иброҳим Исмоилов ба дафтари ҳизб ворид шуда, талош кардаанд, то ҷаласаи фаъолони ин ҳизби мухолифро вайрон кунанд.  Ин ҳамла танҳо баъди як сӯҳбати кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо Иброҳим Исмоилов анҷом ёфт.

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳамла ба вакили порлумон ва раиси ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро маҳкум карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин ҳамла шудаанд.

Масъулони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи 10 июн ба  Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ин ҳамлагарон “хизмати хирсона” -еро ба ҳукумати феълӣ мекунанд. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта, ки “афроде, ки ба вакили порлумон ва раҳбири ҲНИТ ҳамла карда ва ӯро бо помидор ва тухм задаанд, гурӯҳест, ки дар талоши нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.”

Ҳануз баъд аз гузашти ҳамагӣ се рӯз аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 бархе аз масъулони ҲНИТ дар манотиқи кишварро мақомоти интизомии Тоҷикистон дастгир карданд. Бинобар таъйиди Ситоди интихоботии ҲНИТ ин нафарон дар даст асноде доштанд, ки собит мекард дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст ва онҳо ин мадорик ва шавоҳидро аз маҳалҳо ба қароргоҳи марказии ҳизб дар Душанбе оварданӣ буданд. Ин ҳодиса дар як гузориши радиои «Озодӣ»,ки баъдан сомонаи «Рузгор.тҷ» бознашр кардааст, ба ин зайл ба қалам дода шудааст:

 «Ситоди интихоботии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния ҳадафи мақомот аз боздошти дастикам 3 раҳбари созмонҳои маҳаллии ин ҳизби мухолиф дар рӯзи 2 мартро мамониат дар роҳи расидани онҳо ба пойтахт, шаҳри Душанбе ва ба дасти ситоди марказии ҳизб расондани протоколҳо ва шикоятҳо аз ҷараёни интихобот номид.

Дар ин баёния гуфта мешавад, “рӯзи 02.03.2015 ҷаласаи васеъи ситодҳои интихоботӣ, номзадҳо ва нозирони ҲНИТ, барои баррасӣ, натиҷагирӣ ва баҳодиҳии интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Қарор аст, ки номзадҳо, нозирон ва ситодҳо нусхаҳои протокол ва арзу шикоятҳоро ба марказ биёранд. Аммо аз субҳ барои омадани масъулини ҳизб ба пойтахт монеаҳо эҷод шуда, бо ҳар баҳона онҳо дар идораҳои мақомоти марбут нигоҳ дошта мешаванд.”

Ситоди интихоботии ҲНИТ мегӯяд, рӯзи 2 март дастикам 3 тан аз аъзои фаъолаш – Аббос Раҷабзода, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, Анвар Қурбонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир “ва чандин нафарҳои дигар” боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест ки мақомоти умури дохилаи Қумсангир аллакай  Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси ҲНИТ дар ин ноҳияро баъд аз як “пурсуҷӯ” раҳо кардаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ва яке аз ду нафари боздоштшуда тавассути пулиси ноҳияи Қумсангир, рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Муҳаммаднабӣ  Саидбурҳонов,  раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро пас аз як сӯҳбати кӯтоҳ раҳо карданд.”

Ҷаноби Файзраҳмонов, қазияи боздошти худ ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳоновро ин тавр шарҳ дод: “Мо қабл аз зуҳр аз ноҳияи Қумсангир ба сӯи Душанбе ҳаракат кардем. Дар даромадгоҳи ноҳия пости маъмурони пулис фаъол аст ва дар фосилаи байни ноҳияи Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ пулис моро дошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ҳатто дар роҳ маро ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки Муҳаммабнабӣ Саидбурҳонов бо мо ба шӯъбаи корҳои дохилӣ меравад ва онҷо сӯҳбат мекунем.”

Аммо мегӯяд Файзраҳмонов, “ман, гуфтам, ман низ бо шарикам бо Шумо меоям. Чун ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир рафтем, албатта, муносибати маъмурон бо мо хуб буд ва миёни мо ва онҳо ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Маъмурони пулис сабаби боздошти моро ба он рабт доданд, ки дар пост худрави моро манъ карданд, аммо мо ба фармони пулис итоат накардем. Мо гуфтем, нафаҳмидем ва баъдан моро раҳо карданд. Ҳамин ҳоло ҳамроҳи Муҳаммаднабӣ  Саидбурҳонов дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастем.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 2 март, як рӯз баъд аз интихоботи парлумонӣ аз боздошти раисони бахшҳои ин ҳизби мухолиф дар ноҳияи Қумсангир ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ хабар дод. Сомонаи ҲНИТ навишт, раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Сарбанд Ҳоҷӣ Анварро низ маъмурони милиса ба далоили ҳанӯз норӯшан боздошт кардаанд. Ӯ худаш дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба дафтари ҲНИТ гуфтааст, “ҳангоми омаданаш ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласаи ҷамъбасти интихобот, чанд нафар милиса ӯро боздошт карда ба шӯъба бурдаанд.” Талоши намояндагони ҲНИТ барои тамос бо ин намояндааш ҳанӯз натиҷа надодааст.

Раҳбарони ҲНИТ расман ин ду боздоштро шарҳ надоданд, вале як манбаи наздик ба раҳбарияти ҳизб ба мо гуфт, боздошти ин ду раҳбари ҳизб ғолибан ба эълони натиҷаҳои расмии интихоботи 1 март рабт дорад. Ӯ гуфт, агар ҳизби наҳзатро аз парлумони оянда берун карданӣ бошанд, чунин боздоштҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолӣ идома хоҳанд ёфт.

 Бо ин ҳама фишору зуровариҳо ҲНИТ ҳозир нашуд, ки даст ба худбарҳамдиҳӣ-самороспуск бизанад ва аз даъватҳои ошкорову таҳқиромези мақомоти зидахл, аз ҷумла вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ, ки бо ихтиёри худ қатъи фаъолият кунанд, гардан наниҳоданд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки он шабурӯзҳо дар хориҷ аз кишвар қарор дошт, моҷароҳои он марҳала аз таърихи нимқарна ва пурталотуми ҳизбро дар як суҳбат бо радиои «Озодӣ» чунин тавзеҳ кардааст:

  Радиои Озодӣ: Дар паи ҳушдори вазорати адлия, бархе ин фарзияро матраҳ карданд, ки “болоҳо” ба Кабирӣ ишора мекарданд, ки раёсати ҳизбро ба ягон нафари гапдаротар вогузор кунад, вале ӯ нафаҳмид ишораҳоро ва товонашро ҳоло ҳизбаш пардохт мекунад. Фикр мекунед, агар канор мерафтед, наҳзат метавонист ҳадди аққал муваққатан аз ин мушкилот халос бихӯрад?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин фарзия сиҳат надорад. Бо он таҷрибаи хоксоранае, ки дар сиёсат дорем, метавонистем баъзе ҳаракатҳоро пешбинӣ кунем ва кардем. Ғайри президент каси дигар намонда буд, ки дар ин бора сӯҳбат накарда бошам. Мардум шояд фикр мекунанд, ки ман якравӣ кардам, ё нахостам ба мусолаҳа биравам. Яке аз айбҳое, ки ба шахси ман мегиранд, маҳз ҳамин мусолаҳакорӣ ва гузашт кардан аст. Танҳо ман не, чандин ҳайатҳои мо дар сатҳҳои гуногун сӯҳбат карданд ва мехостанд бидонанд ки ҳукумат чӣ мушкилиро мебинад дар фаъолияти мо ва чӣ бояд кард, то аз ин ҳолати ноҷӯр ҳама берун биёянд. Ҳеҷ вокунише намешуд, магар ин ки “фаъолияти худро қатъ кунед”. Гоҳо худам ин масъаларо матраҳ мекардам, ки агар мушкилӣ дар мо аст, метавонам қабл аз анҷуман биравам, то вазъияти кишвар аз ин бадтар нашавад. Чун таъсири бад шудани муносибати мақомот бо як ҳизби сиёсӣ, ҳатман болои ҷомеа мерасад ва мо инро намехоҳем. Баръакс, мегуфтанд, ки маҳз мудирият ва сабру таҳаммули мо борҳо вазъиятро аз ҳолати бӯҳронӣ наҷот додааст ва зоҳиран мушкиле надоштанд. Хулоса, мо ҳамаи вариантро пешниҳод кардем, аз рафтани мо, то ивази ном ва ғайра. Аммо эҳсос кардем, ки дигар фоида надорад, чун мушкил дар шахси мо, ном ё фаъолияти мо нест. Мушкилӣ дар заъфи ҳукумат аст, ки аз ҳама метарсад. Магар Зайд ҳам номи исломӣ дошт ё ягон радикал буд? Заъфи ӯ дар қудрати ӯ буд ва ҳамин чиз кори ӯро тамом кард. Мушкилии мо ҳам дар мардумӣ будани мост, на дар чизи дигар. Агар мо ҳукумати қавӣ, бо шахсиятҳои қавӣ медоштем, аз як ҳизби қавӣ не, аз даҳҳо ҳизб наметарсиданд ва ин балоро ҳоло сари миллат намеоварданд. Ҳукумат аз лиҳози пулу низомӣ қавӣ аст, вале аз лиҳози андеша ва фикр заъифтарин ҳукумат дар минтақа мебошад ва ин чиз маҷбур мекунад ки ҳамеша аз пул ва силоҳ истифода намояд, на аз ақл ва мантиқ. Мусибати миллии мо ҳам дар ҳамин аст, аз ҳамаамон – ҳизбҳо, зиёиён, рӯзноманигорон ва тоҷирон, ҳатто, худи кормандони давлат ҳам. Инро ҳам бигӯям, ки аъзои Шӯрои сиёсиро маҳз ба ҳамин хотир ба Истамбул даъват кардам, то машваратҳоеро дар ин бора дошта бошем. Ва аз баъзе аъзои ҳайат хоҳиш ҳам кардам, ки ин масъаларо бори дигар бо мақомот бубинанд ва агар мушкил дар шахси ман аст, бояд нафари дигар масъулиятро ба дӯш бигирад. Муҳим, ки ин сулҳу ваҳдат барҳам нахӯрад, ин қадар гузашт кардем, як бори дигар ҳам мушкил нест. Вале натиҷаро гуфтанд, ки касе дар ин бора сӯҳбат карданӣ нест, агарчи бисёриҳо дар мақомот аз ин раванд хушнуд нестанд».

Аз ин пора иқтибос аз суҳбатҳои Кабирӣ ду масъаларо мешавад ҷудо карду дар борааш каме шарҳ дод. Яке инки Кабирӣ мегуяд,ки ба мақомот пешниҳод кард, ки агар мушкил дар сари шахси вай аст, омода аст ки раёсати ҳизбро бисупорад. Бадеҳист, ки мақомот ин пешниҳодро қабул намекард, чун ҳатмани ҳатман ин кор овоза мешуд ва аз даҳон ба даҳонҳо мегузашт ва боиси маҳбубияти бештари Кабирӣ ва афзоиши рейтинги сиёсии вай мешуд. Аз тарафи дигар, мақомот, он қадар шерак ва бо ҷуръат пеш мерафт, ки дигар дастурот ва ё нақшаи дар Протоколи 32/20 матраҳшуда дар ҳоли ниҳоӣ шудан буд, барои ҳамин ҳеҷ гоҳ бо чунин муомила аз ҳадафи барчидани худи ҲНИТ, ки метавонад дар оянда барои Раҳмонов дардисарҳое дуруст кунад, даст намекашид.

Ва, аммо нуктаи дигар аз ин суҳбат ёдоварии Кабирӣ аз нишасти Шурои сиёсии  ҲНИТ дар Истамбули Туркия аст. Дар ин нишаст ҳам чуноне мебинем, Кабирӣ ба мақомот паём мефиристад, ки омода аст аз раёсати ҲНИТ даст бикашад, то сулҳу субот дар кишвар боқӣ бимонад.

Аммо дигар ҳарфи сулҳу субот ба гӯши ҳукумат намедаромад ва ҳукумат ғарра ба қудрати худ буд ва ба вузуҳ пай бурд, ки ҲНИТ дигар дар қапқон ё доми тазвири Раҳмонов уфтодаву бедасту по шудааст. Вале, ба ҳама сахтиву фишорҳо тоб оварда ҳамоно сабру таҳаммулро пеша карда истодааст. Ин мавқеъи ҲНИТ косаи  сабри Раҳмонровро лабрез кард ва онҳо даст заданд ба чораи охирин. Ин чораи охирин ташкили ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим-генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон буд. Шаҳид ҳоҷӣ Ҳалим барои он ҷиҳати иҷрои ин барнома интихоб шуда буд, ки дар гузашта аз фармондеҳони ҲНИТ буд ва бо вуҷуди расидан ба мақоми муовини вазири дифоъ ва рутбаи генералӣ ҳамчун намояндаи ҲНИТ мавриди шаку шубҳа қарор дошт. Ин кудето дар 4 сентябри соли 2015 сурат гирифт.Г уё ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо маслиҳати  роҳбарияти ҲНИТ ва Кабирӣ ва мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон қасди анҷом табадуллоти давлатӣ  дошт. Кудетои ҳоҷӣ Ҳалим-генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон чораи охирин ва ниҳояти иҷрои дастуроти Раҳмонов бар мабнои санади «Протколи 32/20» бар муқобили ҲНИТ буд, ки сентябри соли 2015 ба амал гузошта шуд. Аммо, то ин ки авзоъ ба ин ҳад печида ва буғранҷ шавад, мақомот на фақат компайни таблиғотӣ бо ҳадафи бадном ва тазъиф кардани ҳизб тавассути масҷид, матбуот, шахсиятҳо роҳ андохт, мустақиман ба шуъбаҳои ҲНИТ дар манотиқ ва навоҳии кишвар ҳамлавар шуд, ки намунаҳое аз онро пештар мутазаккир шудем. Баъди онки дар интихобот ҲНИТро аз ҳамон ду курсӣ ҳам маҳрум ва ғайри парлумонӣ карданд, дигар шароит барои бастани ҲНИТ фароҳам омад.

   Дар сомонаи «Ислоҳ» дар мавриди ин кудетои нофарҷом чанд матлаби муфассале о барномаҳои видеоии комил ҳаст. Барои ҳамин ин моҷароро инҷо зикр намекунем. Танҳо ҳаминро мегуем, ки ҳамин кудетои сохта ва дуруғии ташкилкардаи худро баҳона карда ниҳоят ҲНИТро бастанд. 13 нафар аз аъзои Раёсати олии ҳизбро дастгир карданд. Баъди 11 рӯзи ин моҷаро яъне 15 сентяб дар як мурофиаи пушида Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТро дар қаламрави кишвар мамнуъ ва онро созмони террористӣ эълон кард.

  Поёни бахши дуввуми давраи панҷум.

P.S Хонанда ва бинандаи азиз  «Ислоҳ»! Дар қисмати баъдӣ, ки бахши саввум ва ғолибан ниҳоии ин риштаматолиби мо хоҳад буд, аз фаъолиятҳои ҲНИТ дар хориҷа, дар Аврупо хоҳем гуфт. Каме маълумот дар бораи мурофиаи додгоҳии ҲНИТ ва аъзои раёсати он ҳам хоҳем дод. Вале бештар аз он хоҳем гуфт, ки Раҳмонов зоҳиран ба он чи ки мехост, даст ёфт. ҲНИТро баст ва арсаро барои худу писару оилааш барои ҳузури ҳарчи бештар дар курсии риёсат холӣ кард. Аммо, натвонист ва муваффақ нашуд, ки ҲНИТро аз байн бибарад ва ҳизб ба рағми нақшаҳои Раҳмонов дар Аврупо ба фаъолияти худ идома медиҳад. Дар ин бора ва низ дар бораи онки Паймони миллии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ва дар маҳофили сиёсии созмон ва давлатҳои пешрафта шинохта шудааст, низ батафсил хоҳем гуфт….

Share This Article