ҲНИТ, ним қарни пурталотум №3\3  

Ислоҳ нет

(бахши севвум, давраи севвум)

Идомаи муқовимату музокирот, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ

   Яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди неруҳои оппозитсион дар даврони муқовимат ва музокирот таъсису роҳандозаи расонаҳои савтӣ ва катбӣ ба шумор меравад. Ҳаракати Наҳзат дар ин маврид ҳам таҷрибаи кофӣ дошт. Нахустин расонае, ки Наҳзати Исломӣ дар Толиқони Афғонистон фаъол кард, радиои «Тоҷикистони озод» буд, ки дастгоҳи онро, бинобар ҳикояти эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз дасти яке аз қумандонҳои узбактабори таҳти итоати Аҳмадшоҳи Масъуд аз Буркаи вилояти Бағлон дарёфт карданд. Бинобар ин ҳикояти эшони Қиёмиддин ин дастгоҳи бузурги радиоӣ, ки садҳо ҳазор доллар арзиш дошт ба ихтиёри Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ройгон дода шуд. Беш аз ин қумандон тамоми масорифи интиқоли ин дастгоҳро, ки дар чанд Камаз бор карда ва аз Бағлон то Толиқон оварданд, худаш пардохт кардааст. Амвоҷи «Садои Тоҷикистон»-и озод то ба шунавандаи Тоҷикистон ҳам мерасид ва дар ватан шунавандаҳои худро пайдо карда буд. Таъсису роҳандозии ин радио дар ҳақиқат аз дастовардҳои беназири “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” дар даврони ҳиҷрат ба шумор мерафт. Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин давра ҳамчунин нашрияи “Садои муҷоҳид” бо ҳуруфи кириллӣ дар чопхонаи ноҳияи Ғарм чоп ва паҳн мекард.  Ҳамчунин нашрияҳову гоҳномаҳои “Пайки пирӯзӣ” ,“Ҷайҳун”, ”Паёми муҳоҷир”ро чоп ва ба дасти тарафдорони худ мерасонд. Ин расонаҳо дар таблиғи афкору ақидаи “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ва сиёсати сулҳӯёнаи он нақши босазо гузоштаанд. «Садои муҷоҳид» органи чопии Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва дар он бар замми навгониҳо аз ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ҳамчунин аз иттифоқоти онрӯза хабарҳо ба нашр расонида мешуданд. Султони Ҳамад хабарнигори тоҷик дар он даврон дар қатори муҳоҷирон дар ҳиҷрат қарор дошт. Вай роҷеъ ба ин нашрия маълумоти ҷолиберо ба нашр расонидааст, ба ин зайл:

«……ҳайат чопи рӯзномаи АНИТ (Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон) «Садои муҷоҳид»-ро дар чопхонаи шаҳраки Ғарм ошкоро ба роҳ монд. То ин муддат «Садои муҷоҳид» ба таври махфӣ ба нашр мерасид ва он дар манотиқи таҳти нуфузи размандагони ИНОТ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон, дар урдугоҳҳои муҳоҷирин тавзеъ мегардид. Нахустин шумораи он моҳи октябри соли 1993 дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба таври хеле махфӣ дар чопхонаи яке аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба нашр расида буд. Вале барои дур бурдани шубҳа аз болои рӯзноманигороне, ки дар дохили кишвар бо мухолифини тоҷик ҳамкорӣ мекарданд, дар худи рӯзнома нишонии он вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон нишон дода шуда буд. Нахустин шумораи «Садои муҷоҳид» ба теъдоди 500 нусха дар чаҳор саҳифаи ҳаҷми рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба табъ расида буд. Рӯзнома бидуни акс чоп шуда буд, ба истиснои расми офтоби аз паси кӯҳ тулуъкунанда, ки дар паспорти рӯзнома ҷой дода шуда буд. Дар ҳамин паспорт рӯзномаро «Нашрияи маркази фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ном бурда буданд. Каломи зерини Худовандӣ шиори газета буд: «Онон, ки ҷиҳод карданд дар роҳи мо, албатта ҳидоят мекунем онҳоро ба роҳи худ».

Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба ҷои сармақола «Паёми раҳбари маҳбуб устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ ба муҳоҷирин ва муҷоҳиддини тоҷик» ба табъ расонда шуд. Паёми устод Нурӣ қариб се саҳифаи рӯзномаро дарбар мегирифт. Дар ин шумора инчунин  хабару шеърҳои сиёсӣ дарҷ гардида буд. Бахши аъзами шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-ро пинҳонӣ ба Афғонистон интиқол доданд ва он дар байни муҳоҷирин паҳн гардид.

Шумораи дуввуми «Садои муҷоҳид» як моҳ пас, моҳи ноябри соли 1993, аз чоп баромад.  Он пурра ба яксолагии воқеаҳои хунбори як сол қабли ҷумҳурӣ (соли 1992) бахшида шуда буд. Моҳи январи соли 1994 шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» бо ҳуруфи ниёгон дар Толиқон ба нашр расид. Ҷолиб он аст, ки дар ин шумора раҳбарияти мухолифин тарҳи пешниҳодии сулҳ ба мақсади хатми бӯҳрони ҳарбиву сиёсӣ дар Тоҷикистонро нашр кард.

Бо ибораи дигар бигӯем раҳбарияти мухолифин дар рӯзномаи муҷоҳиддини хеш роҳҳои мусолиматомези қазияи Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ пешниҳод карданд ва ин расо чор моҳ қабл аз оғози музокироти сулҳи байни тоҷикон дар шаҳри Маскав буд. Хулоса то апрели соли 1997 шонздаҳ шумораи нашрияи «Садои муҷоҳид» чоп шуда буд ва миёни муҷоҳиддин ва муҳоҷирини дар Афғонистон буда аз даст ба даст мегашт. Баъди омӯхтани вазъият дар байни муҷоҳиддин ва арзёбии имкониятҳои мавҷуда ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин зарур донист, ки ба хотири таъсири барои раванди сулҳ муфид гузоштан болои муҷоҳиддин нашрияи «Садои муҷоҳид» аз ин ба баъд дар ҳамин шаҳраки Ғарм бо истифода аз имконоти чопхонаи рӯзномаи шаҳрӣ ошкор ба табъ бирасад ва ошкоро дар байни муҷоҳиддини дохили Тоҷикистон паҳн шавад. Шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба таври ошкоро рӯзи Иди Қурбони соли 1997 (18-уми апрел) аз чоп баромад. Он дар ҳаҷми як варақ ё худ ду саҳифаи газетаи ноҳиявӣ ба теъдоди 500 нусха чоп шуд. Акнун дар паспорти он ишора мешуд, ки нашрияи Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Вокуниши ҳукуматдорон баъди ошкор ба чоп расидани нашрия дар дохил, бархилофи интизороти ҳайат, хеле ором ва таҳаммулпазирона буд. Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-и ошкоро ба нашррасида дар саҳифаи аввал номаи табрикии устод Нурӣ ба муҳоҷирину муҷоҳиддин ба ифтихори фарорасии Иди Қурбон, табрикоти фармондеҳон Мирзо Зиё, Маҳмадрӯзӣ Искандар ва Мирзохӯҷа Низомов ба ин муносибат, нуқтаназарҳои эшон оиди раванди сулҳ ба нашр расиданд. Дар саҳифаи дуввум таҳти рубрикаи «Дарси ахлоқ», «Насиҳатномаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба муҷоҳиддини тоҷик» ба нашр расид, ки дар он аз размандагони мухолифини ҳукумат даъват ба амал оварда мешуд, ки дар чаҳорчӯбаи талаботи ахлоқи исломиву инсонӣ фаъолият карда бо мардум ва мақомоти расмӣ муносибати хуб намоянд ва ҳамеша аз фармондеҳони худ итоат кунанд. Чор шумораи аввали нашрия дар ҳаҷми 1 варақ ё худ ду саҳифаи рӯзномаи ноҳиявӣ ба нашр расид. Шумораҳои минбаъда дар ҳаҷми чаҳор саҳифа чоп мешуданд. Тақрибан моҳе ду маротиба ба нашр мерасид. Ҳамин тариқ соли 1997 чаҳордаҳ шумора ва соли 1998 нӯҳ шумораи «Садои муҷоҳид» нашр ва асосан дар минтақаи кӯҳистонии кишвар, яъне водии Қаротегину Вахё, Бадахшон ва шаҳри Душанбе паҳн карда шуд. «Садои муҷоҳид» дар баробари воситаи ахбори умум будан, яъне иттилоъ паҳн кардан, инчунин ба ҳайси як василае, ки тавассути он болои фармондеҳону размандагони АНИТ таъсири барои раванди сулҳ мусбате гузошта мешуд, хизмат кард. Баъдҳо, яъне пас аз дар моҳи сентябри соли 1997 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ, нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳамчун як навъ минбари сиёсии ин ниҳод, ба хусус, зеркомиссияи низомии КОМ, корҳои муфидеро дар тарбияи муҷоҳиддин анҷом дод. Ҳар коре, ки дар ин самт анҷом дода мешуд, дар ин нашрия инъикоси худро тақрибан пайдо мекард. Раванди истиқрори сулҳу оштӣ пасту баландиҳое дошт.

  Сайидиброҳими Назар, масъули чопи нашрияи «Пайки пирузӣ» дар сӯҳбате бо сомонаи «Рӯзгор.тҷ» яке аз дигар нашрияҳои Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар даврони ҳиҷрат дар бораи ҳадафи нашри он чунин мегӯяд:

   «Соли 1995 мо ҳамроҳ бо Устод ва чанде аз бародарон аз Теҳрон як сафаре доштем ба Кобул ва дар ҳамин сафар масъалаи таъсиси маҷалла ба вуҷуд омад. Зеро эҳсос мешуд, ки мо ниёз ба маҷаллае дорем, ки ахборро ба муҳоҷироне, ки дар дигар манотиқ мисли Эрон, Русия ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, бирасонад. Баъди он ки тасмими таъсиси ин маҷалла гирифта шуд, Устод ин масъулиятро ба дӯши банда гузошт. Ба мо дар Теҳрон дафтари корӣ доданд ва ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Комил, дар ин маҷалла кору фаъолият намудем. Ин маҷалла ба муҳоҷирони тоҷик, ки берун аз Афғонистон ба сар мебурданд, дастрас мешуд».

    Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ,ки он солҳо дар радиои «Тоҷикистони озод» кор кардааст дар як сӯҳбати расонаияш мегуяд: «Банда замоне ба он ҷо омадам, ки радиои «Тоҷикистони озод» фаъолият дошт. Фикр мекунам, ки он бо кӯшишу заҳмати беандозаи устоди равоншод Нурӣ ва ёрони эшон роҳандозӣ шуд ва он як қисмате аз кишварро фаро мегирифт ва барномаҳои ҷолибе дошт. Радио як ҷузъе аз ҳукумати мардуми мусалмони тоҷик дар хориҷ буд».

   Тавассути ин расонаҳо ва бахусус радиои «Тоҷикистони озод» роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломӣ устодон Нурӣ, Ҳимматзода ва Тураҷонзода суханронӣ ва суҳбатҳо карда барои муҳоҷирони дар ғарибӣ уфтода сабру тоқат ва барои муҷоҳидон пирӯзӣ дар сангарҳоро таманно мекарданд.

  Аммо идомаи ҷанг дар ҷабҳаҳо ва раванди музокироти тарафҳо дар шаҳрҳои мухталиф аз он дарак медод, ки то расидан ба марҳилаи сулҳу созиш ва қатъи ҷанги бародаркуш ҳоло фурсат ҳаст. Ҷабҳа ва сангарҳои ҷанг рӯзторӯз барои ҷонибдорони ҳукумати рӯ ба Кремлини Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Размандагони Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон то остонаҳои Душанбе пешрафт доштанд. Муборизаи мусаллаҳонаи муҷоҳидини Артиши Наҳзати исломӣ бақои ҳукумати Раҳмоновро зери савол гузошта буд. Аммо Раҳмонов талош мекард, ки мизони талафоти ҷонӣ ва аз даст додани назорат дар ВМКБ, водии Қаротегин ва бархе аз навоҳии тобеи марказро аз назари ҷомеа пушида дорад. Пешравиҳои муҷоҳидинро ночизу бетаъсир нишон бидиҳад. Талош мекард, ки ахбор дар расонаҳо дарз накунад. Вале расонаҳо одитарин ҳодиса дар ҷабҳа ва сангарҳоро муфассал инъикос мекарданд. Метавон гуфт, ки тамоми матбуоти байналмилалӣ ва ҳатто Русия тамоюл ба оппозитсион доштанд. Ва оппозисиюнро қурбонии сиёсатҳои султаталабонаи Русия тасвир мекарданд.

  Нуктаи ҷолиби дигар дар даврони ҳиҷрат ва муқовимату музокирот барои “Ҳаракати наҳзати исломӣ” ин буд, ки роҳбарони он дар сатҳ ва мақоми роҳбарони як ҳукумат аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо ва шахсиятҳои маъруфи оам истиқбол ва бадрақа мешуданд. Устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, Созмони милали муттаҳид, созмони конфаронси исломӣ борҳо дар робита ба вазъи Тоҷикистон ва муҳоҷирин суханронӣ кардаанд.

  Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ҳамин тавр Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистон, Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо онҳо дидору мулоқотҳо анҷом медоданд. Ба ин тартиб ҳукумати дар табъиди устоди равоншод Нурӣ ва Ҳаракати наҳзати исломии вай дар воқеъ дар даврони ҳиҷрат ва муқовимат оламгир шуд.

  Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, ки дар ба қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов нақши тамом дорад, чанде баъд аз ин кораш ба шиддат пушаймон шуда ва шахсан аз роҳбарони ин Ҳаракат даъват мекунад, ки ба Тошканд ташриф фармоянд. Вай дар як суҳбаташ бо Аркадий Дубнов, ки он солҳо дар бахши русии радиои «Озодӣ» мегуяд Раҳмонов чорае надорад, ки бо мухолифинаш забон ёбад:

   И. Каримов: Не, Аркадий, ман аз ибтидо мувофиқат карда будам, ки ба ҳамаи саволҳои Шумо ҷавоб хоҳам дод ва ҷавоб медиҳам. Вақти суҳбат ман инро дар назар доштам, ки аз нигоҳи расмӣ ба опозитсюн киҳо шомиланд. Онҳое, ки таҳти сарварии ҷаноби Нурӣ ва ҷаноби Тураҷонзода, ки мо бо он кас мулоқот доштем ва он бахши опозисюн, ки худро ба ҳайси ба ном гурӯҳи ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ, таҳти сарварии ҷаноби Отахон Латифӣ муаррифӣ мекард. Ба ақидаи ман, опозисюни муттаҳидаи тоҷик аз ҳамин ду гурӯҳ иборат аст.  Имрӯз шумо аз Абдуллоҷонов суҳбат мекунед, дар воқеъ оё худи Абдумалик Абдуллоҷонов худашро опозисионер мешуморад ё на? Ӯ дар бораи қувваи сеюм сухан мегӯяд, вале ман фикр намекунам ин нерӯи сеюм дар эътилофи иттиҳоди мухолифони тоҷик бошад.

  Озодӣ: Не, ман инро тасдиқ намекунам. Ман гуфтам – агар ин нерӯи сеюм чунин бишуморад, ки имкониятҳои ӯ бо ёфтани таъсири воқеӣ дар сурати эътилофи он ба опозисюни муттаҳида беҳбуд хоҳад ёфт. То ҷое, ки ман медонам, ин нерӯи сеюмро дар Душанбе ҳам чандон хуш надоранд. Вақте ки ҳеҷ кадоме аз ду нерӯ сеюмро мақбул намешуморад, он маҷбур мегардад бо яке аз онҳо бипайвандад.

   И. Каримов: Бале. Вақте ки ду тарафи даргир ва хасми якдигар ба созиш намерасанд, нерӯи сеюм ба саҳна мебарояд. Ин комилан мантиқист. Вале ба таври куллӣ ман бар инам, ки Раҳмоновро зарур аст бо ҷаноби Нурӣ созиш ёбад. Дар бораи ягон қувваи сеюм ростӣ, ман мавод ва маълумоти кофӣ надорам, ки сухан гӯям. Ман масалан, чунин мешуморам, ки агар гуфтушунидҳои сиёсие, ки байни ҷанобон: Нурӣ ва Раҳмонов баргузор мешаванд, натиҷаи хуб диҳанд, агар онҳо ба гузаштҳои дуҷониба иқдом кунанд, ба такрор мегӯям, гузаштҳои дуҷониба, он гоҳ нерӯи сеюм ҳам маҷбур мешавад ин созишро ба эътибор гирад. Созишеро дар байни ду тарафи даргир, ки аз дер боз ҳама интизор доранд. Як тарафро, ман медонам, ҷаноби Нурӣ сардорӣ мекунад ва тарафи дигар ҳукумати расмӣ, ки ба он ҷаноби Раҳмонов сарварӣ мекунад. Ман имрӯз намехоҳам ва далел надорам бигӯям, ки дар ин гуфтушунидҳо ё дар саҳна қувваи сеюм пайдо шудааст ва бояд онро ба назар гирифт. Ман чунин далел надорам».  «Роҳи душвори сулҳ» Мусоҳиб Аркадий Дубнов, 18 сентябри соли 1996, Тошканд.

    Саидиброҳим Назар, собиқ мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар яке ду навбати музокирот ширкат карда будааст. Вай дар робита ба он давраҳои музокирот чунин суҳбат кардааст:

  «Ман ба ҳайси ёвари Устод дар музокирот ширкат менамудам ва фазои музокирот якранг набуд, ҳар замон тағйир меёфт. Барои мисол дар охири соли 1995 дар музокироти Исломобод фазо он қадар муташанниҷ буд, ки ҳатто тарафайн бо ҳам саломи дуруст накарданд. Ёд дорам, чун Устод ворид шуд вазири фарҳанг барои эҳтиром аз ҷояш бархоста бо Устод салом кард. Фардо тамоми расонаҳо гуфтанд, ки гӯё миёни Устод ва вазир суҳбати пинҳонӣ доир шуда бошад. Вале оҳиста оҳиста фазои нобоварӣ аз миён рафт».

 Гердт Дитрих Меррем, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милал дар Тоҷикистон, ки бо имзояш санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро мақоми байналмилалӣ бахшидааст, нақши ду кишвари таъсиргузор дар қатъи ҷанг дар Тоҷикистон ва ба сулҳу оштӣ омадани тарафҳоро чунин тавсиф кардааст:

«Ҳама кишварҳои нозир, махсусан – Федератсиони Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба натиҷа расидан дар музокирот саҳми барозанда дошта, ба ақидаи ман, ҳамкории нағз байни Русия ва Эрон ошкоро ба ҳар ду тарафи тоҷик кӯмак кард, ки дарк кунанд, ҳадафи ниҳоӣ дар хатми буҳрон бояд ин бошад, ки онҳо ба рақобати солим ва сулҳомези сиёсӣ баргарданд, то оромӣ дар кишвар ва сар то сари минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин шавад, иқтисодро ба беҳбуд гузорад ва робитаҳои минтақавию байналмилалии солим эҷод шавад. Расидан ба чунин аҳдоф аз ҳама бештар ба фазои сулҳомез ниёз дорад»

  Ҳукумат бо ин вуҷуд, ки сари мизи музокирот омаду нишаст, дар ибтидо талош мекард, тавре ҷилва диҳад, ки ин музокирот чизи муҳимме нест. Авзоъ дар кишварро комилан таҳти контрол гирифтааст. Барои ҳамин афродеро барои пеш бурдани музокирот мансуб кард, ки нуфуз надоштанд ва чизеро ҳал карда наметавонистанд. Дар ҳайати ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров –раис, Саид Салимов, Иброҳим Усмонов- муовинони раис, Баҳодур Абдуллоев, Амирқул Азимов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Толиб Юнусов, Ш. Мирзоев, Э. Ғоибов, Ш. Шарифов аъзои ҳайати музокиракунанда буданд.

   Раҳбарияти мухолифин дар аввал Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари ИНОТ-ро раиси ҳайат ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода муовини дигари раҳбари ИНОТ-ро муовини раиси ҳайати музокиракунанда интихоб кард. Вале баъдан далел пеш овард, ки чун дар раъси ҳайати ҳукумат нафарҳои аввалу дуввум нестанд, онҳо низ аз ширкат дар гуфтушунидҳо дар ин сатҳ худдорӣ мекунанд ва расман Отахон Латифиро раҳбари ҳайати мухолифин дар ин гуфтушунид таъйин карданд.

Дар ҳайати мухолифин дар даври нахустини гуфтушунидҳо Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳабиб Сангинов ва Бозоралӣ Сафаров ба ҳайси аъзо ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамон шабу рӯз ба Маскав омада буданд ва ғайрирасмӣ ба кори ҳайати мухолифин раҳбарӣ мекарданд. Даври аввали музокирот дар Маскав ду ҳафта идома дошт. Дар ин байн се гуруҳ масоил мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Масоили паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ. Дар баёнияи муштараке, ки дар хатми ин даври музокирот мунташир шуд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар оянда гуфтушунидҳоро баҳри ҳаллу фасли ин се масъалаи мушаххас идома хоҳанд дод.

   Ҳамин тариқ музокироти Сулҳи байни тоҷикон то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27 – июни соли 1997 иборат аз 5 давр идома кард. Бо ибораи дигар бигӯем гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон 3 солу 3 моҳу 3 рӯз ё худ 1180 шабонрӯз давом кардааст.

    Давраҳои гуногуни музокироти тарафҳо дар Маскав, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Бишкек  ва Ишқобод баргузор шуданд. Бо вуҷуди ҷангу даъвоҳо мавқеи тарафҳо ба тадриҷ наздик мешуд. Ҳайати музокиротии ИНОТ-ро Отахон Латифӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини раҳбари “Ҳаракати Наҳзати исломӣ” ва ҷониби режими Душанберо Шукурҷон Зуҳуров, Абумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Талбак Назаров роҳбарӣ мекарданд. Музокироти тарафҳо то замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ идома пайдо кард, ки беш аз се солро дар бар гирифт

    Бояд гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунада ҳангоми гуфтушунидҳо ҳар боре, ки ба бунбаст мерасиданд, барои во кардани гиреҳи мушкилот роҳбарони ду ҷониби даргир вориди майдони амал мешуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ 7 маротиба берун аз кишвар дар шаҳрҳои Кобул (май 1995), Теҳрон (июли 1995), қаряи Хустдеҳи Афғонистон (декабри 1996), шаҳрҳои Маскав (декабри 1996), Машҳад (феврали 1997), Бишкек (майи 1997), Маскав (июни 1997) бо ҳам вохӯрданду мулоқот карданд, ки дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо роҳи сулҳ ҳамвор мешуд.

   Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо як иштиёқу алоқа ва бовару эътимод ба кори сулҳу оштӣ машғул шуда буд дар як суҳбат ба пурсиши журналист дар бораи мулоқоти аввалинаш бо Эмомалӣ Раҳмонов чунин мегуяд:  

  «Ба фикрам, мулоқоти аввалини мо дар Кобул иттифоқ афтода буд. Вақте мо бо якдигар вохӯрдем, намедонам бархӯрду чеҳраи ман чигуна буд. Инро бояд аз президент Раҳмонов пурсид, зеро фикр мекунам, ӯ ин ҳолатро дар хотир дорад, вале чеҳраи ӯ хеле кушода ва хандон буд. Аз ҷояш бархест ва ба истиқболи ман омад ва ҳарду гарм ба сӯи якдигар оғӯш кушодем ва мисли касоне, ки гӯиё аслан ҷанг надошта бошем, аз кору зиндагии хеш пурсон шудем».

     Яке аз дидору мулоқотҳои устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар Хусдеҳи Афғонистон бо тақозоҳо ва дархости мукаррари Раҳмонов дар 10уми ноябри соли 1996 доир шуд. Дар ин дидор тарафҳо ба хеле аз масоили мубрам аз ҷумла таъсиси Комиссиюни оштии миллӣ тавофуқ ба даст оварданд.

      Ба ин тартиб 27 июни соли 1997 дар Президент отели Маскав маросими  имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси ҷумҳурии Русия Борис Елсин, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ИНОТ, Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ дар умури Тоҷикистон, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ва вузарои хориҷии кишварҳои кафил, намояндаи махсуси Департаменти давлатии Амрико ширкат карданд.

  Комиссияи оштии миллӣ чи гуна таъсис ёфт ва чи корҳоро ба сомон расонд?

  Комиссияи Оштии Миллӣ, органи муштараке, ки вазифадор буд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд, расман аз 7- июли соли 1997 дар Маскав оғоз ба кор кардааст. Кори онро Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия ифтитоҳ карданд. Сипас раёсати он бар ӯҳдаи раиси он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ гузошта шуд. Ин комиссиюн як ниҳоди муштараки оппозитсион ва неруҳои мухолифин буд, ки 13 нафари аз ҳарду ҷониб аъзо дошт. Таъсиси ин ниҳодро дар оғози раванди музокирот ҷониби мухолифин пешниҳод карда буд, аммо ба он эътино нашуд. Баъдан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як баёнияи худ, ки 21 январи соли 1995 пахш шуд, бори дигар бар зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ таъкид кардааст. Султони Ҳамад, яке аз муҳаққиқони раванди оштии миллӣ менависад, ки монанд ба ин комиссиюн аз тарафи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод шуда буд: «Дар ин миён Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, авоили моҳи апрели соли 1995 мулоқоте бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд анҷом дод. Оқои Каримов он замон пешниҳод кардааст, ки як Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон баргузор шавад, ки дар он намояндаҳои тамоми ақшори ҷомеа, ҷамъиятҳои миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ширкат варзанд ва ба он Форум ё Конгресс барои ҳалли масоили мавҷудаи раванди Сулҳи тоҷикон салоҳиятҳои муайяне дода мешуд.”

Баргузории чунин як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо як омодагии ҳамаҷониба, бешубҳа, метавонист дар раванди Сулҳи тоҷикон нақши мусбате бозад. Аз ин рӯ ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин онро дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон доир шуд, матраҳ кардааст. Моҳи августи соли 1995 аз ҷониби Сайид Абуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, протокол «Дар бораи усули барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он аз ҳалли масъалаи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Ин санад ҳамчунин таъсиси «Кумисиюн оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳарду тараф риъоя шудани созишномаи умумӣ»-ро дар назар дошт. Дар даври панҷуми музокирот ҷониби мухолифин дар баробари таъсиси Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати ташкили Шӯрои Оштии Миллиро бо қотеъият ба миён гузошт. Зеро ба қавли ҷониби иттиҳоди нерӯҳои мухолифин агарчи Форуми машваратӣ доираи васеъе аз аҳли ҷомеъаро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале тибқи тарҳҳои пешниҳодии ҳарду ҷониб, тасмимоти он ҷанбаи машваратӣ доштанд ва наметавонистанд ҳукми қонунро бигиранд ва бечуну чаро иҷро шаванд. Бино бар ин дар пешниҳодоти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар бораи ҳалли масоили сиёсӣ омада буд, ки Шӯрои Оштии Миллии доимоамалкунандае иборат аз 60 нафар ташкил карда шавад: 25 нафарӣ аз ҳарду ҷониби даргир ва 10 нафари дигар аз ҳисоби ҷамъиятҳои миллӣ. Тибқи ин пешниҳод раёсати Шӯроро бояд намояндаи ИНОТ ба ӯҳда мегирифт ва дар давраи гузариш, яъне давраи татбиқи Созишноми умумии Сулҳ, Президент ва ин Шӯрои Оштии Миллӣ ҳокимияти олии  ҳам қонунбарор ва ҳам иҷроия ба ҳисоб мерафт. Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд мунҳал мешуд. Вале ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ дар кадом шакле, ки набошад, розӣ набуд. Маҳз барои ҳамин ҳам даври панҷуми музокирот яке аз даврҳои хеле ҳам мушкил, пурбаҳсу мунозира ва хеле ҳам тӯлонӣ буд. Он дар се марҳила гузашт ва дар маҷмӯъ 63 рӯз идома дошт. Баъди анҷоми марҳилаи дуюми даври панҷуми музокирот, ки дар масъалаи таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ ба ягон пешрафте ноил нашуд, дар Душанбе иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия гузориши ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуд. Аз ҷумла, пешниҳоди мухолифин дар бораи таъсиси як Шӯрои Оштии Миллӣ баҳри аз буҳрони сиёсиву низомӣ баровардани кишвар матраҳ гардид. Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ишғолкардаи ҳайати ҳукуматиро дар музокироти байни тоҷикон оиди ин масъала дастгирӣ намуданд.

Ин масъала бори дигар ба таври мушаххас танҳо дар мулоқоти севуми раиси ҷумҳурӣ ва раҳбари мухолифон дар моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон матраҳ шуд. Дар изҳороти муштараки хеш ин ду раҳбар аввалин бор эълон доштанд, ки дар мулоқоти навбатии қарибулвуқӯъи худ дар шаҳри Маскав аз таъсиси Кумисиюни Оштии Миллӣ дарак хоҳанд дод. Ба ин тартиб, дар ҷараёни музокирот нахустин бор аз истилоҳи «Кумисиюни Оштии Миллӣ» ба ҷои «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон», «Шӯрои оштии миллӣ» дар асноди тасвибшуда дар Хустдеҳи Афғонистон истифода шудааст. Дере нагузашт, ки 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ роҳбарони ду ҷониб Созишномаеро ба тасвиб расонданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи Сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комисияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин кумисиюн намояндаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин мешавад».

 Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худ дар Тоҷикистонро дар  15 сентябри соли 1997 бо ҳузури раиси ҷумуҳурӣ ва намояндаи вижаи Дабири кулли СММ баргузор кард. Донишманди тоҷик Рашид Абдулло дар як навиштааш мегуяд яке аз хидматҳои шоистаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин буд, ки дар раъси ин комиссиюн сулҳро дар кишвар татбиқ кард:

«Хизмати басо шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил – ба ҳайси сарвари Комиссияи оштии миллӣ таъмин намудани татбиқи амалии бахши аксари созишҳои сулҳ буд. Дуруст аст, ки на ҳамаи созишҳо пурра амалӣ гаштанд. Вале он ҳам дуруст аст, ки ба шарофати ҳатто нопурра амалӣ гаштани созишҳои сулҳ якпорчагии Тоҷикистон барқарор ёфт ва хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ ҳамчун як давлати мустақил бартараф карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистони имрӯза, аз ҷумла, самараи кӯшишу талошҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ мебошад. Яке аз хидматҳои асосии Сайид Абдуллоҳи Нуриро барои Тоҷикистони мустақил равост ба ҷумҳурӣ ва ҷомеъаи он ба мерос мондани худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон донист. Бояд гуфт, ки гарчанде ҳизб ҳоло тирамоҳи соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, маҳз аз бозе, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарвари расмии он интихоб гашт, раванди табдил ёфтани он ба як муассисаи сиёсии шаҳрвандие, ки дар шароити нави дур аз муқовимати мусаллаҳона амал карда метавониста бошад, такони тавоно гирифт».

Аммо бо ин ҳама назарҳо дар мавриди фаъолияти Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон дар ҷомеаи кишвар мутафовит аст..

  Барои онки роҷеъ ба фаъолияти КОМ маълумоти бештар дар ихтиёратон қарор бигирад ду назареро аз як гузориши радиои «Озодӣ» дар солҳои пеш инҷо айнан меоварем:

  Иброҳими Усмон, устоди донишгоҳ ва узви КОМ, бар ин назар аст ки Комиссиюни оштии милли аз нуқтаи назари ислоҳоти ҳукумат ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ рисолати худро пурра иҷро кард: «рисолати он ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои гузаронидани интихобот буд. Интихоботе, ки тарафҳо дар он иштирок кунанд. Ва ба ин мақсад имкон фароҳам кардан барои иштироки мухолифон дар ҳукумат, яъне ислоҳоти ҳукумат ва таҳияи қонунҳои интихобот ва Қонуни асосӣ ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ. Агар аз ҳамин нуқтаи назар наздик шавем, КОМ рисолати худро пурра иҷро кард. Зеро қонунҳо таҳия ва қабул ва интихобот баргузор шуд ва ислоҳоти сифоиза ҳам ба шакле баргузор шуд. Аммо агар манзур баргузор кардани ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон бошад, чунин нашуд».

Аммо Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссиюни муштараки назорат бар оташбас аз сӯи мухолифин, ки баъдан ба гурӯҳи кори КОМ табдил шуд, мегӯяд, фикр намекунад ҳамаи таваққуъоте, ки аз ин комиссиюн вуҷуд дошт, бароварда шуда бошад.

 «аъзои КОМ аз тарафи ҳукумат бо кӯмаки ҳукумат, талош кардан ҳама мавзуъҳои мавриди назари худро ҳал карданд, вале он чӣ ки орзуву омоли мухолифон буд, ҳамааш ҷомаи амал напӯшид. Сифоиза татбиқ нашуд, вазоратҳои қаблан ваъдагӣ дода нашуд, агар якнафар пешниҳод мешуд ва ба ҳукумат маъқул намеомад, мегуфтанд каси мавриди назари ҳукуматро пешниҳод кунед. Мухолифон медонистанд, ки агар пофишорӣ кунанд, ҳукумат тан хоҳад дод, аммо фурсат аз даст мерафт ва ин ба нафъи кор набуд. Вале аз ҳама муҳим сулҳ таъмин шуд».

  11 сентябри соли 1997 ҳайати баландпояи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар раъси Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъди ҳиҷрати панҷсола аз Теҳрон ба Душанбе бозгашт. Яке аз тавофуқоти ба даст омада дар ин сулҳ таъсиси “Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон” -ниҳоди муштараки давлат ва мухолифин барои татбиқ ва назорати иҷрои раванди сулҳ дар марҳала гузариш, ки барои ду сол пешбинӣ шуда буд. Ин кор аз тарафи устод Нурӣ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аъзои ин комиссиюн ба хубӣ ба иҷро расид. Ва, ҳукумат ва мухолифин ба шумули ҲНИТ дигар дар мудирияти кишвар муштарак фаъолият пеш мебурданд.

Поёни бахши севвуми Давраи севвум ва ин давра ба охир расид мегузарем ба давраи чаҳорум, бо “Ислоҳ” бошед ва аз он давраҳо низ ба хубӣ огоҳи пайдо намоед!

Share This Article